October 2020

15 October 2020

«Саг аккос мезанад, корвон роҳро идома медиҳад»

Вокуниш ба мақолаи суханронии Муҳиддин Кабирӣ дар донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтони ИМА

Мақолаи мазкурро мутолиа намуда инсон ба ҳайрат мемонад, ки чунин шахсиятҳо дар ҷамъият худро кӣ меҳисобанд ва бо истифода аз кадом ҳуқуқи маънавӣ дар минбарҳои гуногуни давлатҳои Ғарб бо баромадҳои масхараомез сухан мекунанд.

Дар баромади худ роҳбари Ҳизби террористӣ-экстремистии назҳати ислом Муҳиддин Кабирӣ баъзе  нишондодҳо ва назарсанҷии  кадом рӯзнома, маҷалла ва ташкилотҳои ҷамъиятии хориҷиро мисол оварда, ба фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон баҳогузорӣ менамояд.

Чунин шахсият ба монанди Муҳиддин Кабирӣ дар таърих худро ҳамчун террорист, экстремист, душмани ашадии халқу миллати тоҷик сабт намуд ва ҳамчун шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо боварӣ мегуям, ки чунин афрод ҳуқуқи маънавии сухан гуфтанро надоранд, зеро ба рузҳои бад ва мудҳиш гирифтор шудани давлат аз дасти нохалафи маҳз ин инсони разил мебошад ва ҳамчун таҳлилгар иброз медорад, имрӯз кишвари мо ҷузъи қашшоқтарин, заъифтарин, бастатарин ва 10-гонаи ғайри демкоратиҳост.

Ин таҳлили гузаронидашуда ба ягон воқеияти ҳаёти имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мувофиқат намекунад.

Дар баромади худ Кабирӣ иброз медорад, ки «Мо метавонем беохир дар бораи сабабҳо ва гунаҳкорони ин вазъият баҳс кунем. Аммо беҳтар мебуд болои чанд омили аслӣ ва роҳи ҳалҳо тамаркуз намоем, то вазъ дар оянда аз ин бадтар нашавад». Бо ин суханони худ бори дигар исбот менамояд, ки ба ғайр аз сабаб ҷустан, гунаҳкор кардан дигар ба чизе қодир нест ин инсон ва гурӯҳи зери тобеияти ӯ қарор дошта.

Дар идомаи суханони худ таъкид месозад, ки «Муҳимтарин омиле, ки кишвари моро ба ин ҳол овард, ин дур рафтан аз руҳия ва матни Созишномаи умумии сулҳ буд, ки соли 1997 дар Москва имзо шуд. Ин санаде буд, ки натанҳо бояд ҷанги шаҳрвандиро хотима мебахшид, балки чорчӯбҳои асосии рушди ояндаи Тоҷикистонро ҳам пешбинӣ мекард. Яъне Тоҷикистон бояд як кишвари демократӣ, гуногунандеш ва таҳаммулгаро мебуд, ки ҳама гурӯҳҳо, ҳизбҳо ва инсонҳо новобаста аз ақидаву мазҳаб назди қонун баробар бошанд. Бале, имрӯз метавон гуфт, ки Созишнома ҷангро хотима бахшид, аммо ваҳдату суботро натавонист таъмин кунад. Ва вазифаи дуюмаш, кушодани роҳ барои як Тоҷикистони демократӣ ва пешрафта нотамом монд. Як тарафи сулҳ аз кишвар ронда шуд, садҳо роҳбаронаш аз нав вориди зиндону кушта шуданд».

Саволе ба вуҷуд меояд, ки чаро гунаҳгорони асосии ҳодисаҳои мудҳиши ба сари миллати тоҷик омада гуноҳи худро ба гардан намегиранд. Дар кирдорҳои содиркардаи худ дигаронро гунаҳгор медонанд.

Дар асоси Созишнома 30 фисади вазифаҳои роҳбарикунандаи давлатиро ба аъзои неруҳои мухолифин доданд, мутаассифона, шахсони ба вазифа таъингардида, ки баъзеашон на маълумоти олӣ доштанд, на таҷрибаи роҳбарӣ боз аз рӯи фаҳмиш, дониш ва диди худ даст ба ҷиноят заданд, ки барои ҷиноятҳои содиркардаи худ мувофиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида шуданд, баъзеи дигарашон бо ҷамъоварии маблағҳо ба давлатҳои хориҷа фирор карданд.

Кабири иброз медорад, ки «Сулҳи мо тоҷикон бо миёнҷигарии ООН имзо шуд ва кишварҳои кафил, мисли Русия ва Ирон ба он имзо гузоштанд. Пас аз саркӯбшавии як тарафи сулҳ дар соли 2015 на СММ ва Русияву Ирон садо баланд накарданд ва имрӯз ҳам касе аз Раҳмон суол намекунад, ки чаро сулҳро поймол кард».

Ба ин саволи Кабири ҳамчун шаҳрванди Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҷавоб гуфтаниям, ки натанҳо давлатҳои кафил Россия ва Эрон балки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб медонанд, ки Ҳизби наҳзати ислом, ҳизби террористӣ-экстремистӣ мебошад, роҳбар ва аъзоёни он ватанфурӯш, хоин, шахсони ноустувор мебошанд, дар Тоҷикистон сулҳ поймол нагаштааст сулҳу ваҳдат пойбарҷост, тамоми халқияту миллатҳо дар фазои орому суббот зиндагӣ ва умр ба сар бурда истодаанд.

Суханронии Кабирӣ бори дигар исбот карда истодааст, ки ҳоло низ онҳо дар сар нақша ва амалҳои разилонаи худро доранд ӯ қайд мекунад, ки «Мо ҳамчун як бахше аз нерӯҳои опозитсионӣ ва касоне, ки аз ояндаи кишвар нигаронанд, дар чунин ҳолат пешоруйи саволе истодаем: оё мисли қабл танҳо ба хотири ҳифзи «субот» нақши як мунтақиди нармро идома бидиҳем ва ё ба таври ҷиддӣ вориди амал шавем, масъулият ва рискҳоро ба дӯш бигирем, то аз фоҷеаи бузургтар пешгирӣ шавад».

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва давлат қодир аст ҳама гунна таҳдиду хатарҳо бартараф созад ва ба сухану таҳдиду фишорҳои гурӯҳҳои ҷиноятӣ ҷавоби сазовор диҳад.

Ин суханронии Муҳиддин Кабириро ҳамчун суханони пуч, беасос, кучагӣ, иғвоангезона тамоми мардум қабул мекунад ва ба он умуман аҳамияте намедиҳад ба монани мақоли халқии «Саг аккос мезанад корвон роҳро идома медиҳад».

Мо халқи Тоҷикистон дар роҳи худ устуворем ба чунин суханон диққат намедиҳем дар пайи ободӣ ва созандагии кишвари худ бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошем.

Қобилов Б.Қ. – н.и.ҳ., сармуаллими кафедраи
ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика ва
пешгирии коррупсияи ДДҲБСТ

Читать далее

ТТЭ ҲНИ – ДУШМАНТАРИН НЕРӮ

Соли ҷорӣ ба соҳибистиқлолии кишвари азизамон 29 сол пур шуд, ки дар назди таърих ҳукми як лаҳзаро дорад. Аммо дар ҳамин давраи кӯтоҳи таърихӣ дар Тоҷикистон корҳои бузурге ба анҷом расонида шуданд, ки дар давоми зиёда аз 70 соли мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ амалӣ нагардида буданд.

Мутаассифона, ҷоҳилоне ҳастанд, ки мехоҳанд мақсадҳои разилонаи худро дар роҳи доғдор сохтани фазои ороми кишвар бо роҳи тафриқаангезӣ амалӣ созанд зеро ҳар ободиву пешрафт ба чашми онҳо чун хор мехалад ва ба гуфте айшашонро талху хобашонро ноором месозад. Зуҳуроти номатлуби терроризм ва экстремизми диниро аввалин бор дар солҳои навадуми асри гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз ТТЭ ҲНИ барои нооромсозии вазъияти сиёсии кишвар роҳандозӣ намудааст. Чунин фаъолияти тахрибкоронаи ташкилоти мазкур, ки бо дастуру пуштибонии доираҳои манфиатдори хориҷӣ татбиқ мегардид, боиси сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар кишварамон гардид. Оқибатҳои ногувору даҳшатбори ҷанги дохилӣ ва он амалҳои террористии наҳзатиён то ҳанӯз аз хотираи мардум зудуда намешавад. Он ҳамчун як доғи сиёҳ ва саҳифаи торике дар таърихи давлатдории навини тоҷикон боқӣ мемонад.

Мусаллам аст, ки он амалҳои нангини террористони наҳзатӣ, аз ҷумла аз тарафи онҳо паҳн кардани ақидаҳои мазҳаби бегона дар байни аҳолӣ, ки бо суиистифода аз бовару эътиқодоти динии мардум анҷом дода мешуданд, дар асл бар зарари арзишҳои динӣ буданд. Зеро муллоҳои мутаассибу ифротии ҲНИ зери шиорҳои динӣ баромад карда, вале мақсадҳои ғаразноку хоҳишҳои палидонаи худро ҳамчун аҳкому фармудаи динӣ ба мардум талқин мекарданд. Дар асл мақсаду мароми ин хоинону аҷнабигароён иҷрои супоришу дастури хоҷаҳояшон ва амалӣ намудани нақшаҳояшон, яъне  ноором кардани фазои сулҳу суботи кишвар буд. Имрӯз санаду далелҳо исбот кардаанд, ки фаъолияти ТТЭ ҲНИ бар хилофи манфиатҳои Ватану миллати мо равона гардида ва танҳо аз разиливу хоинӣ иборат буд. Ба ҳеҷ кас пӯшида нест, ки сарварони наҳзатиҳо тамоми амалу рафтори хешро бо дини мубини ислом пайваст намуда, ҳамаи онҳоро сарманшаи кори худ меномиданд. Бо чунин рафтори дурӯягӣ диққати тамоми мардумро ба дин ҷалб намуда, халқро дар ғафлат мегузоштанд ва аз фурсати барояшон бадастомада барои анҷом додани амалҳои бади шайтонию аҳриманӣ истифода мебурданд. Ин тоифа, ки дар ниқоби дӯст кори душманӣ ва дар сурати инсон амалҳои шайтониро анҷом медиҳанд, ҳамеша ҷонибдори нооромию носуботӣ ва ноамнию ҷангзадагии Тоҷикистон мебошанд.

Ба гуфтаи худи аъзои ТТЭ ҲНИ, яке аз омили норозигиашон ин манъи ба масҷид рафтани наврасони то синни ҳаҷдаҳсола ва бастани дари бархе аз масоҷиди ғайриқонунӣ мебошад. Илми тиб собит кардааст, ки организми наврас дар ин синну сол ҳанӯз ҷавон ва дар раванди ташаккулёбӣ қарор дошта, ҳар нақши дар ин муддат дар мағзи он гузошташуда ҳамбақои умр мешавад. Ва ба ҳамагон маълум аст, ки солҳои аввали ҷанги шаҳрвандӣ роҳбарияти ТТЭ ҲНИ бештар ҷавононро мағзшӯӣ карда, онҳоро бар зидди манфиатҳои миллату Меҳан бархезонид. Аз ин рӯ, тамоми насли калони кишварро зарур аст, ки кулли наврасону ҷавонони дар ин синну сол қарордоштаро ҳамеша ба омӯзиши илму дониш, забонҳои хориҷӣ, техникаю технологияи муосир ва ҷаҳонбинии илмӣ раҳнамун намоянд. Агар дар тӯли беш аз 70 соли шӯравӣ ҳамагӣ зиёда аз 30 шаҳрванди мо фаризаи ҳаҷро анҷом дода бошад, дар давраи Истиқлолият ҳазорон нафар бо истифода аз ҳуқуқу озодиҳои худ ҳаҷ кардаанд. Дар мавсими ҳаҷи соли 2010 – ум 5336 шаҳрванди Тоҷикистон ҳаҷ кард. Ин адад дар соли 2011 қариб ба 5,5 ҳазор расид. Ин ҳама натиҷаи сулҳу субот, ваҳдату якпорчагӣ ва сиёсати дурусти роҳбарияти кишварамон мебошад. Аммо роҳбарони ТТЭ ҲНИ тамоми имкониятҳои дар самти дин фароҳамовардаи давлатро сарфи назар намуда, баъд аз истиқрори сулҳ ва бахшида шуданашон ҳам аз фаъолияти тахрибкоронаю душманонаи худ даст накашиданд. Онҳо бо мақсади расидан ба ҳадафҳои ғаразноки худ даст ба ҷиноятҳои сангину террор заданд.

Баъд аз исботи тамоми амалҳои ҷинояткорона ва хиёнатҳои ТТЭ ҲНИ ин ҳизб мамнӯъ ва террористӣ эълон гардид. - Аксарияти аъзоёни ҳизби мазкур, солҳои 2014-2015 сафҳои онро тарк карданд. Айни ҳол масъулону роҳбарони боқимондаи он аз ҷавобгарӣ дар назди қонун фирор карда, дар кишварҳои хориҷӣ паноҳ бурдаанд, ки дер ё зуд барои амалҳои манфурашон ҷавоб хоҳанд гуфт. Зеро маҳз онҳо амалҳои террористию ҷанги шаҳрвандиро дар Тоҷикистон оғоз карда буданд ва то ҳанӯз мехоҳанд бо роҳи зӯроварӣ ба мақсадҳои нопокашон дастёб гарданд.  Аммо мардуми Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзии мо, ки аз нияти нопоки наҳзатиҳо хуб огоҳанд, дигар ҳеҷ гоҳ фирефтаи макри ТТЭ ҲНИ намегарданд.

Шамил НАЗАРЗОДА,
устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

Хиёнат кори номардон

Филми хуҷҷатии «Хиёнат, ки симои манфури наҳзатиёнро аз таърихи пайдоишаш то ба имрӯз ошкоро, ба таври воқеӣ бо асноду далелҳои раднашаванда рӯи навор овардааст, амри воқеӣ ва зарурияти таъриҳӣ мебошад. Дар филми мазкур хусусан, рафтору амалиётҳои хиёнаткоронаи ҳизби мамнуъшудаи наҳзат дар солҳои 90-ум, ки оқибат ба ҷанги шахрвандӣ дар ҷумҳурӣ сабабгар гардид, ба таври ҳақиқӣ бо далелҳои таъриҳӣ инъикос ёфтаанд.

Махсусан, ҳодисаҳои кӯштори шахсиятҳои маъруфи аз хиёнаткориҳои нахзатиён нисбат ба миллату ватани худ шаходат медиханд. Бояд қайд намуд, ки баъди дидани филми мазкур ҳар як фарди ватандӯст ҳатман ба андеша меравад, ки наход чунин ашхосе ба монанди нахзатиён, ки дар хамин сарзамин ба воя расидаанд, чунин хиёнати нобахшиданиро нисботи меҳани худ, миллати худ содир намуда бошанд. Наворҳои ин филми ҳуҷҷатӣ, ки пурра аз бойгониҳо гирд оварда шудаанд, нишон медиханд, ки воқеан хам, ин наҳзатиёни одамсурат, вале дар асл шайтонхои хиёнаткор дар вуҷудашон ғайр аз фитнакорӣ, дасисабозӣ, дигар ҳеҷ гуна арзишҳои ахлоқию маънавии инсонӣ надоранд.

Хиёнат ба Модар - Ватан даҳшатноктарин хиёнати инсон дар тули умраш

мебошад ва амали ноҷавонмардона маҳсуб меёбад.

Бубинед, имрӯз наҳзатиёни фирорӣ бо рохбарии Мухиддин Кабирӣ баъди хиёнат ба Ватан боз аз дур истода, бо хар роҳ ба сари миллати мо санги маломат мезананд. Наҳзатиён барои он хиёнаткору маломаткор ҳастанд, ки мухаббат ба Ватан надоранд, чаро, ки имон надоранд.

Мавриди зикр аст, ки филми ҳуҷҷати «Хиёнат» дар тарбияи ватандӯстии аҳли ҷомеа, хусусан ҷавонон ва баланд бардоштани зиракии сиёсии онҳо ахамияти баланди ғоявӣ дорад. Аз ин лиҳоз, дар муассисаҳои таълимӣ ҳангоми гузаронидани дарсҳои тарбиявӣ ва дигар чорабиниҳои тарбиявӣ намоиш додани наворҳо аз филми мазкур нақши муҳим мебозад. Хусусан, дар шароити ҷаҳони муосир, ки терроризм ва эктремизм хамчун вабои аср ба амнияти ҷомеа таҳдид менамояд, барои дар руҳияи ватанпарастӣ, нафрату адоват нисбат ба терроризм ва экстремизм тарбия намудани ҷавонон нақши арзишманд дорад.

З.БОБОРАҲИМОВ,
Корманди шоистаи тарбияи ҷисмони
ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
мудири шуъбаи Коллеҷи тарбияи ҷисмонии
Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон

Читать далее

Ифротгароӣ - зуҳуроти номатлуби ҷомеа

Терорризм ва экстремизм имрӯз ба яке аз муаммоҳои глобалии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба амнияти кишварҳо таҳдид мекунад.

Терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона ҷудо карда намешавад, зеро террорист ватан, дин, мазҳаб, миллат надорад.

Аслан зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки бештар таҳти ишораҳои динию мазҳабӣ сурат мегирад, ба дини мубини ислом иртиботе надоранд баръакс аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандози мешаванд. Он натиҷаи шуурест, ки комилан аз ислом дур аст ва нишонаи мавҷуд набудани шуури воқеии исломӣ мебошад. Мақсади онҳо ноором намудани суботи ҷомеа буда, барои ноил шудан ба ҳадафҳои худ аз ҳама гуна роҳу восита истифода мебаранд.

 Имрӯз дахолати кишварҳои абадқудрат ба кишварҳои сеюм, яъне қафомонда ва рӯ ба тараққӣ оварда ҳамеша боиси нооромиҳо дар ҷомеа мегардад, бо ҳамин тавр ташкилоти ифротии ТТЭ ҲНИ аз тарафи ҳоҷагони хориҷиаш таъсис ёфтаю маблағгузорӣ мешавад.

 Тавсеаи майдони фаъолияти гурӯҳҳои террористи ба сатҳи маблағгузорӣ ва дастгирии моддиву молиявии онҳо алоқамандии зич дорад. Чунонки маълум аст, имрӯзҳо барои маблағгузории терроризм манбаъҳои гуногун аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, хариду фурӯши инсон ва истифода бурда мешавад. Маблағҳои аз муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар бадастовардашуда яке аз сарчашмаҳои асосии таъмини молиявии ташкилотҳои террористӣ мебошад.

 Аз рӯи баъзи маълумотҳо, имрӯздар ҷаҳон наздик 500 созмони пинҳонкори террористӣ амал мекунад.

 Имрӯзҳо дар бисёр кишварҳои ҷаҳон ҳамоишу конфронсҳои байналмилали оид ба хатар ва таҳдидҳои фалокатбори ташкилотҳои хусусиятитеррористидошта аз қабили ТТЭ Ҳизби Наҳзати Ислом “Иҳвон-ул-муслимин”баргузор мегарданд,ки дар онҳо хатари террору ифратгаройии ТТЭ Ҳизби Наҳзати Исломиро аз” Хатарҳои ДИИШ ва Ал-Қоида"кам намедонанд.

 Боиси таассуф аст,ки имрӯз дар сафи ифротгароён шаҳрвандони кишварҳои собиқ Шӯравӣ аз ҷумла ҷавонони гумроҳи тоҷик низ шомиланд. Аксари онҳо ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ будан фирефтаи таблиғоти гумоштаҳои гурӯҳҳои террористӣ ва сомонаҳои онҳо, шудаанд. Бехабар аз он, ки онҳоро дар он ҷо на пули калон, балки пушаймонӣ интизор аст.

 Мардуми ҷумҳурӣ ҳанӯз фоҷиаҳои фалокатбореро, ки соли 1991 ТТЭ ҲНИ ба сари онҳо овард, фаромӯш накардаанд.

 Мутаассифона, имрӯз терроризми байналмилалӣ ба як ҷузъи бозиҳои геополитикӣ табдил ёфта, торафт доираи бештари давлатҳои гуногунро фаро мегирад.

 Имрӯз ба хотири пулу мол сарварону тарафдорони ТТЭ ҲНИ мазҳаби шиаро қабул карданд ва даъво доранд,ки он мазҳаби ҳақ аст.

 Албатта барои онҳое, ки миллати худро фурӯхта, дар пеши бегонагон ҷо гирифтаанд, мазҳабфурӯшӣ кори саҳлу сода аст. Вале онҳо бояд донад, ки акнун замона дигар гаштааст. Насли замони истиқлолият ба воя расидааст,ки ҳаргиз ба найрангу фиребҳо дода намешавад, сараро аз пуч фарқ мекунад.

 Дар ин иртибот як масъалаи муҳимро зикр кардан зарур аст, ки солҳои охир дар кишвари орому осоиштамон корхонаҳои хурду калони зиёд мавриди истифода қарор гирифтаанд,то ки ҷавонон ҳар чӣ камтар ба муҳоҷират рафта, рӯзгорашонро беҳбуд бахшанд, яъне ҳукумати мамлакат тамоми тадбирро андешида истодааст,ки мушкилоти иқтисодию иҷтимоиро пайваста ҳал ва сатҳу сифати зиндагии мардумро баланд гардад.

 Илҳомҷон АЛИҚУЛОВ,

 донишҷӯи курси 3 факултети забонҳои

 шарқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

 ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

ИФШОИ КИРДОРИ РАЗИЛОНА

Ноором кардани вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар, дар хатар гузоштани амнияти давлатҳои минтақа, барангехтани кинаю адоват ва низоъ дар миёни мардум ва нодида гирифтани дастовардҳои мардуми кишвар ҳадафи аъзои ТТЭ ҲНИ аст. Ин тоифа одамон барномаи дигар, ки барои манфиати мардуми кишвар бошад, надоранд ва манфиатҳои шахсии худро болотар аз ҳамаи арзишу ормонҳои миллӣ медонанд.

Филми мустанади “Хиёнат” ба кирдорҳои разилонаи аз тарафи роҳбарият ва аъзои ТТЭ ҲНИ анҷомшуда бахшида шудааст. Онҳо тавассути роҳандозии ақидаҳои диниву сиёсии ҳизби мазкур, ки аз таълимоти ташкилоти дигари байналмилалии террористии «Ихвон-ул-муслимин» сарчашма мегирад, зидди давлату миллати хеш амал карданд. Дар ҳамин асос, аз байни мардуми тоҷик ҷавонони зиёдеро гумроҳ намуданд ва онҳо ба ватани худ хиёнат карда, марзу буми кишварро ноором сохтанд. Ҳамзамон, дар ин филми мустанад нигоштаҳои бардурӯғу қиссаҳои бофтаи хаёлии ин шахсиятҳои дасисабоз, ки дардашон бедаво аст, хело мӯшикофона бо далелҳои амиқ ва возеҳу равшан намоиш дода шуд.

Филми мустанади «Хиёнат» ба қисматҳои алоҳида ҷудо шудааст, ки фаҳмиши ҳодисаҳои дар он тасвиршударо осонтар мегардонад. Агар дар қисмати якум оид ба амалҳои террористие, ки аъзоён ва ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ ва бо дасти Абдуҳалим Назарзода дар моҳи сентябри соли 2015 анҷом дода шуда буд, маълумот диҳад, дар  қисмати дуюми филм дар бораи фаъолияти тахрибкоронаи ТТЭ ҲНИ дар хориҷи кишвар маълумот медиҳад. Дар қисмати сеюми филм дар бораи дастгоҳҳои таблиғотии ТТЭ ҲНИ ва сомонаҳое, ки ба ин ташкилот тааллуқ доранд, маълумоти дақиқ дода шудааст. Дар қисмати чоруми филм маълумот аз забони шоҳидон оварда шудааст. Тамошои ин филм моро ҳушдор менамояд, ки аз таърихи миллати худ сабақ омӯзем ва ҳеҷ гоҳ фирефтаи доми хоинони ватанбезор нагардем.

Шодмон НУРМАТОВ
докторанти Донишгоҳи давлатии
 Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба муносибати аз нав интихоб гардидан ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ номаҳои табрикотӣ ворид мегарданд.

Дар табрикоту таҳнияти Ходими Ҳарамайни Шарифайн Подшоҳи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд чунин омадааст:

Читать далее

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо бунёдкорони Неругоҳи барқи обии «Роғун» мулоқот намуданд

14 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо ҷараёни корҳо дар Неругоҳи барқи обии “Роғун” бо бунёдкорони ин иншооти азими кишвар мулоқот карданд.

Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба натиҷаҳои баргузории чорабинии муҳими сиёсӣ — интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ карда, таъкид доштанд, ки дар интихобот мардуми шарифи тоҷик бори дигар пуштибониву садоқати худро аз сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ояндаи ободу осудаи давлати соҳибистиқлол исбот карданд.

Читать далее

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳо дар толори мошинҳо дар НБО «Роғун» шинос шуданд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Прзиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ҳамчунин ба Толори мошинҳо ташриф оварда, бо ҷараёни корҳо дар агрегати рақами 4 шинос шуданд.

Корҳои сохтмону васлгарӣ дар Толори  мошинҳо аз соли 2008 оғоз ёфта, то имрӯз бо суръат ва сифати баланд идома доранд. Сохтмони иншоот дар асоси лоиҳаи Институти лоиҳакашии “Гидропроект” сурат гирифта, дарозии толор 219,7 метр ва паҳноии он 21 метрро ташкил медиҳад. Баландии бино аз сатҳи поёнӣ то сақф 70 метр, аз сатҳи болои фарш 20 метр мебошад.

Читать далее

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо корҳо дар баромадгоҳи нақбҳои сохтмонии СТ 3 ва СТ 4-и НБО «Роғун» шинос шуданд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Неругоҳи барқи обии “Роғун” аз дидбонгоҳи кони рақами 17 ҷараёни корҳоро дар баромадгоҳи нақбҳои сохтмонии СТ-3 ва СТ-4 дидан карданд.

Нақбҳои сохтмонии СТ-3 ва СТ-4 дар давраҳои серобӣ барои гузаронидани об аз сатҳҳои зарурӣ пешбинӣ шудаанд.

Тарҳи иншоот аз тарафи институтҳои лоиҳакашии “Гидропроэкт”, “Эфрӣ” (AFRY) Поири Швейтсария ва Ширкати лоиҳакашии “Тоно энержи байналмилал” мураттаб гаштааст.

Читать далее

14 October 2020

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти обқабулкунаки доимии НБО «Роғун» шинос шуданд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо  ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти обқабулкунаки доимии Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуданд.

Корҳои сохтмонию васлгарӣ дар  иншооти обқабулкунаки доимӣ  аз  ҷониби  коргарону мутахассисони  Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Ориёно» бо суръат идома доранд.

Читать далее