11 November 2020

Иҷрои нақшаи истеҳсоли пахта дар ноҳияи Спитамен

Пахтакорони ноҳияи Спитамен нақшаи истеҳсоли пахтаро сарбаландона иҷро карда, ба хирман 13115 тонна пахта супоридаанд.

Раиси ноҳияи Спитамен Темурҷон Нуъмонзода аз номи кишоварзони ноҳия “Муждаи зафар”-ро ба Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода расонид.

Кишоварзони ноҳияи Спитамен соли ҷорӣ дар 6015 гектар кишти пахтаро ба роҳ монда буданд. Нақшаи истеҳсоли пахта мувофиқи ноҳия 13100 тонна буд ва он то санаи 9 ноябр 100,1 дарсад иҷро гардид.

Читать далее

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуданд

Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки тариқи видеоконференсия баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар кори ҷаласа ҳамчунин Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Моди, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин, иҷрокунандаи вазифаи Президент, Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, Сарвазири Ҷумҳурии Беларус Роман Головченко, Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ, Президенти Муғулистон Халтмаалгийн Баттулга ва Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Владимир Норов иштирок намуданд.

Читать далее

БУВАД ҶОНБАХШИ МО, ҶОНИ МУАЛЛИМ…

Муаллим, омӯзгор, устод аз ҷумлаи нафаронест, ки насли наврасро ба дунёи омӯзиш, ба ҷаҳони идроку фаҳмиш, ба роҳи некию накӯкорӣ, эҷодкорию дӯстию рафоқат ворид месозад. Муаллим равшанибахшанда, фурӯзонкунандаи роҳи толибилм аст. Ӯ аз ҷумлаи шахсиятҳоест, ки вазифаи шарафмандтарин, бузургтарин ва маҳбубтарин - омӯзгориро дар назди ҷомеа адо менамояд. Суханваре дар ҳаққи муаллим чунин гуфтааст:

Баланд аст аз фалак номи муаллим,

Бувад ҷонбахши мо, ҷони муаллим.

Набошад неъмате дар ҳар ду олам,

Ҳалол аст пораи нони муаллим.

Имрӯз дар утоқи кориам бо омӯзгоре, ки пас аз хатми факултаи химияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров умри бештари хешро дар паси партаву ҳамроҳи наврасону ҷавонон бо омӯзонидану тарбия машғул гардидааст, муаллимаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и шаҳри Хуҷанд Муслимахон Маҷидова ҳамсуҳбатам. Ҳини суҳбат муаллима бештар кӯшиш менамояд, дар бораи толибилмону хонандагонаш ҳарф занад.

Ӯ дар бораи шогирдону хонандагонаш бо як самимияти хоса, меҳру муҳаббат, модарвор сухан меронад, ки шунавандаро низ ба кӯчаҳои орзуву ҳавас ворид месозад. - Ана шогирдам, - ишора кард ӯ ба духтараке, ки ҳамроҳаш омадааст. - Шаҳзодахон. - Ин оташаке, ки дар дили ҷавонаш дорад, ман наметавонам, нисбат ба чунин шогирдони ҷӯяндаам бепарво бошам. Ҷӯяндагӣ, ҳавасу кунҷкобии ӯ маро ором намегузорад, балки пас аз дарс боз вақти холигиам китоб варақ мезанаму аз воситаҳои электронӣ истифода мебарам, то ин ки ҳавас, шавқу рағбаташро дар нимароҳ намонам. Муаллима ҳеҷ вақт наметавонад ба шогирд, «Ҳоло ист, ман инашро намедонам», бигӯяд. - Маро монед, - гуфт боз муаллима, - як бо шогирдам саволу ҷавоб кунед, ин духтарам, олами худро дорад. Аъзои Академияи хурд мебошад, оянда табиб, сиёсатмадор ва дипломат шуданист. Дирӯз, аниқтараш, охири моҳи октябри ҳамин сол дар олимпиадаи байналмилалии «Math Challenge – 2020», ки дар кишвари Тайланд байни хонандагони муассисаҳои таълимии 70 мамлакати ҷаҳон аз фанни математика (бо забони англисӣ) баргузор гардид, соҳиби медали тилло шуд.

Моҳи ноябри соли гузашта бошад, дар шаҳри Анталияи давлати Туркия Парчами миллии моро парафшон намуда, бо якчанд медалу Сертификату Шоҳҷоиза баргашт. Шаҳзодахон Ваҳҳобзода-шогирди муаллима, айни ҳол хонандаи синфи даҳуми Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон. Тарбияи дурусти волидайн, шавқи беандоза нисбат ба фанҳои дақиқ, пайваста омӯхтан аз омӯзгорон Шаҳзодахонро ба қуллаҳои баланди дониш раҳнамоӣ мекунад. Соли гузашта аз муассисаҳои таълимии вилояти Суғд 17 нафар ба тариқи даста ба олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни химия ба шаҳри Анталия роҳсипор гардиданд. Вақте олимпиада аз фанни химия ба анҷом мерасад, аз фанни биология низ эълон карданд ва Шаҳзодахонро хоҳише пайдо гардид, ки аз ҳамин фан низ дониши хешро бисанҷад.

Дар олимпиадаи байналмилалӣ хонандагони муассисаҳои таълимии 45 давлати дунё ширкат доштанд ва рӯзи эълони ғолибият дар қатори намояндагони Федератсия Россия ва Қазоқистон Парчами Тоҷикистон низ парафшон гардид. Шаҳзодахонро ашки шодӣ шашқатор шуд, гарчанде ба худ боварии қавӣ дошт, вале парафшонии Ливои Ватан ӯро боз ҳам рӯҳбаланд сохт. Бегоҳи ҳамон рӯз инчунин дар бораи баргузории боз се озмуни дигар - ҳунарҳои миллӣ, муаррифии Ватан, шарафи яклаҳзаина (Минута славы) ва Бонуи олимпиада хотиррасон намуданд. Ин духтараки ҷасуру чолок аз ин озмунҳо низ дар канор намонда, ғолибият ба даст овард. Шаҳзодахон сухан мегуфту аз гуфтораш дарк кардам, ки ӯ ва аҳли хонаводааш дӯстдори хоки Ватан ҳастанд. Вақте ӯ озими сафар гардид, падараш водор месозад, ки либоси миллии атласро низ бо худ бигирад, зеро он муаррифгари миллати мост ва маълумоташро дар бораи диёри ҳамешабаҳор мукаммал созад. - Хайрият, падарам чунин гуфта будаанд, - мегӯяд Шаҳзодахон, - зеро ҳангоми озмун хурсанд шудам.

Аз боби диёри афсонавиамон, меваҳои шаҳдбораш, ободониву шукуфоиаш, эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва дигар ободкориҳо ҳамагонро огоҳ сохтам. Воқеан, суханамро бо ҳамин мисраъҳо оғоз кардам:

Дашту дамани кишвари ман боби тамошо,

Бар ғунчаи зебо шуда булбул ба таманно…

Нафаре аз намояндаи ҳакамон, ки бо завқ маро гӯш мекард, дар охир хандида чунин гуфт: «Чунон дар бораи ватанат сухан кардӣ, ки худро дар ҳамон мулки афсонавиат тасаввур кардам». Шаҳзодахон Ваҳҳобзода дар шаҳри Анталияи Туркия дар ду олимпиадаи байналмилалӣ ва се озмун ширкат варзида, соҳиби Шоҳҷоиза, ҷойҳои якуму дуюм ва Сертификат гардид. Рӯзи баргузории олимпиада сафири Тоҷикистон дар Туркия ширкат варзида, аз муваффақияти ҷавонони тоҷик шод гардида, аз хусуси нақшаҳои ояндаашон пурсон шуд.

Ин духтараки оқилаю зебо низ чанд андешаи хешро дар бораи соҳаи тандурустӣ, дастрасии таҷҳизоти муосир, рушди иқтисодию иҷтимоии кишвари азизаш иброз дошт. Сафир бо самимият дасти Шаҳзодахонро фишурда, ба ӯ муваффақият ва бурдбориҳо таманно кард. - Умуман, агар мо аз вилояти Суғд 17 нафар рафта бошем, ҳар як нафар дар ду – се озмун ва олимпиадаҳои байналмилалӣ ширкат варзида, бо ду, се медал ва сертификатҳо мукофотонида шудем ва барои беҳтарин даста ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Кубоки олимпиадаи байналмилалиро супориданд. - Шогирдам дар давлати Туркия буду бо воситаи телефон аз ҳар як муваффақияту супоришҳои додашуда хабар медод ва ман низ то қадри имкон маслиҳат медодам, - гуфт муаллима М. Маҷидова. Вақте аз боби фаъолияти омӯзгориаш пурсон шудам, боз аз хусуси шогирдонаш ҳарф зад, ки он худ далели доштани меҳру муҳаббат на танҳо ба касби пешакардааш, балки самимияташ ба толибилмонаш низ мебошад. Беҳуда ҳам нагуфтаанд, ки муаллим, омӯзгор роҳнамо, чароғи фурӯзони толибилм аст.

 Воқеан, вақте мавод омодаи нашр буд, муаллима М.Маҷидова аз дастоварди шогирдаш боз як муҷдаи тозаеро расонд: - Шаҳзодахон Ваҳҳобзода чанд рӯз бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дар «Ҳафтаи илм, технология ва ихтироъкории наврасону ҷавонони вилоят» ширкат варзида, дар озмуни «Беҳтарин кори илмӣ – тадкиқотӣ аз бахши биология» сазовори диломи дараҷаи якум гардид.

Ман дар симои муаллимаи фанни химияи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами дуюми маркази вилоят Муслимахон Маҷидова дӯстдор ва фидоии касби хеш, роҳнамову равшанкунандаи роҳи шогирдонро, дар тинати шогирдаш Шаҳзодахон Ваҳҳобзода бошад, ҷасорати Гурдофариду меҳрубонии Таҳмина ва ширинзабонии Зебуннисоро дидам, зеро ҳамин хусусияти меҳанпарастиаш, ватандӯстиаш, зебоипарастиаш, илмпарвариаш, ҷустуҷӯкориаш буд, ки ҳамроҳи устодаш дар ҷустуҷӯи кашфиётҳои навин аст. Устоду шогирд пас аз дарс бо ҳам оид ба навигариҳои илмҳои кимиё ва тиб, таҷҳизоти муосир, рушду тараққиёти кишвари азизаш, ободонию созандагӣ ҷустӯҳои наву тоза мекунанд.

Ҳар он кас, ки гашт шоҳ, вазир, олим,

Гирифт таълим аввал аз муаллим!

Тавҳида ҶӮРАЕВА,

Аълочии матбуоти Тоҷикистон

 

Читать далее

Нақши ҷавонон дар пойдории сулҳу субот

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент фаъолияти тарғиботиву ташвиқотии хешро ҷоннок намуда, ҷиҳати истиқболи арзандаи Рӯзи Конститутсия ва Парчами давлатӣ мулоқоту вохӯриҳои судмандро доир менамоянд.

Чунончӣ, дирӯз раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода бо устодону донишҷӯёни коллеҷи тиббии шаҳр мулоқот доир намуд. Мурод Шукурзода аз нақши Президент ва Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ дар ташаккули давлатдорӣ, таъмини фазои сулҳу субот ва рушди иқтисодиёту иҷтимоиёт дар солҳои Истиқлолияти кишвар ҳарф зада, дар арафаи ҷашни Рӯзи Конститутсия ва Парчам аз нақшу мақоми муқаддасоти миллӣ ёдрас шуд. Мавсуф иброз дошт, ки дар рӯҳияи худшиносию ватандӯстӣ тарбия намудани ҷавонон вазифаи ҷонии устодону омӯзгорон мебошад, зеро ҷавонон насли ояндасози Тоҷикистон буда, таваҷҷуҳи рӯзафзуни Ҳукумати мамлакат ба донишандӯзии онҳо равона шудааст.

Дар мулоқот ҳамчунин аз нақши устодон ва донишҷӯёни коллеҷи тиббӣ дар ташаккули тарзи ҳаёти солим, пешгирии паҳншавии бемории сироятии COVID-19, иштироки фаъолонаи онҳо дар тарғиби дастовардҳои Тоҷикистон сухан рафт.

Сурайё ҲАКИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

ҲУШДОР: ПАРТОВҲО БА САЛОМАТИИ ИНСОН ЗАРАР ДОРАНД

Тозагии муҳити атроф ба инсон таъсири мусбат расонида, партовҳо ба саломатии инсон зарар мерасонанд. ба саломатии инсон зарар мерасонанд. Алалхусус, ифлосшавии муҳити зист ба одамони масъунияташон заиф, калонсол ва беморон бештар зарари манфӣ дорад.

Ҳамарӯза инсоният дар зиндагӣ ба истеъмол ниёз дораду баъдан пасмондаҳои худро бароварда мепартоянд ва на ҳама барои дар шакли алоҳида партофтани партовҳо майлу рағбат доранд. Махсусан, партовҳои обдор бӯйи ғализ дошта, сагу гурбаҳо ва ҳашароти зараррасонро ба худ ҷалб менамояд.

Маълум аст, ки ҳамарӯза аз маҳаллаҳои шаҳр партовҳои зиёди сокинон ба канори шаҳр, яъне партовгоҳ партофта мешаванд. Афроде, ки ба ҷамъоварии маводи пластикӣ машғуланд, чунин зарфҳоро ҷамъоварӣ намуда, ба корхонаҳои хурди коркард мефурӯшанд. Ё ин ки тамоми коғазпораҳое, ки ба партов, партофта мешаванд, аз ҷониби онҳое, ки ба ҷамъоварии ба истилоҳ, «макулатура» машғуланд гирд оварда, ба корхонаҳои коркарди коғаз супурда мешаванд. Ин, албатта, иқдоми хуб аст ва онҳо андаке бошад ҳам, барои тозагии атроф ва дар як вақт барои таъмини оилаи худ бо ин восита саҳм мегузоранд.

 - Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ» - и шаҳри Хуҷанд яке аз муассисаҳои коммуналии шаҳр ба шумор меравад. Вазифаи асосии корхонаи мазкур баровардани тамоми намуди партови аҳолӣ, ташкилоту муассисаҳои буҷавию худмаблағгузор, объектҳои ободонӣ, тозакунии кӯчаҳо ва хиёбонҳои марказии шаҳр, баровардани партовҳои моеъгӣ, кашонидани об барои дарахтон ва қиркунии сагҳои дайдуи бесоҳиб буда, то имрӯз хизматрасониашро амалӣ менамояд, - гуфт зимни суҳбат директори генералӣ Ҳайдарҷон Ишонқулов.

Дар муассиса барои иҷрои кору хизматрасонӣ 30 ҷадвали корӣ тартиб дода шудааст, ки дар мувофиқа бо Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Хуҷанд ба роҳ монда шудааст. Дар муассиса 24 техникаи махсуси партовкашонӣ дар се баст мунтазам фаъолият мебаранд. Бояд гуфт, ки дар миқёси шаҳр ҳамагӣ 175 нуқтаи партов мавҷуд буда, онҳо бо 900 партовқуттӣ таъмин шудаанд.

Ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемории сироятии «COVID-19» муассиса бо шуъбаи безараргардонии худмаблағгузории профилактикии шаҳри Гулистон шартномаи хизматрасонии дуҷонибаро ба расмият даровардааст. Аз ҷониби мутахассисони ин шуъба ҳар ҳафта ду маротиба 175 партовнуқта ва зиёда аз 900 партовқуттии ҳудуди шаҳр бо маҳлулҳои кимиёвӣ безарар гардонида шуда истодааст.

Инчунин, дар ин самт бо МНДСЭ - и шаҳри Хуҷанд низ бо алоқамандии зич корбарӣ намуда, бо нақлиёти махсуси обпошак, тибқи супориш, кӯчаҳои марказии шаҳр безарар карда мешавад. Хуб мешуд, ба қадри меҳнати кормандони соҳаи партовбадорӣ расида, ҳар нафар дар оила аз рӯи виҷдон партовҳоро ба навъҳо ҷудо мекард, зеро ин кор осон буда, метавонем, аз халтаҳои полиэтиленӣ истифода барем. Дар атрофи баъзе биноҳо тамоми намуди партов, аз қабили зарфҳои ҳархелаю халтаҳои полиэтиленӣ, махсусан уребчаҳои бачагона ва ниқобҳоро дидан мумкин аст, ки мутаассифона, бо сабаби фориғболӣ ба он ҷо мепартоянд.

Дар тамоми маҳаллаҳои шаҳр нуқтаҳои партовпартоӣ мавҷуд аст. Баъзе шаҳрвандон, мутаассифона, партовро ба куҷое, ки хоҳанд, ҳаво медиҳанд ва ҳангоми вазидани шамол онҳо ҳар куҷо пош мехӯранд. Партовҳои омехта дар муддати истодан аз худ моддаҳои махсуси заҳрнок ҷудо менамоянд. Онҳо бояд ҳатман безарар гардонида ва ё берун аз шаҳр бароварда шаванд. Дар ҳолати дар ҳамон нуқта сӯзонидани он гази заҳрнок, аз ҷумла диоксин ҳосил мегардад, ки ба саломатии инсон ва дигар мавҷудоти зинда хатар дорад. - Ҳар субҳ то шом кормандони масъули минтақавии мо ба ҷамъоварии партов машғул буда, барои ҳифзи муҳити зист заҳмати беандоза доранд, - гуфт дар интиҳои суҳбат Ҳайдарҷон Ишонқулов.

Барои тоза нигоҳ доштани муҳити шаҳр, маданияти баланди шаҳрвандон низ муҳим аст. Зеро имрӯзҳо партовҳои худро ба ҷӯйҳо, шафати роҳҳо ва замини атрофи бинои худ партофтани сокинон зиёд ба назар мерасад. Албатта, ин амал боиси ифлосшавии муҳити зист мегардад.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

МАҚСАДАМОН - ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Нишондиҳандаҳои натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят, ки дар маҷлиси фаъолони вилоят оид ба ҷамъбасти нӯҳмоҳа мавриди баррасӣ қарор гирифт, собит сохт, ки қариб дар ҳамаи соҳаҳо мардуми Суғдзамин ба ба дастовардҳои шоиста шарафёб гаштаанд.

Албатта, дар пешравиҳои кишвар, бахусус, ки дар саросари мамлакат омодагиҳо ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон босуръат ҷараён дорад, нақши вакилони парлумон, вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ низ арзишманд мебошад. Дар ин радиф мухбирамон ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Ӯрунхоҷаев, №15 Мирзоанвар Ахмедов, ки дар самти аграрӣ фаъолият мебарад, муроҷиат намуд.

- Умуман, давоми панҷшаш соли охир бо ибтикори Кумитаи аграрии парлумони мамлакат дар самти пешбурди соҳаи кишоварзии кишвар чанд санад ва қонунҳо қабул карда шуданд?

- Дар ин давр панҷ Қонуни мукаммал қабул ва дувоздаҳ тағйиру иловагиҳо ба қонунҳои амалкунанда аз ҷониби вакилони парлумони мамлакат вобаста ба рушду такомули соҳаи аграрӣ, захираҳои об ва замин ворид карда шудааст. Ҳамаи қонун ва тағйиру иловаҳо бо мақсади танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ, ки вазъи имрӯзаи муносибатҳои иқтисодӣ тақозо менамоянд, таҳия ва қабул карда шудаанд.

 Қонунҳои мукаммал ва тағйиру иловаҳои воридкардашуда масъалаҳои танзими давлатӣ, карантин ва муҳофизати растаниҳо, истифодабарии чарогоҳҳо, такмили фаъолияти Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об, танзими муносибатҳо оид ба ҳосилхез гардонидани заминҳои кишоварзӣ, фаъолияти зотпарварӣ ва тухмипарварӣ, бахусус дар ин самт ҳавасмандгардонии мутахассисон-селексионерҳое, ки бо ихтирои навъҳои нави зироатҳои кишоварзӣ ва зоти чорво машғуланд ва дигар масъалаҳои такмили муносибатҳо дар соҳаи кишоварзӣ равона карда шудаанд. Қонунҳои қабулкардашуда ва тағйиру иловаҳои воридгардида, эътимоди комил дорам, ки ба рушду пешрафти соҳаи кишоварзии мамлакат, баланд бардоштани маданияти заминдорӣ, дар ин замина афзунгардонии ҳосили зироатҳо ва боло рафтани дараҷаи некӯаҳволии мардуми сарзаминамон мусоидат хоҳад кард.

 Ҳамзамон, дар якҷоягӣ бо гурӯҳи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии мамлакат ва вакилони Маҷлиси намояндагон, олимону мутахассисони соҳавӣ феълан таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сиёсати давлатии аграрӣ давом карда истодааст. Дар ин қонун, албатта, амалигардонии ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат ва дар ин замина равнақ бахшидани соҳаи кишоварзӣ, ки корхонаҳои саноатии мамлакатро бо ашёи хом, яъне маҳсулот таъмин менамояд, низ назардошт гардидааст.

 -Ҳамчун вакили Маҷлиси намояндагон доир ба вохӯрӣ ва мулоқотҳо бо интихобкунандагон чанд сухан мегуфтед. сухан мегуфтед.

 - Бо ибтикори Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода бобати гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус байни сокинони вилоят дар якҷоягӣ бо вакилони Маҷлиси намояндагон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Бӯстон дар назди интихобкунандагон чандин маротиба мулоқоту вохӯриҳо баргузор намудем.

Ҳамзамон, зикр намудан ҷоиз аст, ки ҳамеша бо интихобкунандагон дар тамос мебошам ва масъала ва муаммоҳое, ки бо он муроҷиат менамоянд, баҳри дар сатҳи вазорату идораҳои дахлдори мамлакат ва мақомоти маҳаллии давлатӣ ба ҳаллаш мусоидат намудан кӯшиш ба харҷ медиҳам.

-Ташаккур барои суҳбат.

Рафоат МӮЪМИНОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуданд

ДУШАНБЕ, 10.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки тариқи видеоконференсия баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд.

Читать далее