October 2020

22 October 2020

Назарро нағз кун, то нағз бинӣ

Агар Муҳиддин Кабирӣ як марди бохирад ва дурандеш мебуд, камбудӣ ва пешравиҳои давлати Тоҷикистонро баробар дар тарозуи ақл гузошта месанҷид, онҳоро нишон медод ва барои пешравии Тоҷикистон кӯшиш мекард. Камбудиҳоро дидан осон аст, вале муваффақиятҳоро дида эътироф кардан ҳунар.

Ӯ, ки худро як сиёсатмадор меҳисобад, вале аз гуфтаҳояш маълум мешавад, ки  шахси оқил нест. Шахси оқил ҳамеша дар фикри пешравии кишвараш аст. Дар баромадҳои худ изҳор медорад, ки дигар давлатҳои Ғарб ба Тоҷикистон кӯмак накунанд. Аз ин суханҳои Кабирӣ бӯи бухлу ҳасад меояд.

Мирниёзов А.Қ. – сармуаллими
кафедраи забони тоҷикии ДДҲБСТ

Читать далее

ТАШКИЛОТИ ПАЙМОНШИКАН

Роҳбари ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ дар ин айём дар Аврупо худашро роҳбари "Паймони миллии Тоҷикистон" муаррифи карда дасти хиёнат ба миллати Тоҷик ва кишвари Тоҷикистон мезанад.

Аввало хоин аҳду паймон надорад, калимаи паймонро набояд суиистифода кунад.

Дуввӯм якчанд нафаре, ки хоини ватан эълон шудаанд,онҳо зодаи ин миллат нестанд, онҳо хоини миллат ҳастанд ҳақ надоранд, ки ташкилоти экстремистии худро миллӣ эълон кунанд.

Саввум калимаи Тоҷикистон ҳамчун номи давлати мустақил, муқаддас аст, онҳо ба Тоҷикистон хиёнат кардаанд ва ҳақ надоранд, ки ин калимаро дар номи номубораки ташкилоти экстремистӣ террористӣ истифода баранд.

Имруз Тоҷикистон давлати тинҷу ором аст, мардумонаш бо меҳнати созанда машғуланд. 

Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш бошанд, изҳорот намудаву даъвои беасос кардааст, ки интихобот  гӯё ба меъёрҳо мутобиқ нест ва бо чунин сафсатаҳо кишварамонро кашиданист.

Аммо нозирони хориҷӣ, тамоми ташкилотҳои байналхалқӣ ва садҳо ҷурналистони хориҷӣ ва дохилӣ натиҷагирӣ карда эълон намуданд, ки интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон ба ҳамаи меъёрҳои байналхалқӣ мутобиқ буд.

Ин баҳодиҳиҳо ва муборакбодии роҳбарони кишварҳои дӯст ба хоинони миллат намефорад, зеро онҳо тинчию оромии кишварамонро намехоҳанд,аз рӯи ҳасад ончӣ дар дил доранд, ба қалам оварда, мекунанд.

Ин хиёнаткорон бояд дарк кунад, ки тамоми мардум аз хиёнатҳои онҳо бохабар аст ва ба суханҳои бе асли онон фирефта намешаванд.

Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода,
шаҳри Хучанд

Читать далее

Эътирофи хатокориҳо – нишони ҷавонмардист

Таҳлили охирини таҳлилгари сиёсӣ Абдулло Раҳнамо атрофи масъалаи Паймони миллии Тоҷикистон ва каҷрафтории ҳизби наҳзати исломӣ бори дигар собит намуд, ки мавҷудият ва фаъолияти ин гурӯҳи сиёсӣ аз ҳар ҷиҳат на танҳо ҷавобгӯ ба манфиати имрӯзаи давлату миллат нест, балки надоштани потенсиали кадрӣ, барномаи мушаххас ва шеваи корбарии хашин, бар зарари шароити кунунии ҷомеа, суботу амният ва рушди ояндаи  Тоҷикистон мебошад.

Ба имзо расидани созишномаи сулҳи тоҷикон ва додани иҷозаи фаъолияти қонуниву расмӣ ба ҳизби исломӣ гарчанде амали ҷавонмардонаву хайрхоҳона буд, вале ҳизб дар ин фосила ба ҷои рӯ овардан ба ислоҳоти дарунӣ, тағйири стратегияву тактикаи фаъолият ҳамоно роҳи ғайриқонуниро пеш гирифта, ба амалҳои ношоиста даст зад.

 Ҳизбе ки манфиатҳои оммаро пуштбионӣ ва ҳимоя накунад, он гоҳ омили созанда ва муттаҳидкунандаи мардум буда наметавонад.

Роҳи нодурусте, ки бархе аз наҳзатиён баъди манъ шудани фаъолияти ҳизби мазкур дар Тоҷикистон пеша намуданд, ин бо роҳи шабакаҳои интернетӣ сангандозӣ нисбати кишвари худ буд. Махсусан дар як соли охир бо таъсис додани каналҳои интернетӣ танҳо ва танҳо ба дурӯғбофӣ, сиёҳкунӣ пардохтанд. Магар мешавад, ки танҳо бо роҳи дағаливу тундгӯӣ ва сиёҳкунӣ диёрро ободу зебо намуд? Онҳо бо ин роҳ мехостанд эътибори ҳукуматро дар назди мардум коста намоянд. Вале, ҳамаи мо дида истодаем, ки сол аз сол Тоҷикистон ободу зеботар шуда истодааст.

Ба касе пӯшида нест кишвари мо, дар баробари дигар давлатҳои дунё аз камбудӣ холӣ нест.  вале Ҳукумати кишвар талош намуда истодааст, то сол аз сол онҳо ҳалли худро пайдо намоянд. Дар муқоиса ба солҳои 90-уми асри гузашта ҷумҳурӣ бисёр ҳам ободу зебо гардид. Ин андешаи танҳо мардум нест, балки ин фикри ҳар хориҷие, ки қаблан аз ҷумҳурӣ дидан намудаанд, мебошад.

Аммо эътилофи паймони паймоншикан, ки танҳо ба сиёҳу бадном кардани  кишвари худ машғул аст, чи гуна тарафдору ҷонибдор дошта метавонад. Аз ин лиҳоз гарчанде бархе аз ашхоси наҳзатиён кори зиёди ғайриқонунӣ анҷом доданд, вале ҳоло беҳтар аст, ки аз ин кор даст кашида, фикри ободии Тоҷикистонро намоянд. Зеро ба умеди хориҷиён шуда, сиёҳ кардани давлату ҳукумат оқибат пушаймонист. Саҳм гузоштан дар ободии кишвар омили таҳкими суботу оромӣ, пешрафти Ватани азизамон ва  камтарин саҳмгузорӣ дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол мегардад.

Саидзода Ш. – н.и.с., дотсент, мудири
кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

Читать далее

Ҳилаву макри нави ТТЭ ҲНИ

Муборизаи   иттилоотӣ усули нави зиддият ва муқовимат бо ҳарифону “мағзшӯи”-и мардуми оддӣ гаштааст. Ҳангоме, ки технологияҳои ахборотӣ ба авҷи аъло расидаасту дар хонаи худ нишаста бо дигаре аз канори олам метавон мулоқот кард, давраи таззоде  ҳаст, ки ҳар фард ин дастовардҳоро вобаста ба сатҳи фарҳангии худ истифода мебарад.

Гурӯҳи ифротиёни ТТЭ ҲНИ, ки имрӯзҳо тағйири ном кардаву чарми рӯй иваз карда сомонаи  ISLOH.net таъсис додаву нафари фосиқе  чун  Муҳаммадиқболи Садриддин барандаву таҳиягари ин “чоҳи фиребу макр” мебошад, нишаста дар ҳуҷраи иҷоравии хоҷагони маблағгузори нобакораш бо коргардонии онҳо гӯё бо ҳазорҳо нафар намояндагони халқ  аз қишрҳои гунонгуни ҷомеа ҳамсӯҳбат мешудааст.

Шиносои бо ваъзхониҳои Муҳаммадиқболи Садриддин   роҷеъ ба воқеаҳои кишвари азизам исбот менамояд, ки ин нафарони наҳзатӣ аз қабили Кабириву Ш. Гадоев ва дигарон то ба он дараҷае маккору муғризанд, ки саҳначаҳои ғайриоддӣ ( фантазия) месозанд. Ин тоифаи касиф ба торҳои макри Кабирӣ то ба андозае печидаанд, ки мехоҳанд дар низоми ӯ тамаллуқкорона  дум ҷунбонанд.

Вале имрӯз мардуми тоҷик он мардуми солҳои навадум нест. Чеҳраи аслии ин ифротгароён ба ҳама фош шудааст. Ва мардум сиёҳро аз сафед фарқ карда метавонанд.

М.СОБИРОВ,
 устоди Донишгоҳи давлатии
Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

Иғвои софи Ислоҳ.нет

Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ зарари ақидаҳои хатарнок ва иғвоандозонаи ТТЭ ҲНИ ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар ба мушоҳида мерасад. Роҳбарон ва пайравони ин ҳизби манъшудаи экстремистӣ мехоҳад оромии халқи тоҷикро вайрон созад.

Дар замони муосир, ки пешравии илму технологияи нав ба дараҷаи баланд аст, тариқи сомонаҳои иҷтимои ин тоифа ғояҳои нопоки худро паҳн карда, мехоҳанд мафкураи мардумро заҳролуд намоянд.. Аммо мақсади аслии онҳо ғаразнок буда мехоҳад бо нияти нопоки худ сулҳу суботи кишвари моро халалдор кунанд.

Муҳаммадиқболи Садриддин дар мақолаи худ чунон ақидаҳои худро овардааст, ки онҳо ягон асли воқеъӣ надошта як иғвоангезии соф мебошанд.

Ҳатто дар мақолаи ин фосиқ бараъло ба мушоҳида мерасад, ки на ӯ ва на тарафдорони ТТЭ ҲНИ ороми ва сулҳи Тоҷикистонро намехоҳанд.

Умуман мазмуни мақолаи ин фосиқро дуруғӯ сафсатаи холӣ ташкил дода ягон асос ба бовари надорад. Балки бо он асосҳое, ки он мисол овардааст гӯё мехоҳад ягон чизи ҳақиқатомезро ошкор созад.

Мо халқи тоҷик он хатогие, ки баъзе ҳаммиллатони мо дар солҳои 90-ум карда буданд такрор накарда, бояд ҳар лаҳза зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва баҳри мустаҳкам намудани пояҳои демократии давлат ҳамаи кӯшиши худро равона созем.

Очилова Ф.,
 устоди ДДҲБСТ

Читать далее

Душманони шайтонсифат

Барои фурӯхташудагони миллати мо дигар виҷдону имон намондааст. Ин кӯрнамакон нону намаки ин Ватан хӯрда, андешаи намакдон намекунанд. Хиёнатҳои чунин фарзандони нохалаф буд, ки аз ҷониби аҷнабиён шахсиятҳои барҷастаи сиёсӣ ба ҳалокат расиданд ва мо натавонистем, ки дар тӯли таърих бар ивази ҷон ҳам бошад, корҳои душманонаи онҳоро ҷуброн намоем.

Мо як кишвари аз лиҳози дороиҳои зистӣ тамоми чизро доштем ва ҳамчун яке аз кишварҳои бародар дар Иттиҳоди Шӯравӣ сатҳу сифати зиндагии мардум бад набуд, аммо нодориву камбизоатии мардум аз ҳамон роҳандозии ҷанги шаҳрвандӣ буд, ки ин нохалафон онро амалӣ карданд. Акнун дар Аврупо ба мардум таъна мезананд, ки шумо дар қатори кишварҳои қашшоқ қарор доред. Тамоми дороиҳои мардуми тоҷикро ин ифротгароён аз дасташон кашида гирифта, имрӯз роҳбарони фурӯхташудаи онҳо ин корро пинҳон карда, мардумро ба нодориву камбизоатӣ муттаҳам мекунанд. Мо боварии комил дорем, ки амалҳои разилона соҳибонашро ба мақсад нахоҳад расонид.

Кайхусрав КАРИМОВ
устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

21 October 2020

Раҷаббой Аҳмадзода: Дастовардҳо бозгӯи талошу заҳмати шоистаи мардуми Суғдзамин аст!

Ҷаласаи фаъолони вилоят оид ба ҷамъбасти рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар 9 моҳи соли 2020

Санаи 21 октябри соли 2020 дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласаи фаъолони вилоят оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар нуҳ моҳи соли 2020 баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа муовинони Раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.

Читать далее

Раҷаббой Аҳмадзода: Рушди сайёҳии дохилӣ ва беҳдошти вазъи осорхонаҳо – тақозои замон!

Иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати шашум

Санаи 21 – уми октябри соли 2020 дар маҷлисгоҳи калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд, Раиси Маҷлиси вакилони халқи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати шашум доир гардид.

Иҷлосия бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори худ оғоз намуд. Дар иҷлосия муовинони Раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, раисони шаҳру навоҳӣ, роҳбарони ташкилоту идораҳои вилоятӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, масъулини соҳаи сайёҳии вилоят ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.

Читать далее

МАКТАБ МУҚАДДАС АСТ

Бо иштироки сардорони раёсат, мудирони шуъбаҳо, кормандони масъул ва сохторҳои зертобеи Раёсати маорифи вилоят дар Гимназияи рақами 1-уми шаҳри Хуҷанд мулоқоти озоду шаффофи Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода баргузор гардид.

Мулоқотро сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро бо мақсад ва ҳадафҳои чорабинии мазкур ошно намуд.

Комилшо Исозода, директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию – методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  зимни таҳлили ҷараёни тақсимоти китобҳои иҷоравӣ ба муассисаҳои таълимӣ оид ба вазифаҳое сухан ронд, ки ба сари вақт пардохт шудани маблағҳои ба иҷораи китобҳо аз ҷониби шаҳру ноҳияҳои вилоят марбут буд.

Сипас, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рисолат ва вазифаҳои минбаъдаи  аҳли маориф дар самти баланд баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, таъмини иҷрои нишондодҳои Барномаҳои давлатӣ, мутобиқ намудани муассисаҳои таълимӣ  ба талаботи давр, баланд бардоштани сатҳи касбияти омӯзгорӣ,  бунёди ҳарчи бештари биноҳои муассисаҳои таълимӣ ва фарогирии кӯдакону наврасон ба онҳо, ба зинаи сеюми таҳсил ҷалб намудани толибилмон, баланд бардоштани мақом ва манзалати омӯзгор, афзун гардонидани дастовардҳо дар самти иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявию байналмилалӣ, коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ ва худкушӣ байни ноболиғон андешаҳои ҷолиб баён дошт. Мавсуф инчунин дар назди ҳозирин оид ба ҳаллу фасли саривақтии масъалаҳои соҳа дастуру ҳидоятҳо дод.

Абдусабури Абдуваҳҳоб,

намояндаи маорифи вилоят

Читать далее

Хуҷанд. Раиси вилоят собиқадорони меҳнатро аёдат кард

20 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд собиқадорони меҳнат Баҳридин Ахмедов ва Хосият Зокироваро аёдат намуд.

Зимни аёдат Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пирони рўзгордида ёдоварӣ намуда, афзуд, ки зиндагиномаи шахсиятҳои маъруф мактаби таҷрибаи ҳаёт мебошад. Аз ин лиҳоз омӯзиши ҳаёту фаъолияти онҳо барои тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва садоқату хизмат ба Ватан амри зарурӣ аст.

Читать далее