18 September 2020

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ҳисор Боғи фарҳангӣ-фароғатии зимистона ифтитоҳ карда, ба ятимони кулл туҳфаҳо тақдим намуданд

18 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Ҳисор Боғи фарҳангӣ-фароғатии зимистонаи “Шаршара”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, дар ҳамин ҷо бо кӯдакони ятими кулл мулоқот намуданд.

Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки иншоот дорои 700 ҷойи нишаст буда, он барои баргузории тӯю маъракаҳо ва ҳамоишу чорабиниҳои гуногун пешибинӣ гардидааст. Ҳамчунин дар он ҷиҳати қабули сайёҳону истироҳати шаҳрвандон шароити мусоид фароҳам гардидааст. Иншоот дорои боғи муҳташами зимистона буда, дар дохили он гулу буттаҳои нодир ва дарахтони ҳамешасабз шинонида шудаанд.

Читать далее

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони шаҳри Ҳисор мулоқот карданд

18 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноти гуногун бо роҳбарону фаъолон ва сокинони шаҳри Ҳисор мулоқот карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи сафари навбатии кории худро ба шаҳри Ҳисор шиносоӣ бо шароити зиндагии мардум, вазъи корҳои саҳроӣ ва ободкориву созандагӣ маънидод намуданд.

Читать далее

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ҳисор Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти шири ҶСК «Авитсенна»-ро ифтитоҳ намуданд

18 сентябр дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Ҳисор Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ҷавонон ба фаъолияти Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти шири Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Авитсенна” оғоз бахшиданд.

Дар ин корхонаи нави саноатӣ истеҳсоли зиёда аз 35 номгӯй маҳсулот, аз ҷумла қаймоқ, творог, кефир, ҷурғот, панир, ёгурт, кефири мевагӣ, дуғу дуғоб, маска ва дигар навъи маҳсулоти ширӣ ба роҳ монда шудааст.

Читать далее

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи коркарди маҳсулоти хӯроквории ватанӣ — ҶДММ «Ситабр Агро»-и шаҳри Ҳисорро ба истифода доданд

18 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Ҳисор дар деҳаи “Ҷавонон” Корхонаи коркарди маҳсулоти хӯроквории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ситабр — Агро”-ро ифтитоҳ карданд.

Корхонаи “Ситабр — Агро” дар шаҳри Ҳисор аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Рустам Холиқов бо мақсади дар амал татбиқ кардани дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти истифодаи пурсамар аз иқтидорҳои мавҷуда дар мамлакат сохта шуда, бо хатҳои технологии муосир таъмин мебошад.

Читать далее

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ҳисор бинои кӯдакистони «Кабутар»-ро барои 250 нафар мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

18 сентябр дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Ҳисор Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи 8-уми шаҳр бинои хуштарҳу замонавии кӯдакистони хусусии “Кабутар”-ро барои 250 нафар кӯдак дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Қаблан дар ҳудуди маҳаллаи мазкур чунин кӯдакистони замонавӣ  мавҷуд набуд.

Читать далее

Дар машварати кории Раиси вилоят вазъи ҷамъоварии пахта ва омодагии корхонаҳои коркарди пахта баррасӣ шуд

18 сентябр дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят машварати кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода доир шуд, ки дар он вазъи ҷамъоварии ҳосили пахта ва омодагии корхонаҳои коркарди пахта мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар машварат масъулини Сарраёсати кишоварзии вилоят, раисони навоҳии пахтакор, сардорони раёсатҳои кишоварзӣ ва раёсатҳои омори шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони корхонаҳои коркарди пахта иштирок доштанд.

Читать далее

Ҷаласаи навбатии Ситоди вилоятӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавируси COVID-19

17 сентябр дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷаласаи навбатии Ситоди вилоятӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавируси COVID-19 баргузор гардид.

Ҷаласа таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд, Раиси Ситоди вилоятӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавируси COVID-19 Раҷаббой Аҳмадзода ва бо ҳузури роҳбарону масъулони раёсати тандурустии вилоят, сардухтурони марказҳои саломатии маркази вилоят ҷараён гирифт.

Читать далее

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарпарасти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ҳаниф Атмар мулоқот карданд

Дирӯз мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарпарасти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ҳаниф Атмар, ки бо боздид аз Тоҷикистон дар Душанбе қарор доранд, баргузор гардид.

Зимни мулоқот доир ба ҷанбаҳои гуногуни ҳамкории Тоҷикистону Афғонистон, минҷумла дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, фарҳангиву башарӣ, татбиқи муштараки лоиҳаҳои зерсохтории дорои аҳаммияти минтақавӣ, ҳамчунин масъалаҳои мубрами амниятӣ суҳбати пурмуҳтаво сурат гирифт.

Читать далее

Барқияи табрикии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири тозаинтихоби Ҷопон Ёсихидэ Суга

Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири тозаинтихоби Ҷопон Ёсихидэ Суга барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Бо камоли сарфарозӣ Шуморо ба муносибати интихоб гардиданатон ба ҳайси Сарвазири Ҷопон табрик ва муборакбодӣ менамоям.

Читать далее