05 November 2020

Таҳкимбахши давлату давлатдорӣ ва кафолати зиндагии орому осуда

Чорабинии идона бахшида ба 26 - умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раиси вилоят дар чорабинӣ суханронӣ намуда, нақши ин санади тақдирсозро дар таҳкими давлату давлатдории миллӣ ва рушди ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии мамлакат бузург ва муҳим арзёбӣ намуд.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳини суханронии пурмуҳтавояш аз ҷумла таъкид дошт, ки санаи 6-уми ноябри соли 1994 дар таърихи халқи тоҷик ҳамчун санаи сарнавиштсоз сабт гардидааст. Зеро дар ин рӯз нахустин маротиба дар таърихи давлатдориамон тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

Читать далее

НАВЪҲОИ НАВИ НИҲОЛ - ПЕШКАШИ БОҒДОРОН

Рӯзи 17-уми октябри соли равон, ҳини сафари кории худ ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нуқтаи такягоҳии филиали Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории Академияи улуми кишоварзии Тоҷикистон, воқеъ дар деҳаи Сомғор, ки дар масоҳати 1 гектар доман паҳн кардааст, аз боғи хурмо дидан намуданд.

Дар ин боғ 4 навъи ин мева – кулчахурмо, Серҳосили Вахш, Болаззати Деҳмой ва Пешпазаки ширин парвариш карда мешаванд. Ҳосилнокии ин навъҳо аз як гектар зиёда аз 300 - сентнериро ташкил медиҳад. Меваҳои дар ин фасли тирамоҳ пухтарасидаи ҳосили хурмо ва дарахтони мевабастаро дида, Президенти мамлакат ба заҳмату дастранҷи олимону мутахассисони ин муассисаи илмӣ - таҳқиқотӣ аҳсант хонданд ва тавсия доданд, ки дар оянда масоҳати боғи хурморо бо навъҳое, ки ба хориҷи кишвар содирот мешаванд ва серҳосиланд, афзун намоянд.

Ҳамчунин, дар самти бунёди боғҳои интенсивӣ фаъолияти олимону мутахассисони институт ба таври густурда ба роҳ монда шуда, алҳол дар қаламрави вилоят дар бештар аз 4 гектар боғҳои интенсивии зардолу бунёд гардидаанд, ки ҳосили дилхоҳ дода истодаанд.

Филиали Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, ки ба он мутахассиси варзида Маҳмуд Бобоев сарварӣ менамояд, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров воқеъ буда, олимони ин муассиса дар асоси нақша фаъолияти илмиву таҳқиқотӣ мебаранд. Равандҳои асосии фаъолияти илмиву таҳқиқотиро самтҳои мевапарварӣ, ниҳолпарварӣ, ангурпарварӣ, сабзавоткорӣ, механиконии соҳаи кишоварзӣ, нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ташкил медиҳад.

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат ва дар ҳамкорӣ бо Академияи улуми кишоварзии мамлакат фаъолияти олимону мутахассисони ин муассисаи илмӣ ба офаридани навъҳои нави хушсифату серҳосил ва ба таъсири касаливу ҳашароти зараррасон тобовари меваҳо, инчунин ба шароити хоку иқлими минтақаҳои гуногуни вилоят мутобиқ гардонидани дарахтони мевадиҳанда, ангур ва сабзавот нигаронида шудааст. Ҳамчунин, дар Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткорӣ ниҳолхона мавҷуд буда, дар он истеҳсоли ниҳолҳои меваву ангур ва тухмии сабзавот ба роҳ монда шудааст. Хоҷагиҳои деҳқонии навоҳии вилоят ва аҳолӣ бо ниҳолҳо ва тухмии хушсифат таъмин карда мешаванд. Ҷоиз ба зикр аст, ки олимон баҳри рушду такомули соҳаи боғпарварӣ, ангурпарварӣ ва сабзавоткорӣ тавсияҳои илмӣ, илмиву техникӣ омода менамоянд ва технологияи нав ба нави корҳои пешбурди соҳаро пешниҳод мекунанд. Аз ҷониби олимони соҳаи кишоварзӣ дар ин боргоҳи илмӣ мошину таҷҳизоти техникаи кишоварзӣ, ки баҳри чиниш, ҷамъоварӣ, коркарди меваву ангур ва сабзавот муҳиманд, ихтироъ ва дар истеҳсолот ҷорӣ карда мешаванд, ки барои осон гаштани кори марди деҳқон мадад мерасонанд.

Олимону мутахассисони филиали мазкур натиҷаи кушоишҳои илмии худро дар истеҳсолот – заминҳои назди ин муассисаи илмӣ ҷорӣ менамоянд, ҳамчунин ба тамоми хоҷагиҳои кишоварзии вилоят кушоишҳои илмии худ, навъҳои ихтироъкардаашонро пешниҳод менамоянд, ба бунёди боғҳои интенсивии саноатию токзорҳои вилоят ва ҷумҳурӣ кӯмаки амалӣ мерасонанд.

Ба ғайр аз ин ҷомеаи меҳнатии ин муассиса ҳар сол маҳсулоти зироатҳои растанипарварӣ истеҳсол менамоянд ва ба фурӯш мебароранд. Навъҳои ихтироънамудаи зардолуи олимони институт дар истеҳсолот васеъ ҷорӣ карда шудаанд.

Аз ҷумла парвариши навъҳои серҳосилу хушлаззати ихтироънамудаи олимони институт дар майдони бештар аз 200 гектар дар шаҳру навоҳии Конибодом, Исфара, Ашт, Данғара, Кӯлоб, Хуросон парвариш меёбанд.Ҷоиз ба зикр аст, ки дар ҳудуди Боғи миллии Ваҳдат воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров,

ҳамчунин шаҳраки Сайҳун дар майдони зиёда аз 100 гектар боғҳои замонавии зардолу, токзор ва дигар намудҳои мева бунёд карда шудаанд.

Маслиҳат ва машварати олимони институт бобати башаклдарорӣ ва буридани дарахтони мева ва ток дар ҳамаи хоҷагиҳои навоҳии вилоят аз ҷониби деҳқонон ба кор бурда мешаванд. Дар ин муассисаи илмӣ олимону мутахассисон тарзҳои зиёд намудани тагпайвандҳои вегетативии қадпаст ва миёнақадро кор карда баромадаанд.

Аз ҷумла, соли равон наздик 10 ҳазор бех чунин ниҳолҳо тайёр карда шуд. Ин имкон медиҳад, ки дар оянда боғҳои интенсивӣ бунёд карда шаванд. Ҳисобҳо нишон доданд, ки боғҳои интенсивии зардолу ояндадор буда, ҳосилнокиашон нисбат ба боғҳои анъанавӣ 2-2,5 маротиба афзун аст ва минбаъд барои содирот ба хориҷи кишвар мусоидат мекунад.

Дар ин ҷо қайд кардан ҷоиз аст, ки баробари дар ҷомеаи олимону мутахассисони соҳибкасби институт ба роҳ мондани фаъолияти густурдаи илмӣ - таҳқиқотӣ директори филиали Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории Академияи улуми кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Маҳмуд Бобоев вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят аз ҳавзаи интихоботии «Домулло Азизов», рақами 64 мебошад. Вай доимо бо интихобкунандагони худ дар иртибот буда, баҳри ҳалли муаммо ва масъалаҳои пешниҳодкардаи онҳо дар ҳамкорӣ бо мақомоти марбута кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Рафоат МӮЪМИНОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Дар ноҳияи Мастчоҳ нақшаи истеҳсоли пахта 100,1 дарсад иҷро шуд

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ аз иҷрои нақшаи истеҳсоли пахта гузориш дод.

Нимаи дуюми рӯзи 4 ноябр Раиси ноҳияи Мастчоҳ Тоҳир Азиззода “Муждаи зафар”-ро ба Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода расонид, ки дар он аз ҷумла омадааст:

“Муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода,

Кишоварзони олиҳиммати ноҳияи Мастчоҳ бо шукргузорӣ аз сиёсати хирадмандонаву созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру ҳидоятҳои некбинонаи Шумо соли ҷорӣ бо мақсади зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ тамоми нерӯву заҳмати худро равон намуда, дар майдони 12008 гектар кишти пахтаро ба роҳ монда буданд.

Читать далее

ҲАДАФ: ҲИФЗИ СОЛИМИИ ҶОМЕА

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро бемории сироятии коронавирус ба ташвиш овардааст. Роҳҳои сироят аз ин вирус асосан тавассути ҳавои нафаскашӣ, атса задани шахси гирифтор ба беморӣ ва дастони заҳролуд мебошад. Табибон мушоҳида намуданд, ки имконияти сироятшавӣ хеле баланд буда, ин вирус ба атроф аз беаҳамиятии шахси гирифторшуда ба тезӣ паҳн мешавад. Бо мақсади пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Дар Муассисаи таълимии давлатии «Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» барои пешгирии коронавирус ситод ташкил шуда, нақша - чорабинӣ мураттаб ва дар асоси он фаъолият ба роҳ монда шудааст. То ин дам аз ҷониби раёсати муассиса ва масъулон оид ба масъалаҳои риояи гигиенаи шахсӣ, тозаву озода нигоҳ доштани биноҳои таълимӣ, синфхонаҳо ва хобгоҳи донишҷӯён мавриди баррасӣ қарор гирифта, чораҳои зарурӣ андешида шудаанд.

Тибқи иттилои директори муассиса Кенҷазода Манучеҳра Солеҳ, дар коллеҷ бунгоҳи тиббӣ амал мекунад, ки он бо тамоми дорувориҳои зарурӣ таъмин аст. Аз ҷумла, ба миқдори зарурӣ аз ҳисоби муассиса дорувориҳо, спирти антисептикӣ, дока барои дӯхтани ниқобҳо, дастпӯшакҳо ва хлор харидорӣ шуда, дар назди кафедраҳои марбута ва хобгоҳ 20 доруқуттӣ бо дорувориҳои барои ёрии аввалини тиббӣ расонидан омода мебошад. Дар ҳамаи синфхонаҳо, хобгоҳ ва биноҳои таълимии муассиса маводҳои зарурӣ аз қабили моеи хлор ва дигар маҳлулҳои безараргаронӣ ба миқдори зарурӣ омода шуда, ҳамарӯза аз он барои тоза кардани хонаҳои истиқоматии донишҷӯён ва синфхонаву долонҳои бинои таълимӣ истифода мешавад. Инчунин, дар даромадгоҳҳои биноҳои таълимгоҳ, хобгоҳ барои тоза намудани пойафзол қуттиҳои махсус омода намуда, мунтазам бо моеъҳои безараргардонӣ коркард ва ҳар ду соат як маротиба тоза карда мешаванд, - мегӯяд номбурда.

Бояд тазаккур дод, ки дар даромадгоҳи биноҳои таълимӣ, синфхонаҳо ва хобгоҳи донишҷуён овезаҳои таблиғотӣ оид ба пешгирии ин беморӣ гузошта шудааст. Дар даромадгоҳи асосии коллеҷ ва биноҳои таълимӣ ва хобгоҳ 5 адад дизбарйер ташкил ва ҳар як соат бо маҳлули хлор коркард мешавад. Ҳамарӯза дар даромадгоҳи коллеҷ корманди миёнаи тиб ва масъулини бахши тарбия навбатдорӣ намуда, ҳарорати воридшавандагонро бо ҳароратсанҷ санҷида, бо маҳлули антисептикӣ дастони онҳоро коркард мекунанд. Инчунин, аз ҷониби онҳо дафтари махсус барои қайди бемороне, ки бо таби баланд меоянд, ташкил карда шудааст.

Ҳолати санитарии коллеҷ ба талаботи санитарӣ ҷавобгӯ буда, он мунтазам аз ҷониби намояндагони МНДСЭ - и шаҳри Хуҷанд санҷида мешавад.

Айни ҳол дар муассиса дар шуъбаи рӯзона 1363 нафар донишҷӯ таҳсил мекунанд, ки аз онҳо ҳамарӯза 1237 нафар донишҷӯ ё худ 92,4 фоиз дар машғулиятҳо иштирок карда истодаанд. Аз ҳисоби донишҷӯён то имрӯз ягон нафар ба бемории сироятии коронавирус гирифтор нашудаанд.

Раёсати муассисаи таълимӣ минбаъд низ баҳри пешгирии ин беморӣ чораҳои заруриро меандешад ва баҳри солиму бардам нигоҳ доштани сиҳатии омма кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Нодир ТУРСУНЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

ФИЛМИ «ХИЁНАТ» КОШИФИ РОЗИ ХИЁНАТҲО

Тамошои филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» аз тариқи шабакаҳои телевизионӣ дар ҳақиқат парда аз рӯи хиёнатҳои бешумори гурӯҳҳое, ки монеаи пешрафтҳои Тоҷикистони азизи мо дар солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар гардиданд, бардошт.

Розеро ошкор намуд, ки барҳақ сабабгори аслии сар задани душманиҳо ва муқобили ҳамдигар сангар гирифтани тоҷикони бародар шуда, асрори ҷанги шаҳрвандиро шарҳу тафсир кард. Ташкилоти террористӣ-экстемистии ҲНИ аз рӯзҳои аввалини ба истиқлолияти миллӣ расидани Тоҷикистон бо кӯмаки хоҷагони хориҷии хеш талош дошт, ки дар мамлакати тозатаъсиси мо давлати исломӣ барқарор намояд, зеро пайравони ин ниҳоди ифротгаро ҳеҷ як арзишҳои миллии мо, ҳатто ҳамин истиқлоли миллиро эътироф намекарданд, балки пайваста мекӯшиданд, дар фикри адами фарҳанги миллии тоҷикӣ бошанд.

Аз ин лиҳоз, аз фурсати муносиб истифода намуда, бо ҳар роҳу баҳона мехост ҷавонону гурӯҳҳои мухталифи аҳолиро ба майдонҳо кашида, ин равандро суръат бахшанд. Тарғибу ташвиқи афкори ғаразноки хешро ба истифода аз ин андешаҳои дар паси худ ҳадафҳои дигардошта, ки гӯё дар замони Шӯравӣ мо аз дину аслу наҷоди хеш ҷудо афтодаем ва озодиҳои динии моро маҳдуд кардаанд, ба номи дини мубини Ислом рабт дода, хостанд аз иродаву эътиқоди динии мардум ба манфиати худ истифода баранд. Мардуми тоҷик, ки ҳамеша ба ҳама арзишҳо, ҳам диниву миллӣ аз қадим садоқати хоса зоҳир менамуд, аз рӯи ҳамин эҳсос ба ин тарғибҳои ҳадафмандонаи ин гурӯҳҳо бовар кард. Дар натиҷа нафарони бегуноҳи зиёде қурбони ин дасисаҳо ва мақсадҳои нопок гардиданд, ки бедодгариву зулму ситам ва даҳшат дар қатлу куштори мардуми бегуноҳ дар филми «Хиёнат»  ҳамагӣ ба намоиш гузошта мешаванд.

Аз ҷараёни намоиши филм маълум мешавад, ки бо ҳосил намудани таҷриба ва сабақбардорӣ аз рафтори баъдии роҳбарони ин гурӯҳ, ошкор шудани ҳақиқати ин тарғибҳои ғаразнок ва фош гардидани аслу бунёди ин «ғамхорони халқ»  онҳое, ки ба гуфтаҳои онон бовар кардаву аз пасашон рафтаанд, ҳамагӣ изҳори пушаймонӣ намуда, таассуф дорад, ки кош ҳамон замон ба ин тарғибҳо бовар намекарданд. Ин пушаймонӣ ва гумроҳ шудан аз беҳосилии таҷриба ва дар сатҳи зарурӣ қарор надоштани тафаккури сиёсӣ дар гуфтори аксари онҳое, ки аз ин роҳ баргаштан таҷассум дорад, ки мо ҳиссиёти ононро дар  суханҳояшон дар ҷараёни филми «Хиёнат» маърифат мекунем. 

Бо гузашти фурсати начандон зиёд мардуми тоҷик тавассути такя бар хиради азалии худ ба маърифати ҳадафҳои нопоки ташкилоти экстремистӣ- террористии ҲНИ расида, барои ворастагӣ ва таъмини озодиву истиқлоли мардум талош варзид.  Интихоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан роҳи рӯшану пайдои ояндаи кишвари моро муқаррар намуд. Аз аввалин фурсат раҳнамои Тоҷикистони навин барои таъмини сулҳу субот ва таҳкими пояҳои истиқлоли миллӣ талош намуданд. Бо он ки Пешвои миллат тамоми кӯшишҳои барои даст додану сулҳу оштӣ масраф намуда, ҳатто ҷони хешро борҳо ба хатар гузоштанд, аммо эҳсос мешуд, ки ин гурӯҳи манфиатхоҳ ва душманони миллат пинҳонӣ боз ҳам барои расидан ба мақсадҳои нопоки хеш амал мекарданд. Филми «Хиёнат» асрори ин пинҳонкориҳоро фош намуд. Давоми солҳои 1991-1997 мо шоҳиди он будем, ки чандин нафар шахсиятҳои барҷастаи олами сиёсат, илм, адабиёту фарҳанг аз ҷониби гуруҳҳои номаълум ба қатл расонида шуданд. Кашфи ҳақиқати ин «гурӯҳҳои номаълум» ё «қувваи савум»  дар филми «Хиёнат» маълум гардонид, ки аз фурсати душвори сиёсиву иқтисодии мамлакат ин гурӯҳҳо даст ба қатлу куштори шахсиятҳои  маъруф зада, бо ин роҳ мехостаанд, ки номи давлати тозаистиқлоли Тоҷикистонро бадном кунанд, ки гӯё ин амалкарди ниҳодҳои давлатӣ аст. Ба ин роҳ онҳо мехостанд, ки эътиқод ва ихлосу иродати мардумро, ки пайваста нисбат ба давлату Ҳукумат зиёд мегардад, коҳиш диҳанд. Ҳатто барои эҷоди ҷангу нифоқ миёни гурӯҳҳои дигар сабаб шуда, ба ин ҳамин восита оташи ҷанги шаҳрвандиро боз ҳам фурӯшонтар гардонанд.  Ташаннуҷи вазъи сиёсӣ ба манфиати душманони миллат буд. Вале шукрона, ки ин тирашон хок хӯрд ва бо гузашти солҳо парда аз рӯи чеҳраи аслии гурӯҳҳои номаълум ва ё қувваи савум, ки душманиҳо миёни мардум эҷод намуда, аз ин роҳ мехостанд, ки давлати Тоҷикистонро бадном кунанд,  дар филми «Хиёнат» бардошта шуд.

Бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ низ равшан гардид, ки ташкилоти экстремистӣ- террористии ҲНИ аз роҳи расидан ба мақсадҳои нопоки хеш барнагашт. Ҳарчанд тибқи бандҳои муайяни Созишномаи мазкур аксари пешниҳоду талаботи онҳо ба иҷро расида, давоми 15 сол намояндагони собиқ ҲНИ, аз ҷумла, худи раҳбари ташкилот Муҳиддин Кабирӣ  чандин курсиҳоро дар Маҷлиси намояндагон ишғол намуда, нафарони зиёде дар мансабҳои муайян фаъолият доштанд, вале онон чун «душман» дар либоси «дӯст» амал карда, мехостанд бо ҳам ба дунболи расидан ба ҳадафҳои хеш бо ёрии хоҷагони хориҷии хеш бирасанд. Аммо тирашон ин навбат низ хок хӯрд. Фош шудани пинҳонкориҳои ин гурӯҳ, ки муддати понздаҳ сол боз давом намуда, оқибат дар ошӯби генерал Назарзода ошкор гардид, ин ҳақиқатро пеши назари мардуми тоҷик ҷилвагар сохт, ки ташкилоти экстремистӣ- террористии ҲНИ ҳаргиз хостори сулҳу осоиштагӣ дар Тоҷикистон набудааст, зеро онҳо  ҳеҷ гоҳ ҷонибдори истиқлоли миллӣ ва бунёди давлати миллии Тоҷикистон намуданд ва имрӯз ҳам нестанд, ҳарчанд Паймоне ба номи «Паймони миллии Тоҷикистон» таъсис додаанд, ки дар он на паймон асту на миллат. Нуктаи ҷолиб он аст, ки онҳое, ки  ҳадафашон бунёди давлати исломӣ буд, дар як они кӯтоҳ дар қаламрави Аврупо рӯ аз арзишҳои динӣ баргардонида, акнун аз номи миллат мехоҳанд ҳарф занданд. Оё метавон бар онҳое, ки замоне душмани арзишҳои миллӣ буданду аз арзишҳои динӣ ҳарф мезаданд ва ҳамакнун  аз миллат  сухан мегӯянд, бовар кард? Баробари ин, дар рӯзҳои мушкилоти бемории ҳамагири ҷаҳонӣ низ бори дигар мо чеҳраи ононро аз наздик шинохтем. Ба ҳамагон маълум аст, ки аз ин беморӣ тамоми ҷаҳон ранҷу заҷр мекашад, аммо ин манфиатталабон аз дур истода фурсатталабона мехостанду мехоҳанд, ки ба оташи дарду ранҷи мардум равған рехта, боз ҳам давлату Ҳукумати Тоҷикистонро айбдор кунанд. Ин дар ҳолест, ки тавре таъкид намудем, аз ин беморӣ вақте тамоми ҷаҳон ранҷ мебаранд, оё ба ҳамин ҳам кишвари мо гунаҳкор аст? Ин бор ҳам равшан шуд, ки ин гурӯҳҳо танҳо ҳадафашон халалдор  намудан ба вазъи озодиву эҷоди хатар ба истиқлолияти миллии мо мебошад, чун чашмашон ҷилваҳои рӯшани номи Тоҷикистонро дар харитаи сиёсии ҷаҳон ҳамчун давлати миллӣ дидан намехоҳад. Оне, ки ғамхори асилу дӯстдори мардуми хеш аст, дар ин рӯзҳо ба садоқату ихлосу муҳаббаташ мебояд дар канори халқ бошаду дар роҳи пешгирии беморӣ кӯмак намояд, на ин ки ғаму андӯҳашро афзун гардонида, аз ин изҳори шодмонӣ кунад.

Ҳамакнун ва ҳаргиз мардуми тоҷик ҳам  чеҳраи аслии  ононро  ҳамакнун тавассути филми «Хиёнат» бештару пештар шинохтааст ва дигар  ҳеҷ гоҳ ба ин ҳангомаву дасисаҳо бовар намекунанд.

Ростӣ, ба таври оммавӣ намоиш додани филми «Хиёнат»-ро аз чанд ҷиҳат ба хубӣ истиқбол мекунам:

Аввал, тавассути намоиши ин филми ҳуҷҷатӣ воқеан парда аз рӯи ҳақиқати воқеоти солҳои навадум, қатлу куштори бераҳмонаи мардум, монеаҳо барои расидан ба истиқлоли комили миллӣ ва дигар саҳифахои норавшани таърихи давраи нави Тоҷикистони соҳибистиқлол бардошта мешавад. Воқеан, сабақҳои фаровони омӯзанда дорад ин филм, ки дарсҳое аз таърихи навини кишвар медиҳад ва  ҳушдор месозад, ки  бояд мо ин ҳақиқатро бишносем: Ин истиқлолияти миллӣ, неъмати бебаҳои таърих барои мо ба осонӣ ба даст нарасидааст.

Дувум, тамошои ин филмнома барои ҷавонон бисёр муҳим ва қобили аҳамият аст. Маълум аст, ки насли нави Тоҷикистонро метавон аксаран насли давраи баъдиҷангӣ унвон намуд, ки онҳо шукрона, ки ранҷу азиятҳои он даврони душворро надидаанд ва орзумандем, ки ҳаргиз набинанд. Шукрона ин ҷавонон насле ҳастанд, ки зиндагониашон дар айёми комилан осоиштаву ҳузури зиндагонии шоиста сипарӣ мешавад. Ҳама ҷо сериву пуррист ва шояд гумон намоянд, ки ин зиндагонӣ ҳамингуна будааст ва ё сохта шудааст. Имрӯз, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксаран ҷонибдорони ин гурӯҳҳои ифротӣ вақте аз ягон мушкилот сухан мекунанд, шояд ба ин ҳарфҳои пучу беасос баъзе ҷавонон бовар кунанд. Албатта, ман бовар дорам, ки аксари ҷавонони бомаърифати тоҷик тавассути мутолеа, шинохтанҳо ва маърифати таърих аз ҳар роҳу восита бо донишҳои зарурӣ мусаллаҳанд ва ин ҳарфҳо ба онон таъсире карда наметавонад. Вале шояд нафаре ҳаст, ки мушкилоти  муайяне дорад ва аз рӯи эҳсос ин ҳарфҳо имкон дорад, ки ба ӯ таъсир гузорад.  Маълум аст, ки ҳама чизи бузург ба осонӣ ба дар зиндагонӣ ба осонӣ ба даст намеод, ончунонки ин зиндагонии шоистаи имрӯзи мо маҳсули чӣ миқдор ҷонбозиву қурбониву ҷасорату матонатҳост. Боварии  комил дорем, ки ҳамин дарси сабақомӯзи ҳақиқати таърихро, ки Тоҷикистони имрӯзи саршори тавфиқҳои мо, зиндагонии шоистаи мардуми азизи тоҷик маҳсули чӣ қадар ҷонбозиҳо, ҳаллу фасли мушкилот, талошҳо дар роҳи истиқлоли энергетикӣ, раҳоӣ аз маҳдудаву бунбасту вобастагиҳост, тамошои филми «Хиёнат»  ба ҷомеа, хоса ҷавонони саодатманди мо хоҳад омӯхт, то ба қадри саодату хушиҳои имрӯзи ҷавонии хеш бирасанд.

Нуралӣ Нурзод,
муовини директори институти илмӣ- тадқиқотии илмҳои
ҷомеашиносии МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров,
номзади илмҳои филологӣ 

Читать далее

Ошкоршавии ҷиноятҳои аъзои ТТЭ ҲНИ

Ро[барон ва аъзои ТТЭ ҲНИ дар солҳои навадум таҳти сарпарастии хоҷагони хориҷӣ кишвари  моро ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд, ки натиҷаи фалокатбори онро тамоми сокинони ҷумҳурӣ ба хубӣ дар ёд доранд. Ин авангардони артиши бегона барои амалӣ намудани дастуру супоришҳои хориҷиёни иғвоангез аз ҳеҷ гуна иқдомҳои зиддимиллӣ ва, ҳатто, табаддулоти давлатӣ даст накашидаанд, ки амалиётҳои низомии собиқ афсари Вазорати дифоъи кишвар, узви фаъоли ин ҳизб Назарзода Ҳалим дар чанд соли пеш шаҳодати гуфтаҳои болост.

Ин тоифа одамон бо кирдорҳои муғризонаи худ дар давраи аввали Истиқлол ба боварии мардум даромада, мағзҳои онҳоро бо алфози бардурӯғ пур кардаанд. Чанде пеш аз шабакаҳои иҷтимоӣ огоҳ гардидем, ки роҳбари ТТЭ ҲНИ Муҳидин Кабирӣ бо ваъдаҳои норӯшан ба ҳаёти чанд нафар ноумедӣ бахшидааст.  Ин шахсиятҳои ватанфурӯш дар чанд соли охир бо мақсади нишон додани садоқати худ ба саробонҳои хеш ҳамеша санги маломат ба самти ватани мо мепартоянд, ки яке аз онҳо узви ин гурў[и ифротгаро Муҳаммадиқболи Садриддин мебошад. Аз кирдорҳои ҷиноятии ин аблаҳи нобакор нав ошно шудем, ки нафрати мо дучанд гардид.

Шомил шудани ин фирорӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ дар солҳои 2010 аз он далолат медиҳад, барои пардохти қарзҳои маблағҳои ҳангуфт ба муштариён аз хориҷиҳо маблағҳои калонро гадоӣ мекардааст. Охиран мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар дар асоси аризаи шаҳрвандон ҷиноятҳои калони Муҳаммадиқболи Садриддинро ошкор кард, ки ў бояд дар назди қонун ҷавоб гўяд. Раддияву гузоришҳои ғайрирасмии ӯро мо, ҷавонон, маҳкум намуда, аз ҷабрдидаҳо ва кормандони Прократураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш менамоем, ки изҳоротҳои ӯро беасос ба инобат гиранд.

Шамил Назарзода,
сокини шаҳри Хуҷанд

Читать далее

РОҲИ ИНТИХОБКАРДАИ ТТЭ ҲНИ ХИЁНАТКОРИСТ

Ҳоло дар шабакаҳои иҷтимоӣ Муҳиддин Кабирӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин, Шарофиддин Гадоев бо матлабҳои худ боз ҳам бо тӯҳмату бӯҳтон дар ҳаққи ватани худ машғуланд.

Ин хоинони миллат ҳама шаҳрвандони кишварро мисли худашон пиндошта, кӯшиш доранд, фазои иттилоотиро бо дасисаҳо пур кунанд ва зиндагии осоиштаи мардумро ноором намоянд. Аммо, он гуноҳҳое, ки онон содир намудаанд, дер ё зуд ба сарашон фоҷиаҳои нохуш меорад. Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳоло тинати ин шахсиятҳоро ҳама шинохтаанд, чеҳраҳои аслии ононро дидаанд, ки ҷуз хиёнат ба ватан дигар амале надоранд. Дар шабакаҳои иттилоотӣ ин афрод он қадар фаъол шудаанд, ки гӯё бе ҳузури онҳо ҳаллу фасли масъалаҳои номумкин бошад. Онҳо худро ватандӯст нишон дода, хоҷагони хориҷиашонро бар он бовар кунонданӣ ҳастанд, ки онҳо муборизи роҳи озодӣ мебошанд.

Имрӯз ин тоифа дасисабозтарин афрод мебошанд, ки бо қаллобиҳояшон мехоҳанд худро мусичаи бегуноҳ нишон диҳанд. Вале аллакай мардуми кишвар онҳоро чун хиёнаткор мешиносад.

Мардуми сарбаланди тоҷик хатои шуморо намебахшад. Роҳи интихобкардаи шумо роҳи терроризм, экстремизм ва ифротгароист. Сокинони кишвар, бахусус ҷавонон аз пайравӣ ба шумо худдорӣ мекунанд, зеро ниқоби шумо афтодаву чеҳраи асли шумо ошкор гаштааст ва мардум зиракии сиёсиро аз даст надода, ба дасисаҳои шумо фирефта намешаванд..

Шаҳрзоди Баҳор,
устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

Нотавонбинии наҳзатиён

Барои нафаре, ки заррае ҳисси ватандӯстӣ дорад, он гузаштҳое, ки баъди баимзорасии Созишномаи истиқрори сулҳ ба намояндагони ҳизби наҳзат дода шуд, дарси ибрати худогоҳию хештаншиносӣ бояд мебуд. Аммо, бархе аз нафарони нопоку иғвогарро ин дарсе нашуду онон имрӯз дар кишвароҳои бегона паноҳ бурда, то ҳанӯз бо амри хоҷагони маблағгузорашон аз амалҳои нобакоронаи палидашон даст накашидаанд.

Бинобар ин, зарур шуморида шуд, ки ба мардуми оддӣ ҳамаи ҳақиқати ҳоли амалҳои нопоку муғризонаи наҳзатиёни ифротӣ таҳти саробонии Муҳиддин Кабирӣ тавассути филми мустанади “Хиёнат” намоиш дода шавад. Далелҳои қотеъи филм исбот менамоянд, ки Кабирию обсофкунакҳояш М.Садриддин, Салимпуру Истаравшанӣ ва дигарон ба амалҳои аблаҳонаи ғайриқонунӣ ва дастнигарии хоҷагони хориҷӣ вобастагии қавӣ доштаанд. Филми номбурда он қадар кирдорҳои ҷинояткоронаи наҳзатиро ифшою ошкор кард, ки дар фаъолияти ТТЭ ҲНИ пайдо кардани аъмоли нек ғайриимкон аст.

Наҳзатиён бо он дараҷае кӯрнамаку намакзадаву ватангадоанд, ки бо супориши хоҷагони аҷнабӣ то ҳол нисбат ба сӯи кишвари худ сангандозӣ менамоянд. Худи онон, ки ба ободии Ватани аҷдодӣ заррае саҳм нагузоштаанд, ба ободкориву созандагии муваффақонаи мардуми диёр эрод мегиранд. Ҳол он, ки Ватану виҷдон ба хоҷагонашон фурӯхтаанду  лӯхтаки дасти онон шуда мондаанд.

Ҳайфи номи инсониву нону оби Тоҷикистони биҳиштосо, ки ононро дар оғӯши табиати нотакрораш ба воя расонидааст.

М. Собиров,
дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

Баҳс миёни мухолифин ба ҳадаф нарасид

Давлате, ки соҳибистиқлол гардидаасту ба пешравию таракқиётҳои бузург ноил гаштааст, имрӯзҳо дар атрофи он шахсони бадхоҳ ва душманони миллат  пайдо мегарданд, ки ба таҳлилу баҳодиҳии худсарона оғоз медиҳанд.

Сиёсатмадорони сатҳи байналмилалӣ ҳодисаҳои сиёсии давлатҳои дигарро  таҳлил ва баҳогузорӣ менамоянд, ҳоло он ки таҳлил намудан, баҳо додан, дахолат кардан ба корҳои дохилии давлатҳои дигар аз рӯи меъёрҳои ахлоқ ва ҳуқуқ нораво мебошад. Сиёсатмадорон баъзе фикру андешаи худро баён менамоянд, ки умуман ба мантиқ, ба воқеият, ба ақли солими инсони комил ва беғараз мувофиқат намекунад, зеро фарқ миёни таърихи ба дастоварии истиқлолияти давлатӣ, рӯзҳои аз сар гузаронидаи мардум, муносибати роҳбарияти сиёсии кишварҳо ва муҳимтар аз ҳама эътиқод ва эътимоди аҳолии кишвар ба президентҳои худ аз замин то осмон мебошад. Новобаста аз ҳама баҳси онлайнӣ миёни Муҳиддин Кабирӣ ва Додоҷон Атовуллоев наметавонад фикру ақидаҳои эшонро нисбати давлати пешрафти Тоҷикистону сарвари он дигар намояд. Баҳси рӯ ба рӯ ва кушодаи ин ду чеҳра дар расонаҳо  ба мардуми тоҷик то чи андоза душмани халқу пешраҷти миллат буданашонро шиносонид.

Имрӯз  тамоми шароит барои  рушди ҷомеа ва  истеҳсолот, ғамхорӣ дар ҳаққи олимони ҷавон ва корҳои зиёде дар ин самт  гувоҳи  гуфтаҳои болост. Дар ҳар давру замон барои рушду пешрафти ҳар миллат фарзандони барӯманду фарзонааш нақши мондагоре аз хеш боқӣ мегузоранд.

Мирзоҷонова М.Қ. – н.и.ф., дотсент, мудири
кафедраи забони англисии ДДҲБСТ

Читать далее

МАРДУМИ ТОҶИК ИМРӮЗ САФЕДРО АЗ СИЁҲ ФАРҚ КАРДА МЕТАВОНАД

Дар шабакаи иҷтимоӣ сабти гуфтугӯи роҳбари ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ бо маъшуқааш аз ҷониби рӯзноманигор Дадоҷони Атовуллопахш карда шуд. Гӯш кардани гуфтугӯи М.Кабирӣ бо як зан, модари тоҷик шахсро ба тааҷҷуб меорад ва маломаташро нисбати ин мард ва ҳизби ифротиаш боз ҳам бештар мекунад.

Дар сатҳи паст будани ахлоқи наҳзатиёнро аз филми мустанади “Хиёнат”, ва дигар навиштаву гуфтаҳо шунида будем, аммо то ин дараҷа берун аз одобу ахлоқи инсонӣ аз ҷониби як нафар шахсе, ки худро сиёсатмадор, ватандӯсту ҳомии дину диёнат ва ислом меҳисобад, суҳбат карданашро акнун донистем.

Бонуе, ки бо Кабирӣ суҳбат менамояд, тамоми сирру асрори ӯро фош намуда, дар бораи пулу пайса ва долларҳое, ки аз хоҷаҳои хориҷиаш мегирад ва ба кадом мақсад сарф мекунад, баён кардааст.

Кабирӣ  ин сӯҳбати худ ва ба кирдору амалҳояш иқрор шуда, бори дигар тинати аслӣ, ахлоқу одоби худро ифшо намуд.   Ин рафтору амали Кабирӣ даъвоҳои пучу бемаънӣ ва бепояи ӯро дар бораи масъулият, одоб, ахлоқ, дину диёнат ва дигар “насиҳатҳо ва роҳнамоиҳояш” ба мардум, хусусан ҷавонон собит намуд.

И. Ҷабборов,
омӯзгори ДДХ

 

Читать далее