October 2020
05 October 2020
МАЪХАЗИ ГАРОНБАҲОИ ТАЪРИХ
- Подробности статьи
Нозимҷон дар муҳити хонаводае ба камол расид ва тарбия ёфт, ки урфу одат, таърихи миллати хеш ва ёдгориҳои миллиро эъзоздорӣ мекарданд. Аҳли оила кӯшиш менамуданд, ки дар вуҷуди фарзандони хеш эҳтиром ба гузаштаи хеш ва ҳам ифтихори миллиро бедор созанд. Бино ба гуфти ҳамсари Нозимҷон - Мунира Усмонова, дар он хонае, ки ӯ ба камол расидааст, аз таҷҳизоти рӯзгори қадима истифода мебурданд. Ҳамин тарбияи гузаштагонаш буд, ки дар вуҷуди ӯ меҳру муҳаббатро ба Ватан ва арзишҳои миллӣ бедор сохт.
-Нозимҷон, аз чамбарак гӯшт биёр, ба чамбарак гӯштро бурда мон!,- гуфтани бибиаш ӯро ба ваҷд меоварду нисбат ба чунин асбобҳои миллӣ, рӯзгордорӣ меҳраш зиёдтар мегардид. Чамбарак аз лавозимоти миллии рӯзгор аст, ки гузаштагони мо аз сабаби набудани яхдон дар он анвои хӯрокаро нигоҳ медоштанд.
Ҳамин меҳру муҳаббат ба асбобу анҷоми миллӣ буд, ки баъди ба камол расидан ба ҷамъоварии ёдгориҳои таърихӣ шуруъ намуд.
Рӯзе, ки мо ба осорхонаи «Анора»-и Ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Fафуров омадем, чамбарак дар саҳни ҳавлӣ овезон буд. Ёдгориҳои таърихие, ки аз бобою модаркалонаш мерос монда буданд, ба ӯ барои таъсиси осорхонаи нигораҳо замина гардиданд. Чӣ хеле ки ҳамсари Нозимҷон (он рӯз, ки мо ба осорхона омадем, Нозимҷон Усмонов дар ноҳияи Панҷакент дар сафари корӣ буд) изҳор намуд, қариб шаст фисади маводҳои ҷамъовардаи ҳамсараш меросӣ аст. Дари кандакории қадимаи дар «Хона-осорхона» гузошта, аз модаркалонаш мерос мондааст.
Ба модаркалонаш бошад, аз модараш ба мерос гузашта, то замони мо омада расидааст. Аз ин чунин хулоса мебарояд, ки дар вуҷуди гузаштагони Нозимҷон низ ҳисси миллӣ, ватанпарварию хештаншиносӣ беҳудуд буд. Беҳуда намегӯянд, ки тарбияи насли оянда аз оила оғоз меёбад. Баъди чандинсолаҳо ин амали неки онҳоро Нозимҷон давом дода истодааст.
- Нозимҷон «Хона- осорхона»-ро ба хотири модарашон Анора номгузорӣ карданд. Анора номи модари Нозимҷон аст, - изҳор намуд ҳамсараш. Бале, аз таъсиси хона – осорхонаи «Анора» 20 сол сипарӣ гардидааст. Зикр карданд, ки аз соли дуҳазорум сар карда, то имрӯз аз тамоми гӯшаву канори мамлакат намунаи зиёди осори таърихиро ҷамъоварӣ намуда, дар хонаи истиқоматии хеш ин макони аҳамияти таърихидоштаро таъсис додааст.
Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019- 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид. Ин ба мардуми мо имкони васеъ фароҳам овард, ки аз аслу насаби хеш, гузаштагони худ бештар огоҳӣ пайдо намоянд. Маҳз, дар ҳамин соли пур аз дастовардҳо мардуми бонангу номуси тоҷик боз як бори дигар аз мероси гузаштагони хеш ба куллӣ огоҳ гардиданд. Зеро, маҳз дар ин солҳои басо пурфайз барои ҳифзи асолати миллӣ, забон, фарҳанг, аз ҷумла ёдгориҳои таърихӣ, муаррифии онҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳад. Дар сафари кории навбатиашон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Хона - музейи «Анора» ташриф оварда, барои ташкил намудани чунин як боргоҳе, ки мардуми имрӯзаро бо гузаштаи дуру наздик ошно месозад, баҳои баланд доданд.
Чӣ хеле ки дар боло изҳор кардем, Хона- осорхонаи «Анора» аз ҷониби шахси ватандӯсту хештаншинос Нозимҷон Усмонов ташкил карда шуда, дар он зиёда аз 1500 нигора ва ёдгориҳои таърихӣ ҷамъоварӣ шудааст. Дар осорхона чандин намуд кӯзаҳои сафолӣ, мисӣ, асбобҳои мусиқӣ, кишоварзӣ, намунаи ҳунарҳои қадимаи тоҷикӣ, аз қабили кандакорӣ, хумдонҳои сафолӣ, оҳангарӣ ва ғайра нигаҳдорӣ мешаванд.
Воқеан, баробари ворид шудан ба ин Хона – осорхона кас ба хубӣ дарк менамояд, ки халқи тоҷик таърихи хеле бою ғанӣ дошта, аз асрҳои гузашта то имрӯз чӣ қадар роҳҳои пурпечутобро тай намудааст. Бароямон маълум гардид, ки нигораҳои ҷамъовардашуда ба асрҳои ХVII – ХVIII рост омада, бозгӯи зиндагии шоистаи гузаштагони миллати тоҷиканд.
Хона - осорхонаи «Анора» ба худ намои қадимаро гирифта, аз гузаштагони миллати тоҷик ҳикоя мекунад. Аз замони таъсисёбии Хона- осорхонаи «Анора» ҳамарӯза ба ин ҷо меҳмонони зиёде омада, аз таърихи қадимаи миллати тоҷик огоҳӣ пайдо мекарданд. Онҳо ҳамчунин ба китоби осорхона таассуроти хешро навиштаанд, ки он хеле ҷолиб аст. Бояд зикр кард, ки дар китоби мазкур намояндагони миллатҳои гуногун аз давлатҳои Олмон, Амрико, Хитой, Қирғизистон, Қазоқистон, Россия фикру андешаи худро иброз намуда, ба бунёдгузори ин хонаи нур барору комёбӣ таманно кардаанд.
Дастхати корманди осорхонаи миллии Тоҷикистон З. Иброҳимзода бароям хеле ҷолиб буд. Ӯ 15 августи соли 2018 ба осорхона ташриф оварда, аз нигораю ёдгориҳои таърихии ҷамъоварда ба ваҷд омада, аз забони Мавлавӣ навиштааст:
«Дило, назди касе биншин,
ки аз дилҳо хабар дорад,
Ба назди он дарахте рав,
ки он гулҳои тар дорад,
Ба он бозори атторон марав
ҳар сӯ чу бекорон,
Ба дӯкони касе биншин,
ки дар дӯкон шакар дорад.
Ҳамзамон, ӯ зикр доштааст, ки ин шоҳбайтҳо ба ифтихори Хона - осорхонаи этнографии Нозим – ако аз ҷониби Мавлонои бузург эҷод шудааст.
Гирдоварӣ, ҳифз ва муаррифии осори ниёгон вазифаи имониву ҷонии ҳар як шахси соҳибфарҳанг дар мисоли коллексияи нодири бародари гиромӣ Нозимако мебошанд. Ҳар осори ҷамъовардашуда аз ҷониби ӯ ҳамчун фарзанд нигоҳбонӣ карда мешавад. Зиҳӣ истеъдод, зиҳӣ осори ниёгон, поянда бод шахсияти соҳибфарҳанг!
Ё ки як гурӯҳ омӯзгорони МТМУ №17 –уми шаҳри Хуҷанд дар китоби хотираҳо чунин менигоранд:
- Имрӯз мо вориди Хона - осорхонаи «Анора» гардидем. Аз даромадгоҳ то болои хона саропо меҳр, муҳаббат ва самимият нисбат ба ҳаёти гузаштаву имрӯзаи мо- миллати қадимаи тоҷикон аст.
Соҳибхоназан худ намунаи ибрати покизагӣ, нексириштӣ буда, аз бузургии дили хеш башорат медод. Дар ин макони муқаддас ғанимати нодир гирд оварда шудааст. Гумонамон ба қасре ворид шудем, ки аз дуриҳои дур садоямон мекунанд.
Садои таърихи бой, маданияти баланд, урфу одат ва анъанаҳои неки миллати тоҷикон. Худо кунад, ки таъсисдиҳандагон, гирдоварандагони ин маъхази гаронбаҳо солиёни дароз саломату сарбаланд бошанд. Хотири ҷамъу сарбаландӣ ва муваффақиятҳо ҳамдам, ҳамрозу ҳамқадами онҳо бошад.
Ҳамчунин, дар дафтар бо ҳуруфоти форсиву англисӣ, хитоиву лотинӣ навиштаҷоти зиёде буданд. Баъди хондани дастхати зиёраткунадагони Хона - осорхонаи «Анора» аз он шод гаштем, ки мардуми тоҷик соҳиби фарҳанги бузург аст.
Зеро зиёраткунандагоне, ки ба ин макон омадаанд, мехостанд, аз таърихи гузаштагони худ огоҳ бошанд. Аксарияти онҳое, ки ба ин ҷо қадам гузошта, соядасте ба китоби Хона - осорхона гузоштаанд, бо аҳли оилаи худ омаданд, то ки фарзандони онҳо аз таърихи гузаштаи халқи худ, менталитети онҳо, он асбоби рӯзгоре, ки мардуми тоҷик чандин сол пеш истифода мебурданд, огоҳ гарданд.
Ҳамон рӯзе, ки мо ба хона – осорхона ворид шудем, бӯи кулчақандҳои навпухта ба машом мерасид. Воқиф гардидем, ки ҷиҳати ба ҷойи кор таъмин намудани занону духтарони хонашин коргоҳи хурди қаннодӣ ташкил шуда, беш аз 15 нафар ба кор ҷалб гардидаанд.
Дар коргоҳи қаннодӣ номгӯи зиёди кулчақандҳо, шириниҳо омода карда мешаванд. Ҳамзамон, бо назардошти омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистон дар ин оила маводи хӯрока, аз ҷумла маҳсулоти кишоварзӣ, гандум, лӯбиёгӣ, картошка ва ғайра ба таври кофӣ захира шудааст. Маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили донагӣ дар хумдонҳои сафолин ҷой дода шудааст, ки онро метавон то ду сол беталаф нигоҳ дошт.
Бояд зикр кард, ки имрӯз аҳли оилаи Нозимҷон Усмонов аз ҳар ҷиҳат намунаи ибрати дигарон мебошад.
Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»
Читать далееКӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ: БО САЪЮ ИРОДАИ КОМИЛ
- Подробности статьи
Имрӯзҳо дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ омодагӣ ба маъракаи муҳими сиёсӣ - интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 11 – уми октябр баргузор мешавад, хуб ҷараён дорад. Дар ноҳия як ҳавза ва 35 - участкаи интихоботӣ амал мекунанд. Участкаҳои интихоботӣ бо маводи зарурӣ таъмин буда, ба гуфти масъулин, барои дар сатҳи баланд баргузор намудани ин маъракаи муҳими сиёсӣ омодаанд. Ҳавзаи интихоботии ноҳия дар бинои Қасри фарҳанг ҷойгир шудааст.
Коршиноси масоили интихоботӣ Абдураҳмон Фозилов гуфт, ки омодагӣ ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи аввали аниқ шудани санаи интихобот оғоз гардид. Баъд аз ташкили ҳавзаи интихоботии ноҳия 35 участкаи интихоботӣ ташкил шуд. Ҳамаи участкаҳо бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ташкилоту муассисаҳо аз ҷиҳати техникӣ таҷҳизонида шудаанд. Аз ҳисоби ҷавонон 53 нафар волонтёр интихоб намуданд, ки онҳо дар корҳои фаҳмондадиҳӣ саҳм мегузоранд. Дар деҳаҳои калони ноҳия участкаҳо мувофиқи қонун дар бораи интихобот ташкил шуда, барои пешгирии бемории сироятии COVID – 19 маводҳои зарурӣ таъмин аст. Ҳамчунин, хонаи модару кӯдак ва барои овоздиҳандагон утоқи тиббӣ созмон ёфтааст.
Боиси қайд аст, ки шумораи умумии интихобкунандагон дар ҳавзаи «Кӯҳистони Мастчоҳ», №39 14987 нафар буда, аз инҳо 429 нафар бори аввал дар интихобот ширкат мекунанд ва 359 нафари дигар муҳоҷирони меҳнатие мебошанд, ки хориҷ аз кишвар зиндагӣ доранд. Участкаи интихоботии рақами 21 дар муассисаи таълимии рақами 3 – и деҳаи Мадрушкати ноҳия ҷойгир шуда, шумораи умумии овоздиҳандагонаш 798 нафар аст. Дар участка омодагӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар баробари ин, барои шахсони маъюб, бемор ва пиронсол, ки ба участкаҳои интихоботӣ омада наметавонанд, барои овоздиҳӣ қуттиҳои сайёр ташкил гардидаанд. Инчунин, дар ҳар участка барои шахсони имконияташон маҳдуд ҳуҷраҳои алоҳида омода шудаанд.
Боиси зикр аст, ки Кӯҳистони Мастчоҳ яке аз ноҳияҳои дурдасти вилоят ба ҳисоб рафта, шумораи умумии аҳолиаш беш аз 22 800 нафар мебошад. Бо мақсади ширкати фаъолонаи овоздиҳандагон ва пайдо намудани иттилои бештар дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳия дар дохилу беруни биноҳои комиссияи ҳавзавии интихоботу участкаҳои интихоботӣ шиору овезаҳои зиёд насб шудаанд.
Ҳамчунин, миёни аъзои комиссияи интихоботӣ ва раъйдиҳандагон оид ба принсипҳои асосии интихобот ва тарзи овоздиҳӣ суҳбатҳо доир шуда истодаанд.
Шаҳбону ОЛИМОВА,
“Ҳақиқати Суғд”
Читать далееПаёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Подробности статьи
Ҳамдиёрони гиромӣ!
Забони модарӣ ойинаи мусаффои таърих, дунёи маънавӣ ва хиради халқу миллат ба шумор рафта, донишу маърифати дар натиҷаи таҷрибаи ҳаётӣ андӯхтаи мардумро ҳифз ва дар маҷмӯъ ба эҳё ва рушди фарҳанги миллӣ мусоидат менамояд.
Таърихи гузаштагони пурифтихорамон нишон медиҳад, ки маҳз сиёсати ягонаи марказонидаи сиёсатмадорону шоҳони ватанпарвар ва саъю талоши аҳли илму адаб буд, ки дар даврони ҳукмронии хонадони Сомониён забони тоҷикӣ дар паҳнои Мовароуннаҳру Хуросон густариш ёфта, ҳамчун забони расмӣ пазируфта шуд. Ба ин маънӣ, забони тоҷикӣ василаи муҳимтарини бақои миллати сарбаланди тоҷик буда, таъриху фарҳанги ҷаҳонгири мо маҳз бо ҳамин забон таълиф ва ба оламиён муаррифӣ гардидааст. Дар ин бора Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Ҳикмат ва ахлоқи инсонпарварӣ, ки ҷавҳари осори ниёгони мост, бо забони муқтадиру пурвусъат ва ширину гуворои тоҷикӣ асрҳо боз садо медиҳад ва сарвати фарҳангиву маънавии миллати мо бо ҳамин забон оламро тасхир кардааст».
Читать далееТабрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Подробности статьи
Ба муносибати зодрӯзи Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ номаҳои табрикотӣ ворид мегарданд.
Дар паёми шодбошии Президенти Федератсияи Россия Владимир Владимирович Путин омадааст:
“Табрикоти сидқии моро ба муносибати зодӯзатон қабул фармоед!
Читать далее02 October 2020
Сафари кории Раиси вилоят ба ноҳияи Айнӣ
- Подробности статьи
РУШДИ СОҲАИ МАОРИФ БОЗГӮИ ФАРДОИ НЕК
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии вилоят, бахусус ноҳияи Айнӣ корҳои созандагиву бунёдкорӣ вусъат доранд. Дар ин раванд санаи 1 – уми октябри соли равон дар Ҷамоати деҳоти Айнии ноҳия бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 - уми ноҳия ба фаъолият оғоз намуд, ки дар ифтитоҳи он Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ширкат варзид.
Раиси вилоят пас аз буридани лентаи рамзӣ аз утоқҳои бинои таълимӣ дидан карда, бо ҷараёни гузариши дарс таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Ӯ зимни суҳбат бо устодону хонандагони ин мактаб таъкид дошт, ки ба омӯзиши забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намоянд.
Читать далееИнкишофи қобилияти эҷодӣ ва зеҳнӣ
- Подробности статьи
Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2019 ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардида, бо мақсади баланд бардоштани завқи чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа минбаъд ҳар сол доир карда мешавад.
Баъди ҷамъбасти озмун дар шаҳру навоҳӣ даври вилоятии он аз 23 то 25-уми сентябри соли равон дар Мактаби Президентии шаҳри Бӯстон баргузор гардид, ки дар он 388 довталаб аз рӯи 5 номинатсия бо ҳам қувваозмоӣ намуданд.
Дар номинатсияи «Хондан ва аз ëд кардани осори адибони классикии тоҷик» байни хонандагони муассисаҳои томактабӣ ва миëнаи умумӣ ҷойҳои якумро Рухшона Норова – хонандаи синфи 8, МТМУ №34-и шаҳри Панҷакент, байни донишҷӯëн, магистрантон, докторантон ва унвонҷуëн Фараҳноз Абдулқодирзода – донишҷӯи курси дуюми Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, байни омӯзгорон ва намояндагони касбу кори гуногун Осими Оқил – мудири кафедраи Донишгоҳи кӯҳӣ-металлургии шаҳри Бӯстон соҳиб гардиданд, ки онҳо аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо диплом ва 10 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ қадршиносӣ шуданд. Дар бахши мазкур дар умум 89 нафар довталаб иштирок намуданд.
Дар номинатсияи дуюми озмун – «Хондан ва аз ëд кардани осори адибони муосири тоҷик» байни категорияҳои номбурда ҷойҳои аввалро
Соҳибҷон Норов аз шаҳри Панҷакент, Хосияти Шаҳобиддин, Гулбаҳор Раҳимова аз ноҳияи Мастчоҳ гирифтанд, ки бо диплом ва 8 ҳазор сомонӣ ҷоиза мукофотонида шуда, дар умум 91 нафар довталаб ширкат варзиданд.
Дар «Хондан ва аз ëд кардани ашъори бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик» Муҳаммадсолеҳ Азизов аз шаҳри Хуҷанд, Нафиса Тӯйчиева аз ноҳияи Мастчоҳ, Саломат Фаттоева аз ноҳияи Спитамен ғолибият ба даст оварданд, ки бо диплом ва 8 ҳазор сомонӣ қадршиносӣ шуданд. Дар бахши мазкур 80 нафар довталаб қувваозмоӣ карданд.
Номинатсияи чорум – «Хондан ва аз ëд кардани осори адибони ҷаҳон» фаъолони озмун Раъно Насриддинова аз шаҳри Панҷакент, Шаҳзод Абдуллоев, Нӯшофарин Хидирова аз шаҳри Истиқлолро муаррифӣ сохт, ки ҷойҳои якумро соҳиб ва бо диплому 8 ҳазор сомонӣ ҷоиза қадршиносӣ шуданд. Дар ин бахш 85 нафар довталаб иштирок намуданд.
Дар номинатсияи охирон, яъне «Довталабони номинатсияи шоирӣ» ҷойи аввал насиби Мафтуна Нозирова аз шаҳри Панҷакент гардид, ки ӯ низ бо диплом ва 8 ҳазор сомонӣ ҷоиза қадрдонӣ шуда, дар байни 43 нафар довталаб ғолиб омад.
Ба ҷуз 39 нафар ғолиб 43 нафар фаъолон - гирандагони ҷойҳои ифтихорӣ ва беҳтаринҳо аз ҷониби ҳайати доварон аз 5 номинатсия муайян ва бо тавсияи аъзои ҳакамон ба тариқи истисно ҷиҳати иштирок ба даври ҷумҳуриявии озмун, ки моҳи декабр баргузор мегардад, пешниҳод шуданд.
Бояд иброз дошт, ки дар маросими қадршиносӣ раисони ҳайати озмун, яъне меҳмонон аз пойтахти кишвар Боймурод Шарифзода – директори Институти забон ва адабиëти ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакии Академияи миллии илмҳо, Муртазо Зайниддинзода – мудири кафедраи адабиëти навини форсии тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Ҷумъахон Файзализода – директори Китобхонаи миллӣ, Абдунабӣ Сатторзода – мудири кафедраи адабиëти классикии Академияи миллӣ ва Фарзонаи Хуҷандӣ – Шоири халқии Тоҷикистон аз баромади дӯстдорони китоб ба ваҷд омада, иброз доштанд, ки сол аз сол зиёд гардидани сафи чунин ашхос дар кишвар далели устувории сулҳу амонӣ ва осоиштагист.
Гулҷаҳон Турсунзода,
«Ҳақиқати Суғд»
Читать далееПаёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи омӯзгорон
- Подробности статьи
Устодон ва омӯзгорони гиромиқадр!
Шуморо бо фарорасии Рӯзи омӯзгорон сидқан табрику муборакбод намуда, дар симои ҳар яки Шумо, ба кулли омўзгорони вилоят умри дароз, сарбаландӣ, хонаи обод ва дар иҷрои вазифа ва рисолати пуршарафи соҳибмаърифату соҳибкасб намудани насли ҷавону ояндасоз дастоварду муваффақиятҳои беназир таманно менамоям.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба мақому мавқеи омўзгор дар пешрафти ҷомеа чунин таъкид намуданд: «Ояндаи мамлакат аз фаъолияти омӯзгор ва рушди илму маориф вобастагии зиёд дорад. Дар хотир бояд дошт, ки танҳо миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонад, пеш равад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи худро пайдо намояд».
Читать далееБобоҷон Fафуров: МУСОИДАТ БА РУШДИ ИҚТИСОД
- Подробности статьи
Зиндагии мардуми деҳот, асосан бо замин, бо корҳои кишоварзӣ марбут аст. Бинобар ин баробари фаро расидани баҳор деҳқон ба киштукори саҳро оғоз мекунад. Аз ин рӯ, деҳқонро рӯзирасони халқ мегӯянд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш чунин ёдовар шудаанд: «Сол аз сол аз ҳисоби самаранок истифода бурдани замин, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида ва азхудкунии заминҳои нав, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо оид ба беҳтар намудани таъминоти бозори истеъмолӣ масоҳати замини кишоварзӣ васеъ гардида, номгӯи маҳсулоти кишоварзӣ ҳам зиёд, нарху навои он дар бозор паст гардида, содирот низ назаррас шудааст».
Дар ҳамин замина масоҳати замини пахта низ аз ҳисоби заминҳои бекорхобида меафзояд. Масалан, дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров агар соли 2017-ум дар майдони ҳафт ҳазору 201 гектар донаи умед пошида бошанд, соли 2018-ум масоҳати он ба ҳашт ҳазору се гектар ва ду соли охир масоҳати он ба ҳашт ҳазору чорсад гектар расидааст. Афзун гардидани майдони кишти пахта имкон медиҳад, ки миқдори маҳсулот низ зиёд гардад.
Қаблан аксар номгӯи маҳсулоти кишоварзӣ тариқи ашёи хом берун аз кишвар содирот мегардид, вале солҳои охир бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят соҳибкорони ватанӣ маҳсулоти хом, аз ҷумла “тиллои сафед”-ро дар дохили кишвар коркард намуда истодаанд. Чун солҳои пешин имсол ҳам хоҷагидорони ноҳия кишти пунбадонаро хуб ба роҳ монда, барои коркарди он дар дохили кишвар бо соҳибкорони ватанӣ шартнома бастаанд. Аз бозе ки хоҷагидорон ба ҷамъоварии “тиллои сафед” оғоз намуданд, аз ҳамон дам дастранҷи деҳқон ба заводҳои коркарди пахта ворид шуда истодааст.
Дар ҳамин бобат раиси Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Зафариён” Шавкат Масаидов тавассути телефон муҷда расонид, ки аллакай ба миқдори 700 тонна “тиллои сафед” ворид гардида, то санаи 22 сентябри соли равон 15 тоннаи он каркард карда шуда, 13 тонна кунҷора ва 1,5 тонна равған истеҳсол шуд. Коркарди пахта соли 2019 ба ҷои 4500 тоннаи нақша 5300 тонна иҷро гардид, имсол бошад, нақшаи дурнамо панҷ ҳазор тонна буда, кормандон азм доранд, боз ҳам пурсамар меҳнат намоянд. Дар коргоҳи номбурда дар асл 15 нафар фаъолият доранд ва дар мавсими корӣ бошад, то 70 нафар вазъи иқтисодии хонаводагии хешро беҳтар месозанд.
Дар ин давра кормандон дар ду баст фаъолият дошта, рӯзе ду маҳал – нисфирӯзӣ ва шом бо хӯроки гарм таъминанд. Сокинони ҷамоатҳои деҳаҳои Зарнисор, Хистеварз, Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Хуҷанд дар ин коргоҳ машғули меҳнат буда, нақлиёти мусофирбар ҳамеша дар хизмати онҳост.
- Воқеан, Пешвои муаззами миллат дар ҳар як вохӯрию суханрониашон дар бобати ворид сохтани таҷҳизоти муосир, дастгирии ҳамаҷонибаи соҳибкорони ватанӣ изҳори андеша менамоянд, - қайд кард Ш. Масаидов, - мо низ соли 2017 бо ҷонибдории мақомоти маҳаллӣ ду дастгоҳи замонавиро зери тамғаи “Лумус - 128”, ки истеҳсоли Амрико мебошад, ворид сохтем ва сифати кор низ беҳтар шудааст. Иқтидори солонаи коргоҳ коркарди то даҳ ҳазор тонна «тиллои сафед» буда, дар як шабонарӯз то шаст тонна пахтаи хом ва бист тонна нахи пахта аст.
Соли равон ҶДММ “Зафариён” бо сесад хоҷагии деҳқонии ноҳия шартнома баста, пахтаро бо арзиши ҳар килояш панҷ сомонӣ ворид месозад. Заҳмати чинакчиён низ сари вақт қадрдонӣ шуда, ба ҳар кило пахтаи чидашуда ҳафтод дирамӣ пардохт мешавад.
Сардори идораи кишоварзии ноҳия Ҳомидҷон Ҳакимбоев доир ба ҷамъоварии пахта ва коркарди он чунин гуфт: - Соли равон хоҷагидорони ноҳияи овозадори Бобоҷон Ғафуров кишти пунбадонаро хуб ба роҳ монда, барои коркарди он дар дохили кишвар деҳқонон бо соҳибкорон шартнома бастаанд. То санаи 22 – юми сентябр ба миқдори 2360 тонна пахта ҷамъоварӣ гардида, ба панҷ корхонаи коркарди пахтаи ноҳия ду ҳазору як саду дувоздаҳ тонна “тиллои сафед” ворид гардидааст.
Т.АЛИЗОДА,
“Ҳақиқати Суғд”
Читать далееҲАЛЛИ МУАММОИ ОБ МУСОИДАТ БА РУШД
- Подробности статьи
Чанд сол инҷониб дар яке аз Ҷамоатҳои деҳоти дурдасти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Чашмасор муаммои об нигаронкунанда буд. Бинобар кам будани оби полезӣ кишоварзон ҳосили дилхоҳ ба даст оварда наметавонистанд. Оғози соли 2020 бо кӯмак ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ҷамоат пойгоҳи обкашӣ таъмир ва як агрегати нав шинонида шуд. Ба гуфти сокинон, Чашмасор ном гирифтани ҷамоат ба он хотир аст, ки аҳолӣ аз чашмаҳои худҷории кӯҳҳо истифода мебаранд.
Боиси таъкид аст, ки даромади асосии бошандагон аз ҳисоби чорводорӣ, кишоварзӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ аст. Ҳоло шумораи аҳолии ҷамоат ба 12 300 нафар расидааст. Дар ҷамоат бештар пахта, чормағзи заминӣ, мош, гандум ва ҷав рӯёнида мешавад.
Раиси Ассотсиатсияи истифодабарандагони об Абдураҳмон Омиров гуфт, ки соли равон барои кишоварзон соли пурфайз аст, зеро фаровонии оби полезӣ боиси ба даст овардани ҳосили хуби кишоварзӣ гардидааст.
- Дар Ҷамоати деҳоти Чашмасор солиёни дароз масъалаи оби полезӣ ташвишовар боқӣ мемонд, кишоварзон наметавонистанд, заминҳои худро самаранок истифода баранд. Кам будани об барои иқтисодиёти оилаҳо таъсир мегузошт, аммо соли равон он ба пуррагӣ ҳал гардида, кишоварзон тавонистанд, ҳар ваҷаб қитъаи замини киштро ҳосилнок гардонанд, - гуфт Абдураҳмон Омиров. Ҳамзамон, таъкид кард, ки барои таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ аз мавзеи чашмаҳо то маркази ҷамоат қубурҳои махсус кашида шудааст.
Чиниши пахта аз Чашмасор оғоз шуд
Дар минтақаи «Дӯстлик»-и Ҷамоати деҳоти Чашмасор аз санаи 20 август чиниши пахта оғоз шуд. Бино ба гуфти раиси хоҷагии деҳқонӣ, ҳамасола аввалин шуда дар вилоят чиниши пахта дар ин мавзеъ оғоз мешавад. Сабаб дар он аст, ки кишоварзон тухми пахтаро барвақт мекоранд ва замини корам шағалзамин буда, барои нашъунамои пахта мусоидат мекунад. Алҳол дар ин мавзеъ дар 630 гектар замини кишт навъи пахтаи «Деҳқонбобо» парвариш шудааст. Пахтаи чидашуда асосан ба ҶДММ «Зафариён» ва ҶДММ «Хуҷанд Сидней» супорида мешавад.
- Соли равон аз кишти пахта ҳосили дилхоҳ ба даст овардем, зеро танҳо як агрегат бо об таъмин мекард, имсол бошад, дуюм агрегат ба кор даромад. Солҳои пешин ҳосилнокӣ на кам аз 10 сентнер буд, дар мавсими имсола 30 – 35 сентнер ҳосил ба даст оварданием. Солҳои қаблӣ 300 – 400 тонна аз 400 гектар замини корам пахта ҷамъоварӣ мешуд, имсол ният дорем, наздик 1500 ҳазор тонна пахта чида, ба хирмани давлат супорем. Алҳол дар як рӯз 10 – 15 тонна пахта чида истодаем, - гуфт А.Омиров.
Боиси таъкид аст, ки барои чиниши пахта бештар занону духтарони хонашин ҷалб карда шудаанд. Ҳоло дар чидани пахта 200 нафар занон заҳмат кашида истодаанд. Маблағи чиниш 50 дирам буда, ҳамарӯза пардохт мешавад.
Зани 50-сола Махфират Бойчаева 30 сол инҷониб бо чиниши пахта ризқу рӯзии худро ба даст меорад. Дар як рӯз 100 – 110 кило пахта чида, маблағи бадастовардаашро барои рӯзгор истифода мебарад.
- Ман бо ҳамроҳии келину писарам дар мавсими ғунучини пахта зиндагиамро пеш мебарам. Барои мо мавсими пахта имконият барои захира кардани ғизои зимистона аст. Дар як мавсим то 10 – 12 ҳазор сомонӣ маблағ ба даст меорем, - мегӯяд Махфират Бойчаева.
Зани ҷавон Гулҳаё Ризқулова чинакчии пешқадам буда, ҳамарӯза то 135 кило пахта меғундорад. Ӯ мегӯяд, ки баробари маблағи пахтаи чидаашро гирифтан боз хоҷагиҳои деҳқонӣ барои занон кӯмаки моддӣ, амсоли равған, биринҷ ва ҳезум дастрас мекунанд.
Парвариши чормағзи заминӣ ва содироти он
Дар ҷамоати мазкур соли равон бинобар таъминот бо оби полезӣ чормағзи заминӣ низ хуб нашъунамо ёфт. Соли равон кишоварзон дар 775 гектар замин кишти чормағзи заминиро ба роҳ монданд. Ҳосилнокии он аз як гектар на кам аз 3 тонна аст.
Бино ба гуфти мутахассисони соҳа, охири моҳи апрел то 10 май тухмии чормағзи заминӣ кишт шуда, моҳи октябр ғунучини ҳосил оғоз мегардад. Ҳосили бадастомада, асосан ба бозорҳои шаҳри Хуҷанд пешниҳод мешавад. Ҳамчунин, ҳамасола то ҳазор тонна чормағз ба Федератсияи Россия содирот мешавад.
Барои чидани ҳосил занону духтарони маҳаллӣ ҷалб мешаванд. Азбаски дар бозори дохилӣ сокинон бештар чормағзи зирбонидашударо мехаранд, он низ меҳнати алоҳидаро талаб мекунад.
Барои харидоргир кардани чормағз онро аввал такконида, хушк мекунанд, сониян, дар дегҳои махсус чанд муддат зирбонида, ба бозори дохилӣ бо нархи 6 сомонӣ фурӯхта мешавад. Чормағзи заминии содиротмешуда бошад, дар шакли хом, фурӯхта мешавад.
Боиси таъкид аст, ки аксар мардони ҷамоат ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд, зеро гумон доранд, ки дар он ҷо маблағи хуберо ба даст меоранд. Вале кишоварз Мақсудалӣ Чуянов бар он ақида аст, ки агар кӯшиш намоянд, дар ҷамоат низ кори даромаднокро ёфтан мумкин аст.
- 4 сол қабл барои дарёфти маблағ ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Россия сафар мекардам. Ростӣ, дур аз кишвари худ будан бароям мақбул нест. Ниҳоят тасмим гирифтам, ки бо кишти чормағзи заминӣ машғул мешавам. Давоми 4 сол шароити иқтисодии оилаам беҳ гардидаасту ҳоло дӯстону хешовандонро низ ба ин намуди фаъолият ҷалб карда истодаам, - мегӯяд ӯ.
Боиси таъкид аст, ки баробари кишти чормағзи заминӣ Мақсудалӣ бо чорводорӣ низ машғул аст. Ӯ ҳамасола шумораи чорворо зиёд карда, фоидаи хубе ба даст меорад.
Шаҳбону ОЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»
Читать далееЗАФАРОБОД: САЪЮ ТАЛОШ БАҲРИ ОБОДИИ ФАРДО
- Подробности статьи
- Ба ҳавза ва участкаҳои интихоботӣ ва раъйпурсии ноҳия нафарони зиёде бо суолу пурсишҳои худ доир ба маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон меоянд. Дар 41 участкаи интихоботии ноҳияи Зафаробод навбатдорон доимо ба саволҳои бешумори сокинон посух мегӯянд ва то қадри имкон оид ба маъракаи муҳими сиёсӣ ва ҳозир шудан дар рӯзи интихобот ба участкаҳои интихоботӣ маълумоти муфассал медиҳанд, - гуфт зимни пурсиш раиси ҳавзаи интихоботии «Зафаробод», №38-и ноҳияи Зафаробод Шамсиддин Раҷабов.
Дар ҳамаи участкаҳои интихоботии ноҳия утоқҳои овоздиҳӣ, хонаи модару кӯдак, компутер бо тамоми лавозимоташ, телефон, миз барои мушоҳидони байналмилал, гӯшаи маълумотдиҳӣ омода шудааст. Дар ин масъала хосатан участкаҳои интихоботии рақамҳои 20 (роҳбараш Баҳром Қодиров), 17 (Ҳусейн Ҳомидов), 3 (Бозорбой Қудратов) ва 37 (Абдуманнон Холиқов) ҳамаҷониба омодагӣ дидаанд.
Дар ноҳия 47778 нафар овоздиҳанда буда, аз ин 558 нафар бори аввал овоз медиҳанд. Дар ҳар вохӯрӣ ва ё ҷаласае, ки доир мегардад, ба ҷавонон оид ба маъракаи сиёсии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал дода мешавад. Айни ҳол 263 нафар интихобкунандаи барҷомонда ба қайд гирифта шуда, нисбати онон низ чораҳо андешида, дар рӯзи интихобот масъулин, аъзоёни участкаҳои интихоботӣ бо қуттии сайёр ба хонаҳояшон ташриф меоранд. 3441 нафар овоздиҳанда дар муҳоҷирати меҳнатӣ берун аз кишвар қарор доранд.
Коршиноси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ Ҷаҳонгир Саидзода се маротиба ташриф оварда, бо раисон ва котибони участкаҳои интихоботӣ мулоқот ороста, корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда шуд.
Алҳол аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ба ҳамаи участкаҳои интихоботӣ маълумотнома, варақа ва барномаҳои номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас гардида, инчунин даъватнома низ омода шуда истодааст.
Санаи бисту сеюми сентябр шахси боэътимоди номзад ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғаффорзода Абдухалил Давлаталӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Меҳнатобод, Зафаробод ва ба номи Ҳамид Алиев бо интихобкунандагон мулоқот ороста, дар бораи номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаи пешазинтихоботӣ маълумот дода, инчунин ба саволҳои аҳли нишаст посух гардонид. Дар ин мулоқотҳо раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод Тӯйғун Шарифзода оид ба баргузории маъракаи муҳими сиёсӣ ва чораҳои андешидашуда фикру андешаи хешро иброз дошт.
Панҷоҳ нафар ҷавонони ноҳия ихтиёран дар омодагӣ ба баргузории маъракаи сиёсӣ ширкат варзида, дар масъалаҳои барӯйхатгирии интихобкунандагон, паҳн намудани варақаҳои тарғиботӣ ва ҳамаи маълумотҳое, ки аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дастрас мешаванд, саҳм гузошта истодаанд.
Тавҳида ҶӮРАЕВА,
«Ҳақиқати Суғд»
Читать далее