04 November 2020

Муҳаббат мекунад олам гулистон

Театр макони муқаддас ва махзани маърифат аст, ки инсонҳоро сарҷамъ меорад, то ғизои маънавӣ бигиранд ва рӯҳу ҷони хешро оромӣ бахшанд. Наздик як сол аст, ки ҷаҳон оғуштаи «дарди аср» аст ва бинобар пандемия канори ҳам омадан дар марказҳои фарҳангиву фароғатӣ манъ гардид.

Тоҷикистон низ 30-юми апрели соли 2020 аз расман ба қайд гирифта шудани бемории вируси нави Covid-19 хабар дод ва то имрӯз дар саросари кишвар тамоми чораву тадбирҳои беҳдоштӣ ҷиҳати пешгирии паҳншавии ин вабо амалӣ мешаванд.

Дар чунин вазъи бисёр ҳассосу душвор театрҳои кишвар, ки фаъолияташон ба ҷамъ омадани анбӯҳи одамон вобастагӣ дорад, чӣ ҳол доштанд ва дар ин фурсати «бетамошобин» чӣ корҳоро ба анҷом расониданд?

Театри ба номи Тӯҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом низ аз чунин муаммову мушкилиҳо дар канор набуд. Баробари хуруҷи беморӣ ҳузури тамошобинон дар театр ғайриимкон шуд. Маҳдудиятҳои ногаҳониву ғайриихтиёрӣ ин даргоҳи ҳунарро низ ба вазъи ногувор гузошт.

Набзи театр бо тамошобини хеш пайванди ногусастанӣ дорад. Аз низоми хеш берун шудани ин тапиш агарчӣ ногаҳонӣ буд, аммо ҳунармандону кормандони театрро ба таҳлука наовард.

Чуноне Ғайратҷон Қодиров, директори театри ба номи Тӯҳфа Фозилова қайд мекунад, ҳунармандон аз рӯзҳои аввали дур шудани тамошобин дар пайи ҷустуҷӯи роҳҳои иртиботи фосилавӣ бо мухлисони хеш гаштанд.

-Аввалин корҳои баанҷомрасида ин баргузории озмунҳои расмкашӣ барои кӯдакон ва наврасон буд. То имрӯз се озмун баргузор намудем, ки ду озмун ҷамъбаст ва озмуни сеюм дар арафаи ҷамъбастшавӣ мебошад, - мегӯяд Ғайратҷон Қодиров

Озмуни нахустин «Ман медонам» унвон дошта, кӯдакон маълумоти хешро дар бораи роҳҳои пешгирӣ аз бемории сироятӣ, аз ҷумла вируси нави Covid-19 ба тасвир кашиданд. Ҳадафи аслӣ бо ин роҳ бештар огоҳ сохтани кӯдакон аз чораҳои беҳдоштӣ ва ба ин васила мусоидат ба пешгирии паҳншавии беморӣ буд.

«Қиссаҳои ҷолиби ҳаёти ман»- озмуни дувуми расмкашӣ байни кӯдакону наврасон ба хотири боз ҳам густариш додани иртибот бо тамошобини ҷавон ва огоҳ шудан аз дарку фаҳму ҷаҳонбинии онҳо, бештар ошно шудан бо орзуву умедҳо ва дунёи кӯдакон буд

«Ҷаҳон бо касби ман зебост»- савумин озмунест, ки кӯдакон иштироки фаъолона доранд ва ба тариқи ҳунар ва рангу зебоӣ аз орзуҳои хеш мегӯянд. Дар озмуни навбатии театр наврасони то шонздаҳсола ширкат карда метавонанд.

 Барои шунаванда-тамошобини театр пешниҳод намудани силсилаи аудиоспектакли «Одатҳои шаҳрӣ»-и Ҷумъа Қудус тариқи радиои «Канд»-и шаҳри Конибодом низ таҷрибаи аввалин буд, ки аз ҷониби шунавандагон истиқболи гарм ёфт.

Барои гусаста нагаштани иртибот бо тамошобинони хеш ҳамзамон театр тариқи ҳамин радио ҳар рӯзи шанбе, соати чордаҳ барномаи «Садои театр»-ро омода ва пахш менамоянд. Кормандону ҳунармандони театр бо ин барнома дар марҳалаи фосилаҳо иртиботи хешро бештар намуданд, ки воқеан шоистаи тавсиф аст. Зикр кардан бамаврид аст, ки ин лоиҳаҳоро дафтари Швейтсария дастгирӣ намудааст.

Дар ин замон ҳамзамон дар бораи таърихи театри ба номи Тӯҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом филми ҳуҷҷатӣ ба навор гирифта шуд, ки нахустнамоиши он рӯзҳои наздик, дар арафаи Рӯзи театр дар назар аст. Филми мустанад бо коргадонии ҷавони боистеъдод Далери Эмомалӣ таҳия ва омода гаштааст.

Хурсандиовар аст, ки мавсими 88-умини худро театри ба номи Тӯҳфа Фозилова бо намоиши «Бозичаҳо» оғоз бахшид, ки нахуст онлайннамоиши он санаи 26-уми сентябри соли равон дар Ютюб канали театр (Youtube.com) баргузор гашт. Ин намоишнома бо сарпарастии Институти ҷомеаи кушод (СОРОС) ба саҳна гузошта шуд ва аз ҳаёти наврасон-хонандагони синфи 5-ум нақл мекунад, ки ҳар кадом мушкилу муаммоҳои хешро доранд.

Намоишнома бо коргардонии Фарҳод Ғаффорпур ба саҳна гузошта шуда, Фаррух Мамадов муаллифи оҳанг, Боҳир Баҳодурзода муаллифи сурудҳо ва Тоҳир Эркабоев рассоми саҳна дар муассирии ғояи намоиш саҳм гузоштаанд.

 Воқеан ҳам сутуданист, ки аҳли ҳунари театри шаҳри Конибодом дар фосилаи дуриҳои «куруноӣ» тавонист, ки бо муҳаббат ва самимияте, ки нисбат ба касбу ҳунар ва тамошобини хеш дорад, фаслҳоро ба васлҳо мубаддал созад ва бо истифода аз имконот ва дастоварди техникӣ бо тамошобини худ бошад, намоишномаҳои нав пешниҳод кунад ва ҳамагонро ба зиндагӣ дилгарм созад. Бале, муҳаббат мекунад олам гулистон.

Сурайё ҲАКИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА БУЗУРГДОШТИ КАМОЛИ ХУҶАНДӢ

Шахсони фарҳехта ва шоирону донишмандони миллати тоҷик бо осори гаронқадри хеш пайваста барои муаррифии илму адаби тоҷик саҳми бузург гузоштаанду мегузоранд. Мероси оламшумули донишмандон ва сухансароёни ин сарзамин ҳамеша мояи ифтихори миллати тоҷик мебошад. Аз ҷониби муҳаққиқон кӯшишҳои зиёде ба харҷ рафта, то чеҳраҳои мондагори илму адаб амиқтару хубтар омӯхта шаванд.

Таҳқиқ, нашр ва муаррифии осори адибони миллати мо, ки дар тӯли чандин солҳо ва даврони Истиқлолият сурат гирифтааст, шоистаи таҳсин мебошад. Ҳар як фарди худогоҳро зарур аст, ки аз осори гаронарзиши гузаштагони хеш огоҳии хубу амиқ дошта бошад. Аз ин ҷост, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша аз бузургони миллати мо дар суханрониву асарҳои хеш ёд карда, ба аҳамияти омӯзишу таҳқиқи осори онон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.

Далели ин гуфтаҳо бо сатҳи арзанда таҷлил намудани 1150-солагии Одам-ушшуаро Рӯдакӣ, 1310-солагии Имоми Аъзам, 1025-солагии Абӯалӣ ибни Сино, ҳазораи «Шоҳнома»-и ҳаким Фирдавсӣ, 960-солагии Умари Хайём, 950-солагии Муҳаммади Ғаззолӣ, 800-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, 680-солагии Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, 675-солагии Шайх Камоли Хуҷандӣ, 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ, 150-солагии Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ мебошанд.

Яке аз фарзандони фарзонаи миллати тоҷик Шайх Камоли Хуҷандист. Ин шоири баландном тавонистааст, ки бо эҷод намудани ашъори пурмазмуну дилчасп шӯҳрати беандозае касб намояд. Ҳанӯз дар даврони зиндагии шоир таваҷҷуҳи мулуку салотин ба ӯ баёнгари бузургиву мартабаи баланди ӯ мебошад. Тазкиранигорон аз таваҷҷуҳи хосаи салотини рӯзгор ба Камоли Хуҷандӣ маълумоти фаровонеро дарҷ намудаанд. Дар ин маврид Давлатшоҳи Самарқандӣ чунин оварда: «Ва Шайхро назди салотин ва ҳукком қадре тамом буда» (“Тазкират-уш-шуаро”, саҳ.308); «Ва султон Ҳусайн ибни султон Увайси Ҷалоир дар хиттаи Табрез ҷиҳати Шайх манзиле сохт бағоят назаҳ ва бар лангари Шайх вақфҳо кард» (“Тазкират-уш-шуаро”, саҳ.307). Ё ҷои дигар чунин навишта: «Ҳикоят кунанд, ки ба рӯзгори давлати Амироншоҳ ибни Амир Темури Гӯракон Шайхро ба ҷиҳати такядорӣ ва харҷи таколифи азёф қарзе чанд домангир шуд. Рӯзе Мирзо Мироншоҳ ба дидани Шайх омад… Мироншоҳ ҳам дарзамон фармуд, то даҳ ҳазор динор зари нақд биёваранд ва таслими Шайх намуданд» (“Тазкират-уш-шуаро”, саҳ.308). Ҳамаи ин ҳикоёт баёнгари онанд, ки Шайх Камол дар замони зиндагиаш ҳамеша аз таваҷҷуҳ ва лутфу парастории подшоҳони давр бархурдор будааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ ба Шайх Камоли Хуҷандӣ таваҷҷуҳи хоса доранд ва пайваста номи Хоҷа Камолро дар китобу суханронӣ ва навиштаҳои хеш дарҷ менамоянд. Бо баробари ном бурдан аз шоирону донишмандони дигари миллати тоҷик ҳамеша номи Камоли Хуҷандӣ низ дар гуфтору навиштаҳои Пешвои миллат мазкур аст. Ба таври мисол метавон чунин ёд намуд: «…имрӯз фурсати ватанхоҳиву ватандории ворисони тамаддуни поксиришти ориёӣ, меросдорони Рӯдакиву Фирдавсӣ, Хайёму Ибни Сино, Носири Хусраву Мавлавӣ, Саъдиву Ҳофиз, Ҷомиву Камоли Хуҷандӣ ва ҳазорон фарзонаҳои миллат расидааст» Муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми  Тоҷикистон, 05.01.2010, шаҳри Душанбе).

Ҳамон гуна ки ёд шуд, халқи тоҷик борҳо шоҳиди арҷгузории Пешвои миллат ба олимону донишмандон ва шоирону адибон, махсусан Камоли Хуҷандӣ гардидааст. Пешвои миллат дар баромади хеш ба муносибати Рӯзи Рӯдакӣ аз Камоли Хуҷандӣ низ ёд намуда, шоирро пайрави мактаби Рӯдакӣ қаламдод намудаанд (Паёми табрикӣ ба ифтихори Рӯзи Рӯдакӣ, 21.09.2002, шаҳри Душанбе). Дар яке аз баромадҳо Президенти кишвар чунин таъкид намудаанд: «Бовар дорам, ки насли имрӯзаи сулҳхоҳу ободкори Ватани муқаддасамон рисолати таърихии ба дӯш гирифтаашонро хуб эҳсос менамоянд ва пайроҳаи тайнамудаи Спитамену Темурмалик, Деваштичу Муқаннаъ, Рӯдакиву Камоли Хуҷандӣ, Бобоҷон Ғафуров ва садҳо абармардони бошарафи ин гӯшаи диёрамонро идома медиҳанд (Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд, 20.06.2013, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров). Президенти кишвар ин ҷо таъкид медоранд, ки роҳи тайнамудаи қаҳрамонони миллати тоҷик, минҷумла Камоли Хуҷандӣ шоистаи пайравӣ мебошад ва насли ҷавонро зарур аст, ки роҳи ин бузургмардонро идома диҳанд.

Дар таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯзи соли 2015 миллати тоҷик шоҳиди воқеаи таърихӣ гардид. Дар соҳили дарёи Сир Муассисаи давлатии «Маҷмааи таърихӣ ва фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» сохта, ба истифода дода шуд, ки дар он ҷо мақбараи рамзии Шайх Камол, муҷассамаи шоир, Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ бунёд гардид. Дар маросими ифтитоҳи ин маҷмаа, ки ба «Наврӯзи адибон» мувофиқ омад,

Пешвои миллат иштирок ва суханронии пурмуҳтавое доштанд. Сараввал Президенти мамлакат аз сатҳи байналмилалӣ касб намудани ҷашни Наврӯз ва суннатҳову одатҳои мардуми форсизабон дар ин ҷашн ёдовар шуда, сипас, аз таърихи шаҳри Хуҷанд сухан ба миён оварда, чунин қайд намуданд: «Шуҳрату номи шаҳри Хуҷанд бештар тавассути фарзандони барӯманд, олимону орифон ва суханварони мумтози он густариш пайдо кардааст. Мунаҷҷим ва риёзидони маъруф Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, табиби ҳозиқ Назириддини Хуҷандӣ, орифону суханварони мумтоз Умар ибни Ҳорун, Маҳастии Хуҷандӣ, Зиёуддини Порсӣ, Камоли Хуҷандӣ, инчунин даҳҳо донишмандону фозилоне, ки фаъолияти илмиву адабии онҳо берун аз марзи кишвар мавриди эътибору эҳтироми аҳли илму адаб қарор гирифтаанд, шуҳрати ин шаҳри қадимаи тоҷиконро дар ақсои олам интишор додаанд» (Суханронӣ дар мулоқот бо иштирокчиёни «Наврӯзи адибон» дар Маҷмааи таърихӣ ва фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд», 21.03.2015, шаҳри Хуҷанд). Баъд аз ёд намудани ин донишмандон Пешвои миллат перомуни Камоли Хуҷандӣ суханронӣ намуданд.

Дар ин суханронӣ нуктаҳои муҳим ва асноди ҷолибе дарҷ гардидаанд, ки бо хондану гӯш фаро додан ба он маълумоти пурқимате ба даст хоҳад омад. Аз ҷумла, «Аз парвардагони домони поки Хуҷанди бостонӣ» будани шоир, «шоири озода ва вораста» будан, Камоли Хуҷандӣ ҳамчун «устоди ғазалҳои саршор аз меҳри Ватану ватандорӣ» будан, «ғазалиёти ӯ аз лиҳози бандубасти адабӣ ва фасоҳату балоғат дар ҳадди камол» қарор доштани ашъори ӯ, «бо ёди Ватан ва ёру диёр умр ба сар бурдан», «ҳеҷ гоҳ зодгоҳи хеш – Хуҷанди бостониро фаромӯш накардан», «булбули хушилҳоми Хуҷанди бостонӣ» будани шоир, «Шайх Камоли Хуҷандӣ дар ашъори ҷовидонаи худ бо такя ба беҳтарин анъанаҳои ахлоқии ниёгон ва арзишҳои умумибашарӣ некиву накӯкорӣ, ахлоқи ҳамида, адолати иҷтимоӣ ва дигар фазилатҳои писандидаи инсониро бо ҳунари олии суханварӣ тараннум кардааст», ашъори ӯ «фарогири масъалаҳои панду ахлоқӣ ва дорои аҳамияти бузурги таълимиву тарбиявӣ» будан, ғазалҳои ӯ «бо Саъдиву Ҳофиз ва Ҷомӣ дар як мавқеъ гузошта шудан», «шеърро ҳамчун василаи ифодаи андешаҳои баланди ирфонӣ ва ғояҳои гуманистии худ устодона истифода кардан»-и Шайх Камол ва чанд нукоти ҷолиби дигар аз сухарониҳои пурмуҳтавои Пешвои миллат маърифат карда мешавад.

Маҳз, дар суханронии мазкур Пешвои миллат вобаста ба ҷашни 700-солагии Шайх Камоли Хуҷандӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода, чунин фармуданд: «Бо мақсади арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, таҳкими боз ҳам бештари ифтихори ватандорӣ, рӯҳияи баланди хештаншиносӣ, тарбияи завқи зебоипарастӣ, шинохти нақш ва хизматҳои шоистаи Шайх Камол дар ташаккули маданият ва фарҳанги ҷаҳонӣ пешниҳод менамоям, ки доир ба масъалаи дар соли 2020-ум ҷашн гирифтани 700-солагии зодрӯзи ин суханвари камназир ва омода намудани санадҳои зарурӣ ба Кумитаи оид ба илм, маориф ва фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид, яъне ЮНЕСКО тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд» (Суханронӣ дар мулоқот бо иштирокчиёни «Наврӯзи адибон» дар Маҷмааи таърихӣ ва фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд», 21.03.2015, шаҳри Хуҷанд).

Боз метавон даҳҳо мавриди дигареро аз суханрониҳони Пешвои миллат ёдовар шуд, ки дар он аз Камоли Хуҷандӣ сухан рафтааст, ба монанди суханронӣ дар мавзӯи «Моҳияти таҳаммулпазирии мазҳаби Имоми Аъзам ва вазъи дин дар кишвар» дар конфронси ҷумҳуриявӣ бахшида ба 1310-солагии Имоми Аъзам» (26.02.2009, шаҳри Душанбе), “Суханронӣ ҳангоми зиёрати марқади Шамси Табрезӣ» (08.07.2010, ноҳияи Айнӣ), «Суханронӣ ба муносибати ҷашни 600-солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ» (04.10.2014, шаҳри Душанбе), «Суханронӣ дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Наврӯзи байналмилалӣ дар варзишгоҳи шаҳри Хуҷанд» (22.03.2015, шаҳри Хуҷанд), “2015 – cоли идомаи тадбирҳо барои рушди устувор» (30.01.2016, шаҳри Душанбе), «Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Қасри фарҳанги ноҳияи Айнӣ ва мулоқот бо сокинони ноҳия ба ифтихори ҷашни 150-солагии Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ» (18.10.2015, ноҳияи Айнӣ), «Суханронӣ дар вохӯрӣ бо зиёиёни мамлакат» (19.03.2018, шаҳри Душанбе), «Мулоқот бо намояндагони диаспора, муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёни тоҷик дар Федератсияи Россия» (20.12.2019, Россия), «Суханронӣ ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд» (22.03.2020, шаҳри Хуҷанд) ва ғайра.

Яке аз осори бунёдии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин китоби «Чеҳраҳои мондагор» маҳсуб меёбад. Дар китоби мазкур 25 чеҳраи мондагори таърихии миллати мо мавриди таҳлилу омӯзиш қарор гирифтааст. Китоб бо Куруши Кабир оғоз ёфта, Спитамен, Муҳаммад (с), Имоми Аъзам, Рӯдакиву Фирдавсӣ, Синову Румӣ, Ҷомиву Бедил, Айниву Бобоҷон Ғафуров ва чанде дигар аз чеҳраҳои дурахшони илму маърифат мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд. Бо сарлавҳаи махсуси «Бунёдгузори кохи азими сухан» ёд намудани Камоли Хуҷандӣ басо рамзӣ буда, унсу алоқа ва арҷгузории махсуси Пешвои миллатро бозгӯ мекунад. Дар ин қисмати китоб аз маонии шеъри Хоҷа Камол, таърихи шаҳри Хуҷанд, пайравони мактаби Камоли Хуҷандӣ ва дигар ҷанбаҳои ҳаёт ва эҷодиёти Камоли Хуҷандӣ сухан рафтааст ва ҷое чунин нигоштаанд: «Хуҷанд Камол ва Камол Хуҷанди худро машҳури ҷаҳон сохтаанд… Шоирону олимон ва ҳунармандони машҳури ин шаҳр, ба мисли Шайдои Хуҷандӣ, Шухии Хуҷандӣ, Лисонии Хуҷандӣ, Нозили Хуҷандӣ, Фахрии Рӯмонӣ, Тошхоҷа Асирӣ, Содирхони Ҳофиз, Ҳоҷӣ Ҳусейни Розӣ, Сиддиқи Саҳҳоф анъанаи фарҳангии Хоҷа Камолро идома медоданд. Ин пайванди мустаҳкам ва побарҷо имрӯз ҳам васл аст ва қуввае вуҷуд надорад, ки сарриштаи онро бибурад» («Чеҳраҳои мондагор», саҳ.278). Пешвои миллат даъват ба амал меоваранд, ки фарзандони кишвари мо аз панду ахлоқи ниёгони хеш суд ҷӯянд ва осори ин бузургмардонро омӯзанд ва дар зиндагии хеш истифода кунанд.

Шоистаи ёдоварист, ки бо дастгирии ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд соли 2015 дар шаҳри Хуҷанд Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» таъсис дода шуд. Дар ин марказ олимону муҳаққиқон ба ғайр аз таҳқиқоти адабиётшиносӣ китобҳои бунёдии камолшиносиро ба нашр мерасонанд, ки ин низ баёнгари таваҷҷуҳу арҷгузории Пешвои миллат ба шоирони миллати мо ва махсусан Шайх Камоли Хуҷандӣ мебошад.

Ҷашни 700-солагии Шайх Камоли Хуҷандӣ дар сатҳи хеле баланд, бо иштироки Пешвои миллат баргузор шуд. Ин ҷашн маҳз бо сарпарастӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи Пешвои муаззами миллат таҷлил гардид. Дар арафаи ин ҷашн садҳо мақолаву китобҳо бахшида ба ҳаёт ва эҷодиёт, сабки сухан ва осори гаронқадри Шайх Камоли Хуҷандӣ ба нашр мерасиданд, ки ин баёнгари гиромидошти ин шоири бузург аз ҷониби Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Нӯъмонҷон НЕЪМАТОВ,

устоди Донишгоҳи давлатии

Хуҷанд ба номи академик

Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солгарди муҳимтарин санади тақдирсози миллат – Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки аз саҳифаҳои дурахшони таърихи давлатдории миллии мо мебошад, ба кулли сокинони сарбаланди вилоят табрику муборакбод гуфта, оромиву осоиш, сулҳу ваҳдат, хонаи обод ва барору комёбиҳои нав ба нав таманно менамоям.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади муҳими тақдирсози миллат 6-уми ноябри соли 1994 дар даврони ташаннуҷи авзои сиёсии кишвари соҳибистиқлоли мо аз ҷониби мардуми шарафманди Ватани маҳбубамон бо дарки масъулияти бузург тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардида, дар устувор гардидани рукнҳои давлатдорӣ ва такмилу таҳкими низоми қонунгузорӣ заминаи боэътимод гузошт.

Читать далее

Барқияи изҳори тасаллии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ

Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муҳтарам Муҳаммад Ашраф Ғанӣ барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷалолатмаоб,

Хабари фоҷеабори ба ҳалокат расидан ва ҷароҳати вазнин бардоштани теъдоди зиёди шаҳрвандони кишвар бар асари ҳамлаҳои золимонаи ахири террористон, аз ҷумла ба Донишгоҳи Кобул ва болои нерӯҳои давлатии Афғонистон дар вулусволии Имом Соҳиби вилояти Қундуз, боиси андӯҳи беандозаи мо гардид.

Читать далее

Суҳбати телефонии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ

3 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар оғози суҳбат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Роҳбари кишвари ҳамсоя дар робита ба амалҳои фоҷеабори террористӣ дар Афғонистон, ки боиси талафоти ҷонӣ гардид, изҳори амиқи тасаллият карданд.

Читать далее

Таъйиноти кадрӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Мутобиқи моддаи 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳалли ҳокимияти давлатӣ» Салимзода Амонулло муовини якуми раиси вилояти Хатлон ва Файзуллозода Заробиддин муовини раиси вилояти Хатлон таъйин гардида, Исмоилзода Абдуалим аз вазифаи муовини якум ва Зоҳирзода Умед аз вазифаи муовини раиси вилояти Хатлон озод карда шуданд.

Читать далее

Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 3 ноябри соли 2020 №1
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи Раиси Кумитаи рушди сайёҳии
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Амонзода Ш.Ш.

Читать далее

Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Расулзода Қоҳир

 Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Расулзода Қоҳир аз вазифаи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Читать далее