11 October 2020

ТАНТАНАИ АТОВУЛЛОЕВ ВА ШИКАСТИ КАБИРӢ

(Аз мунозираи ду рақиби оштинопазир кадом хулосаҳо бармеоянд?)

 

I.

Дар тӯли се сол, Додоҷон Атовуллоев борҳо Муҳиддин Кабириро ба мунозира даъват карда буд. Вале ӯ бо баҳонаҳои мухталиф аз мубоҳисаи ошкоро имтиноъ меварзид.

Читать далее

Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

11 октябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзад ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи шаҳрвандии худ дар маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуда, ба номзади дилхоҳи худ овоз доданд.

Президенти амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон номзад ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои иштирок дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ ба участкаи интихоботии рақами 15 ҳавзаи интихоботии Исмоили Сомонӣ 2, ки дар маҳалли зисташон қарор дорад, ташриф оварданд.

Читать далее

Раҷаббой Аҳмадзода ба ҷонибдории номзади арзанда ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон овоз дод

Субҳи рӯзи 11 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба участкаи интихоботии "Хуҷанд №27" ташриф оварда, ба ҷонибдории номзади арзанда ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раъй дод.

Дар вилояти Суғд барои дар сатҳи баланд гузаронидани маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, интихобкунандагон бо эҳсоси баланди масъулият дар участкаҳои интихоботӣ барои овоздиҳӣ ҳозир гардида истодаанд.

Читать далее