21 September 2020

Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ

Дар тақвими давлатдории миллии мо ҳамасола санаи 22 сентябр ҳамчун рӯзи бузургдошти поягузори шеъри форсӣ, қофиласолори адабиёти тоҷику форс, устоди шоирони ҷаҳон Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо шукуҳи хоса таҷлил мегардад.

Ба ин муносибат, кулли сокинони вилоят ва махсусан аҳли илму адаб, шоирону нависандагон, олимону донишмандон ва донишҷӯёну хонандагонро бо рӯзи бузургдошти хираду маърифат ва донишу ирфон табрику таҳният мегӯям.

Читать далее

БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ БАРОИ ДАҲ СОЛИ МИНБАЪДА

Ҷаласаи навбатии комиссияи мусоидати барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили вилояти Суғд бо иштироки сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят Ҳокимбек Накҳатзода, муовини директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмиддин Давлатзода, мутасаддиёни мусоидати барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил, муовинони раиси шаҳру ноҳияҳо ва кормандони Сарраёсати омори вилоят баргузор гардид.

Дар ҷаласа тартиби гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил  дар соли 2020 мавриди баррасӣ қарор гирифта, қайд гардид, ки дар сатҳи вилоят комиссияи доимии амалкунанда зери роҳбарии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода фаъолият дошта, то имрӯз як қатор корҳои назаррас ба анҷом расиданд. Нахуст аъзои комиссия аз рақамгузории хонаҳои истиқоматӣ, ки дар маҳалҳои шаҳр, шаҳрак ва деҳаҳо мавҷуданд ва инчунин қисми зиёди хонаҳои истиқоматӣ ва деҳаҳои дурдаст низ рақамгузорӣ гардиданд.

Қайд шуд, ки соли 2019 дар маҳаллаи Тути калони шаҳри Хуҷанд барӯйхатгирии таҷрибавӣ гузаронида шуд, ки қадами нахустин барои гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил маҳсуб меёфт. Инчунин аз 1-ум то 25-уми апрели соли 2019 бо ҷалби 818 нафар корманди муваққатӣ ба мақомоти давлатӣ тамоми хонаҳои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматии ҳудуди вилоят ба қайд гирифта шуд. Дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо ва дар маркази шаҳри Хуҷанд якчанд маротиба семинарҳои омӯзишӣ бо иштироки кормандони омори давлатӣ ва нафароне, ки дар маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил ҷалб карда шудаанд, баргузор гардид.

Бояд қайд кард, ки барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили соли 2020  нисбат ба барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили соли 2010 фарқиятҳои асосии худро дошта, дар ин самт корбарӣ ҷоннок гардид. ҳамчунин дар ин муддат 176 нафар сардори шуъба, 6193 нафар ҳисобчӣ, 1212 нафар дастурдиҳанда ва назоратчӣ барои гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил ҷалб гардида, бо онҳо аз 23-юм то 26-уми сентябри соли 2020 корҳои омӯзишӣ гузаронида мешавад.

Дар ҷаласа ҳамчунин гуфта шуд, ки бояд то санаи 21-уми сентябри соли 2020 рӯйхати кормандони муваққатии мудирони шуъба, муовинони онҳо ва назортачӣ – дастурдеҳ аз ҳисоби корхонаю ташкилот ва идораҳое, ки беш аз 50-60 нафар корманд дорад, тартиб дода шуда, ҳамаи онҳо аз назорати тиббӣ гузаранд, то дар давраи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил мушкилӣ эҷод нашавад.

- Ҷаласаи мазкур дар доираи супоришҳои протоколии раиси мусоидат ба барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода доир гардид. Тибқи Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 30-юми сентябри соли 2019 дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-ум то 15-уми октябри соли 2020 барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. ҳамасола аз тарафи омори давлатӣ дақиқ муайян кардани теъдоди аҳолӣ, сохтори синнусолии аҳолӣ, вазъи демографӣ, таъминот бо фонди манзил ва дигар масоили иқтисодию иҷтимоӣ муайян мегардид ва барои даҳ соли минбаъда нақшаҳои стратегии давлату Ҳукумат таҳия мегарданд, - зикр дошт муовини директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмиддин Давлатзода.

Шоира САЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

 

Читать далее