October 2020
29 October 2020
Пистаи бемағз чун лаб во кунад, расво шавад
- Подробности статьи
Тайи як ҳафта мешавад, ки дар шабакаи иҷтимоӣ сабти гуфтугӯи бадахлоқонаи раиси собиқ ТТЭ ҲНИ ва имрӯза созмони экстремистии “Паймони миллӣ” Муҳиддин Кабирӣ бо маъшуқааш, аз ҷониби рӯзноманигор Дадоҷони Атовулло пахш карда шуд. Бо гӯш кардани гуфтугӯи мазкур аз ҷониби М.Кабирӣ бо як зан, модари тоҷик шахсро ба тааҷҷуб меорад ва лаънату маломаташро нисбати ин марди беномус ва ҳизби ифротиаш боз ҳам баландтар мекунад.
Бадахлоқу шаҳватпараст будани наҳзатиёнро аз филми мустанади “Хиёнат”, ва дигар навиштаву гуфтаҳо шунида будем, аммо то ин дараҷа бо лаҳни қабеҳ, суханҳои бешармонаву кӯчагӣ, берун аз одобу ахлоқи инсонӣ аз ҷониби як нафар шахсе, ки худро сиёсатмадор, ватандӯсту ҳомии дину диёнат ва ислом меҳисобад, сӯҳбат карданашро нав шунидем.
Аз сӯҳбати Кабирӣ бо яке аз маъшуқаҳои бешумори мисли худаш пулпараст, шаҳватпараст, бадахлоқ ҳамон ҳақиқати аслие, ки шоир гуфтааст,тасдиқ мегардад:
Бетамизиҳои мардум аз сухан пайдо шавад,
Пистаи бемағз чун лаб во кунад, расво шавад.
Бонуе, ки бо Кабирӣ сӯҳбат менамояд тамоми сиру асрори ӯро фош намуда, дар бораи пулу пайса ва долларҳое, ки аз хоҷаҳои хориҷиаш мегирад, ба кадом мақсад ва бештар барои қонеъ кардани талаботҳои ҳайвониву шаҳвониаш сарф мекунад, баён мекунад.
Кабирӣин сӯҳбати худ ва ба кирдору амалҳояш иқрор шуда, бори дигар тинати аслӣ, ахлоқу одоб, сатҳи “маърифати устодӣ, сарвари”-и худро ифшо намуд.Ин рафтору амали Кабирӣ даъвоҳои пучу бемаънӣ ва бепояи ӯро дар бораи масъулият, одоб, ахлоқ, дину диёнат ва дигар “насиҳатҳо ва роҳнамоиҳояш” ба мардум, хусусан ҷавонон собит намуд.
Ҷабборов И.Р.,
устоди ДДХ
Аз бекорӣ ба кадукорӣ гузаштани хоинон
- Подробности статьи
Дар ин замина, дар робита ба хиёнатҳои наҳзатиён бояд гуфт, ки ҳама вақт ин хоинон роҳеро ҷустуҷӯ мекунанд ва ё формулаҳои нав банаверо эҷод кардаву мехоҳанд мардуми тоҷикро даст ба гиребони якдигар созанд ва дар дохил мардумро бо мардум ҷанг андозанд. Албатта, чунин аст мақсади асосии онҳо ва хоҷагонашон, ки намедонад кадом роҳи иғвоангезиву дассисаро истифода баранд, то ба манфиатҳояшон бирасанд. Чунин шахсони сарсупурдаи миллатро ба монанди – Куруши Кабир, Деватичу Муқаннаъ, Маздаку Исмоили Сомонӣ, Фирдавсиву Синои бузург ва Айниву Бобоҷон Ғафуров, ки тамоми умри хешро барои сарҷамъии миллат ва соҳиби давлати мустақил шудан сипарӣ намуданд, метавон ном бурд.
Бо боварии комил изҳор медорем, ки тамоми халқи тоҷик ба ҳилаву дасисаҳои якчанд наҳзатиёни хиёнатпеша ба ҳеҷ ваҷҳ дода намешаванд. Зеро дар солҳои 90-ум зарбаи он тири хиёнаткориро хӯрдаанд ва аз ҳамин лиҳоз дастовардҳои ба дастомадаро бо тамоми ҳастияшон ҳифз менамоянд. Мусаллам аст, ки хар як фарди худогоху ватандӯст аз ҳодисахои солҳои 90-уми асри гузашта ёд дорад. Албатта, мо шохиди онем, ки ношукрон чи гуна ба вартаи гумроҳӣ дучор шуда истодаанд. Пӯшида нест, ки дар ҳаёт ва ҳатто дар сиёсату давлатдорӣ борҳо шахсони шукргузорро дидаем, ки ба мартабаҳои баланд расида, дар байни омма соҳибэхтиром гардидаанд баръакси ҳол нафаронеро ҳам медонем, ки аз ношукрӣ ба кадом азобу машаққатхо дучор омаданд. Бехабар аз он ки гӯш надодан ба суханҳои пиронсолон ва бузургон оқибати хуб надорад, акнун чун мақоли халқӣ «худкардаро даво нест вовайлои пинҳонӣ» аз беруни давлат даст ба иғво ва ношукрии зиёд мезананд.
Як ҳолат моро ба ҳайрат меоварад, ки кӣ ба онҳо ҳуқуқи маънавӣ додааст, то ки аз дури дур истода ба оромии ватани маҳбубамон наҳ мезананд. Маълум аст, ки ба ҷуз кинаву адоват ва бахилӣ дар ботини онҳо дигар чизе нест. Аҳсан ба мардуми таърихии тоҷик, ки бо сари баланд ва бо умеди ояндаи нек Роҳбари арзанда ва оқилу донои худро бори дигар интихоб кард.
Мардуми қадршиноси тоҷик аллакай ба дому фиреби наҳзатиён заррае боварӣ надорад. Ягон ашхоси солим кишвар намехоҳад ҳаводиси солҳи 90-умро ҳатто ба хотир биёрад. Аз ободии кишварамон магар хабар надоранд, ё ба чашм хок кашидаанд, ки чунин андешаҳои номардона доранд? Якбор бо чашми кушода назар андозед, ки Ватани маҳбубамон чи қадар ободу зебо аст ва аз ин пас, ин оромиро мо ягон вақт аз даст намедиҳем ва ҷоннисори он будем, ҳастем ва хоҳем буд.
Санавваров Ғ.Б. – н.и.ҳ., дотсент,
мудири кафедраи ҳуқуқи
гражданӣ ва меҳнати ДДҲБСТ
ҚАЛЛОБАКЕ ДАР БЕШАЗОРИ АВРУПОИИ НАҲЗАТӢ
- Подробности статьи
Буд набуд, қаллоб буд, қаллобаки доно ва муғамбиру маккор. Ҳар қадамаш ҳисобӣ ҳар минуташ масруфӣ. Аммо ин қаллобак, як тан набуд, як тан дошту сад чеҳра, сад ниқобак ва дар ҳар маҳфил бо ҳар шева худро муаррифӣ мекарду мегашт. Гоҳ тоҷиру сарватманд, гоҳ донишманду олим ва гоҳо сиёсатшиносу мухолиф ва ғайра. Лек ин ҳама дар зери пардаи қаллобӣ ба роҳ андохта шуда буд, ки кам андар кам касе чеҳраи воқеии ин қалобаки муттаҳами наҳзатиро дармеёфту шинохт.
Ин қаллобак дар назди ҷавонон лофи ватандорӣ мезаду дар назди пири корашон “Бен Лодани наҳзат” ҳарф аз бизнесу хиёнату ватанфурӯшӣ. Кори қаллоб басо омад карда буд, гоҳ аз ислом мегуфту мардумро фиреб дод ва гоҳ аз муҳаббату садоқат ба ватан мегуфту ҷавононро гумроҳ кард.
Қаллоб асло намедонист, ки рӯзе пардаи бакорати асрораш медараду ӯро ҳатман мешиносанд, аммо аз ояву ҳадис мегуфту ҷайбашро пур кард, шартномаи тиҷоратӣ мегуфту аз фоиз гап мезад, аммо намедонист ин қаллобак, ки охир дар дин фоиз ҳаром аст!
Хуллас қаллобак –М. Садриддин банкрот мешаваду ба оғилхонаи наҳзат дар Аврупо ҳамчун пуштибони сиёсати ҳамҷинсгароён роҳ меёбад. Ҳарчанд худро домуллову донандаи хуби аркоми шариат мегирифт, аммо ҳанӯз ҳам хуни қаллобияш дар ҷӯш буд ва боз талош мекард, то касеро фиреб диҳад ва ба дом андозад, то ҳамон одати пешинааш гум нашавад. Лек нашуд. Аврупо калон аст ва он ҷо ҳама медонанд, ки арзишҳо ва боварҳо барои ҳар як кас алоҳида ва хос асту тиҷорат ва манофеъ чизи дигар. Касе қаллобакро гӯш накард ва қаллобак дигар маҷбур шуд, ки роҳи навро пеш гирад, ин ҳам бошад шарики тиҷоратии пири кори наҳзатиён “Бен Лодани наҳзатӣ” гардид. Дигар ҳама макру ҳилларо истифода мекард, то дар ин тиҷорат муваффақ шавад ва ҳамин хел аз ҳуқуқу демократия то ҳазорон мавзӯоти динӣ барои ин қаллобаки гузаро ва маккори бевиҷдон маводи тиҷоратӣ буд. Тиҷорати нави ин қаллобак ватанфурӯшӣ, хоинӣ ва хиёнат буд. Бар Ватан, миллат, давлат хиёнат мекард, то аз хоҷагони хориҷияш маблағи ҳангуфте ба даст оварад, чун дигар чорае ҳам надошт ва роҳи дурусти ба даст овардани маблағу пеш бурдани зиндагониро ҳам намедонист.
Хуллас рӯзе аз рӯзҳо пардаи бакорати асрори ин қаллобак бо ошкор намудани макру фиребаш бидарид ва маълум гашт, ки ин қаллоб ва фиребкору хоин асло виҷдони солим ҳам надоштааст ва аз бечорагиву нодориву нотавонӣ даст ба хиёнаткориву хоинӣ задааст, то ҳадди аққал дар назди занаш муттаҳам набошад, дар назди пири террористаш сархам набошад.
Қаллобро ном Муҳаммадиқболи Садриддин аст, ки худро имрӯз яке аз мухолифони сиёсӣ мешуморад, аммо дар асл бошад аз хоҷагони хориҷияш пул мегирад, то миллатро ба гумроҳӣ барад. Бар зидди миллат душманӣ меварзад. Зеро аз тақаллубаш дар кишварҳои хориҷӣ, ки бештар тоҷикон зарар дидаанд, маълум мешавад, ки ҳанӯз дар хуни разилонааш миллатбадбинии наҳзатӣ ҷористу дигар тобу тоқати дидани хушии ин миллатро ҳам надорад.
Қаллобаки маккор, М. Садриддин айёр ва авбошу хиёнаткор акнун бо кадом рӯ ба муридонаш мегуфта бошаду фатво дод, ки ин амалаш чӣ маънӣ дорад?!
Оё қаллобак боз лофи инсониву динӣ мезада бошад?
Шикасти ниқоби қаллобаки наҳзатӣ дигар мотам шуд дар оғилхонаи наҳзатиёни аврупоӣ ва ҳама наҳзатиён сар бар зонуи оғои хориҷияшон мезаданд, то қаллобаки манфурашонро бо ҳар дурӯғе сафед кунанд, аммо дигар дер шуда буд…
М. Абдусаломов,
омӯзгор, ДКМТ
Роҳи интихобкардаи мухолифин қаҳрамонӣ нест!
- Подробности статьи
Ҳоло дар расонаҳои оппазитсионӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ Муҳиддин Кабирӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин, Шарофиддин Гадоев бо матлаб ва муроҷиатномаҳои худ фаъолона иштирок намуда, худро ҳамеша “мусичаи бегуноҳ” ҳисоб мекунанд.
Ин мухолифи фирорӣ вақтҳои охир ба таблиғотӣ зидди ҳукумати кукунунии Ҷумҳурии Тоҷикистон машғул мебошад. Ин хоини миллат, ки ҳамаро мисли худаш пиндошта, кӯшиш дорад, ки фазои иттилоотиро ба дасисаву таҳлука оварад ва зиндагии осоиштаро мардумро ғамнок намояд. Ин рафтору кирдориӯ ба меъёри сиёсатшиносӣ замони муосир рост намеояд. Гуноҳҳое, ки ӯ содир намудааст, дер ё зуд ба сараш фоҷиаҳои нохуш меорад. Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳоло шахсиятҳое, чун Муҳиддин Кабирӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин, Шарофиддин Гадоев, Саидюнуси Истаравшанӣ ва дигарон каҷрави сиёсат Мебошанд. Дар назди расонаҳои оппозитсион ва шабакаҳои иттилоотӣ ин афрод он қадар фаъол шудааанд, ки гӯё бе ҳузури онҳо ҳаллу фасли қазияи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон номумкин бошад. Онҳо худро мӯҳтарам нишон дода, хориҷиҳоро бар он бовар кунонданӣ ҳастанд, ки онҳо муборизи роҳи озодӣ мебошанд.
Имрӯз Муҳиддин Кабирӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин, Шарофиддин Гадоев хиратарин дасисабозтарин афроди роҳи сиёсат мебошанд, ки бо қаллобиҳояшон мехоҳад худро қаҳрамони замон нишон диҳад.
Мо мардуми сарбаланди тоҷик хатои шуморо намебахшем ва роҳи интихобкардаи шуморо роҳи расидан ба терроризм ваэкстремизм ҳисоб мекунем. Аз ҷавонон хоҳиш мекнем, ки аз пайравӣ ба шумо худдорӣ кунанд.
Шаҳрзоди Баҳор,
ДДХ
Муҳаммадиқболи Садриддин-хоини давлат
- Подробности статьи
Имрӯзҳо ифротгароёни халқи тоҷик садои шағолмонанди худро аз манотиқи гуногуни дунё бароварда истодаанд. Гарчанде, ки онҳо дар мамлакати мо қарор надоранд, бо вуҷуди ин, онҳо аз берун зарари худро расониданианд. Яке аз душманони давлати Тоҷикистон Муҳаммадиқбол Садриддин аз берун истода заҳри худро ба мардуми тоҷик ранги мори афъи мечошад, ки аз амалҳои маккоронаи ӯ кулли мардум ва мақомотҳои дахлдор бохабар аст.
Ҳар нафаре, ки боре чеҳраи Садриддинов Муҳаммадиқболро зимни пахши «хабарҳо»-яш дар сомонаи «Ислоҳ.нет» дида бошад, эҳсос кардааст, ки пушти ин заҳрханди ҳамешагии чоплусона чӣ махлуқе пинҳон аст. Оне, ки бо намои бетағйир ҳар ҳодисаву воқеаи кӯчаки дар Тоҷикистон ба вуқуъ пайвастаро ба риштаи танқид мекашад, кист? Чӣ гузаштае дошт? Садриддинов Муҳаммадиқбол писари яке аз таъсисдиҳандагон ва фаъолони ТТЭ ҲНИ Садриддинов Қаландар мебошад, ки солҳои нооромӣ маҳз бо ҳидояти ӯ мардуми минтақаи Қӯрғонтеппа ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳамчун гуреза паноҳ бурдаанд. Чун ин усул низ пешакӣ андешида шуда, мардум маҳз ба хотири рӯёндани маблағҳои калони пулӣ барои буду боши гурезагон ва ҳам истифодаи номи «гуреза» аз рӯйи ақидаҳои сиёсӣ истифода шуданд. Бо ҳидоятҳои падар Муҳаммадиқбол солҳои 1992-1997 дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таҳсилоти ифротгароӣ гирифта, аз шогирдони муваффақи як пойгоҳи таълимоти экстремистию ифротгароии ин кишвар гардидааст.
Бефаросатӣ ва бешармие, ки аз чеҳраи Муҳаммадиқбол пайдост, аз тарбияи нохуб ва гузаштаи шармовари падараш Мулло Қаландар сарчашма гирифтааст. Аҷоибаш он аст, ки ин мубаллиғон бо вуҷуди доштани камбудиву нуқсонҳои зиёди ҳаётӣ ва ноҷавонмардиҳо нисбат ба наздикону пайвандони худ аз камбудиҳои як давлат ва як миллат бо танз сухан мегӯянд. Шуруъ аз Кабирӣ, ки ҷанозаи модари чашм ба роҳ мондаи худро бо телефон хонд. Муҳаммадиқболи С., ки ба ҷанозаи падари дар ғарибиву ғурбат ҷондодаи худ рафтанро лозим надонист.
Ин рӯйхатро идома додан мумкин аст, аммо суол ба ҳамаи ин якест: ҷавонмарде, ки тобути падару модарро намебардорад, нафаре, ки маблағи ночизи раҳкироро аз ҷанозаи падар боло медонад, шахсе, ки ба ҳамсар ва бародару хоҳари худ раҳме надораду ин қадар ба осонӣ аз наздикони худ даст мекашад, барои мо — мардуми оддии кишвар чӣ амали некеро анҷом медиҳад? Ҷавоб ба ин савол пушти нигоштаҳои болост. Айни замон Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслакону балегӯёнаш, ки М.Садриддин яке аз онҳост, бо корбурди тамоми маҳорати тӯли солҳо аз сарпарастони хориҷӣ омӯхтаву андӯхтааш талош дорад, ки бо ҳар роҳу восита афкори ҷомеаи ҷаҳонӣ ва мардуми Тоҷикистонро нисбат ба роҳбарият ва Ҳукумати кишвар тира созанд. Онҳо чунин вонамуд мекунанд, ки гӯё барои ислоҳи нуқсонҳои мавҷудаи ҷомеаи мо саъй карда, роҳи раҳоии кишварро аз бунбасти мушкилотҳои мавҷуда нишон медиҳад. Мақсади аслиашон аз роҳандозии ин пруҷа он аст, ки бо фазосозӣ дар дохили кишвар ва бо ҷалби таваҷҷуҳу кумаки нерӯҳои манфиатҷӯи байналмилалӣ дигарбора дар саҳнаи сиёсии кишвар ҳузур пайдо кунанд, аммо ин ҳарфҳову ҳадафи онҳо идомаи ҳамон хаёлпардозиҳояшон аст, ки дар боло ба он ишора шуд.
Рауфов М.М. – ассистенти кафедраи
назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи ДДҲБСТ
НЕСТ БОД ТТЭ ҲНИ!
- Подробности статьи
Имрӯзҳо маълум аст, ки пас аз содирнамудани амалҳои зиёди террористӣ ва расонидани зарару зиёне барзиёд бар миллати тоҷик аъзоёни ТТЭ ҲНИ ба кишварҳои хориҷӣ фирор намуданд, то аз ҷавобгарии ҷиноятӣ халос шаванд. Аммо агар ин ҳама ҷиноятҳои содирнамудаи наҳзатиёнро ҳисоб кунем ва он ҷанги шаҳрвандие, ки бо фармони хоҷагони хориҷияшон ташкил карданд, ба назар гирем, на танҳо мақомот, балки миллати тоҷик ҳазорсолаҳо наҳзатиёни террористро барои ин гуна хиёнати бузургашон нахоҳад бахшид.
Зеро хиёнат ва хоиниву ватанфурӯшии наҳзатиён ҳаргиз фаромӯш намешавад ҳар як наҳзатии ҷинояткор ва террорист бояд дар назди қонун ҷавоб бигӯяд.
Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтори аъзоёни ТТЭ ҲНИ душманони миллатро комилан маҳкум намуда, бар онҳо ланат мехонем!
ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ
ТАЪМИНОТИ БАРҚИ ДКМТ
Ал-ҳазар аз хоинони миллат
- Подробности статьи
Имрӯзҳо дар доираи шабакаҳои интернетӣ, ки вобаста ба ҷараёнҳои масоили сиёсии, ки санаи 11-уми октябр шуда гузашт, аз ҷониби мухолифони бадхоҳ ҳаргуна фикру ақидаҳои бардурӯғ паҳн гашта истодааст.
Аммо ин фикру ақидаҳои онҳо асоси вақеӣ надорад. Онҳо ҳамеша барои сиёҳ кардани тамоми сохтори сиёсиву ҳуқуқии Ватани азиамон доим тӯҳмату бӯҳтонҳои ғаразомези худро боён карда, мехоҳанд мардуми орому осудаи моро ба тафриқа кашанд. Ҳақиқати ҳол ин аст, ки мо тавонистем дар ин муддат Ватани худро обод намоем ва аз тамоми лиҳоз хоҳ сиёсӣ хоҳ иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳонг рушту равнақ додем. Аммо он бегонапарастон ин пешравиро намехоҳанд. Ҳамеша дар фикри онанд, ки барои пешравии мардуми шарифи тоҷик монеа пеш оранд. Вале афсус ҳаргиз ин корро анҷом додан наметавонанд. Барои он наметавонанд, ки мардуми тамаддунофари мо он хиёнату ватанфиребиву ватанфурӯшии онҳоро ҳануз аз солҳои навадум хуб бар ёд доранд ва ягон вақт ба гуфтаҳои ин хоинон равони кору фаолияте намешаванд.
Ногуфта намодад, ки халқу миллат ба ҳеҷ ваҷҳ ба хоинони ватанфурӯш пайравӣ намекунанд ва нахоҳад кард. Зеро онҳоро ҳамаи халқ медонанд, ки пешравии мордуми моро намехоҳанд ва хиёнаткоранд. Ал-ҳазар аз чунин инсонҳое, ки пешравии ватану давлати худро намехоҳад ва аз гӯшанишаста боз лофи ватандӯстӣ мезананд. Агар ватандӯст мебуданд, барои пешравии ватан ва мардуми худ фикр мекарданд. Зеро инҳо ватандӯст нестанд хоини ватананд.
Бори дигар ба он хоинон изҳор менамоем, ки мо мардуми тоҷик ва тоҷикистониён ҳамеша барои рушд додани ватанамон ҳамеша камари ҳиммат басата содиқона хизмат менамоем ва намегузорем, ки ҳеҷ башаре барои пешрафти давлату миллатамон монеа шавад. Инчун гапу калочаи хоинони милатро рад намуда, барои ободии Ватани азизамон доим тойёрем ҷонбозӣ кунем, ки ягон газанде бори пешрафти давлату миллати мо расад.
Кафедраи умумидонишгоҳии
фалсафаи ДДХ
Ислоҳ.нет – сарчашмаи экстремизм ва терроризм
- Подробности статьи
Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол, демократӣ, дунявӣ ва ягона мебошад. Тоҷикистон дар даврони аввали соҳибистиқлолии худ ҷанги бародаркуш ва хонумонсӯзиро дидааст. Ин ҷанге, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ миллати мо аз сар гузаронидааст ҳоло ҳам пеши назари мардум аст, ҳоло ҳам фаромӯш нашудааст ва барои мо – тоҷикистониён басандааст. Муносибати ҳизбҳои сиёсӣ бо дин дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифта, танзими дақиқи худро пайдо кардааст. Муҳимтарин манбаи ҳуқуқие, ки масъалаи мазкурро ба танзим медарорад, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадаҳои дигари меъёриву ҳуқуқӣ аст.
Масалан фаъолияти иғвогаронаи сомонаи “Ислоҳ.нет” мебошад, ки ин сомона дар тассавури афроди ҷомеа ақидаҳои нодурусти диниро ҷой дода, онҳоро ба гурӯҳҳои ифротгароӣ шомил мегардонад ва бо дасти мардуми ноогоҳ амалӣ созад. Мехоҳанд, ки ҷомеаи мо мувофиқи хости онҳо шакл бигирад. Гурӯҳҳои бадрафтор ва террористӣ барои ноил шудан ба нақшаҳои худ аз дин моҳирона истифода мебаранд ба монанди собиқ роҳбари ТЭТ ҲНИ, ки яке аз асосгузори сомонаи “Ислоҳ.нет” аст.
Мардуми мо хушбахтона ба фаъолияти кунунии сомонаи “Ислоҳ.нет” ва масъули он баҳои объективона медиҳанд. Чанде пеш ҷинояти навбатии Муҳаммадиқболи Садриддин фош гардид, ки ӯ ба ғайри ифротиву хоин будан, боз қаллоб ҳам будааст. Ҳангоми дар Тоҷикистон расман фаъолият доштанд аз чанд тан шаҳрвадони мо пулҳои калон гирифта, боз нагардондааст.
Шамсиев Ф.К. – н.и.и., сармуаллими
кафедраи менеҷменти ДДҲБСТ
“ХИЁНАТ” АЗ НОҶАВОНМАРДИИ НАҲЗАТИЁН ГУФТ!
- Подробности статьи
Ба ҳамагон маълум аст, ки аъзоёни ТТЭ ҲНИ душманони миллати тоҷик ба хотири гумроҳ намудани ҷомеа ва фиреб додани мардум солҳои 90-уми асри гузашта аз номи дин ва шариат истифода намуданду кишварро ба ҷанги шаҳрвандӣ мубтало сохтанд ва дар ин ҷанг бештар худи наҳзатиён датс ба қатли оми оммаи бегуноҳ заданд, ки ин амал нобахшиданист.
Ҳарчанд то ба ҳол миллат ин ҷиноятҳои наҳзатиёнро фаромӯш накардааст, аммо палидони наҳзатӣ ҳамеша мехостанд инро пинҳон созанду боз ҳам дасисабозиву иғвобарангезии худро идома диҳанд. Аммо филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” парда аз ин ҳама асрори ниҳони наҳзатиён бардошт ва ниқоби наҳзатиёнро шикаст, то миллат ва ҷавонон аз ноҷавонмардиву номардии наҳзатиёни палид, ки даст ба куштору ғоратгарӣ мезаданду ҳатто хоиниву хиёнат бар Ватанро раво дида буданд, огоҳ шавад.
Ҳама ниқобҳои наҳзатиёни манфур дигар шикаста шуд ва тамоми сайёра имрӯз фаҳмид, ки наҳзатиён террористу инсонбадбин ва хиёнаткору разил ҳастанд.
Мо, омӯзгорони кафедра рафтори ноҷавонмардонаву хоинонаи наҳзатиёнро маҳкум намуда, бар онҳо лаънат мехонем!
ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ
ФАНҲОИ ТАБИӢ-ИЛМИИ ДКМТ
28 October 2020
Шукргузорӣ
- Подробности статьи
Айёми тобистон писарам Парвизҷонро писари ҳамсояи рӯ ба рӯямон (мо ба наздикӣ ба ҳавлии нав кӯчида будем) Авазҷон даъват карду гуфт, ки агар коре надошта бошад, ба зардолуафшонӣ ёрӣ диҳад. Оини ҳамсоядорӣ, писарам ба ёрии онҳо рафт. Бегоҳ дар сари дастархони хӯроки шом бо тааҷҷуб гуфт:
- Модарҷон, холаи Марҳамат ба чанд даромадаанд?
- Аз 70 гузаштаанд, чӣ буд ки? – суол додам ман.
- Хеле боғайрат будаанд, ҳамин рӯз баробари мо, ҷавонон болои дарахт зардолуафшонӣ доштанд ва ҳеҷ хастагиро ҳис накарданд, - гуфт Парвизҷон. Суҳбати аҳли оила баъди хӯроки шом дар мавриди обутобёбии тани инсон тавассути меҳнат, роҳатрасон будани фарҷоми он, бе ранҷ ба даст наомадани ганҷ, ба қавле, қӯр гирифт.
Баъди чанде банда бо Марҳаматхола Алибоева ҳамсуҳбат шуда, ҳақиқати ҳолро дарёфтам.
- Ба гуфтаи гузаштагон устухонам бо меҳнат шах шудааст, духтарам. Чашм кушодаму худро дар оғӯши пахтазори нопайдоканори совхози «Сирдарё» - и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дидам. Падару модари меҳнатрӯзиям субҳ ба сари замин мерафтанду шомгоҳон бармегаштанд. Бо вуҷуди он ки аз кор хеле хаста меомаданд, шукр доштанд, ки ризқу рӯзиамонро замин - модар мерасонад. Мегуфтанд, ки замин манбаи ризқу рӯзӣ аст. Агар ба он хуб нигоҳубин карда, об дода, онро сари вақт шудгор намуда, порую нуриҳои минералӣ андохта истед ва муқаддас донед, вай ҳам домони сахояшро мекушояд. Деҳқони асил, одамони меҳнатдӯст аз як порча замин чанд маротиба ҳосил гирифта метавонанд. Ин суханони падарам то ҳанӯз дар гӯшаш ҷарангос мезананду сармашқи кори ҳаррӯзаамон гаштааст. Вақту соати ба нафақабароӣ фаро расиду шукри даврони Истиқлолият, ки дар синни 58 – солагӣ ба нафақа баромадам, аммо зиндагии худро бе замин тасаввур карда наметавонам. Имрӯз фарзандону наберагонам низ давомдиҳандаи кори бобою бибиашон гаштаанд,- гуфт Марҳаматхола.
Бале, хок як унсури муҳими табиат буда, онро гузаштагони мо боифтихор Замин - Модар номидаанд. Дар ҳақиқат, он муқаддас ва ризқдиҳанда аст, зеро агар як сатил картошкаро ба замин шинонед, аз он чанд халта картошка гирифта метавонед. Агар як мушт ғалладонаро ба замин пошед, аз он чӣ қадар ғалладонаи бисёр мерӯяд. Деҳқонзодагони асил мисли оилаи Алибоевҳо соле дар як порча замин чанд бор зироат кишт карда, ҳосили баланд мерӯёнанд.
Писари хурдӣ Ихтиёр Алибоев иброз медорад, ки дар 0, 75 садяк замин сабзавот мисоли помидор, қаланфури булғорӣ, карам, боқило, лаблабу, бодиринг, каду шинонида, ҳосили дилхоҳ ба даст овардаанд, бар замми захира намудани он тариқи консерва маҳсулоти аз замин ба дастовардаашонро ба бозор баровардаанд ва бо ин равиш барои ободии дастархони мардум ҳисса гузоштаанд.
- Алҳол мавсими пухтарасии карам аст. Кӯчати онро худи аҳли оила тайёр карда, дар масоҳати 0,5 садяк замин шинондаем. Навъҳои гуногуни карами ҳамадонӣ, византиягӣ, мавсилӣ, андалусӣ ва гулкараму каллакарам хосиятҳои шифобахшӣ дошта, кадбонуҳо аз он хуришҳои гуногун омода месозанд ва таоме, ки бо карам тайёр шудааст, барои сиҳатии тан муфид аст. Карам барои сулфаи кӯҳна, варами пардаҳо ва узвҳои дохили шикам, гирифтагии овоз, дарди сипурз, сӯхтагӣ аз оташ, шаро хеле шифобахшанда аст. Бояд гуфт, ки барои ба даст овардани ҳосили дилхоҳ меҳнати дучанд кард, зеро ҳар полезие, ки дар замин кишт мегардад, нигоҳубини махсусро талаб мекунад. Сари вақт нарм кардани зери кӯчатҳо, обрасонӣ ба он, пошидани нуриҳои минералӣ барои сабзиш ва пухта расидани карам ёрии калон мерасонанд. Обёрии замин бошад, тавассути се чоҳи амудӣ амалӣ гардида, барои сари вақт пухта расидани ҳосил кӯмак мерасонад, - гуфт Ихтиёр.
Ҳамчунин, ин марди деҳқонзода имрӯзҳо баҳри ба даст овардани ҳосили ҷуворимакка ҷидду ҷаҳд дорад ва умед бар он мебандад, ки дар фасли сармо хӯроки чорвояш таъмин аст. Оилаи Алибоевҳо инчунин дар мавзеъҳои Сартӯқайи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров замини кишти шолӣ доранду алҳол даравгарон саргарми коранд. Дар наздик ду гектар замини шолӣ аз оғози фасли баҳор меҳнат мекунанду имрӯз подоши заҳматашонро баъди ғунучини ҳосил интизоранд.
Набераи хонадон Авазҷон, ки давомдиҳандаи кору фаъолияти волидонаш асту имрӯз баҳри ба даст овардани ҳосили дилхоҳ меҳнат мекунад, чунин ибрози ақида дорад:
- Шолӣ, ки аз он биринҷ мегиранд, зироатест, дар заминҳои сероб кишт мешавад, аксар даруни об мерӯяд, дар дохили об месабзаду пухта мерасад. Мардуми тоҷик анъанае доранд, ки ҳар бегоҳии рӯзҳои ҷумъаю душанбе оши палавро, албатта, рӯи дастархонашон мегузоранд, зеро ин таомро «шоҳи таомҳо» мепиндоранд. Аз замони кишти шолӣ то ба шакли биринҷ расидани ин растании зироатӣ меҳнати бурдборона бояд намуд. Алҳол як қисми ҳосили бадастомадаро ғунучин кардем.
Баъди чанд вақти дигар ҳосили пухтарасидаи 1,3 гектар замини боқимондаро низ ҷамъоварӣ хоҳем кард. Агар нисфи ҳосилро сарфи эҳтиёҷоти оила намоем, нисфи дигараш ба бозор бароварда шуда, дастархони мардумро ғанӣ мегардонад. Мо, аҳли оила агар дар ободии диёр ва пурнозу неъмат гаштани рӯзгори сокинон ҳиссаи худро гузорем, худро хушбахт меҳисобем.
Марҳамат - хола ҳамроҳи писаронаш Бахтиёру Ихтиёр, арӯсон Мавлудахону Майсарабону ва набераҳояш ғами зимистонро ҳанӯз барвақт хӯрда, анвои хӯрданӣ захира кардаанд.
- Аз тамоми маҳсулоте, ки аз замин рӯёндаем, захира дорем. Дастархонамон ҳамеша пур аст. Мақоли «ғами зимистонро дар баҳорон хӯр» моро ҳидоят бар он менамояд, ки дучанд меҳнат карда, сатҳи некӯаҳволии худро баланд бардорем,- гуфт Марҳамат Алибоева.
Шоира САЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»
Читать далее