28 October 2020

Шукргузорӣ

Айёми тобистон писарам Парвизҷонро писари ҳамсояи рӯ ба рӯямон (мо ба наздикӣ ба ҳавлии нав кӯчида будем) Авазҷон даъват карду гуфт, ки агар коре надошта бошад, ба зардолуафшонӣ ёрӣ диҳад. Оини ҳамсоядорӣ, писарам ба ёрии онҳо рафт. Бегоҳ дар сари дастархони хӯроки шом бо тааҷҷуб гуфт:

- Модарҷон, холаи Марҳамат ба чанд даромадаанд?

- Аз 70 гузаштаанд, чӣ буд ки? – суол додам ман.

- Хеле боғайрат будаанд, ҳамин рӯз баробари мо, ҷавонон болои дарахт зардолуафшонӣ доштанд ва ҳеҷ хастагиро ҳис накарданд, - гуфт Парвизҷон. Суҳбати аҳли оила баъди хӯроки шом дар мавриди обутобёбии тани инсон тавассути меҳнат, роҳатрасон будани фарҷоми он, бе ранҷ ба даст наомадани ганҷ, ба қавле, қӯр гирифт.

Баъди чанде банда бо Марҳаматхола Алибоева ҳамсуҳбат шуда, ҳақиқати ҳолро дарёфтам.

- Ба гуфтаи гузаштагон устухонам бо меҳнат шах шудааст, духтарам. Чашм кушодаму худро дар оғӯши пахтазори нопайдоканори совхози «Сирдарё» - и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дидам. Падару модари меҳнатрӯзиям субҳ ба сари замин мерафтанду шомгоҳон бармегаштанд. Бо вуҷуди он ки аз кор хеле хаста меомаданд, шукр доштанд, ки ризқу рӯзиамонро замин - модар мерасонад. Мегуфтанд, ки замин манбаи ризқу рӯзӣ аст. Агар ба он хуб нигоҳубин карда, об дода, онро сари вақт шудгор намуда, порую нуриҳои минералӣ андохта истед ва муқаддас донед, вай ҳам домони сахояшро мекушояд. Деҳқони асил, одамони меҳнатдӯст аз як порча замин чанд маротиба ҳосил гирифта метавонанд. Ин суханони падарам то ҳанӯз дар гӯшаш ҷарангос мезананду сармашқи кори ҳаррӯзаамон гаштааст. Вақту соати ба нафақабароӣ фаро расиду шукри даврони Истиқлолият, ки дар синни 58 – солагӣ ба нафақа баромадам, аммо зиндагии худро бе замин тасаввур карда наметавонам. Имрӯз фарзандону наберагонам низ давомдиҳандаи кори бобою бибиашон гаштаанд,- гуфт Марҳаматхола.

Бале, хок як унсури муҳими табиат буда, онро гузаштагони мо боифтихор Замин - Модар номидаанд. Дар ҳақиқат, он муқаддас ва ризқдиҳанда аст, зеро агар як сатил картошкаро ба замин шинонед, аз он чанд халта картошка гирифта метавонед. Агар як мушт ғалладонаро ба замин пошед, аз он чӣ қадар ғалладонаи бисёр мерӯяд. Деҳқонзодагони асил мисли оилаи Алибоевҳо соле дар як порча замин чанд бор зироат кишт карда, ҳосили баланд мерӯёнанд.

Писари хурдӣ Ихтиёр Алибоев иброз медорад, ки дар 0, 75 садяк замин сабзавот мисоли помидор, қаланфури булғорӣ, карам, боқило, лаблабу, бодиринг, каду шинонида, ҳосили дилхоҳ ба даст овардаанд, бар замми захира намудани он тариқи консерва маҳсулоти аз замин ба дастовардаашонро ба бозор баровардаанд ва бо ин равиш барои ободии дастархони мардум ҳисса гузоштаанд.

- Алҳол мавсими пухтарасии карам аст. Кӯчати онро худи аҳли оила тайёр карда, дар масоҳати 0,5 садяк замин шинондаем. Навъҳои гуногуни карами ҳамадонӣ, византиягӣ, мавсилӣ, андалусӣ ва гулкараму каллакарам хосиятҳои шифобахшӣ дошта, кадбонуҳо аз он хуришҳои гуногун омода месозанд ва таоме, ки бо карам тайёр шудааст, барои сиҳатии тан муфид аст. Карам барои сулфаи кӯҳна, варами пардаҳо ва узвҳои дохили шикам, гирифтагии овоз, дарди сипурз, сӯхтагӣ аз оташ, шаро хеле шифобахшанда аст. Бояд гуфт, ки барои ба даст овардани ҳосили дилхоҳ меҳнати дучанд кард, зеро ҳар полезие, ки дар замин кишт мегардад, нигоҳубини махсусро талаб мекунад. Сари вақт нарм кардани зери кӯчатҳо, обрасонӣ ба он, пошидани нуриҳои минералӣ барои сабзиш ва пухта расидани карам ёрии калон мерасонанд. Обёрии замин бошад, тавассути се чоҳи амудӣ амалӣ гардида, барои сари вақт пухта расидани ҳосил кӯмак мерасонад, - гуфт Ихтиёр.

Ҳамчунин, ин марди деҳқонзода имрӯзҳо баҳри ба даст овардани ҳосили ҷуворимакка ҷидду ҷаҳд дорад ва умед бар он мебандад, ки дар фасли сармо хӯроки чорвояш таъмин аст. Оилаи Алибоевҳо инчунин дар мавзеъҳои Сартӯқайи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров замини кишти шолӣ доранду алҳол даравгарон саргарми коранд. Дар наздик ду гектар замини шолӣ аз оғози фасли баҳор меҳнат мекунанду имрӯз подоши заҳматашонро баъди ғунучини ҳосил интизоранд.

Набераи хонадон Авазҷон, ки давомдиҳандаи кору фаъолияти волидонаш асту имрӯз баҳри ба даст овардани ҳосили дилхоҳ меҳнат мекунад, чунин ибрози ақида дорад:

- Шолӣ, ки аз он биринҷ мегиранд, зироатест, дар заминҳои сероб кишт мешавад, аксар даруни об мерӯяд, дар дохили об месабзаду пухта мерасад. Мардуми тоҷик анъанае доранд, ки ҳар бегоҳии рӯзҳои ҷумъаю душанбе оши палавро, албатта, рӯи дастархонашон мегузоранд, зеро ин таомро «шоҳи таомҳо» мепиндоранд. Аз замони кишти шолӣ то ба шакли биринҷ расидани ин растании зироатӣ меҳнати бурдборона бояд намуд. Алҳол як қисми ҳосили бадастомадаро ғунучин кардем.

Баъди чанд вақти дигар ҳосили пухтарасидаи 1,3 гектар замини боқимондаро низ ҷамъоварӣ хоҳем кард. Агар нисфи ҳосилро сарфи эҳтиёҷоти оила намоем, нисфи дигараш ба бозор бароварда шуда, дастархони мардумро ғанӣ мегардонад. Мо, аҳли оила агар дар ободии диёр ва пурнозу неъмат гаштани рӯзгори сокинон ҳиссаи худро гузорем, худро хушбахт меҳисобем.

Марҳамат - хола ҳамроҳи писаронаш Бахтиёру Ихтиёр, арӯсон Мавлудахону Майсарабону ва набераҳояш ғами зимистонро ҳанӯз барвақт хӯрда, анвои хӯрданӣ захира кардаанд.

- Аз тамоми маҳсулоте, ки аз замин рӯёндаем, захира дорем. Дастархонамон ҳамеша пур аст. Мақоли «ғами зимистонро дар баҳорон хӯр» моро ҳидоят бар он менамояд, ки дучанд меҳнат карда, сатҳи некӯаҳволии худро баланд бардорем,- гуфт Марҳамат Алибоева.

Шоира САЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

COVID-19 соҳибфарҳангӣ металабад!

Вазъияти пуртаҳлукаи ҷаҳони муосир дар алоқамандӣ бо паҳншавии бемайлони бемории сироятии COVID-19 ҳар як фарди бонангу номусро водор мекунад, ки нисбат ба иҷрои вазифаҳои шаҳрвандии худ масъул бошад. Авзои мардумро ин бемории сироятӣ дигаргун кардаву ҳамагон вобаста ба уҳдадориҳои хеш барои муқовимату раҳоӣ аз ҳалқаи беморӣ талош доранд.

Алҳол, ки маълумот ва таҷрибаҳо нисбат ба давраи аввали паҳншавии беморӣ бештаранд, мебояд, ки дарси ҳаётро пурсамарона истифода бурд. Дар асоси таҳқиқоту ташхисҳо мутахассисони соҳаи тиб исбот намудаанд, ки пӯшидани ниқоби тиббии муҳофизатӣ яке аз рукнҳои мубориза бар зидди ин вабои нави аср аст.

Вале, имрӯзҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ - марказҳои савдою нуқтаҳои хӯроки умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти касбӣ, кӯчаҳо ва маконҳои дигар мушоҳида мегардад, ки қисме аз шаҳрвандон реҷаи ҳатмии ниқобпӯширо риоя намекунанд.

Фарде, ки ниқоби тиббӣ напӯшидааст, манбаи паҳншавии беморӣ буда метавонад ё худ мубталои он мегардад. Чунин ашхос, ки бемасъулиятӣ зоҳир менамоянду нисбат ба манфиати ҷомеа бефарқанд, бояд ба ҷазо кашида шаванд, зеро табақаи осебпазири ҷомеа - калонсолону кӯдакон аз бефарҳангии шахсони бениқоб метавонанд, мубталои беморӣ шаванд.

Бинобар ин аз ҳамватанони азиз эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки ба қадри талошҳои пешгирифтаи зиддиэпидемии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расида, бо дарки масъулияти шаҳрвандӣ реҷаи ҳатмии пӯшидани ниқоб, истифодаи маҳлулҳои антисептикӣ барои безараргардонии дастону макони зист ва ғайраро риоя намоянд. Мебояд шахсони масъули давлатӣ аз андешидани чораҳои қатъӣ нисбати вайронкорони реҷаи ниқобпӯшӣ худдорӣ нанамоянд, зеро таъмини вазъи боэътимоди сиҳатии аҳолӣ аз ранҷурии қисме аз шаҳрвандон авлотар аст.

М.СОБИРОВ,

М.ДАДОБОЕВ,

устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

ШАЛҒАМ

Дар Тоҷикистони мо дарахтон, буттаҳо, сабзавоту полезиҳои зиёди ҳосилдеҳ ҳастанд, ки ба ҳамаи дард, захм, ҷароҳат ва иллатҳо даво шуда метавонанд. Яке аз чунин сабзавот шалғам мебошад.

Он ҳамчун сабзавоти шифоӣ байни халқ аз қадим маълум аст. Ҳанӯз дар Юнони қадим шалғамро зиёд истеъмол мекарданд. Дар ҳудуди собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҳанӯз дар асри II онро кишт менамуданд. Дар кишвари мо шалғамҳои сурху зард аз давраҳои қадим маълум аст. Шалғам сабзавоти сармобардор буда, дар ҳарорати то 2-30С низ нашъунамо мекунад. Барои нумӯи шалғам ҳарорати 16-200С хеле мувофиқ буда, он сабзавоти серғизост. Дар таркиби ин намуди сабзавот 8,5- 12,6% моддаҳои хушк, 3,7-6,4% қанд, 0,8-2% сафеда, 19-63мг% витамини С ва витаминҳои В1 , В2, РР, инчунин натрий, магний, калтсий, оҳан, фосфор мушоҳида мегардад.

Хусусиятҳои шифобахшии шалғам ҳанӯз ба табибони халқии қадим - Дисқуридус(Декарт), Закариёи Розӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Абӯалӣ ибни Сино маълум буд. Аз рӯи гуфтаи Сино, марҳаме, ки аз тухми шалғам тайёр карда мешавад, варами қадкашакро мегардонад. Шалғам инчунин ба бемориҳои гурда, чашм ва қафаси сина шифо мебахшад.

Шалғами пухташуда серғизо, барҳамдиҳандаи сулфа ва мулоимкунандаи синаву шикам аст. Қувватдиҳандаи чашм ва иштиҳооваранда мебошад. Решаҳои борики онро майда карда, бо асал бихӯранд, ба сипурз ва душворпешобкунӣ муфид аст. Пухтаи он боз несткунандаи варамҳост. Барг, бех ва тухми кӯфташудаи он, ки бо сирко омехта шудааст, хушхӯр ва бартарафкунандаи ғубор, рутубат, намигӣ дар рӯдаҳо ва даруни шикам аст. Табибони халқӣ шарбати шалғамро давои хуби зангила (ӣинга) меҳисобанд. Шалғамоба қотеъи балғам аст. Ба шахсони гирифтори сулфа ва диққи нафас хеле нафъ мебахшад.

Корафтодагон мегӯянд, ки шалғам, ҳатто, барои табобати касалии сил (туберкулёз) муфид аст: барои ин шалғамро хурд-хурд реза карда, онро то пухтанаш бо шир ҷӯшонда, давоми як моҳ аз ҳамин хӯрок истеъмол кардан лозим аст. Бояд гуфт, ки ҳангоми илтиҳоби узвҳои ҳозима хӯрдани шалғам зарар дорад.

Таҳияи
Алиҷон Олимов,
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

САБРИСТОН

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи сайёҳӣ диққати ҷиддӣ зоҳир намуда, дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии мамлакат солҳои 2019-2021-ро «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуданд. Ҳамзамон, таъкид карданд, ки мо бояд имкониятҳои бузурги соҳаи сайёҳии худро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем.

Дар ин росто шаҳри бостонии Истаравшан низ дорои мероси бойи таърихию фарҳангӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ буда, барои рушди сайёҳии дохилӣ ва қабули сайёҳони хориҷӣ кӯшиш ба харҷ дода истодааст.

Сабристон яке аз мавзеъҳои муқаддас ва хушманзараи шаҳри Истаравшан ба ҳисоб рафта, дар деҳаи Ругунд ҷойгир аст. Сабристон бо дарахтони бузургҷуссаи 1200 - 1400 - сола, ки ғафсии танаашон 5,5 - 8,5метр ва баландиашон 40 - 50 метр аст, дар Осиёи Марказӣ ҳамто надорад. Сабристонро «Савристон» низ меноманд. Ин унвон шояд ишора ба дарахти сарв бошад, аммо ин дарахтон ба сарв шабоҳат надоранд. Дар Эрон бутта ва дарахтони сарсабзро низ сабр меноманд.

Тибқи маълумоти «Равзат-ус-сафо», шираи талхи гиёҳи сабр дар тиб ҳамчун дору ба кор меравад. Ривояте вуҷуд дорад, ки 11 саҳоба дар ҳамин мавзеъ ғайричашмдошт ба таъқиб дучор мешаванд. Онҳо савори асп ба роҳ мебароянд. Дар ҳамин асно мехҳои чӯбин аз қафояшон ҳаракат намуда, садди роҳи таъқибгарон мешаванд. Ин дам нидое аз ғайб меояд: «Истед, сабр кунед!» Мехҳо дар ҷояшон қарор гирифта, сипас бо гузашти айём чун мӯъҷиза месабзанд.

Қисми дигари Сабристонро бинои боҳашамати масҷид зеб медиҳад. Он 8 - кунҷа буда, аз толори калони зебо ва айвони барҳавои диққатҷалбкунанда иборат аст ва соли 1560 сохта шудааст.

Дар сақфи масҷид номи устоҳои наққош, чӯбкор, заргар, аз ҷумла Абдулазизи Наҷҷор, Мирзоҳусейни Наққош, Муҳаммадназар валади Муҳаммад Юсуфи Наҷҷор, Мубаширкор Мирфайз ибни Мирносир сабт ёфтаанд. Сарварии ҷараёни сохтмонро Шамсии Мутаввалӣ ба уҳда дошт. Ҳунарманди наврас Абдуқодири Наҷҷор низ ҳамроҳи устодонаш дар ороишоти масҷид иштирок намудааст.

Барҳақ, шоири закитабъ Зуфархони Ҷавҳарӣ Абдулқодири Наҷҷорро, ки дар Самарқанду Бухоро чун устои мумтоз шуҳрат ёфта буд, «Ҳунарвари замон» номидааст. Айвони масҷид дертар, соли 1343 ҳиҷрӣ (1924-1925) аз тарафи дигар устоҳо: Муҳаммад Нозим – писари Муҳаммадюсуфи Наҷҷор ва бародарон Маъмуру Мунин сохта шудааст. Дар паҳлӯи чапи масҷид мазоре воқест, ки дар ҳуҷҷати таърихии соли 1280 ҳиҷрӣ (1813) мазори Хоҷа Шаҳидон зикр шудааст. Мазор соли 1895 номи «Шайх Руҳиддин» ва сипас Сабристонро гирифтааст.

Хоҷа Шаҳидон, Хоҷа Мӯйсафед, Хоҷа Ғолибон, Шайх Руҳиддин-табибу олим ва донишмандони ислом, тарғибгарони афкори мазҳаби ҳанафӣ, ки аз худ нақши босазо гузоштаанд, чун бузургони «Сабристон» ёдовар мешаванд.

Дар ин мавзеъ қабри яке аз шахсиятҳои барҷаста, мутаваллии масҷид Шайх Муҳаммад Шариф – писари Ниёзмуҳаммад қарор дорад. Ӯ таърихи азизону бузургони Сабристонро хеле хуб медонист. Ёддошт ва хотираҳои ин шайх дар шакли китоб солҳои 30-юми асри гузашта нобуд гардидаанд. Дар ин мавзеи таърихӣ инчунин оромгоҳи набераи яке аз чаҳор ёри босафо Абӯбакри Сиддиқ – Хоҷа Мирфозили камарбандӣ вуҷуд дошта, алҳол қадамҷои ниёзмандон гардидааст. Дар шафати оромгоҳ Чилзина ҷой гирифтааст.

Дар гузашта онҳое, ки ба касалиҳои тарсу бим, ларзонак гирифтор мешуданд, дар ин ҷо танҳо нишаста, аз гуноҳҳояшон омурзиш металабиданд, ба Худо илтиҷо менамуданд ва бо умеди аз дард наҷот ёфтан давоми 40 рӯз «чилла» менишастанд.

Маҷмааи ёдгории таърихӣ – меъмории Сабристон то ҳанӯз чун зиёратгоҳи азизону бузургон боқӣ монда, боиси ифтихор аз таърихи ҳазорсолаи миллати бофарҳангу тамаддунофари тоҷик гардидааст.

Имрӯзҳо сайёҳони дохиливу хориҷӣ, бахусус аз Кореяи Ҷанубӣ, Зелландияи Нав, Австралия, Шветсия, Федератсияи Россия, Финляндия, Туркия, Туркманистон, Озарбойҷон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва дигар давлатҳо аз ин ҷои муқаддас дидан намудаанд, - гуфт зимни суҳбат кишваршинос, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Баротбой Ҷумъаев.

Саъдуллои Сайфулло,

шаҳри Истаравшан

Читать далее

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

27 октябр таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори маҷлис лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2022-2023 ва Дар бораи Барномаи қарзгирии давлатии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2022-2023 баррасӣ карда шуд.

Читать далее