08 October 2020

ОБОДИЮ РУШДИ ХУҶАНДИ БОСТОНӢ АЗ ДАСТГИРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АСТ!

Сафарҳои кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ муҷиби ободиву сарсабзӣ ва такони ҷиддие дар таҳкими рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва беҳтар шудани сатҳи рӯзгори мардум мегарданд. Аз ҷумла, Пешвои муаззами миллат дар солҳои соҳибистиқлолӣ 77 маротиба ба шаҳри бостонии Хуҷанд сафари файзбахш ва пурсамар намудаанд, ки боиси ифтихори мардуми ин шаҳри куҳанбунёд аст.

Шаҳри бостонии Хуҷанд маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ бо таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушду тараққӣ ёфта, беш аз ҳарвақта зебо ва обод гардид, ки ин самараи сулҳу ваҳдат ва тантанаи давлатдории навини тоҷикон аст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1993 то инҷониб ба шаҳри Хуҷанд 77 маротиба сафарҳои корӣ анҷом дода, зимни шиносоӣ ва суҳбату мулоқотҳо бо мардум, сокинони касбу кори гуногун, қишрҳои мухталифи ҷомеа ба нақшу ҷойгоҳи ин шаҳри бостонии тоҷикон дар таъриху тамаддун, ба фарзандони барӯмандаш садоқату арҷгузории хешро иброз дошта, ба рушду тараққии иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудаанд ва ҳар як сафари Роҳбари давлат асоси заминаи пешрафту дигаргуниҳои азиму бесобиқаи шаҳри Хуҷанд гардид.

Сокинони сарбаланди Хуҷанди бостонӣ аз он ифтихор доранд, ки Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон дар ин шаҳри куҳан баргузор гардида, марди оқилу доно, сарсупурдаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи сиёсат омаданд ва маҳз бо хираду ҷасорат ва ҷоннисориҳои ин фарзанди фарзонаи миллат давлату миллат аз парокандагиву парешонӣ наҷот ёфт.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини дар мансаби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданашон ба нақшу ҷойгоҳи Хуҷанд дар ташаккули шахсиятҳои миллӣ баҳои баланд додаанд. Бояд қайд намуд, ки ба шарофати Истиқлолият ва сиёсати хирадмандонаю фарҳангпарваронаи Сарвари давлат Боғи Камоли Хуҷандӣ бунёд гардида, хоки шоир ба Хуҷанд оварда шуда, муҷассама ва хонаи шоир бунёд гардид ва Маҷмааи таърихии Қалъаи Хуҷанд бо асолати таърихиаш барқарор карда мешавад. Навсозии осорхонаи таърихӣ, қасру маҷмааҳои илмиву фарҳангӣ, эҳёи ҳунармандӣ ба мақому суннатҳои қадимии фарҳангии шаҳри Хуҷанд маънии тоза мебахшанд.

Бешубҳа, сокинони шарафманду сарбаланди шаҳри Хуҷанд ифтихор аз он доранд, ки маҳз ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ шаҳри Хуҷанд асолати таърихии худро эҳё намуда, рушду такомул меёбад. Бунёди пайкараи Шоҳ Исмоили Сомонӣ ва майдону хиёбони ба номи асосгузори нахустин давлати мустақили тоҷикон, маҷмааи Истиқлол, Нишони давлатӣ ва пояи 55-метраи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр шаҳодати арҷгузории сокинону аҳли ҷомеа ба бузургтарин неъмат ва дастоварди таърихӣ - Истиқлолияти давлатӣ мебошад.

Бо таваҷҷуҳи хосаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2000-ум марҳалаи нави рушди иқтисодӣ, таҳкими инфрасохтори соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Хуҷанд оғоз ёфта, давра ба давра рушд доранд. Дар ин солҳо бо дастуру супоришҳои Роҳбари давлат нахустин барномаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Хуҷанд қабул гардида, татбиқи лоиҳаҳо оғоз шуданд, ки Истиқлолият аҳли ҷомеаи шаҳри Хуҷандро дар роҳи таҳкими дастовардҳо ба сӯйи файзу нусрат ва марҳалаҳои нави тараққиёт ҳидоят намуд.

Дар шаҳри Хуҷанд дар баробари саноати анъанавӣ ба ташкилу самтҳои нави соҳа замина гузошта шуда, истифодаи иқтидорҳои мавҷуда, таъсиси корхонаҳои саноатӣ бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ва технологияи муосир ба рушди соҳаи саноат таҳким бахшиданд. Дар ин замина соли 1994 дар шаҳри Хуҷанд нахустин корхонаи муштарак дар самти коркарди нахи пахта ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ корхонаи муштараки “Ҷавонӣ” таъсис ёфт. Бо таъсису фаъолияти ин корхона дар ҳамкорӣ бо шарикони хориҷӣ дар шаҳри Хуҷанд коркарди нахи пахта ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз он ба роҳ монда шуд. Ҳамин тавр, бо дастуру супориш ва таваҷҷуҳи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин раванд дар шаҳр таҳким ёфта, корхонаҳои истеҳсолие чун “Сатн”, “Нику Хуҷанд”, “Нассоҷи Хуҷанд”, “Суғдтекстайлз”, “Суғдиён”, “Текстил импекс” ва даҳҳо корхонаю коргоҳҳои дӯзандагӣ таъсис ёфтанд, ки аз нахи пахта ришта, матоъ ва маҳсулоти ниҳоӣ истеҳсол менамоянд ва қисми маҳсулот ба хориҷи кишвар содирот мешавад. Ҳоло ҳиссаи асосии коркарди нахи пахта дар дохили кишвар ба корхонаҳои соҳа дар шаҳри Хуҷанд рост меояд. Дар марҳалаҳои минбаъда дар шаҳри Хуҷанд соҳаҳои нави саноат эҳё гардида, ташаккул ёфтанд. Ин соҳаҳои коркарди ашёи хом, истеҳсоли шарбату афшураҳои меваю сабзавот, гӯшту шир, корхонаҳои истеҳсоли моли ниёзи аввал, хӯрокворӣ, таҷҳизоти техникӣ, таҷҳизоти рӯзгор, масолеҳи бинокорӣ, рангҳои сохтмонӣ, қубурҳои пластикӣ, ноқилҳои барқӣ, таҷҳизоти барқӣ ва даҳҳо номгӯйи маҳсулот мебошанд, ки бо таъсису фаъолияти чунин корхонаҳо ҳиссаи таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ афзуда, молҳои ивазкунандаи воридот ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ рӯз аз рӯз афзуда истодааст.

 Дар шаҳр рушди босуръати соҳаи саноат таъмин карда шуда, танҳо дар 7 соли охир шумораи корхонаҳои калону миёнаи истеҳсолӣ аз 90 адади соли 2013 ба 168 адад расида, шумораи корхонаҳои саноатӣ қариб ду баробар афзудааст. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз 408 миллион сомонии соли 2013 дар соли 2019-ум ба 1 миллиарду 292 миллион сомонӣ расида, 3, 2 маротиба афзоиш ёфтааст.

Бо таваҷҷуҳи хоса ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёду навсозӣ ва рушди инфрасохтори иқтисодӣ, иҷтимоӣ, роҳу коммуникатсия, барқ, оби нӯшокӣ, ободонӣ ва коммуналию хизматрасонӣ дар асоси барномаҳои давлатӣ бо татбиқи лоиҳаҳо ҳаҷми зиёди корҳо иҷро шуданд, ки ба таҳкими инфрасохтору пешрафти соҳаҳо ва баланд гардидани сатҳи иҷтимоию некӯаҳволии сокинонаш мусоидат менамоянд.

Барои аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳри Хуҷанд таъмини оби нӯшокии тоза аз солҳои қаблӣ яке аз мушкилоти асосӣ маҳсуб меёфт. Маҳз, бо таваҷҷуҳу дастгирии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин масъалаи муҳими иҷтимоӣ бо татбиқи се марҳалаи лоиҳаи “Беҳтаргардонии вазъи таъминоти оби нӯшокии шаҳри Хуҷанд” аз соли 2003 то инҷониб бо овардани оби тозаи Хоҷабоқирғон аз масофаи 22 километр ва бунёду навсозии хату иншооти обрасони дохили шаҳри Хуҷанд ҳалли худро ёфта, имрӯз вазъи таъминоти аҳолӣ ва соҳаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ бо оби тозаи нӯшокӣ ва сифати оби нӯшокӣ беҳтар гардид. Гузашта аз ин чанде қабл дар маҳаллаи Тиллокони шаҳри Хуҷанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти марҳалаи аввали ин шабакаи обрасонӣ оғози расмӣ бахшиданд. Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани марҳалаи аввали ин иншоот, ки дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо дастуру ҳидояти бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуд, зиёда аз 15 ҳазор аҳолии маҳаллаҳои навбунёди 4, 5, 14 ва 15-и шаҳри Хуҷанд бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин мегарданд. Лоиҳаи мазкур аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ татбиқ гардида, дар марҳалаи аввал барои анҷоми корҳои сохтмонӣ, аз қабили бунёди чоҳҳои амудӣ, ҳавзҳои захираи об, васлу насби таҷҳизот ва қубурҳои қутрашон гуногун бештар аз 16 миллион сомонӣ харҷ шудааст.

Дар доираи татбиқи марҳалаи аввали ин лоиҳа, ки асосан таҷдид ва зиёд намудани иқтидори истгоҳи рақами 4-и Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хуҷандобуканал»-ро дар бар мегирад, дар муҳлати се сол 6 чоҳи амудӣ бо чуқурии 180 метр, 4 ҳавзи бузург бо ғунҷоиши 6 ҳазор метри мукааб об, як адад пойгоҳи обкашӣ бунёд ва 2 ҳазору 900 метр қубурҳои қутрашон аз 355 то 500-миллиметра васл гардида, ҳамчунин барои фаъолияти муназзами ин шабакаи муосири обрасонӣ ду адад трансформатори тавоноиаш 1000 киловолт-ампер насб ва аз масофаи қариб 14 километр бо истифода аз 46 пояи оҳану бетонӣ хати интиқоли неруи барқ кашида шудааст. Барои татбиқи лоиҳаи «Хати обрасонӣ аз чашмаи Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов ба шаҳри Хуҷанд», ки дар маҷмӯъ 4 марҳаларо дарбар мегирад, зиёда аз 100 миллион сомонӣ сарф карда мешавад ва дар солҳои наздик мушкилоти норасоии оби нӯшокӣ дар шаҳр пурра бартараф мегардад.

Бояд қайд намуд, ки бо дастуру супориши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохта, ба истифода дода шудани зеристгоҳҳои барқии “Ваҳдат” ва “Темурмалик” ҳар кадоме бо 2 трансформатори 25 мегаволт - ампер, навсозии хату иншооти барқӣ дар шаҳри Хуҷанд баҳри боэътимод намудани барқрасонӣ, баланд бардоштани сифат, кам кардани талафоти неруи барқ дар шароити афзоиши талабот ба неруи барқ бо зиёд шудани аҳолӣ, васеъ гардидани шаҳр ва сохта шудани иншооти соҳаҳои гуногун аҳамияти муҳим доранд.

Бори нахуст дар кишвар дар шаҳр системаи электронӣ - биллингии ҳисоби истифодаи нерӯи барқ ва пардохти маблағи неруи барқи истифодашуда ҷорӣ гардид, ки аз усулҳои пешрафта дар соҳа маҳсуб меёбад.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ роҳҳои кӯчаву хиёбонҳо ва маҳаллаҳои шаҳр ободу навсозӣ гардиданд, ки ба беҳдошти шароити зисти сокинон мусоидат менамоянд. Чунончӣ, дар 7 соли охир 350 километр роҳҳои шаҳр ободу навсозӣ гардидааст.

 Бунёду навсозии бинову иншооти муассисаҳои илму маърифат, тандурустӣ, фарҳанг, муҷаҳҳазгардонии онҳо бо дастгоҳу таҷҳизот ва лавозимоти замонавӣ барои кору фаъолияти кормандони соҳаҳо, таҳсил, таълиму тарбия, рушди фарҳангу ҳунар шароитҳои арзанда фароҳам овард. Хусусан, бунёду муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои иҷтимоӣ вусъат ёфта, дар 7 соли охир барои 3 ҳазор ҷойи нишаст биноҳои наву замонавии мактабҳо, барои 2, 5 ҳазор кӯдакон 10 адад муассисаи томактабӣ ва 12 муассисаи тиббӣ бунёд ва навсозӣ карда шуд.

Дар соҳаҳои дигар низ корҳои бунёдкориву созандагӣ вусъат ёфта, дар 7 соли сипарӣ 620 адад иншоот бунёд гардидааст, ки 470 адад иншооти маъмурӣ, кору хизматрасонӣ, фарҳангию фароғатӣ, ободонӣ, хонаҳои баланд-ошёнаи истиқоматӣ ва 120 иншооти варзишию солимгардонӣ мебошанд.

Баҳри тақвияти корҳои ободониву бунёдкорӣ ва амалӣ гардонидани нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз 341 банд таҳия шуда, сохтмон, бунёд ва таъмиру таҷдиди зиёда аз 510 иншооти гуногуни соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳр ба назар гирифта шудааст. Боиси хушнудист, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин давра ду маротиба ба шаҳри Хуҷанд сафари корӣ ба анҷом расонида шуда, дар доираи нақшаи чорабиниҳои 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даҳҳо иншооти гуногуни иҷтимоию истеҳсолӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Аз ҷумла, дар доираи таҷлили ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ аз ҷониби Пешвои муаззами миллат, тибқи нақшаи чорабиниҳои 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Боғи фарҳангӣ – фароғатии ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ ва расадхона дар маҳаллаи Дӯстии халқҳо, Маркази ташхисию табобатӣ дар маҳаллаи Навбаҳор, корхонаи истеҳсолии ҶДММ “Корхонаи муштараки Тоҷикистону туркии “Афранг-Пластик” ва коргоҳи коркард ва бандубасти асали филиали ширкати канадагии “Хантана Канада ИНК” дар Минтақаи озоди иқтисодии Суғд, корхонаи коркарди меваи хушки ҶДММ “Хуҷанд - Агро” дар Минтақаи саноатии шаҳр мавриди истифода қарор дода шуд.

Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Хуҷанд аз ҷониби Сарвари давлат дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ боз як қатор иншооти истеҳсолию маишӣ, аз ҷумла коргоҳи дӯзандагии “Суғдиён” дар маҳаллаи Темурмалик барои 150 ҷойи корӣ, Маркази савдо ва хизматрасонии “Хуҷанд Плаза”, воқеъ дар кӯчаи ба номи Рифъат Ҳоҷиеви шаҳр ба фаъолият оғоз намуданд, ки боиси хушнудии сокинон гардид.

Дар рӯзҳои таҷлили 29 - умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз як қатор иншооти ҷашнӣ, аз ҷумла Маркази байналмилалии савдо ва хизматрасонии “Сомон Плаза”, дармонгоҳ ва бинои хизматии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии вилоят дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд, бинои нави Муассисаи давлатии «Маркази ҷарроҳии дилу шараёни вилояти Суғд» воқеъ дар хиёбони Раҳмон Набиев ва хати нави истеҳсолӣ дар корхонаи дӯзандагии ҶДММ «Нассоҷи Хуҷанд» мавриди истифодабарӣ қарор гирифт.

Мавриди зикр аст, ки давоми солҳои 2018 - 2020 дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 432 иншооти гуногуни иҷтимоию маишӣ ва савдою хизматрасонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки ин 84,7 фоизи иншооти ба нақша гирифташударо дарбар мегирад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд корҳои ободонию бунёдкориро ба муносибати 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъати тоза бахшида, барои дар сатҳи баланди омодагию ташкилӣ ва бо дастовардҳои бузурги меҳнатӣ истиқбол намудани ин ҷашни бузурги миллӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Шаҳри Хуҷанд, тибқи дастур ва таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва талошҳои роҳбарияти шаҳр минбаъд низ рушд ёфта, ба минтақаи боз ҳам пешрафтаи иқтисодӣ – саноатӣ, фарҳангиву таърихӣ табдил меёбад, дар рушди кишвари азизамон саҳми шоиста мегузорад ва чун Тирози ҷаҳон мақому шуҳрати хешро поянда медорад.

Мухтори Абдулло,

Маъмури Юсуфзод,

аъзои Иттифоқи

журналистони Тоҷикистон

 

 

 

Читать далее

Ифодаи иродаи халқ

Ҳар як давлати демок-ратӣ ва ҳуқуқбунёд кӯшиш ба харҷ медиҳад, дар ҷомеа шароите муҳайё созад, ки шаҳрвандони он худро озод ҳис намоянд, имконияти воқеӣ дошта бошанд.

Рӯзи 11 октябри соли 2020 дар асоси Қонуни конститутсионии Ҷум- ҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис-тон” интихоботи навбатӣ баргузор хоҳад шуд. Таҳти сарварии Пешвои миллат ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибихтиёрӣ ва истиқлолият чун узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ роҳи демократии азнавсозиро пеш гирифта, ин равандро босубот идома дода истодааст. Дар таҳкими аввалин давлати миллии дунявии тоҷикон бешубҳа, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле калон аст. Президенти мамлакат дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии кишвар изҳор дошта буданд, ки «Мо дар роҳи демократикунонии ҷомеа, бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқ- бунёд қарор дорем ва ин раванд бебозгашт аст». Мақомоти олии давлатӣ баҳри амалӣ гаштани ин мақ- сад тадбирҳои заруриро андешида истодаанд. Ба амсоли ин Қонуни конс- титутсионӣ «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», Эъломияи ҳуқуқи башар, Конвенсия дар бораи меъёрҳои интихоботи демократӣ, ҳуқуқ ва озодиҳои интихобот дар давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар санад- ҳои байналмилалие мебошанд, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст.

Яке аз самтҳои афзалиятноки демократияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин таъмини ҷомеа барои ихтиёран изҳор намудани интихобкунанда, ташкил ва гузаронидани интихоботи демократӣ, озод ва шаффоф будани он аст. Дар ин раванд омилҳои муҳим аз ҷараёни мунтазами демократикунонии ҷомеаи Тоҷикистон шаҳодат медиҳанд.

Аз ҷумла, қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи раъйпурсии умумихалқӣ, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ба се шоха ва таъсиси Парлумони касбӣ, мунтазам ва зина ба зина фароҳам овардани заминаи ҳуқуқии ҷомеаи демократӣ, қабули қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрӣ, озодона фаъолият намудани ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ.

Мафҳуми интихоботи озод ин фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқӣ ва воқеии шароит, тарз ва усулҳои рафтор дар асоси таҷрибаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки изҳори ихтиёрии иродаи интихобкунандагон ва интихобшавандагон, қайду мустаҳкам намудани натиҷаҳои онро таъмин менамояд. Дар ин ду бахш аз тариқи қонун муайян намудани интихоботи озод ва стандартҳои демократии интихобот ҷои махсусро ишғол менамояд.

Имрӯз мо бояд аз он фахр намоем, ки мактаби ҷасорат, рамзи олию садоқати ватандорӣ, ободкориву созандагӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, пойдории сулҳу амниятро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мо насиб гардондаанд. Ҳамаи ин далели талошҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами мо буд, ки аз рӯзҳои аввалини сарварии худ дар таҳкими ҷомеаи демократӣ нақши муҳимро бозиданд. Саҳми Президенти кишвар барои расидан ба чор ҳадафи стратегии кишвар басо назаррас буда, имрӯз мо аз самараи он истифода бурда истодаем. Аз ин рӯ, мо бояд ба қадри сулҳу субот, ки муқаддастарин дастоварди миллат мебошад, бирасем.

Номзади арзанда ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсатмадори давру замон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Мадинахон ҶАВҲАРОВА,

устоди кафедраи «Ҳуқуқи

конститутсионӣ»-и

Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,

бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Читать далее

КОНИБОДОМ: НОМЗАДИ АРЗАНДАРО ҶОНИБДОРЕМ!

Чун дар дигар манотиқи кишвар дар шаҳри Конибодом низ омодагӣ, тарғиботу ташвиқот оид ба баргузории маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мулоқот бо шахсони бовариноки номзадҳо ва намояндагони ҳизбҳо дар сатҳи зарурӣ баргузор шуда истодааст.

Дар бораи фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом раиси ҳизби мазкур Азим Бобоҷонзода чунин гуфт: - Дар асоси нақша – чорабиние, ки дар Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тартиб дода шудааст, дар шаҳри Конибодом ва ҷамоатҳои деҳот омодагӣ хуб ба роҳ монда шудааст.

Дар шаҳри Конибодом 8290 нафар аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон буда, аз ин 5095 зан ва 2924 нафар ҷавон мебошанд. Мо ифтихор аз он дорем, ки шумораи ҷавонон дар ҳизб хеле зиёданд.

Алҳол дар шаш ҷамоати деҳот мулоқот ва вохӯриҳо доир гардида, дар онҳо узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бурҳониддин Ҷабборӣ, мудири шуъбаи Кумитаи иҷроияи вилоятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Мутриба Бобоҷонова бо роҳбарии ректори Донишгоҳи кӯҳӣ – металлургии Тоҷикистон Мухтор Фозилзода оид ба баргузории маъракаи муҳими сиёсӣ - интихоби номзади арзанда ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фикру андешаҳои хешро иброз доштанд.

Чунин мулоқот ҳамчунин дар ташкилоту корхонаҳои шаҳр бо кормандони соҳоти мухталиф, хосатан бо табибону ҳамширагони шафқати беморхонаҳо, омӯзгорони муассисаҳои таълимоти миёнаи умумӣ ва устодони коллеҷу литсейҳои касбӣ баргузор гардид ва дар баробари суханронии шахсони боваринок аҳли нишаст низ ҷонибдории хешро дар бораи номзади арзанда баён карданд.

Тавҳида ҶӮРАЕВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Аз хиёнаткор ба Ватан дигар чӣ умед!

Вобаста ба вазъияте, ки имрӯз ба амал омадааст, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатҳо мубориза бар зидди душманони хиёнаткори миллат, амсоли гурӯҳҳову афроди бегонаи давлатфурӯш ба мисли Кабирӣ ва пайравони ӯ мебошад. Зеро аз оғози ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз масъалаҳои муҳим — ба монанди таъмини амнияти минтақавӣ ва миллӣ дучор гардид.  Авҷи хатари терроризм ва экстремизм ин ҳодисаҳои марбут ба ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвари мо дар солҳои 90-ум мебошанд.

Бадкунии давлатдории дунявии демократӣ аз нуктаи назари динӣ хатогии маҳз аст,  ки онро гурӯҳҳои муайян дар муборизаҳои сиёсии худ истифода мебаранд ва динро парчами худ намуда, дар давлатхои мусалмонии Шарқ оташи чангҳои ифротгароенаро меафрӯзанд.

Мутаассифона дар тассавури баъзе афроди чомеа ақидаҳои нодурусти динӣ ҷой доранд, ки ба гурӯҳҳои Мухиддин Кабирӣ ифротгароӣ шомил мегардонад ва акидаҳои носолими динии худро мехоҳанд, ки дар ҷомеаи демократии дунявӣ амалӣ созанд. Мехост, ки ҷахон мувофиқи хости он шакл бигирад.  Бештари ин гуна афроди ҷомеа дар  гузашта дузду чинояткор будаанд ё нашъамандӣ кардаанд.

Гурӯҳи Мухиддин  Кабирӣ гурӯҳи  бадрафтор ва террористӣ барои ноил шудан ба нақшаҳои худ аз дин моҳирона истифода мебаранд. Ин гуна афроди хиёнаткор арзиши истиқлолият, ки  волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик мебошад, аз куҷо қадр кунанд!

Дар паҳнои замонҳо миллати мо аз шебу фарози таърих ва озмоишҳои сахту сангин гузашта бошад ҳам, дастовардҳои фарҳанги асил, ҳуввияти миллӣ, забони модарӣ, илму адабиёти оламгирашро нигоҳ доштааст. Ба ҳамагон маълум, ки ниёгони мо бо талқини афкори пурарзиши «Пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек» беҳтарин ва равшантарин орзуву омоли инсоният ва рукнҳои ахлоқи ҳамидаро басо орифона ифода намудаанд, ки ин каломи пурҳикмат дар тӯли асрҳо барои ташаккули арзишҳои солими башардӯстона хидмат кардааст.

Бешак, маҳз чунин тамаддуни пешрафта, суннату оинҳои дорои ҷанбаи ҳаётӣ, тафаккури зиндагисоз ва маърифати баланди ақлонии ниёгони мо буд, ки бар зидди чунин душманони миллати тоҷик мубориза кардем.

Роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Зеро ТТЭ ҲНИ, Кабирӣ ва хоҷагони он ба мақсади худ, ки мехостанд, ки дар Тоҷикистони озоди мо ҷангу ҷидол бошад, бесару сомонӣ бошад ва қисматеро ба сарамон оранд, ки ҳоло Сурияю Афғонистон, Либияю Яман, Туркияю Украинаро домангир аст.

Қадри истиқлолияти давлатӣ, ки  барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои  пайгиронаи  созандагӣ,  азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро мебошад, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии  миллатро таъмин намуд. Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳуввият,  идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад ва ин арзишҳоро  чун гавҳари ноёб  аз ҳар гуна гурӯҳҳову афроди бегонаи давлатфуруш эҳтиёт кард!!!

Раҳматова З.М. – н.и.ҳ., дотсенти кафедраи
ҳуқуқи конститутсиони ДДҲБСТ

Читать далее

ЯКҶОЯ БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ МУБОРИЗА МЕБАРЕМ!

Терроризму экстремизм дар ҷаҳони имрӯза яке аз муаммоҳои ташвишовару ҷиддӣ  ба ҳисоб рафта, амалҳои даҳшатноки террористӣ, ки дар давлатҳои зиёди олам содир гардида истодааст, боиси марги ҳазорон одамони бегуноҳ шуда истодаанд.

Ба ҳамаи муборизаву талошҳои зидди амалиётҳои террористӣ нигоҳ накарда, то кунун бартараф сохтани фаъолияти созмонҳои он натиҷаи қаноатбахш надодааст. Аз ин лиҳоз, дар кишвари мо низ бар зидди ин падидаи номатлубе, ки имрӯзҳо ба таҳдиди воқеиву ҷиддӣ ба амнияту суботи ҷаҳон ва пешрафти инсоният табдил ёфтааст, чораҳои мушаххас андешида истодааст.

Ман ҳамчун Сармутахассис оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Спитамен кӯшиш карда истодаам, ки ба ақидаҳои ғаразноки гуруҳои созмонҳои террористии  ба номи давлати Исломиро, ки дини мубини  Исломро  ба худ силоҳ намуда, барои ба мақсади худ расидан истифода бурда истодаанд, дода нашудани ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро зери назорати худ қарор диҳам. Зеро, онҳо бо истифода аз технологияҳои муосири иттилотӣ  ва бо роҳи тафсири ғаразноки  сарчашмаҳои динӣ дар мафкураи  чунин ҷавонон ғояҳои тундгароиро ҷой карда, онҳоро ба қатлу  куштор, барҳам задани амният ва суботу оромӣ дар мамлакатҳои гуногун  ташвиқ  менамоянд. Бояд гуфт, ки дар ягон сураву оятҳои Китоби Муқаддаси Қуръони Карим ин гуна ваҳшониятҳову бадҳоҳӣ оварда нашудааст. Инсоне, ки аз дину оини муқаддаси Ислом хуб хабардор  мебошад, ба ин гуна падидаҳои номатлуб гирифтор намешавад.

Яке аз омилҳои асосии ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои мазкур муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷи кишвар ва наёфтани ҷои аниқи корӣ, сатҳи пасти маърифатнокӣ, носолимии муҳити оила, бепарвоӣ зоҳир кардани волидон ба тақдири фарзандон, истифодаи васеи сомонаҳои интернетӣ ва ғайраҳо мебошанд. Омилҳои муайянкардашуда дар самти шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ нишон дод, ки ин, пеш аз ҳама, зиёдаравӣ, ҳисси бегонапарастии онҳо аст. Баъзе ҷавонон аз бетарафии ҷомеа истифода бурда, дар хориҷи кишвар таҳсил карда, узви ягон ҳизб ва ё салафӣ шуда баргашта, ба вайрон кардани мафкураи ҷавонон машғул мешаванд. Моро зарур аст, ки рафтори ҷавононро дар хориҷи кишвар низ зери назорат гирем. Бо мақсади пешгирӣ намудани терроризму экстремизм, махсусан пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои макзур давлатро мебояд чораҳои зеринро дар ҷомеа фароҳам оварад: Баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ, некуаҳволии халқ, дастгирии қишрҳои мухталиф ва таъмини имтиёзҳо ба ниёзмандон; Ба низом даровардани муҳоҷирати меҳнатӣ, ба тадриҷ коҳиш додани сатҳи болоравии он ва дар дохили ҷумҳурӣ бо кор таъмин намудани шаҳрвандони кишвар; Баланд бардоштани маърифат ва фарҳанги сиёсиву ҳуқуқии кишвар, бахусус, наврасону ҷавонон. Ҳалли масъалаи муносибати дурусти давлат ба дин, озодии виҷдон ва эҳтироми арзишҳои динӣ. Муқаррар намудани ҷойгоҳи дин дар ҷомеа, дур сохтани он аз масъалаҳои сиёсӣ, яъне дин бояд бовару эътиқоди шахсӣ арзёбӣ шуда, бештар фарогирандаи масъалаи ахлоқӣ баррасӣ карда шавад. Инчунин ба андешаи мо, хуб мешавад, ки дар асоси барномаҳои махсус бо ҷавонон ва наврасон дар муасиссаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ, чорабиниҳо ва вохӯриҳо, маҳфилҳо, мизҳои мудаввар бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони ҷомеаи шаҳрвандӣ гузаронида шаванд.

Моро зарур аст, ки аз натиҷаҳои даҳшатангезу  харобиовари муноқишаҳои террористии давлатҳои ҳамсоя  ба хулосаи ҷиддӣ  омада, ба сулҳу субот  ва осоиштагиву кишвари азизамон  Тоҷикистонро  чун гавҳараки  чашм аз чангу ғубори  беруна  нигоҳ  дорем , ки ин вазифаи  аввалини ҳамаи шаҳрвандони  бо нангу  номуси кишвар аст.

Бояд дар назар дошт, ки ин вазифаи муҳим  нафақат бар зиммаи мақомоту муассисаҳои  таълимӣ, балки ба падару модарони  онҳо низ вогузор карда шудааст. Зеро, фарзанд тарбияи  нахустинро аз оилаи  худ мегирад. Бинобар ин, масъулияти волидон нисбати таълиму тадриси фарзандон басо муҳим мебошад.

Дар охир гуфтаниям, ки мо бояд аз натиҷаҳои даҳшатангезу  харобиовари муноқишаҳои террористии давлатҳои ҳамсоя  ба хулосаи ҷиддӣ  омада, ба сулҳу субот  ва осоиштагиву кишвари азизамон  Тоҷикистонро  чун гавҳараки  чашм аз чангу ғубори  беруна  нигоҳ  дорем , ки ин вазифаи  аввалини ҳамаи шаҳрвандони  бо нангу  номуси кишвар аст.

Бобоқулов Акмал,
 сармутахассис оид ба корҳоидин, танзими
анъанава ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Истиқлоли н.Спитамен

Читать далее

«Хиёнат»-ро якдилона маҳкум мекунем!

Ҳамаи динҳои осмонӣ, аз ҷумла дини ислом низ дӯст доштани Ватанро ҳамеша таблиғ мекунад. Дини мубини Ислом ҳамеша мардумро ба дӯст доштан, обод кардан, аз байн бурдани нифоқ, тақвияти дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ ва донишомӯзӣ даъват менамояд. Худованд дар ояи дувуми сураи "Моида" фармудааст: "Ва бар некукорӣ ва парҳезгорӣ ба якдигар мадад кунед ва бар гуноҳу ситам ба якдигар мадад макунед." Дар корҳои нек ҳамкорӣ кардан маънои дастгири ҳамдигар будан ва баҳри сулҳу суботи ҷомеа, тинҷию амонӣ талош карданро дорад.

Дар луғатномаю фарҳангномаҳо воҷаи “хиёнат” ҳамчун бевафоӣ, ғадр, норостӣ, макру фиреб маънидод шудааст ва решаи баромади калима аз забони арабӣ мебошад. Як хислати муҳими инсони мусалмон инсондӯстӣ ва ҳамдигарфахмӣ мебошад. Пайгамбари Худо (с) мефармояд: "Мусалмони комил касест, ки мардум аз дасту забонаш дар амон бошанд". Пас ҳар кас забон ва дасти худро аз озор ва азияти дигарон бояд нигоҳ дорад. Дини мубини Ислом ҳамеша пайравонашро ба раҳмату шафқат, дӯстӣ бо дигарон ва риоя намудани ҳуқуқи мардум даъват кардааст.

Дар ғояҳои башардӯстона ва инсонпарваронаи ин дини мубин, эҳтироми хар фард новобаста аз мансубияти динӣ ва миллиаш таъкид шуда ва дар хусуси зулму ситам, фасодкориву душманӣ ва тафриқа ҳушдор дода шудааст. Ҳамчунин дини мубини Ислом ба халку Ватан садоқат доштанро қадр мекунад. Ҳар як инсон Ватанашро дӯст дорад ва бо корҳои нек ва амалҳои барои ҷомеа манфиатбахш онро обод намояд.

Ислом ба мо таълим медиҳад, ки аз хиёнат ва кина эҳтиёт шавем. Инҳо бемориҳои дил мебошанд, ки оқибатҳои он ба шахс, ҷомеа ва дин зарари калон мерасонанд.

Мусалмони ҳақиқӣ танҳо ба хотири Аллоҳ ва ба хотири Ислом хашмгин аст, ин як ҷузъи муҳими имони мост. Ислом ба мо таълим медиҳад, ки аз мардум нафрат накунем, балки аз бадӣ, ки мардум мекунанд, нафрат кунем. Барои як мусалмон дӯст доштан ба бародари худ чизеро, ки барои худ дӯст медоред ва нисбати бародари худ барои он чизе ки барои худатон бад мебинед, ҷузъи ҷудонашавандаи имон аст.

Нафаре, ки гуноҳ кардааст бахшида мешавад, аммо нафаре ки хиёнат кардааст, бахшида намешавад.

Аз ҷониби як қатор донишҷӯёни фаъоли МДТ “ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” пешниҳод гардид, ки филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” мавриди тамошои дастаҷамъонаи донишҷӯён қарор дода шавад. Ин пешниҳод аз тарафи Раёсати донишгоҳ дастгирӣ ёфта, дар 17 факултетҳои донишгоҳ мавриди тамошои дастаҷамъона қарор дода шуд. Яке аз мақсадҳои тамошои ин филмро дар гумроҳ нагардидани ҷавонон медонанд.

Хайёмиддин Исмоилов-мудири шуъбаи кор бо ҷавонон, ҳангоми суҳбат бо донишҷӯи мо, қайд кард, ки ба мо ҷавонон намоиши ин филм бори дигар аз амалкарди ин хоинони Ватан ёдрас намуда, ишора ба он намуд, ки мо ҳамеша ва дар ҳама ҷо зиракии сиёсиро аз даст надода, ба ҳамаи онҳо ҷавоби сазовор диҳем оянда худро бо ғуруру меҳанпарастӣ тарбия намоем.

Ҳаминро зикр кард, ки филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” аз ҷониби киностудияи “Тоҷикфилм” ба навор гирифта шуда, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳамагон пахш шудааст. Филми мустанади "Хиёнат" дар заминаи далелҳои амиқ ба навор гирифта шуда, бори дигар чеҳраи душманони давлат ва халқи тоҷикро муаррифӣ намуд. Дар асл, филм бо далелҳои раднопазир, наворҳои воқеъӣ, парвандаҳои ҷиноӣ ва ошкорнашуда таҳия шудааст. Зимни тамошои ин филм кас ба хулосае меояд, ки ин гуруҳ аз оғози Истиқлолият бо ниятҳои нопоки худ ба сари миллати тоҷик фоҷиаҳои нангинро рӯи кор гирифтааст. Ин афрод ҳоло аз мамлакатҳои хориҷӣ бо хоҷагони худ нақшаҳои гуногунро тарҳрезӣ намуда, бо нигоштаҳои бедалели худ ҷавононро ба роҳи ифротгарорӣ ҷалб намуда истодаанд. Моро мебояд худ ва наздиконамонро дар руҳияи худогоҳиву меҳанпарастӣ тарбият намоем.

Шаҳром Азизӣ - устоди донишгоҳи
ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров

Читать далее

НАҲЗАТИЁН ЧАРО ДУШМАНӢ МЕВАРЗАНД!

Маълум аст, ки имрӯзҳо аъзоёни ТТЭ ҲНИ ба хотири душмани варзидан бар миллати тоҷик ва хиёнат кардан бар Ватан аз ҷониби хоҷагони хориҷияшон, ки имрӯзҳо қисме ошкор шудаанд, маблағгузорӣ мешаванд.  Ҳарчанд маълум аст, ки ТТЭ ҲНИ аз қабл як лоиҳаи террористӣ буда, аз ҷониби душманони миллати тоҷик таъсис дода шудааст.

Ҳоло аъзоёни ТТЭ ҲНИ бо содир намудани амалҳои террористии худ шинохта шудаанд ва далелҳои фаъоли террористӣ бурадни онҳо дар қаламрави Аврупо низ исбот шуда буд. Аммо имрӯзҳо ин ҳиллагарони наҳзатӣ ин далелҳоро пинзон намуда, худро ҳамчун ватандӯст муаррифӣ менамоянд, ки бисёр ҳам иштибоҳи бузург мебошад.

Тамоми ҷаҳон эътироф кардааст, ки аъзоёни ТТЭ ҲНИ бо созмонҳои террористӣ ҳамкорӣ менамоянду имрӯзҳо дар фирор аз ҷавобгарӣ дар назди қонун қарор доранд, ки ин ҳам хиёнат аст ва ин бори дигар исбот намуд, ки наҳзатиён душманони миллат мебошанд ва ба хотири пул омодаанд хоинӣ кунанд, мисле, ки як маротиба кишварро ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор намуданд.

Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтори душманони миллатро маҳкум намуда, дар наҳзатиёни палид ва малъун лаънат мехонем!

ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ СОХТМОН
ВА КОРҲОИ МАРКШЕЙДЕРИИ ДКМТ

Читать далее

Терроризм ва экстремизм – омили даҳшатнок

Дар ҷаҳони муосир равандҳо ва зуҳуроте мавҷуданд, ки танҳо ба як кишвар ва ё як минтақа не, балки ба тамоми кишварҳои ҷаҳон ва дар маҷмуъ ба кулли мардумони сайёра таҳдид мекунанд. Яке аз чунин зуҳуроти номатлуб, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор оварда, дар ҳама қитъаҳои олам тамоюли паҳншавиро дорад, ин терроризм ва экстремизм мебошад. Ҳарчанд падидаҳои ҷойдошта зодаи танҳо ин аср нестанд, аммо дар баробари асри нав ҷомаи навро ба худ гирифта, моҳияти ин падида шакли муташаккилтару мураккаби зоҳиршавиро пайдо кардааст.

Имрӯзҳо ифротгароии динӣ дар тамоми кишварҳои олам, махсусан кишварҳои исломӣ доман паҳн намуда, афроди зиёде аз таъсир ва пайомадҳои нохуши он қурбонии ин зуҳурот мегарданд, ки ин ҳолат хеле нигаронкунанда мебошад. Омилҳои зиёде, аз қабили ҷаҳонишавӣ, фақру нодорӣ, ҷаҳлу бесаводӣ ва паст будани маърифати динӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқии мардум, миллатгароӣ ва авҷ гирифтани таассуби динӣ ва хурофот, вусъат ёфтани доманаи фарогири шабакаҳои интернетӣ, рақобати абарқудратон баҳри ба даст овардани манфиатҳои сиёсию иқтисодӣ ва ғайра муҳаррики асосии авҷ гирифтани ин зуҳурот мебошад.

Олимону муҳаққиқон навъҳои гуногуни терроризм ва экстремизм, аз қабили терроризми сиёсӣ, динӣ, фарҳангӣ, ахлоқӣ, миллатгароӣ, ҷиноӣ, биологӣ, кибернетикӣ ва ғайраро муайян карда, ба ин натиҷа расидаанд, ки дар замони муосир аз ҳама беш терроризму экстремизми динӣ ҷаҳони муосирро ба мушкилот гирифтор намудааст. Ба ақидаи аксар сиёсатшиносон низ экстремизм бештар дар дин, ки хусусияти ҷалбнамоӣ дорад,  реша медавонад ва он дар тамоми гӯшаву канори сайёра ба мушоҳида мерасад. Зеро дар бисёр мавридҳо ба назар мерасад, ки ифротгароён дар зери шиорҳои динӣ баромад намуда, аз номи дин ҳарф мезананд ва фармонҳои худро аҳкоми динӣ меноманд. Ин, пеш аз ҳама, ба хотири сӯистифода аз шуури динии мардум равона гардида, ҳеҷ рабте ба арзишҳои динӣ ва аҳкоми он надорад. Пас, ин амалкарди ифротгароён аз бединию хоинии онҳо дарак медиҳад.

Умарова С.И. – сармуаллимаи кафедраи
иқтисодиёти корхонаҳо ва минтақаи ДДҲБСТ

Читать далее

Домани некон нагирад ҳар ки бунёдаш бад аст

9 сентябр ба соҳибистиқлолии кишвари азизамон 29 сол пур шуд, ки дар назди таърих ҳукми як лаҳзаро дорад. Аммо дар ҳамин давраи кӯтоҳи таърихӣ дар Тоҷикистон корҳои бузурге ба анҷом расонида шуданд, ки дар давоми зиёда аз 70 соли мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ амалӣ нагардида буданд.

Мутаассифона, ҷоҳилоне ҳастанд, ки мехоҳанд мақсадҳои разилонаи худро дар роҳи доғдор сохтани фазои ороми кишвар бо роҳи тафриқаангезӣ амалӣ созанд ва ҳар ободиву пешрафт ба чашми онҳо чун хор мехалад ва ба гуфте айшашонро талху хобашонро ҳаром месозад. Онҳо собиқ раис ва як гурӯҳ фаъолону аъзоёни ташкилоти террористию экстремистии мамнуъ дар Тоҷикистон - Ҳизби наҳзати ислом, пайравони дигар ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро мебошанд, ки баъди шикаст хӯрдан дар рақобати сиёсӣ ва ба ниятҳои нопокашон нарасидан аз Ватан фирор намуда, дар кишварҳои хориҷӣ паноҳ бурдаанд. Аз ҷумла собиқ раиси ТТЭ Ҳизби наҳзат Муҳиддин Кабирӣ ва дигар ҳаммаслаконаш бо дастгирии хоҷагонашон дар хориҷа амалҳои разилонаю хоинонаашонро давом дода истодаанд ва мақсаду мароми ягонаашон ноором сохтани вазъият дар Тоҷикистон, халалдор сохтани раванди пешрафту инкишоф, ба кӯи гумроҳӣ бурдани мардум, ташкили табаддулот ва бо ҳар роҳу васила бадном намудани Ҳукумати қонунии кишвар аст. Маҳз бо ҳамин нияту нақшаҳои разилона онҳо муроҷиатномаҳо қабул менамоянд, дар васоити ахбори омма ҳар гуна изҳорот пахш мекунанд, намоишҳо ороста, аз поймол шудани ҳуқуқи инсон ва арзишҳои исломӣ дар Тоҷикистон ба ташкилотҳои ҷамъиятию созмонҳои байналмилалӣ гузориш медиҳанд. Ҳатто дар хусуси таъсис додани ҳизбу ҳаракатҳои нав аз ҳисоби бадхоҳони миллат ва мухолифини дар хориҷа фирорибудаи Ҳукумати кунунӣ овозаҳо паҳн мекунанд ва даъватҳояшон ба хунрезиву ҷанг рӯирост садо медиҳад.

Тавре ҳамагон медонем, дар оғози солҳои соҳибистиқлолӣ ҷанги шаҳрвандӣ дар диёри мо аз ҳамин гуна шиорпартоиҳо, низоъандозиҳо, даъватҳои зиддиинсонӣ, изҳороту муроҷиатҳо, майдоннишинию бегонапарастии як зумра нафарони ба гуфти худашон демократ, ислоҳотталаб, навҷӯву навгаро ва дилсӯзи халқу Ватан оғоз ёфт. Аммо ҳамин ки оташи ҷанг фурӯзон шуд, онҳо худро мисли муш ба сӯрохиҳо кашиданд, ҷонашонро гирифта гурехтанд, ҳаволаи ҳазорон нафар бегуноҳонро ба Худо карданд. Он бесарусомониҳо рушду нумуи Ватанамонро ба даҳсолаҳо қафо партофт, миллиардҳо доллар ба хоҷагии халқ зиён расонд. Мутаассифона, талафоти ҷонӣ ҳам кам набуд.

Имрӯз Муҳиддин Кабирӣ, Саидюнус Бурҳонов (мулаққаб ба «Истаравшанӣ»), Муҳаммадиқболи Садриддин ва дигар ҳаммаслакони наҳзатӣ, ки замоне аъзои ин ташкилоти террористию экстремистӣ буданду баъзеашон ҳатто мазҳаби худро иваз намудаанд, мехоҳанд, ки боз ҳамон рӯзҳои сиёҳ такрор шаванд.

ТТЭ Ҳизби наҳзат дар асоси далелҳои мӯътамаду асоснок, баъди бо нокомӣ анҷом ёфтани табаддулоти наҳзатиён таҳти сарварии собиқ муовини Вазири мудофиаи Тоҷикистон ва аъзои фаъоли ҳамин ҳизб генерал А. Назарзода аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнӯъ эълон ва ба рӯйхати гурӯҳҳои террористӣ дохил карда шуд. Ба истиснои чанд нафар аз ҳайати роҳбарии дар ин табаддулот дастдоштаи ҳизб аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои амниятии кишвар нисбати ягон нафар аъзои қатории ҳизб, ки хатои худро фаҳмида, бо амри дилу виҷдон сафҳои онро тарк намуданд, чораи интизомӣ ё маъмурию ҳуқуқӣ андешида нашудааст, то боиси нигаронӣ бошад. Онҳо имрӯз чун аъзои комилҳуқуқи ҷомеа озодона кору зиндагӣ доранд. Ва он ҳама даъвоҳо дар бораи таъқибу боздошт ё шиканҷаи собиқ аъзои ТТЭ ҲНИ, ки ватанфурӯшон паҳн мекунанд, беасосанд.

Барои чунин хизмати хирсона соҳиби маблағҳои калон ва даромади ҳангуфт шудани саркардагоне чун Муҳиддин Кабирӣ афсона нест. Аҳли ҷомеа чанд сол пештар асрори чор миллион доллар маблағи барои ташкили ҷиҳод ҷудонамудаи «бародарони эронӣ» ба ТТЭ ҲНИ бохабар шудаанд, ки он мисоли ягона нест. Зикри ҳама амалҳои нопоку зиддиинсонии ин ташкилоти террористию экстремистӣ, хоинию ватанфурӯшии роҳбар ва аъзои дар маҷмуъ як китоб мешавад.

Хулоса имрӯз дар симои Кабирию пайравонаш боз як зумра сиёҳкорон, ватанфурӯшон, бадхоҳон ва душманони сулҳу ваҳдати сартосарии мо мехоҳанд аз рӯи ҳамон сенарияи куҳна амал намуда, ҳаёти осоиштаи моро халалдор намоянд. Камбудию норасоиҳои ҷузъие, ки дар зиндагии аҳли ҷомеа ҷой доранд, байрақи дасти онҳост. Шахси ноогоҳ дар ибтидо гумон мекунад, ки мақсад аз даъвату муроҷиатҳои ин тоифа бартараф намудани мушкилоту муаммоҳои рӯзгори халқ ва ислоҳи вазъияти ҷойдошта аст. Лекин таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки чунин «ташаббусҳо» танҳо обро лой кардану моҳӣ доштан мебошад. Агар зиндагиномаашонро таҳлил намоед, ба хубӣ аён мешавад, ки худи ин нафарони «дилсӯзи халқу Ватан» дар асл барои ободии диёр ва ба зиндагии шоиста расидани мардум коре накардаанд. То имрӯз касе аз онҳо манфиате надидааст.

Шукрона, ки имрӯз Тоҷикистони мо Тоҷикистони солҳои 90-уми асри гузашта нест. Воқеаи сангину нангини он айёми хатарзо барои мардуми фарҳангпаноҳу сулҳпарвар сабақи бузург гардид. Албатта, душманону бадхоҳони миллату давлат чун гирдоб ба зудӣ сари хешро мехӯранд ва ба ниятҳои нопокашон намерасанд. Вале метавонанд муддате ба зиндагии орому осоиштаамон халал расонида, дар самти бунёдкорию созандагӣ монеа эҷод намоянд.

Мо ҷавонон рафторҳои хоинона ва ватанфурӯшонаи Муҳиддин Кабирӣ ва пайравону ҳаммаслаконашро комилан маҳкум намуда, чун тамоми сокинони Ватанамон намегузорем, ки онҳо нақшаву ниятҳои нопокашонро амалӣ созанд. Бо муттаҳидӣ дар атрофи Пешвои муаззами миллат даст ба дасти ҳамдигар дода, баҳри ҳифзи арзишҳои миллӣ, тарғиби ғояҳои истиқлолияти миллӣ, таърих ва фарҳанги куҳани аҷдодӣ собитқадамона камари ҳиммат мебандем.

Муталиб Маҳмудов
донишҷӯи курси 4-уми факултети
таърих ва ҳуқуқи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров

Читать далее

Кабирӣ чилу як ҳунар дорад

Пеш аз оне, ки вобаста ба фаъолияти собиқ ТТЭ ҲНИ, ки имрӯзҳо вирди забони хар як фарди солимфикр чарх мезанад, мехоҳам фикрамро дар бораи азхоби сиёсӣ баён дошта бошам. Аммо ҳамаи мо тавассути васоити ахбори омма медонем, ки собиқ ТТЭ ҲНИ бо роҳбарии М.Кабирӣ  ҳангоми ба таври расмӣ фаъолият доштанаш чи мехост ва кадом амалҳоро ба сари мардуми тоҷик овардани буд!

Аз тарафи кадом давлат мавриди маблағгузорӣ карор гирифта, супориши кадом давлатро иҷро мекард. Мақсади асосии он исломигардонии ҷомеъа ва давлат мебошад. Вале онхо ношукрӣ аз сохибистиклолӣ ва тинчию оромӣ дар Точикистон карда, мехостанд, ки солхои 1992-ро бори дигар дар Ватани худ такрор намоянд. Агар нисбати М.Кабирӣ гуфтани шавем, мо медонем, ки ӯ хамчун соҳибкор ба ишқи пулу мол рафта, чунин шахс метавонад дар як лахза модар-Ватани худро фурушад.

Аз ВАО бармеояд, ки М.Кабирӣ аслан оиди муҳочирони тоҷик суханронӣ намуда, мехохад, ки мавқеи худ ва собиқ ҳизбашро дар байни онҳо пурзур намояд. Ба фикри банда агар шахсе, ки дорои маълумот ё касб бошад, дар хеч куҷо хор намешавад. Бехуда нагуфтаанд, ки «ба як мард чил ҳунар кам аст». Агар шумо воқеан Тоҷикистонро азиз медошта бошеду ин дар сухан набошад, вақти он расидааст, ки аз даъво ба амал гузаред. Ба амали солеҳ. Дар пайи татбиқи барнома ва стратегияҳои рушди миллӣ кӯшиш намоед. Нагуед, ки давлат барои мо чӣ кор кард. Аз худ бипурсед, ки барои Тоҷикистон чӣ кор кардед!

Илова бар ин ба ҷаноби Кабирӣ гуфтаниям, ки ба мусулмонии шаҳрвандони Тоҷикистон агар шубҳа мекарда бошед, пас хуб мешуд, ки аз худ сар кунед. Шумо ҳуқуқи таҳдид кардани моро надоред. Дар ин суханронӣ парда аз рӯи Шумо бадар шуд, халқ бори дигар ки будани шуморо фаҳмид. Шумо аз чӣ сабр кардед ва кадом марҳилаи навро интизоред? Мумкин аст Шумо аз соҳиб нашудан ба ягон манфиатҳои ҳизбиатон аз ягон амал худдорӣ карда истодаед? Дониста бошед манфиат ин ягона манфиати халқ ва он сарчашмаи ҳокимият аст!

Рауфов М.М. – ассистенти кафедраи назария
 ва таърихи давлат ва ҳуқуқи ДДҲБСТ

Читать далее