20 October 2020

Ифтитоҳи маркази хизматрасонӣ ва чойхонаи “Роҳат” дар ноҳияи Спитамен

19 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ ба ноҳияи Спитамен сафари корӣ анҷом дод.

Нахуст бо иштироки Раиси вилоят дар Ҷамоати деҳоти Сарбанд маркази хизматрасонӣ ва чойхонаи “Роҳат” мавриди истифода қарор гирифт. Иншооти мазкур дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда, аз ду ошёна иборат аст. Маркази хизматрасонӣ ва чойхонаи “Роҳат” аз тарафи соҳибкор Ҷамшед Бозоров бо харҷи беш аз як миллион сомонӣ бунёд гардида, он ба сокинону меҳмонони ноҳия хизмат мерасонад.

Читать далее

ХИЗМАТ БА ВАТАН ОИНИ ҶАВОНМАРДИСТ

Ҷавонони бонангу номуси мо хуб дарк мекунанд, ки хизмат ба Ватан барои онҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагист. Насли ҷавон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат хизмат намуда, муҳимтарин мактаби обутоби ҳаётро паси сар мекунанд. Маҳз, дар ҳамин ҷо ҷавонписарон дарси шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муҳофизат кардани хоки поки Ватанро ёд мегиранд. Хизмати ҳарбӣ нишонаи равшани эҳсоси ватандӯстӣ, дарки зарурат ва аҳамияти ҳимояи манфиатҳои давлат ва халқи Тоҷикистон мебошад.

Алҳол маъракаи даъвати тирамоҳӣ ҷараён дорад, ки ҷавонони далеру шуҷои Ватан бо руҳияи баланди ватандӯстӣ, ихтиёрӣ имрӯз барои хизмати Модар - Ватан раҳсипор гардида истодаанд.

Эҳсоси ватандӯстонаи чанде аз ҷавононеро, ки дар рафти суҳбат баён намуданд, манзури хонандагони рӯзнома мегардонем.

Алишер Рауфов аз ноҳияи Спитамен буда, иброз намуд, ки ҳифзи марзу буми кишвар яке аз вазифаҳои муҳимтарини ҳар як сокини мамлакат ба ҳисоб меравад. Имрӯз ҷавонони бонангу номуси мо хуб дарк намуданд, ки хизмат ба Ватан шараф ва номуси ҷавонмардӣ ба ҳисоб меравад.

Ҷавонони далеру шуҷои Ватан хизмат ба халқу миллатро пешаи худ қарор доданд. Худ ҳангоми рӯзи дарҳои кушод, ки дар қисмҳои низомӣ баргузор гардида буд, шоҳиди он гардидам, ки шароити хизмат дар қисмҳои низомии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар беҳтар аст.

Шокир Абдуллоев - даъватшаванда аз ноҳияи Деваштич дар суҳбат гуфт, ки бо ихтиёри худ ба хизмати Ватан – Модар раҳсипор шудам, зеро Ватани азизамро дӯст медорам. Мо бояд ҳама суханҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дарк намуда, ба боварии он кас бештар сазовор гардем. Нагузорем, ки осудагиву оромии кишвари моро касе халалдор намояд. Хизмат дар сафи Артиш на танҳо қарзи фарзандӣ, балки ифтихор ва шарафи бузург аст. Ҷавонони матиниродаи миллати тоҷик бояд бо хоҳиши худ баҳри ҳимояи Ватан - Модар раванд. Аз хизмати Ватан саркашӣ накунанд. Хизмат худ мактаби ҷасорату матонат ва худшиносиву ходогоҳӣ мебошад. Ваъда медиҳам, ки бо сари баланд хизмати Ватанро адо намуда, назди падару модари худ бармегардам.

Ҳусейнбой Ҷабборов - даъватшаванда аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар сӯҳбат гуфт, ки баъди хатми мактаби миёна ихтиёран худ ба хизмати Ватан – Модар раҳсипор шудаам, зеро Ватани азизамро дӯст медорам ва хизмат намудан, ҳифз намудани марзу буми миллати куҳанбунёди хешро барои худ шараф медонам.

Номбурда мегӯяд, ки дигар ҷавонон низ ба Ватан содиқона хизмат кунанд ва ба ҷавононе, ки аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ мекунанд, муроҷиат карданист, ки хизмат намудан ба Ватан қарзи инсонии ҳар шаҳрванди Тоҷикистон аст. Зеро ҷавонони чусту чолоки худамон бояд Ватанамонро ҳимоя ва обод кунанд. Имрӯз агар мо - ҷавонони саодатманд Ватани худро дар ҳифзу ҳимояи худ нигоҳ надорем, оромиву осудагии мардумро каси дигар таъмин наменамояд.

Боиси хушнудист, ки имрӯзҳо садҳо ҷавонмардони баору номуси диёрамон бо амри дил баҳри ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими Истиқлолият ва иқтидори мудофиавии он барои хизмати содиқона ба Ватан- Модар ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ сафарбар шуда истодаанд. Онҳо хуб медонанд, ки дӯст доштани Ватан дӯст доштани модар аст ва бо дарки чунин масъулият омоданд, ки қарзи ҷавонмардии худро иҷро намоянд.

Барои ҷавонон хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мактаби обутоби зиндагӣ ба ҳисоб меравад. Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи кишвар баҳри хидмати сарбозон дар қисмҳои низомӣ тамоми шароит муҳайё гардидааст, ки аскарон метавонанд, бе ягон мамониат хизматро ба ҷо оранд. Бинобар ин ҳамаи ҷавононро зарур аст, ки аз хизмат намудан ба Ватан - Модар саркашӣ нанамуда, баръакс барои дифо намудани он ҳамеша омода бошанд.

Истамҷони НАҶМИДДИН,

“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

Захираи озуқа - анъанаи миллӣ

Анъанаи неки тоҷикон, ки аз рӯзгори бостон барои мо мондааст, захира кардани маҳсулоти барои рӯзгор зарурист. Захираи озуқа ҳама вақт барои оянда нигоҳдорӣ шуда, вақти эҳтиёҷ аз он истифода мебаранд. Дар солномаҳои таърихӣ маълумот дар бораи захираи неъматҳо хеле зиёд ба назар мерасад. Дар китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров маълумоте оварда шудааст, ки дар Суғди Самарқанд бинобар хеле фаровон будани ангур шароби бисёре дар ҳавлиҳои боён солҳо нигоҳ дошта мешуд.

Дар давраи ҳукмронии Хохоманишиҳо бошад, захираи гандуму дигар ғалладонагиҳо аз ҳисоби аҳолӣ ҷамъоварӣ шуда, дар анбор нигоҳдорӣ мешуд. Дар хонаи рамзии Хоҷа Камоли Хуҷандӣ, ки воқеъ дар шаҳри Хуҷанд аст, дар яке аз хонаҳо чор хуми калон ҳаст, ки дар онҳо гандум, шолӣ, равған ва об нигаҳдорӣ шудааст. Намунаи захираи маҳсулоти гӯштӣ: хушконидану дар равған бирён кардани гӯшти қоқи намакин, ғалладонагиҳо, аз қабили мошу лӯбиё, нахӯд, ҷуворимакка ва нони хушк неъматҳоеанд, ки дар хонадони мардум нигаҳдорӣ мешуданд.

Барои равшанӣ андохтан ба ин масъала ва ҷавоб додан ба суоли «Оё захира доред?» ба сокинони шаҳру навоҳӣ муроҷиат намудем.

Бисолеҳа Махсумова - сокини ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ:

- Аз рӯзе, ки худро мешиносам, медонам, ки падару модарам барои зимистонгузаронӣ ҳанӯз аз оғози фасли баҳор омодагӣ медиданд. Дар ёд дорам, ки азбаски таҳхона надоштем, захираи анвои хӯрданиро падарам чуқурии калоне кофта, дар хумҳо ҷо дода, болояшро бо хок мепӯшониданд. Он то дер нигоҳ дошта шуда, сифаташ тағйир намеёфт. Захираи озуқаи мо то аввалҳои фасли тобистон, айёми пухтарасии ҳосили нав бемалол мерасид. Мо аз бозор танҳо қанду набот, намаку боз чанде маҳсулоти ниёзи аввал мегирифтему халос. Дар оила нӯҳ фарзанд – чаҳор писару панҷ духтар будем. Албатта, хӯрондану пӯшондани оилаи калон барои падару модарам мушкил буд. Бо вуҷуди ин ҳамеша дар хонаамон захира буд. Сақфи ду хона, ки хонаи «меваҳо»-ю хонаи «ангурдор» мегуфтем, аз захираи себу нок, анору ангур пур буд. Падарам ҳангоми ҳосилғундорӣ таъкид мекарданд, ки ҳамаи меваҳоро албатта, бо чӯбакаш аз дарахт канем. Баъди ба навъҳо ҷудо кардан ба чӯбаки меваҳо ресмон баста, онро ба сақфи хона, ки аз мехчаҳо пур буд, меовехтем ва осуда будем, ки мо гурусна нахоҳем монд. Ин анъанаи падару модарамро ман ҳамеша дар ёд нигоҳ медоштам ва имрӯз онро идома медиҳам. Зеро захира кардан, аз як тараф, барои дилпурӣ бошад, аз тарафи дигар, тамоми сол анвои хӯрданӣ дар хонадон муҳайёст.

Абдукарим Абдуқаюмов – нонво аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров:

- Нон. Баробари ба забон овардани ин калима дар пеши назари мо неъмати қиматтарини дунё падидор мешавад, зеро онро аз замонҳои қадим одамон, аз ҷумла аҷдодони мо азиз медоштанд. Нон неъмати муқаддас аст. Бе нон на хушбахтӣ ҳасту на ҳаёт. Имрӯз истеъмолкунандагон нону кулчаҳои гуногунро аз дӯкону мағоза ва бозорҳо харида, ҳатто баъзе намедонанд, ки то ба дасти онҳо расидан ин неъмати зиндагӣ чӣ қадар роҳи душворро тай мекунад. Бо азобҳои зиёде нон шоҳи дастархон шудааст. Мутаассифона, баъзеҳо аксар вақт фаромӯш мекунанд, ки нон бо чӣ гуна душвориҳо ба даст меояд. Онро аз миқдори зарурӣ зиёд мехаранд, нонрезаро ба партовқуттӣ мепартоянд, ба чорво медиҳанд. Азбаски аҳли оила нонво ҳастем, бештар нонҳои обаш гурехтаро, ки ба фурӯш намераванд, бозпас мегирем. Онро ба қисмҳои хурд-хурд бурида, хушк мекунем ва барои оянда нигоҳ медорем. Охир, аз нони қоқ хуришҳои гуногун тайёр кардан мумкин аст. Ҳамсарам барои фарзандон махсусан дар фасли зимистон пироги себдор, кулчаи панирӣ, кулчаи тухмдор, нони бирён бо панир, хуриши картошкагӣ бо нон ва дигар намуди таомҳоро омода месозад. Модарам мегӯянд, ки агар дар хона орду равған бошад, ҳеҷ гоҳ гурусна нахоҳӣ монд. Бинобар он ин намуди маҳсулотро ҳамеша захира менамоям.

Соҷида Миркамолова – соҳибхоназан аз ноҳияи Конибодом:

- Тобистону тирамоҳ фаслҳоест, ки тамоми меваю сабзавот мепазанду дастархони мардум ба шарофати он хеле обод мегардад. Хушбахтона, Тоҷикистон кишварест, ки бо тамоми нозу неъматҳояш машҳури ҷаҳониён гаштааст. Таъми меваҳои шаҳдбору сабзавоти сервитамини онро дар ҳамаи фаслҳои сол чашидан мумкин аст. Барои ин кадбонуҳои моҳирро мебояд, ки захира намоянд.

Рафҳои таҳхонаи ҳавлии мо аллакай бо намудҳои гуногуни консерва пур аст. Зеро аз оғози фасли тобистон мо ҳамроҳи арӯсону духтарон барои захира кардани меваю сабзавот ва дигар полезиҳо тариқи консерва ҳаракат менамоем. Шарбату мураббои зардолую олуча, шафтолую марминҷон, ангуру себ, гелосу шоҳтут ва дигар мевагиҳоро дар зарфҳо захира намудаем. Инчунин, помидору бодиринг, караму қаламфури булғорӣ, ки тариқи консерва нигоҳдорӣ мешаванд, аз як тараф, агар ҳамчун хуриш истифода шавад, аз тарафи дигар, ҳар яке дар алоҳидагӣ хусусиятҳои давогӣ дошта, барои организми инсон муфид аст. Боқило сабзавотест, ки тамоми фаслҳои сол онро истеъмол кардан муфид аст, агар дар зарфҳо консерва шуда бошад. Хуриши хушлаззате, ки аз боқилою сабзӣ, помидору қаланфури булғорӣ, равғану лӯбиё омода мешавад, таоми тайёрест ҳангоми зарурат.

Эркин Бойбӯтаев – иҷоракори Хоҷагии деҳқонии ба номи Абдураҳим Ҷумъаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров:

- Азбаски деҳқонзода ҳастам, ҳамеша дар ҳавлиамон барои эҳтиёҷоти аҳли оила захираи шолиро нигоҳ медорам. Аз оғози фасли тобистон ҳамсарам ҳамроҳи фарзандонам аз тамоми мевагиҳо ва сабзавоту полезиҳо дар зарфҳои шишагӣ консерва мекунанд. Агар онҳо барои истеъмоли ҳаррӯза дар фасли сармо истифода шаванд, захираи шолӣ сарфи эҳтиёҷоти дигари рӯзгор мешавад. Зеро аз як тонна шолӣ 650 - 700 килограмм биринҷ ба даст овардан мумкин аст. Дар ҳолатҳои зарурӣ биринҷро ба бозор бароварда, аз маблағи бадастомада чизҳои барои рӯзгор лозимаро харидан мумкин аст.

Нигоранда

Шоира САЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Спитамен: Истифодаи оқилонаи замин омили беҳдошти зиндагӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо таъкид месозанд, ки ба самаранок истифода бурдани замин ва рӯёнидани на кам аз ду ва се ҳосили дилхоҳ кӯшиш ба харҷ диҳем ва ҳар як ваҷаб заминро оқилона истифода барем.

Рӯёнидани на кам аз се ҳосил дар як сол, инчунин, баланд бардоштани ҳосилнокии ҳама намуди зироатҳои кишоварзӣ дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Спитамен хуб ба роҳ монда шудааст.

Шукронаи сулҳу ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, ки барои дастгирии соҳаи кишоварзӣ таваҷҷуҳ сол аз сол меафзояд.

Сокини Ҷамоати деҳоти Тағояк, собиқадори меҳнат Эркин Маъмуров замини наздиҳавлигии худро, ки 7 садяк аст, самаранок истифода менамояд ва аз ин ҳосили баланд мерӯёнад.

- Ман омӯзгор будам. Баъди ба нафақа баромадан бо аҳли оила дар замини наздиҳавлигии худ меҳнат менамоям, - гуфт номбурда.

Дар замини наздиҳавлигӣ сабзавот ва меваҷоту дигар навъи зироатҳои хоҷагии қишлоқ, аз ҷумла зардолу, олу, шафтолу, себ, анор, гелос, биҳӣ, анҷир, чормағз, инчунин лимӯ низ парвариш карда мешавад, ки аз он оила даромади хуб мегирад.

Дар қатори ин меваҷот, инчунин зироатҳои мавсимӣ, аз қабили картошка, пиёз, помидор, каду, қаланфури булғорӣ, сабзӣ, бодиринг, турб, шалғам, райҳон, гулҳои мавсимӣ кишт карда, аз зироатҳо ду-се ҳосил гирифта мешавад.

П. ПИРОВ,

ноҳияи Спитамен

Читать далее