15 September 2020

Истиқболи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Шайдон ва ифтитоҳи майдони Парчами давлатӣ дар ноҳияи Ашт

15 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 36 дар деҳоти Понғоз ба маркази ноҳияи Ашт — шаҳраки Шайдон ташриф оварданд.

Шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт давоми 29 соли Истиқлоли давлатӣ дар доираи вусъати тадбирҳои ободонию созандагӣ бо пуштибонии ҳамаҷонибаи сокинонаш аз сиёсати бунёдкоронаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле ободу зебо гардида, сатҳу сифати зиндагии мардум ба марҳилаи сифатан нав баромадааст.

Читать далее

Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ашт ва ифтитоҳи бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 36-и деҳоти Понғоз

15 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба ноҳияи Ашт ташриф оварданд.

Меҳмони воломақом — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар деҳоти Понғоз роҳбарияти ноҳия ва сокинон бо шукргузорӣ аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Ватан самимона истиқбол гирифтанд.

Читать далее

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Варзишгоҳи марказии ноҳияи Мастчоҳро бо 10 ҳазор ҷойи нишаст ифтитоҳ намуданд ва бо сокинону фаъолони ноҳия мулоқот карданд

Дар ноҳияи Мастчоҳ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Варзишгоҳи марказии ноҳияро бо 10 ҳазор ҷойи нишаст ифтитоҳ карда, дар ҳамин ҷо бо роҳбарон ва фаъолону сокинони ноҳия мулоқот карданд.

Майдони умумии варзишгоҳ 3,2 гектарро ташкил дода, корҳои сохтмонӣ дар он аз соли 2016 оғоз гардида буданд.

Читать далее

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ қасри варзишии «Паҳлавонони суғдӣ»-ро мавриди истифода қарор доданд

Дар ноҳияи Мастчоҳ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи ба номи Ҷонмаҳмад Холиқови шаҳраки Бӯстон қасри варзишии «Паҳлавонони суғдӣ»-ро, ки аз рӯи лоиҳаи зебою замонавӣ бунёд шудааст, бо иштироки наврасону ҷавонон ва дӯстдорони варзишу тарбияи ҷисмонӣ мавриди истифода қарор доданд.

Бунёди қасри варзиш бо супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади фароҳам овардани шароити хуби машқу тамрин, эҳёву рушди намудҳои гуногуни варзиш, аз ҷумла гӯштин, гӯштини миллӣ, камарбандӣ, дзюдо, гӯштини самбо ва намудҳои дигари варзишӣ миллӣ ба роҳ монда шудааст.

Читать далее

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Мастчоҳ Қасри фарҳангро ифтитоҳ карданд

Нимаи дуюми рӯзи 14 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Мастчоҳ бинои нави Қасри фарҳангро дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Қасри тозабунёди фарҳанг дар маркази шаҳраки Бӯстон қомат афрохта, ба ҳусни ноҳия таровати дигар бахшид.

Читать далее

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Тоҷикистон»-ро дар ноҳияи Мастчоҳ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Нимаи дуюми рӯзи 14 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ Боғи фарҳангӣ — фароғатии «Тоҷикистон»-ро баъд аз навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Маврид ба ёдоварист, ки Боғи фарҳангӣ — фароғатии «Тоҷикистон» баъд аз навсозӣ симои комилан дигар гирифта, ба макони сайру истироҳати сокинон ва меҳмонони ноҳияи Мастчоҳ табдил ёфтааст.

Читать далее

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи маорифи ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд

Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар маркази ноҳияи Мастчоҳ — шаҳраки Бӯстон бинои нави шуъбаи маорифи ноҳияро ифтитоҳ карданд.

Бунёду мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои шуъбаи маорифи ноҳия туҳфаи арзанда ба ифтихори 29-солагии ҷашни истиқлоли давлатӣ ба аҳли маориф ва кулли сокинони ноҳияи Мастчоҳ мебошад.

Читать далее

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Мастчоҳ Парчами давлатиро барафрохтанд

Дирӯз дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Мастчоҳ Парчами давлатиро барафрохтанд.

Парчами давлатӣ дар кӯчаи Саидшариф Шарифови шаҳраки Бӯстон дар вазъияти тантанавӣ, бо садо додани Суруди миллӣ ва иштироки доираи васеъи сокинон партавафшон карда шуд.

Читать далее

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳро ифтитоҳ намуданд

Дирӯз дар шаҳраки Бӯстон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳро, ки ба хотири истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ба таври замонавӣ бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуданд.

Иншоот аз ду ошёна иборат буда, атрофи он бо дарахтони ҳамешасабз ва гулу буттаҳои ҳархелаи мавсимӣ оро дода шудааст, ки ба ҳусни шаҳраки Бӯстон зебогии дигар зам мекунад.

Читать далее

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар тарабхонаи «Бустон»-и ноҳияи Мастчоҳ ба ятимон туҳфаҳо тақдим карданд

14 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз ифтитоҳ кардани бинои кӯдакистони хусусии “Ваҳдат” дар ноҳияи Мастчоҳ дар тарабхонаи “Бӯстон” бо ятимон мулоқоту сӯҳбати самимӣ анҷом доданд.

Тибқи иттилоъ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд 1173 нафар ятим ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 24 нафарашон ятими кул мебошанд.

Читать далее