02 November 2020

Барқияи изҳори тасаллии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган

Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Реҷеп Тайип Эрдоган барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Хабари ба ҳалокат расидан ва осеб дидани мардум, ҳамчунин харобиҳои зиёд бар асари заминларзаи шадид дар минтақаҳои ғарбии Туркия боиси андўҳи амиқи мо гардид.

Читать далее

Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба муносибати аз нав интихоб гардидан ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ номаҳои табрикотӣ ворид мегарданд.

Шоҳи Нидерланд Уилям Александр зимни табрикоти худ овардааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Иҷозат фармоед, Шуморо ба муносибати аз нав интихоб гардиданатон ба маснади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод гӯям.

Читать далее

Роҳи “Боғот” мумфарш гардид

Дар раванди омодагиҳо ба истиқболи арзандаи ҷашни пуршукӯҳи миллӣ, 30-cолагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон корҳои созандагию бунёдкорӣ рӯз то рӯз вусъати бештар мегиранд.

Дар доираи тадбирҳои амалӣ намудани корҳои ободонӣ масъулин ба азнавсозӣ ва таъмиру тармими роҳҳо низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда истодаанд. Чунончӣ, дар шаҳраки кӯҳканони Адрасмони шаҳри Гулистон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, соҳибкорони маҳаллӣ ва муҳоҷирони меҳнатӣ роҳҳои дохилии шаҳрак марҳала ба марҳала таъмир ва мумфарш карда мешавад.

То ба имрӯз дар шаҳраки Адрасмон беш аз 12 километр роҳҳои автомобилии дохилӣ мумфарш гардида, беш аз 34 километр шоҳроҳи Хуҷанд - Адрасмон аз таъмири хуби ҷорӣ бароварда шуданд. Дирӯз низ роҳи яке аз маҳаллаҳои калонтарин ва навбунёди шаҳраки Адрасмон – маҳаллаи «Боғот» ба тариқи ҳашари сокинони маҳалла ва шахсони саховатманд ба масофаи беш аз як километр мумфарш шуд.

Гуфтанист, ки дар ҳудуди шаҳри Гулистон ва шаҳракҳои он дар маҷмӯъ 69 километр роҳҳои автомобилгард мавҷуд буда, 17 километри он дар маркази шаҳр ба хоҷагии манзилию коммуналӣ ва 52 километр дигар ба хоҷагиҳо, корхонаи хоҷагии коммуналии шаҳракҳо ва корхонаҳо мутааллиқ аст.

Бино ба маълумоти мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Гулистон Илҳом Мадилизода, соли 2020 таъмири 45,5 километри роҳҳои автомобилгарди шаҳр ба нақша гирифта шуда, то ин замон бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ 52 километр роҳҳо таъмир шуданд, ки 114 фоизи иҷрои нақша мебошад, аз ҷумла 13 километр таъмири асосӣ, 20 километр таъмири ҷорӣ ва 24 километр роҳҳои автомобилгарди шаҳр шағалпӯш шуданд.

Барои иҷрои ин корҳо аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, корхонаҳо, соҳибкорон ва шахсони саховатманд зиёда аз 3 миллион сомонӣ маблағ сарф шудааст. Бояд гуфт, ки дар шаҳри Гулистон нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳр ба зиммаи корхонаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ва корхонаҳои саноатӣ вогузор аст.

Сурайё ҲАКИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

МАВСИМИ ОБРАСОНӢ ЧӢ ГУНА ГУЗАШТ?

Инак, мавсими навбатии обрасонӣ анҷом ёфт. Ба гуфти мутахассисони соҳа, аз ин ташвиш андаке оҳи сабук кашиданд. Мавсими навбатиро миробҳои вилоят бо чӣ гуна дастоварду натиҷаҳо ба анҷом расониданд? Бо ин ва дигар саволҳои марбут ба фаъолияти миробҳо мо ба сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилоят Аминҷон Абдуллозода муроҷиат намудем ва фишурдаи онро пешкаши хонандагон менамоем:

- Дар бобати мавсими обрасонии соли равон месазад гуфт, ки миробҳои вилоят бо вуҷуди мушкилиҳои мавҷуда мавсимро бо сари баланд ба анҷом расониданд. Зеро, чун солҳои пешин бинобар кӯҳна будани таҷҳизоту дастгоҳҳои обкашӣ якчанд мушкилот ба сарамон омад, ки онро бо дастгирии бевоситаи Раиси вилоятамон муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода бартараф кардем. Масалан, моҳи апрели соли равон бе огоҳии пешакӣ қатъ кардани қувваи барқ мӯҷиби аз кор баромадани чанд муҳаррики пойгоҳи обкашии «АНС-1» дар ноҳияи Ашт гардид, ки тайи 18 рӯз дар он айёме, ки об ба зироатҳо зарур буд, мо ба корҳои бартарафкунӣ машғул шудем.

Дигар аз мушкилот паст фаромадани сатҳи оби дарёи Сир ва обанбори Фарҳод дар охири моҳи май ва аввали моҳи июн, ҳамчунин сатҳи оби обанбори «Баҳри тоҷик» охирҳои моҳи август дар таъмини об мушкилоти зиёде эҷод кард, ки дар натиҷа ҳаҷми обрасонӣ дар тамоми хоҷагиҳои обрасонии шаҳру ноҳияҳои вилоят нисбат ба соли 2019 кам гардид. Иловатан, ва ба фикрам, муҳимтарини он соли 2020 воқеан ҳам соли камобӣ шуд.

-Барои рафъи чунин мушкилиҳо чӣ чораҳо андешида шуданд?

- Якум, дар каналҳои байни хоҷагиҳо ҷадвали обгардонро ташкил кардем. Дар ноҳияи Мастчоҳ байни пойгоҳҳои обкашии «Дилварзин», «Янтоқ» ва каналҳои байни хоҷагиҳо низ ин гуна ҷадвал ҷорӣ шуд. Дар шаҳри Конибодом бошад, барои бартараф намудани камобӣ дар пойгоҳи обкашии «Маҳрам-1» ду механизми пуриқтидор аз ҳисоби Раёсати вилоятӣ ва Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳр насб ва корбариҳо кардем.

-Мушкилоти асосӣ шояд чун солҳои пешин қарзи хоҷагиҳои кишоварзӣ аз хизмати обрасонӣ бошад. Илоҷи ҳалли воқеаро дар чӣ мебинед?

-Дуруст қайд намудед. Қарзи истифодабарандагони об бо усули афзоишӣ 62,7 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки қарздорони калонтарин хоҷагиҳои кишоварзии Зафаробод - 22,1 миллион сомонӣ, Мастчоҳ - 18,6 миллион сомонӣ, Бобоҷон Ғафуров - 5,9 миллион сомонӣ, Спитамен - 4,5 миллион сомонӣ ва МД «Канали Хоҷабоқирғон» 3,4 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Роҳи ҳалли муаммо, пеш аз ҳама, дар адлу инсофи роҳбарони хоҷагиҳои кишоварзии обгирифта бояд бошад ва дарк кунанд, ки маблағи пардохт мекардаашон барои корҳои таъмиру тармими пойгоҳҳои обкашӣ ва тайёр шудан ба мавсими обрасонии соли 2021-ум аст. Дуюм, маҷбуран ситонидани қарз, ки давоми 9 моҳи соли равон ба мақомоти суд ва прокуратура ба маблағи 15,1 миллион сомонӣ иддао пешниҳод кардем, ки аз ин миқдор 2456,7 ҳазор сомониаш қонеъ карда шуд. Боқимонда маблағ мавриди баррасӣ қарор дорад. Маҳз, бо ин сабаб Раёсат ва сохторҳои мо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар ҳолати душвори молиявию иқтисодӣ қарор дорем. Мувофиқи маълумоти фаврӣ, қарзи кредиторӣ аз музди меҳнату андоз, фонди ҳифзи иҷтимоӣ ва истифодаи қувваи барқ 274,8 миллион сомониро ташкил медиҳад.

-Дар мавсими имсола чӣ миқдор хизматрасонӣ пардохт гардид?

-Ҳаҷми оби расонидашуда 1425,3 миллион мукааб метрро бо арзиши 28519,7 ҳазор сомонӣ ташкил медиҳад, ки аз тарафи истеъмолкунандагони об ҳамагӣ 60 фисади ҳаққи хизматрасонӣ пардохт шудаасту халос. Ин далели он аст, ки истифодабарандагони об боз ҳам дар пардохти ҳаққи хизмати обрасонӣ бемасъулиятӣ зоҳир карда истодаанд. Лекин «аз ноумедиҳо басо умед аст, поёни шаби сияҳ сафед аст»-гӯён ҳамоно умед ба адлу инсофи кишоварзон, хусусан, ба пахтакорон мебандем, ки баъди фурӯхтани ҳосилашон ҳаққи хизматрасонии миробҳоро пардохт хоҳанд кард.

-Барои омода намудани иншооти обрасонӣ ба мавсими соли оянда чӣ чораву тадбирҳо андешида мешаванд?

-Бояд гӯям, ки миробҳо амалан тамоми сол мавсим доранд. Ҳамин ки мавсими обрасонӣ моҳи сентябр анҷом ёфт, аз моҳи октябр мавсими чорабиниҳои тирамоҳиву зимистона, яъне омодагӣ ба мавсими ояндаи обрасонӣ оғоз мегардад. Бо ин мақсад ба маблағи 14,3 миллион сомонӣ корҳои таъмиру тармими иншооти гидротехникӣ, пойгоҳу дастгоҳҳои обкашӣ, тоза кардани заҳбуру каналҳо ба нақша гирифта шудааст, ки ин корҳо аллакай оғоз гардидаанд. Лекин тавре гуфтам, мушкилоти иқтисодӣ садди роҳи хуб ҷараён гирифтани корҳо шуда истодааст.

 -Ташаккур барои суҳбат! Боварӣ дорем, ки миробҳои вилоят ба мушкилоти мавҷуда нигоҳ накарда, ба мавсими обрасонии соли 2021 низ хуб омодагӣ мебинанд.

- Раҳмат, мо албатта кӯшиш мекунем, ки об ба марди деҳқон сари вақт расонида шавад. Лекин деҳқонон низ моро бояд хуб фаҳманд, ки корҳои таъмиру тармим ва омодагии ҳаматарафа бе маблағ намешавад. Биноан, мо умед ба он мебандем, ки истеъмолкунандагони об бо дарки ҳамин масъала ҳаққи хизмати обрасониро саривақт пардохт хоҳанд кард.

Маъмурахон САМАДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Санади тақдирсоз ва бахтномаи миллат

Қабули Конститутсия бунёди давлати навини тоҷиконро муайян ва мушаххас намуд

26 сол муқаддам, санаи 6 - уми ноябри соли 1994 дар таърихи навини давлатдории миллии мо ҳодисаи муҳими таърихӣ ба вуқуъ пайваст ва мардуми шарифи Тоҷикистон санади сарнавиштсози давлату миллат, бахтномаи миллат, яъне Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намуданд. Қабули Конститутсия бори дигар соҳиби ақлу хиради азалӣ ва мардуми тамаддунофар будани халқи тоҷикро собит кард, ки дар он давраи басо ҳассоси таърихӣ ҳамагон атрофи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, бо қабули бахтномаи миллат, тақдир ва сарнавишт, бақои давлат ва миллати худро таъмин намуданд.

Қабули чунин санади тақдирсоз дар солҳои ба ҳамагон маълум бисёр муҳим ва амали саривақтӣ буд, зеро Конститутсия бояд пояҳои давлатдориро устувор намуда, роҳи минбаъдаи таҳким ва пешрафти онро муайян мекард. Дар он айёми буҳрониву ноором мо бояд шакли давлатдорӣ ва роҳи минбаъдаи рушду такомули онро интихоб мекардем. Мақсаду мароми миллат ва ҷомеаро фақат Конститутсия, яъне қонуни асосии давлат метавонист, ба расмият дарорад.

Зеро фақат қабули Конститутсия барои ҳифзи истиқлол, аз оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ берун овардани ҷомеа, барқарор намудани фаъолияти сохторҳои фалаҷшудаи давлатӣ, таъмин намудани амнияти миллӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо, инчунин, ҷиҳати мустаҳкам кардани заминаҳои сиёсиву ҳуқуқӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии давлат шароити мусоиди ҳуқуқиро фароҳам меовард. Ва мо танҳо дар ҳамон сурат метавонистем, ки барои барқарор кардани қонунияту тартибот, сулҳу субот, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва рушди устувори ҷомеа нахустин қадамҳои устувори худро гузорем.

 Воқеан ҳам дар рӯзҳое, ки ҳамаи саъю талоши мо ба ҳалли мушкилоту масъалаҳои зикргардида равона шуда буд, гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва хоҷаҳои хориҷии онҳо, ки ба қабули Конститутсия қатъиян манфиатдор набуданд, кӯшиш мекарданд, ки вазъи ин ё он минтақаи кишварро бо содир намудани аъмоли хоинонаву террористӣ, аз ҷумла таркиш ва қатлу куштори ваҳшиёнаи одамони бегуноҳ, гаравгонгирӣ, ғоратгарӣ ва дигар амалҳои ғаразнок ноором ва хавфнок нишон дода, монеаи баргузории раъйпурсии умумихалқӣ шаванд. Бояд қайд намуд, ки қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол яке аз қадамҳои нахустини ислоҳоти сиёсӣ ба шумор рафта, Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ба ҳукми қонун даровард ва Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муаррифӣ шуд. Қабули Конститутсия, бешубҳа, яке аз дастовардҳои муҳими даврони истиқлолият буда, он роҳи интихобкардаи мардуми моро дар амри бунёди давлати навини тоҷикон муайян ва мушаххас намуд.

 Конститутсия ҳамчун қонуни асосии кишвар пояҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, маънавӣ ва ғоявии давлатдории моро муайян карда, он маҳсули афкору андеша, суннатҳои давлатдорӣ, қонунэҷодкунии мардуми тоҷик мебошад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамзамон мақоми парламентро мушаххас ва муайян намуда, онро ҳамчун институти муҳими давлатдорӣ такмил дод. Дар замони Истиқлолият парламенти мустақил ва воқеӣ арзи ҳастӣ намуда, бори нахуст дар таърихи сиёсии кишвар таҷзияи се шохаи ҳокимияти сиёсӣ – қонунгузор, иҷроия ва судӣ ба амал омада, вазифа, ҳуқуқ ва салоҳияти онҳо мушаххас гардид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳияти сиёсию иҷтимоӣ ва таърихии Конститутсияро чун ҳуҷҷати тақдирсози миллат ба хубӣ дарк карда, онро сарчашма ва бақои давлату миллат арзёбӣ карданд.

 Зикр кардан бамаврид аст, ки дар ҳамон шароит ташкил ва баргузор кардани чунин чорабинии муҳими сиёсӣ, ки тақдири минбаъдаи давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон аз он алоқамандии бевосита дошт, аз қобилияти баланди ташкилотчигии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медод. Боварӣ ба неруи бузург, ақлу заковат, шуҷоат ва ватанпарвариву ватандории халқ, ба эшон ҳамчун Сарвари давлат дар кори пешгирифтаашон қувват ва тавоноӣ мебахшид.

Бинобар ин, ҷиддан баланд бардоштани аҳамият ва нақши Конститутсияи мамлакат дар низоми давлатдорӣ, аз ҷумла низоми сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, аз боз ҳам боло рафтани ҳаёти ҷамъиятӣ–сиёсӣ ва давлатӣ, ташаккули шуури оммавии конститутсионӣ, ҷамъиятӣ ва фардӣ, фарҳанги конститутсионӣ-ҳуқуқӣ, ки дар маҷмӯъ талаботи объективӣ ва аввалиндараҷаи ҷомеаи Тоҷикистон, инчунин тамоюл ва шартҳои пешравии иҷтимоӣ ва ҳуқуқи замони муосир мебошад, вобастагии амиқ дорад. Ҳамин аст, ки бо ҳидояту раҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи шарифу қаҳрамони тоҷик аз нахустин рӯзҳои Истиқлолият дар раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлату давлатдории навин, таъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар саъю талоши бесобиқа анҷом дода, дар тӯли 29 соли соҳибистиқлолӣ ба хотири ободии Ватан раванди созандагӣ, яъне бунёди неругоҳу нақбҳо, корхонаву муассисаҳо ва роҳҳои мошингарди ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалиро пеш гирифт.

Натиҷаи ғамхорӣ нисбат ба халқи худ, дилсӯзӣ барои ободонии Ватан, гиромидошти Ваҳдати миллии Пешвои миллат мебошад, ки кишвари азизамон тайи солҳои охир соҳиби дастовардҳои бузург гардида, дар арсаи байналхалқӣ бошад, мавқеъи устувори худро пайдо ва ишғол намуд, рӯз аз рӯз зебову обод шуда истодааст.

Ин ҳама ҳидояту роҳнамоиҳо дар остонаи чашни 26-умин солгарди қабули ин бахтномаи миллат, ки ҷиҳати тарбияи худшиносии миллӣ, ифтихори ватандории аҳли ҷомеа нақши равшан ва арзишманд доранд, садоқат ва муҳаббати мардумро ба Ватани азиз, ормонҳои миллӣ, ҷонибдориву пуштибонӣ аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат ифода намуда, ҳар яки моро водор месозад, ки Конститутсияи давлати худ ва қонунҳои кишварро риояву эҳтиром намоем, волоияти қонунро дар тамоми ҷабҳаҳои хаёти ҷомеа таъмин намоем. Зеро оромию осоиштагӣ, сулҳу ваҳдат, зиндагии шоду рӯзгори обод аз он сарчашма мегирад.

Авазҷон НАЗАРЗОДА, прокурори шаҳри Хуҷанд, мушовири адлияи дараҷаи якум

Читать далее

Fолибияти толибилмони Хуҷанд

Оғози моҳи октябри соли равон дар кишвари Тайланд бо иштироки 1600 нафар довталаб аз 70 кишвари олам Олимпиадаи байналхалқии фосилавӣ аз фанни математика бо забони англисӣ баргузор гардид.

Дар олимпиадаи мазкур шаш нафар хонандаи фаъоли Муассисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Хуҷанд, ки даври интихобии озмунро гузашта, ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифта буданд, ширкат варзиданд. Даври ниҳоии озмун тариқи онлайн сурат гирифта, дар натиҷа хонандагони литсей маҳорати баланд нишон дода, соҳиби мақоми ифтихорӣ гардиданд.

Аз ҷумла, ду медали тилло, се медали нуқра ва як медали биринҷиро ба даст оварданд. Бино ба иттилои директори Муассисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Хуҷанд Сурайё Негматова, Абулқосимов Абӯбакр ва Турсунзода Юсуфҷон, хонандагони синфи 4-ум соҳиби медали тилло, Собирзода Меъроҷ, Абдуқодиров Мирзоибодулло ва Каримов Анӯшервон – хонандагони синфи 7-ум соҳиби медали нуқра, Шамсиев Исматҷон – хонандаи синфи 8-уми муассиса бо медали биринҷӣ сарфароз шуданд. Ғолибон бо диплом, медал ва Ҷоми олимпиадаи байналмилалӣ сазовор гардиданд.

 Олимпиадаи байналмилалии математика ва робототехника таҳти унвони «International Math Challange» ҳамасола дар кишвари Тайланд аз ҷониби Мактаби байналмилалии Осиё ва Донишгоҳи байналмилалии Рангсити кишвари Тайланд ташкил ва баргузор мешавад.

Сурайё ҲАКИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее