22 October 2020

Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба муносибати аз нав интихоб гардидан ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ номаҳои табрикотӣ ворид мегарданд.

Президенти Ҷумҳурии Корея Мун Чже Ин дар номаи шодбошии худ ба унвонии Президенти Тоҷикистон чунин менигорад:

Читать далее

ТАҲАВВУЛОТИ МАДАНӢ ВА ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ НАСЛИ ХУДОГОҲ

Дар сомонаи Оҷонсии миллии иттилотии «Ховар» нашр шудани андешаҳои Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа таҳти унвони ”Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва таҳаввулоти маданӣ дар Тоҷикистон” паҳлуҳои зиёди фаъолияти бобарори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар мавриди расидан ба истиқлолияти комили давлатӣ кушода медиҳад.

Воқеан ҳам, пас аз нобасомониҳои аввали солҳои навадуми асри гузашта касе умедвор набуд, ки миллати тоҷик таҳти сарварӣ ва роҳнамоии Роҳбари оқилу сарсупурдааш ба чунин дастовардҳои азиму нодир хоҳад расид. Академик Абдуҷаббор Раҳмонзода бо мисолҳои возеҳ чӣ тавр аз давлатсозӣ ба давлатдории миллӣ расиданро баён дошта, қайд намудааст, ки бузургтарин неъмат ва дастоварде, ки халқи тоҷик ба он зафарёб шуд, ин дар мадди авввал гузоштани хиради воло, гузашт аз гуноҳи якдигар ва фаротар аз он, бо дасту дили тоза ба бунёдкориву созандагӣ оғоз намудан буд.

Тибқи мушоҳидаҳо, яке аз афзалиятҳои пешрафти кишвар ва нуқта гузоштан ба якдигарнофаҳмӣ он аст, ки дар тинати мо инқилоби маданӣ, ё ба таъбири дигар, таҳаввулоти маданӣ ҷӯш зад. Дар зеҳну тафаккури мардум андешаи он сар зад, ки миллатамонро ба ҷуз худамон дигар касе соҳибӣ ва обод нахоҳад кард. Калиди ҳама муваффақиятҳо дархӯри розу ниёзи мардум будани сиёсати давлатдории Сарвари олишони мост. Маҳз, дар шароити тангнои иқтисодиву иҷтимоӣ, вақте пушти сангарҳо ва дараҳои касногузар душманони миллат камин гирифта, ҳар лаҳза мехостанд, оромиро халалдор созанд, аз пайи истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ ва эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона шудани Пешвои муаззами миллат дурнамои хоҷагии халқ ва самтҳои фаъолияти аҳли ҷомеаро муайяну мушаххас намуд.

Дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ дар ҷодаи татбиқи се ҳадафи стратегии Ҳукмати ҷумҳурӣ борҳо инъикос гардидаву муаллиф онҳоро мӯйшикофона муаррифӣ намудааст. Дар ин радиф ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардидани саноатикунонии босуръатро иқдоми саривақтӣ меҳисобад. Ҳоло кишвари мо дар марҳалаи оғози бесобиқаи навоварӣ ва таҳаввулоти техникӣ қарор дорад. Таҳаввулоти техникӣ маҳз аз таҳаввулоти маданӣ маншаъ мегирад. Мусаллам аст, ки мо дар ҷодаи омӯзиш ва густариши илмҳои гуманитарӣ қадами устувор мегузорем. Ҳамасола даҳҳо нафар олимон, хоса ҷавонон дар риштаҳои илмҳои гуманитарӣ ба дарёфти унвонҳои илмӣ мушарраф мешаванд. Мардум тавассути олимони соҳа аз ғановати осори адабиву илмӣ огоҳии бештар пайдо менамоянд. Ба ин васила ҳувият ва ифтихори миллии шаҳрвандон боло рафта истодааст. Соли равон ба соли 2010 – ро “Соли фарҳанги техникӣ” эълон кардани Пешвои муаззами миллат як даҳсола сипарӣ гардид. Дар самти рӯ овардан ба илмҳои техникӣ, дақиқ ва табиӣ дар ин давра ба дастовардҳои зиёд соҳиб шудем. Аммо таҷрибаи давлатҳои пешрафта ҳар лаҳза моро ҳушдор медиҳад, ки дар самти бедории тафаккури техникӣ ҳанӯз дар саргаҳи инқилоби техникӣ қарор дорем.

Тавре дар мақола таъкид шудааст, яке аз омилҳои муҳими таҳаввулоти маданӣ ба рушди бесобиқаи илму маориф, санъату фарҳанг ва дастгирии ин самтҳои афзалиятнок алоқаманд мебошад. Сарвари давлат аз рӯзҳои аввали ба даст гирифтани зимоми давлатдорӣ ба ин соҳаҳо аҳамияти ҷиддӣ дода, махсусан дар ду даҳсолаи охир наврасону ҷавононро ба илмомӯзӣ, забономӯзӣ ва дуруст аз бар кардани нозукиҳои касби дӯстдоштаашон даъват мекунанд ва барои беҳтар шудани сатҳу сифати таълим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир менамоянд. Мақсади Сарвари давлат аз ин ташаббусҳои наҷиб аз он иборат аст, ки бояд мактабу маориф барои васеъ гардидани доираи дониши наврасон самаранок истифода гарданд ва манфиат ба бор оваранд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, шахсан Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода, тибқи чунин ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо назардошти соҳаи афзалиятноки самти иҷтимоӣ эълон гардидани соҳаи маориф, ба рушду инкишофи он, босифат тайёр намудани кадрҳои баландихтисос, баланд бардоштани сатҳу сифати донишандӯзии хонандагону донишҷӯён дар ҳамаи намудҳои муассисаҳои таълимӣ диққати махсус медиҳад, нисбати кормандони соҳаи маориф, бахусус омӯзгорон ғамхориву дилсӯзӣ ва эҳтироми беандоза зоҳир менамояд.

Дар соли равон аз таъмири куллӣ ва ҷорӣ баровардани 225 муассисаи таълимӣ, танҳо дар давоми як моҳи охир мавриди истифода қарор гирифтани чандин муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ дар шаҳру навоҳии Панҷакент, Мастчоҳ ва Ашт бо иштироки Пешвои муаззами миллат ва рӯйдоди фараҳбахши дигар бо ширкати меҳмонони олиқадр аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон баистифодадиҳии муассисаи таълимии замонавӣ дар ноҳияи Спитамен бозгӯи гуфтаҳои болоист.

Таъсису роҳандозӣ намудани Ҷоизаи Раиси вилоят дар соҳаи маориф, стипендияҳои номии Раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, татбиқи имтиёзҳои муқарраргардида ба мутахассисони ҷавон, ҳамасола ба фароғату истироҳат ройгон ҷалб гардидани омӯзгорони собиқадору навовар, дастгирии моддиву маънавии ғолибони олимпиадаҳои сатҳи байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ, инчунин баргузор намудани озмунҳои соҳавии вилоятӣ - «Беҳтарин муассисаи таълимӣ», «Беҳтарин муассисаи томактабӣ», «Беҳтарин омӯзгори ҷавони сол» аз тадбирҳое мебошанд, ки барои баланд бардоштани сатҳ ва сифати таълиму тарбия такони тоза мебахшад.

Натиҷаи ҳамин таваҷҷуҳу ғамхорӣ аст, ки дар панҷ соли охир омӯзгорону мураббиёни вилоят дар озмуни ҷумҳуриявии “Омӯзгори соли Тоҷикистон” ва “Мураббии соли Тоҷикистон” ғолибият ба даст меоранд. Дар ин радиф танҳо дар як соли охир дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ 130 нафар хонандаи муассисаҳои таълимии вилоят соҳиби мақомҳои ифтихорӣ гардиданд. Боиси хушнудист, ки аз рӯи натиҷаҳои ҷамъбасти аттестатсияҳои хатми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар соли таҳсили 2019 - 2020 12 нафар ба дарёфти медали тилло, 3 нафар ба гирифтани медали нуқра мушарраф гардиданд.

Агар мо хоҳем, ки давлатамон пешрафтаву нерӯманд ва ҷомеаи кишварамон осудаву мутамаддин бошад, коре кунем, ки фарзандонамон босаводу донишманд бошанд, дастовардҳои навини илму технологияҳои инноватсиониро азхуд намоянд, ду забони хориҷӣ, бахусус русӣ ва англисиро ба мисли забони модарӣ донанд ва ҳамқадами замон бошанд. Нуктаи мазкур дар мақолаи пурмуҳтавои “Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва таҳаввулоти маданӣ дар Тоҷикистон” бори дигар ба таври мушаххас таъкид шудааст: “Ҳоло наврасоне пайдо шудаанд, ки бо ду ва ё се забони хориҷӣ ҳарф мезананд ва тарҷумонӣ мекунанд. Бояд кӯшиш кард, ки сафи чунин наврасон зиёд гарданд ва онҳо дар ҷомеа чун пайравони Пешвои миллат муаррифӣ шаванд.

Дар ин кори муқаддас агар падару модар, мактаб ва ҷомеа дар ҳамкории зич фаъолият дошта бошанд, мо ин иқдоми Сарвари ватандӯсти худро ба таври комил татбиқ намуда метавонем».

Дар робита бо ин масъала бояд гуфт, ки тибқи “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020”, дар муассисаҳои таълимии вилоят маҳфилҳои забонҳои русию англисиро барои мукаммал гардонидани дониши хонандагон фаъол гардонида, ҳафта, моҳонаи забондонӣ, озмунҳои “Шеърхони беҳтарин”, “Донандаи беҳтарини забонҳои англисӣ ва русӣ” натиҷабардорӣ карда мешаванд.

Тибқи нақшаи чорабиниҳо, дар муассисаҳои таълимӣ ҳар сешанбе - рӯзи забони русӣ ва ҳар чоршанбе - рӯзи забони англисӣ эълон гардидааст. Дар гурӯҳҳои калон ва тайёрӣ ба мактаби кӯдакистонҳо омӯзиши ин забонҳо ба роҳ монда шудааст. Дар чунин муассисаҳо машғулиятҳои таълимӣ аз забонҳои русӣ ва англисӣ аз синни 4 - солагӣ бо хоҳиши волидайн роҳандозӣ мегардад.

Соли 2020 баҳри омӯзиш ва ҷараёни таълими забонҳои русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои таълимии вилоят шумораи кабинети лингафонӣ ба 44 адад расонида шуд.

Дар даври ҷумҳуриявии сессияи 41 - уми Академияи хурди илмҳо аз вилояти Суғд дар бахши забонҳои русӣ ва англисӣ 70 нафар хонанда иштирок намуда, 13 нафар ба гирифтани унвони узви вобаста, 17 ҷойи якум, 20 ҷойи дуюм ва 12 ҷойи сеюм мушарраф гардиданд. Дар назди Маркази таҳсилоти иловагии вилоят ду маҳфили забонҳои русӣ ва англисӣ бо ҷалби 50 талаба ва дар шаҳру ноҳияҳо 131 маҳфили забонҳои русӣ ва англисӣ бо ҷалби 1408 толибилм ройгон амал мекунад.

Соли таҳсили 2019 - 2020 дар олимпиадаи вилоятии фаннии хонандагони синфи 5 - 11 зиёда аз 360 толибилми лаёқатманди шаҳру ноҳияҳо аз фанҳои забонҳои русӣ, забон ва адабиёти рус ва забони англисӣ ширкат варзиданд. 24 нафар ғолибон дар даври ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ шуданд. Омӯзгори фанни забони англисии литсейи физикӣ - математикии №1 - уми шаҳри Хуҷанд Дилафрӯз Умарзода ғолиби озмуни “Омӯзгори соли Тоҷикистон - 2019” дониста шуд.

Дар шаҳри Хуҷанд Маркази илмию фарҳангии Россия чун системаи иттилоотӣ ва таълимӣ фаъолият дошта, имкони дастрасӣ ба маълумоти бештари илмӣ ва таълимиро аз Россия фароҳам меорад ва дар самти омӯзиши забон ва фарҳанги русӣ дар заминаи усулҳои пешрафтаи таълим ва барномаҳои таълимӣ мусоидат мекунад. Раёсати маорифи вилоят бо ин марказ ҳамкории густурдаро ба роҳ мондааст.

Тавре Пешвои муаззами миллат дар суханронии худ бахшида ба Рӯзи дониш таъкид намуданд, дар шароити кунунӣ илму дониш нишондиҳандаи асосии дараҷаи инкишофи ҳар як давлату миллат буда, бо раванди рушди нерӯи инсонӣ робитаи мустақим дорад. Аз ҳамин хотир, солҳои 2020 – 2040 “Солҳои омӯзиш ва рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ” эълон гардид. Шарти асосии амалӣ кардани ин ҳадаф беҳтар намудани сатҳу сифати таҳсилот, ҷорӣ кардани усулҳои нави таълим ва самаранок истифода намудани соатҳои дарсӣ дар муассисаҳои таълимӣ мебошад. Академик Абдуҷаббор Раҳмонзода низ таҷрибаи кишварҳои мутараққиро ҷиҳати фарогирии илму технологияи муосир барои насли ҷавон бисёр муҳим мешуморад.

Алҳол дар муассисаҳои таълимии вилояти Суғд 1 ҳазору 122 синфхонаи компютерӣ, 18 ҳазору 973 компютер, 2 ҳазору 832 принтер мавҷуд буда, 604 тахтаи электронӣ ва 872 проектор мавриди истифода қарор доранд. Танҳо соли 2020 муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимии вилоят бо 491 компютери ҳозиразамон таъмин гардиданд. Дар ин давра 85 тахтаи электронӣ харидорӣ шуда, дар доираи татбиқи “Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018 - 2020 “ 336 адад кабинет ва озмоишгоҳҳо ташкил гардиданд. Маврид ба зикр аст, ки 845 муассисаи таълимии вилоят бо шабакаи байналмилалии интернет пайваст мебошанд.

Тавре муаллифи мақола менигорад, насле, ки имрӯзҳо дар Ватани маҳбубамон ба воя расида истодааст, завқи баланди техникӣ доранд, бо барномаҳои компютерӣ ва технологияҳои дигари иттилоотию иртиботӣ ба таври шоиста шинос мебошанд, аз уҳдаи ҳифзи маълумот мебароянд, истеъдоди кашф карданро доранд ва ихтироъкориро дӯст медоранд. Бо амалӣ гардидани ин ташаббуси созандаи Президенти мамлакат тафаккури техникӣ рушд карда, насли ба истилоҳ, технократ пайдо мешавад.

Вақти он расидааст, ки дар марказҳои шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла дар мактабҳо, литсейҳо бояд клубҳои ихтироъкорони ҷавон аз нав таъсис ёбанд ва тарҳрезию моделсозӣ бо усулҳои муосир ва бо истифода аз технологияҳои нав ба роҳ монда шаванд.

Бо назардошти ин, дар ҳудуди вилояти Суғд 28 Маркази таҳсилоти иловагӣ фаъолият мебарад. Айни ҳол ба маҳфилҳои муасиссаҳои таҳсилоти иловагии вилоят 20 ҳазору 200 нафар хонанда ҷалб гардидааст, ки 1 ҳазору 846 гурӯҳ ва 641 маҳфилро ташкил медиҳад.

Ҳамасола дар самти баланд бардоштани дониши онҳо ва тақвият бахшидани малакаю истеъдодашон корҳои муайян ба иҷро мерасанд. Аз ҷумла, пирӯзии хонандагони вилоят дар озмуни байналмилалии «Робототехника», ки аз ҷониби созмони бонуфузи амрикоии «Fiқst gloӣall challangӯ - 2019» дар шаҳри Дубай доир гардид, дар миқёси кишвар бори нахуст мебошад. Ё худ дар озмуни “Беҳтарин лоиҳаи иҷтимоӣ”, ки бо дастгирии Созмони байналмилалии хазинаи кӯдакон (ЮНИCЕФ) роҳандозӣ шуд, аъзои фаъоли маҳфилҳо 54 лоиҳаи иҷтимоиро пешниҳод намуданд.

Академик Абдуҷаббор Раҳмонзода дар ҳошияи эълон гардидани озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” таъкид намудааст, ки рӯ овардан ба китоб, мутолиаи ахбори нав, фаъол гаштани ҷомеа дар ин самт ва баргузор намудани ду озмуни ҷумҳуриявӣ ба ташаккули таҳаввулоти маданӣ, барҳақ, мусоидат карданд.

Далели ин гуфтаҳо дар вилояти Суғд низ равшан ба назар мерасад. Соли равон, новобаста ба мушкилоту муаммоҳои бамиёновардаи бемории сироятии COVID – 19, дар сатҳи баланди омодагию ташкилӣ ҷараён гирифтани озмунҳои мазкур ва танҳо барои қадршиносии ғолибони даври вилоятии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷудо гардидани зиёда аз 250 ҳазор сомонӣ маблағ худ бурҳони қотеъ мебошад.

Дар умум, андешаҳои ҷолиби муаллифи мақола дастури амал барои падарону модарон, омӯзгорону мураббиён, устодони муассисаҳои таҳсилоти миёнаву олии касбӣ ва аҳли ҷомеа дар самти таълиму тарбия маҳсуб гардида, тақозо менамоянд, ки наврасону ҷавонон бо дарки масъулияти баланди фарзандӣ, донишу ҷаҳонбинии муосир, одобу ахлоқи ҳамида, эҳтиром ба волидайну дӯстон, устодону омӯзгорон, калонсолону барҷомондагон ва бо арҷгузорӣ ба арзишу муқаддасоти Ватан дар рушди давлатдории миллиамон фаъолона ширкат варзида, насли бонангу номус, далеру шуҷоъ ва соҳибватан будани худро дар амал исбот намоянд.

Осим КАРИМЗОДА,
сардори Раёсати маорифи вилоят, доктори илмҳои
таърих, профессор

Читать далее

Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбарияти ҶДММ “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой”

Нимаи дуюми рӯзи 21 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода роҳбарияти ҶДММ “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой”-ро ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат ҷонибҳо аз густариши робитаҳои судманд изҳори қаноатмандӣ намуда, дурнамои ҳамкориҳоро баррасӣ намуданд.

Раиси вилоят изҳор дошт, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноатикунонии кишвар ҳадафи стратегӣ эълон гардида, дар ин росто барои расидан ба ин ҳадаф аз тамоми имкониятҳо истифода бурда мешавад.

Читать далее

Шаҳристон: Нақшаи истеҳсолии картошка пурра ба иҷро расид

Дар ноҳияи Шаҳристон картошка яке аз зироатҳои асосӣ маҳсуб мешавад. Деҳқонон соли равон ба майдони 1348 гектар кишти зироатҳоро гузарониданд, ки нисбат ба соли пешин 148 гектар зиёд аст. Ба санаи 20 октябр дар секторҳои давлатӣ наздик 30 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ гардид, ки ин нишондод 100 фисади нақшаи солонаро ташкил дод. Дар ин хусус зимни сӯҳбат сардори Раёсати кишоварзии ноҳия Хуршед Расулбердиев афзуд:

-Дар ноҳия 13 кооперативи истеҳсолӣ ва 2338 хоҷагии инфиродӣ амал мекунад, ки дар ҳамаи онҳо картошка кишт карда шудааст. Бо назардошти иқлими ноҳия имсол ҷамъоварии ҳосил хуб ба роҳ монда шуда буд ва ин омил боис гашт, ки нисбат ба соли гузашта 9 ҳазору 630 тонна зиёд ҳосил рӯёнида шуд.

Фаровонҳосилии имсола боиси пастшавии арзиш ва афзудани ин навъи маҳсулот дар бозорҳои шаҳрҳои Истаравшану Хуҷанд, Гулистон, Бӯстону Истиқлол ва берун аз он гардидааст.

- Алҳол нархи яклухтгирии ин навъи маҳсулот 2 - 2,5 сомониро ташкил медиҳад, - гуфт зимни сӯҳбат деҳқони собиқадор Худойқул Ҷӯраев. Омили асосии фаровонҳосилии имсола  бошад, асосан аз беҳтар гаштани вазъи обрасонӣ аст, ки соли равон таъминоти об аз тарафи бахши истаравшании Хоҷагии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия хоҷагиҳои картошкапарвар бо об ба қадри кофӣ таъмин карда шуданд.

Ҳамин тавр картошкапарварони ноҳияи Шаҳристон иҷрои нақшаи солонаи истеҳсоли картошкаро пурраву пешакӣ ба иҷро расониданд, ки ин дастоварди хешро чун туҳфаи хоксорона ба ҷашни солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб медонанд.

Маъмурахон САМАДОВА

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Хиёнат - амали ноҷавонмардона

Филми ҳуҷҷатии “Хиёнат”, ки симои манфури наҳзатиёнро аз таърихи пайдоишаш то ба имрӯз ошкоро, ба таври воқеӣ бо асноду далелҳои раднашаванда рӯи навор овардааст, амри воқеӣ ва зарурияти таърихӣ мебошад. Дар филми мазкур хусусан рафтору амалиётҳои хиёнаткоронаи ҳизби мамнуъшудаи наҳзат дар солҳои 90-ум, ки оқибат ба ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ сабаб гардид, ба таври ҳақиқӣ бо далелҳои таърихӣ инъикос ёфтаанд.

Махсусан, ҳодисаҳои куштори шахсиятҳои маъруф аз хиёнаткориҳои нахзатиён нисбат ба миллату ватани худ шаҳодат медиҳанд. Бояд қайд намуд, ки баъди дидани филми мазкур ҳар як фарди ватандӯст ҳатман ба андеша меравад, ки наход чунин ашхосе ба монанди наҳзатиён, ки дар ҳамин сарзамин ба воя расидаанд, чунин хиёнати нобахшиданиро нисботи меҳани худ, миллати худ содир намуда бошанд. Наворҳои ин филми ҳуҷҷатӣ, ки пурра аз бойгониҳо гирд оварда шудаанд, нишон медиҳанд, ки воқеан ҳам, ин наҳзатиёни одамсурат, вале дар асл шайтонҳои хиёнаткор дар вуҷудашон ғайр аз фитнакорӣ, дасисабозӣ дигар ҳеҷ гуна арзишҳои ахлоқию маънавии инсонӣ надоранд.

Хиёнат ба Модар - Ватан даҳшатноктарин хиёнати инсон дар тӯли умраш мебошад ва амали ноҷавонмардона маҳсуб меёбад.

Бубинед, имрӯз наҳзатиёни фирорӣ бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ баъди хиёнат ба Ватан боз аз дур истода, бо ҳар роҳ ба сари миллати мо санги маломат мезананд. Наҳзатиён барои он хиёнаткору маломаткор ҳастанд, ки муҳаббат ба Ватан надоранд, чаро ки имон надоранд.

Мавриди зикр аст, ки филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» дар тарбияи ватандӯстии аҳли ҷомеа, хусусан ҷавонон ва баланд бардоштани зиракии сиёсии онҳо ахамияти баланди ғоявӣ дорад. Аз ин лиҳоз, дар муассисаҳои таълимӣ ҳангоми гузаронидани дарсҳои тарбиявӣ ва дигар чорабиниҳо намоиш додани наворҳо аз филми мазкур нақши муҳим мебозад. Хусусан, дар шароити ҷаҳони муосир, ки терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷомеа таҳдид менамояд, барои дар руҳияи ватанпарастӣ, нафрату адоват нисбат ба терроризм ва экстремизм тарбия намудани ҷавонон нақши арзишманд дорад.

З.БОБОРАҲИМОВ,
Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ
ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон,
мудири шуъбаи Коллеҷи тарбияи ҷисмонии
Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон

Читать далее

Ҷавонон – нерӯи ояндасози кишвар

Имрӯз тақвият ёфтани фаъолияти созмонҳои радикалии исломӣ ва террористӣ боиси нигаронии ҷиддӣ гаштааст. Ин аст, ки яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатҳо мубориза бар зидди ин падидаҳои номатлуб аст. 

Омилҳои асосии шомил гаштани ҷавонон ба ин равияҳо сатҳи пасти дониши динӣ ва дунявӣ, маърифати ҳуқуқӣ, ҷой доштани камбудӣ дар оила ва ғайраҳо мебошад. Гарчанде мубориза бо терроризм ва экстремизм вазифаи асосии ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ мебошад, ҳамзамон дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафаи шаҳрвандон зарур аст. Барои он ки гаравии аз тарафи ҷавонон ба ин гуна равияҳои ифротгароӣ аз байн бардошта шавад, бояд масъалаҳои таълим ва хусусан тарбия дар муассисаҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ беҳтару хубтар ба роҳ монда шавад.

Худшиносии миллӣ, эҳсоси ватандӯстӣ, парастиши хислатҳои наҷиби инсонӣ, дӯстӣ ва рафоқат, парҳез кардан аз макру фиреб ва дурӣ ҷустан аз хиёнат ба давлату ватан аз рисолатҳои барҷастаи насли муосир ба шумор меравад.

Дар раванди таълиму тарбияти насли наврас,  ҷавонону толибилмон масъалаи мазкур бо тамоми ҷиддият ва масъулият ба маърази муҳокима гузошта мешавад. Дар ин бобат тарғибу ташвиқи ғояҳои олии ватандӯстӣ, меҳанпарварӣ, азму суботи комил дар самти омӯзиши илму ҳунар, касбу кор аҳамияти муҳим пайдо менамояд.

Баъди ба даст овардани истиқлолият, ки он аз пурарзиштарин неъматҳои мардуми кишвари мо аст, барои озодии эътиқод шароит фароҳам омад.

Имрӯз дар кишвар сулҳу суббот, ваҳдати миллӣ таҳким ёфта ба ободию пешравии Ватани маҳбуби мо ва зиндагии осоиштаи ҳар як шаҳрванд нигаронида шудааст.

Қисми зиёди аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки ояндасози кишваранд.

Онҳо ҳар қадар донишманду соҳибмаърифат, соҳиби касбу ҳунар ва худогоҳу хештаншинос бошанд, Ватан ҳамон қадар обод мешавад ва нерӯмандии давлат меафзояд. Бинобар ин, ҷавонони моро, ки ба ҳамаи навгониҳои илму техникаи муосир дастрасии комил доранд, лозим аст ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.

Мақсатилло РАҶАБОВ,
ҷонишини директор оид ба илм дар
Коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент

Читать далее

Чеҳраи манфури ТТЭ ҲНИ

Имрӯзҳо симои аслии Муҳиддин Кабирӣ маълум ва мардуми Тоҷикистон ӯро ҳамчун як нафари хоин, ватанфурӯш, беимон ва нокас мешиносанд. Муҳиддин Кабирӣ аз вақти аъзои  ТТЭ ҲНИ шуданаш ба халқу ватани худ хиёнат карданро сар кард. Муҳиддин Кабирӣ муддати якчанд сол аст, ки мардуми  сарзамини моро осуда зиндаги кардан намегузорад ва аз хориҷа истода бо фармони хоҷагони хориҷиаш обрӯю нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ паст кардан мехоҳад. Ӯ бо аъзоёни ташкилоти ифротгароёнааш  имрӯз мехоҳад сулҳу суботи кишвари моро халалдор ва ноором намояд.

 Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш моҳи сентябри 2015 кӯшиш карданд, ки Тоҷикистони гул-гул шукуфта истодаро ноором кунанд, аммо халқи бошарафи тоҷик ингуна ашхоси нокасу палидро ба хубӣ шинохтаанд ва дигар ба доми фиреби онҳо намеафтанд.

Мақсад аз изҳороти пай дар пайи аъзо ва раҳбарияти ТТЭ ҲНИ аз он иборат аст, ки  супоришҳои хоҷагони холриҷии худро иҷро кунанду байни мардум иғвобарангезӣ намоянд ва мафкураи мардумро заҳролуд гардонанд.  Интиқод ва пешниҳоди ТТЭ  ҲНИ ҳамеша сӯзанда ва барои заминагузории  зуҳуроти манфӣ дар ҷомеа равона шудааст. Инро ТТЭ ҲНИ вазифаи  ҷонии худ медонад ва дар оянда ҳам ин мавқеи сӯзандаро ҳифз хоҳад кард.

Ҳангоме узви Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ба ҷиноят муттаҳам мешавад ва ба таъсиси гурӯҳи ифротгарову терроризм оварда мерасонад, наҳзатиҳои фирорӣ бечоранолиро сар мекунанд. Раҳбарияти ТТЭ ТТЭ ҲНИ вазъияти кишварро бад карда, бо тарҳрезии  ҳодисаҳои ғайричашмдошт мардумро мехост гумроҳ намояд. Акнун бо вазъияти душвор ва печидаи ҷаҳони муосир мисли ҳамеша омода аст, ки дар рӯзҳои сахту тақдирсоз барои миллат нақшаи разилонаро амалӣ созад ва манфиатҳои миллии мардум ва давлати тоҷиконро зери по гузорад.

Айни замон аъзои ТТЭ ҲНИ хиёнаткориҳои роҳбараш Муҳиддин Кабириро дарк намуда, баҳри ҳимояи ӯ роҳҳои гуногунро пеша карда, ҷалби рӯҳониён ва рӯзноманигорон, наҳзатиён ва хоҷагони хориҷиро ба роҳ монда, дар хориҷи кишвар нишасту вохӯриҳо мегузаронанд, то мардумро гирди хеш хонанд.Аммо намедонанд, ки халқи тоҷик кайҳо аз фаъолияти тахрибкоронаи роҳбарият ва ҷонибдорони ТТЭ ҲНИ огоҳ ҳаст. Хуб мешуд, агар роҳбарият ва аъзои гурезаи Ҳизби террористӣ ва экстремистии наҳзати исломӣ аз фитнасозиву дасисабозиҳо даст кашида, мардуми тоҷикро ба ҳоли худ гузоранд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ низ бояд аз чеҳраи манфури ин ташкилоту аъзоёнаш ва аҳдофи муғризонаи онҳо воқеан огоҳ бошанд, фирефтаи нолишҳои дуруғини онҳо набошанд.

Тӯхтаев Т.М.,
 мудири кафедраи молия ва қарзи ДДҲБСТ

Читать далее

Шукўҳи интихобот ва садоқати мардум

Интихобот ҳам гузашт ва ҳамагон шоҳиди он гаштем, ки мардуми тоҷик бо сари баланд ва рўҳияи шоду масрурона дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ ширкат варзиданд. Эълони пирўзии Пешвои миллат паём аз он расонид, ки мардум бо иродаву эътиқоди самимонаву қалбии хеш барои саодати фардои хеш овоз доданд.

Аммо ба мушоҳида мерасад, ки чӣ дар рўзи баргузории интихобот ва чӣ баъд аз он душманони миллат боз ҳам ба хотири ҳисобот додан ба хоҷагони хориҷии хеш талош доранд, ки сару садоҳои бадномкунанда нисбат ба давлату Ҳукумати Тоҷикистон паҳн кунанд ва мехоҳанд шаффофияти баргузории интихоботи Президентиро зери суол баранд.

Фаромўш кардаанд, ки дигар касе ба ҳарфҳои бардуруғи онон бовар намекунад, дар ҳоле, ки намояндагони созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, коршиносони байналмилалӣ ба интихоботи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои баланд доданд.

Махсусан, ба шеваи матлуби иштироки мардум дар интихобот ва фарҳанги олии сиёсии ҷомеаи Тоҷикистон аз ҷониби онҳо баҳои сазовор дода шуд, ки ин мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст. Ин интихоби дурусти халқ барои мардум боз таъмини  зиндагонии шоистаро кафолат хоҳад дод, вале бо таассуф нотавонбинон, хоса пайравони ТТЭ ҲНИ аз ҳар гўшаи ҷаҳон ба ҷониби Ватани хеш санг андохта, мехоҳад аз номи чанд нафаре, ки дар хидматашон аст, бигўянд, ки гўё дар интихобот тақаллубкориҳо шуда. Вале бо ҳар нафаре, ки аз мардум суҳбат мекунем, маълум мешавад, ки воқеан интихоботи навбатии Президенти Тоҷикистон пуршукўҳтар аз ҳамаи интихоботҳои дигар гузашт, чун акнун мардум худ роҳи ояндаи хешро бо амри дил интихоб намуд ва медонад, ки ба сухани кӣ бовар кунад, сухане, ки аллакай даҳсолахо амалӣ онро ҳамчун рамзи саодати хеш дидааст, на ҳарфҳое, ки ба хотири манфиати шахсӣ ва ғаразҳои зиёд ва аз рўи нотавонбинӣ гуфта мешаванд.

Нуралӣ Нурзод,
устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

Назарро нағз кун, то нағз бинӣ

Агар Муҳиддин Кабирӣ як марди бохирад ва дурандеш мебуд, камбудӣ ва пешравиҳои давлати Тоҷикистонро баробар дар тарозуи ақл гузошта месанҷид, онҳоро нишон медод ва барои пешравии Тоҷикистон кӯшиш мекард. Камбудиҳоро дидан осон аст, вале муваффақиятҳоро дида эътироф кардан ҳунар.

Ӯ, ки худро як сиёсатмадор меҳисобад, вале аз гуфтаҳояш маълум мешавад, ки  шахси оқил нест. Шахси оқил ҳамеша дар фикри пешравии кишвараш аст. Дар баромадҳои худ изҳор медорад, ки дигар давлатҳои Ғарб ба Тоҷикистон кӯмак накунанд. Аз ин суханҳои Кабирӣ бӯи бухлу ҳасад меояд.

Мирниёзов А.Қ. – сармуаллими
кафедраи забони тоҷикии ДДҲБСТ

Читать далее

ТАШКИЛОТИ ПАЙМОНШИКАН

Роҳбари ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ дар ин айём дар Аврупо худашро роҳбари "Паймони миллии Тоҷикистон" муаррифи карда дасти хиёнат ба миллати Тоҷик ва кишвари Тоҷикистон мезанад.

Аввало хоин аҳду паймон надорад, калимаи паймонро набояд суиистифода кунад.

Дуввӯм якчанд нафаре, ки хоини ватан эълон шудаанд,онҳо зодаи ин миллат нестанд, онҳо хоини миллат ҳастанд ҳақ надоранд, ки ташкилоти экстремистии худро миллӣ эълон кунанд.

Саввум калимаи Тоҷикистон ҳамчун номи давлати мустақил, муқаддас аст, онҳо ба Тоҷикистон хиёнат кардаанд ва ҳақ надоранд, ки ин калимаро дар номи номубораки ташкилоти экстремистӣ террористӣ истифода баранд.

Имруз Тоҷикистон давлати тинҷу ором аст, мардумонаш бо меҳнати созанда машғуланд. 

Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш бошанд, изҳорот намудаву даъвои беасос кардааст, ки интихобот  гӯё ба меъёрҳо мутобиқ нест ва бо чунин сафсатаҳо кишварамонро кашиданист.

Аммо нозирони хориҷӣ, тамоми ташкилотҳои байналхалқӣ ва садҳо ҷурналистони хориҷӣ ва дохилӣ натиҷагирӣ карда эълон намуданд, ки интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон ба ҳамаи меъёрҳои байналхалқӣ мутобиқ буд.

Ин баҳодиҳиҳо ва муборакбодии роҳбарони кишварҳои дӯст ба хоинони миллат намефорад, зеро онҳо тинчию оромии кишварамонро намехоҳанд,аз рӯи ҳасад ончӣ дар дил доранд, ба қалам оварда, мекунанд.

Ин хиёнаткорон бояд дарк кунад, ки тамоми мардум аз хиёнатҳои онҳо бохабар аст ва ба суханҳои бе асли онон фирефта намешаванд.

Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода,
шаҳри Хучанд

Читать далее