October 2020

08 October 2020

«Хиёнат»-ро якдилона маҳкум мекунем!

Ҳамаи динҳои осмонӣ, аз ҷумла дини ислом низ дӯст доштани Ватанро ҳамеша таблиғ мекунад. Дини мубини Ислом ҳамеша мардумро ба дӯст доштан, обод кардан, аз байн бурдани нифоқ, тақвияти дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ ва донишомӯзӣ даъват менамояд. Худованд дар ояи дувуми сураи "Моида" фармудааст: "Ва бар некукорӣ ва парҳезгорӣ ба якдигар мадад кунед ва бар гуноҳу ситам ба якдигар мадад макунед." Дар корҳои нек ҳамкорӣ кардан маънои дастгири ҳамдигар будан ва баҳри сулҳу суботи ҷомеа, тинҷию амонӣ талош карданро дорад.

Дар луғатномаю фарҳангномаҳо воҷаи “хиёнат” ҳамчун бевафоӣ, ғадр, норостӣ, макру фиреб маънидод шудааст ва решаи баромади калима аз забони арабӣ мебошад. Як хислати муҳими инсони мусалмон инсондӯстӣ ва ҳамдигарфахмӣ мебошад. Пайгамбари Худо (с) мефармояд: "Мусалмони комил касест, ки мардум аз дасту забонаш дар амон бошанд". Пас ҳар кас забон ва дасти худро аз озор ва азияти дигарон бояд нигоҳ дорад. Дини мубини Ислом ҳамеша пайравонашро ба раҳмату шафқат, дӯстӣ бо дигарон ва риоя намудани ҳуқуқи мардум даъват кардааст.

Дар ғояҳои башардӯстона ва инсонпарваронаи ин дини мубин, эҳтироми хар фард новобаста аз мансубияти динӣ ва миллиаш таъкид шуда ва дар хусуси зулму ситам, фасодкориву душманӣ ва тафриқа ҳушдор дода шудааст. Ҳамчунин дини мубини Ислом ба халку Ватан садоқат доштанро қадр мекунад. Ҳар як инсон Ватанашро дӯст дорад ва бо корҳои нек ва амалҳои барои ҷомеа манфиатбахш онро обод намояд.

Ислом ба мо таълим медиҳад, ки аз хиёнат ва кина эҳтиёт шавем. Инҳо бемориҳои дил мебошанд, ки оқибатҳои он ба шахс, ҷомеа ва дин зарари калон мерасонанд.

Мусалмони ҳақиқӣ танҳо ба хотири Аллоҳ ва ба хотири Ислом хашмгин аст, ин як ҷузъи муҳими имони мост. Ислом ба мо таълим медиҳад, ки аз мардум нафрат накунем, балки аз бадӣ, ки мардум мекунанд, нафрат кунем. Барои як мусалмон дӯст доштан ба бародари худ чизеро, ки барои худ дӯст медоред ва нисбати бародари худ барои он чизе ки барои худатон бад мебинед, ҷузъи ҷудонашавандаи имон аст.

Нафаре, ки гуноҳ кардааст бахшида мешавад, аммо нафаре ки хиёнат кардааст, бахшида намешавад.

Аз ҷониби як қатор донишҷӯёни фаъоли МДТ “ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” пешниҳод гардид, ки филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” мавриди тамошои дастаҷамъонаи донишҷӯён қарор дода шавад. Ин пешниҳод аз тарафи Раёсати донишгоҳ дастгирӣ ёфта, дар 17 факултетҳои донишгоҳ мавриди тамошои дастаҷамъона қарор дода шуд. Яке аз мақсадҳои тамошои ин филмро дар гумроҳ нагардидани ҷавонон медонанд.

Хайёмиддин Исмоилов-мудири шуъбаи кор бо ҷавонон, ҳангоми суҳбат бо донишҷӯи мо, қайд кард, ки ба мо ҷавонон намоиши ин филм бори дигар аз амалкарди ин хоинони Ватан ёдрас намуда, ишора ба он намуд, ки мо ҳамеша ва дар ҳама ҷо зиракии сиёсиро аз даст надода, ба ҳамаи онҳо ҷавоби сазовор диҳем оянда худро бо ғуруру меҳанпарастӣ тарбия намоем.

Ҳаминро зикр кард, ки филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” аз ҷониби киностудияи “Тоҷикфилм” ба навор гирифта шуда, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳамагон пахш шудааст. Филми мустанади "Хиёнат" дар заминаи далелҳои амиқ ба навор гирифта шуда, бори дигар чеҳраи душманони давлат ва халқи тоҷикро муаррифӣ намуд. Дар асл, филм бо далелҳои раднопазир, наворҳои воқеъӣ, парвандаҳои ҷиноӣ ва ошкорнашуда таҳия шудааст. Зимни тамошои ин филм кас ба хулосае меояд, ки ин гуруҳ аз оғози Истиқлолият бо ниятҳои нопоки худ ба сари миллати тоҷик фоҷиаҳои нангинро рӯи кор гирифтааст. Ин афрод ҳоло аз мамлакатҳои хориҷӣ бо хоҷагони худ нақшаҳои гуногунро тарҳрезӣ намуда, бо нигоштаҳои бедалели худ ҷавононро ба роҳи ифротгарорӣ ҷалб намуда истодаанд. Моро мебояд худ ва наздиконамонро дар руҳияи худогоҳиву меҳанпарастӣ тарбият намоем.

Шаҳром Азизӣ - устоди донишгоҳи
ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров

Читать далее

НАҲЗАТИЁН ЧАРО ДУШМАНӢ МЕВАРЗАНД!

Маълум аст, ки имрӯзҳо аъзоёни ТТЭ ҲНИ ба хотири душмани варзидан бар миллати тоҷик ва хиёнат кардан бар Ватан аз ҷониби хоҷагони хориҷияшон, ки имрӯзҳо қисме ошкор шудаанд, маблағгузорӣ мешаванд.  Ҳарчанд маълум аст, ки ТТЭ ҲНИ аз қабл як лоиҳаи террористӣ буда, аз ҷониби душманони миллати тоҷик таъсис дода шудааст.

Ҳоло аъзоёни ТТЭ ҲНИ бо содир намудани амалҳои террористии худ шинохта шудаанд ва далелҳои фаъоли террористӣ бурадни онҳо дар қаламрави Аврупо низ исбот шуда буд. Аммо имрӯзҳо ин ҳиллагарони наҳзатӣ ин далелҳоро пинзон намуда, худро ҳамчун ватандӯст муаррифӣ менамоянд, ки бисёр ҳам иштибоҳи бузург мебошад.

Тамоми ҷаҳон эътироф кардааст, ки аъзоёни ТТЭ ҲНИ бо созмонҳои террористӣ ҳамкорӣ менамоянду имрӯзҳо дар фирор аз ҷавобгарӣ дар назди қонун қарор доранд, ки ин ҳам хиёнат аст ва ин бори дигар исбот намуд, ки наҳзатиён душманони миллат мебошанд ва ба хотири пул омодаанд хоинӣ кунанд, мисле, ки як маротиба кишварро ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор намуданд.

Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтори душманони миллатро маҳкум намуда, дар наҳзатиёни палид ва малъун лаънат мехонем!

ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ СОХТМОН
ВА КОРҲОИ МАРКШЕЙДЕРИИ ДКМТ

Читать далее

Терроризм ва экстремизм – омили даҳшатнок

Дар ҷаҳони муосир равандҳо ва зуҳуроте мавҷуданд, ки танҳо ба як кишвар ва ё як минтақа не, балки ба тамоми кишварҳои ҷаҳон ва дар маҷмуъ ба кулли мардумони сайёра таҳдид мекунанд. Яке аз чунин зуҳуроти номатлуб, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор оварда, дар ҳама қитъаҳои олам тамоюли паҳншавиро дорад, ин терроризм ва экстремизм мебошад. Ҳарчанд падидаҳои ҷойдошта зодаи танҳо ин аср нестанд, аммо дар баробари асри нав ҷомаи навро ба худ гирифта, моҳияти ин падида шакли муташаккилтару мураккаби зоҳиршавиро пайдо кардааст.

Имрӯзҳо ифротгароии динӣ дар тамоми кишварҳои олам, махсусан кишварҳои исломӣ доман паҳн намуда, афроди зиёде аз таъсир ва пайомадҳои нохуши он қурбонии ин зуҳурот мегарданд, ки ин ҳолат хеле нигаронкунанда мебошад. Омилҳои зиёде, аз қабили ҷаҳонишавӣ, фақру нодорӣ, ҷаҳлу бесаводӣ ва паст будани маърифати динӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқии мардум, миллатгароӣ ва авҷ гирифтани таассуби динӣ ва хурофот, вусъат ёфтани доманаи фарогири шабакаҳои интернетӣ, рақобати абарқудратон баҳри ба даст овардани манфиатҳои сиёсию иқтисодӣ ва ғайра муҳаррики асосии авҷ гирифтани ин зуҳурот мебошад.

Олимону муҳаққиқон навъҳои гуногуни терроризм ва экстремизм, аз қабили терроризми сиёсӣ, динӣ, фарҳангӣ, ахлоқӣ, миллатгароӣ, ҷиноӣ, биологӣ, кибернетикӣ ва ғайраро муайян карда, ба ин натиҷа расидаанд, ки дар замони муосир аз ҳама беш терроризму экстремизми динӣ ҷаҳони муосирро ба мушкилот гирифтор намудааст. Ба ақидаи аксар сиёсатшиносон низ экстремизм бештар дар дин, ки хусусияти ҷалбнамоӣ дорад,  реша медавонад ва он дар тамоми гӯшаву канори сайёра ба мушоҳида мерасад. Зеро дар бисёр мавридҳо ба назар мерасад, ки ифротгароён дар зери шиорҳои динӣ баромад намуда, аз номи дин ҳарф мезананд ва фармонҳои худро аҳкоми динӣ меноманд. Ин, пеш аз ҳама, ба хотири сӯистифода аз шуури динии мардум равона гардида, ҳеҷ рабте ба арзишҳои динӣ ва аҳкоми он надорад. Пас, ин амалкарди ифротгароён аз бединию хоинии онҳо дарак медиҳад.

Умарова С.И. – сармуаллимаи кафедраи
иқтисодиёти корхонаҳо ва минтақаи ДДҲБСТ

Читать далее

Домани некон нагирад ҳар ки бунёдаш бад аст

9 сентябр ба соҳибистиқлолии кишвари азизамон 29 сол пур шуд, ки дар назди таърих ҳукми як лаҳзаро дорад. Аммо дар ҳамин давраи кӯтоҳи таърихӣ дар Тоҷикистон корҳои бузурге ба анҷом расонида шуданд, ки дар давоми зиёда аз 70 соли мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ амалӣ нагардида буданд.

Мутаассифона, ҷоҳилоне ҳастанд, ки мехоҳанд мақсадҳои разилонаи худро дар роҳи доғдор сохтани фазои ороми кишвар бо роҳи тафриқаангезӣ амалӣ созанд ва ҳар ободиву пешрафт ба чашми онҳо чун хор мехалад ва ба гуфте айшашонро талху хобашонро ҳаром месозад. Онҳо собиқ раис ва як гурӯҳ фаъолону аъзоёни ташкилоти террористию экстремистии мамнуъ дар Тоҷикистон - Ҳизби наҳзати ислом, пайравони дигар ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро мебошанд, ки баъди шикаст хӯрдан дар рақобати сиёсӣ ва ба ниятҳои нопокашон нарасидан аз Ватан фирор намуда, дар кишварҳои хориҷӣ паноҳ бурдаанд. Аз ҷумла собиқ раиси ТТЭ Ҳизби наҳзат Муҳиддин Кабирӣ ва дигар ҳаммаслаконаш бо дастгирии хоҷагонашон дар хориҷа амалҳои разилонаю хоинонаашонро давом дода истодаанд ва мақсаду мароми ягонаашон ноором сохтани вазъият дар Тоҷикистон, халалдор сохтани раванди пешрафту инкишоф, ба кӯи гумроҳӣ бурдани мардум, ташкили табаддулот ва бо ҳар роҳу васила бадном намудани Ҳукумати қонунии кишвар аст. Маҳз бо ҳамин нияту нақшаҳои разилона онҳо муроҷиатномаҳо қабул менамоянд, дар васоити ахбори омма ҳар гуна изҳорот пахш мекунанд, намоишҳо ороста, аз поймол шудани ҳуқуқи инсон ва арзишҳои исломӣ дар Тоҷикистон ба ташкилотҳои ҷамъиятию созмонҳои байналмилалӣ гузориш медиҳанд. Ҳатто дар хусуси таъсис додани ҳизбу ҳаракатҳои нав аз ҳисоби бадхоҳони миллат ва мухолифини дар хориҷа фирорибудаи Ҳукумати кунунӣ овозаҳо паҳн мекунанд ва даъватҳояшон ба хунрезиву ҷанг рӯирост садо медиҳад.

Тавре ҳамагон медонем, дар оғози солҳои соҳибистиқлолӣ ҷанги шаҳрвандӣ дар диёри мо аз ҳамин гуна шиорпартоиҳо, низоъандозиҳо, даъватҳои зиддиинсонӣ, изҳороту муроҷиатҳо, майдоннишинию бегонапарастии як зумра нафарони ба гуфти худашон демократ, ислоҳотталаб, навҷӯву навгаро ва дилсӯзи халқу Ватан оғоз ёфт. Аммо ҳамин ки оташи ҷанг фурӯзон шуд, онҳо худро мисли муш ба сӯрохиҳо кашиданд, ҷонашонро гирифта гурехтанд, ҳаволаи ҳазорон нафар бегуноҳонро ба Худо карданд. Он бесарусомониҳо рушду нумуи Ватанамонро ба даҳсолаҳо қафо партофт, миллиардҳо доллар ба хоҷагии халқ зиён расонд. Мутаассифона, талафоти ҷонӣ ҳам кам набуд.

Имрӯз Муҳиддин Кабирӣ, Саидюнус Бурҳонов (мулаққаб ба «Истаравшанӣ»), Муҳаммадиқболи Садриддин ва дигар ҳаммаслакони наҳзатӣ, ки замоне аъзои ин ташкилоти террористию экстремистӣ буданду баъзеашон ҳатто мазҳаби худро иваз намудаанд, мехоҳанд, ки боз ҳамон рӯзҳои сиёҳ такрор шаванд.

ТТЭ Ҳизби наҳзат дар асоси далелҳои мӯътамаду асоснок, баъди бо нокомӣ анҷом ёфтани табаддулоти наҳзатиён таҳти сарварии собиқ муовини Вазири мудофиаи Тоҷикистон ва аъзои фаъоли ҳамин ҳизб генерал А. Назарзода аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнӯъ эълон ва ба рӯйхати гурӯҳҳои террористӣ дохил карда шуд. Ба истиснои чанд нафар аз ҳайати роҳбарии дар ин табаддулот дастдоштаи ҳизб аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои амниятии кишвар нисбати ягон нафар аъзои қатории ҳизб, ки хатои худро фаҳмида, бо амри дилу виҷдон сафҳои онро тарк намуданд, чораи интизомӣ ё маъмурию ҳуқуқӣ андешида нашудааст, то боиси нигаронӣ бошад. Онҳо имрӯз чун аъзои комилҳуқуқи ҷомеа озодона кору зиндагӣ доранд. Ва он ҳама даъвоҳо дар бораи таъқибу боздошт ё шиканҷаи собиқ аъзои ТТЭ ҲНИ, ки ватанфурӯшон паҳн мекунанд, беасосанд.

Барои чунин хизмати хирсона соҳиби маблағҳои калон ва даромади ҳангуфт шудани саркардагоне чун Муҳиддин Кабирӣ афсона нест. Аҳли ҷомеа чанд сол пештар асрори чор миллион доллар маблағи барои ташкили ҷиҳод ҷудонамудаи «бародарони эронӣ» ба ТТЭ ҲНИ бохабар шудаанд, ки он мисоли ягона нест. Зикри ҳама амалҳои нопоку зиддиинсонии ин ташкилоти террористию экстремистӣ, хоинию ватанфурӯшии роҳбар ва аъзои дар маҷмуъ як китоб мешавад.

Хулоса имрӯз дар симои Кабирию пайравонаш боз як зумра сиёҳкорон, ватанфурӯшон, бадхоҳон ва душманони сулҳу ваҳдати сартосарии мо мехоҳанд аз рӯи ҳамон сенарияи куҳна амал намуда, ҳаёти осоиштаи моро халалдор намоянд. Камбудию норасоиҳои ҷузъие, ки дар зиндагии аҳли ҷомеа ҷой доранд, байрақи дасти онҳост. Шахси ноогоҳ дар ибтидо гумон мекунад, ки мақсад аз даъвату муроҷиатҳои ин тоифа бартараф намудани мушкилоту муаммоҳои рӯзгори халқ ва ислоҳи вазъияти ҷойдошта аст. Лекин таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки чунин «ташаббусҳо» танҳо обро лой кардану моҳӣ доштан мебошад. Агар зиндагиномаашонро таҳлил намоед, ба хубӣ аён мешавад, ки худи ин нафарони «дилсӯзи халқу Ватан» дар асл барои ободии диёр ва ба зиндагии шоиста расидани мардум коре накардаанд. То имрӯз касе аз онҳо манфиате надидааст.

Шукрона, ки имрӯз Тоҷикистони мо Тоҷикистони солҳои 90-уми асри гузашта нест. Воқеаи сангину нангини он айёми хатарзо барои мардуми фарҳангпаноҳу сулҳпарвар сабақи бузург гардид. Албатта, душманону бадхоҳони миллату давлат чун гирдоб ба зудӣ сари хешро мехӯранд ва ба ниятҳои нопокашон намерасанд. Вале метавонанд муддате ба зиндагии орому осоиштаамон халал расонида, дар самти бунёдкорию созандагӣ монеа эҷод намоянд.

Мо ҷавонон рафторҳои хоинона ва ватанфурӯшонаи Муҳиддин Кабирӣ ва пайравону ҳаммаслаконашро комилан маҳкум намуда, чун тамоми сокинони Ватанамон намегузорем, ки онҳо нақшаву ниятҳои нопокашонро амалӣ созанд. Бо муттаҳидӣ дар атрофи Пешвои муаззами миллат даст ба дасти ҳамдигар дода, баҳри ҳифзи арзишҳои миллӣ, тарғиби ғояҳои истиқлолияти миллӣ, таърих ва фарҳанги куҳани аҷдодӣ собитқадамона камари ҳиммат мебандем.

Муталиб Маҳмудов
донишҷӯи курси 4-уми факултети
таърих ва ҳуқуқи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров

Читать далее

Кабирӣ чилу як ҳунар дорад

Пеш аз оне, ки вобаста ба фаъолияти собиқ ТТЭ ҲНИ, ки имрӯзҳо вирди забони хар як фарди солимфикр чарх мезанад, мехоҳам фикрамро дар бораи азхоби сиёсӣ баён дошта бошам. Аммо ҳамаи мо тавассути васоити ахбори омма медонем, ки собиқ ТТЭ ҲНИ бо роҳбарии М.Кабирӣ  ҳангоми ба таври расмӣ фаъолият доштанаш чи мехост ва кадом амалҳоро ба сари мардуми тоҷик овардани буд!

Аз тарафи кадом давлат мавриди маблағгузорӣ карор гирифта, супориши кадом давлатро иҷро мекард. Мақсади асосии он исломигардонии ҷомеъа ва давлат мебошад. Вале онхо ношукрӣ аз сохибистиклолӣ ва тинчию оромӣ дар Точикистон карда, мехостанд, ки солхои 1992-ро бори дигар дар Ватани худ такрор намоянд. Агар нисбати М.Кабирӣ гуфтани шавем, мо медонем, ки ӯ хамчун соҳибкор ба ишқи пулу мол рафта, чунин шахс метавонад дар як лахза модар-Ватани худро фурушад.

Аз ВАО бармеояд, ки М.Кабирӣ аслан оиди муҳочирони тоҷик суханронӣ намуда, мехохад, ки мавқеи худ ва собиқ ҳизбашро дар байни онҳо пурзур намояд. Ба фикри банда агар шахсе, ки дорои маълумот ё касб бошад, дар хеч куҷо хор намешавад. Бехуда нагуфтаанд, ки «ба як мард чил ҳунар кам аст». Агар шумо воқеан Тоҷикистонро азиз медошта бошеду ин дар сухан набошад, вақти он расидааст, ки аз даъво ба амал гузаред. Ба амали солеҳ. Дар пайи татбиқи барнома ва стратегияҳои рушди миллӣ кӯшиш намоед. Нагуед, ки давлат барои мо чӣ кор кард. Аз худ бипурсед, ки барои Тоҷикистон чӣ кор кардед!

Илова бар ин ба ҷаноби Кабирӣ гуфтаниям, ки ба мусулмонии шаҳрвандони Тоҷикистон агар шубҳа мекарда бошед, пас хуб мешуд, ки аз худ сар кунед. Шумо ҳуқуқи таҳдид кардани моро надоред. Дар ин суханронӣ парда аз рӯи Шумо бадар шуд, халқ бори дигар ки будани шуморо фаҳмид. Шумо аз чӣ сабр кардед ва кадом марҳилаи навро интизоред? Мумкин аст Шумо аз соҳиб нашудан ба ягон манфиатҳои ҳизбиатон аз ягон амал худдорӣ карда истодаед? Дониста бошед манфиат ин ягона манфиати халқ ва он сарчашмаи ҳокимият аст!

Рауфов М.М. – ассистенти кафедраи назария
 ва таърихи давлат ва ҳуқуқи ДДҲБСТ

Читать далее

Филми «Хиёнат» - баёнгари чеҳраи аслии ТТЭ ҲНИ

Вақте калимаи хиёнатро ба забон меорем ва ё ба гӯш мерасад, дар воқе вуҷудамонро як ҳисси нохушнудӣ ва нафратоваре фаро мегирад. Агар дар ҷое шунидем, ки як нафар нисбати дӯсту наздики худ ва ё зан ба шавҳари худ хиёнат намудааст, чи қадар дар диламон нисбати инсони хиёнаткор ҳисси бадбинӣ ва нафратовар пайдо мешавад. Пас Шумо фикр кунед, ки нафаре ва нафароне, ки нисбати муқаддастрани арзишҳои худ – Ватан, миллат, ваҳтад, истиқлолият ХИЁНАТ мекунанд, чӣ қадар дар назари мардум чеҳраи манфуру зишт пайдо мекунанд?! Омӯзиши воқеаҳои таърихӣ гувоҳи он аст, ки дар ҳар давру замон, мутаассифона дар ҳар қавму миллат, аз ҷумла миллати мо афроди хиёнатпеша ва хиёнаткоре пайдо мешаванд, ки бо мақсади ба даст овардани хостаҳои нафсонии худ беҳтарину муқаддастарин арзишҳои худ- Ватан, миллатро қурбон мекунанд. Дар воқеъ, хиёнати ингуна ашхос нобахшиданист.

Имрӯз, хушбахтона бо пешрафти илму техника ва дастрасии мардум ба воситаҳои ахбори омма тавассути шабакаҳои иҷтимоию телевизионӣ аз кору пайкори хиёнаткорони миллат мардум бештар огоҳ мешаванд. Барои ба халқу миллат нишон додани чеҳраи аслӣ ва хиёнаткоронаи азоёни ТТЭ ҲНИ филми мустанати “ХИЁНАТ” омода ва дар шабакаҳои телевизионии ҷумҳурӣ нишон дода шуда истодааст. Дар ин филм, ки воқеан таҳиякунандагони он заҳмати фаровон кашидаанд, бо далелу санадҳои муътамад ва бо шоҳидони собиқ азоёни ТТЭ ҲНИ нишон дода шудааст, ки чӣ тавр онҳо бо дастгирии хоҷагони хориҷии худ дар пайи аз байн бурдани сулҳу субот ва амнияту осоиштагии кишвари азизамон гардидаанд. Аз тамошои филми “Хиёнат” ба мо сокинони Тоҷикистон равшан гардид, ки ин филм амалҳои разилонаю манфур ва хиёнаткориҳои хоинони миллат, хусусан роҳбарият ва аъзоёни ТТЭ ҲНИ, ки аз тамоми имкониятҳо истифода бурда мехостанд барои ба даст овардани сарватҳои муфт бар зидди давлату миллати хеш исён бардоранд, басо равшан нақл мекунад. Мо ҳеҷ гоҳ амалу кирдори ТТЭ ҲНИ, ки таҳти ниқоби дини Ислом бо амалҳои номатлуб ва суханҳои бардурӯғи хеш яке аз сабабгорони асосии барангезандаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар солҳои 90-ум буданд фаромӯш нахоҳем кард. Боиси қайд аст, ки хиёнаткороне, ки дар филм нишон дода шудааст, парвардаи обу хоки ҳамин сарзамини биҳиштосо мебошанд, ки ҳама ободиву шукуфоии сарзамини хешро дида натавониста, нангу номусашонро ба хоҷагони хориҷии худ фурӯхтаанд.

Дар воқеъ, дар замони имрӯз таҳия ва пахши филми “Хиёнат” тавонист рисолати худро иҷро намуда, чеҳраи воқеии хоинони миллатро нишон дод. Яке аз бартариятҳои филми “Хиёнат” дар он аст, ки амалу пайкори разилонаи хиёнаткорон аз забони шоҳидони ҳол нақл мешавад, ки аз ин дида далелу санади муътабар буда наметавонад. Чунончи аз забони собиқ аъзои ТТЭ ҲНИ ва ё наздикону пайвандони роҳбарияти ин ҳизби мамнуъ амсоли Муҳаммадалӣ Раҳматуллолев, Хикматулло Сайфов, Ҷамшед Нарзуллоев ва дигарон маълум мегардад, ки хиёнаткорони Ватан ҳамеша дар пайи дар амал пиёда сохтани ғаразҳои нопоки худ будаанд.

Дар маҷмӯъ, метавон гуфт, ки филми “Хиёнат” ба манзалати як мактаби бузурги тарбиявӣ ба шумор омода, ҷавонону сокинони кишварро ба он водор мекунад, ки амалҳои пасту разилонаи афроди хиёнатпешаро маҳкум намуда, аз пайи ободию осудагии кишвар бошанд ва муҳаббату садоқати худро нисбат ба Ватани худ боз ҳам бештару қавитар созанд.Чунонки дар филми мазкур қайд мешавад, ки: “хиёнаткорро бхшидан номумкин аст” воқеан дуруст аст. Зеро афроди хиёнатпеша дигар садоқату муҳаббат ба арзишҳои миллию маънавии хеш надоранд.

Пас аз тамошои филмии ҳуҷҷатии “Хиёнат” ба чунин натиҷа расидем, ки дар ин марҳилаи сахту душвори вазъияти ҷаҳон, ки ҳатто кишварҳои абарқудрат дар мушкилиҳои сахт дучр шудаанд, хоинон аз ин вазъият ҳам истифода бурда, санги маломат ба сӯи сулҳу субот ва мну осоиштагӣ меандозанд. Филми “Хиёнат”, ки аз амалҳои разилонаю пасти хиёнатпешагон ҳикоят мекунадва кору пайкории аслии ин чеҳраҳои зиштро ба намоиш мегузорад, бояд мардуми сарбаланди кишвари азизамон, бахусус ҷавононро ҳушдор медиҳад, ки ба овозаю тағ-тағаҳо ва суханҳои бардурӯғу иғвоангезонаи хоинони миллат бовар накарда, баҳри омӯтану ободии кишвар ва баҳри пойдори сулҳу субот камари ҳиммат банданд.

Устодони кафедраи адабиёти классики
тоҷики МДТ ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров

Читать далее

ЯКТАНУ МУТТАҲИД БОШЕМ!

Таърих гувоҳ аст, ки дар ҳеҷ давру замоне миллати тоҷик аз худ ба сари касе даст набардоштаву хотири нафареро наозурдааст. Аммо ибтидои асри ХХI ҷомеаи инсонӣ бо хатари ҷиддие рӯ ба рӯ омад, ки терроризми байналмилалӣ унвон кардаанд. Терроризм ва экстремизм яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони муосир ба ҳисоб рафта, оқибатҳои фоҷиабор дорад. Мутаассифона, бо вуҷуди бохабар будан аз ҳолатҳои ногувор ва хатари бузурги иҷтимоии гуруҳҳои экстремистию террористӣ ҷавонони камхираду пастмаърифат шомили ин гурӯҳҳо гардида, ҳам ба шаъни худ ва ҳам ба атрофиёнашон доғ меоваранд.

Аз маълумот бармеояд, ки имрӯз дар ҷаҳон беш аз 500 созмони террористӣ амал карда, аксари онҳо дини мубини Исломро барои худ ниқоб кардаанд. Солҳои 90 - уми асри гузашта бар асари ҷанги шаҳрвандӣ ҳазорон нафар бесаробон монданд, одамони бегуноҳ ҳалок шуданд, иқтисодиёти мамлакат паст рафт, вазъи сайёра ноором шуд, амнияти давлат халалдор гардид. Дар баробари ин боз чанд амалҳои номатлуби дигаре сар зад, ки ҳамаи ин вобастаи ташкилоти экстремистию террористӣ буд. Шомил шудани ҷавонону наврасон ба гурӯҳҳои ифротӣ бошад, масъалаи доғи рӯз ба шумор меравад. Нафароне, ки худро вобастаи ин гурӯҳҳои хатарзо медонанд, дарк намекунанд, ки паст будани маърифату ҷаҳонбинӣ, костагии дониши динӣ, сиёсию ҳуқуқӣ ва дуруст дарк накардани вазъи сиёсии ҷаҳон мебошад.

Миллати тоҷик аз азал соҳибфарҳангу соҳибтамаддун буду ҳаст ва чунин мемонад. Мутаассифона, муғризони миллат бо амалҳои нопоки худ бо рахнаандозиву тафриқаандозӣ мардумро фирефтаи амалиёти душманонаи худ гардонида, бо маблағҳои ҳангуфт дар сиришти ҷавонону наврасон тухми аҳриманӣ кишт кардан мехоҳанд. Дар баробари ин хоинони миллат бо заҳролуд кардани андешаи мардум нафаронеро байни худ ҷамъ меоваранд, то ки кирдорҳои разилонаашонро дар амал иҷро намоянд. Шахсе, ки дар тинаташ иғвою буҳтон ҷо гирифтааст, ҳеҷ гоҳ наметавонад орому осуда бошад. Аммо бояд донист, ки муваффақияту музаффариятҳои даврони соҳибистиқлолӣ, ободиву осудагӣ, муҳити тинҷу ором, зиндагонӣ дар ҷомеаи солиму осуда, оилаи пойдор, ҷойи кори мувофиқ, муносибати хубу муоширати озод бо ҳамкорону ҳамсоягон, дӯстону хешу ақрабо ба ҳеҷ неъмати дунё намеарзаду назди маблағҳои ночиз арзише надоранд.

Дар замони муосир, ки дари илму маърифат барои тамоми инсоният боз аст, моро лозим ки донишу маърифати худро баланд бардорем. Ҳамаи амалҳои номатлуб маҳсули тафаккури пуч ва бебунёди афроде аст, ки ҳаёти худ ва дигаронро дар хатар мегузоранд. Мо аз ин амалҳо ва воқеаҳои нохуш, ки дар филми “Хиёнат” оварда шудаанд, ба хулосае омадем, ки танҳо сулҳу ваҳдат ва илму маърифат моро аз он кӯи номуродию ҷаҳолат раҳо мебахшанд ва ба сӯи ояндаи дурахшон мусоидатгар хоҳанд шуд.

Гулчеҳра ТАҒОЕВА,
омӯзгори МТМУ № 21,
ноҳияи Шаҳристон

Читать далее

Аъзои собиқи наҳзат бидуни зӯроварӣ умр ба сар мебаранд

Ман, устоди донишгоҳ, хамаи ин руйдодҳои ки Абдулло Раҳнамо дар мақолаи навистааст, шоҳид будам.

Дар ҳақиқат солҳои 90-ум давраи вазнин барои Тоҷикистони азизи мо буд. Давлати мо –давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошад ва ягон кас бегуноҳ ба ҷавобгарӣ кашида намешавад.

Ҳар яке мо, шаҳрвандҳои Тоҷикистони азиз ҳамавақт дар ҳимояи давлат мебошем. Тинҷию оромии худро ҳеҷ вақт аз даст намедихем ва Тоҷикистони азизи худро ба шукуфои талкин мекунем. Ба суханхои бардуруғи хоинон дода нашавед. Онҳо хиёнаткоранд.

Тюраев Ҷ. – сармуаллими кафедраи
иқтисоди ҷаҳонии ДДҲБСТ

Читать далее

07 October 2020

Ҷаласаи Ситоди вилоятӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавируси COVID-19

Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд, Раиси Ситоди вилоятӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавируси COVID-19 Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласаи навбатии ситоди вилоятӣ доир шуд.

Дар ҷаласа муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Самараддин Ализода, муовинони Раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо, масъулини соҳаи тандурустӣ, олимони соҳаи тиб Алишер Мухторов ва Эркин Раҳмонов иштирок доштанд.

Читать далее

КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ - ҲОСИЛИ ФАРОВОН АЗ ДАСТРАНҶИ ДЕҲҚОН

Дар ин ноҳияи дурдасти вилоят ғунучини картошка оғоз шуд

Шуғли асосии сокинони ноҳия асосан кишоварзию зироаткорӣ мебошад. Аҳолии ин минтақаи кӯҳӣ зиндагонии худро аз ҳисоби сабзавоткорӣ таъмин менамоянд.

Онҳо асосан картошкаро барои захира ва тухмӣ нигоҳ медоранд, боқимонда, яъне беш аз 50 фоизи картошкаи ноҳия ба сокинони пойтахт ва маркази вилоят пешкаш карда мешавад.

Сардори шуъбаи кишоварзии ноҳия Нусратбек Одилов иттилоъ дод, ки дар хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоавӣ дар майдони 2202,7 гектар кишти картошка ба роҳ монда шудааст.

- Дар Хоҷагии деҳқонии ба номи «Сафар Наврӯз» - и Ҷамоати деҳоти Лангар ҷамъоварии картошка оғоз ёфтааст. Дар ноҳия кишоварзон ба парвариши тухмиҳои навъи бигроза, манитол, ромасе ва ғайра диққати махсус медиҳанд, зеро аз ин тухмиҳо ҳосили хуб ба даст меояд, - гуфт Н.Одилов.

Дар деҳаи Сабағ дар майдони 147 гектар картошка кишт шудааст. Сокинони деҳа аз як гектар то 250 - 300 - сентнерӣ ҳосил ба даст меоранд. Соҳибкорон бошанд, аз сари замин картошкаро бо маблағи аз 1 то 2 сомонӣ харидорӣ мекунанд.

Бино ба гуфти Нусратбек Одилов, барои ба даст овардани ҳосили хуб дар як мавсим то 3 маротиба коркарди агротехникӣ гузаронида мешавад. Махсусан, бобати ғизодиҳӣ, коркарди байни қаторҳо эътибори махсус зоҳир мегардад.

Иноятулло Бурҳонзода - раиси хоҷагӣ гуфт, агар ҳосил фаровон гардад, аз як гектар то 400 сентнер картошка меғундорем ва дар як мавсим бо 2 – 2,5 ҳазор тонна картошка бозорҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро таъмин мекунем.

Танҳо аз ин хоҷагӣ беш аз 2 ҳазор тонна картошка ба шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд содирот мешавад. Сифати картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ нисбат ба дигар минтақаҳои кишвар хубтар буда, аз ин ҳисоб талабот ба ин навъи маҳсулоти кишоварзӣ зиёд аст. Баробари ин картошкаи ноҳия барои захира ва нигоҳ доштани он дар анбор тобовар мебошад, - мегӯянд мутахассисони соҳаи картошкапарварӣ.

Дар Хоҷагии деҳқонии «Меъроҷ» дар 3 гектар картошка парвариш шудааст. Хоҷагидорони ин минтақа асосан ба навъи картошкаҳои дохилӣ ва хориҷии кишвар диққати бештар медиҳанд. Тухмии картошкаи ин хоҷагӣ аз Покистон оварда шудааст, ки ба замини санглох мутобиқ мебошад.

Раиси хоҷагӣ Муҳаммадшариф Авазов гуфт, ки солҳои пеш тухмии ҳолландӣ оварда, аз он ҳосили фаровон ба даст оварда будем. Талабот ба маҳсулоти он низ дар бозори дохилӣ хеле хуб буд. Аммо ин намуд тухмӣ имрӯз дастраси мо нест, зеро нархаш гарон аст ва аз ҳамин ҳисоб дар масъалаи тухмӣ танқисӣ мекашем. Агар сифати тухмӣ нағз бошад, ҳосили хуб ба даст меорем.

Дар маҷмӯъ, дар ноҳия дар майдони беш аз 2 800 гектар картошка кишт шудааст. Маҳсулоти бадастомадаро деҳқонон вобаста ба навъ ва намуд нархгузорӣ мекунанд. Содироти картошкаи ноҳия на танҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки берун аз он низ ба роҳ монда шудааст.

Шаҳбону ОЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее