October 2020
15 October 2020
Ифтитоҳи хатҳои нави технологии истеҳсоли шароб аз ангур, маҳлули безараргардонӣ ва маҳсулоти хамирӣ дар ҶДММ «Сайҳун» дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон
- Подробности статьи
15 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд се хатти нави технологии истеҳсоли шароб аз ангур, маҳлули безараргардонӣ ва маҳсулоти хамирӣ дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сайҳун»-ро мавриди истифода қарор доданд.
Хатҳои муосири технологӣ дар ин корхонаи истеҳсолӣ дар заминаи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат ба истиқболи сазовори ҷашни 30 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ширкатҳои бонуфузи хориҷи мамлакат дастрас ва васлу насб гардидаанд.
Читать далееСарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Маркази ташхисӣ-табобатии «Шифобахши Аср»-ро дар шаҳри Хуҷанд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
- Подробности статьи
15 октябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҳаллаи Шарқи шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, Маркази ташхисӣ-табобатии “Шифобахши Аср”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Маркази нави ташхисию табобатӣ дар 3 ошёнаи аввали бинои 9-ошёнаи навбунёди истиқоматӣ ҷойгир буда, аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Насим Мирпочоев таъсис ёфтааст.
Читать далееКАМОЛ ВА ШЕРОЗ
- Подробности статьи
Эмомалӣ Раҳмон: Кохи азиме, ки Хоҷа Камол барин бузургон аз сухан бунёд кардаанд, аз боду борон газанд намеёбад, ному кори ин мардони бузург зиндаву ҷовид хоҳад монд.
Масъалаи муайян кардани ин ки дар Шероз Камол чанд муддат таваққуф кард, оё бо Ҳофиз дидорбинӣ кард ё не, барои мо номаълум аст. Дар ин маврид дар сарчашмаҳо низ ахбори дақиқ мавҷуд нестанд ва аксаран такрори ҳам ҳастанд. Бинобар ин, ҳарчанд таъин кардани масъалаи «Оё Камол дар Шероз истиқомат кардааст ё не?», ҷавоби мушаххас ва аниқ надорад, боз ҳам байти «Шероз ҷойи мардуми соҳибкамол нест, Ҳон, эй Камол, озими Доруссалом бош» - хонандаро ба эҳтимолияти ба Шероз рафтани Камол боварӣ мебахшад.
Шояд ин нукта, ки фарзияи будубоши Камолро дар Шероз тақвият мебахшад, яке бошад, ки қадимитарин нусхаҳои девони Камол, ки соли 1422 мелодӣ (825 ҳ) аз тарафи Дарвеш Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Алӣ ас-Сироҷӣ пас аз 22 соли вафоти Шайх Камол сурат гирифтааст, дар Шероз мураттаб гардидааст.
Камол дар ғазалҳояш дар чанд маврид аз Шероз ёд кардааст. Чунончӣ:
Дар шакар рез(?) фикри хеш, Камол,
Қанди ҳар як сухан муқаррар соз.
То биёяд ба чошнигирӣ,
Шаккар аз Мисру Саъдӣ аз Шероз.
Зимнан бояд қайд намуд, ки мисраи аввали абёти мазкур дар аксари нусхаҳои кириллӣ ба ҳамин сурат омадааст, ки лутфи зиёд надорад. «Дар шакар рехтани фикр» на танҳо маънӣ надорад, балки хандаовар низ ҳаст. Магар фикри шоир холӣ аз ширинӣ буд ва маъонии латиф надошт, ки онро бо шакар меомехт? Ба гумони қавӣ бояд мисраи аввал «Дар шакаррези фикри хеш Камол…» хонда шавад, ки лутфе азим дорад. Ибораи «шакаррези фикр» ба маънои «афкори ширину рангин» чӣ зебо ва шоирона аст! Камол дар байти дигаре ҳам аз Шероз ва орзуи сафари ин шаҳри ормонии хеш сухан ба миён овардааст:
Аз баҳри хотири дили табрезиён, Камол,
Бо сорбон магӯй, ки Шерозам орзуст.
Дар маънии ин байт адабиётшиноси фақид, устод Аълохон Афзаҳзод менависад:
«Ба назар чунин мерасад, ки Камол аз Сарой аввал ба Шероз рафтанӣ будааст, вале кашиши дидори дӯстони табрезияш ва яқинан аҳли хонаводааш ӯро аз сафари Шероз нигоҳ дошта, ба Табрез меорад. Ин байт гумони моро қавӣ месозад…» (А.Афсаҳзод. Камоли Хуҷандӣ - устоди ғазал. Душанбе: Деваштич, 2005. – саҳ. 38). Дар баробари фарзияи устод Афсаҳзод метавон назароти дигарро низ баён намуд:
Шояд ин байтро Камол дар ҳангоме гуфта бошад, ки корвони табрезиён озими ҳаракат буд ва шоир, ки низ бо нияти сафари Шероз ба он корвон пайваста буд, ба Шероз мерафт, вале ба эҳтироми табрезиён намехост, ин асрорро ошкор кунад.
Тоҷибой Султонӣ,
Адабиётшинос
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Маркази савдою хизматрасонии «Суғдиён», коргоҳи дӯзандагӣ ифтитоҳ ва ба 150 нафар ятими кулл дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров туҳфа тақдим намуданд
- Подробности статьи
Дар рӯзи якуми сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Маркази савдою хизматрасонии «Суғдиён»-ро, ки бо тарҳи хеле зебо ва муосир бунёд гардидааст, бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ ифтитоҳ намуданд.
Дар ин ҷо ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки сохтмони иншоот моҳи августи соли 2015 бо ҷалби зиёда аз 70 сохтмончии маҳаллӣ бо истифода аз масолеҳи сохтмонии истеҳсоли ватанӣ оғоз гардида, моҳи октябри соли 2020 ба анҷом расидааст.
Читать далееОғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд
- Подробности статьи
15 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар чорабиниҳо бахшида ба 700-солагии зодрӯзи шоири тоҷику форс Камоли Хуҷандӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.
Дар фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарият ва фаъолони вилояти Суғд истиқбол гирифтанд.
Читать далееБори каҷ ба манзил намерасад
- Подробности статьи
Имрӯз дар кишвари мо сулҳу субот ҳукмрон, ки мардумаш осуда осмонаш софу беғубор аст. Вале, баъзеҳо комёбиҳоеро, ки дар муддати хеле кӯтоҳи соҳибисиқлолӣ ба даст оварда шуд, дида наметавонанд. Худ барои ободии Ватани худ зодгоҳи худ хиште нагузошта, сулҳу суботи кишварро халалдор карданӣ мешаванд. Ва беихтиёр ёдам меоянд, солҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ, дар кишвар. Охир, миллати тоҷик, ки боре барои ғасби кишваре силоҳ ба даст нагирифта буд, он солҳо силоҳро сӯйи ҳамватани худ равона кард.
Вақте саҳнаҳои қатлу куштор, таҷовузу роҳзаниро аз филми мустанади «Хиёнат» тамошо кардам, нисбати ин хоинони Ватан нафрату адоватам боло гирифт. Зеро ақли солим ин ваҳшигарии инсонро нисбати инсони дигар асло қабул кардан намехоҳад.
Ҳазорон шукр, ки хиради азалии мардум боло гирифт. Халқ дӯстро аз душман фарқ кард, роҳи бахту саодатро интихоб кард ва имрӯзҳо Тоҷикистон ҳамчун кишваре, ки таҷрибаи сулҳофариаш дар манотиқи дунё омӯхта мешавад, шинохта шудааст.
Ба хоинони милллат, ки аз хориҷа истода, ҳаёти осоиштаи моро халалдор карданӣ ҳастанд, гуфтаниям, ки имрӯз мардуми тоҷик он гумроҳони солҳои навадум нестанд. Шаҳди рӯзгори осоишта, соҳибисиқлолиро чашидаанд. Барои ҳифзи марзу бими худ муборизаи беамон бурда метавонанд.
Эй ватанфурӯшон, ононе, ки бароятон зарраи хоки Ватан ҳайф аст, донед, ки бори каҷ ҳаргиз ба манзил намерасад.
Манзура ҲАЛИМОВА,
омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики
МТМУ №44-ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Хурӯҷи амалҳои иғвогарона аз ҷониби хоинон
- Подробности статьи
Имрузҳо симои аслии Муҳиддин Кабирӣ маълум ва мардуми кишвари Тоҷикистон ӯро ҳамчун як нафари хоин ватанфурӯш ва нокасу палид мешиносанд. Ин хоини миллат дар Аврупо зиндагии муҳоҷирона дорад ва инсони дарбадар дур аз Ватан аст. Чунин аст ҷазои чунин касоне, ки Ватану миллати худро мефурӯшанд. Ва чунин хиёнаткорро на Ватан ва на ҷомеъа ҳеч гоҳ намебахшад. Зеро Ватану ватандорӣ ва Ҳукумат ба он вазифаи муқаддаси ҳар яки мо шаҳрвандон аст. Ӯ бошад хоини миллат ва ватанфуруш аз дур истода тариқи сомонаҳои интернетӣ суханҳои дуруғу фитнаангезро нисбати ҷомеъаи мо паҳн мекунад.
Маҷороҷуии навбатии ӯ дар Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтони ИМА ба вуқуъ омад. Аслан ТТЭ ҲНИ ва ташкилкунандаи онҳо ҳеч вақт ба фоидаи мардум кор накардааст. Доим мухолифи давлат астанд. Онҳо ҳамеша барои мақсади нопоки худ кор мекунанд. Имрӯз аз корҳои зишти онҳо тамоми дунё воқиф гардид. Онҳо ягон нияти нек надоранд. Имруз онхо бозичаи хориҷиён гардидаанд. Аз вақте, ки аъзои собиқ наҳзат айни замон ТТЭ ҲНИ шуданаш ба халқу Ватани худ хиёнат карданро сар кардааст Муҳиддин Кабирӣ муддати чанд сол аст, ки мардуми Тоҷикистонро осуда зиндагӣ кардан намемонад ва аз хориҷа истода обруи нуфузи Тоҷикистонро бо суханҳои дуруғу бемаъниаш дар арсаи чаҳон паст кардан мехоҳад. Новобаста аз таҳдиду ҳаракатҳои ҲНИ мо итминон дорем, ки ваҳдату якдилӣ ва сулҳу суботи кишвари Тоҷикистон бебозгашт аст. Ва имруз он дасисабозҳои хоинони миллат, ки нисбати халқи мо мекунанд ҳеҷ гоҳ ба мақсади нопоки худ намерасанд.
Тавре ҳамаи мо иттилоъ дорем собиқ Раиси Ҳизби Наҳзати Исломи Муҳиддин Кабирӣ чанд маротиба аст, ки ба воситаи шабакаҳои интернетӣ гӯё гуфтугӯи рӯ ба рӯ анҷом дода истодааст. Кабирӣ дар суханронии навбатиаш ки дар Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтони ИМА гузашт, бо кушиши ноком нишон додани фаъолияти мақомоти давлатии Тоҷикистон, ғайридемократӣ баргузор шудани интихоботро кард, ки ин суханҳо албатта асоси воқеӣ надоранд.
Умуман суханрониҳои М. Кабирӣ баръало эҳсос мешавад, ки ҳадафи аслии ӯ ҷоҳталабӣ, иғвогариву тафриқаандозӣ байни мардум, ва паст намудани нуфузи Тоҷикистони демократӣ дар арсаи байналхалқӣ мебошад. Ӯ мехоҳад таҷрибаи солҳои ҷанги шаҳрвандӣ роҳандозӣ кардаи Ҳизби Наҳзати Исломиро бори дигар идома дода, барои мардумро гумроҳ кардан саъю талош варзад.
Бобоев А. – н.и.ҳ., дотсент, мудири кафедраи
ҳуқуқи конститутсионии ДДҲБСТ
Намегузорем ки Кабирӣ ба мақсадҳои худ бирасад
- Подробности статьи
Оид ба суханронии Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ), дар сӯҳбати онлайние, ки бо ташаббуси “Барномаи Осиёи Марказӣ” дар Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтони ИМА баргузор гардид чиро бояд қайд кардан даркор:
Аввалан гӯё, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз яке аз “кишварҳои диктотурӣ” мебошад ва ин бо ягон далели шайъи асоси худро намеёбад, ба ғайр аз суханҳои иғвоанези худи Кабирӣ.
Дуюмин, ин гӯё, ки кишвари мо ҷузъи қашшоқтарин, заъифтарин, бастатарин ва 10-гонаи ғайри демкоратиҳост. Ба ин суханаш чунин ҷавоб медиҳем, ки имруз Тоҷикистон дар шароити иқтисодиёти бозоргонӣ қарор дошта, шарту шароити зиндагиашро ҳар як шахс худаш таъмин мекунад. Дар ин аснод давлату ҳукумат ҳамчун таъминкунандаи фазои сулҳу салоҳ, қонуният, воқеъбинӣ ва ғ. ба ҳар як аъзои ҷамъияти мо имконият медиҳад, ки зиндагиамонро дар роҳи ростӣ ва ватандӯстӣ ба роҳ монем. Мутаасифона нафароне ёфт мешаванд, ки зиндагии орому осударо намехоҳанд ва бо ҳар роҳ мехоҳанд миллат ва давлатиро моро нобуд созанд ва ба монанди Ироқ ва Сурия халифат барпо намоянд. Бо ниқоби дини мубини ислом ва овардани аҳкомҳои шариат ҷанги иттилоотиро бо мардуму давлати мо ба миён меоранд. Лекин худ бо аҳли оилаашон дар хориҷи дур истодаанд, то ки хоре ба пояшон нахалад. Ниҳоят Созишномаи истиқрори Сулҳ ва ризояти миллӣ, ки соли 1997 дар Москва имзо шуд, оид ба ин Созишнома эрод мегираду, худ онро вайрон мекунанд, зеро дар он гуфта шудааст баст кардани ҷанг, аммо имруз боз мебинем, ки ин хоинони ватан намехоҳанд ҷанро баст кунанд. Ҳарчанд, ки бошад ҷанги иттилоотиро бо давлату ҳукумат ва мардум мебаранд.
Имруз мо устодону омӯзгорон аз ҳадафҳои нопоки онҳо бархӯрдор ҳастем ва намегузорем, ки онҳо ба мақсадҳои худ бирасанд.
Изҳороти Абдуллоев М.М. – сармуаллими
кафедраи андоз ва андозбанди ДДҲБСТ
Хиёнати барқасдона бахшида намешавад!!!
- Подробности статьи
Дар давраи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон халқи мо марҳилаҳои гуногуни таърихиро паси сар намуд. Зеро, баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ гурӯҳҳое пайдо шуданд, ки аз парокандагии сиёсӣ истифода бурда, хостанд ба воситаи ғасб намудани ҳокимият мақсадҳои ғаразноки худро амалӣ кардан хостанд.
Ба гуфтаҳои боло мисол шуда метавонад, аъзоёни «Ташкилоти террористӣ-экстримистии собиқ Ҳизби наҳзати исломӣ», ки манфиатҳои шахсии худро пеш гирифта, ҷумҳурии тинҷу оромро гирдоби ҷанги шаҳрванди кашиданд. Бо ин кирдори худ яке аз мақсадҳои онҳо бунёди давлати теократӣ маҳсуб меёфт.
Қайд кардан зарур аст, ки то имрӯз баъзе ваҳшониёту рафторҳои ғайриинсонии намояндагони ин ташкилоти террористӣ аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ пурро фош нашуда буд. Имрӯз ба ҳама маълум аст, ки Ташкилоти террористӣ-экстримистии собиқ Ҳизби наҳзати исломӣ мазҳаб, миллат ва ватани худро ба ивази маблағу сарват фурӯхтанд. Дар баробари ин сардори ин гурӯҳҳои тундгаро М.Кабирӣ аз давлатҳои хориҷӣ истода, нисбати давлату ҳукумат ҳар гуна тӯҳмату суханҳои беасосро мегӯяд.
Соли ҷорӣ аз ҷониби мақомоти дахлдори кишвар филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» барои бинанда омода карда шуд. Қисмати чоруми филми мазкур хеле дорои факту наворҳои асоснок буда, бинанда дар бораи кору рафторҳои разилонаи намояндагони ТТЭ ҲНИ баръало маълумот гирифта метавонанд. Чуноне, ки дар навор мебинем, якчанд нафарон, ки аъзои бевоситаи ин гурӯҳи террористӣ буданд, барои кирдорҳои худ иқрор шуда, ҳодисаҳои содирнамудаи хешро дар солҳои 90-уми қарни гузашта ёдовар мешаванд. Ғайр аз ин дар навор даҳҳо нафар одамоне, ки намояндагони ин гурӯҳи фисиқӣ гаравгон гирфта, аз онҳо маблағи калони пулӣ талаб мекардан ба бинанда аён мегардад.
Хулоса, омода шудани филми ҳуҷҷатии мазкур саривақтӣ буда, барои огоҳ намудани ҷавонони имрӯза аз мақсадҳои ғаразноки ин ташкилоти мазкур аҳамияти калонро доро мебошад. Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз синну сол ва шӯгли ишғол намуда, вазифадоранд филми мазкурро дида, хулосаҳои заруриро бароранд.
Шарипов Муҳаммад Маъруфович
муаллими калони кафедраи таърихи Ватан ва археологияи
факултети таърих ва ҳуқуқи ДДХ
«Нолиш»-ҳоят таъсир надоранд
- Подробности статьи
Аз аввалин ҷумлаҳо, ки гуфтаӣ “дар зарфи 8 сол таҳлилу хулосаҳои мо тағйир карданд”, гумон кардам, минбаъд ҳарфҳои бамантиқу ботамизона мехонам, вале ҳайҳот… Аз ин хотир, чанд суханро бар зидди ақоиди содалавҳонаат иброз медорам.
Ба ин иҷозати гирифтаат, ки 8-соли охирро сафҳагардон мекунӣ, “экономист”-ат хеле саҳв кардааст. Ин ҷо озодии матбуотро аз ҷанги иттилоотӣ фарқ бояд кард. Маънии озодии сухан танҳо фисқу фуҷур кофтану иғвоандозӣ нест.
Кишвари моро қашшоқтарину заифтарин номидан хатои маҳз аст, зеро дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ пешравиҳо назаррасанд ва онро тавассути ТВ “Шабакаи аввал” ба ҷаҳониён, мунтазам, муаррифӣ мекунем ва барои касе, ки завқи эстетикӣ надорад, гул ҳам хор менамояд.
Аз Созишномаи соли 1997 ҳарф зада, гуфтаӣ, ки дар куҷо иштибоҳ кардӣ?
Дар илми равонпизишкӣ мегӯянд, ки ҳама саодату балоҳои ба сарат омада аз худат рӯй мезананд. Ё худ мақоли “Аз мост, ки бар мост”-ро фаромӯш кардаӣ? Инак, чанд посух ба иштибоҳат: -гурӯҳи 30%-а чаро барномаи ободкорӣ пешниҳод накард?
-Чаро дар давраи фаъолияти ТТЭ ҲНИ ҳаргуна ҷараёнҳои террористию экстремистӣ (ҳизб-ут-таҳрир, салафия, ихвон-ул-муслимин) пайдо шуда, фаъолияти худро аз масҷидҳо оғоз карданд, гаштугузори занҳои ниқобпӯш зиёд гардид?
-Чаро ҳарфе нагуфтед, ки дини ислом муборак аст ва зери ниқоби ислом ин амалҳо ҳаром аст, зеро дин ниёзманди ҳар гуна ҷараёнҳо нест? Баръакси он, имомхатибоне, ки пештар дар Узбекистону, Эрону Покистон “таҳсил” гирифтаанд, байни мардуми сода (алалхусус ҷавонон) бо маблағҳои ҲНИ дода, амалҳои номатлуб карданд, қишри асосии ҷомеа- ҷавононро гумроҳ карданд;
– Вақте дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ қарор доштӣ, чаро барномаи муайяни пешбарандаи ҷомеа пешниҳод накардӣ?
– Чаро бо он як миллион доллари ИМА, ки аз Эрон ба суратҳисоби додарат омад, барои бунёди як мактаби замонавӣ ё боғчаи бачагон, барои харидории таҷҳизотҳои техникии замонавӣ ба беморхонаву мактабҳо ё ба маъюбони ниёзманд мадад накардӣ, дасти хайр боз накардӣ? Барои он накардӣ, ки “Хоҷагон”-ат барномаи худро ба дастат дода, инттизори табаддулоти навбатӣ буданд ва ту саргарми пултақсимкунӣ ба гурӯҳҳои ифротгаро будӣ.
“Коршиносон”-ат гуфтаанд, ки “ба тақвияти ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ниҳодҳои демократӣ пас аз сулҳ таваҷҷӯҳ накардед”. Чаро аз чеҳраат ниқоби ҳақиқиро гирифта, нагуфтӣ, ки ҷомеаи шаҳрвандиро хеле ноором кардем, ниҳодҳои демократии фасодкорро тарбия намудем…
Паймони миллии Тоҷикистон аз ин хотир ба рӯйхати созмонҳои террористӣ дохил шуд, ки аз оғози фаъолияташ ҷанги иттилоотиро пеша кард. Ҳар гурӯҳе, ки фаъолияташро аз ҷанг оғоз мекунад, роҳаш дур нест.
Оид ба масъалаи интихобот гуфтаниям, ки роҳат бош, мардум он фарзанди барӯманду матиниродаи сулҳоварро кайҳо хуб шинохтаанд.
Дар интиҳо гуфтаниям, ки мисли мурғи парканда ба “домани” ҳар касе нишаста, ёрӣ талаб кунӣ ҳам, муродат ҳосил намешавад, зеро мақсади ниҳоии туро дар қолаби демократисозиат кайҳо фаҳмидаанд.
Каримов А.А. – н.и.ф., дотсент, мудири
кафедраи забони тоҷики ДДҲБСТ