09 October 2020

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони шаҳри Ваҳдат мулоқот намуданд

8 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи як қатор иншооти таъъиноти гуногун ва шиносоӣ бо вазъи корҳои саҳроӣ бо роҳбарону фаъолон ва сокинони шаҳри Ваҳдат мулоқот карданд.

Ҳадафи сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ваҳдат шиносоӣ бо ҷараёни иҷрои корҳои созандагию ободонӣ, иҷрои барномаи давлатии рушди соҳаи моҳипарварӣ, амалисозии ҳадафи стратегии таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад.

Читать далее

Раиси вилоят​ намояндаи корхонаи «Электроторгмаш»-и Ҷумҳурии Украинаро ба ҳузур пазируфт

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода намояндаи корхонаи «Электроторгмаш»-и Ҷумҳурии Украина Виктор Меленетс ва ҳамроҳонашро ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат Раиси вилоят оид ба имкониятҳои мавҷудаи соҳаи энергетика ва рушди соҳа дар солҳои соҳибистиқлолӣ маълумот дод. Таъкид карда шуд, ки дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои мушаххас ва лоиҳаҳо бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ба истиқлолияти энергетикӣ даст ёфт. Дар мамлакат сохтмону таҷдиди нерӯгоҳҳои барқӣ-обӣ ҷараён дошта, ба кор оғоз кардани агрегатҳои якуму дуюми Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» имкон дод, ки фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тавсеа бахшида шавад.

Читать далее

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳавзҳои моҳипарварии ҶДММ «Меҳвари Душанбе»-ро дар деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат мавриди истифода қарор доданд

8 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Олучадараи деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат ҳавзҳои моҳипарвариро, ки аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Меҳвари Душанбе» бунёд гардидааст, ифтитоҳ карданд.

Иншооти мазкур дар соҳили дарёи Кофарниҳон дар мавзеи ноободу санглох бунёд гардидааст.

Иттилоъ дода шуд, ки қабл аз ташкили ҳавзҳои моҳипарварӣ ба дарозии зиёда аз 1 км корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба ҷо оварда шуда, ҳамчунин барои бо об таъмин намудани ҳавзҳо ба ҳамин масофа бо воситаи қубурҳои оҳанӣ об оварда шудааст.

Читать далее

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳавзҳои моҳипарварӣ ва меҳмонхонаи ҶДММ «Баҳор»-ро дар деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат ифтитоҳ намуданд

Дар мавзеи Олучадараи деҳоти Ромит Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳавзҳои моҳипарварӣ ва як меҳмонхонаро дар ин мавзеи дилфиреб ифтитоҳ карданд.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳавзҳои моҳипарварӣ аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Баҳор” -и ноҳияи  Ҷалолиддини Балхӣ дар масоҳати 13 гектар ташкил гардидааст.

Читать далее

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз кишти зироати хоҷагиҳои деҳқонӣ дар деҳоти Чӯянгарони шаҳри Ваҳдат дидан намуданд

8 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рафти нашъунамои зироати тирамоҳӣ дар хоҷагиҳои деҳқонии «Наҷот», «Икромҷон-1», «Ойбӣ», «Зулфия», «Бахтиёр» ва «Фирӯз» дар деҳоти Чӯянгарони шаҳри Ваҳдат шинос шуда, аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дидан намуданд.

Майдони умумии заминҳои кишти ин хоҷагиҳо 6 гектарро дар бар гирифта, ҳамасола аҳли заҳмат бо дарки баланди маданияти истифодаи замин аз як то чор ҳосил ба даст меоранд.

Читать далее

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Литсейи касбии сайёҳӣ ва хидматро дар деҳоти Симиганҷи шаҳри Ваҳдат мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Дар деҳоти Симиганҷи шаҳри Ваҳдат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Литсейи касбии сайёҳӣ ва хидматро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо имконоти таълим дар он шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки корҳои навсозӣ дар иншооти мазкур соли 2018 оғоз гардида, муассиса дар доираи талаботи ҷории таълимӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Читать далее

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои 10-ошёнаи истиқоматиро бо коргоҳи дӯзандагӣ ва маркази савдою хизматрасонӣ дар шаҳри Ваҳдат ифтитоҳ намуданд

8 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Ваҳдат ташриф оварданд.

Пешвои миллатро сокинони шарафманду меҳнатқарини шаҳр гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Нахуст Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Сомониёни шаҳри Ваҳдат бинои истиқоматии 10-ошёнаро, ки бо тарҳи зебову муосир бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуданд.

Читать далее

Равзанаи нурбори таърих

Борҳо ба шаҳри бостонии Панҷакент сафарҳои корӣ доштему аз шаҳри қадимаи Саразм дидан кардаем. Ин навбат баъди таҷлили ҷашни 5500 - солагии шаҳри Саразми бостонӣ бо супориши роҳбарият ҳамроҳи суратгири рӯзнома Иномҷон Рабиев ба ин минтақа омада, аз мамнӯъгоҳи Саразм дидан намудем. Ҳар қадар ба мамнӯъгоҳ наздиктар мешудем, ҳисси ғуруру ифтихор дар диламон бештар маъво мегирифт. Дарвоқеъ, соҳиби таърихи бою қадим будану аз нав зиндаву эҳё кардани арзишҳои миллӣ шахсро ифтихорманд мегардонад.

Дар рафти ошноӣ бо заҳмати сохтмончиёну бунёдгарон бори дигар бовар кардем, ки халқи тоҷик аз қадимулайём созандаву ободкор, меҳнатдӯсту офаранда ва фарҳангиву ботамаддун будааст.

Дар даромадгоҳи мавзеи ёдгории таърихӣ устоҳои гулдасту моҳир рамзи 5500 - солагии Саразмро бо диққати ҳамаҷонибаву кӯшиши махсус таҳия намудаанд. Пардозгарон мағозаи армуғон ва чойхонаи миллиро, ки дар даромадгоҳи мамнӯъгоҳ воқеъ гардидааст, хеле хуб оро додаанд, ки ҳар бинанда аз он болидарӯҳ мегардад.

Ниҳолони сарсабзу ороишӣ ва гулҳои атрогине, ки бо эҳтимоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва сохторҳои марбут ба кабудизоркунӣ аз хориҷи мамлакат ворид гардидаву дар атрофи роҳрави даромадгоҳ шинонида шудаанд, фазои мамнӯъгоҳро муаттару дилкашу диданӣ гардонидааст. Ин гулҳову ниҳолҳои ҳамешасабз Саразми бостонро ба баҳористони ростин табдил додааст.

Дарвозаи даромадгоҳ, ки бо риояи санъати меъмории милливу таърихии тоҷикон бино шудааст, шукӯҳу шаҳомати дигаре ба мамнӯъгоҳ мебахшад. Ангораҳое, ки аз ковишҳои бостоншиносӣ дар шаҳри Саразми бостонӣ ва Панҷакенти қадим ба даст омадаанд, дар девораҳои дарвозаи мамнӯъгоҳ нақш карда шудаанд. Ин нигораҳо бозтоби таърихи гузаштаи бузурги миллати мост.

Бино ба гуфти масъулин, дар баробари корҳои сохтмонӣ кашшофони рози Саразм, бостоншиносони донишманду огоҳи тоҷик пуркор буданду бо шогирдони худ ҳар як кашфиётро эҳтиёткорона ҷобаҷогузорӣ мекарданд. Ҷавонон бо шавқи тамом гирду атрофи мавзеи бостоншиносиро аз гарду хок тоза менамуданд. Бо чунин рафтор гӯё мехоҳанд, эҳтироми худро ба ниёгони барӯмандашон изҳор намоянд.

Сохтмончиёни ҶСНК «Суғд» ва ҶСК «Панҷакентсоз» корҳои асосиро дар бинои осорхона ва хобгоҳ барои бостоншиносон ба анҷом расонидаанд. Бо бунёди осорхонаи сеқабата, ки дорои ҳуҷраҳои корӣ барои кормандони мамнӯъгоҳ ва бостоншиносону муаррихон аст, барои кашфҳои нав ба нави асрори куҳан шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Сохтмони биноҳои истиқоматӣ ва хонаи ҳунармандон, ки бо тарҳи қадима барои сайёҳон бунёд шудаанд, диққати ҳар бинандаро бештар ба худ ҷалб мекунанд. Ин биноҳо бо усули миллӣ сохта шуда, тарҳи он аз рӯйи хонаҳои истиқоматии саразмиён гирифта шудааст. Сохтмончиёни моҳиру ҳунарманд талош варзидаанд, то санъати баланди меъмории миллии қадимаро ба намоиш гузоранд.

Кормандони ҶСК «Асл» бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳр ва соҳибкорон роҳҳои гирду атрофи мамнӯъгоҳро мумфарш намудаанд.

Дар ниҳояти боздидамон директори мамнӯъгоҳ Норинисо Худоёрова иброз дошт, ки Саразм ёдгории калидии таърихи қадими халқи тоҷик шуморида мешавад. Соли 1976 аз ҷониби бостоншиноси шинохтаи тоҷик Абдуллоҷон Исоқов кашф шуд, ки таърихи миёнаҳои ҳазораи IV ва аввали ҳазораи II пеш аз мелодро дар бар мегирад.

Саразм нахуст мероси тамаддуни мардуми ориёинаҷод буда, 5500 сол қабл нахустин табару пайконҳои биринҷӣ ихтироъ карда, рӯзгори маданӣ офарида шуда, мардуми он замон ба ҳунармандӣ, кишоварзӣ ва шаҳрсозӣ машғул буданд.

Дар ҳафриётҳои Саразм олимон аз давлатҳои ИМА, Франсия, Португалия, Италия, Россия, Олмон, Чин ширкат намудаанд. Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12-уми майи соли 2019 таҷлили ҷашни 5500 - солагии Саразм ҳамчун маркази ташаккули ҳунармандӣ, кишоварзӣ ва шаҳрсозии тоҷикон ба тавсиб расид. Вобаста ба таҷлили ҷашн нақша -чорабиниҳо омода гардида, корҳои зерин ба иҷро расиданд.

Дар рӯзҳои таҷлили ҷашни 5500 - солагии Саразми бостон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамнуъгоҳи таърихӣ - бостонии Саразм шаш мағоза ва маркази хизматрасонӣ, стелла, дарвоза, осорхона, маҳаллаи қадим мавриди истифода қарор гирифт. Ҳамзамон, маҷлиси фаъолон бо иштироки меҳмонон, намояндагони консулгарӣ аз як қатор давлатҳо, фаъолони шаҳру вилоят баргузор гардид.

Тариқи онлайн табрикоти Одрино Зули - директори генералии ЮНЕСКО ва директори генералии ЭСЕСКО Салим – ал - Малик пешниҳод карда шуд, ки бори дигар ҷаҳонишавии Саразмро тасдиқ намуд.

Сокинони минтақа аз ободкориву созандагӣ, мумфаршкунии роҳҳо ва чароғон намудани ин мавзеъ хушҳол буда, ҳар яки онҳо миннатдориашонро ба роҳбарияти давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ баён доштанд.

Бояд гуфт, ки ҳамарӯза ташрифи шаҳрвандон ба ёдгории мазкур идома дорад. Ёдгории Саразм баҳри муаррифӣ намудани дастовардҳои бостоншиносии ҳафриётҳо, нигораҳои он мусоидат менамояд. Аз ин рӯ, масъулинро зарур аст, ки онро хуб нигоҳ доранду дуруст муаррифӣ карда тавонанд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»,

Хуҷанд – Панҷакент – Хуҷанд

Читать далее