October 2020
01 October 2020
Намак хӯрда ба намакдон туф кардан
- Подробности статьи
Ростӣ имрӯзҳо як қатор ноқисулақлони беватан ё беору номус, ки солҳои сол дар сарзамини аҷдодии худ косаи роҳат чашида, бар ивази дар пиронсолӣ роҳат аз зиндагӣ дидан даст ба маншаву ғайбат мезананд. Ман дар назар дорам “нафақахӯр” Исломиддин Садировро, ки чун мақолаи “аз бекор ҳама безор” ба назарам дигар коре надорад, ба фикри ғайбати ҷомеаи имрӯза пардохтааст. Ҳайфи номи нафақаҳурӣ! Боз худро “ветерани меҳнат” номидааст.
Барои ҳамин, ҳар инсони комиле, ки ақлу ҳуши расо ва комил дораду муроҷиатномаи нафақахӯр, ветерани меҳнат Исломиддин Садировро аз назар мегузаронад ба чунин хулоса меояд, ки то кадом дараҷа тухми одамизод сиёҳу пӯсида ва дар ботини ӯ мақсадҳои ифлосу фасодкорона зиёд мебошад. Зеро Садиров чунин нуқтаҳоеро дар муроҷиатномаи худ ёдовар шуда гузаштааст, ки аз хондани он инсон ба ханда омада то кадом дараҷа бебарор ва дар ҳаёт бемақсаду бемаром буданашро хоҳад фаҳмид.
Садиров менависад, ки гӯё ташкил ва баргузории интихобот як воситаи чашмбандии ҳукумати қонунии дар асл ғайриқонунӣ шуморида шуда, созмонҳои байналмилалӣ аз баргузории он ҳама вақт норози мебошанд, инсонро ба ҳайрат меоварад.
Агар ин нуқтаро дурустар натиҷабардори намоем дар асл як ҳарзаи беасос буданашро мефаҳмем. Чунки дар Тоҷикистон интихобот ҳамчун яке аз арзишҳои олии ҳуқуқии дар сатҳи Конститутсия муайяншудае мебошад, аз демократи будани ҷомеаи Тоҷикистон ва аз лиҳози арзишҳои демократи мустаҳкам будани сохторҳои конститутсионии он шаҳодат медиҳад. Ва агар асосҳои ташкилии интихобот дар Тоҷикистон ба талабот ва стандартҳои сатҳи байналмилалӣ мутобиқат накунад магар ба қатори панҷгонаи Конститутсияҳои беҳтарини ҷаҳон дохил мешавад? Инчунин дар вақти баргузории ҳар як маъракаҳои интихоботи, ки мутобиқи меъёрҳои конститутсионӣ халқ ба доираи муайяни суъектони интихобшаванда раъйи худро медиҳанд, мушоҳидони байналмилалӣ иштирок менамоянд, ки онҳо нозирони шаффофияти баргузории маъракаи интихоботи мебошанд. Ва аз иштироки онҳо ягон маротиба то кунун шикояте аз тарзи баргузории интихобот ва ғайриқонунӣ будани он шикояте нашудааст.
Ин ҳолатҳое, ки мо дар боло ёдовар шудем аз он огоҳи барои мо медиҳанд, ки он асосҳое, ки Садиров овардааст ягон асоси воқеъии худро надоранд.
Гузаштагони мо як мақоли хуб гуфтаанд, ки аз коре, ки хабар надори чаро ба он даст мезанӣ дар ин ҷо ба яке аз андешаҳои Садиров мисол шуда метавонад. Садиров дар муроҷиатномаи худ моддаи 1-уми Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки он дорои мазмуни зерин мебошад: Шахсе ба номзадии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад, забони давлатиро донад ва дар ҳудуди ҷумҳурӣ на камтар аз 10 соли охир истиқомат дошта бошад. Ба андешаи ӯ гӯё меъёри мазкури қонунгузории конститутсионӣ ба манфиатҳои конститутсионии аҳолӣ равона нашуда, дар он сӯрохиҳои қонунӣ маҷуд мебошад. Аммо агар мо ин мазмуни меъёрро аз назар гузаронем пас ба чунин хулоса меоем, ки дар асл ин меъёр ба хотири дастгири ҷавонон дар қонун оварда шуда, ҷой додани онҳо дар мансабҳои роҳбарикунанда боз ҳам ба пешравӣ ва тараққиёти ҷомеа оварда мерасонад. Чунки ҷавонон дорои зеҳн, фаросод ва ҷаҳонбинии васеъ буда, онҳо дар пешравии тараққиёти ҷомеа саҳм гузошта метавонанд. Лекин ба ҳамин ҳолати кор ҳайрон шудан мумкин аст, ки чаро инсоне, ки чи будани ҳуқуқро намедонад ба масъалаҳои нозуктарини он даст мезанад?
Аз хондани муроҷиати ин собиқадори меҳнат ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки он худ дар фазои тинҷу ором зиндагӣ мекунаду ба қадри ин неъматҳо, ки онро 200 миллион халқи Курд ва дигар миллатҳои дигари беватан орзу мекунад, намерасад.
Нафарҳое чун Садиров як бозичаи хоҷагони хориҷӣ буда онҳо намедонанд, ки дар асл чи мехоҳанд, вале бо вуҷуди он бо ин ҳама бесаводию саводи кӯр-кӯронаи худ даъвои Ҳукумат ва ғайра масъалаҳои нозуки сиёсӣ ва ҳуқуқӣ мекунад.
Одиев И. – донишҷӯи курси 4-уми
ихтисоси ҳуқуқшиноси ДДҲБСТ
Читать далее
Тоифаи маърифаткуш
- Подробности статьи
Масъалае, ки баррасии ҷомеаи имрӯз қарор мегирад, барои мардуми тоҷик мавзӯи бегона нест. Зеро дар марҳилаи ҳассоси таърихӣ қарор доштани мо тоҷикон ба он маънист, ки имрӯз бояд ояндаи худро интихоб намоем.
Халқи тоҷик солҳои даҳшатбори 90-умро ҳеҷ гоҳ аз хотираш намебарорад, зеро маҳз ҳамон солҳо симои наҳсатбори тоифае, ки аз номи дини ислом ҳарф мезананду кирдорашон аз доираи инсонӣ дур аст, баръало гардида буд. Имрӯз ин тоифа худро ба мардум наздик гирифтанианду лофи ватандорию миллатдӯстӣ мезананд, лекин дар асл риёкору қаллобанд.
Тавассути расонаҳои хабарӣ хабарҳои бардурӯғ паҳн намуда, матолиби душманонаи худро бар зидди халқ интишор карда, мехоҳанд мардумро гумроҳ созанд. ТТЭ ҲНИ ва аъзояшон мехоҳанд аз ин давраи ҳассос, ки мардум барои интихоби сарвари давлат тайёрӣ мебинад, истифода карда, манфиати худро пиёда сохта, мардумро бо бӯҳтону тӯҳмати худ нисбати давлату миллат бешармона гӯл зананд, лекин тирашон аз солҳои 90-ум боз хок мехурад. Маҳз натиҷаи амалҳои онҳо буд, ки тоҷикон ба вартаи ҷанги бародаркуш кашида шуд, аммо боз бешармона даъвои мусалмонӣ мекунанд, ҳол он ки дар Китоби осмонӣ инсонро аз мавҷудоти муқаддас ҳисобидаанд.
Маърифат мафҳуми хеле васеъ аст, мо онро чун донише, ки ақлу фаросати инсониро такмил медиҳад, чун раҳнамои аслии фарҳангу тамаддун медонем. Тоифаи маърифаткуше, ки теша бар решаи миллат мезанад, ба мисли ТТЭ ҲНИ ва аъзоёни он чӣ тавр метавонад “наҳзати маърифат” бошад, ин гуна мардумро дар асл ба тоифаи инсонӣ шомил кардан хатост.
Дуруст аст, ки мушкилиҳо дар ҷомеа вуҷуд дорад, кадом халқу миллат ё давлат душвориҳои ҳаётию сиёсиро надораду онро паси сар накардааст, албатта тоҷикон бо дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ ва таҳаммулпазирии худ ҳамаи душвориҳоро ҳал хоҳанд кард.
Нафароне, ки андешаи нопок доранд, ба мисли ТТЭ ҲНИ ва аъзоёнаш бояд донанд, ки тоҷикон он мардуми солҳои 90-ум нестанд, ҷавонони мо аллакай мавқеи сиёсии худро маълум кардаанд ва ҳамеша ҷонибдори сиёсати сулҳхоҳонаи давлату ҳукумат ҳастанд.
Рахматова Д.А. – н.и.ф., дотсенти
кафедраи забони тоҷикии ДДҲБСТ
Дар хоб тарсидани палид!!!
- Подробности статьи
Нимашабӣ роҳбари ташкилоти террористию экстремистии собиқ Ҳизби наҳзати ислом, ки чун бӯқаламун тағйири ном кардаастумуқими давлати аҷнабиён аст, аз рахти хоб барҷаста берун меояду бо ранги паридаю табхоли лабҳои ларзонаш даст ба гиребон гирифтаба думравонаш занг мезанад.
Чоплусони дарборӣ бо даъвати роҳбари разилонашон аз тарси қатъи маблағгузориаш ба зудӣ ҳозир мешаванду ҳарзаи нави ӯро гӯш меандозанд. Кабирии манфур гӯё хоб дидааст, ки хоҷагонаи маблағгузораш ҳозир шудаву аз амалҳою кирдораш норозӣ буданро изҳор медоранд. Гуфтаанд, ки маблағҳои ҳангуфтро гирифтаасту аз амалҳояш натиҷае нест. Шарт мемонанд, ки маблағҳои сарфкардаашро баргардонанд ё ба Тоҷикистон бадарғааш мекунанд. Баъд аз ин суханҳо яке аз хоҷагонаш тарсакие ба рӯи Кабирӣ мезанаду “ватангадои мазҳабфурӯшу палид” гӯён дарро ба шаст мепӯшад.
Хобашро ба думравонаш бо лаби ларзон нақл мекунад, аз онон таъбири хоб мепурсад. Ҳозирини чоплусаш бошад, ба ҷойи он, ки Кабириро таскин диҳанд, шӯру ғавғо мебардоранд, ки маблағҳои додаашро барнамегардонанду ба Тоҷикистон намераванд. Яке аз чоплусон оҳиста ба ҳампаҳлӯи худ таклиф менамоянд, ки агар хоҷагони маблағгузор ба чунин қарор омада бошанд беҳтараш аз Кабирӣ дурӣ ҷӯянд. Зеро, ӯ набошад аз маблағҳои додааш ҳеч кас намепурсад. Беҳтар аст, ки худамон ӯро ба Тоҷикистон равона кунем. Бигзор барои кардаҳояш мардуми тоҷик сангсораш кунанд. Ин пешниҳод байни ифротиён ҳамовозӣ пайдо мекунанду нафаре бо ресмоне аз ҷайб бароварда мехоҳад дастони Кабириро бандад.
Кабирии тарсону ларзон аз ин амал гурехтанӣ шуда дастбозӣ мекунанд, ки дастонаш ба девори хона зада ва ӯ аз дарди ҷонкоҳ бедор мешавад. Мебинад,ки дар хобаш хоб дидаасту ба атроф менигарад, ки мабодо касе аз тарсу ваҳму ӯ дарак наёбад. Бехудона қавл медиҳад, ки то охирин рамақи ҷон ба хоҷагонаш хизмати бовафо мекунад. Зарур бошад, пояшонро бӯсида зорӣ мекунад, ки ӯро аз маблағҳояш маҳрум накунанд. Нисбати думравонаш ба чӣ хулосае омада бошад, номаълум боқӣ мемонад?
Ана ин аст, баҳои хиёнат ба Ватану мазҳаб !!!!!
Собиров М.С. - мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкологияи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”, дотсент
Читать далееСОМОНАҲОИ ИФРОТИИ НАҲЗАТ ШАБАКАҲОИ ИҒВОБАРАНГЕЗӢ!
- Подробности статьи
Тарве, ки ба ҳамагон маълум аст, аъзоёни террористи ТТЭ ҲНИ пас аз фирор аз кишвар ва гурехтар аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ба кишварҳои аврупоӣ паноҳ бурданду аз он ҷо бо ёрдами хоҷагони хориҷияшон бар миллат хиёнат мекунанд.
Аъзоёни ТТЭ ҲНИ бо маблағгузории хоҷагони хориҷияшон чандин сомонаҳои ифротиро таъсис додаанд, ки мақсаду маромашон ҳам гумроҳ кардани ҷомеа мебошад.
Сомонаҳои “паём.нет” ва “ислоҳ. нет” аз ин қабил сомонаҳои ифротии наҳзатиён мебошад, ки бо нашри матлабҳои бардурӯғ ва иғвобарангез мехоҳанд ҷомеаро ба гумроҳӣ бурда, фиреб диҳанд. Агар ба мавод ва муҳтавои он дар ин сомона назар биандозед худ пай мебаред, ки дар ҳақиқат ин сомонаҳо сомонаҳои ифротӣ ва иғвобарангезу фитнакоранд. Аслан мешавад мавод ва матлаби бардурӯғу бофтаи ин сомонаҳоро туҳмат ва фитна номид. Зеро он чӣ наҳзатиён менависанд, аз ҳақиқат дур аст.
Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтори душманони миллат, хоинони наҳзатиро комилан маҳкум намуда, бар онҳо лаънат мехонем!
ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ
КАФЕДРАИ ЭКОЛОГИЯИ ДКМТ
«Мактуби таҳқиру нафрат чун шеваи деринаи наҳзат!»
- Подробности статьи
Аз азал мардуми сарбаланди тоҷик башардӯсту фидокор ва меҳанпарасту ватандӯст буд ва ин оини нек то ба имрӯз ба мо мерос мондааст. Шукронаи Истиқлолияти давлатӣ ва осмони софу беғубори Тоҷикистони азиз, ки тамоми мардуми шарифи он баҳри пойдор намудани сулҳу субот, ва тинҷиву оромии кишвар талоши беш аз пештара намуда истодаанд.
Мутаассифона имрӯзҳо ҳастанд нафарони алоҳида, гурӯҳҳои алоҳида, ки бо ҳар роҳу восита даст ба ифротгароиву тезутунд намудани осмони ороми мо мезананд. Аслан, терроризм ва экстремизм амалҳои номатлуб ва хиёнаткоронае мебошанд, ки дар тӯли таърихи инсоният дар паҳлуҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ фаъолияти ғаразнокии худро пиёда сохта, бо иҷрои супоришоти фармоишгарони сиёсӣ ва гурӯҳҳои алоҳида ба тарсонидан ва куштори чеҳраҳои намоёни замони хеш равона карда шудааст. Дар замони муосир он хусусияти гурӯҳиро ба худ касб намуди ин қабили амалҳо асосан тавассути зӯроварии гурӯҳҳо ва ҳизбҳои манфиатҷӯ муқобили давлату миллатҳо – ҳамчун субъекти сиёсӣ, баромад намуда, аз дигар тараф, хатари таҳдиду зӯроварии худро нисбати аҳолии осоиштаи кишварҳо ба амал мебароранд. Терроризм ва экстремизми муосир бо худ хислати оммавиро соҳиб гашта, дар он мутаассифона на танҳо гурӯҳҳои сиёсӣ, балки иттиҳодияҳои миллӣ ва динӣ, ки дар асоси манфиатҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ташкил шудаанд, низ ҷалб карда шуда истодаанд, зеро терроризм имрӯз чун силоҳи асосии расидан ба манфиатҳои сиёсӣ ва иқтисодии онҳо мубаддал гашта, террорист ва экстремист ҳамчун ашхоси иҷрокунанда ва воситаи расид.
Дар Тоҷикистони муосир, яке аз манбаҳои асосие, ки боиси паҳн гардидани ин омилҳо гардид – ин ҳизби мамнуи наҳзат маҳсуб меёбад. Чандин маротиба таъкид доштем ва имрӯз низ мегӯем, ки Тоҷикистон ягона давлате буд, ки расман фаъолияти ин ҳизбро иҷозат дода буд, аммо чӣ натиҷае мо гирифтем ҳоҷати баён нест.
Боиси тассуф аст, ки бо ҳар роҳу восита намояндагони он (албатта на ҳамаи онҳо чи хеле, ки Абдулло Раҳнамо иброз дорад) мехоҳанд авзои ороми сиёсии Тоҷикистонро халалдор созанд. Аммо як ҳолатро бояд ба инобат гирифт, ки тамоми кӯшиш ва ғайрати ин ифротиён – ягона аст, ин ҳам бошад иғвоандозӣ ва ноором сохтани ҷомеаи имрӯза аст. Ҷонибдори андешаи А.Раҳнамо ҳастем ва илова менамоем, ки агар онҳо дар ҳақиқат як қувваи сиёсӣ бошанд, оппозитсияи сиёсӣ бошанд, даъвоҳои калони ислоҳи ҷомеа ва сиёсату қудрат дошта бошанд ва ё фарҳанги оддитарини сиёсӣ дошта бошанд, пас бояд баҳри ободии ватани маҳбубамон саҳмгузор бошанд. Мардуми оқил, сиёсатмадори оқил ҳеҷ гох аз паноҳӣ роҳи ислоҳи ин ё он сиёсатро намехоҳад.
Ва ё ин, ки ташкилоти сунъии ба ном «Паймони миллии Тоҷикистон» ба хотири пешбурди манфиати чанд тан фурӯхташудагони ифротӣ дар амал аст, ки номи дини мубини исломро паст зада даъвоҳои беасос пеша менамояд.
Дар ҳамин асос бо шукргузорӣ аз пешрафти Тоҷикистони азизамон илова менамоем, ки мо намегузорем фазои кишвари мо аз оромӣ маҳрум гардад, хавояш беғубор бошад ва бо истифода аз зиракии сиесӣ омода ҳастем баҳри амнияти давлатамон ҷон фидо намоем.
Санавваров Ғ.Б. – н.и.ҳ., дотсент, мудири
кафедраи ҳуқуқи граҷданӣ ва меҳнатӣ ДДҲБСТ
Читать далее