09 November 2020

Таҷлили Рӯзи милитсияи тоҷик

9 ноябри соли 2020 дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии маркази вилоят ба муносибати Рӯзи милитсия ҷамъомади тантанавӣ доир шуд, ки дар он Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок ва суханронӣ намуд.

Раиси вилоят ҳамаи кормандони мақомоти корҳои дохилии вилоятро ба Рӯзи кормандони милитсия табрик гуфта, ба онҳо тансиҳативу хонаободӣ, саодату сарбаландӣ ва дар иҷрои рисолати бошарафу пурифтихор барору комёбиҳо орзу кард.

Читать далее

Ноҳияи Ҷаббор Расулов нақшаи истеҳсоли пахтаро иҷро намуд

Рӯзи 8 ноябр заркорони ноҳияи Ҷаббор Расулов нақшаи истеҳсоли пахтаро иҷро намуданд.

Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Тоҳир Қудратзода “Муждаи зафар”-ро ба Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода расонида, иттилоъ дод, ки пахтакорони ноҳия то ба санаи 8 ноябр 12254 тонна пахтаро ба хирман супориданд, ки ба 100,1 дарсади нақша баробар аст.

Читать далее

Баргузории ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳрҳои саноатии вилоят

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои истроҳатии 7 ва 8 ноябр дар маркази вилоят ва шаҳрҳои саноатии Гулистон, Бӯстон ва Истиқлол ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карда шуд.

Ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ташкил ва дар он анвои гуногуни маҳсулот бо нархҳои нисбатан арзон пешниҳоди сокинон гардид.

Читать далее

Роҳи раҳоӣ - риояи қоидаҳои беҳдоштӣ

Имрӯз сабаби асосии афзоиши бемории сироятии COVID-19 дар саросари ҷаҳон ба тарзи бояду шояд риоя нашудани қоидаҳои беҳдоштӣ арзёбӣ мешавад. доштӣ арзёбӣ мешавад. Бо вуҷуди талошҳои зиёди мутахассисон роҳи раҳоӣ аз ин беморӣ то ҳол пайдо нашудаааст.

Таҳлилгарон бар ин ақидаанд, ки бо риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдоштӣ метавон аз афзоиши вируси ҳамагир пешгирӣ кард. Риояи фосилаи ҳатмии байниҳамдигарӣ, ниқоби тиббӣ пӯшидан, бо собун тез-тез шустушӯ намудани дастон, фориғболу беаҳамият набудан, ба тозагии муҳити гирду атроф ва муҳити хеш аҳамияти ҷиддӣ додан моро аз гирифтор шудан ба ин беморӣ эмин нигоҳ дошта метавонад.

Ҷиҳати ба шаҳрвандони вилоят фаҳмонидани ин ҷузъиёти муҳим аз ҷониби ихтиёриён ва масъулони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд корҳои назаррас иҷро шуда истодааст. Дар ин робита дар тамоми шаҳру ноҳияҳо силсилаи корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуда, дирӯз дар Коллеҷи тиббии шаҳри Исфара вохӯрии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара дар мавзӯи пешгирии бемориҳои сироятӣ қоидаҳои беҳдоштӣ баргузор гардид.

Тарғиботчиёни ҳизб дар шаҳри Гулистон низ ин нуктаҳоро ба инобат гирифта, барои амалӣ намудани қарору дастуруламалҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ ҷиҳати пешгирии бемориҳои сироятӣ дар байни сокинони шаҳру шаҳракҳо мунтазам корҳои фаҳмондадиҳиву тарғиботиро гузаронида истодаанд. Ҳамчунин, кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Точикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, тибқи нақшаи тасдиқгардида баҳри пешгирии касалии сироятии коронавируси навъи «COVID – 19» бо усули хона ба хона ва кӯча ба кӯча дар Ҷамоати шаҳраки Меҳробод вохӯрӣ баргузор намуданд.

Дар ин сӯҳбатҳои сарироҳӣ ба сокинон бори дигар қоидаҳои беҳдоштӣ, риояи реҷаи ниқоббандӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, нигоҳдории фосилаи иҷтимоӣ, тоза кардани дастон бо собун ва маводи зиддиуфунӣ ёдрас шуда, таъкид шуд, ки айни замон воситаи эмин мондан аз сирояти бемории вогири коронавирус риояи ҳамин қоидаҳои оддӣ ва дастрас аст.

Дар сӯҳбатҳо ба омодагии оилаҳо ба фасли зимистон, захира намудани маводи хӯрока,аз ҷумла ғалла, меваю сабзавот дар шакли тару тоза ва консервонида таваҷҷуҳ зоҳир шуд.

Сурайё ҲАКИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

БО ПЕШВОИ МИЛЛАТ ИФТИХОР МЕКУНЕМ!

Рушд ва такомули ҷомеаи башарӣ дар ҳар давлати алоҳида раванди ба худ хосаро касб менамояд, ки вобаста ба он пойдорӣ ва устувории рукнҳои давлатдорӣ таҳким меёбанд. Тавъам ба чунин раванд эълон гардидани маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оғоз ёфтани интихоби номзадони арзанда ба ин мансаби олии давлатӣ шаҳодати мавҷуд будани меъёрҳои демократӣ дар кишвари азизамон мебошад. Алалхусус, аз ҷониби ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ пешниҳод гардидани номзадон инъикоси ақидаи воқеъии ҷомеа буда, ҳар як шаҳрванди комилҳуқуқ метавонад, дар он озодона ибрози андеша намояд.

Хурсандиовар аст, ки аз ҷониби Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқи касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон номзадии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин мансаби олии давлатӣ пешниҳод гардид. Зеро талошҳои пайваста, иродаи қавӣ, матонат ва сиёсати хирадмандонаи ин шахсияти арзанда буд, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол сулҳу салоҳ пойдор гардид, иқтисодиёт пешрафта ва ҷомеа орому осуда баҳри меҳнати суботкорона сарҷамъ шудааст.

Таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ тавассути кордонӣ, манфиатхоҳии миллӣ ва дигар хислатҳои наҷиби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи нав ва хеле баланд қарор гирифтааст. Хусусан, ба сифати асосгузори дипломатияи байналмилалӣ дар соҳаи об эътироф гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бевосита алоқаманд буда, аз иқдомҳои шоиста, инсондӯстона ва дурандешонаи он кас, аз қабили “Соли 2003 – Соли оби тоза”, Даҳсолаи байналмилалии амалиёт “Об-барои ҳаёт” давоми солҳои 2005-2015, ”Соли 2013-соли ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи об” ва “Даҳсолаи байналмилалии амал Об-барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” сарчашма мегирад. Зеро дар муддати 29 соли соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбари Пешвои муаззами худ тавонист истиқлолияти сиёсии худро дар байни 161 кишвари ҷаҳон муаррифӣ намуда, бо 126-тои онҳо муносибатҳои дипломати баставу, аъзои 51 созмонҳои минтақавию байналмилалӣ гардад.

Имрӯз тамоми шаҳрвандони кишвар ифтихорманданд, ки чунин сарвари оқилу доно, дурандеш, ғамхор доранду дар зери сиёсати адолатпарварона сарҷамъ омадаанд. Санаи 30-юми октябри соли 2020 ҳар яки мо шоҳиди савгандёдкунии Сарвари давлат гардидем, ки бароямон як руҳияю илҳоми нав барои гузоштани қадамҳои устувор барои комёбиҳои навин мебошад. Аз ҳама сухани пуртаъсири Сарвари давлат ҳангоми савганд ёд кардан, ки дар мағз мағзи қалби ҳар як шаҳрванди кишвар ҷо ёфтаву оташи меҳри ватандориро дубора дар қалби мо бедор намуд, “Ман ҳамон Эмомалӣ Раҳмон ҳастам” гуфтани Сарвари давлат буд. Зеро ин сухани Сарвари давлат барои мардуми шарифи Тоҷикистон такягоҳ ва пуштибони тоҷикон будани он нафар, дар тамоми лаҳзаҳо ҳамроҳи халқи худ буданро ифода менамояд, ки ин моро барои ояндаи дурахшони Тоҷикистони маҳбубамон ва зиндагии осудаи халқи азизамон умедвориву дилпурӣ мебахшад, эътимоди моро барои фардои орому босуботи давлат боз ҳам қавӣ мегардонад. Сарвари давлат иброз намуданд, ки: “Ман аз хурду бузурги Тоҷикистон муҳаббату самимият ва меҳрубонии ниҳоят зиёд дидам ва ба халқи азизу меҳрубонам шабу рӯз, содиқона, бо виҷдони пок, дасту дилу нияти нек ва бо тамоми ҳастӣ хизмат мекунам”.

Мо, сокинони Тоҷикистон бо Сарвари худ ифтихор менамоем ва дар атрофи Пешвои миллат ҳамеша сарҷамъ ва бо Пешвои миллатем.

 Самандар РӮЗИЕВ,
устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

Раҷаббой Аҳмадзода иштирокчиëни барқароркунии сохти конститутсиониро аëдат кард

6 ноябр, дар Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода як қатор собиқадорони меҳнатро аëдат кард.

Раиси вилоят нахуст сокини шаҳри Бустон, иштирокчии барқароркунии сохти конститутсионӣ Ҷумъахон Раҳимовро аëдат кард. Ҷумъахон Раҳимов солҳои зиëд дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолият бурда, айни замон нафақахур мебошад. Хизматҳои арзандаи мавсуф бо медалу ифтихорномаҳо қадрдонӣ шудааст. Раиси вилоят ҳини суҳбат бо Ҷумъахон Раҳимов таъкид кард, ки хизматҳои собиқадорон доимо аз тарафи Ҳукумати мамлакат қадр карда мешавад. Номбурда барои ҳусни таваҷҷуҳ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуд.

Читать далее

Зафармандони Конибодом нақшаи истеҳсоли пахтаро иҷро намуданд

5 ноябри соли равон кишоварзони шаҳри Конибодом аз иҷрои нақшаи истеҳсоли пахта гузориш доданд.

Муовини раиси шаҳр Фирдавс Ëдгорӣ нимаи дуюми рузи 5 ноябр "Муждаи зафар"-ро ба Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода расонид.

Бояд зикр кард, ки заркорони Конибодом имсол дар 6002 гектар пахта кишт намуда буданд. Нақшаи истеҳсоли пахта мувофиқи шаҳр 13300 тонна муқаррар гардида, то имруз нақшаи пешбинишуда 100,1 дарсад иҷро гардид.

Читать далее