05 October 2020

Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври аввали мусобиқаи меҳнатӣ байни ноҳияҳо ва хоҷагиҳои пахтакор

3 октябри соли равон дар майдони “Ситораҳои Хуҷанд”-и маркази вилоят маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври аввали мусобиқаи меҳнатӣ байни ноҳияҳо ва хоҷагиҳои пахтакор баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни иштирок дар чорабинӣ иброз дошт, ки ҷиҳати амалигардонии дастуру супоришҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ барои мунтазам зиёд намудани масоҳати замини кишти пунбадона, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва бо ин васила зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли пахта чораҳои судманд роҳандозӣ гардида истодааст.

Читать далее

Раҷаббой Аҳмадзода: ХИЗМАТИ ВАТАН ШАРАФИ ҶАВОНМАРДИСТ!

Эмомалӣ Раҳмон: “Мо ба Қувваҳои мусаллаҳи кишварамон эътимоди комил дорем ва дилпурем, ки онҳо минбаъд низ истиқлолияту озодии Тоҷикистони муҳбубамон, амнияти давлат ва суботу оромии мардуми моро чун сипар ҳимоя мекунанд”.

Санаи 4 - уми октябри соли 2020 дар Амфитеатри Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Fафуров ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати гусели даъватшавандагон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок ва суханронӣ намуд.

Читать далее

Рози Саразм

Табиати инсон чунон сиришта шуда, ки ҳамеша аз пайи ҷустуҷӯи гузашта ва ояндаи худ аст. Албатта, ин ҳиссиёт дар як зумра инсонҳо тезгузаранда асту дар зумраи дигар абадист. Саодати ҳаёт ва суботи ботиниро дар ин дунё танҳо нафароне ба даст меовардаанд, ки кашшофи сиреву ниҳоне ҳастанд ва аз қонуни ҷозибаи ҳаёт огоҳанд.

Ин андешаҳо вақте ба сарам омад, ки тангкӯчаҳои Саразмро қадам мезадам. Саразм як гӯшаи қадимтарини тоҷикнишин аст, ки таърихи 5500 солро дар бағал дорад. Фикр мекунам, ки ин гӯшаи куҳантарини Тоҷикистонро ҳамагон мехоҳанд, мисли ман аз наздик бинанд.

Ин шаҳри бостонии суғдиёни қадим аз ҷониби бостоншиносону таърихшиносони ватаниву хориҷӣ барқарор шуда истодааст ва дар ҳақиқат инсонҳоро бо ҷозибае ба асли худ пайванд месозад. Ҳангоми гаштугузор дар ин шаҳр худро дар иҳотаи саразмиён мебинам, ки 5500 сол муқаддам дар ин сарой умр ба сар бурдаанд. Мардумаш хеле камташвишу хушбахтанд ва оромии ботинӣ доранд.

Ором-ором деворҳоро гӯш додаву қадам мезанам ва мебинам, ки хонаводае атрофи оташдони фурӯзон ҷамъ омада, ба кӯдакон қиссагӯӣ мекунанд, қиссаҳои деви якчашма, аҷдаҳои ҳафтсар, симурғи пушти кӯҳи Қоф... Каме боз қадам мезанам, ки хонаводае дигар гандумҳоро ба хирман андохта, атрофи он суруд месароянд ва дуртар аз онҳо як гурӯҳ одамон алафҳоро аз замин бардошта, бо чорпоёнашон ба хонаҳои худ мебаранд. Дар паси девори дигар марде заргарӣ мекунад. Дар як тангкӯчаи дароз, ки хеле хонаҳо паиҳаму андарҳаманд ва касе ҳақдори замини касе несту ҳама аз як дарвоза равуо доранд, дӯконҳои оҳангарӣ, заргарӣ, кулолгарӣ, ресандагӣ ва дигар дӯконҳои ҳунармандӣ низ он ҷо дида мешавад. Тамаддуни пешрафтаи ин шаҳрро аз ҳамин нигораҳо ва корду шамшерҳо ё лоҷувардҳои дар гардани занҳо овехташудаву бо он гӯронидашударо метавон дарк кард.

Садои зарби задани оҳангар ба гӯшҳо танин мекунад ва ғулғулаи 5000 соли пешро ба гӯш мерезад. Дар зарфҳои сафолин ва гилин нақши дасти кӯзагарони куҳантарин аҷдодонамон пайдост. Овезаҳои заррину гарданбандҳои занона, ки ҳунари саразмиёни бостон аст, қадам ба қадам ба чашм мехӯранд. Аз ин кӯча, ки хориҷ мешавем, садои сурнай ва чанг ба гӯш мезанад, ки аз баландие муғанниёни саразмӣ мусиқиҳои дилангез менавозанд. Ин садои дилнишинро зангӯлаҳои корвониёни сиистониву туркманистонӣ пурра мекунад. Корвониён бору колои худро ба шаҳри ҳунармандон - Саразм меоранд ва бо ёқуту фирӯзаву лоҷивард ва дигар ашёҳои дар ин ҷо маъмулбуда иваз мекунанд. Оташкадаҳо ҳамеша фурӯзонанд. Мӯйсафедони саразмӣ дар сурфаҳои махсус нишаставу суҳбати гарм доранд ва писарбачагон дар кӯчаҳо шатранҷбозиву буҷулбозӣ мекунанд. Модаре ба кӯдаки худ бо овози бирешимиву ширини суғдиёна алла мехонад. Ин ҷо мехоҳам, каме таваққуф кунам ва аллаи зебои суғдиёнаро то охир гӯш диҳам. Хеле гӯшнавоз ва ҳунармандона месарояд. Ба ин бозёфту нигораҳои Саразм назар дӯхтаву шаҳри қадимаи онро қадам задам ва ҳис кардам, ки ин сарзамин зинда аст. Чун мегӯянд, ки фарҳанги асил ҳамеша зинда мемонад.

Берун аз шаҳр заминҳои паҳнояш ноаён ва поёнтар аз он дарёи Зарафшон меравад. Бо вуҷуди то имрӯз қисми ками Саразм кашф шуданаш, таърихи куҳани он, ки дар сарчашмаҳо омадаанд, пурра тамаддун ва фарҳанги ин шаҳри қадимиро муаррифӣ карда метавонад. Зери ин заминҳои бепаҳно Саразми кашфношуда ҳоло хоб аст. Чун қадам ба қадам рамзеву розе дар хоку гили он пайдост. Рози Саразмро танҳо рӯди Зарафшон медонад. Чун ин дарё шоҳиди муҳосираву муҳорибаҳо будааст ва рафтани саразмиёнро аз ин сарзамин шоҳидӣ кардааст. Гӯшу ҳуш ба дарё додаву каме аз рози ин сарзамин бишнидам. Аз ғулғулаи мастона ва қаҳру ғазаби дарё донистам, ки он низ дар сарнавишти Саразм бепарво нест. 5500 сол инҷониб суруди Саразмро месарояду дуруди саразмиёнро то Бухоро мебарад ва ҳеҷ қалбаш таскин намеёбад.

Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо хеле хушбахт аст, ки ин сарзамини қадимаи тамаддунофарро дорад. Панҷакенти қадим низ яке аз пойтахтҳои куҳани суғдиёни Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад, ки онро дар ҷои дигар хоҳем гуфт. Дар ҷаҳон чунин бозёфтҳо, аз ҷумлаи шаҳрҳои қадима бо ин синну сол камшумор аст. Саразми Тоҷикистон дар қатори Афинаи Юнон, Библоси Ливан, Иеруссалими Изроил, Варанасияи Ҳиндустон, Иерхони Фаластин ва дигар шаҳрҳои куҳани олам ба бозёфти нодири фарҳанги ҷаҳонӣ дохил ва таҷлили 5500 - солагии он низ дар феҳрасти идҳои ЮНЕСКО сабт шудааст. Имрӯзҳо бо иштироки Пешвои миллати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмонони олиқадри хориҷӣ дар Саразми бостонӣ ин иди ҷаҳониро бошукӯҳу хотирмон таҷлил менамоем. Ҷашни Саразм ба тоҷикон ва ҷаҳониён муборак бод!

Фарзонаи Зарафшонӣ,

Рӯзноманигор

Читать далее

МУҲИТИ СОЛИМ - ОМИЛИ СОЛИМИИ ҶОМЕА

Соли даҳум аст, ки бо ибтикори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, ҷиҳати ташвиқу тарғиби муҳофизати муҳити зист, ҳавасмандии муҳассилини таълимгоҳҳо дар ҳизфу эмин нигоҳ доштани муҳити атроф озмуни ҷумҳуриявӣ доир карда мешавад. Имсол бо дастгирии бевоситаи раиси кумита Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон тибқи Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии мамлакат дар давраи то соли 2020 чунин озмун байни кормандони васоити ахбори умум дар мавзӯи «Сатҳи баланди маърифати экологӣ- пояи рушди устувори давлат ва ҷомеа» баргузор гардид.

Дар ин озмуни умумиҷумҳуриявӣ, аз ҷумла аз вилояти Суғд низ як зумра рӯзноманигорон ва гурӯҳи калони мактаббачагон ширкат намуда, мақола , шеър, ҳикоя, расм, видеороликҳои хешро пешниҳод карданд.

 Дирӯз маросими ҷамъбасти ин озмун доир гардид. Дар озмун чандин нафар толибилмони макотиби вилоят ва рӯзноманигорон сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. Аз ҷумла, хонандаи Гимназияи №13-уми шаҳри Хуҷанд - Темур Холматов аз рӯи номинатсияи видеоролики беҳтарин, Ҳилолахон Каримова - хонандаи мактаби №23, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои ҳикояи беҳтарин, хонандаи литсеи №2, ноҳияи Ашт Шаҳноза Бердиева аз рӯи номинатсияи шеъри беҳтарин, толибилми мактаби №11, шаҳри Бӯстон барои сурати беҳтарин, ҳамчунин Самандар Розиқов аз ноҳияи Ҷаббор Расулов, Далер Қобилов аз шаҳри Конибодом, Маликахон Баҳодурова аз ноҳияи Деваштич, Нозия Абдурасулова аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаш нафар рӯзноманигорони воситаҳои ахбори вилоят, аз ҷумла мухбири Идораи телевизион ва радиои вилоят Тӯтинисо Муллобоева, мухбири рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» Рафоат Мӯъминова, мухбири телевизиони «Ҷаҳоннамо» Обидҷон Каримов, корманди телевизиони СМ-1 Мафтуна Шукурова, рӯзноманигорон Тилав Расулзода, Файзуллохон Обидов бо Диплом ва Ифтихорномаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Шоира КАРИМЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Таҳияи лоиҳаи Қонун аз ҷониби донишҷӯ

Донишҷӯи курси чоруми факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Шодибек Шоҳимардонов кори илмӣ ва амалии худро дар мавзӯи “Зарурияти қабули қонуни алоҳида “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқ ва дастгирии давлатии кӯдакони ятим ва бепарастор”” ба анҷом расонида, дар асоси таҳлили адабиёти ҳуқуқӣ, санадҳои меъёрию ҳуқуқии миллӣ, байналмилалӣ, қонунгузории алоҳида ва лоиҳаи қонунҳои кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Ҷумҳуриҳои Беларус, Украина, Ӯзбекистон ва Федератсияи Россия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқ ва дастгирии давлатии кӯдакони ятим ва бепарастор” - ро омода намудааст, ки аз 6 бобу 38 модда иборат аст. Донишҷӯ дар кори илмии хеш 16 ҷиҳати зарурияти қабули қонуни алоҳидаро оварда, аз ҷумла қайд менамояд:

- Дастгирии давлатии кӯдакони ятим ва бепарастор дар аксар санадҳои меъёрӣ ҳуқуқии ҷумҳурӣ аз рӯи тобеият дарҷ гардидааст ва ин имконият намедиҳад, ки ҳуқуқҳои кӯдакони ятим ва бепарастор ба таври пурра таъмин гардад. Ҳамасола садҳо нафар ятим баъди хатми таҳсил дар хона-интернатҳо бо муаммои таъминоти манзили истиқоматӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Ин ва дигар масъалаҳои ҳалталаби кӯдакони ятиму бепарастор дар лоиҳаи қонун муайян ва ба танзим дароварда хоҳад шуд, - иброз дошт Шодибек Шоҳимардонов.

Донишҷӯи навовар тавонистааст зимни таҳияи лоиҳаи қонун “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқ ва дастгирии давлатии кӯдакони ятим ва бепарастор” фикру ақидаҳои беш аз панҷсад шаҳрванди ҷумҳурӣ, махсусан кӯдакони ятим, бепарасторон ва оилаи онҳо, комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки вилояти Суғд, шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, мутахассисони соҳаҳои гуногун, аз ҷумла омӯзгорон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кумита ва идораҳои давлатиро гирифта, лоиҳаи мазкурро омода созад.

Мудири кафедраи ҳуқуқи конститутсионии факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон А.Бобоев дар бораи кори илмии донишҷӯ чунин ақида дорад:

- Мавзӯи таҳқиқоти илмии пешниҳодгардидаи донишҷӯи факултаи ҳуқуқшиносӣ Шодибек Шоҳимардонов яке аз масоили мубрами илми ҳуқуқшиносӣ дар ҳар давру замон ба ҳисоб рафта, он дар шароити имрӯза, ки муносибатҳои муҳимтарини ҷамъиятиро қонун ба танзим меандозад, айни муддаост. Муҳимияти мавзӯъро ба назар гирифта, донишҷӯ паҳлуҳои гуногуни масъалаи мазкурро ба қадри зарурӣ омӯхта, мавриди таҳқиқ қарор додааст. Асоси ҳуқуқии ҳифзи ҳуқуқи кӯдакони ятим ва бепарастор аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма гирифта, аз якчанд санадҳои миллӣ ва байналмилалӣ иборат аст. Аммо то кунун қонуни алоҳидае оид ба ҳифзи ҳуқуқ ва дастгирии кӯдакони ятиму бепарастор қабул нашудааст. Натиҷаи бадастовардаи таҳқиқотии Шодибек Шоҳимардонов ҷиҳати омода намудани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқ ва дастгирии кӯдакони ятим ва бепарастор” ҷолиби диққат буда, минбаъд дар сатҳи танзими муносибатҳо дар бораи ҳифзи ҳуқуқ ва дастгирии кӯдакони ятим ва бепарастор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.

Шоира САЛИМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

МАЪХАЗИ ГАРОНБАҲОИ ТАЪРИХ

Нозимҷон дар муҳити хонаводае ба камол расид ва тарбия ёфт, ки урфу одат, таърихи миллати хеш ва ёдгориҳои миллиро эъзоздорӣ мекарданд. Аҳли оила кӯшиш менамуданд, ки дар вуҷуди фарзандони хеш эҳтиром ба гузаштаи хеш ва ҳам ифтихори миллиро бедор созанд. Бино ба гуфти ҳамсари Нозимҷон - Мунира Усмонова, дар он хонае, ки ӯ ба камол расидааст, аз таҷҳизоти рӯзгори қадима истифода мебурданд. Ҳамин тарбияи гузаштагонаш буд, ки дар вуҷуди ӯ меҳру муҳаббатро ба Ватан ва арзишҳои миллӣ бедор сохт.

-Нозимҷон, аз чамбарак гӯшт биёр, ба чамбарак гӯштро бурда мон!,- гуфтани бибиаш ӯро ба ваҷд меоварду нисбат ба чунин асбобҳои миллӣ, рӯзгордорӣ меҳраш зиёдтар мегардид. Чамбарак аз лавозимоти миллии рӯзгор аст, ки гузаштагони мо аз сабаби набудани яхдон дар он анвои хӯрокаро нигоҳ медоштанд.

 Ҳамин меҳру муҳаббат ба асбобу анҷоми миллӣ буд, ки баъди ба камол расидан ба ҷамъоварии ёдгориҳои таърихӣ шуруъ намуд.

 Рӯзе, ки мо ба осорхонаи «Анора»-и Ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Fафуров омадем, чамбарак дар саҳни ҳавлӣ овезон буд. Ёдгориҳои таърихие, ки аз бобою модаркалонаш мерос монда буданд, ба ӯ барои таъсиси осорхонаи нигораҳо замина гардиданд. Чӣ хеле ки ҳамсари Нозимҷон (он рӯз, ки мо ба осорхона омадем, Нозимҷон Усмонов дар ноҳияи Панҷакент дар сафари корӣ буд) изҳор намуд, қариб шаст фисади маводҳои ҷамъовардаи ҳамсараш меросӣ аст. Дари кандакории қадимаи дар «Хона-осорхона» гузошта, аз модаркалонаш мерос мондааст.

Ба модаркалонаш бошад, аз модараш ба мерос гузашта, то замони мо омада расидааст. Аз ин чунин хулоса мебарояд, ки дар вуҷуди гузаштагони Нозимҷон низ ҳисси миллӣ, ватанпарварию хештаншиносӣ беҳудуд буд. Беҳуда намегӯянд, ки тарбияи насли оянда аз оила оғоз меёбад. Баъди чандинсолаҳо ин амали неки онҳоро Нозимҷон давом дода истодааст.

 - Нозимҷон «Хона- осорхона»-ро ба хотири модарашон Анора номгузорӣ карданд. Анора номи модари Нозимҷон аст, - изҳор намуд ҳамсараш. Бале, аз таъсиси хона – осорхонаи «Анора» 20 сол сипарӣ гардидааст. Зикр карданд, ки аз соли дуҳазорум сар карда, то имрӯз аз тамоми гӯшаву канори мамлакат намунаи зиёди осори таърихиро ҷамъоварӣ намуда, дар хонаи истиқоматии хеш ин макони аҳамияти таърихидоштаро таъсис додааст.

Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019- 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид. Ин ба мардуми мо имкони васеъ фароҳам овард, ки аз аслу насаби хеш, гузаштагони худ бештар огоҳӣ пайдо намоянд. Маҳз, дар ҳамин соли пур аз дастовардҳо мардуми бонангу номуси тоҷик боз як бори дигар аз мероси гузаштагони хеш ба куллӣ огоҳ гардиданд. Зеро, маҳз дар ин солҳои басо пурфайз барои ҳифзи асолати миллӣ, забон, фарҳанг, аз ҷумла ёдгориҳои таърихӣ, муаррифии онҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳад. Дар сафари кории навбатиашон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Хона - музейи «Анора» ташриф оварда, барои ташкил намудани чунин як боргоҳе, ки мардуми имрӯзаро бо гузаштаи дуру наздик ошно месозад, баҳои баланд доданд.

Чӣ хеле ки дар боло изҳор кардем, Хона- осорхонаи «Анора» аз ҷониби шахси ватандӯсту хештаншинос Нозимҷон Усмонов ташкил карда шуда, дар он зиёда аз 1500 нигора ва ёдгориҳои таърихӣ ҷамъоварӣ шудааст. Дар осорхона чандин намуд кӯзаҳои сафолӣ, мисӣ, асбобҳои мусиқӣ, кишоварзӣ, намунаи ҳунарҳои қадимаи тоҷикӣ, аз қабили кандакорӣ, хумдонҳои сафолӣ, оҳангарӣ ва ғайра нигаҳдорӣ мешаванд.

Воқеан, баробари ворид шудан ба ин Хона – осорхона кас ба хубӣ дарк менамояд, ки халқи тоҷик таърихи хеле бою ғанӣ дошта, аз асрҳои гузашта то имрӯз чӣ қадар роҳҳои пурпечутобро тай намудааст. Бароямон маълум гардид, ки нигораҳои ҷамъовардашуда ба асрҳои ХVII – ХVIII рост омада, бозгӯи зиндагии шоистаи гузаштагони миллати тоҷиканд.

Хона - осорхонаи «Анора» ба худ намои қадимаро гирифта, аз гузаштагони миллати тоҷик ҳикоя мекунад. Аз замони таъсисёбии Хона- осорхонаи «Анора» ҳамарӯза ба ин ҷо меҳмонони зиёде омада, аз таърихи қадимаи миллати тоҷик огоҳӣ пайдо мекарданд. Онҳо ҳамчунин ба китоби осорхона таассуроти хешро навиштаанд, ки он хеле ҷолиб аст. Бояд зикр кард, ки дар китоби мазкур намояндагони миллатҳои гуногун аз давлатҳои Олмон, Амрико, Хитой, Қирғизистон, Қазоқистон, Россия фикру андешаи худро иброз намуда, ба бунёдгузори ин хонаи нур барору комёбӣ таманно кардаанд.

Дастхати корманди осорхонаи миллии Тоҷикистон З. Иброҳимзода бароям хеле ҷолиб буд. Ӯ 15 августи соли 2018 ба осорхона ташриф оварда, аз нигораю ёдгориҳои таърихии ҷамъоварда ба ваҷд омада, аз забони Мавлавӣ навиштааст:

«Дило, назди касе биншин,

ки аз дилҳо хабар дорад,

Ба назди он дарахте рав,

 ки он гулҳои тар дорад,

Ба он бозори атторон марав

 ҳар сӯ чу бекорон,

Ба дӯкони касе биншин,

 ки дар дӯкон шакар дорад.

Ҳамзамон, ӯ зикр доштааст, ки ин шоҳбайтҳо ба ифтихори Хона - осорхонаи этнографии Нозим – ако аз ҷониби Мавлонои бузург эҷод шудааст.

Гирдоварӣ, ҳифз ва муаррифии осори ниёгон вазифаи имониву ҷонии ҳар як шахси соҳибфарҳанг дар мисоли коллексияи нодири бародари гиромӣ Нозимако мебошанд. Ҳар осори ҷамъовардашуда аз ҷониби ӯ ҳамчун фарзанд нигоҳбонӣ карда мешавад. Зиҳӣ истеъдод, зиҳӣ осори ниёгон, поянда бод шахсияти соҳибфарҳанг!

 Ё ки як гурӯҳ омӯзгорони МТМУ №17 –уми шаҳри Хуҷанд дар китоби хотираҳо чунин менигоранд:

- Имрӯз мо вориди Хона - осорхонаи «Анора» гардидем. Аз даромадгоҳ то болои хона саропо меҳр, муҳаббат ва самимият нисбат ба ҳаёти гузаштаву имрӯзаи мо- миллати қадимаи тоҷикон аст.

Соҳибхоназан худ намунаи ибрати покизагӣ, нексириштӣ буда, аз бузургии дили хеш башорат медод. Дар ин макони муқаддас ғанимати нодир гирд оварда шудааст. Гумонамон ба қасре ворид шудем, ки аз дуриҳои дур садоямон мекунанд.

Садои таърихи бой, маданияти баланд, урфу одат ва анъанаҳои неки миллати тоҷикон. Худо кунад, ки таъсисдиҳандагон, гирдоварандагони ин маъхази гаронбаҳо солиёни дароз саломату сарбаланд бошанд. Хотири ҷамъу сарбаландӣ ва муваффақиятҳо ҳамдам, ҳамрозу ҳамқадами онҳо бошад.

Ҳамчунин, дар дафтар бо ҳуруфоти форсиву англисӣ, хитоиву лотинӣ навиштаҷоти зиёде буданд. Баъди хондани дастхати зиёраткунадагони Хона - осорхонаи «Анора» аз он шод гаштем, ки мардуми тоҷик соҳиби фарҳанги бузург аст.

Зеро зиёраткунандагоне, ки ба ин макон омадаанд, мехостанд, аз таърихи гузаштагони худ огоҳ бошанд. Аксарияти онҳое, ки ба ин ҷо қадам гузошта, соядасте ба китоби Хона - осорхона гузоштаанд, бо аҳли оилаи худ омаданд, то ки фарзандони онҳо аз таърихи гузаштаи халқи худ, менталитети онҳо, он асбоби рӯзгоре, ки мардуми тоҷик чандин сол пеш истифода мебурданд, огоҳ гарданд.

Ҳамон рӯзе, ки мо ба хона – осорхона ворид шудем, бӯи кулчақандҳои навпухта ба машом мерасид. Воқиф гардидем, ки ҷиҳати ба ҷойи кор таъмин намудани занону духтарони хонашин коргоҳи хурди қаннодӣ ташкил шуда, беш аз 15 нафар ба кор ҷалб гардидаанд.

Дар коргоҳи қаннодӣ номгӯи зиёди кулчақандҳо, шириниҳо омода карда мешаванд. Ҳамзамон, бо назардошти омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистон дар ин оила маводи хӯрока, аз ҷумла маҳсулоти кишоварзӣ, гандум, лӯбиёгӣ, картошка ва ғайра ба таври кофӣ захира шудааст. Маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили донагӣ дар хумдонҳои сафолин ҷой дода шудааст, ки онро метавон то ду сол беталаф нигоҳ дошт.

Бояд зикр кард, ки имрӯз аҳли оилаи Нозимҷон Усмонов аз ҳар ҷиҳат намунаи ибрати дигарон мебошад.

Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ: БО САЪЮ ИРОДАИ КОМИЛ

Имрӯзҳо дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ омодагӣ ба маъракаи муҳими сиёсӣ - интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 11 – уми октябр баргузор мешавад, хуб ҷараён дорад. Дар ноҳия як ҳавза ва 35 - участкаи интихоботӣ амал мекунанд. Участкаҳои интихоботӣ бо маводи зарурӣ таъмин буда, ба гуфти масъулин, барои дар сатҳи баланд баргузор намудани ин маъракаи муҳими сиёсӣ омодаанд. Ҳавзаи интихоботии ноҳия дар бинои Қасри фарҳанг ҷойгир шудааст.

Коршиноси масоили интихоботӣ Абдураҳмон Фозилов гуфт, ки омодагӣ ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи аввали аниқ шудани санаи интихобот оғоз гардид. Баъд аз ташкили ҳавзаи интихоботии ноҳия 35 участкаи интихоботӣ ташкил шуд. Ҳамаи участкаҳо бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ташкилоту муассисаҳо аз ҷиҳати техникӣ таҷҳизонида шудаанд. Аз ҳисоби ҷавонон 53 нафар волонтёр интихоб намуданд, ки онҳо дар корҳои фаҳмондадиҳӣ саҳм мегузоранд. Дар деҳаҳои калони ноҳия участкаҳо мувофиқи қонун дар бораи интихобот ташкил шуда, барои пешгирии бемории сироятии COVID – 19 маводҳои зарурӣ таъмин аст. Ҳамчунин, хонаи модару кӯдак ва барои овоздиҳандагон утоқи тиббӣ созмон ёфтааст.

Боиси қайд аст, ки шумораи умумии интихобкунандагон дар ҳавзаи «Кӯҳистони Мастчоҳ», №39 14987 нафар буда, аз инҳо 429 нафар бори аввал дар интихобот ширкат мекунанд ва 359 нафари дигар муҳоҷирони меҳнатие мебошанд, ки хориҷ аз кишвар зиндагӣ доранд. Участкаи интихоботии рақами 21 дар муассисаи таълимии рақами 3 – и деҳаи Мадрушкати ноҳия ҷойгир шуда, шумораи умумии овоздиҳандагонаш 798 нафар аст. Дар участка омодагӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар баробари ин, барои шахсони маъюб, бемор ва пиронсол, ки ба участкаҳои интихоботӣ омада наметавонанд, барои овоздиҳӣ қуттиҳои сайёр ташкил гардидаанд. Инчунин, дар ҳар участка барои шахсони имконияташон маҳдуд ҳуҷраҳои алоҳида омода шудаанд.

Боиси зикр аст, ки Кӯҳистони Мастчоҳ яке аз ноҳияҳои дурдасти вилоят ба ҳисоб рафта, шумораи умумии аҳолиаш беш аз 22 800 нафар мебошад. Бо мақсади ширкати фаъолонаи овоздиҳандагон ва пайдо намудани иттилои бештар дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳия дар дохилу беруни биноҳои комиссияи ҳавзавии интихоботу участкаҳои интихоботӣ шиору овезаҳои зиёд насб шудаанд.

Ҳамчунин, миёни аъзои комиссияи интихоботӣ ва раъйдиҳандагон оид ба принсипҳои асосии интихобот ва тарзи овоздиҳӣ суҳбатҳо доир шуда истодаанд.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

Паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамдиёрони гиромӣ!

Забони модарӣ ойинаи мусаффои таърих, дунёи маънавӣ ва хиради халқу миллат ба шумор рафта, донишу маърифати дар натиҷаи таҷрибаи ҳаётӣ андӯхтаи мардумро ҳифз ва дар маҷмӯъ ба эҳё ва рушди фарҳанги миллӣ мусоидат менамояд.

Таърихи гузаштагони пурифтихорамон нишон медиҳад, ки маҳз сиёсати ягонаи марказонидаи сиёсатмадорону шоҳони ватанпарвар ва саъю талоши аҳли илму адаб буд, ки дар даврони ҳукмронии хонадони Сомониён забони тоҷикӣ дар паҳнои Мовароуннаҳру Хуросон густариш ёфта, ҳамчун забони расмӣ пазируфта шуд. Ба ин маънӣ, забони тоҷикӣ василаи муҳимтарини бақои миллати сарбаланди тоҷик буда, таъриху фарҳанги ҷаҳонгири мо маҳз бо ҳамин забон таълиф ва ба оламиён муаррифӣ гардидааст. Дар ин бора Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Ҳикмат ва ахлоқи инсонпарварӣ, ки ҷавҳари осори ниёгони мост, бо забони муқтадиру пурвусъат ва ширину гуворои тоҷикӣ асрҳо боз садо медиҳад ва сарвати фарҳангиву маънавии миллати мо бо ҳамин забон оламро тасхир кардааст».

Читать далее

Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба муносибати зодрӯзи Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ номаҳои табрикотӣ ворид мегарданд.

Дар паёми шодбошии Президенти Федератсияи Россия Владимир Владимирович Путин омадааст:

“Табрикоти сидқии моро ба муносибати зодӯзатон қабул фармоед!

Читать далее