12 October 2020

СУРУДИ МИЛЛӢ – ИФОДАГАРИ ОРЗУВУ ОРМОНҲОИ МАРДУМ

Ба ифтихори 26 - солагии Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 75 - солагии Гулназар Келдӣ

Аз даргузашти Шоири халқии Тоҷикистон, узви Иттифоқи нависандагон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, Барандаи Ҷоизаи Комсомоли ленинии Тоҷикистон ва Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода, дорандаи нишонҳои «Дӯстӣ», «Исмоили Сомонӣ», «Дарахти Дӯстӣ», Ҷоизаи адабии Созмони байналмилалии савдо барои инкишофи зеҳният, муаллифи Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гулназар Келдӣ беш аз як моҳ сипарӣ гардид.  Агар марг гиребонгири ин шоири оташинсухан  намешуд, 20 – уми сентябри соли 2020 халқи шарифи Тоҷикистон  75-солагии ӯро  таҷлил мекарданду ба заҳматҳояш арҷ мегузоштанд.

Охирҳои моҳи октябри соли 2018 мо, аҳли оила ба пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе равон шудем. Баъди  ба анҷом расондани уҳдадорӣ ва масъалаҳои рӯзмарраи хеш шаҳрро давр задем. Таассуротам дар бораи ободии шаҳр, сарсабзии диёр, қомат афрохтани биноҳои баландошёна, бунёди марказҳои хизматрасониву маишӣ, боғҳои истироҳатӣ, беҳбудии рӯзгори мардум ва рӯз то рӯз обод гаштани ин мавзеи кишвари тоҷикон беҳудуд аст. Он рӯз воқеаи фаромӯшношуданӣ - вохӯрӣ бо шоири тавонои халқи тоҷик Гулназар Келдӣ, ки дар назди бинои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба вуқӯъ пайвасту суҳбатамон дар атрофи навишта шудани Суруди миллии Тоҷикистон қӯр гирифт, ба вуқӯъ пайваст. Мутаассифона, то ин лаҳза имконияту фурсати ба рӯи саҳфа овардани ин суҳбати гуворою самимӣ ва хеле хотирмон бароям даст надод. Ба хотири ҷояшон ҷаннатулмаъво, қабрашон пурнур ва хонаи охираташон обод гардидани ин шахсияти нотакрор суҳбатамонро рӯи саҳфа меорам.

- Устод, ҳамарӯза ҷонбахшу гуворо садо додани Суруди миллии Тоҷикистон чун аллаи модарон ба гӯш фораму хушоянд ва шоирона мерасад ва эҳсосоти ғайриодие шунавандаи онро фарогир мешавад. Ин ҳолатро худи шумо ҳам эҳсос кардаед?

- Ҳар сатри ин суруд, ки ифодагари таърихи қадима, фарҳанги воло, иттиҳоду мароми халқи заҳматкаши тоҷик ба шумор меравад, ба гумонам барои ҳар шунаванда муҳаббати бепоёнеро нисбат ба халқу ватани худ эҷод мекунад. Барои шоир як шеъри ӯ мисли фарзандаш азиз аст. Ба қавле «тифл»-и ман бароям ифтихор гардид. Ва ман хушбахтам, ки имрӯз дар сар то сари ҷаҳон номи давлати тоҷиконро медонанд, ба забон мегиранд, ба ҳурмати он ҳини садо додани Суруди миллӣ ва оҳанги мутантани он аз сарони давлатҳо хурду калон аз ҷой бармехезанд.  Аз якуми январи соли 1995 Суруди миллӣ ба таври умумӣ шунавонида шуд ва он имрӯз суруди умумимиллӣ мебошад. ҳама онро бо як муҳаббат, садоқат ба Ватан, миллат месароянд.

Зинда бош, эй Ватан,

Тоҷикистони озоди ман!

Дар ҳақиқат, мо ба ҳар гӯшаи дунё биравем, суол мекунанд, ки аз куҷоем. Посух медиҳем, ки аз Тоҷикистон. Яъне моро туфайли ин Ватан, ин давлат, ин кишвари азиз мешиносанд. Ва бигзор Тоҷикистони азизи мо то адаб зинда бошад!

- Аз таърихи навишта шудани Суруди миллӣ чанд сухан мегуфтед…

- Ба риштаи сухан кашидани ин рукни муқаддас таърихи худро дорад. «Суруди миллии ҳар кишвар Конситутсияи фишурдаи он давлат мебошад» гуфта буд сиёсатмадоре он замон. Зеро аз Суруди миллӣ сиёсати давлату миллат, мақсаду маром, орзуву умеди онро дарёфтан мумкин аст. Бисту шаш сол мешавад, ки хурду бузурги кишвар Суруди миллиро мехонанд. Бо ин суруд барномаҳои шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ оғоз мегарданду анҷом мепазиранд. Яъне, он суруде аст, ки миллати моро ба ҳам муттаҳид месозад, ба ваҳдат, дӯстдорӣ, ободонии Ватани азизамон ҳидоят мекунад. Ин суруд аллакай суруди танҳо ман нест, он дигар суруди ҳамаи тоҷику тоҷикистониён аст.

Гӯё дирӯзакак буд. Он воқеаҳо то ҳанӯз чун навори филм аз пеши назари ман мегузаранд. Соли 1991 баъди соҳибистиқлол гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои Олӣ қабул кард, ки мо бояд Суруди миллиамонро нав кунем. Иҷлосияи таърихии 16 - уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 1992 муқаддасоти миллии кишвар: Парчам, Нишон ва дигар рамзҳои давлатиро пазируфт, аммо дар атрофи матни Суруди миллӣ андешаҳо зиёд буданд. Танҳо баъди ду сол, яъне соли 1994-ум Суруди миллӣ низ аз ҷониби вакилони мардумии Шӯрои Олӣ қабул гардид. Медонед, бонуи азиз, ман ҳамеша бо худ дафтари хотира дорам. Иҷозат медиҳед, ки онро варақ занам?

- Бемалол устод, албатта барои ман низ ин соату дақиқаҳо хотирмон хоҳад буд. Бохабар будан аз таърихи навишта шудани суруд бароям мароқангез аст.

- Матни Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми се рӯзи моҳи апрели соли 1994-ум навишта шудааст. Санаҳои 26, 27 ва 28-уми апрел тамоми фикру зикри ман дар болои матни ин суруд буд. Албатта, мушкил афтод эҷоди ин суруд, зеро масъулияти хеле баланд ва махсусро тақозо дошт. Матни ҳозираи Суруди миллӣ агарчи дер пешниҳод шуд, аммо нисбат ба дигар матнҳо бештар овоз гирифт. Озмун барои қабули Суруди миллӣ пӯшида буд. Эҳсосоти ҳаяҷонпазире маро фарогир шуд. Эҳсоси он ки дигар аъзои ҳакамон онро чӣ гуна мепазиранд? Вакилони мардумӣ чӣ мегуфта бошанд? Агар матни аз ин ҳам пурратару ифодагари орзуву ормонҳои мардум пешниҳод шуда бошад-чӣ? Хушбахтона, матни суруд аз дигар матнҳо 20-30 хол зиёдтар гирифт. Суханони устоди равоншод Лоиқ Шералӣ  ҳеҷ аз ёдам намеравад, ки гуфта буданд: «Ин матн аз ҳама беҳтар ва мувофиқтар аст».Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ он рӯз аз тамошобин пур буд. ҳунарпешагони театр ва ҳамсароён дар ҳузури вакилони мардумӣ панҷ суруд сароиданд, ки нахуст се суруд пазируфта шуд. Ва аз ин се суруд ҳама «Диёри арҷманди мо»-ро писандиданд ва барои қабулаш раъй доданд. Матни Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро расман 7-уми сентябри соли 1994 пазируфтанд.

- Дар қиёс бо матни сурудҳои дигар он чӣ бартариҳо дошт?

-Тавре пештар ёдовар шудам, Суруди миллӣ пеш аз ҳама, муқаддасоти миллат маҳсуб меёбад,  дигар он суруди ҳама, ҳар тоҷикистонӣ аст ва тибқи қонуни мавҷуда касе ҳақ надорад, ки онро таҳқир кунад, паст бизанад. Ва ҳам тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад, ки онро дигар кунад. Суруди миллиро барномаи сиёсии давлат меҳисобанд. Андешаи банда дар атрофи чӣ тавр навишта шудани сурудҳои миллии кишварҳои дигар хеле зиёд буд. Медонистам, ки бисёрии онҳо бо дигар шудани сохти сиёсӣ аз байн рафтаанд, зеро  муаллифони матни онҳо дар он даврон ба гурӯҳҳо, сиёсати тағйирёбандаи давр, мазҳабҳо бештар эътимод доштанду такя мекарданд. ҳангоми навиштани матни Суруди миллӣ  кӯшиш кардам, ки ин маҳдудиятҳо аз байн бардошта шавад.

Мисраи «Зи дурии замонаҳо расидаем» ба иззати нафси дигарон намерасад, аммо ҳамон мақсади аслиро ифода мекунад. Дар ҳақиқат, мо дорои таърихи қадима ва фарҳанги воло ҳастем,  ҳамчун миллат нав арзи ҳастӣ накардаем. Мисраи «Ба зери парчами ту саф кашидаем, кашидаем» бошад,  иттиҳоду мароми моро ифода менамояд.

- Руҳияи мардумро баъди ҳифз ва шунавонидани матни суруд чӣ гуна дарёфтед?

- Тоҷикистонро кишвари шеър мегӯянд. Мардумаш низ шеърдӯсту меҳмоннавозанд.  ҳатто сиёсаташ ҳам ба шеъру сухан иртибот дорад. Сарчашмаи ин дуову ниёишҳо, ки онро хубу зебову мувофиқу шоирона мебинанду баҳо медиҳанд, аз худи ин миллату давлату кишвар медонанд. Нахуст насли калонсол гумон доштанд, ки ҳифзи он барояшон мушкил асту ба осонӣ даст нахоҳад дод. Аммо барои насли нав: кӯдакону наврасон ва ҷавонон аз ёди он ҳеч мушкилӣ надошт. Бо гузашти вақт он ба суруди умумимиллӣ бадал шуд. Онро ҳама бо муҳаббати беандоза, садоқат ба Ватану миллат месароянду тараннум менамоянд. Рӯз аз рӯз афзун гардидани эҳсоси баланди ватандорию миллатдӯстии халқи тоҷик  шаҳодатгари ватандӯстии мардум аст.

- Ҳамагон шуморо ба ҳайси на танҳо муаллифи Суруди миллӣ, балки ҳамчун шоири тавонои халқи тоҷик мешиносанду қадр мекунанд. Фаъолияти имрӯзаи шумо чӣ гуна аст?

- Суруди миллӣ маро он қадар болу пар бахшид, ки ҳоҷат ба муаррифиам намонд. ҳар куҷое, ки мерафтам, дӯстдорӣ медидам. Махсусан, муҳассилини муассисаҳои таҳсилотӣ бештар эҳтиром мекарданд. Охир, ҳамарӯза тараннуми Суруди миллӣ аз забони онҳо ифодагари дӯстдории Ватан, парваридани муҳаббату вафодорӣ дар сиришти онҳоро мефаҳмонад. Зиёда аз ин шод аз он ҳастам, ки ашъорамро дӯстдорони илму адаб бо меҳр мехонанду аз ёд мекунанд. Вақте шеърҳоямро аз забони намояндагони табақаҳои гуногун мешунавам, вақте мебинам, ки китобҳоям: «Дарёи кӯча», «Борони бесаранҷом», «Ту хубиву раъноӣ»,  «Тулӯи бедорӣ», «Се кулчаи танӯрӣ» китоби рӯимизии ҳаводорони шеъри ноб аст, шукр мегӯям, шукри даврони соҳибистиқлол, шукри табиати афсункори кишвари офтобрӯя, шукри мардуми меҳнатқарину заҳматкаши тоҷик, шукри ободию сарсабзии диёр.

Ана ин буд, суҳбати чандлаҳзаина бо шоири тавонои тоҷик, муаллифи суруде, ки тамоми тоҷикистониён ҳамарӯза месароянду гӯш мекунанд Гулназар Келдӣ. Ин вохӯрию суҳбати самимӣ ҳеҷ гоҳ аз хотири ман зудуда нахоҳад гашт. Умед дорам, ки ҳарчанд ин адиби шинохта имрӯз дар байни мо нест, аммо навиштаҳо, шеърҳои пурмазмун, бахусус Суруди миллиаш дар қалби ҳамагон маъво гирифта,  то ҷовидонаҳо боқӣ хоҳад монд.

Шоира КАРИМЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Муҳтарам Александр Лукашенко Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати аз нав интихоб гардиданаш ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбодӣ гуфта, ба Пешвои миллат таманниёти неки худро ҷиҳати сиҳатмандӣ ва комёбиҳои навин дар фаъолияти минбаъдаи сермасъули давлатиаш, ба тамоми мардуми Тоҷикистон некӯаҳволӣ ва пешрафти босубот орзу намуданд.

Читать далее

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Имрӯз миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ баргузор гардид.

Дар ҷараёни суҳбат сарвари Қазоқистони бо мо дӯст муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати аз нав интихоб шуданон ба мансаби олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона шодбош гуфта, ба Пешвои миллат беҳтарин таманниёти худро баён намуданд.

Читать далее

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Имрӯз  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Президенти Ӯзбекистони дӯст Пешвои миллатро бо таманниёти сидқии сиҳатмандии бардавом, комгорӣ дар фаъолият ва хушрӯзии комил ба муносибати аз нав интихоб гардиданашон ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимонаю бародарона табрик гуфта, ба тамоми мардуми Тоҷикистон сулҳу субот ва шукуфоии беш аз пеш орзу намуданд.

Читать далее

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН-2020. Тибқи натиҷаҳои пешакӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 90,92 дарсади овозҳоро ба даст оварданд!

Раиси Комиcсияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода натиҷаҳои пешакии интихоботи Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки 11 октябр доир гардид, имрӯз зимни нишасти матбуотӣ бо иштироки намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, ки дар интихоботи президентӣ номзад пешбарӣ кардаанд, мушоҳидони байналмилалию дохилӣ ва доираи васеи хабарнигорон эълон дошт. Ба иттилои Бахтиёр Худоёрзода, номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо гирифтани 90,92% овоз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

Бино ба иттилои КМИР ҶТ, дар ҷумҳурӣ 68 ҳавзаи интихоботӣ ва 3375 участкаи интихоботӣ дар дохил ва 39 участкаи интихоботӣ дар хориҷи кишвар ташкил карда шуда буд. Шумораи интихобкунандагон 4 943 289 нафар ва шумораи онҳое, ки бори аввал овоз медиҳанд, 105 399 нафарро ташкил медод.

Читать далее

ТАДЖИКИСТАН ПЕРЕД ВЫБОРОМ

09.10.2020

Считанные дни остаются до того, как граждане Таджикистана изберут президента. На главный пост страны претендуют пять кандидатов. В их числе – действующий глава государства.

Читать далее