24 September 2020

МЕВАҲОИ ШАҲДБОР ДАР РАСТАҲОИ БОЗОР

Соли равон дар вилояти Суғд деҳқонон дар майдони 17231,5 гектар сабзавоту мевагиҳоро кишт намуданд, ки истеҳсоли он ба ҳолати 1 - уми сентябри соли равон 266106,3 тоннаро дар бар мегирад.

Имрӯз кишоварзони ҳамаи шаҳру навоҳии вилоят барои ҷамъоварии сабзавоту мевагиҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза машғуланд. Аз ҷумла, деҳқонони ноҳия Зафаробод дар ин радиф қарор доранд. Тибқи иттилои раёсати кишоварзии ноҳия ҷамъ намудани мевагиҳо хуб ба роҳ монда шудааст. Алҳол майдони боғу токзор беш аз 2000 гектар мебошад. Асосан, дар ноҳия анвои мевагиҳо - себ, зардолу, олу ва шафтолу хуб парвариш карда мешаванд.

Боғдорони ноҳия барои ба даст овардани ҳосили хубу хушсифат аз тамоми имкониятҳои лозима самаранок истифода менамоянд. Ин аст, ки то имрӯз дар ноҳия беш аз 980 тонна мевагиҳо ҷамъоварӣ карда шудааст. Аз он ҷумла 150 тонна ангури хушсифатро кишоварзон ба бозорҳои шаҳру навоҳии вилоят ба фурӯш баровардаанд.

Дар асоси нақша - дурнамои пешбинигардида, истеҳсоли мевагиҳо то ба 1000 тонна расида, ангур бошад беш аз 200 тонна ҷамъ оварда мешавад. Бино ба иттилои масулин то ҳол ҷамъоварии мева дар ноҳия идома дошта, имконият аст, ки нақшаи пешбинишуда таъмин гардад.

Дар ноҳияи Деваштич низ ҷиҳати ҷамъоварии мевагиҳо корҳои назаррасро ба роҳ мондаанд. Ин аст, ки давоми нӯҳ моҳи аввали соли равон 120 тонна мева ҷамъ оварда шудааст. Алҳол дар ноҳия 150 гтар боғу токзор мавҷуд аст, ки дар 4 гектари он боғи интенсивӣ бунёд карда шудааст. Давоми соли равон дар асоси қарори Раиси вилояти Суғд оид ба «Барномаи рушди боғу токпарварӣ дар вилояти Суғд барои солҳои 2016 - 2020» 47,5 гектар боғу токзори нав пешбинӣ шуда буд, ки сад фоид иҷро гардид.  

Истамҷони НАҶМИДДИН,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Исфара. Истеҳсоли шолӣ меафзояд

Шаҳри Исфара дар қатори шаҳру навоҳиҳое, ки ба кишту парвариши шолӣ машғуланд, дохил мешавад. Дар шаҳр имрӯз ҳам аҳолӣ ва ҳам хоҷагиҳои деҳқонӣ ба шоликорӣ машғуланд. Бино ба иттилои сардори раёсати кишоварзии шаҳр М. Ҳамзаев ҳамасола майдони кишти шолӣ зиёд мешавад. Масалан, агар соли 2019 кишоварзон дар майдони 3890,4 гектар кишти шолӣ гузаронида бошанд, пас ин рақам дар соли равон ба 411,62 гектар баробар шудааст.

Алҳол кишоварзон барои даравидани шолӣ омодагӣ дида истодаанд. Кишоварзон ният доранд, ҳосили шолиро ба беш аз 2 ҳазор тонна расонанд.

Соли гузашта дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ кишоварзон 1943,9 тонна шолӣ ҷамъоварӣ гардид, ки ба ҳисоби миёна ҳосилнокии он аз ҳар гектар ба 49,8 сентнерӣ баробар аст.

- Соли равон низ пас аз заҳмату талошҳои зиёд, ки деҳқонон барои гирифтани ҳосили баланд меҳнат намуданд, интизор аст, ки аз ҳар як гектар замин то 48 - 50 сентнерӣ ҳосил рӯёнида шавад, - гуфт М. Ҳамзаев.

Истамҷони НАҶМИДДИН,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Аз “Хиёнат”-и наҳзат!

Филми ҳуҷҷатии  “Хиёнат”, ки ба воситаи шабакаҳои телевизионии давлатию маҳаллӣ  пахш гардид, амалҳои ғаразнок олудаи фисқу фасоди сарвари собиқ ҲНИ ва пайравонаш Муҳаммадиқболи Садриддин, Варқӣ, Салимпур, Аюбзод, Истаравшанӣ ва ошкор месозад. Гарчанд қаҳрамонҳои филм ҳама манфию манфуранд ва иншои як ҳарф барояшон ҳайф аст, виҷдонам қарор нагирифт, ки нисбати ин хиёнаткорон ҳарфе нагӯям.

Аслан, образҳои филм  ҳама фатанфурӯши хиёнаткоранд. Дар мулки ғарибӣ ба ғурбат ба кумаку дастгирии хоҷагони хориҷӣ ҳастанд. На ватан доранду на авлоду аҷдодашонро мешиносанд. Хиёнат ба Ватан-хиёнат ба модар аст.  Агар асли худро мешинохтанд, ба ватан хёнат намекарданд. Имрӯз низ аз амалҳои  разилонаашон даст намекашанду  бо дурӯғпардозӣ аз кишвари биҳиштосои тоҷикон, аз маконе, ки хуни нофи нохалафони душмани ин макон рехтааст, камбудӣ мекобанд.   Сабаб он аст, ки  дар  замири онҳо ба ҷойи лутфу меҳрӯбонӣ хиёнату хислатҳои разилона маскан гирифтааст.   Дуввум мусофират қалбҳояшонро андӯҳгин кардаву чашмҳои нотавонбин аз дастовардҳои Ватан оҷизӣ мекашад ва садо мебароранд. Садои мотам, дурӯғ, тафриқаандозӣ, пушаймонӣ аз хиёнат ба Ватан ва дину мазҳаб.

Персонаҷҳои филм ҳама қувваҳои бадхоҳи миллат, душманони давлати тоҷикон,  сабабгори  низоъҳои сиёсии кишвар, бахусус, ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ.  Аз Кабирӣ сар карда то дигар  ҳаммаслаконаш ҳама имрӯз маъюсу ноумеданду аз паси савсатаҳои беҳуда мегарданд,  зеро нақшаву амалҳои нопокашон, амалӣ нашуд.

Тамошои филм бештар ба ҷони пайрави гурӯҳи  террористӣ, хоину хиёнаткор Муҳаммадиқболи Садриддин асар кардааст, ки ба он ба ном раддия навиштааст. Дар асл он раддия нею дар он кинаву адоваташ нисбати давлату Ҳукумат ва каме шарҳи ҳолашро баён кардааст.

Дар ҷое ба ном раддия даъво дорад, ки гӯё бобою бобокалонаш, падараш ва худашу писаронаш  барои ин миллат корҳоеро анҷом додаанд. Аммо шарҳ надодааст, ки кадом корҳо. Агар ягон амали хайру савобе мекарданд, ҳатман дар қатори сатрҳояш ҷойгир мекард. Пас, бешармона ҳамон амалҳои разилонаашонро дар назар дорад?

Дар ҷое навиштааст, ки “Ман дар умрам силоҳро нақапидаам ва силоҳи ман ҳамин қалам ва калом аст, ки хело шуморо девона кардааст?. Агар таҳлил кунед қалами Садриддин зӯри силоҳро надорад, каломаш касеро девона намекунад, баръакс қалау  каломаш девонавор аст.

Ё дар ҷое мегӯяд, ки “дурбинҳои мадорбастаи “Ислоҳ.нет” дар даруну дохили шумост”. Ту ки аз дидани муваффақияту музаффарият ва истиқлолияту ваҳдати Тоҷикистони биҳиштосо оҷизӣ мекашӣ, ҳамрозу ҳамнишини ту низ оҷиз асту дурбинҳоятон корношоям.

Ҳамин минвол, филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” инъикоскунандаи ҳақиқати таърих буда, симои террористон, хоини Ватан, бахусус, Кабирию думравонашро барҷаста ифода мекунад.  Қаҳрамонҳои филм ҳама сурату сирати аҳриманӣ дошта, тамомшои филм бори дигар зоҳиру ботини ин хиёнткорон,  қаллобиву фасодкоривӣ ва ҷиноятҳои нобахшиданиашон ба ҷомеаи шаҳрвандӣ нишон дод.

Қаюмов Ф.Ғ. – н.и.и., дотсент, мудири кафедраи
иқтисодиёти корхонаҳо ва минтақаи ДДҲБСТ

Читать далее

Сиёсат ва ахлоқмеҳварӣ

Рӯзҳои охир навиштаи муҳаққиқи тоҷик Абдуллои Раҳнаморо таҳти унвони «Чаро «наҳзати маърифат» ба наҳзати нафрат табдил шуд?» мутолиа намуда, ба андеша фурӯ рафтам.

Мӯҳтавои ин навишта ба он мавзӯъ дахл менамуд, ки чи гуна дар сиёсат ширкат намуда, сиёсатзада нагардем, ҳамчун инсон боқӣ бимонем ва ба мавҷуди беҳисе табдил нашавем. Нуқтаи муҳими баҳси муаллиф дар он буд, ки муносибатҳои инсониро фаромӯш насозем ва арзишҳои инсонию тоҷикиро дар ҳама сурат нигоҳ дорем. Дар сиёсат ахлоқмеҳвар бошем ва барои расидан ба ҳадафҳои хеш аз василаҳои номашрӯъ ва бадахлоқона, туҳмату таҳқир, бадзабонию ҳақорат истифода насозем. Новобаста аз пайравии идеологӣ ҳамчун инсон боқӣ бимонем, ки арзиши муҳим ва ҳадафи муҳимми як ҷомеаи мардумсолор мебошад.

Дар шароити имрӯза паст шудани сатҳи ахлоқмеҳварии сиёсӣ ба яке аз мушкилоти ҷомеаи мо табдил ёфтааст. Ҳатто кор то ба ҳадде расидааст, ки як нерӯи даъвогар ба номи «исломӣ» аз василаҳои ғайриахлоқонае чун туҳмату таҳқир ва ҳақорат кор мегирад, аз мардумсолорӣ сухан меронад, аммо пойбандии хешро ба пос доштани каромат ва шарофати инсонӣ нишон намедиҳад. Албатта чунин ҳолати дуршавӣ аз ахлоқмеҳварӣ дар ҷомеаи мо боиси нигаронии ҷиддӣ аст, ки нерӯҳои сиёсиро на ба самти муколамаи сиёсӣ, балки ба самти бархӯрду набард ва фаъолиятҳои таҳрибкунанда таҳрик мекунад.

Матлаби навиштаи муҳаққиқ Раҳнамо хосияти фарогир дорад. Он ба ҳамаи мо, ба кулли ҳаммиллатон ва ба ҳамаи нерӯҳои сиёсӣ дахл дошта метавонад, ки дар умури сиёсӣ меъёри ахлоқро нигоҳ дорем, фаъолияти хешро дар тарозуи ахлоқӣ бисанҷем, ҳангоми ширкат дар ҳаёти сиёсӣ ба иззати нафси ҳамдигар нарасем ва аз василаҳои номашрӯъ истифода насозем. Чунин ба назар мерасад, ки ҷомеаи мо тадриҷан аз арзишҳои ахлоқмеҳварӣ дур мегардад. Фазои шабакаҳои иҷтимоии тоҷикӣ бозӯи чунин ҳолат аст, ки ба як майдони набарди шадид, майдони фаҳшгӯӣ ва баддаҳонӣ, тӯҳмату таҳқир ва беодобиву бадахлоқӣ табдил шудааст. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷонибҳои сиёсӣ ба сари якдигар борони ҳақорату фаҳшо мерезанд, якдигарро ба бадахлоқӣ муттаҳам месозанд, модару хоҳари якдигарро носазо мегӯянд, ки аз доираи муносибатҳои инсонӣ, меъёрҳои ахлоқӣ ва имонӣ фарсахҳо дур аст.

Чуноне ки аз матлаби А.Раҳнамо бармеояд ҳатто донандаи хуби «Қуръони карим», ки бояд муаллими ахлоқ бошад ва ахлоқмеҳвариро сарманшаи фаъолияти хеш қарор диҳад омода аст нисбати дигарон фаҳш гӯяд. Чунин ҳолат боиси нигаронии ҷиддӣ аст.

Дар ҳама ҳолат муносибати инсонӣ ва пос доштани арзишҳои милливу фарҳангӣ аз баҳсу муҷодалаҳои сиёсӣ боло меистанд. Дар фазои муносибатҳо ва муборизаҳои сиёсӣ зарур мешуморем, ки доираи ахлоқӣ ва инсонӣ ба ҳисоб гирифта шавад. Хусусан нерӯе, ки худро исломӣ муаррифӣ мекунад ва каломашро бо номи Худованд шурӯъ месозад ҳаққи маънавие надорад, ки дур аз ахлоқ амал намояд. Вақте як нерӯи сиёсӣ худро «исломӣ» муаррифӣ мекунад ва барои ҳадафҳои сиёсӣ аз василаҳои номашрӯъ истифода месозад, тамоми ҷомеаи мусалмонӣ аз ин рафтори онҳо ранҷ мебарад. Дар умум коста шудани обруву эътибори мусалмонон дар ҷаҳон то як андоза ба фаъолияти чунин нерӯҳои сиёсии исломӣ рабт дошт, ки суханашон яку амалашон комилан дигар буд.

Дар шароити имрӯза зарур мешуморем, ки ҳама гуна нерӯҳои сиёсӣ (ТТЭ ҲНИ ва мухолифини дар хориҷа буда) дар фаъолияти хеш пойбанди арзишҳои инсонгароӣ ва ахлоқи некӯ бошанд. Бузургон ва пешгузаштагони мо дар эъҷодиёти хеш оид ба ахлоқи накӯ зиёд навиштаанд ва наслҳои имрӯзии онҳоро зарур аст, ки пойбандии хешро ба ахлоқу одоби инсонӣ нишон диҳанд. Василаҳои бадахлоқона ва таҳқиру ҳақоратро канор гузоранд ва инсонмеҳварию ахлоқмеҳвариро пешаи хеш созанд. Насли миллати тамаддунофарро зарур аст, ки дар рафтору гуфтор ва амали хеш аз муносибатҳои мутамаддин истифода намояд на аз василаҳое, ки рӯҳи гузаштагонро нороҳат ва худи миллатро парешону беобурӯ мегардонанд.

Солиев Ш.Х. – н.и.с., сармуаллими
кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

Читать далее

Кабирӣ хиёнаткори №1

Дар филми “Хиёнат” чеҳраи аслии Муҳиддин Кабирӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин, Саидюнуси Истаравшанӣ, Мирзо Салимпур, авлоду аҷдоди онҳо ва хоҷагони хориҷиашонро бо далелу рақам ва санадҳои мушаххас, аз нутқи шоҳидони ҳол ва натиҷагирии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ намоиш дода шуд, ки ин нохалафон чи тавр инсонанд, ба сари миллату давлати тоҷик чи бадбахтиҳоро овардаанд ва раво дидаанд, ба кадом давлат ва хадамотҳои ҷосусии онҳо ҳамкорӣ доранд, чи мақсаду нақшаҳои разилна доранд.

Дар филми мазкур додарарӯси Кабирӣ – Раҳматуллоев М., ронандааш –Сайфиев Ҳикматулло, аммабачааш-Нарзуллоев Ҷамшед ва дигар ҳамдеҳагонаш рӯиростаз хиёнатҳо, ҷиноятҳои Кабирӣ, тавассути писараш ба Ҳ. Назарзода (соли 2015 ) чи қадар пул барои табаддулоти давлатӣ ва ташкили дастаи мусаллаҳона фирори ноҷавонмардонаи Кабирӣ бо баҳонаи сафари хориҷӣ нақл мекунанд.

Намоиши филми мазкур дар байни мардум вокуниши фаъолро ба миён овард ва мардум дар бораи ин чеҳраҳои манфур бори дигар маълумоти дақиқ гирифтанд ва дар сомонаҳо, рӯзномаҳо фикру андешаҳои худро баён менамоянд. Дар ин радиф “қаҳрамонҳо”-и ин филм низ барои худсафедкунӣ дасту остин бар зада, бо ҳар васила худро мусичаи бегуноҳ, ҳомии демократия, дину мазҳаб ва фарҳанги миллӣ вонамуд карданианд. Онҳо бояд фикр кунанд, ки баъди чун мисли оина равшан гардидани амалу кирдорашон, боз чи тарз ба рӯи мардуми тоҷик нигоҳ мекунанд ва онҳоро мағшӯӣ кардан мехоҳанд.

Мусаллам аст, ки дар ҳама давру замон нафарони хоин, ватанфурӯш, мазҳабфурӯш буданд ва имрӯз ҳам вуҷуд доранд. Дар даврони шӯравӣ дар Радиои озодӣ, Би-Би-Си, Садои Амрико ва дигар шабакаҳои таблиғотӣ, ки бо пули хадамоти ҷосусии давлатҳои абарқудрати Аврупо ва ИМА фаъолият доштанд, мисли Муҳиддин Кабирӣ, Мирзо Салимпур, Шавкати Муҳаммадӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин, Саидюнуси Истаравшанӣ, Абдусаттор Бобоев барин “рӯзноманигорон”, “шореҳон”, вале дар асл чун ҷосусону хабарнигорони фурӯхташуда кору фаъолият доштанд.

Бо тамошои филми “Хиёнат” мо бори дигар бо амалу рафторҳои манфури душманони хиёнаткори давлату миллат аз наздик бохабар гардидем. Саҳифаҳои Фесбуки онҳо, сомонаҳои бо пули хоҷагонашон сохташуда, баромадҳои намоишкоронаи онҳо пур аз фитнаву дуруғ ва ифроту ҷаҳолат буда, рӯирост шунавандаро ба кӯчаҳои сарбаста бурдан мехоҳанд. Мо ҳама шоҳиди онем, ки наҳзатиёни ифротии дар хориҷ паноҳ бурда, ватангадову хору зор ҳастанд ва рӯзе барои ин амалҳояшон паси панҷара хоҳанд шуд. Кабирӣ ба ғайр аз пулу нақшаҳои хоҷагону охундҳояш дигар ба ягон кас садоқат надорад, роҳи интихобнамудааш торику ноҳамвор буда, шахсони ба доми фиребаш афтодаро фақат ба бадбахтиву сарсахтӣ мебарад.

Шаҳрвандони кишвар, махсусан ҷавонон ва муҳоҷирони меҳнатӣ бояд аз сомонаву вебсайтҳои экстремистии душманони миллат канораҷӯӣ намоянд ва ба доми фиребу бӯҳтони онҳо наафтанд. Мо бояд худамон ва хешу ақрамоямонро эҳтиёт намуда, бо душманони хиёнатпешаамон муборизаи беамон барем.

Ҳамин тариқ, мо мутмаинем ва боварии комил дорем, ки мардуми шарафманди тоҷик чеҳраи аслии ин душманони миллатро ба хубӣ шинохтааст ва ҳеҷ гоҳ ба доми фиребу найранги онҳо нахоҳад афтод ва онҳо ба мақсадҳои палиду нопокашон нахоҳанд расид.

Ахмедов Н.И. – н.и.ҳ., дотсент,  мудири кафедраи
 ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика ва пешгирии коррупсия ДДҲБСТ

Читать далее

ЭЪТИРОФИ ХАТОГӢ – НИШОНИ ҶАВОНМАРДИСТ

 

 

 

Таҳлили охирини Абдулло Раҳнамо атрофи масъалаи Паймони миллӣ ва каҷрафтории ҳизби наҳзат бори дигар собит намуд, ки мавҷудият ва фаъолияти ин гурӯҳи сиёсӣ аз ҳар ҷиҳат на танҳо ҷавобгӯ ба манфиати имрӯзаи давлату миллат нест, балки надоштани потенсиали кадрӣ, барномаи мушаххас ва шеваи корбарии муғризона ҳадафи ноором кардани суботи ҷомеа доштани онҳоро собит месозад.

Ҳодисаи кӯшиши табаддулоти ҳарбӣ моҳи сентябри соли 2015, ки бо пуштибонии ҳизби наҳзат ва аз ҷониби генерал Назарзода ба миён омад, бори дигар собит намуд, ки ин ҳизб муқобили қонун ва зидди манфиатҳои миллии кишвар амал намуда, дар зарфи мавҷудият баҳри пешрафти кишвар коре анҷом надод.

Ба андешаи А.Раҳнамо агар ин ҳаракат мавқеи миллӣ ва роҳи созандагиро пеш мегирифт, беҳтар мебуд. Аммо афсус, ки он мавқеи миллӣ ва он масири созанда дар ниҳоят ҳосил нашуд. Савол ба миён меояд, ки чаро аз мавқеи миллӣ ва роҳи созандагиро нагирифта боз ҳам аз рӯи ҳадафҳои пешинаи худ амал намуданд. Сабабҳо шояд зиёд бошанд, аммо як омил ин буд, ки онҳо рӯи манфиатҳои милливу давлатӣ камтар андеша ва корбарӣ намуданд. Ҳизбе ки манфиатҳои оммаро пуштибонӣ ва ҳимоя накунад, омили созанда ва муттаҳидкунандаи мардум буда наметавонад.

Роҳи нодурусте, ки имрӯз бархе аз аъзои ТТЭ ҲНИ пеш гирифтаанд, ин тавассути шабакаҳои интернетӣ иғвоангезӣ аст. Магар бо роҳи сангандозӣ ва сиёҳкунии сарзамини худ диёрро ободу зебо карда мешавад? Онҳо бо ин роҳ мехоҳанд эътибори ҳукуматро дар назди мардум коста намоянд. Вале, ҳамаи мо дида истодаем, ки сол аз сол Тоҷикистон ободу зеботар шуда истодааст. 

Дар баробари дигар давлатҳои дунё. Ин андешаро борҳо Пешвои миллат баён доштанд, ки кишвари мо низ мушкилоту муаммоҳо дорад, вале Ҳукумати кишвар талош намуда истодааст, то сол аз сол онҳо ҳалли худро ёбанд. Дар муқоиса ба солҳои 90-уми асри гузашта ҷумҳурӣ бисёр ҳам ободу зебо гардид. Ин андешаи танҳо мардум нест, балки ин фикри ҳар хориҷие, ки қаблан аз ҷумҳурӣ дидан намудаанд, мебошад.

Ҳоло амали бади ТТЭ ҲНИ дар он аст, ки берун аз истода, ба бадгӯӣ ва сиёҳ кардани кишвари худ машғул мебошанд. Ба қавли таҳлилгари сиёсӣ А.Раҳнамо Паймони миллӣ як ташкилоти сунъии бе заминаи иҷтимоӣ ва миқёсӣ миллӣ аст. Воқеан аксарияти шаҳрвандони Тоҷикистон, ба истиснои чанд нафар аз рӯзноманигорону таҳлилгарон аз ин эътилоф огоҳии дуруст надоранд ва онро ҳамчун ҳаракат эътироф намекунанд.

Созмоне, ки танҳо ба сиёҳу бадном кардани ватани худ машғул аст, чи гуна тарафдору ҷонибдор дошта метавонад. Аз ин лиҳоз гарчанде ин ашхос амалҳои зиёди ноҷавонмардона анҷом доданд, вале ҳоло беҳтар аст, ки аз ин кор даст кашида, фикри ободии Тоҷикистонро намоянд. Зеро оқибати амали онҳо пушаймонист. Саҳм гузоштан дар ободии кишвар омили таҳкими суботу оромӣ, пешрафти Ватани азизамон ва  камтарин саҳмгузорӣ дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол мегардад.

Шӯҳрат САИДЗОДА,
устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,
бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

 

 

 

 

Читать далее

Ҳимояи манфиатҳои миллӣ – вазифаи шаҳрвандӣ

Ҷаҳонишавӣ дар баробари башариятҳо паҳлӯҳои манфӣ низ дорад. Яке аз онҳо тавассути васоити ахбори омма таъсир расонидан ба ахлоқ ва арзишҳои миллӣ аст, ки кишвари мо аз ин дар канор нест.

Аз кишварҳои хориҷа истода. Бо супориши хоҷагони хориҷиашонтавассути шабакаҳои иттилоотӣ ба мафкураи мардум бахусус ҷавонон таъсири манфӣ расонида истодани бархе хоинони ватанамон гувоҳи ин гуфтаҳост.

Дар ҳақиқат ҷаҳони имрӯза монанди замони пешин нест. Аз ин лиҳоз мо - шаҳрвандони кишвар бояд пеш аз ҳама худшинос, худогоҳ бошем, манфиатҳои миллии худро дар мадди аввал гузорем. Рӯҳи худшиносии миллии шаҳрвандон ба миллат ва давлат имконият медиҳад, то бар зидди хатарҳои иттилоотӣ омода бошад ва худро аз фирефташавӣ дифоъ намояд.

Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ҳам дар даврони нооромиҳои солҳои навадум аз амалҳои ифротгароён бисёр зарар дид. Ҳеҷ сирре дар дунё пинҳон нахоҳад монд, чих еле амалҳои хоинони Ватан имрӯз ба ҳама аён гаштааст. Ҷаҳони имрӯза рӯз то рӯз дар мубориза бо терроризм-вабои аср боз ҳам муттаҳидтар мегардад, ва кишвари мо дар сафи пеши ин мубориза буда, алайҳи ин зуҳуроти номатлуб тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ мекунад.

Ободӣ, осудагӣ, сулҳу ваҳдат дар фазои Тоҷикистони азиз, орзую омоли ҳар як шаҳрванди худшинос ва худогоҳ мебошад.

Тоҷикистон азизам, бо ту ман пар ёфтам,

Ҳар кафи хоки туро ман дурру гавҳар ёфтам.

Ашӯров ИКРОМ,
устоди Коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент

Читать далее

Нақши ҷавонон дар рафъи зуҳуроти номатлуб

Тараққиёти босуръати ҷаҳон, инқилоб дар илму техника ва табаддулоти бозори ҷаҳонӣ аз ҳар як шахс ва дар маҷмӯъ, аз ҳар як миллат муносибат ва диди навро ба ҳаёт талаб дорад. Аз ин рӯ, барои ҳар як фарди ҷомеа лозим аст, ки ин муносибат ва дидро дар асоси талаботи замон, вале дар заминаи миллию таърихии хеш дарк, пазироӣ ва амалӣ гардонад. Дар замони рушди раванди ҷаҳонишавӣ танҳо тавассути нигоҳ доштани беҳтарин арзишҳои миллӣ, таърихӣ, эътиқодӣ ва корбасти онҳо дар заминаи навтарин дастовардҳо муносибати миллатҳо метавонад боиси ҳамқадами замон шудани ин ё он миллат гардад.

Бо бовари комил метавон гуфт, ки давлату миллати мо низ ҳаматарафа барои ба сатҳи баланд баровардани вазъи иқтисодии мамлакат устуворона қадам  мезанад. Дар ин раванд нақши асосӣ ва муҳимро, махсусан, ҷавонон ба уҳда гирифта, имкониятҳои бештар барои тараққиёти ҷомеа ва азнавкунонии ҷомеа доранд. Новобаста аз ин, баъзе масъалаҳои дигар ҳанӯз дар ҷустуҷӯи ҳалли дурусти худ ниёз ба кӯмакҳо доранд. Ҷавонони пешқадами мо бояд талоши бештар намоянд, то ягона роҳи ҳалли дурусти масоилро ёфта тавонанд.

Яке аз чунин масъалаҳо маҳдуд будани ҷаҳонбинии қисмати ҷавононест, ки дур аз Ватан ҳанӯз бар зидди давлату миллат баромада, амалҳои ношоистае ба мисли терроризм ва экстремизмро пайравӣ доранд. Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на кам аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст.

Дар шароити кишвари мо роҳи дурусти бартараф кардани хатари ин тамоюлоти мудҳиш, пеш аз ҳама, бештар рӯй овардани ҷавонон ба омӯзиши илму дониш, баланд бардоштани сатҳи худшиносии миллӣ ва дурӣ ҷустан аз ақидаҳои бегона мебошад.

Имрӯз Тоҷикистон як давлати соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд ва демократӣ буда, дар байни давлатҳои хурду бузурги сайёра мақому манзалат дорад. Ҳар қадар таъсири равияҳои ифротиву моҷароҷӯ ба амнияти кишвар ва аҳли ҷомеа кам бошад, ҳамон андоза кишварҳои дохилу хориҷ бо давлату миллати мо робитаи дӯстӣ ва наздикӣ пайдо хоҳанд кард. Ҷавонони мо бояд ҳамеша талош бар он намоянд, ки обрӯ ва эътибори баланди миллату давлати худро дар сатҳи ҷаҳон боз ҳам боло бардоранд.

Х.МУСТАФОЗОДА,
полковники адлия, сардори
шуъбаи тафтишоти Прокуратураи
ҳарбии гарнизони Суғд

Читать далее

Маслиҳатгарони фитнаангез...

Бо баробари баргузории интихобот интихобкунандагон ба номзадони арзандаи хеш овоз медиҳанду ба тақдиру сарнавишти ояндаи миллат саҳми худро мегузоранд. Гузашта аз ин, маҳз бо воситаи интихобот интихоб намудани сарвари мамлакат, демократӣ будани сохти давлатдориро нишон медиҳад.

Лекин имрӯз ашхоси нохалаф ёфт мешаванд, ки аз кишварҳои бегона истода, нисбати Ватани худ айбҷӯӣ мекунанд. Албатта, инҳо ҳамон аъзои ТТЭ ҲНИ-анд, ки дар хориҷа алҳол ҳамчун гуреза қарор доранд ва нисбати давлати Тоҷикистон хиёнатро пеша кардаанд. Бо иғвогариву дасисабозиҳояшон мехоҳанд ба сулҳу амнияти мамлакат халал ворид кунанд. Аз ҳама муҳимаш онҳо маслиҳатҳои фитнаангезро дар сомонаҳо ҷойгир карда истодаанд. Албатта, ин суханон наметавонанд ба мафкураи инсони соҳибақл таъсир расонанд, зеро нисбати тақдири халқу Ватан бетараф нестанд ва ҳамарӯза аз паи беҳбудиву тараққиёти мамлакат мекӯшанд.

Бигзор наҳзатиҳо ғамхорӣ нисбати тақдири ояндаи Тоҷикистонро накунанд, зеро бидуни онҳо низ ҳастанд ононе, ки ғамхориву садоқат ба халқу Ватанро пешаи худ кардаанд. Як нуктаи муҳимро қайд кардан зарур аст, ба дасисаҳои ТТЭ ҲНИ мардуми мо дода нахоҳанд шуд, зеро халқи тоҷик ҳамагон аз ҳадафҳои пасипардагии онҳо ба хубӣ бохабарем ва ҳеҷ як шаҳрванди баору номуси тоҷик пайравӣ ба онҳо нахоҳад кард, чунки пайравӣ ба онҳо дар охир ба пушаймониву раҳгумзадагӣ мерасонад.

Шамил НАЗАРЗОДА,
омӯзгори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

Лофзании нохалаф...

Соли 2020 дар низоми давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон соли маъракаҳои сиёсӣ эътироф шудааст, зеро нимсолаи аввали соли равон халқ бо райъпурсии умумихалқӣ вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ, минтақавӣ ва маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро интихоб карда бошанд, 11–уми октябр Рӯзи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шудааст.

Аслан, интихобот ҳамчун маъракаи сиёсӣ, пеш аз ҳама барои  наслҳои имрӯзу ояндаи мамлакат бурдбориҳои беназир ба миён меорад.  Агар ҳар як фарди комилҳуқуқ дар интихоб намудани  сарвари арзандаи кишвар софдилона ва бо иродаи қавӣ овоз диҳад, пас  ояндаи дурахшони давлату миллатро бо роҳи ҳақиқат интихоб хоҳад кард.  Ин аниқу дақиқ аст!

Вале, ҳайҳот, бархе аз нохалафони миллат, ки худро тоҷик мегӯянд, аммо дар амал бо рафтори ноҷавонмардона ҳамаи пешравиҳои ватанро нодида мегиранд. Имрӯз Муҳаммадиқбол дар ҳаққи мардуму диёри худ тӯҳмат мезанад.

Ба қавле, халқ заршинос аст. Ҳар ватандори асил, ки давраҳои ҷанги таҳмилиро паси сар намудааст, бо чашми сар дидааст, ки он рӯзҳо чигуна буданду имрӯз шароит чигуна аст, Тоҷикистон дубора эҳё гаштаву соҳибистиқлол гардидааст.

Аммо ин ифротиён бо тӯҳмату бӯҳтон ва пешниҳодҳои бемаънӣ гумон доранд, ки мардумро дубора гумроҳ мекунанд.

Онҳо рӯирост мардумро ба гумроҳӣ даъват мекунанд.

Вале мардуми Тоҷикистон он мардуми солҳои навадум нест ва ҳар як фарди комилҳуқуқ ва бо ору нанги тоҷик ба ақоиди бардурӯғи нокасон ва худ хоинони миллат фирефта намешавад.

Шамил НАЗАРЗОДА,
устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

Читать далее