October 2020

02 October 2020

ИНТИХОБОТИ ОЗОД – АСОСИ ПЕШРАФТИ ҶОМЕА

Яке аз шаклҳои муҳими демократия интихоботи озод буда, дар ташкили мақомоти ҳокимияти давлатӣ нақши муҳим дорад.

Дар ҷаҳони муосир интихобот дар рушди давлатдории кишварҳои гуногун, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳалаи хеле муҳим ба ҳисоб меравад. Тавассути интихобот қонунӣ будани ҳокимият эътироф мешавад. Аз ин нуқтаи назар, маҳз интихобот ҳастии ниҳоди намояндагии давлатиро хосияти қонунӣ медиҳад ва тамоми қувваҳои сиёсии дигарро водор месозад, ки қонунӣ будани онро эътироф намоянд. Вобаста ба ин, рушди босуботи ҷомеа таъмин гашта, мақомоти давлатӣ имконият пайдо мекунад, ки аз номи кулли мардум баромад намояд.

Дар урфият “майдон аз далер аст”, мегӯянд. Аз ин хотир, интихоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи истисноии интихобкунандагон мебошад. Ҳеҷ як ҳизбу созмон ё шахси мансабдор ҳақ надорад, ки ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандонро поймол намояд ва иродаи худро ба интихобкунандагон зӯран ё бо роҳҳои дигар таҳмил намояд.

Дар ташкил ва гузаронидани ин маъракаи сиёсии умумиҷумҳуриявӣ нақши Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ хеле назаррас мебошад. Аз ин рӯ, 19 июли соли 2019 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон” як қатор тағйиру иловаҳо ворид карда шуд. Аз ҷумла, ба моҳият ва принсипҳои фаъолият, тартиби таъсис ва ҳайат, муҳлати ваколати узви он, қоидаҳои узвият, вазъи ҳуқуқии комиссия, раис, муовин, котиб ва узвияти он, фаъолияти меҳнатӣ ва тартиби бозхонди раис, муовини он, котиб ва аъзои он, ташкили фаъолияти комиссия, тартиби пешниҳоди муроҷиатҳо ба он, уҳдадории вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Тоҷикистон дар ташкил ва баргузории интихобот ва раъйпурсӣ, ҳамкории байналмилалӣ ва тартиби фаъолияти дастгоҳи комиссия муқаррар шудааст.

Дар асоси моддаи 1 қонуни мазкур Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми давлатӣ буда, ҳангоми амалӣ намудани ваколатҳои худ мустақил мебошад, ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ва шахсони мансабдор ҳисоботдиҳанда нест. Принсипи мустақилият ва ҳисоботдиҳанда набудани комиссия ба мақомоти номбурдаи давлатӣ ва шахсони мансабдор омили муҳимест, ки ба амалӣ гаштани принсипҳои дигар, аз қабили шаффофият, беғаразӣ ва ошкорбаёнӣ дар фаъолияти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, мусоидат дар тартиби ташкили он низ дигаргуниҳои куллӣ ба миён омадааст. Агар то ин вақт аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди ҳизбҳои сиёсӣ ба таври ҷамъиятӣ дар давраи интихобот фаъолият мекарданд, пас айни ҳол он аз ҳисоби шахсони беҳизб бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷлиси намояндагон ба муҳлати 5 сол тасдиқ мегардад. Комиссия ба таври доимӣ фаъолият намуда, аз буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ мешавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд карданд, ки ҳама гуна дахолат ба фаъолияти комиссияҳои интихоботӣ манъ аст ва сохторҳои мақомоти марбута дар ин ҷараён бояд танҳо вазифаҳои тибқи қонун ба зиммаашон гузошташударо иҷро кунанд.

Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси низоми маҷоритарии интихоботӣ амалӣ карда мешавад. Дар асоси моддаи 1 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ҳуқуқи интихоботии умумӣ, баробар ва мустақим бо овоздиҳии пинҳонӣ сурат мегирад.

Дар асоси қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло дар ҳудуди ҷумҳурӣ 68 ҳавзаи интихоботӣ барои интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

Боварии комил дорем, ки дар интихоботи навбатӣ бо дарки баланди масъулиятшиносӣ, ҳисси ватандӯстӣ дар тақдири ояндаи дурахшони Ватани азизамон бетараф набудани мардуми шарифи Тоҷикистон бори дигар исбот мегардад.

Темурҷон ОРИПОВ,

Анварбек БОБОЕВ,

устодони кафедраи ҳуқуқи конститутсионии

Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва

 сиёсати Тоҷикистон

Читать далее

01 October 2020

Боздиди Раиси вилоят аз майдони шолӣ ва боғоти ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов

30 сентябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов бо рафти ҷамъоварии шолӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ошно шуд.

Тавре маълум аст, дар вилояти Суғд ба кишту парвариши шолӣ аҳамияти ҷиддӣ зоҳир гардида, дар шаҳру навоҳии Исфара, Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов бештар кишти шолӣ ба роҳ монда шудааст. Бино ба иттилои масъулини соҳаи кишоварзии вилоят соли равон дар 9200,3 гектар парвариши шолӣ ба роҳ монда шуд, ки нисбат ба соли гузашта 208 гектар зиёд мебошад.

Читать далее

Саҳми соҳибкорон дар афзоиши номгӯи маҳсулоти воридотивазкунанда назаррас аст

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо саҳм ва нақши соҳибкорони маҳаллӣ дар шаҳри Хуҷанд теъдоди корхонаҳои саноатӣ афзуда, номгӯи маҳсулоти воридотивазкунанда зиёд гардида истодааст.

Яке аз чунин корхонаҳои саноатӣ дар минтақаи саноатии шаҳри Хуҷан фаъолият дошта, бо истеҳсоли шоколад ва қандҳои гуногун машғул аст, ки чанде пеш Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти он аз наздик шинос гардид.

Читать далее

Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти ҶДММ “Пайрави Хуҷанд”

30 сентябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти ҶДММ “Пайрави Хуҷанд” шинос гардид.

Корхонаи мазкур яке аз беҳтарин фабрикаҳои мурғпарварӣ буда, дар он 40 000 сар мурғ парвариш карда мешавад. Корхона чӯҷаҳои гӯштии навъи бройлерро аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ворид намуда, давоми чиҳил шабонарӯз барои ҳамчун гӯшт истифода бурдан омода мекунад. Дар корхона технологияи муосир насб гардида, парваришу нигоҳубини мурғ ба таври автоматӣ ба роҳ монда шудааст. ҶДММ “Пайрави Хуҷанд” имкон дорад, ки саршумори мурғҳои гӯштиро боз ҳам зиёд намояд.

Читать далее

Соҳибкорони тоҷику ӯзбек корхонаи коркарди метал бунёд мекунанд

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи боздиди корӣ аз Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” рӯзи 30 сентябр бо ҷараёни бунёди корхонаи коркарди металҳои дуюмдараҷа шинос гардид.

Корхонаи мазкур дар доираи ҳамкориҳои самараноки соҳибкорони ватанӣ бо соҳибкорони Ҷумҳурии Ӯзбекистон бунёд гардида, масоҳати он 3 гектарро ташкил мекунад. Барои бунёд ва фаъол гардонидани корхона 10 миллион доллари ИМА сармоя ҷалб гардида, барои гудохтани метал аз печҳои замонавии истеҳсоли Туркия ва Чин истифода бурда мешавад.

Читать далее

Соҳибкор Озодамоҳ Қулова дар Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” корхонаи коркарди мева бунёд месозад

30 сентябри соли 2020 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” ташриф оварда, рафти бунёди як зумра корхонаҳои саноатиро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.

Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” соли 2009 бо масоҳати умумии 320 га таъсис дода шуда, дар минтақаи саноатии ҷанубу ғарбии шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст. Дар МОИ “Суғд” 29 субъект ба қайд гирифта шуда, аз он 13 адад ба фаъолияти истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ машғуланд.

Читать далее

Терроризм – хатар ба амнияти ҷомеа

Масъалаи терроризму экстремизм яке аз масъалаҳои ҳалталаб ва хеле ташвишовар буда, айни замон сайёраро ба изтироб андохтааст.

Терроризм ва экстремизм барои ҷомеа хатари ҷиддӣ эҷод намуда, боиси паст рафтани иқтисодиёт, ноором гаштани вазъи сайёра, монеа барои пеш рафтани соҳаҳои гуногун, халалдор намудани амнияти ҷомеа гардидааст. Шомил шудани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ба масъалаи доғи рӯз табдил ёфтааст. Сабабҳои асосии ин амалҳои хатарзо паст будани дониши динӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ, ҷавобгӯ набудани маърифату ҷаҳонбинӣ, дуруст дарк накардани вазъи сиёсии ҷаҳон мебошад. ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро бо ҳар роҳу васила ҷавонони ноогоҳро ҷалб намуда, барои амалӣ намудани мақсаду ғаразҳои нопоки худ истифода мебаранд. Масъалаи мубориза бар зидди терроризму экстремизм  ҳамеша дар маркази диққати ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, зеро терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст.

Аз ин рӯ, ҳар яки маро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, бояд огоҳ бошем, ҳушёр бошем, ҷавононро дар рӯҳияи хештаншиносӣ, ватанпарастӣ, меҳнатдӯстӣ тарбия намоем ва аз ҳама муҳимаш оиди муқовимат бар зидди терроризм ва экстремизм бетараф набошем.

Илҳом ШАРИФЗОДА,
котиби маҷлиси судии суди
ноҳияи Ҷаббор Расулов

Читать далее

БАДХОҲИ КАСОН, БА МАҚСАД НАРАСАД

Намоиши қисмати чоруми филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” тавассути шабакаи телевизионӣ идомаи се қисмати филми мазкур буда, дар он парда аз рӯи ҷиноятҳои гӯшношуниди ТТЭ ҲНИ бардошта мешавад.

Дар филм дар асоси далелҳои раднопазир, сабтҳои видеоии мустанад, нақли шоҳидони бевоситаи воқеаҳои нангини солҳои аввали истиқлолият тамоми кору кирдори ваҳшиёна, сурату сирати ғайриинсонии худобехабарон, маслакгумкардаҳо, хоинони миллат, Ватан, дину мазҳаби мо воқеъбинона инъикос ёфтааст.

Тамошои филм ҳар бинандаро ба риққат, ҳолати ногувор, хашму ғазаб нисбат ба кору кирдори ваҳшитинатони ТТЭ ҲНИ меорад. Дар филм аҳволи риққатовари гурезагон, гиряи кӯдакони маъсум, фиғони модарони фарзандгумкарда, сӯхтану шикастанҳо, бераҳмии ҳаммиллатони мо, ки худро тоҷику тоҷикистонӣ меҳисобанд, вале хуни тоҷикро рехтанд, намоиш дода шудааст.

Аз тамошои филм як падидаи хеле ногувор, аз табиати инсонӣ фарсахҳо дур ба назар мерасад, ки тамоми фаъолияти ТТЭ ҲНИ аз оғози ба саҳнаи сиёсӣ омаданаш, танҳо кору амали зишт буд.

Меросбари имрӯзаи онҳо, ки аз муассиси “Паймони миллӣ” Муҳиддин Кабирӣ, ки аз наҳзатиёни паймоншикан иборатанд, имрӯз низ кирдорҳои нопоки худро идома медиҳанд ва мехоҳанд, ки Тоҷикистонро бори дигар ба гирдоби кашмакашиҳои сиёсӣ кашанд.

Аз намоиши  филми мазкур  мардуми шарафманди тоҷик чеҳраи аслии ин душманони миллатро ба хубӣ шинохтанд ва ҳеҷ гоҳ ба доми фиребу найранги онҳо нахоҳанд афтод ва ин хиёнаткорон ҳаргиз ба мақсадҳои палиду нопокашон нахоҳанд расид, чуноне,  ки шоир фармудааст:

Хоҳӣ, ки зи кас газандат нарасад,

Бадгӯву бадомӯзу бадандеш мабош.

Ш.ШАРИФОВ,
И.ҶАББОРОВ,
устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобофон Ғафуров

 

Читать далее

Аз бадниҳод накӯӣ тамаъ мадор!

Силсилафилми ҳуҷҷатии “Хиёнат”, ки тавассути шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон намоиш дода шуд, симои манфур, мақсадҳои разилона ва ниятҳои нопоки аъзои ТТЭ ҲНИ-ро ифшо месозад.

Бояд ҳар як соҳибватан донад, ки ин кӯрдилон чӣ мехоҳанд ва барои амалишавии нияти нопокашон аз ҳеҷ ҷиноят рӯ намегардонанд. Дар қисми 4-уми филми «Хиёнат» он ҳаводиси нангин ва даҳшатҳои наҳзатиёни палид ва манфур аз забони шоҳидони ҳол баён ёфтааст.

Бояд гуфт, ки филми мустанади "Хиёнат",  ки дар заминаи далелҳои амиқ ба навор гирифта шудааст, бори дигар   чеҳраи зишти душманони давлат ва халқи тоҷикро муаррифӣ намуд. Дар асл, филм бо далелҳои раднопазир,  наворҳои воқеъӣ, парвандаҳои ҷиноӣ ва ошкорнашудаи касифони наҳзатиро ошкор сохтааст. Зимни тамошои ин филм кас ба хулосае меояд, ки кӯрдилон аз оғози соҳибистиқлолӣ ниятҳои нопоки худро амалӣ кардан мехоҳанд. Ин афрод ҳоло аз мамлакатҳои хориҷӣ бо хоҷагони худ нақшаҳои гуногунро тарҳрезӣ намуда, бо роҳи фиреб ҷавононро ба роҳи ифротгарорӣ ҷалб намуданианд.

Ба мо, ҷавонон, намоиши ин филм бори дигар аз амалкардҳои ин хоинони Ватан ёдрас намуда, ишора ба он намуд, ки мо ҳамеша ва дар ҳамаҷо зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва ин хоинонро ҳамчун душманони аслии худ шиносем.

Шамил НАЗАРЗОДА,
устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

ФИЛМИ ҲУҶҶАТИИ “ХИЁНАТ” ҚИСМИ 5 БАШАРКУШ БУДАНИ НАҲЗАТИЁНРО ИСБОТ КАРД

Шояд пас аз дидани филми  ҳуҷҷатии “Хиёнат” қисми 5 инсон ба худ суол гузорад, ки оё ҳамин наҳзатиён инсон буданд ё паразит? Шояд наҳзатиён, яъне аъзоёни ТТЭ ҲНИ, ки ин қадар  амалҳои террористиро содир кардаанду аз номи дин сухан мекунанд, мусалмонанд ё як навъ кирми ислом?

Инсонҳо ҳамеша аз рӯйӣ хулқу атвор ва рафтор баҳо дода мешаванд ва ҳар як инсонро аз суханаш низ фаҳмидан мумкин аст. Лек санъати макр ва ҳиллаи наҳзатӣ аз илм ҳам хеле берунтар аст ва шояд наҳзатиён аз фиреб додани миллат ва гумроҳ намудани ҷомеа дар ҷаҳон собиқа надошта бошанд. Зеро он гуна, ки аз эътиқодҳо ва арзишҳои динӣ истифода бурда, миллатро гумроҳ намуданд, дар ҳеҷ куҷо чунин нашудааст ва тоҷикон ҳаргиз ин хиёнат ва рафтори хоинонаи наҳзатиёнро нахоҳанд бахшид.

Инсонҳоро ба гарав гирифта тамаъ намудан аслан амали зишт ва номардона аст, ки ин корро ҳам наҳзатиён анҷом медоданд.

Ҳоло дигар филми “Хиёнат” парда аз рӯйи амалҳои зишту манфуронаи наҳзатиён бардошт бигӯем ҳам иштибоҳ нахоҳад буд. Зеро дар филм тамоми далелҳо оварда шудааст, ки акнун ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳам наҳзатиёнро ҳам террористони башаркӯш хоҳад шинохт.

Давлатов Д.
омӯзгори ДКМТ

Читать далее