06 October 2020

Шукри даврони босаодат

Эмомалӣ РАҲМОН: Дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ислоҳот бомаром идома ёфта, дар натиҷаи мунтазам афзудани маблағгузорӣ дар ду соли охир садҳо муассисаҳои нави тандурустӣ, ки дорои таҷҳизоти замонавии тиббӣ мебошанд, мавриди истифода қарор гирифта, сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ беҳтар шуда истодааст.

… Вақте солҳои нахустини даврони соҳибистиқлолии кишварро ба хотир меорем, дил ба сукут меравад, зеро кӯчаву пасткӯчаҳои холии ҳузновар, мардуми доимо асабинамо, кӯдакону наврасони бо ҳавас ба чизе ва ё касе нигаристаистодаву ҷиҳати касодии иқтисодии хонаводагӣ аз остонаи мактаб маҳрумгашта, барои дастрасӣ ба буридаи ноне паси мағозаҳои хӯрокворӣ соатҳо асабиёна интизор нишастан ва ғайраву дигар бесарусомониҳо қалбро ба сӯзиш меоварданд.

Шукр, ки ҳамаи он имрӯз барои калонсолон саҳифаҳои тираи пасисаргаштаву барои наврасон афсонаи ғамангезест, ки метавон танҳо дар ёду хотироти гузаштагон – бибиву бобоҳо варақгардон намуд, на дар ҳаёт…

Пайғоми навин аз меҳнати ҳалол

Алҳол аз кӯчаҳои шаҳри Хуҷанд гузар дораму ифтихор аз мамлакат, ифтихор аз ободонӣ мекунам. Ва ҳар дафъае, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти меҳмоннавозу овозадори мо ташриф меоранд, мардуми меҳнатқарину ободкори диёри ҳамешабаҳор бо пайғомҳои навини соҳоти мухталиф пешвоз мегиранд ва шодмонии хешро бо меҳнати ҳалолу ифтихори миллӣ изҳор менамоянд.

Айни замон аз даврони истиқлол то ҳол дар маркази вилоят чанд корхонаҳои саноатӣ дари худро боз кард ва инчунин коргоҳҳое, ки солҳои сол пас аз барҳамхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дарбаста гардида буданд, бо шарофати соҳибкорони ватандӯсту раъиятпарвар ба фаъолият пардохта, бо муҳайё сохтани ҷойҳои корӣ садҳо оилаҳои ниёзмандро аз мушкилоти иқтисодии хонаводагӣ раҳо карданд.

Ба пешвози ҷашни бузурги таърихӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ ҳар як шаҳру навоҳӣ, ташкилоту муассиса баҳри ободонӣ нақша – чорабинӣ тартиб додаанд. Аз ҷумла, Раёсати тандурустии вилоят низ баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашни таърихӣ хеле корҳоро ба анҷом расониданд. Тавре Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҳангоми мулоқот бо табибон дар Муассисаи давлатии Қасри Арбоб иброз дошт, ба истиқболи ҷашни таърихӣ – 30-солагии соҳибистиқлолии кишвар сохтмон, таъмир ва азнавсозии 459 иншооти тиббии замонавӣ ба нақша гирифта шуда, то ҳол даҳҳо иншоот бунёд, таъмир ва азнавсозӣ гардида, ба истифода дода шуд. То кунун ба сокинони вилоят дар 936 муассисаи нигаҳдории тандурустӣ, аз ҷумла 13 муассисаи госпиталӣ, 642 муассисаи кӯмаки аввалияи тиббӣ – санитарӣ, 1545 муассисаи махсусгардонидашуда ва дар 247 муассисаи хусусии нигаҳдории тандурустӣ панҷ ҳазору 276 нафар табиб ва 17 945 нафар корманди миёнаи тиб содиқона хизмат мерасонанд.

Солҳои охир бо дастгирии Пешвои муаззами миллат хизматрасонии беморхонаҳо, шароити табобат ва дастрасӣ ба таҷҳизоти муосири тиббӣ беҳтар гардид, ки дар хориҷи кишвар коста шудани муолиҷаи беморон далели он аст.

Ҳамчунин маблағгузорӣ ба соҳаи мазкур низ рӯ ба беҳбудӣ ниҳода, тибқи маълумоти оморӣ, агар даҳ сол қабл ба миқдори 91,2 миллион сомонӣ аз буҷаи вилоят маблағгузорӣ шуда бошад, имсол 527,6 миллион сомониро дарбар гирифтааст. Харидории дастгоҳҳои муосири табобатӣ низ назаррас гардидааст. Дар муассисаҳои табобатӣ танҳо соли ҷорӣ ба маблағи 3,3 миллион сомонӣ 99 дастгоҳи табобатӣ харидорӣ шудааст. Сокинони вилоят, тавре ёдовар гаштем, пас аз ташрифи Пешвои муаззами миллат соҳиби иншооти замонавии таъиноташ гуногун, аз ҷумла соҳаи тандурустӣ низ мегарданд.

 Шодмонии сокинони беш аз шастҳазорнафараи Ҷамоати деҳоти Хистеварз вақти сафари кории Пешвои муаззами миллат, ки моҳи июли соли равон ҷараён гирифт, охир надошт, зеро дар қатори дигар иншоотҳои ҷашнӣ Беморхонаи сироятии ноҳиявии дуошёна туҳфаҳои арзандае гардид, ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 30 – солагии соҳибистиқлолии кишвар. Табобатхона аҳамияти ноҳиявӣ дошта, дорои 40 кати хоб, 10 ҳуҷраи табобатӣ ва 12 ҳуҷраи ёрирасон мебошад. Он бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия бо ду дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, ду адад оксигенератор, чор адад кардиомонитор, ду адад инфузиомат, як адад дефибиллятор, як адад рентгени сайёр, нуктаҳои оксигени табиӣ ва дигар таҷҳизоти барои табобати бемориҳои сироятӣ зарурӣ таъмин гардид. Бунёди чунин беморхона боис гардид, ки боз 56 нафар, аз ҷумла табибони сироятшинос, ҳамшираи тиббӣ ва дигар кормандони самтҳои мухталиф соҳиби ҷойи кори доимӣ шаванд.

Нерӯи инсонӣ ва сатҳи шоистаи зиндагӣ

Дар суханронии Пешвои муаззами миллат омадааст: «Нишондиҳандаи рушди нерӯи инсонӣ аз се самти асосӣ – дастрасӣ ба таҳсилот, тандурустӣ ва дарозумрӣ ва сатҳи шоистаи зиндагӣ иборат мебошад». Такя бар ҳамин гуфтаҳо сол аз сол дар соҳаи нигаҳдории тандурустӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва маҳал ва ё соҳибкорони ватандӯст дар шаҳру навоҳии вилоят иншооти замонавӣ қомат афрохта, бо дастгоҳҳои муосир муҷаҳҳаз гардонида шуданд.

Тавре масъулини Раёсати тандурустии вилоят иттилоъ доданд, дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати Ҷум- ҳурии Тоҷикистон буд, ки баҳри солимии ҷомеа барои соҳибкорони ватанӣ ва бурунмарзӣ шароит фароҳам оварда шудааст. Аз ин рӯ, бунёди Маркази ташхисию табобатии «Ваҳдат», ки бо иқдоми соҳибкори ватанӣ Муҳиддин Самадов дар Ҷамоати деҳоти Хистеварз қомат афрохтааст, чорумин иншооти тиббии хусусӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба шумор меравад. Бино аз се ошёна иборат буда, дар он дорухона, шуъбаҳои ҷарроҳии эндоскопӣ, дандонпизишкӣ, таҳлилгоҳ, утоқҳои физиотерапевтӣ ва солимгардонӣ ҷой дода шудааст.

Ҳангоми сафари кории Сарвари давлат дар ноҳияи Деваштич низ бо ҷонибдории табиби соҳибкор, шодравон Садрӣ Файзиев дар деҳаи Далёни Боло бинои чорошёнаи Беморхона ноҳиявӣ ба истифода дода шуд. Беморхона дорои 75 кати беморӣ буда, дар он шуъбаҳои қабул, таваллуд, таҳлилгоҳ, ҳуҷраҳои амалиёти ҷарроҳӣ, хатнаи кӯдакон, касалиҳои узвҳои дарунӣ ва бачагона ҷойгир буда, бо таҷҳизоти муосири нафасдиҳии сунъӣ (ИВЛ), кардиомонитор, дастгоҳи ташхиси ултрасадо таъмин аст. Чун талаботи имрӯза дар ошёнаҳои дуюму сеюми беморхона гӯшаи гиёҳдармонӣ мавҷуд мебошад. Ҳамчунин, бо назардоштои мавсими сармо беморхона бо шабакаи мутамаркази гармидиҳӣ ва хатти озоди барқ пайваст гардид.

Файзи тозаи дармонгоҳ

Мардуми меҳнатқарину ободкори вилоят аз ҳар як ташрифи Пешвои муаззами миллат пайғоми тозаро интизоранд ва ҳоло ҳам дар қатори дигар иншоотҳои ҷашнӣ дар назди Муассисаи давлатии Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳо боз як бинои иловагии чорошёнае қомат афрохт, ки тарҳи замонавӣ дошта, бо таҷҳизоти муосири табобатӣ муҷаҳҳаз насб гардонда шудааст. Вақте ба саҳни ҳавлии он ворид мешавед, роҳравҳои сафолакпӯшшуда, айвонҳо, фаввораҳо ва ниҳоли дарахтони сояафкану ороишӣ ва гулҳои рангоранг ба кас ҳаловати тозае мебахшанд. Дар ошёнаи якуми он низ гӯшаи гиёҳдармонӣ ташкил гардидааст, ки дар он, тавре сардухтури беморхона Ҳабибулло Муҳиддинов мегӯяд, беш аз шаст навъи гулу гиёҳҳои шифобахши кишвари ҳамешабаҳор пешкаши табобатгирандагон мешаванд.

Боиси ифтихор аст, ки ин ҳам туҳфаи Сарвари давлат ба сокинони вилояти овозадору мушкилнописанд аст.

Дар анҷоми мавод

Лозим донистам, ки гуфтаҳои нафареро ёдовар шавам, ки дар ҳамин беморхона бистарӣ асту аз ободониву зебоии ҳуҷраҳои бинои навбунёд шод асту шукри замони истиқлолро кард: - «Истиқлолият ин неъмати Парвардигор асту бо ҳидояту раҳнамоии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат суннату анъанаҳо, забону фарҳанг, асолату ҳувияти миллӣ аз нав эҳё гардида, Тоҷикистони биҳиштосо ба як давлати тараққикардаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ расид. Ман имрӯз фахр аз он дорам, ки дар давлати обод, рушдёфта ва дар замони тинҷу ором, ки дар он Ваҳдати миллӣ пойдор аст, умр ба сар мебарам».

Тавҳида ҶӮРАЕВА,
узви Иттифоқи
журналистони Тоҷикистон,
Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Читать далее

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

Забон ба унвони муҳимтарин воситаи омӯзиши таърих, тамаддун ва фарҳанги миллат дар инъикоси воқеияти ҳаёти ҷомеа нақши равшан дошта, барои ташаккулу инкишоф ва ба пояи забони расмию давлатӣ баромадани он гузаштагонамон кӯшиши зиёд ба харҷ додаанд.

Бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саъю талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи нав ба омӯзиш ва таҳқиқи таърихи забон таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, он ҳамчун яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ ҷойгоҳи шоиста пайдо кард. Интишори китоби «Забони миллат – ҳастии миллат»-и Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки сайри таърихии забони тоҷикиро аз замони қадим то имрӯз дарбар гирифтааст, бори дигар собит сохт, ки давлату Ҳукумат нисбат ба тақдири забони давлатӣ таваҷҷуҳи хоса дошта, барои такомули минбаъдаи он тадбирҳои саривақтӣ ва зарурӣ меандешанд.

Соли сипаригардида Пешвои миллат дар суханронии худ аз 4-уми октябри соли 2019 дар Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин вобаста ба ироаи Паёми навбатӣ ба масъалаи забон рӯ оварда, ба таҳлили бисёр омилҳое пардохтанд, ки дар сурати дар амал татбиқ гардидани онҳо мавқею нуфузи забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ ва забони илм дар ҳамқадамӣ бо замон боз ҳам тақвият меёбад. Дар суханронии худ барои устувор намудани пояҳои забони давлатӣ, муайян намудани самтҳои фаъолияти оянда ва бештар тақвият бахшидани мавқеи забони давлатӣ Пешвои миллат ба мақомоти дахлдор супориш доданд, ки “Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030”-ро таҳия ва ба баррасии Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

Маълум аст, ки яке аз сарчашмаҳои инкишофи забони модарии ҳар халқу миллатро забони шеваю лаҳҷа ташкил дода, он ҳамчун ганҷинаи бебаҳои халқ барои ғанӣ гардидани таркиби луғавии забон хизмат мекунад. Зеро дар забони лаҳҷаю шева бисёр дурдонаҳои номакшуф нуҳуфтаанд, ки шинохт ва ба хидмати забони адабӣ истифода бурдани онҳо барои инкишофу такмилу вусъати имконоти забони адабӣ кӯмак мерасонанд. Дар робита ба ин, Пешвои миллат таъкид намуданд, ки «Дар таркиби шеваҳои мардуми мо ҳазорон калимаҳои асилу ноби тоҷикӣ мавҷуданд, ки бо сабабҳои гуногун аз доираи истеъмол берун мондаанд. Вазифаи аввалиндараҷаи забоншиносону фолклоршиносон ин аст, ки зимни таҳқиқоту ҷустуҷӯҳои илмӣ чунин калимаҳоро аз дохили шеваҳо дарёфт карда, онҳоро ба доираи муомилоти забони адабии тоҷикӣ ворид намоянд».

Шоистаи таъкид аст, ки имрӯз дар забони тоҷикӣ ҳангоми истифодаи истилоҳу иқтибосот қолабҳои муайяни калимаю ибора ва истилоҳсозӣ, ки ба табиати забон мувофиқ бошанд, на ҳама вақт ба инобат гирифта мешаванд, аз ин рӯ таъкиди ин нукта, ки бояд аз «иқтибосҳои бемавқеъ худдорӣ карда, истилоҳоти иқтибосӣ ба табиати забон, сохтори сарфию наҳвӣ ва низоми овозии он мутобиқ гардонда шавад», дастури саривақтӣ буда, дар роҳи аз ҳисоби забонҳои дигар ва калимаю ибороти соҳавии улуми гуногун ғанӣ гардонидани забон муҳим мебошад. Зеро равандҳои ҷаҳонишавӣ ва дастовардҳои босуръати илму техника ва технологияҳои навин, дар байни аҳли ҷомеа бештар нуфуз пайдо кардани шабакаҳои иҷтимоӣ ва бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо ба забони давлатӣ низ таъсир гузошта, барои рушду инкишофи табиии он монеаҳо низ эҷод мекунанд.

Аз ин лиҳоз, Пешвои муаззами миллат зарурати таҳияи барномаи компютерии «санҷиши дурустнависии калимаҳои тоҷикӣ», феҳристбандии электронии тамоми калимаҳо бар мабнои муҳимтарин сарчашма ва маъхазҳо ва ба барномаи компутерӣ ворид намудани онҳо, бо алифбои имрӯзаи тоҷикӣ ба шабакаҳои иттилоърасонӣ ворид намудани шакли электронии фарҳангҳои муътамад, аз қабили «Луғати фурс», «Бурҳони қотеъ», «Ғиёс-ул-луғот», «Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ», «Фарҳанги Рашидӣ», «Баҳори Аҷам», «Фарҳанги Онандроҷ», «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Луғатнома»-и Деҳхудо ва дигар фарҳангу истилоҳномаҳои соҳавиро дастур доданд, ки воқеан ҳам татбиқи амалии он барои ғанӣ гардонидани шабакаҳои иттилоърасонии тоҷикӣ ва гузашта аз он ҳамчун забони илм мавқеи мустаҳкам пайдо кардани забони тоҷикӣ нақши равшан хоҳад бозид.

Дар ҳақиқат, имрӯз вақти он расидааст, ки дар воситаҳои электронии мухобиротӣ ва саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ маълумотҳои муҳими соҳаҳои гуногун, аз ҷумла мероси гаронбаҳои ниёгон, осори адабию бадеӣ, девонҳо, осори адабиётшиносӣ, донишномаҳои соҳавӣ ва ғайра ҷой дода шаванд, то ин ки хонандагон битавонанд, аз шабакаҳои иттилоърасонӣ ҳамчун сарчашмаи маърифатомӯзӣ баҳраманд гарданд. Яке аз масъалаҳои ташвишоваре, ки ба сатҳи саводнокии мардум ва бахусус насли наврасу ҷавон латма ворид месозад, ҷой доштани камбудиву духӯрагиҳои ҷиддиест, ки дар қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ба назар расида, дар байни аҳли илму адаб, олимону забоншиносон ва қишрҳои дигари ҷомеа баҳсҳои гуногунро ба вуҷуд овардааст. Чунин нуктаҳои баҳсбарангезу мутаноқиз дар фарҳангҳои соҳавии марбут ба забон, аз ҷумла «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» низ зиёд ба назар расида, ба сатҳи забондонию маърифати хонандагон таъсири манфӣ мерасонанд.

Пешвои миллат дуруст ишора карданд, ки имрӯз зарурати ҳарчи зудтар таҳия намудани луғати имлои забони тоҷикӣ эҳсос мегардад, зеро «қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ танҳо барои олимон нест, балки дастури амалиест, ки ҳадафи он саводнок кардани тамоми мардум буда, бояд ба ҳамаи табақаҳои ҷомеа дастрасу фаҳмо бошад». Нуктаи дигаре, ки дар суханронии Пешвои миллат зикр гардида, яке аз масъалаҳои мубрами сиёсати забонии давлату Ҳукуматро ташкил медиҳад, эҳё ва ба танзим даровардани номҳои миллӣ ва қадимаи тоҷикӣ, истифодаи саҳеҳ аз қолабҳои калимасозии миллӣ, номгузории мавзеъҳо ҷуғрофӣ, таърихӣ, маҳаллу деҳот ва шаҳру ноҳияҳо мебошад, ки бояд бо такя ба суннатҳои гузаштаи ниёгон амалӣ карда шаванд.

Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ аз нав эҳё гардидани номҳои асили миллӣ, таърихӣ ва қадимаи Суғд, Хатлон, Бохтар, Истаравшан, Рашт, Сайҳуну Ҷайҳун на танҳо ба гузаштаи пурифтихори мо ишора доранд, балки ҷиҳати эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва ташаккули худогоҳиву худшиносии миллии мардуми мо нақши муассир гузоштанд. Дар сиёсати давлатии Тоҷикистон яке аз масъалаҳои муҳим тарбияи насли ҷавоне мебошад, ки илова ба хуб донистани забони модарии худ бо назардошти талаботи ҷаҳони муосир бояд ҳадди ақал се-чор забони хориҷиро донанд.

Дар ин бора Пешвои миллат дар ҳар як суханронӣ ва мулоқотҳои худ пайваста таъкид бар он медоранд, ки муаррифии дастоварду муваффақиятҳои кишварамон ба мутахассисони соҳибихтисос ва дар айни замон забондон вобастагии калон дорад. Дар баробари ин, чунонки дар Паёми имсолаи Пешвои миллат низ зикр гардид, ҳар як шаҳрванди кишвар барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ, ки мо онро маъмулан забони модарӣ меномем, кӯшиш карда, падару модарон бояд ба наслҳои оянда одоби муошират ва суханвариро бо ин забони ширину шоирона омӯзонанд, зеро беэътиноӣ ба забони модарӣ беэҳтиромӣ нисбат ба миллату Ватан, модар ва таъриху фарҳанги хеш аст. Бахусус, тавассути ташкил намудани мулоқоту вохӯриҳо бо ҷалби олимону адибони маъруф, омӯзишу мутолиаи асарҳои илмиву адабӣ, азбар намудани шеърҳо, байтбарак ва ғайра, ки имконияти бештари бедор намудани завқу шавқи ҷавононро дар пай доранд, қавӣ гардонидани ҳофизаи таърихии хонандагону донишҷӯён зарур мебошад.

Пешвои миллат, инчунин роҷеъ ба мақоми воситаҳои ахбори омма дар замони муосир, нақши телевизион ва радио дар ташаккул ва инкишофи забони адабӣ ишора намуда, оид ба риоя нашудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар барномаҳои телевизиону радио алоҳида таваҷҷуҳ намуданд. Албатта, васоити ахбори умум ва бахусус телевизион ва радио дар ҳаёти ҷомеаи мо мақоми махсус доранд ва ҷомеаи имрӯзаро бидуни ин воситаҳои хабарӣ тасаввур кардан имкон надорад. Мақоми телевизион дар ҳаёти имрӯзаи мо, махсусан дар ташаккулу такомули тафаккури афроди ҷомеа басазост. Бар дӯши кормандони телевизион масъулияти хеле ҷиддӣ гузошта шудааст, зеро дар инкишофи забону маданият, санъату фарҳанг нуфузи телевизион бештар буда, арзишҳои фарҳангии мо тавассути он тарғибу ташвиқ мегардад. Аз ин лиҳоз, дар назди ҳар як муассисаи иттилоотӣ таъсис додани шуъбаи таҳриру таҳлили матнҳо бо ҷалби донандагони хуби забон, ташкил намудани курсҳои доимоамалкунандаи бозомӯзии забон барои кормандони ВАО, аз нигоҳи мутахассисон гузаронидани матни суруди ҳофизон ва монанди инҳо барои ҳифзу ҳимояи забони ноби тоҷикӣ, асолат ва покизагии он ҳамчун сарвати бебаҳо ва муқаддасоти миллӣ ба манфиати кор мебошад.

Пешвои муаззами миллат дар Паёми солонаи худ низ дар робита ба гиромидошти забони модарӣ таъкид намуданд, ки «мо бояд забони шево ва шоиронаи тоҷикиро мисли модар ва Ватани худ дӯст дорем ва онро ҳамчун гавҳари бебаҳои ҳастиамон ҳифз кунем». Дар ҳақиқат, дар забони модарӣ ҳамчун дар оинаи пурҷило симои миллат ва тамоми дастовардҳои маънавии он инъикос мегардад ва аз ин рӯ, дар сатҳи олӣ донистани забони давлатӣ ва поку муназзаҳ нигоҳ доштани он зарур мебошад. Забони мо сарвати мо ва боигарии маънавии миллат ба ҳисоб меравад, гиромӣ доштан ва ҳимояи он ба сифати забони давлатӣ вазифаи ҳар кадоми мо - соҳибони ин забон мебошад.

Тоҷибой СУЛТОНӢ,
мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита
бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилоят

Читать далее

ҚАДАМҲОИ УСТУВОР ҶОНИБИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН

Вақте Тоҷикистон соҳибистиқлолии худро эълон кард, мардум умед бар он доштанд, ки бо шарофати соҳибистиқлолӣ ба рӯзгори нек ва саодати зиндагӣ мерасанд. Мутаассифона, чанде пас қувваҳое пайдо шуданд, ки дар паси чодари сиёҳи мақсаду ҳадафҳои нопок ва ғаразноки худ амал карда, сабабгори ташаннуҷи муносибатҳо, заъфи давлатдорӣ ва ҳаёти осоиштаи мардум гаштанд.

Ангехтани оташи ҷангу хусуматҳо, бадию душманӣ ва ҷудоиандозиҳо маҳз мақсади ғаразноки ашхосе буд, ки дар он рӯзҳои барои мардум вазнину ҳассос мехостанд, бо ҳар роҳу восита давлатро соҳибӣ кунанд. Ифодаи ғояҳои демократия, озодию озодандешии сиёсӣ, ки дар он солҳо дар аксари ҷумҳуриҳои соҳибистиқлол тарғибу ташвиқ мешуд, боиси пайдоиши гурӯҳҳои алоҳида, ҷараёнҳо ё худ ҳизбу ҳаракатҳое гардид, ки на ҳама вақт ба манфиати ҷомеа ва давлат нигаронида шуда буданд. Ҳизби террористию экстремистии наҳзати ислом дар Тоҷикистон аз зумраи онҳо буд. Вақт собит намуд, ки гурӯҳҳои иғвоангез заминагузори якчанд ҳизби сиёсии динӣ, аз он ҷумла ҳизби террористию экстремистии наҳзати исломӣ ва монанди инҳо мебошад.

Омили ташаккули густурдаи он дар оғози соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо ноустувории вазъи сиёсӣ ва геополитикии ин кишвари тозаистиқлол ва зуҳуроти номатлуби маҳалгароию тафриқаандозӣ иртиботи зич дорад. Тадриҷан бо ҷалби оммаи васеи мардуми ноогоҳ ташкил шудани гирдиҳамоиҳо ва майдоннишиниҳо вазъи бе ин муташанниҷ ва мураккаби дохили ҷумҳуриро боз ҳам нооромтар ва ноустувортар мекарданд. Бар зидди ин ҳаракатҳо қувваҳои равшанфикре ҳам ёфт шуданд, ки дар атрофи Ҳукумати қонунӣ муттаҳиду сарҷамъ ба хотири то андозае таъмини амнияту суботи ҷомеа, истодагарӣ бар зидди бедодгариҳои ин қувваи иғвоангез фаъолият нишон медоданд ва қувваҳои равшанфикр дар сатҳи давлатӣ онро идора менамуд.

Мутаассифона, тавассути ҳизбу ҳаракатҳои мухталифи манфиатхоҳ, аз ҷумла, ҳизби террористию экстремистии наҳзати исломӣ, дасисаи мансабхоҳони онҳо ва дахолати қувваҳои беруна дар Тоҷикистони навин як миллат, як халқ, пайравони як дину мазҳаб бар зидди ҳамдигар сангар гирифтанд. Ватанро хатари нестшавӣ таҳдид кард, аз тарси ҷон касе масъулиятро бар дӯш гирифтан намехост. Мансабдорони вақт аз тарси ҷони худу оилаашон аз вазифаҳои масъулиятнок даст кашиданд, давлат бесоҳиб монд. Ғоратгарӣ, маҳалгароӣ, қасдгирӣ, таҷовуз… ин ҳама манзараҳои хоси нобасомониҳои он рӯзгори муташанниҷ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ буданд. Таҷрибаи талхи марҳалаҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар нишон дод, ки Ҳизби террористию экстремистии наҳзати ислом тӯли мавҷудияташ ба ғайр аз афрӯхтани оташи ҷангу муноқишаҳои дохилӣ, гурӯҳбозию майдоннишиниҳо, манфиатталабию қудратталошиҳо, қатлу куштор, кӯшиши табаддулоти давлатӣ, бегонапарастӣ, тарғиби андешаҳои ботилу барғалат, густариши тундравию ифротгароӣ кори дигареро анҷом надодааст.

Дар ибтидои солҳои 90-ум бетарафӣ ва ноогоҳии ҷомеаи кишвар аз асли ҳадафҳои ин равияи хатарзо боиси талафоти азим гардид. Маҳз, дар айёми нобасомонию ноустувориҳо баргузор гардидани Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайки раҳоие буд, ки маҷрои нобасомониҳои кишварро ба самти тамоман дигар гардонида тавонист. Дар он рӯзҳо садои дили вакилони мардумӣ ба гӯши пиру ҷавон, ки тақдири давлат барояшон муқаддасу муҳим буд, баръало мерасид. Зимнан, раванди иҷлосия дар рӯзҳои аввал якмаром набуд. Зиддиятҳо, ба худию бегона ҷудо шудан, манфиатҷӯию тарафкашӣ дар рӯзҳои аввал ба тасдиқи рӯзномаи иҷлосия халал мерасониданд ва ба сабаби ҷоҳталабии баъзе касон он тасдиқ намегардид. Табиист, ки ин амал барои ба маҷрои дуруст даромадани кори иҷлосия садду монеа эҷод мекард.

Бо вуҷуди ин эҳсос кардан душвор набуд, ки ақли солим бартарӣ дораду он ба вакилони халқ раҳнамо мешавад ва онон дар интихоби сарвар, ба эътидол овардани авзои кишвар ва ҳалли масъалаҳои мубрами рӯз ба хатогӣ роҳ намедиҳанд. Метавон одилона иброз дошт, ки муносибати вакилон дар интихоби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаи роҳнамоии ақли солим буд ва ин тасмими таърихӣ минбаъд дурустии худро собит сохт. Сардори тозаинтихоби давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натанҳо мактаби нави сарварии давлатро эҷод карданд, балки бо назардошти таҳаввулоту равандҳои сиёсию иҷтимоии кишвар, минтақа ва ҷаҳон ба ташкили ҳизби нави сиёсӣ иқдом намуданд ва Роҳбари ҷавони давлат дар ин маврид хато накарданд. Худ таъсис додани ҳизби сиёсӣ дар ин давра кори осон набуд. Дар зеҳни мардум чунин пиндор ҷо гирифта буд, ки ҳамин аҳзоби сиёсӣ ва ҳаракатҳои мухталиф Тоҷикистонро ба ҷанги шаҳрвандӣ кашонид. Аммо мақсади Роҳбари давлат, ки қатъӣ буд, мурод ҳосил шуд.

Имрӯз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо фаъолияти созанда ва бомароми худ вирди забонҳост. Бо интихоби Сарвари давлат раванди сиёсии мамлакат майлони тоза пайдо намуд. Ташаббуси беназири Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти барқарор намудани оромию суботи сиёсӣ дар кишвар, баргардонидани гурезагони иҷборӣ ба Ватан, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ дар таърихи навини кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт ёфтаанд. Ба ибораи дигар, марҳалаи асосии таърихи сулҳ ва Ваҳдати миллӣ аз Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоби фарзанди шоистаи халқ, Қаҳрамони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси он оғоз ёфта, иҷлосия рисолати таърихии худро дар самти бартараф намудани хавфи нестшавӣ ва парешонии миллат ба иҷро расонид.

Нуқтаи олии ин ташаббусҳои беназир ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллист ва оғози созандагию бунёдкориҳои бесобиқа моро ба ин рӯзи пурсаодат расонид. Бояд қайд намуд, ки ин ҳама дастовардҳои наҷиб моро ба осонӣ муяссар нагардидааст. Вақте Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб гардиданд, вазъи сиёсии кишвар ноустувор, амнияти ҷомеа осебпазир, кишвар дар ҳолати буҳрони амиқи иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ қарор дошт. Ҳар чӣ қадар вазниние буд, Роҳбари ҷавон ва тозаинтихоби давлат онро таҳаммул карданд, ба хотири имрӯзи обод ва осоиштаи мардум ва давлат собитқадам саъю талош варзида, ҷонфидоӣ намуданд.

Муҳаммад ИСОМАДДИНЗОДА,
директори филиали МД «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос
ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф»
дар вилояти Суғд, номзади илми кимиё

Читать далее

Айнӣ: Бо ифтихор ва рӯҳияи баланд

Вақте аз раиси ҳавзаи интихоботии «Айнӣ», №34 -и ноҳияи Айнӣ Илҳомқул Саидов дар бораи омодагӣ ба маъракаи муҳими сиёсии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мулоқоту вохӯриҳо бо намояндагон ва шахсони боэътимоди номзадон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пурсон шудем, қайд кард, ки ба маъракаи дарпешистодаи сиёсӣ аксари сокинони овоздиҳанда омода ҳастанд ва агар гӯям, ки анқариб ҳама Пешвои муаззами миллатро ҷонибдоранд, хато нахоҳад шуд.

- Дар ҳар як мулоқоте, ки дар 63 участкаи интихоботии ҳафт ҷамоати деҳот ва як шаҳрак доир гардида истодааст, аксарият дар бораи хизматҳои шоистаи Сарвари давлат, дар вазъияти муташанниҷу душвор ба сари мансаб омаданашон, бо ҳам овардани тоҷикони бурунмарзӣ ва ҳоло сабзу хуррам гардидани диёрамон нақл мекунанд, - гуфт И.Саидов.

Дар ноҳия 43849 нафар интихобкунанда, ки аз ин 23353 нафар зан, 974 нафар бори аввал овоздиҳандагон ва 3692 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ мебошанд, ба қайд гирифта шудаанд. Дар участкаҳои интихоботӣ барои 624 нафар маъюбон қуттии сайёр ва барои шахсони эҳтиёҷманд ҳуҷраи алоҳидаи овоздиҳии дорои шароит муҳайё гардидааст. Ҳуҷраҳои овоздиҳӣ, хонаи модару кӯдак дар участкаҳо омода буда, инчунин барои пешгирии бемории коронавирус лавозимоти тиббӣ, аз ҷумла маҳлули антисептикӣ, ниқоб дастрас шудааст. Мулоқот бо интихобкунандагон ва шахсони боэътимоди номзад ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ноҳия бомаром идома дорад.

Дар қатори баргузории вохӯрӣ дар ҷамоатҳои деҳот ва шаҳрак дар Қасри фарҳанги ноҳия бо интихобкунандагон мулоқот ороста шуд. Дар вохӯрӣ аз тамоми қишри ҷомеа намояндагон ширкат варзида, дар баробари шунидани барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби олӣ, инчунин интихобкунандагон низ фикру андешаи хешро изҳор доштанд. Намояндагон аз мақомоти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рошуддин Қаландарзода, Ҳизби аграрии Тоҷикистон Рустам Латифзода, Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффорзода, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Муаззамхон Ансорӣ, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон Рустам Раҳматзода ва Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон Меъроҷ Абдуллоев бобати муҳтавои барномаҳои пешазинтихоботии номзадҳо андешаҳои хешро гуфтанд.

Мутасаддиёни участкаҳои интихоботии №14 Эмомалӣ Давронов, №18 Ситора Каримова, №51 - Амриддин Неъматов ва №30 Муҳаммадӣ Муҳаммадиев зикр доштанд, ки сокинони ноҳия бо рӯҳияи баланди ватандорӣ дар мулоқоту вохӯриҳо ширкат варзида, ба номзади арзанда овоз хоҳанд дод. Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, коршинос Шодиқул Бобоҷонов оид ба иштироки ҷавонон дар баргузории ин маъракаи муҳими сиёсӣ, аз ҷониби онон дастрас намудани бюллетен ва варақаҳои тарғиботию ташвиқотӣ изҳори қаноатмандӣ намуд.

Т.АЛИЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее