17 September 2020

ЧАШМАСОР БА ИНТИХОБОТ ОМОДААСТ!

Тавре ба ҳамагон маълум аст Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон баргузории интихоботи президентиро санаи 11 - уми октябр эълон кард. Шурӯъ аз санаи 15 - уми сентябр номзадҳо ба мақоми президентӣ сабти ном шуданд ва номзадҳо барои таблиғи барномаҳои худ ҳудуди 25 рӯз мӯҳлат доранд.

Дар шаҳру навоҳии вилоят омодагӣ ба интихобот оғоз шудааст. Имрӯз дар ҷамоатҳои деҳот ва шаҳракҳои шаҳру навоҳӣ ташкил ва омодагӣ ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар кадом сатҳ қарор дорад? Барои ба ин суол посух дарёфтан ба яке аз Ҷамоатҳои деҳоти дурдасти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Чашмасор равон шудем.

Тавре раиси ҷамоат Нигора Исмонова иттилоъ дод шумораи аҳолӣ 12 ҳазору 300 нафар буда, 6062 нафар мард ва 6165 нафар зан мебошанд. Ҳамзамон дар ҷамоат 36 деҳаи хурду калон мавҷуд буда, даромади аҳолӣ бештар аз ҳисоби чорводорӣ, деҳқонӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ иборат аст.  

- Имрӯз дар ҷамоат барои дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабинии муҳими сиёсӣ корҳои зиёде ба сомон расонида шуда истодааст. Дар ҷамоат 5 участкаи интихоботӣ ташкил шудааст, ки ҳар кадоме онҳо бо лавозимотҳои зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Шумораи умумии овоздиҳандагон 7357 нафар буда, нафароне, ки бори аввал овоз медиҳанд беш аз 100 нафар мебошанд. Аллакай барои овоздиҳандагон тамоми шароит муҳайё буда, маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ оғоз шудааст, - гуфт Нигора Исмонова.

Боиси қайд аст, ки 99,7 фисади аҳолии ҷамоат ӯзбек буда, танҳо 0,13 фисадаш тоҷик мебошад. Новобаста аз ин дар гӯшаву канори ҷамоат шиору овезаҳо оид ба баргузории интихоботи президентӣ бо забони тоҷикӣ насб шудааст.

Боиси қайд аст, ки дар участкаҳои интихоботӣ лавҳаи даромадгоҳ, овезаи гӯшаи интихоботӣ пурра дастрас ва насб шуда, дар участкаҳои интихоботӣ омодагиҳо ба интихобот бо ба роҳ мондани кабина, ташкили хонаҳои модару кӯдак, ёрии тиббӣ, утоқи кории комиссияи интихоботӣ, навиштаҷотҳо, пантусҳо, ҷевони оҳанин, нишонаҳои сари роҳӣ ва мизу курсӣ таъминанд.  

Шаҳбону ОЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд» 

Читать далее

ТАРҒИБОТИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ

Интихобот аслан дар ҳар як кишвари демократӣ чун маъракаи муҳими сиёсӣ арзёбӣ мегардад. Ба маъракаи интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи манотиқи кишвар, тадбирҳои иловагӣ аз қабили омодагии ҳуҷраҳо, лавозимоти зарурӣ дар сатҳи хуб ҷараён доранд.

Имрӯзҳо аз ҷониби созмону ташкилотҳои ҳизбӣ доир ба пешниҳоди номзадҳо ба интихоботи Президенти кишвар вохӯриву мулоқот баргузор шуда истодааст.

Оид ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар Китобхонаи оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ вохӯрии фаъолони Маркази маънавиёт ва маърифати ӯзбекон дар вилояти Суғд бо иштироки намояндагони марказ аз шаҳру навоҳӣ доир гардид.

Аъзои ҷамъияти номбурда пешниҳоди Иттифоқи касабаи ҷумҳурӣ, созмони ҷавонони ҷумҳурӣ ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро оид ба номзад ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ карда, ваъда доданд, ки дар маъракаи муҳими сиёсӣ ҳамаҷониба иштирок намуда, ба номзади арзандаи худ овоз медиҳанд.

Озод Мелибоев, ҷонишини аввали раиси марказ иброз дошт, ки мо тамоми фаъолони марказ ба ин интихоботи муҳими сиёсии сол тайёрии ҳамаҷониба дида истодаем. Мо, ӯзбекон низ тасмим гирифтем, ки дар канор набошем, дар интихобот фаъолона иштирок намоем.

Дар ҷамъомад Илҳом Юсуфов, раиси Маркази маънавиёт ва маърифати ӯзбекон иброз намуд, ки аз ҷониби марказ дар шаҳру навоҳӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ, тарғиботиву ташвиқотӣ пурзӯр карда шудааст, то ҳар як шаҳрванд, аз ҷумла, ӯзбекзабонони кишвар номзади арзандаро интихоб карда тавонад.

Баъди муҳокимарониҳои навбатӣ фаъолон тасмим гирифтанд, ки ба ҷонибдории номзади арзанда – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раъй бидиҳанд.

Ҷоиз ба қайд аст, ки маркази мазкур соли 2010 таъсис ёфта, соҳиби ду нашрия, яъне маҷаллаи «Шарқнома» ва рӯзномаи «Маънавиёт» аст. Марказ бо кишварҳои ҳамсоя ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар тамоми дунё алоқаи зич дошта, намояндагон дар шаҳру навоҳии вилоят фаъолияти ҳамаҷонибаву пурсамар доранд.

Гулҷаҳон Турсунзода,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба кишти такрорӣ дар заминҳои ҶСК «Парандапарвар»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов оғоз бахшиданд

16 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Парандапарвар”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов ба кишти такрории гандум оғоз бахшиданд.

Дар ҳузури Пешвои миллат дар масоҳати 5,5 гектар замини обӣ, ки пас аз дарави маккаи дон холӣ шуда буд, дар кишти такрорӣ гандуми тухмии вилояти Краснодари Федератсияи Россия кишт карданд.

Читать далее

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонӣ дар корхонаи истеҳсоли шиша ва зарфҳои шишагӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов оғоз бахшиданд

16 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Меҳрободи ноҳия бо гузоштани санги асос ба корҳои сохтмонӣ дар корхонаи истеҳсоли шиша ва зарфҳои шишагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Суғд кварс” оғоз бахшида, бо технологияи корхона шинос шуданд.

Аз рӯйи лоиҳа корхона аз ду хати истеҳсолӣ иборат буда, дар марҳилаи аввал хати истеҳсоли зарфҳои шишагӣ ба кор андохта мешавад, ки иқтидори он дар як шабонарӯз 100 тоннаро дар бар мегирад.

Читать далее

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов аз хоҷагии деҳқонии «Деҳқони нав» ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ боздид намуда, ба ҷамъоварии пахта оғоз бахшиданд

Дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ҷаббор Расулов ташриф оварданд.

Нахуст Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии деҳқонии “Деҳқони нав”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов аз боғи анор ва нашъунамои зироати кишоварзӣ дар кишти такрорӣ дидан намуда, ҳамчунин дар намоиши дастовардҳои сокинон, хоса кишоварзони меҳнатдӯст иштирок карданд.

Читать далее

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз «Хона-музей»-и Нозимҷон Усмонов дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дидан карданд

16 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ташриф оварда, дар деҳоти Ёва аз “Хона-музей”-и Нозимҷон Усмонов дидан карданд.

“Хона-музей” соли 2014 бо иқдоми шахси равшанфикр Нозимҷон Усмонов ташкил карда шуда, дар он зиёда аз 1500 намунаи нигора ва ёдгориҳои таърихӣ ҷамъоварӣ карда шудааст. Нигораҳои таърихӣ, асбобу анҷоми қадимаи рӯзгордорӣ аз асрҳои 17-18 боқӣ мондаанд. Асбоби дар “Хона-музей” гирд овардашуда давраи зиндагонӣ ва урфу одати ҳамонвақтаи миллати тамаддунофари тоҷикро инъикос мекунанд.

Читать далее

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои иловагии Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғдро ифтитоҳ намуданд

Дар рӯзи панҷуми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои иловагии Муассисаи давлатии Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳо ба номи Амонулло Орифовро ифтитоҳ намуданд.

Иншооти нави соҳаи тандурустӣ аз таҳхона ва чор ошёна иборат буда, дорои 200 кати хоб мебошад.

Читать далее

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Маркази байналмилалии тиҷоратии «Сомон-Плаза»-ро дар шаҳри Хуҷанд ба истифода доданд

Дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ Маркази байналмилалии тиҷоратии “Сомон-Плаза”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти хуштарҳу замонавӣ бо саҳми соҳибкори ватанӣ Муқимҷон Ҳусейнов бунёд карда шуда, дар рӯзҳои истиқбол аз истиқлоли давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Читать далее

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои 9-ошёнаи истиқоматӣ барои кормандони Раёсати КДАМ дар вилояти Суғдро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

16 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд бинои баландошёнаи истиқоматӣ барои кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои истиқоматӣ аз 9 ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 32 ҳуҷраи барҳаво мебошад.

Читать далее

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти коргоҳи нави дӯзандагии ҶДММ «Нассоҷии Хуҷанд» оғоз бахшиданд

16 сентябр дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ба коргоҳи нави дӯзандагии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нассоҷии Хуҷанд” ташриф оварда, ба фаъолияти он оғоз бахшиданд.

Нахуст, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни коргоҳ аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, ки ба ифтихори Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда шуд, дидан карданд.

Читать далее