15 October 2020

ТАВБАИ КАБИРӢ Ё МАКРИ КАБИРИ Ӯ. Исботи чил дурӯғи рӯирост ва шасту шаш ҳиллаи М.Кабирӣ дар гуфтугӯ бо Д.Атовуллоев

 

 

 

Чанд рӯз пештар бахши тоҷикии радиои америкоии «Озодӣ» баҳси ду шахси мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, роҳбари ташкилоти манъшудаи ҳизби наҳзати исломӣ М.Кабирӣ ва роҳбари ташкилоти «Ватандор» Д.Атовуллоевро ташкил кард, ки дар рафти он масъалаҳои бисёре ошкор гаштанд. Хусусан, дараҷаи олии макру ҳилла ва методҳои бозии сиёсии М.Кабирӣ, ки ба меъёрҳои мардонагӣ ва исломӣ ягон умумияте надошт.

Читать далее

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи истеҳсоли шоколадро дар минтақаи саноатии шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуданд

15 октябр дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти  корхонаи нави  истеҳсоли шоколади “Ҳаловат”, ки дар минтақаи саноатии шаҳр бунёд гардидааст, оғоз бахшиданд.

Маҳсулоти шоколадӣ дар корхона бо истифода аз таҷҳизоти муосири истеҳсолӣ тавлид гардида, дорои сифати баланд мебошад.

Читать далее

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон хати нави технологӣ оид ба истеҳсоли 10 намуд кулчақанд дар ҶДММ «Маҳмудов Ғ»-ро дар шаҳри Хуҷанд ба истифода доданд

15 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии шимолу шарқии шаҳри Хуҷанд хати нави технологии истеҳсоли 10 намуд кулчақанд дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Маҳмудов Ғ»-ро ба истифода доданд.

Коргоҳи истеҳсолӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, дар заминаи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат дар шаҳри Хуҷанд бунёд гардида, бо номи “Азизи ман” 10 номгуи кулчақанди дорои сифати баландро истеҳсол менамояд.

Читать далее

Ифтитоҳи хатҳои нави технологии истеҳсоли шароб аз ангур, маҳлули безараргардонӣ ва маҳсулоти хамирӣ дар ҶДММ «Сайҳун» дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон

15 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд се хатти нави технологии истеҳсоли шароб аз ангур, маҳлули безараргардонӣ ва маҳсулоти хамирӣ дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сайҳун»-ро мавриди истифода қарор доданд.

Хатҳои муосири технологӣ дар ин корхонаи истеҳсолӣ дар заминаи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат ба истиқболи сазовори ҷашни 30 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ширкатҳои бонуфузи хориҷи мамлакат дастрас ва васлу насб гардидаанд.

Читать далее

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Маркази ташхисӣ-табобатии «Шифобахши Аср»-ро дар шаҳри Хуҷанд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

15 октябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҳаллаи Шарқи шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, Маркази ташхисӣ-табобатии “Шифобахши Аср”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Маркази нави ташхисию табобатӣ дар 3 ошёнаи аввали бинои 9-ошёнаи навбунёди истиқоматӣ ҷойгир буда, аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Насим Мирпочоев таъсис ёфтааст.

Читать далее

КАМОЛ ВА ШЕРОЗ

Эмомалӣ Раҳмон: Кохи азиме, ки Хоҷа Камол барин бузургон аз сухан бунёд кардаанд, аз боду борон газанд намеёбад, ному кори ин мардони бузург зиндаву ҷовид хоҳад монд.

Масъалаи муайян кардани ин ки дар Шероз Камол чанд муддат таваққуф кард, оё бо Ҳофиз дидорбинӣ кард ё не, барои мо номаълум аст. Дар ин маврид дар сарчашмаҳо низ ахбори дақиқ мавҷуд нестанд ва аксаран такрори ҳам ҳастанд. Бинобар ин, ҳарчанд таъин кардани масъалаи «Оё Камол дар Шероз истиқомат кардааст ё не?», ҷавоби мушаххас ва аниқ надорад, боз ҳам байти «Шероз ҷойи мардуми соҳибкамол нест, Ҳон, эй Камол, озими Доруссалом бош» - хонандаро ба эҳтимолияти ба Шероз рафтани Камол боварӣ мебахшад.

Шояд ин нукта, ки фарзияи будубоши Камолро дар Шероз тақвият мебахшад, яке бошад, ки қадимитарин нусхаҳои девони Камол, ки соли 1422 мелодӣ (825 ҳ) аз тарафи Дарвеш Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Алӣ ас-Сироҷӣ пас аз 22 соли вафоти Шайх Камол сурат гирифтааст, дар Шероз мураттаб гардидааст.

Камол дар ғазалҳояш дар чанд маврид аз Шероз ёд кардааст. Чунончӣ:

Дар шакар рез(?) фикри хеш, Камол,

Қанди ҳар як сухан муқаррар соз.

То биёяд ба чошнигирӣ,                                   

Шаккар аз Мисру Саъдӣ аз Шероз.

Зимнан бояд қайд намуд, ки мисраи аввали абёти мазкур дар аксари нусхаҳои кириллӣ ба ҳамин сурат омадааст, ки лутфи зиёд надорад. «Дар шакар рехтани фикр» на танҳо маънӣ надорад, балки хандаовар низ ҳаст. Магар фикри шоир холӣ аз ширинӣ буд ва маъонии латиф надошт, ки онро бо шакар меомехт? Ба гумони қавӣ бояд мисраи аввал «Дар шакаррези фикри хеш Камол…» хонда шавад, ки лутфе азим дорад. Ибораи «шакаррези фикр» ба маънои «афкори ширину рангин» чӣ зебо ва шоирона аст! Камол дар байти дигаре ҳам аз Шероз ва орзуи сафари ин шаҳри ормонии хеш сухан ба миён овардааст:

Аз баҳри хотири дили табрезиён, Камол,

Бо сорбон магӯй, ки Шерозам орзуст.

Дар маънии ин байт адабиётшиноси фақид, устод Аълохон Афзаҳзод менависад:

«Ба назар чунин мерасад, ки Камол аз Сарой аввал ба Шероз рафтанӣ будааст, вале кашиши дидори дӯстони табрезияш ва яқинан аҳли хонаводааш ӯро аз сафари Шероз нигоҳ дошта, ба Табрез меорад. Ин байт гумони моро қавӣ месозад…» (А.Афсаҳзод. Камоли Хуҷандӣ - устоди ғазал. Душанбе: Деваштич, 2005. – саҳ. 38). Дар баробари фарзияи устод Афсаҳзод метавон назароти дигарро низ баён намуд:

Шояд ин байтро Камол дар ҳангоме гуфта бошад, ки корвони табрезиён озими ҳаракат буд ва шоир, ки низ бо нияти сафари Шероз ба он корвон пайваста буд, ба Шероз мерафт, вале ба эҳтироми табрезиён намехост, ин асрорро ошкор кунад.

Тоҷибой Султонӣ,
Адабиётшинос

Читать далее

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Маркази савдою хизматрасонии «Суғдиён», коргоҳи дӯзандагӣ ифтитоҳ ва ба 150 нафар ятими кулл дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров туҳфа тақдим намуданд

Дар рӯзи якуми сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Маркази савдою хизматрасонии «Суғдиён»-ро, ки бо тарҳи хеле зебо ва муосир бунёд гардидааст, бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ ифтитоҳ намуданд.

Дар ин ҷо ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки сохтмони иншоот моҳи августи соли 2015 бо ҷалби зиёда аз 70 сохтмончии маҳаллӣ бо истифода аз масолеҳи сохтмонии истеҳсоли ватанӣ оғоз гардида, моҳи октябри соли  2020 ба анҷом расидааст.

Читать далее

Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд

15 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар чорабиниҳо бахшида ба 700-солагии зодрӯзи шоири тоҷику форс Камоли Хуҷандӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Дар фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарият ва фаъолони вилояти Суғд истиқбол гирифтанд.

Читать далее

Бори каҷ ба манзил намерасад

Имрӯз дар кишвари мо сулҳу субот ҳукмрон, ки мардумаш осуда осмонаш софу беғубор аст. Вале, баъзеҳо комёбиҳоеро, ки дар муддати хеле кӯтоҳи соҳибисиқлолӣ ба даст оварда шуд, дида наметавонанд. Худ барои ободии Ватани худ зодгоҳи худ хиште нагузошта, сулҳу суботи кишварро халалдор  карданӣ мешаванд. Ва беихтиёр ёдам меоянд, солҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ, дар кишвар. Охир, миллати тоҷик, ки боре барои ғасби кишваре силоҳ ба даст нагирифта буд, он солҳо силоҳро сӯйи ҳамватани худ равона кард.   

Вақте саҳнаҳои қатлу куштор, таҷовузу роҳзаниро аз филми мустанади «Хиёнат» тамошо кардам, нисбати ин хоинони Ватан нафрату адоватам боло гирифт. Зеро ақли солим ин ваҳшигарии инсонро нисбати инсони дигар асло қабул кардан намехоҳад.

Ҳазорон шукр, ки хиради азалии мардум боло гирифт. Халқ дӯстро аз душман фарқ кард, роҳи бахту саодатро интихоб кард ва имрӯзҳо Тоҷикистон ҳамчун кишваре, ки таҷрибаи сулҳофариаш дар манотиқи дунё омӯхта мешавад, шинохта шудааст. 

Ба хоинони милллат, ки аз хориҷа истода, ҳаёти осоиштаи моро халалдор карданӣ ҳастанд, гуфтаниям, ки имрӯз мардуми тоҷик он гумроҳони солҳои навадум нестанд. Шаҳди рӯзгори осоишта, соҳибисиқлолиро чашидаанд. Барои ҳифзи марзу бими худ муборизаи беамон бурда метавонанд.

Эй ватанфурӯшон, ононе, ки бароятон зарраи хоки Ватан ҳайф аст, донед, ки бори каҷ ҳаргиз ба манзил намерасад.

Манзура ҲАЛИМОВА,
омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики
МТМУ №44-ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

Хурӯҷи амалҳои иғвогарона аз ҷониби хоинон

Имрузҳо симои аслии Муҳиддин Кабирӣ маълум ва мардуми кишвари Тоҷикистон ӯро ҳамчун як нафари хоин ватанфурӯш ва нокасу палид мешиносанд. Ин хоини миллат дар Аврупо зиндагии муҳоҷирона дорад ва инсони дарбадар дур аз Ватан аст. Чунин аст ҷазои чунин касоне, ки Ватану миллати худро мефурӯшанд. Ва чунин хиёнаткорро на Ватан ва на ҷомеъа ҳеч гоҳ намебахшад. Зеро Ватану ватандорӣ ва Ҳукумат ба он вазифаи муқаддаси ҳар яки мо шаҳрвандон аст. Ӯ бошад хоини миллат ва ватанфуруш аз дур истода тариқи сомонаҳои интернетӣ суханҳои дуруғу фитнаангезро нисбати ҷомеъаи мо паҳн мекунад.

Маҷороҷуии навбатии ӯ дар Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтони ИМА ба вуқуъ омад. Аслан ТТЭ ҲНИ ва ташкилкунандаи онҳо ҳеч вақт ба фоидаи мардум кор накардааст. Доим мухолифи давлат астанд. Онҳо ҳамеша барои мақсади нопоки худ кор мекунанд. Имрӯз аз корҳои зишти онҳо тамоми дунё воқиф гардид. Онҳо ягон нияти нек надоранд. Имруз онхо бозичаи хориҷиён гардидаанд. Аз вақте, ки аъзои собиқ наҳзат  айни замон ТТЭ ҲНИ шуданаш ба халқу Ватани худ хиёнат карданро сар кардааст Муҳиддин Кабирӣ муддати чанд сол аст, ки мардуми Тоҷикистонро осуда зиндагӣ кардан намемонад ва аз хориҷа истода обруи нуфузи Тоҷикистонро бо суханҳои дуруғу бемаъниаш дар арсаи чаҳон паст кардан мехоҳад. Новобаста аз таҳдиду ҳаракатҳои ҲНИ мо итминон дорем, ки ваҳдату якдилӣ ва сулҳу суботи кишвари Тоҷикистон бебозгашт аст. Ва имруз он дасисабозҳои хоинони миллат, ки нисбати халқи мо мекунанд ҳеҷ гоҳ ба мақсади нопоки худ намерасанд.

Тавре ҳамаи мо иттилоъ дорем собиқ Раиси Ҳизби Наҳзати Исломи Муҳиддин Кабирӣ чанд маротиба аст, ки ба воситаи шабакаҳои интернетӣ гӯё гуфтугӯи рӯ ба рӯ анҷом дода истодааст. Кабирӣ дар суханронии навбатиаш ки дар Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтони ИМА гузашт, бо кушиши ноком нишон додани фаъолияти мақомоти давлатии Тоҷикистон, ғайридемократӣ баргузор шудани интихоботро кард, ки ин суханҳо албатта асоси воқеӣ надоранд.

Умуман суханрониҳои М. Кабирӣ баръало эҳсос мешавад, ки ҳадафи аслии ӯ ҷоҳталабӣ, иғвогариву тафриқаандозӣ байни мардум, ва паст намудани нуфузи Тоҷикистони демократӣ дар арсаи байналхалқӣ мебошад. Ӯ мехоҳад таҷрибаи солҳои ҷанги шаҳрвандӣ роҳандозӣ кардаи Ҳизби Наҳзати Исломиро бори дигар идома дода, барои мардумро гумроҳ кардан саъю талош варзад.

Бобоев А. – н.и.ҳ., дотсент, мудири кафедраи
 ҳуқуқи конститутсионии ДДҲБСТ

Читать далее