15 September 2020

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи коркарди шири ҶДММ «Нури Сафар»-и ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд

14 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ ба корхонаи коркарди шири Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Нури Сафар» ташриф оварда, бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти он оғози расмӣ бахшиданд.

Корхонаикоркарди шири «Нури Сафар» филиали Ҷамъияти саҳҳомии пушидаи «Комбинати шири Душанбе» дар ноҳияи Мастчоҳ буда, ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон барои бунёди корхонаи истеҳсолӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ изҳори сипос карданд.

Читать далее