07 October 2020

Ҷаласаи Ситоди вилоятӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавируси COVID-19

Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд, Раиси Ситоди вилоятӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавируси COVID-19 Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласаи навбатии ситоди вилоятӣ доир шуд.

Дар ҷаласа муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Самараддин Ализода, муовинони Раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо, масъулини соҳаи тандурустӣ, олимони соҳаи тиб Алишер Мухторов ва Эркин Раҳмонов иштирок доштанд.

Читать далее

КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ - ҲОСИЛИ ФАРОВОН АЗ ДАСТРАНҶИ ДЕҲҚОН

Дар ин ноҳияи дурдасти вилоят ғунучини картошка оғоз шуд

Шуғли асосии сокинони ноҳия асосан кишоварзию зироаткорӣ мебошад. Аҳолии ин минтақаи кӯҳӣ зиндагонии худро аз ҳисоби сабзавоткорӣ таъмин менамоянд.

Онҳо асосан картошкаро барои захира ва тухмӣ нигоҳ медоранд, боқимонда, яъне беш аз 50 фоизи картошкаи ноҳия ба сокинони пойтахт ва маркази вилоят пешкаш карда мешавад.

Сардори шуъбаи кишоварзии ноҳия Нусратбек Одилов иттилоъ дод, ки дар хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоавӣ дар майдони 2202,7 гектар кишти картошка ба роҳ монда шудааст.

- Дар Хоҷагии деҳқонии ба номи «Сафар Наврӯз» - и Ҷамоати деҳоти Лангар ҷамъоварии картошка оғоз ёфтааст. Дар ноҳия кишоварзон ба парвариши тухмиҳои навъи бигроза, манитол, ромасе ва ғайра диққати махсус медиҳанд, зеро аз ин тухмиҳо ҳосили хуб ба даст меояд, - гуфт Н.Одилов.

Дар деҳаи Сабағ дар майдони 147 гектар картошка кишт шудааст. Сокинони деҳа аз як гектар то 250 - 300 - сентнерӣ ҳосил ба даст меоранд. Соҳибкорон бошанд, аз сари замин картошкаро бо маблағи аз 1 то 2 сомонӣ харидорӣ мекунанд.

Бино ба гуфти Нусратбек Одилов, барои ба даст овардани ҳосили хуб дар як мавсим то 3 маротиба коркарди агротехникӣ гузаронида мешавад. Махсусан, бобати ғизодиҳӣ, коркарди байни қаторҳо эътибори махсус зоҳир мегардад.

Иноятулло Бурҳонзода - раиси хоҷагӣ гуфт, агар ҳосил фаровон гардад, аз як гектар то 400 сентнер картошка меғундорем ва дар як мавсим бо 2 – 2,5 ҳазор тонна картошка бозорҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро таъмин мекунем.

Танҳо аз ин хоҷагӣ беш аз 2 ҳазор тонна картошка ба шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд содирот мешавад. Сифати картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ нисбат ба дигар минтақаҳои кишвар хубтар буда, аз ин ҳисоб талабот ба ин навъи маҳсулоти кишоварзӣ зиёд аст. Баробари ин картошкаи ноҳия барои захира ва нигоҳ доштани он дар анбор тобовар мебошад, - мегӯянд мутахассисони соҳаи картошкапарварӣ.

Дар Хоҷагии деҳқонии «Меъроҷ» дар 3 гектар картошка парвариш шудааст. Хоҷагидорони ин минтақа асосан ба навъи картошкаҳои дохилӣ ва хориҷии кишвар диққати бештар медиҳанд. Тухмии картошкаи ин хоҷагӣ аз Покистон оварда шудааст, ки ба замини санглох мутобиқ мебошад.

Раиси хоҷагӣ Муҳаммадшариф Авазов гуфт, ки солҳои пеш тухмии ҳолландӣ оварда, аз он ҳосили фаровон ба даст оварда будем. Талабот ба маҳсулоти он низ дар бозори дохилӣ хеле хуб буд. Аммо ин намуд тухмӣ имрӯз дастраси мо нест, зеро нархаш гарон аст ва аз ҳамин ҳисоб дар масъалаи тухмӣ танқисӣ мекашем. Агар сифати тухмӣ нағз бошад, ҳосили хуб ба даст меорем.

Дар маҷмӯъ, дар ноҳия дар майдони беш аз 2 800 гектар картошка кишт шудааст. Маҳсулоти бадастомадаро деҳқонон вобаста ба навъ ва намуд нархгузорӣ мекунанд. Содироти картошкаи ноҳия на танҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки берун аз он низ ба роҳ монда шудааст.

Шаҳбону ОЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

НУР БА ДИЛҲОИ РАНҶУР

лоиҳаи «Занони танҳо ва фарогирии иҷтимоии онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» - мавриди амал

Ташкилоти ҷамъиятии Маркази дастгирии занони танҳо «Нури умед» бори нахуст соли 2009 дар шаҳри Панҷакент таъсис дода шудааст. Он дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар, аз ҷумла дар ноҳияи Бобоҷон Fафуров лоиҳаҳои худро амалӣ менамояд. Расонидани ёрии равонӣ, ҳуқуқӣ, кӯмакҳои моддӣ, молиявӣ барои дастрас намудани шиносномаи миллӣ, муоинаи ройгони тиббӣ, таҷдиди оташдонҳо, компосткунонӣ дар замини наздиҳавлигӣ, тақсимоти маводҳои антисептикӣ аз фаъолияти лоиҳа ба ҳисоб меравад.

Бо мақсади ошноӣ пайдо намудан бо фаъолияти ташкилот озими Ҷамоати деҳоти Fозиёни ноҳияи Бобоҷон Fафуров гардидем. Нахуст дар кумитаи маҳаллаи Чорсӯ тақсимоти доруҳои ройгон ба занони танҳо ва ниёзманд ба роҳ монда шуд. Пизишки маркази ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Хуҷанд Илҳомҷон Дадоҷонов ба ҳангоми додани доруҳо оид ба истифодабарии онҳо ба занон маслиҳатҳои муфид медод. Бонувон яке бо бемории диабети қанд, дигаре бо нишонаҳои оризаи системаи асаб, саввумӣ бо фишорбаландӣ ва диққи нафас бархурдор аз дастгириҳои ташкилот мегардиданд.

Лаҳзаи суҳбати равонӣ фаро расиду назди намояндаи ташкилот яке аз дарди хеш менолид, дигаре аз доғи фарзанд. Саввумӣ аз паст будани сатҳи рӯзгори худ. Бонуе бо исми Муяссархон бо сӯзи дил ҳарф мезад: - Маро чӣ гуна фарзанд метавон ном бурд, дар сурате ки имрӯз ба ҷойи дасти модари пирамро гирифтан модар аз дастони ман мегирад? Охир, модарам баъди марги ду духтарам ва вафоти шавҳарам дар ғами рӯзгори ман ғамбемор шуд. Вале ман кӯшиш мекунам, то танҳоии худро эҳсос накунам ва назди модар хушнуд бошам. Аммо чӣ кунам, ки дард имкон намедиҳад. Сабоҳат Бобоҷонова, ёвари лоиҳаи «Занони танҳо ва фарогири иҷтимоии онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки ҳамаро бодиққат мешунид, барои баланд бардоштани руҳияи занҳо ҳарфе судманд мегуфт.

- Баргузории суҳбатҳои муфид барои заноне, ки дар зиндагӣ пешпо хӯрдаанд, шавҳарашон фавтидаанд, бо амри тақдир аз ҳамсар ҷудо гардидаанд, ё худ ҳамсафари ҳаётишон дар маҳбас қарор доранд, бисёр муфид аст, - гуфт раиси маҳалла Икромҷон Файзиев. - Агар гӯем, ки қадами ин ташкилот ба маҳалла барои бонувон беҳтарин ҳадяи қисмат буд, хато нахоҳад шуд. Зеро худ шоҳиди он ҳастем, ки бонувон аз беҳтар шудани ҳолати руҳию равонӣ, саломатӣ ва сатҳи зиндагонии худ беҳад мамнунанд.

Ҳадафи лоиҳаи мазкур дастгирии занони танҳо ва кӯдакони онҳо буда, ин маром тавассути омӯзишҳои равонӣ, муоина ва табобати ройгон, додани маслиҳатҳои ҳуқуқӣ амалӣ мегардад. Яке аз самтҳои кори лоиҳа инкишоф додани малакаи ҳунармандии бонувон ва баланд бардоштани сатҳи иқтисодии онон аст.

Ташкилоти ҷамъиятии Маркази дастгирии занони танҳо - «Нури умед» соли 2009 барои фаъолият ва дастгирии занони танҳо ва оилаҳои кӯдакони имконияти маҳдуддошта дар шаҳри Панҷакент таъсис дода шуд ва аз соли 2014 мақоми ҷумҳуриявиро соҳиб гардид. - Ташкилот аз оғози нимаи дуюми моҳи июни соли ҷорӣ амалигардонии лоиҳаи «Занони танҳо ва фарогирии иҷтимоии онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар 5 шаҳру ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла дар ноҳияи Бобоҷон Fафуров амалӣ карда истодааст, - гуфт роҳнамои лоиҳа Дилбар Шермуродова. - Дар навоҳии Шаҳритус 2 нуқта, дар шаҳри Панҷакент ва навоҳии Ваҳдат, ҳамчунин дар ноҳияи Бобоҷон Fафуров лоиҳаи мазкур мавриди фаъолият қарор дошта, дар маҷмӯъ дар некуаҳволии хонадони 210 нафар занон саҳм мегузорад. Роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии "Нури Умед" - Саломат Аёзова масъули бевосита дар самти назорати фаъолияти ташкилот мебошад. Маблағгузории лоиҳа аз ҷониби Асcотсиатсияи дӯстони «Нури умед»-и мамолики Шветсария (роҳбараш Симон Грейтер) роҳандозӣ гардидааст.

Маврид ба тазаккур аст, ки айни замон лоиҳа аз 15 июн то 15-уми декабри соли ҷорӣ амал менамояд. Ду гурӯҳ занони марбут ба лоиҳаи мазкур дар маҳаллаи Чорсӯ, ки 42 нафарро ташкил медиҳанд, бархурдор аз ғамхориҳои ташкилотанд. Турсуной Зуҳурова, Муяссар Маннонова, Маърифатхон Иброҳимова, Дилбар Fафурова ва чанде дигарро метавон ном бурд, ки барои бунёдгузорони ташкилот, коршиносон, мутасаддиён ва пизишк изҳори сипос намуданд. - Ин ташкилот барои мо мадади калон расонид, - гуфт сокини маҳалла Умринисо Содирова. - Барои ман муҳим он буд, ки ҳолати равониам беҳтар гардад, чунки чанде пеш духтарам бинобар беморӣ вафот карда буду аз дарду алам ҷойи нишаст намеёфтам. Чӣ кор кардан ва ба кӣ муроҷиат карданамро намедонистам. Ин алам маро ором намегузошт, шабҳо хобам намебурд, фикру андешаҳои гуногун гиребонгирам мешуд… Гӯё Худованд ин ташкилотро барои кӯмаки саривақтии оилаи мо фиристод. Дар якчанд машваратҳои равонӣ иштирок намуда, ҳолати равониам хуб шуд.

Дар тренинги «Тарзи компосткунӣ» иштирок намуда, дар як кунҷи ҳавлиам компост сохтам, то ки дар оянда аз нурии минералии тайёршудаи он барои ҳосилхез шудани замини худ ва ҳамсоягонам истифода намоем. Ҳамчунин, баробари барқарор намудани саломатиам дар як гӯшаи ҳавлиам оташдони каммасраф сохта доданд, ки минбаъд барои сарфаи неруи барқ ва зуд тайёр шудани хӯрок муфид аст. Воқеан, шинонидани оташдонҳои каммасраф дар хонадони бонувон аз самтҳои муҳими лоиҳа шумур мешавад. Дар доираи лоиҳаи мазкур дар 10 ҳавлии занон оташдонҳои каммасраф сохта дода шуда, боз ин иқдом то охири лоиҳа идома дода мешавад.

Ҳамзамон, ба заминҳои наздиҳавлигӣ гузаронидани амалиёти компост ба манфиати кор гардид. Ин амал дар истифодаи самараноки замин, ҳосилхезнамоии он ва барҳам додани партов мусоидат хоҳад кард. Гирифтани шиносномаи миллӣ ва гузаронидани амалиёти ройгони ҷарроҳӣ бори дигар эътимоди занонро ба ин ташкилоти хайрхоҳ афзуд. Ташкилот ният дорад, то ба занҳои маҳаллаи Чорсӯ омӯзиши курси кӯтоҳмуддати муҳрадӯзӣ ва қаннодиро низ ба роҳ монад. Он рӯз ёвари лоиҳа Сабоҳат Бобоҷонова сухан мегуфту бонувонро ба шукргузор будан, аз доми руҳафтодагӣ раҳоӣ ёфтан, ҳунар омӯхтан ва руҳияи худро болида сохтан ҳидоят менамуд. Иҷрои машқҳои равонӣ, қироати шеъру чистон, хондани суруд хотимаи суҳбати дӯстонаву самимӣ гардид. Мушоҳида мешуд, ки пардаи андуҳ дар як он чеҳраи бонувонро тарк намуду ҷойи онро пайки шукуфоӣ фаро гирифт.

Дар сурате ки имрӯз дар бархе ҳатто оилаҳо фарзандони як падару модар аз ҳоли якдигар бехабар ҳастанд ё худ барои шунидани ҳарфи дили ҳамдигар вақт надоранд, фаъолияти Ташкилоти ҷамъиятии «Нури умед» воқеан нуре ба дилҳои ранҷур хоҳад бахшид. Умед бар он мебандем, ки минбаъд фаъолияти ин ташкилот хонадони занони танҳои дигар шаҳру навоҳии вилоятро низ пурнур гардонад.

Фарангис МАМАДҶОНОВА,
рӯзноманигор

Читать далее