10 November 2020

Выступление на заседании Совета глав государств-членов Шанхайской организации сотрудничества в формате видеоконференцсвязи

Уважаемый господин Председатель,
Уважаемые коллеги и главы делегаций!

Прежде всего, хотел бы выразить признательность Президенту Российской Федерации Владимиру Владимировичу Путину за организацию сегодняшнего заседания.

Читать далее

ПАЁМИ ШОДБОШИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи милитсия

09 ноябри соли 2020

Муҳтарам кормандон ва хизматчиёни мақомоти корҳои дохилӣ!

Солгарди навбатии ҷашни таъсисёбии мақомоти милитсяи тоҷик дар замоне таҷлил мегардад, ки Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ бисту нуҳ сол инҷониб дар қатори кишварҳои мутараққии ҷаҳон ба сӯи рушду тараққиёт бо қадамҳои устувор пеш меравад.

Дар ин давра бо кӯшишҳои пайвастаи ҳамаи аркони давлатдорӣ, аз ҷумла дар натиҷаи фаъолияти содиқонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқҳаёти мардуми кишвар дар фазои орому осоишта ва суботи комили сиёсӣидома дорад.

Читать далее

ПАДИДАҲОИ НЕК - БАШОРАТИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН

Дар тӯли 30 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми шаҳру навоҳии вилоят ободкориву созандагӣ бо маром ҷараён дорад. Истиқлол бо нуру зиёи худ ба диёри азизи мо қадами файзбор ниҳод, ки дар як муддати кӯтоҳ тамоми минтақаҳои кишвар ободу зебо гардиданд. Ноҳияи Ашт аз қабили онҳост. Вақте ки вориди ин гӯшаи биҳиштосо мешавед, аён мегардад, ки дар ҳақиқат ободкорию созандагӣ бомаром ҷараён дорад. Ба ғайр аз меҳнати суботкоронаи мардум боз табиати афсункори ин диёри афсонавӣ касро чун оҳанрабо ба сӯи худ мекашад. Аз дастовардҳои мардум ин маҳал ҳар рӯзу ҳар моҳ симои худро дигар мекунад, инсон неруву илҳоми тоза мегирад.

Дар ноҳия бунёди як қатор биноҳои маъмурӣ, муассисаҳои табобатию мактабу боғчаҳои кӯдакона, варзишгоҳҳои замонавӣ, иншооти фарҳангӣ – фароғатӣ қомат афрохта, барои дар рӯҳияи хештаншиносӣ тарбия намудани аҳли ҷомеа мусоидат менамоянд. Мухбири рӯзнома тасмим гирифт, ки оид ба ободонию бунёдкорӣ ва созандагии мардуми ноҳияи Ашт бо раиси ноҳия Зариф Мирдадо суҳбате орояд.

- Алҳол омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми минтақаҳои кишвар босуръат ҷараён дорад. Мегуфтед, ки мардуми сарбаланди Ашти Калон бо чӣ дастовардҳо ба ин санаи муборак омодагӣ мебинанд?

- Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри омодагӣ ба ин санаи фархунда тамоми чораву тадбирҳоро андешида истодааст. Тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда, ҷиҳати омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нӯҳ моҳи соли равон дар ҳудуди ноҳия як қатор корҳои созандагиву ободонӣ ба сомон расонида шуданд. Дар асоси нақшаи чорабиниҳои тасдиқнамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бахшида ба ин ҷашни бузурги давлативу миллӣ бунёд ва мавриди истифода қарор додани 301 иншооти мухталиф пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, соли 2020 дар асоси нақшаи тасдиқшуда, дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ, бунёди 48 иншооти мухталифи хоҷагии халқ ба нақша гирифта шудааст. Дар ин муддат бо истифодаи ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ дар ҳудуди ноҳия дар 41 иншоот сохмон, таъмир ва азнавсозӣ, корҳои ободониву созандагӣ ба маблағи умумии 28956,3 ҳазор сомонӣ ба анҷом расонида шуданд.

Бунёди мактаби миёнаи умумии рақами 65 барои 800 нафар хонанда, сохтмони бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 7 барои 480 толибилм сохтмони бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 25 барои зиёда 1200 нафар хонанда идома дорад.

Ҳамзамон, бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 36 барои 1200 хонанда дар ду баст сохта шуда, санаи 15 - уми сентябри соли 2020, зимни сафари корӣ ба ноҳия аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шуд. Бояд зикр намуд, ки ҳар як сафари Сарвари давлат ба ноҳияи Ашт соли дастовардҳову бунёдкориҳост.

Ҳини сафарҳои кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ашт чандин корхонаву муассисаҳои фарҳангиву фароғатӣ, корхонаҳои саноатӣ сохта, ба истифода дода шуданд. Имрӯз низ мардуми ноҳияи Ашт ба таассуроти нек аз сафарҳои Сарвари давлат дар рӯҳияи созандагиву ободкорӣ фаъолият намуда, баҳри боз ҳам ободу зебо намудани маҳалли хеш кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

- Саноатикунонии босуръат ҳадафи чоруми стратегии кишвар маҳсуб меёбад. Дар ин ҷода дар ноҳияи Ашт кадом корҳо ба сомон расонида шуданд?

- Дар ноҳия бо мақсади татбиқи амалии вазифаҳои барномавии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, инчунин эълон гардидани саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ амалӣ гардидани нақшаи гузариши иқтисодиёти кишвар аз шакли аграрӣ-индустриалӣ ба индустриалӣ-аграрӣ, барои таъмини рушди минбаъдаи соҳаи саноат, таъмини фаъолияти бомароми корхонаҳои саноатӣ, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти соҳавӣ ва таъсиси корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ, бо истифодаи имконияту захираҳои мавҷуда мунтазам чораву тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида истодаанд.

Дар тӯли нӯҳ моҳи соли 2020 мувофиқи ноҳия дар соҳаи саноат ба маблағи 140 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки нисбати нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2019-ум 6,5 миллион сомонӣ зиёд буда, афзоиши истеҳсолот ба 104,8 фоиз таъмин гардид. Дар ин давр ҳамаи 13 корхонаю коргоҳҳои саноатии шаклҳои гуногуни моликият фаъолият намуданд ва аз онҳо 10 корхонаву коргоҳҳо нисбат ба ҳамин даври соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро зиёд намуданд. Дар давраи муқоисавӣ суръати афзоиши истеҳсолот дар ҶДММ «Рахшона», ҶДММ « Пайванд ва Дӯстон», ҶСП “Марҳамат”, КИ «Зарнигор», ҶДММ “Аштфрут”, ҶСК «Матбааи Ашт» ва ҶДММ “Иброҳим” 100 фоиз таъмин гардидааст. Дар ин давра дар соҳаи саноат 6542 тонна намаки ошӣ, 2559,7 тонна нахи пахта, 2523,8 тонна чигит, 366,8 тонна равғани растанӣ, 99 тонна пахтаи кӯрпабоб, 586,7 тонна нону маҳсулоти нонӣ, 1342,5 ҳазор хишти сохтмонӣ, 4348,8 метри мураббаъ дару тиреза истеҳсол карда шудааст.

Дар муқоиса ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2019 истеҳсоли нахи пахта – 405,4 тонна, равғани растанӣ – 127,1 тонна, дару тиреза – 785,2 метри мураббаъ зиёд шудааст. Бо мақсади ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти ба рақобат тобовар ва ба содирот мувофиқ дар соҳаи саноати ноҳия давоми солҳои охир як қатор корҳо оид ба таъсиси коргоҳҳои бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳазбуда ба сомон расонида шудааст. Аз ҷумла, дар ҶСК “Кони намак” бо мақсади рушди минбаъдаи корхона, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти баландсифату ба рақобат тобовар коргоҳи намакистеҳсолкунӣ бо усули буғронӣ бо васли таҷҳизотҳои хориҷӣ бунёд гардидааст.

Дар ин коргоҳ истеҳсоли намаки ошии навъи “Экстра” бо усули муосири буғронӣ ба роҳ монда шудааст, ки барои содирот намудан ба хориҷи кишвар имконият медиҳад. Бо мақсади таъмини рушди минбаъдаи иқтисодиёти ноҳия, барои таъсис додани корхонаву коргоҳҳои нави истеҳсолӣ бо истифодаи захираҳои дохилӣ мунтазам чораҷӯӣ карда шуда истодааст. Дар ин муддат бо истифодаи имконияту захираҳои дохилӣ дар ноҳия чор корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ташкил карда шудаанд.

Дар Ҷамоати шаҳраки Шайдон аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ коргоҳи истеҳсоли хишти сементӣ ташкил карда шуд, ки иқтидори истеҳсолии он 30 ҳазор дона дар як сол буда, 6 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардиданд. Дар маркази ноҳия аз тарафи соҳибкори ватанӣ корхонаи коркарди сангҳои табиӣ – ҶДММ «Меҳри Хуҷанд» бо иқтидори солонаи 3 ҳазор метри мураббаъ ва бо таъсиси 20 ҷойи корӣ бунёд карда шуд. Дар Ҷамоати деҳоти Ошоба аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ коргоҳи дӯзандагӣ – ҶДММ «Азизи нур» бунёд карда шуда, 6 нафар шаҳрванд бо ҷойи кор таъмин гардиданд.

Дар Ҷамоати деҳоти Ошоба бо дастгирии бевоситаи соҳибкори маҳаллӣ коргоҳи истеҳсоли афшураи мевагӣ ҶДММ “Агро Ашт” бо истифодаи таҷҳизоти муосири хориҷӣ бунёд карда шуд, ки иқтидори истеҳсоли он 2 тонна афшура дар як шабонарӯз буда, 8 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи корӣ таъмин шуданд.

Боиси қайд аст, ки коргоҳи мазкур бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари кориашон ба ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бо назардошти захираҳои воситаҳои истеҳсолии табиӣ (канданиҳои фоиданок, пахта, меваҳои гуногун, қувваи корӣ) дар ноҳия бунёд намудани корхонаҳои коркарди ашёи табиии маҳаллӣ (санги хоро) ва пахтаву мевагиҳо ба мақсад мувофиқ мебошад.

- Бобати беҳтар шудани вазъи зиндагӣ дар деҳот, фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ ва беҳдошти ҳолати ёдгориҳои таърихӣ дар ноҳия чи андеша доред? ҳои таърихӣ дар ноҳия чи андеша доред?

- Дар ноҳия 59 муассисаи фарҳангӣ фаъолият доранд, ки аз онҳо 29 китобхона, 18 клуб, 6 қаср ва хонаи фарҳанг, 1 осорхона, 1 мактаби рассомии бачагона, 1 мактаби санъати бачагона, 1 муассисаи давлатии вилоятии “Театри мусиқӣ-драмавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов”, 1 боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов, 1 майдони Парчами давлатӣ, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 15 - уми сентябри соли 2020 ифтитоҳ гардид, ба аҳолии ноҳия хизмат мерасонанд, 33 ёдгории таърихӣ, табиӣ ва меъморӣ мавҷуд аст.

Ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, бахусус ёдгориҳои таърихии ноҳияи Ашт, аз қабили Қалъаи Афросиёб, Ҳаштсаҳоба,Тӯдаҳои Калону Хурд, як силсила қабристонҳои тоисломӣ ва тасвирҳои рӯисангии шаҳраки Шайдон, деҳоти Даҳана, Понғоз, Ашт, Пискокат, Саро ва Мулломир то ба андозае ҳифз ва обод гардида истодааст. Бояд зикр намуд, ки дар ҳақиқат ҳам ноҳияи Ашт бо табиати афсункору ҷойҳои таърихии худ шӯҳрати бемисл дорад.

Имрӯзҳо барои боз ҳам муаррифӣ намудани санъати миллӣ, дар ёдгориҳои таърихие, ки дар ноҳия вуҷуд доранд корҳои азнавбарқароркунӣ ва ҳам тармиму тамрин рафта истодааст. Ин ёдгориҳои таърихӣ имрӯз муаррифгари ҳам манзараҳои зебо ва табиати нотакрори диёри биҳиштосои мост. Имрӯз аз дирӯза бештар таваҷҷуҳи мардум барои барқарор намудан, ҳифзу гиромӣ доштани мероси гузаштагонамон равона карда шудааст.

Ташаккур барои суҳбат!

Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

ЁДГОРИҲОИ МЕЪМОРӢ ВА ТАЪРИХИИ ДЕҲАИ САНГИСТОН

Ноҳияи Айнӣ аз ҷумлаи калонтарин навоҳии кишвар ба шумор рафта, ин сарзамини бостонӣ таърихи куҳан ва мавзеъҳои зиёди таърихиву меъморӣ дорад. Чун ноҳияи кӯҳистон ин минтақаи кишвар таваҷҷуҳи на танҳо сайёҳони дохилӣ, балки меҳмонони хориҷиро ба хеш ҷалб сохта, ҳамасола ҳазорҳо меҳмонон ин ҷойҳои таърихиро зиёрат менамоянд.

Деҳаи Сангистон яке аз деҳаҳои зебоманзари Айнӣ буда, дар ин деҳа низ ҷойи муқаддас зиёд аст. Маъмултарини онҳо мазори Мавлоно Шамсиддин Муҳаммади Хатиб, мазори Мавлоно Муҳаммад Алӣ (Мардони Ғайб), мазори Улус-хотун, мазори Аҳмадхони Шаҳид, Масҷиди Идайн ва қадамҷойҳои ҳазрати Мулло мебошанд. Роҷеъ ба ин мавзеъҳои таърихиву сайёҳӣ фарзанди ин деҳа, олим Сабур Носиров дар китоби “Деҳаи зебои Сангистони ман” (Душанбе: Эр-граф, 2017) маълумоти ҷолиб пешниҳод кардааст, ки порае аз онро пешкаши хонандагон месозем.

Воқеан ошноӣ бо чунин мавзеъҳои диданӣ ва тарғибу ташвиқу онҳо имкон медиҳад, ки сайёҳони дохилӣву хориҷиро ба тамошои мавзеъҳои қадимии деҳаҳои дурдасти кӯҳистон ҷалб созем. Мазори Мавлоно Шамсиддин Муҳаммади Хатиб дар мавзеи Лангари деҳа, дар масири роҳи Фалғару Масчоҳ ҷой гирифтааст. Мардуми маҳаллӣ Мавлоно Шамсиддин Муҳаммади Хатибро бо номи Мавлоно Алоуддини Балогардон низ ёд мекунанд. Мазор дар гуфтори мардум ҳазрати Лангар ҳам ном бурда мешавад. Мазор аз гӯрхона, хонақоҳ, ки имрӯз ба сифати масҷид истифода мешавад ва айвони дутарафа иборат аст. Як тарафи айвон рӯ ба ҷониби шимол ва тарафи дигари он рӯ ба ҷониби шарқ аст. Аз ҳар ду тарафи айвон ҳам тавассути дар ба хонақоҳ медароянд. Абдураҳмони Мустаҷир дар китоби худ «Рӯзномаи сафари Искандаркӯл» дар бораи мавзеи Лангар ва мазори Мавлоно Шамсиддин Муҳаммади Хатиб чунин менависад: «… ба ҷое расидем, ки Мазори Лангар мегӯянд. Ҷои баландӣ мебошад. Баромада дидем, ки номи он бузургворро Мавлоно Шамсиддин Муҳаммади Хатиб мегуфтаанд, ки муддати чаҳорсаду чиҳилу панҷ сол пеш фавтидаанд. Дар он ҷой қӯрғони кӯҳнае будааст, ки дар замони ҳазрати бузургвор обод будааст. Дар он ҷо масҷиде будааст ва Мавлоно дар он хатиб будаанд, ки алҳол вайрон шудааст.

Ҳазрати бузургвор хонақоҳе доранд, ки дар пеши он ду дарахти қайроғоч мисли хонаи сиёҳ мебошад. Дар он ҷой чаҳорбоғе доштаанд, ки дарахтони зардолу ва шафтолу ва себу тут ва олуча дорад». Сафари Абдураҳмони Мустаҷир ба водии Зарафшон соли 1870 сурат гирифтааст ва «Мавлоно муддати чаҳорсаду чилу панҷ сол пеш фавтидаанд» гуфтани ӯ ба соли 1425 рост меояд. Вале донишманди тоҷик Ҳамза Камол дар рисолаи худ «Мазорҳои Шимоли Тоҷикистон» бо истинод ба ҳаккокии таърихи вафоти Мавлоно Муҳаммади Хатиб дар қайроқе, ки аз деҳаи Сангистон ёфт шудааст, санаи фавти бузургворро 11 феврали соли 1441 муайян намудааст.

Ҳамза Камол дар ҳамон рисоле, ки дар боло ёд шуд зимни тавсифи мазори Мавлоно Шамсиддин Муҳаммади Хатиб ҳамчунин менависад, ки «Мавлоно Шамсиддин Муҳаммади Хатиб гӯё аз бастагони Шайх Абулқосими Гургонии мадфун дар рустои Урметан будаанд». Мазори Мавлоно Муҳаммад Алӣ, ки миёни мардум бо номи Мардони Ғайб (дар талаффузи мардуми маҳаллӣ Майдуни Ғайб) ҳам маъруф аст, дар наздикии мавзеи Кораки деҳаи Сангистон воқеъ гардидааст. Дар тавсифи ин мазор муаррихи тоҷик Р. Муқимов нигоштааст: «Ёдгории меъморӣ дар деҳаи Сангистони райони Айнӣ аз гӯрхонаи росткунҷашакл иборат аст. Айвонаш рӯ ба ҷониби шарқ. Девори бино аз хишти хом буда, бо коҳгил андова шудааст. Шифташ чӯбкорист. Азбаски пойдевораш дар чуқуртари замин ҷой гирифтааст, аз намӣ қисмҳои чӯбӣ ва поёнии худи девор осеб дидааст. Шифт бо ягона сарраваш ба сутуни марказӣ ва ду такяи чӯбии бошадор бардошта шудааст. Сағона дар самти шарқии гӯрхона воқеъ аст. Тавассути дар ба айвони нимкушод мебароянд.

Нақшу ороиши бошаҳо ҷолибанд, ки дар шакли сари махлуқи тахайюлии шохдоре иҷро гардидаанд. Чуқурчаҳои боша ба он далолат мекунанд, ки замоне шифти ин бино боз ҷузъҳои дигар ҳам доштааст. Нақшҳои ниҷвони кандакорӣ услуби наққошии асрҳои VIII-VII-ро ба хотир меоваранд. Дар ин ҷо рӯйкаши гилие пайдо кардаанд, ки дар он осори хатти кӯфӣ ба назар мерасад». Бошаҳои ин ёдгорӣ бо кӯшиши академик А. Мухторов ба Душанбе оварда шуда буданд ва ҳоло дар толори замони Сомониёни Осорхонаи миллии Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешаванд. Ба қавли куҳансолони деҳа, дар гузашта дар назди мазори Мардони Ғайб қалъае мавҷуд будааст ва вайронаҳои он то солҳои наздик ба мушоҳида мерасидааст. Абдураҳмони Мустаҷир дар ҳамин бора менависад: «Дар ҷониби рости он бузургвор қӯрғони кӯҳна ҳаст ва мӯйсафедон мегӯянд, ки аз вақти ҳазрати Искандар мондааст ва фатароти онро ҳеҷ касе намедонад, ки чанд сол шуда бошад.» Мазори Улус-хотун дар гӯшаи қабристони болои деҳа ҷойгир шудааст. Мазор аз бинои чоркунҷаи айвондори оддие иборат аст. Айвонаш дутарафа буда, як тарафи он рӯ ба самти ҷануб ва тарафи дигараш рӯ ба самти шарқ аст. Аз қисми рӯ ба ҷониби ҷануб будаи айвон тавассути дари яктабақа ба гӯрхона медароянд. Деворҳои мазор аз хишти хом буда, бо коҳгил андова шудааст. Ба қавли мардуми деҳа, Улус-хотун хоҳари Мавлоно Шамсиддин Муҳаммади Хатиб будаанд. Масҷиди Идайн ёдгории таърихиест, ки дар поёни маҳаллаи Говхӯри деҳа, дар наздикии мазори Мавлоно Муҳаммад Алӣ (Мардони Ғайб) воқеъ гардидааст ва аз деворҳои сегӯшаи дарозиашон тақрибан 2 ва баландиашон 1,5 – 1,7-метра иборат мебошад.

Дар зери замини атрофи ин ёдгорӣ деворҳои гаҷкоришуда ба мушоҳида мерасанд. Мувофиқи ривоятҳо, се девори вайронае, ки то имрӯз боқӣ мондааст, деворҳои манора ва деворҳои гаҷкоришудаи зери хок деворҳои масҷиде будаанд, ки Масҷиди Идайн (масҷиди махсус барои гузаронидани намози идҳои Фитр ва Қурбон, ки миқдори зиёде одамонро меғунҷонидааст) номида мешудааст ва бо сабабе фурӯ рафтаасту чил намозгузор зери он мондаанд. Қадамҷойҳои ҳазрати Мулло (номи аслии ин бузургвор Мавлоно Фахриддин будааст, ки мазорашон дар деҳаи Пойи Мазори ноҳия воқеъ аст ва мувофиқи ривоятҳо тақрибан 600-700 сол муқаддам ба ин маҳал омада будаанд): як қадамҷой дар маҳаллаи Говхӯр ва қадамҷойи дигар дар маҳаллаи Ширин ҷойгир шудааст. Ҳар ду қадамҷой ҳам дар доманаи кӯҳи боли деҳа, дар баландӣ ҷой гирифтаанд. Қадамгоҳи маҳаллаи Говхӯр аз маҷмӯи суфасангҳои калон ва қадамгоҳи маҳаллаи Ширин аз як санги калони дар болои ҷарӣ истода иборат мебошад.

Мувофиқи ривоятҳо, ҳазрати Мулло аз болои суфасангҳои маҳаллаи Говхӯр гузаштани рамаи гӯсфандон ва аз болои ҷарии маҳаллаи Ширин мавҷи киштзорҳои гандум ва зағери деҳаро, ки мавҷи баҳрро ба хотир меовардааст, тамошо мекардаанд. Барои адои расму таомулҳои марбут ба парастиши ин қадамгоҳҳо бо ибтикори сокини деҳа, марди хайрандеш Бахтиёри Турдӣ дар қадамгоҳи якуми ҳазрати Мулло як айвон ва бо ибтикори сокини деҳа, марди накӯкор Маҳками Шариф дар қадамгоҳи дуюми ин бузургвор хоначаи гилие бунёд гардидааст. Мардуми деҳа ба ин мазору қадамгоҳҳо, хусусан ба мазорҳои Мавлоно Шамсиддин Муҳаммади Хатиб ва Мавлоно Муҳаммад Алӣ (Мардони Ғайб) эътиқоди қавӣ доранд ва онҳоро парастиш менамоянд.

Суннати эътиқод ва парастиши ин мазору қадамҷойҳо аз ҷониби мардуми деҳа дар анҷоми расму таомулҳое чун чароғмонӣ (равшан кардани чароғ дар ҷойи чароғмони мазор бо нияти саломатӣ ва муваффақияту барори кори фарзандону наздикон), нӯкчамонӣ, назр ба сари кӯдак бо нияти саломатиаш кокул гузоштан ва бо гузашти чанд моҳ ё сол дар мавзеи мазор буз ё гӯсфандеро забҳ намуда, ба мардум зиёфат додану бо дуои неки мӯйсафедон ва бо дасти шайхи мазор қайчӣ задани кокули кӯдак), хайр (дар назди мазор бо нияти нек гузоштани як миқдор пул ё чизи дигар), қасам хӯрдан ба номи бузурворон (бо ифодаҳои «Ҳазрати Лангар занад», «Майдони Ғайб зананд») ва ғайра ифода меёбад.

Таҳияи
Сурайё ҲАКИМОВА

Читать далее

КОЛЛЕҶИ ОМӮЗГОРӢ: Роҳандозии таҳаввулот ва муносибати нав ба таълиму тадрис

Рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» тасмим гирифт, ки дар партави ташаббусҳои маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ...» ва Солҳои 2020 – 2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» аз фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят маводҳо ба нашр расонад. Инак, маводи мазкур ба инъикоси фаъолияти Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» бахшида шуда, аз дастовардҳо ва вазъи кору таҳсили устодону донишҷӯёни ин боргоҳи маърифат нақл менамояд.

БОРГОҲИ ИЛМУ МАЪРИФАТ

Ҳукумати кишвар дар радифи корҳои бунёдкориву созандагӣ ва пешравию муваффақиятҳо соҳаи маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки ҷомеа арзёбӣ намуда, дар ин раванд тадбирҳои мушаххас ва корҳои заруриро амалӣ менамояд.

Рушди ин соҳа дар такомулу густариши раванди таълиму тарбия рӯз то рӯз тақвият ёфта, шароити хуби таҳсил барои муҳассилин муҳайё гардидааст. Муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои таълимӣ бо таҷҳизоти навтарини муосир ва компютеркунонӣ шаҳодат медиҳанд, ки ҳамаи ин падидаҳои вусъатбор аз сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳанд.

Ҷомеаи меҳнатии Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” бо шукргузорӣ аз дастовардҳои беназири даврони Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ дар татбиқи сиёсати созандаи Сарвари давлат, ки меҳвари асосии онро рушди бонизоми Ватани маҳбубамон ташкил медиҳад, камари ҳиммат бастаанд. “Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳуҷҷати муҳими давлатӣ буда, дурнамои сиёсати давлатро дар ин самт муайян мекунад ва тамоюли инкишофи ин ҷиҳати аҳамияти муҳимдоштаро дар шароити муносибатҳои нави ҷамъиятӣ ба танзим медарорад. ҷамъиятӣ ба танзим медарорад. Ҷузъҳои таркибии мазмуну мундариҷаи ин ҳуҷҷат мақом, мақсад ва вазифаҳои тарбияи ҷавононро дар марҳалаи нави таърихӣ муқаррар менамояд. Раёсати Коллеҷи омӯзгорӣ инчунин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон” - ро сармашқи кори худ намуда, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ин ҳуҷҷати муҳим як зумра корҳоро ба анҷом мерасонад. Дар ин замина, баҳри сифатан беҳтар намудани кори таълиму тарбия дар тамоми ҷабҳаҳои фаъолият тасмиму талоши созанда идома доранд.

Дар муассисаи давлатии таълимӣ барои ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои мухталифи тарбиявӣ, қайди санаҳои таърихӣ, ҷашну маросими миллӣ, мулоқоту маъракаҳои сиёсию фарҳангӣ ва тадбирҳои маданию адабӣ аҳамияти калон дода мешавад. Устодон ва донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгорӣ арҷ оварданро ба дастовардҳои замони Истиқлолият, ташаккули ҳисси баланди ватандорӣ, таъмини якпорчагиву ягонагии Тоҷикистони соҳибистиқлол, таҳкими рушди давлатдории демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ваҳдати мардуми маскуни кишварро пос медоранд ва дар чорабиниҳои умумиколлеҷӣ, шаҳрию вилоятӣ фаъолона ширкат меварзанд.

АЗ ДАРИЧАИ ТАЪРИХ

Тибқи иттилои директори муассиса Кенҷазода Манучеҳра Солеҳ, Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” (собиқ Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Хуҷанд) дар асоси қарори мушовараи Комиссариати халқии маорифи РСС Ӯзбекистон аз 1 – уми феврали соли 1928 ҳамчун техникуми омӯзгории мардона таъсис дода шудааст. Бо фармони Комиссариати халқии маорифи РСС Тоҷикистон аз 27 – уми январи соли 1939 техникуми педагогии занона бо омӯзишгоҳи омӯзгории №1 ва техникуми педагогии мардона бо омӯзишгоҳи педагогии №2 сабти ном шуд.

Ибтидои моҳи марти соли 1941 бошад, бо муттаҳид гардидани ин техникумҳо Омӯзишгоҳи педагогии Ленинобод ба номи Н.К.Крупская таъсис ёфт. Бо мақсади таъмини таълими бисёрзинагӣ ва татбиқи стандарти давлатии маълумоти олии касбӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 - уми июли соли 1999 «Дар бораи ба Коллеҷи омӯзгорӣ табдил додани омӯзишгоҳҳои омӯзгории шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб» омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Хуҷанд ба Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров табдили ном кард. - Баҳри иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 – уми июли соли 1999, №262 то 10 - уми августи ҳамон сол бояд кафедраҳои мухталифи ба ихтисосҳои коллеҷ мансуббуда бо мутахассисони илмию педагогии дорои дараҷаи унвонҳои илмидошта таъмин мешуданд. Бо ин мақсад бо фармони ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз 8 - уми декабри соли 2000 дар коллеҷ кафедраҳои забон ва адабиёти тоҷик, риёзию табиӣ, таърих ва ҷомеашиносӣ, педагогика ва психология, умумимаърифатӣ ташкил ёфта, дертар кафедраҳои забонҳо ва забони англисӣ низ ба фаъолият шурӯъ намуданд, - зикр дошт Манучеҳра Кенҷазода.

Дар Коллеҷи омӯзгорӣ 16 ихтисос, аз ҷумла ихтисосҳои математика, информатика, таърих, тика, информатика, таърих, забон ва адабиёти рус, забон ва адабиёти тоҷик, забони англисӣ, адабиёти тоҷик, забони англисӣ, забон ва адабиёти тоҷик барои мактабҳои ғайритоҷикӣ, тарбияи ҷисмонӣ, таҳсилоти ибтидоӣ, ҷисмонӣ, таҳсилоти ибтидоӣ, таҳсилоти томактабӣ, биология, таҳсилоти томактабӣ, биология, тарбияи экологӣ, технология (меҳнати технологӣ, нақшакашӣ), (меҳнати технологӣ, нақшакашӣ), логопедия, география, китобхонашиносӣ ва китобшиносӣ амал мекунанд. кунанд. Ин боргоҳи таълимӣ довталабонро баъди хатми синфи 9 бо ихтисосҳои забон ва адабиёти рус, забони англисӣ, забон ва адабиёти тоҷик қабул карда, давоми се сол мутахассисонро тайёр менамояд. Ҳамчунин, курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши забонҳои русию англисӣ, информатика амал карда истодаанд.

СИФАТИ ТАЪЛИМ ВА ОМОДА КАРДАНИ КАДРҲОИ ҶАВОН

Ҳукумати Тоҷикистон ҷавононро нерӯи тавоною созанда ва пешбарандаи ҳаёти ҷомеа ва миллат ҳисобида, ҳалли мушкилоту масъалаҳои вобаста ба зиндагӣ ва таҳсилу фаъолияти ҷавононро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлат эътироф менамояд. Имрӯз на ба теъдоди донишҷӯён дар таҳсил, балки ба сифати таълим ва кадрҳои ҷавон аҳамияти махсус дода мешавад, зеро он метавонад, барои пешрафти давлат нақши босазо дошта бошад. Аз ҷониби дигар, зиёд рӯ овардани ҷавонон ба илмомӯзӣ, боз гардидани дари муассисаҳои таълимӣ барои бо ихтисосҳои гуногун соҳиби маълумот шудани мутахассисон ҷиҳати рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар нақши муҳим мебозад.

Барои пуштибонӣ ва дастгирии иқдоми бунёдкоронаи ҷавонони кишвар аз ҷониби давлату Ҳукумат тадбирҳои мушаххас амалӣ мегарданд. Дар ин замина, муҳайё намудани шароити мусоид барои ташаккули ҳамаҷонибаи ҷавонон, тарбияи хуб ва босамари насли ояндасоз, ҳидоят намудани онҳо ба роҳи дурусти зиндагӣ ва кору фаъолият, андешидани чораҳои зарурӣ баҳри аз худ намудани заминаҳои мусоид барои дар оянда ҳамчун ворисон ва меросбарони сазовори миллату халқи соҳибтамаддун ба воя расидани ҷавонон пайваста дар суханрониҳои Пешвои миллат таъкид мегарданд.

Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар самти баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа, муҳайё сохтани шароити мусоид барои таълиму тарбияи онҳо, илму касбомӯзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ дар Коллеҷи омӯзгорӣ баҳри ҷавонон тамоми шароитҳои зарурӣ муҳайё буда, барои амалӣ гардидани ташаббусҳои онҳо заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст.

ШАҲСУТУНИ ИЛМҲОИ ДУНЁ – КИТОБ

 Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳсутуни илмҳои дунёро китоб номида, дар бораи баланд бардоштани мавқеи китобхонаҳо борҳо изҳори назар кардаанд. Инчунин, дар Паёми навбатӣ қайд карда шуд, ки ҳар сол озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ...» баргузор ва он дар се самт: якум - миёни тарбиягирандагон, дуюм - таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, сеюм - байни калонсолон васеъ ба роҳ монда шавад. Дар ин замина, барои тақвият бахшидани кори китобхона ва дарёфти истеъдодҳои нав китобхона фаъолияти худро ҳамеша мувофиқи нақшаи тасдиқшуда амалӣ мегардонад.

Дар давоми сол аз рӯи нақша: намоиши китобҳои Президент, хулосаҳои библиографӣ, соли 2018 – “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, солҳои 2019 - 2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, “Даҳсолаи байналмилалии “Об-барои рушди устувор - солҳои 2018 -2028”, ташкил ва гузаронидани озмунҳо, ба монанди “Шеърхони беҳтарин”, “Китобхони беҳтарин” мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҷоиз ба қайд аст, ки дар китобхонаи Коллеҷи омӯзгорӣ давоми соли таҳсили 2019 - 2020 байни ҳашт кафедра аз рӯйи нақша озмуни “Шеърхони беҳтарин” гузаронида шуд, ки донишҷӯён аз ҳар кафедра дар он ширкат варзида, беҳтаринҳо муайян шуданд ва аз тарафи раёсати коллеҷ қадрдонӣ гардиданд.

Бояд зикр кард, ки махзани китобхона дар соли таҳсили 2020 - тобхона дар соли таҳсили 2020 - ум 23757 нусха адабиётро дарбар мегирад, ки аз онҳо: таълимӣ – 14731 адад, илмию методӣ – 4948 адад, ҷамъиятию сиёсӣ – 326 адад ва бадеӣ – 3754 ададро ташкил медиҳад. Яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти китобхона харидории китоб ва ба ин васила ғанӣ гардонидани хазинаи китобхона мебошад. Бо дастгирии роҳбарияти муассиса давоми соли 2019 аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, МД «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ», “Энсиклопедияи миллии тоҷик”, нашриёти «Адиб» ва дигар нуқтаҳои китобфурӯшӣ 81 номгӯ ба миқдори 526 адад китоб харидорӣ шуд. Китобхона дорои ҳуҷраҳои алоҳидаи китобнигоҳдорӣ ва толори хониш буда, барои устодону донишҷӯён – 46 ҷои нишаст муҳайёст. Инчунин, дар назди хобгоҳ низ толори нисбатан хурд бо мизу курсӣ ташкил ва дорои 30 ҷои нишаст буда, ҳамагӣ 76 ҷой барои мутолиаи китоб ва машғулияти корҳои илмӣ муҳайё карда шудааст.

Дар китобхонаи электронӣ бошад, ҷамъоварии адабиёти тахассусию таълимӣ ва дигар маводи иттилоотӣ оид ба ҷараёни таълиму тарбия идома дорад. Маводи электроние, ки то имрӯз ба китобхонаи электронӣ дастрас шудааст, ба 1465 адад расид, ки донишҷӯён ҳамарӯза аз имкониятҳои он бархурдоранд. Вобаста ба дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар макони маърифатӣ ҳамчунин 52 ҳафтаи «Шеърхони беҳтарин» ташкил шудааст, ки дар он донишҷӯён вобаста бо ихтисосҳо иштирок намуда истодаанд. муда истодаанд. Ҳоло донишҷӯёни кафедраҳои забон ва адабиёти тоҷик, математика ва технологияи муосир, фанҳои табиӣ, методикаи таълими фанҳои тахассусӣ, забон ва адабиёти рус дар ин озмун иштирок намуда, шеърхони беҳтарини худро муайян намудаанд.

Ҳамин тавр, озмуни “Шеърхони беҳтарин” дар ин даргоҳи маърифат ҳоло низ давом дорад. Дар ҷамъбасти озмун, яъне баъди он, тамоми кафедраҳо “Шеърхони беҳтарин”- и кафедраи худро муайян мекунанд.

 ДАСТОВАРДҲОИ БАХШИ ИЛМ НАЗАРРАСАНД

Яке аз шартҳои асосии тарбия ва камолоти маънавии инсон омӯхтани илму дониш мебошад. Вақте инсон аз донишҳои замона баҳра мебардорад, дар навбати аввал худро мешиносад ва баъдан ба фалсафаи зиндагӣ ва арзишҳои фарҳанги башарӣ таваҷҷуҳ зоҳир менамояд. Раванди илм яке аз самтҳои асосии ин макони маърифатӣ мебошад, ки дар инкишофу тараққиёти боргоҳи маърифат саҳмгузор буда, ба масъалаҳои илмиву тадқиқотӣ, илмиву методӣ, баргузории семинарҳои назариявӣ - илмӣ, дар сатҳи баланд омода ва баргузор намудани конфронсҳои илмию адабӣ ва ба монанди ин марбут аст. Имрӯзҳо дар ин боргоҳи маърифат 11 нафар номзади илм ва фат 11 нафар номзади илм ва дотсентон фаъолият доранд. дотсентон фаъолият доранд.

Кору пайкори ин олимон буд, ки имрӯз 25 нафар омӯзгорон унвонҷӯ буда, ба тадқиқотҳои илмии худ машғуланд. машғуланд. Барои он ки риштаи илм мустаҳкам гардад, конфронсҳои илмӣ - анъанавии устодони коллеҷ мунтазам идома ёфта, натиҷаи онҳо дар китобҳои алоҳида ҳамчун маҷмӯаҳои дастҷамъӣ ба табъ мерасанд. Боиси зикр аст, ки дар назди кафедраҳо семинарҳои илмӣ - назариявӣ, маҳфилҳои фаннӣ амал мекунанд ва беҳтарин омӯзгорон роҳбарии онро ба уҳда доранд, маърӯзаҳои илмии устодону шогирдон дар кӯраи муҳокима ва баҳсҳои он пухта мегарданд.

Давоми се соли охир дар самти илм беҳбудии зиёде ба назар расид. Аз ҷумла, нашри китобҳои илмию методӣ ва публисистӣ ба назар мерасад, ки теъдоди онҳо зиёда аз 30 адад мебошад. Аз ҷумлаи тадбирҳои пешгирифтаи бахши илми коллеҷ аз нашри як силсила китобҳо мебошад. Маҷмӯаи мақолаҳои илмии омӯзгорон, ки таҳти унвони “Найистони маърифат” (қисмҳои 1, 2, 3) ва “Найистони маърифат” ( “Қомус”) - маводҳо оид ба таърихи 90 - солаи ин макони маърифат чоп шудааст. Ҳамчунин, бахшида ба бузургдошти 700 - солагии Камоли Хуҷандӣ китоб таҳти унвони “Суханат олам гирифт” чоп гардид, ки мураттибони он С. Кенҷаев, М.С. Кенҷазода ва П.Абдураупова мебошанд. Инчунин, якчанд китобҳои ҷашнӣ ҳамчун армуғон ба муносибати 90 - солагии Коллеҷи омӯзгории ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров рӯи чоп омаданд. Ба монанди “Лексикаи сарулибос дар забони тоҷикӣ” (муаллиф, номзади илмҳои филологӣ, дотсент М.Ҳалимова), “Сайри дунёву ҳунар” (мураттибон, С.Кенҷаев, Р.Абдуллоева), “Сайргоҳи дар олами биҳиштӣ” (муаллиф, Ҳ.Фаттоев), “Бонуи олами маърифат” (муаллиф, Т.Ҷалилова), “Каъбаи дил” (муаллиф, номзади илмҳои филологӣ, дотсент М.С.Кенҷазода). “Забони тоҷикӣ” (муаллиф М.С.Кенҷазода, ду маротиба чоп гардид). Шӯрои таъбу нашри Коллеҷи омӯзгорӣ моҳнома (ҷарида)-и худро дорад, ки он дар асоси Низомномаи ҶИД, ки шӯрои олимони коллеҷ аз 24 – уми ноябри соли 2006, №4 тасдиқ кардааст, нашр мешавад. Дар ин моҳнома андешаҳо, хабару мақолаҳо, шеъру ҳикояҳои омӯзгорон ва донишҷӯёни эҷодкор дарҷ мегарданд.

КОМЁБИҲОИ ДОНИШҶӮЁН

Соли ҷорӣ як қатор донишҷӯёни коллеҷ дар озмуни ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. Аз ҷумла, Хосият Салимова - донишҷӯи курси сеюми ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик дар озмун аз фанни забон ва адабиёти тоҷик бахшида ба “Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” иштирок варзида, барои ишғол намудани ҷойи намоён бо Сипосномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дипломи дараҷаи 3 сарфароз гардонида шуд.

 Боз дастаи “Хушдилон” ва “Ҳозирҷавобон” - и ин боргоҳи таълимӣ бо номи “Адреналин” соли 2018 ғолиби лигаи “Хушдилон” ва “Ҳозирҷавобон” гардида, аз тарафи Раиси вилоят Дипломи дараҷаи аввал ва 10 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ гаштанд. Дар соли 2019 якчанд донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгорӣ аз тарафи Раиси вилоят ва Раиси шаҳри Раиси вилоят ва Раиси шаҳри Хуҷанд қадрдонӣ карда шуданд. Аз ҷумла, Меҳрангис Ризоева, Дилбарҷон Турдиева, Мавлудахон Содирова, Зарнигор Саидова ва Шаҳзод Хушвахтов аз ҷумлаи онҳо мебошанд. мебошанд.

Ҳамчунин, дар озмуни вилоятии «Донишҷӯи сол» бошад, байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят донишҷӯи ихтисоси забони англисӣ Меҳрангис Ризоева иштирок намуда, сазовори ҷойи сеюм гардид.

Соли равон барои иштирок дар озмуни вилоятии «Донишҷӯи сол – 2020» байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилояти Суғд донишҷӯи соли дуюми ихтисоси таърих Ҳаитбой Худоёрӣ пешниҳод карда шудааст. Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи омӯзгории ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” бо тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олиии касбӣ ҳамкории зич дорад. Имрӯзҳо аз ҷониби раёсати муассиса барои барқарор кардани робитаҳо бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии хориҷӣ чораҷӯӣ карда шуда истодааст.

ОБОДКОРӢ ДАР КОЛЛЕҶ

Баҳри хубтару беҳтар намудани муассиса дар давраи тирамоҳу зимистон бинои таълимӣ, хобгоҳ ва дигар биноҳои ёрирасони муассиса ба системаи ягонаи гармидиҳӣ пайваст карда шудааст. Ҳамчунин, соли 2019 даромадгоҳи бино ва саҳни коллеҷ пурра сафолакпӯш гардид. Инчунин, боми бинои №1 пурра иваз карда шуд. Имрӯзҳо роҳбарияти боргоҳи таълимӣ аз тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба рушди варзиш ва оммавигардонии он иқдом гирифта, мавигардонии он иқдом гирифта, соли 2016 майдончаи варзишӣ барои бозии баскетболро сохта, барои бозии баскетболро сохта, ба истифода дод. ба истифода дод.

Бояд гуфт, ки варзиш дар ҳама давру замон воситаи беҳтарини муаррификунандаи давлату миллат дар арсаи ҷаҳон маҳсуб ёфта, ҷавонони моро зарур аст, ки бо такя ба шароит ва имконоти мусоиди фароҳамгардида баҳри рушди ин соҳа саҳми сазовор гузоранд.

ТОЛИБИЛМОНИ ҲУНАРОМӮЗ

Хобгоҳ дорои 45 ҳуҷра буда, дар он айни ҳол 150 донишҷӯ (духтарҳо), ки аз шаҳру ноҳияҳои дурдаст ва оилаҳои камбизоат дар коллеҷ таҳсил менамоянд, истиқомат доранд.

Шароити зисти донишҷӯён дар хобгоҳ хуб буда, аз тарафи маъмурияти муассиса бино аз таъмири ҷорӣ бароварда, барои донишҷӯён ҳуҷраи хӯрокпазӣ бо нуқтаи оби гарм, ҳуҷари шустушӯй бо нуқтаи оби гарм, барои ҷомашӯйӣ бо нуқтаи оби гарм, ки дар он 2 мошинаи ҷомашӯйӣ васл гардидааст, ташкил карда шуд. Инчунин, дар хобгоҳ толори хониш амал мекунад, ки дар он рӯзномаҳои даврӣ, китобҳои бадеӣ, илмӣ ва оинаи нилгун гузошта шуда, донишҷӯён дар вақтҳои холигии худ аз онҳо ба таври васеъ истифода мебаранд.

Шурӯъ аз соли 2017 биноҳои таълимӣ ва хобгоҳи коллеҷ ба шабакаи ягонаи гармидиҳӣ пайваст буда, он бо ангишт ва ҳезум гарм карда мешавад. Барои давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020 - 2021 аз ҷониби муассиса ба миқдори 85 тонна ангишт ва 7 мукааб метр ҳезум захира карда шудааст. Инчунин, бояд қайд намуд, ки барои донишҷӯёне, ки дар хобгоҳ истиқомат мекунанд, маҳфилҳои гуногун, аз қабили шеърхонӣ, расмкашӣ, кашидадӯзӣ, муҳрабофӣ, қолинбофӣ, маҳфили пухтани таомҳои миллӣ амал мекунанд ва ба онҳо омӯзгорони соҳибтаҷриба ҳунарҳои миллӣ ва омода намудани таомҳои миллиро меомӯзонанд.

Ҷомеаи меҳнатии муассисаи мазкур ҷавобан ба ин ғамхориву дастгириҳои Пешвои миллат кӯшиш бар он доранд, ки ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати илму маърифат дар коллеҷ, тарбияи шогирдонро дар рӯҳияи ватандорӣ, ватандӯстӣ ва ба меъёрҳои ҷаҳони муосир мутобиқ гардонидани раванди таҳсилот равона созанд.

Бо боварӣ метавон гуфт, ки ин ҳама ҳидоят ва раҳнамоӣ, ғамхориҳои Сарвари давлат ҷомеаи меҳнатӣ, омӯзгорон ва донишҷӯёни коллеҷро илҳом мебахшанд, ки дар роҳи расидан ба чунин ҳадафҳои наҷиб аҳлона, якдилона заҳмат кашида, дар қатори дигар сокинони Тоҷикистони азиз барои истиқболи сазовори ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми кӯшишу ғайрати хешро равона созанд. 

Нодир ТУРСУНЗОДА,
“Ҳақиқати Суғд”,
аксбардор Инъомҷон РАБИЕВ

 

Читать далее

Шиносоии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ дар Ҷамоати деҳоти Ворух

8 ноябри соли 2020 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара сафар намуда, бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ шинос гардид.

Дар Ҷамоати деҳоти Ворух ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёду навсозии 40 иншооти муҳими иҷтимоӣ ба нақша гирифта шуда, то имрӯз бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳр ва саҳмгузории соҳибкорону саховатмандон 30 иншооти гуногун мавриди истифода қарор гирифтааст.

Читать далее