13 November 2020

Маросими муаррифии муовини Раиси вилояти Суғд

12 ноябр дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд маросими муаррифии муовини Раиси вилояти Суғд баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни муаррифӣ иттилоъ дод, ки Каримзода Рустам Раҳим бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини Раиси вилояти Суғд озод ва Назирӣ Зариф Вализода муовини Раиси вилояти Суғд таъин гардид. Раиси вилоят ба Каримзода Рустам Раҳим, ки давоми фаъолияти кориаш баҳри рушди соҳаи кишоварзӣ саҳми худро гузошт, изҳори сипос намуд.

Читать далее

Маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Конибодом

12 ноябр дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Конибодом баргузор гардид.

Дар маросими муаррифӣ иттилоъ дода шуд, ки бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафарбек Давлатзода бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси шаҳр озод гардида, Абдусалом Тӯхтасунзода иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Конибодом таъин гардид.

Читать далее

Маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истиқлол

12 ноябр дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истиқлол маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истиқлол баргузор шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар маросими муаррифӣ Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи аз вазифаи раиси шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд озод намудани Амонзода Худойназар” ва “Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд таъин намудани Зоҳидзода Даврони Абдуқодир”-ро ба самъи фаъолон расонид.

Читать далее

Маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

12 ноябр дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров доир шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи аз вазифаи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд озод намудани Назирӣ Зариф Вализода” ва “Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд таъин намудани Давлатзода Зафарбек”-ро ба самъи фаъолони ноҳия расонид. Назирӣ Зариф Вализода бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифа озод гардида, Давлатзода Зафарбек иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия таъин гардид.

Читать далее

Маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шаҳристон

Нимаи дуюми рӯзи 11 ноябр дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат бо фаъолони ноҳия иттилоъ дод, ки бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 ноябри соли 2020 Ҷалилзода Ашуралӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Шаҳристон озод гардида, Акрамзода Баҳодур Исмоил иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шаҳристон таъин карда шуд.

Читать далее

Маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Деваштич

Нимаи дуюми рӯзи 11 ноябр дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия доир шуд.

Тавре зимни муаррифӣ иттилоъ дода шуд, бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси ноҳияи Деваштич озода карда шуда, ба ҷойи ӯ Ашуралӣ Ҷалилзода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия таъин гардид.

Читать далее

Маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Панҷакент

Нимаи дуюми рӯзи 11 ноябри соли 2020 дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр доир шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни муаррифӣ иброз дошт, ки бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 ноябри соли 2020 Шафеиён Ислом Зиёзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси шаҳри Панҷакент озод гардида, Холиқзода Абдухолиқ Санавбар иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Панҷакент таъин гардид.

Читать далее

БИНОИ ЗАМОНАВӢ ҲУСНИ ШАҲРРО ЗЕБО МЕСОЗАД

 

 

 

 

Ба ифтихори ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ, бахусус вилояти Суғд корҳои ободониву созандагӣ вусъат гирифтаву бунёди силсилаиншооти муҳими хоҷагии халқи мамлакат, аз қабили маркази савдову хизматрасонӣ, коргоҳҳои истеҳсолӣ, мактабу кӯдакистон, беморхона, марказу хонаҳои саломатӣ ва дигар иншоот бомаром идома доранд.

Ба ифтихори ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ, бахусус вилояти Суғд корҳои ободониву созандагӣ вусъат гирифтаву бунёди силсилаиншооти муҳими хоҷагии халқи мамлакат, аз қабили маркази савдову хизматрасонӣ, коргоҳҳои истеҳсолӣ, мактабу кӯдакистон, беморхона, марказу хонаҳои саломатӣ ва дигар иншоот бомаром идома доранд.

Ҳамчунин, дар шаҳри Хуҷанд бунёду баистифодадиҳии зиёда аз 500 иншоот ба нақша гирифта шудаву рӯз аз рӯз раванди корҳои ободониву созандагӣ вусъати тозаро касб менамоянд. Мо бо рафти корҳои сохтмонии яке аз иншооте, ки дар маҳаллаи 20 - уми шаҳри Хуҷанд бунёд шуда истодааст ошно гардидем.

Зимни шиносоӣ масъулин ба мо иттилоъ доданд, ки бинои истиқоматӣ аз 12 ошёна иборат буда, аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Маҳкам Мансуров бунёд мешавад. Лоиҳаи он аз ҷониби Корхонаи воҳидии давлатии лоиҳакаш омода гардида, пудратчии он Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Идораи сохтмони №3» мебошад. Мутобиқи нақша бино аз 12 ошёна ва 97 ҳуҷраи истиқоматӣ иборат буда, дар ошёнаҳои як ва дуюм маркази савдову хизматрасонӣ ҷой дода мешаванд. Дар қабати 13 - уми он бошад, майдони алоҳида, ба истилоҳ пентхаус ҷой дода шудааст, ки истиқоматкунандагон метавонанд дар ин макон истироҳат ва ҳамзамон ба варзиш машғул шаванд.

Бояд гуфт, ки хонаҳо як, ду ва се-ҳуҷрагӣ буда, аз 54 то 121 метри мукааб масоҳат доранд. Ҳамчунин, барои харидорон пардохти имтиёзнок барои ду сол муайян ва пешниҳод шудааст. Корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот моҳи октябри соли 2019 оғоз ёфта, масъулин азм доранд, онро то ҷашни 30 - солагии Истиқлолият ба истифода диҳанд. Айни замон дар сохтмони иншоот 40 нафар сохтмончӣ дар ду баст фаъолият дошта, корҳои сохтмонӣ бомаром ҷараён доранд.

Масъулин азм доранд, ки корҳои ин биноро мувофиқи нақша ва бо сифати баланд ба итмом расонанд. Ҳангоми суҳбат соҳибкор Маҳкам Мансуров гуфт, ки барои мо, соҳибкорон тамоми шароит муҳайё аст. Аз ин рӯ мо тасмим гирифтем, ки барои ободонии кишвари худ саҳми худро гузорем ва дар маркази вилоят - шаҳри Хуҷанд бинои бисёрошёнаи замонавиро сохта, ба истифода диҳем.

- Имрӯз мо хурсанд аз он ҳастем, ки соҳиби ҷои кор мебошем, дар Ватан ва назди хонаводаи худ зисту зиндагонӣ дорем. Миннатдории худро ба чунин соҳибкорон мерасонам, ки имрӯз мо дар шаҳр кору фаъолият бурда истодаем. Музди маошамон хуб ва онро сари вақт мегирем, - гуфт зимни суҳбат устои калон Тоҳир Ҳотамзода.

Нуъмон Мадалиев – коргузори калон низ аз сохтмони чунин як бино дар маркази вилоят хеле хушҳол буда, миннатдориашро ба масъулин баён дошт. Имрӯз соҳибкорони ватанӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо бинову иншооти замонавӣ ва корхонаҳои хурду бузург сохта, ба истифода дода истодаанд, ки шоистаи таҳсину дастгирист.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

 

 

 

 

Читать далее

СУХАН КИМИЁЕСТ, КИ БАР ХОК НИҲӢ, ЗАР ГАРДАД

ё лаҳзаҳое, ки аз интихоби касбам ризоманд будам…

КӮПРУКИ ДЕРИНТИЗОР

Доир ба натиҷаҳои ҷамъбасти сол дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров раиси вақти ноҳия, шодравон Содиқҷон Мирхолиқов бо намояндагони воситаҳои ахбори умум нишасти матбуотӣ доир менамуд. Медонистам, кӯпруке, ки ҳафт-ҳашт деҳаву маҳаллаҳои Ҷамоати деҳоти Ғозиёнро бо шаҳр мепайвандад, чанд муддат инҷониб вайрон асту ҳазорон мардум сарсонанд.

Дар ҳавои сарду гарм, бо борҳои худ, ки барои шаҳриён сабзавоту меваҷот мебаранду аз шаҳр маводи ғизоӣ меоранд, аз дохили Сойи Хоҷабоқирғон, ки аз ин маҳал мегузарад, гузашта, ба хонаҳояшон мераванд. Сокинон бо қувваи худ дар дохили сой аз хок кӯпруки сунъӣ сохтаанду аз болои он танҳо як нақлиёт гузашта метавонад. Субҳ ва бегоҳон дар ин мавзеъ, ба қавле, мошинҳои шахсӣ саф мекашанд. Агар борон борад, ин «кӯпрук» ба лой мубаддал мешаваду ҳангоми боридани барф илоҷи пиёдаву савора гузаштан нест. Ман ба раиси ноҳия пешниҳод намудам, чӣ мешавад, азнавсозии ин кӯпрук ба нақша гирифта шаваду бо ҳамин мушкили мардум осон гардад.

Намояндаи нашрияи «Азия плюс» ба раис гуфт: Бо иқдоми Шумо дар шаҳри Хуҷанд ҳини раиси шаҳр буданатон сомонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таъсис дода шуда буд. Оё дар ноҳия низ таъсиси сомона дар назар аст? Раиси ноҳия дар посух ба ин суолҳо гуфт:-Муаллима, сокинони ноҳияи калонтарини вилоят боз чанд муддат метавонанд, бе сомона ҳам рӯз гузаронанд. Аммо барқарорсозии кӯпрук заруртар аст. Мо бунёди онро соли равон ба нақша мегирем… Раис ба қавли худ вафо кард.

Аввали моҳи май сохтмони кӯпрук ба итмом расид ва муовини якуми ҳамонвақтаи Раиси вилоят Ҷумъабой Сангинов бо иштироки садҳо нафар сокинон дар вазъияти тантанавӣ онро ифтитоҳ намуданд. Аз ин рӯйдоди нек шодмониву ризомандии мардумро ҳадду канор набуд. Шояд аз маркази ноҳия дуртар будани Ҷамоати Ғозиён боис буд, ки роҳбарон аз вазъ огоҳ набуданд ва шояд сокинон низ бо умеди он, ки рӯзе ин кӯпрук азнавсозӣ мешавад, сабрро пеша карда буданд. Ва як муроҷиати рӯзноманигор ба ин иқдоми нек сабаб гашт.

РӮЗНОМА - САБАБГОРИ РӮЗНОМА - САБАБГОРИ ПОЙДОРИИ ОИЛА

Мутасаддии саҳифа барои бонувон «Парасту» будам, ки он, ба қавле, минбари ифшои дарду розҳои занону духтарон буд.Он солҳо рӯзнома бо теъдоди сиву ҳафт ҳазор нусха интишор мегардиду қариб ки ба ҳар оила дастрас мешуд. Рӯзе дар утоқи корӣ саргарми кор нишаста будам, ки ҷавонзани тахминан бистусесола даромада омад. Пероҳани шифони нафисаш ба пайкари базебаш аҷаб зебанда буд.

Мӯйҳои дарозаш ба ҳуснаш ҳусн зам мекарданд. Ба қавле, ҷурме, ки ҳусни расояшро коҳиш медод, ҳамин буд, ки як пояш саҳл мелангид. Наздам нишасту гуфт, аз кӯчаи ба номи Бедили шаҳри Хуҷанд аст ва бо лаҳни гиряолуд ба ифшои розаш шурӯъ намуд. Маълум гашт, ки дар зиндагии оилавӣ ягон камбудие надоранд, зану шавҳар дар ҳамдигарфаҳмӣ, меҳру муҳаббат умр ба сар мебаранд, вале ҳар гоҳе назари шавҳар ба пои аз дигараш кӯтоҳи вай меафтад, ҳамон замон мегӯяд, «хезу ба хонаи падарат рав, ман бо ту дигар зиндагонӣ намекунам». Ҷавонзан ашк мерехту мегуфт, ки шавҳараш, хонаву дарашро дӯст медорад ва ба нигоҳ доштани оилаи вай кӯмак кунем.

Бо супориши сармуҳаррир рӯзи дигар ба ҳавлии онҳо рафтам. Шавҳараш, ки ҷавони қадбаланду зебо будааст, хушдоманаш ва ман дар кати рӯи ҳавлӣ нишаста, хуб сӯҳбат намудем. Баъди сипарӣ гаштани чандин муддат ҷавонзанро вохӯрдам, ки дар даст кӯдак дошт. Ҳар гоҳ, давоми солиёни тӯлонӣ ин бонуи дилбарро дар кӯчаҳо дучор меомадам. Наздам шитобон меомаду монанди он, ки дӯстони қарин бошем, гарм пурсупос менамуд. Шояд ҳамон як лаҳзаи суҳбатамонро сабабгори пойдор мондани оилааш мешуморид.

ФАРЗАНДИ ШОИСТАИ ВАТАН

 Миёнаҳои солҳои навадум буд. Рӯзе ба идораи рӯзнома сармуҳаррири маҷаллаи «Занони Тоҷикистон» (имрӯза «Бонувони Тоҷикистон»), бонуи боназокату ҷурналисти хушсалиқа Мушаррафа Шарифова даромада омаданд. Мақсадашон он буд, ки дар бораи падарашон маводе дар саҳифаи рӯзнома дарҷ намоем.

 Сармуҳаррири рӯзнома Файзулло Атохӯҷаев ба ман гуфтанд, ин инсони бузургу шариф солиёни тӯлонӣ дар мансабҳои баланди давлатӣ фаъолият бурдаанд, дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат вазир буданд. Баҳри рушди кишварамон хизматҳои шоиста анҷом додаанд. Қабл аз саршавии бесарусомониҳо дар кишвар, ба назарам, вазири ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ буданд. Ва гуфтанд, маводе барои рӯзнома омода намоям. Рӯзи дигар ҳамроҳи ронандаи идораамон Тӯхтабой Зоҳиров ба шаҳри Чкалов (имрӯза Бӯстон), ба ҳавлии он кас рафтем.

Мушаррафабону моро ба меҳмонхонаи оростае дароварданд. Он ҷо дар рӯи диван Воҳид Шарифов солорона менишастанд. Вале ба назари ман ҷисми ин фарди барӯманд аз дарду ранҷ коҳида, хаста намуд. Духтарашон паҳлуи падар нишаста, ҳангоми суолу ҷавоби мо нақлҳои падарро пурратар менамуданд. Ин инсони қавирӯҳ, вале заминӣ хеле кам сухан мекарданд. Вақте барои дар саҳифаи рӯзнома ҷой намудан расм пурсидам, духтарашон расмеро оварданд, ки ду моҳ пештар аксбардорӣ шуда буд. Дар он сурат марди чорпаҳлуи тануманде акс ёфта буд. Ман бо ҳайрат ба духтарашон нигаристам. Чашмони Мушаррафабону лиққӣ об шуд. Оҳиста аз ҷо бархоста, ба қафои падар гузаштанд ва аз китфони падарашон доштанд. Мехостанд, падар чашмони пуробашонро набинанд.

Ман эҳсос кардам, ки даргириҳои дар пойтахти мамлакатамон баамаломада, андешаи он, ки тақдири минбаъдаи сарзаминамон чӣ мешавад (охир он кас низ аз зумраи роҳбарони мамлакат маҳсуб меёфтанд), тақдири фарзандону пайвандон, чӣ тавр ба зодгоҳ овардани аҳли хонадон ин шахси нерӯмандро тамоман аз по афтондаву гирифтори бемории дармоннопазир гардондааст... Ба мо дар косаҳо кам-кам таоми суюқ – мошубиринҷ оварданд. Аз аввали сӯҳбат эҳсос намудам, ки ҳамсуҳбати ман умуман таом, ҳатто як қулт чой ҳам ба лаб намебаранд. Ва Мушаррафабону ба падар косаро дароз карда, умедворона нигоҳашонро дӯхта меистоданд, ки шояд падар каме ғизо тановул намоянд… Ва ман фаҳмидам, ки эшон ба касалии саратони рӯдаҳо гирифтор шудаанд.

Баъди гузаштани як-ду шумора мақола дар ҳаҷми як саҳифаи рӯзнома дарҷ гардид. Баъди чопи мақола Мушаррафа Шарифова ба мо изҳори сипосмандӣ намуда, гуфтанд, ки падарашон аз ин арҷгузории заҳматҳояшон хеле рӯҳбаланд гардиданд. Расо баъди як моҳи чоп гаштани мақола ин инсони мӯътабар дунёро падруд гуфтанд. Ман аз он ризоманд гаштам, ки ҳангоми барҳаёт буданашон тинати поку пурсафои чунин раҳбар, соҳибмансаб, вазири ботадбир, вале ҳамчун як инсони заминӣ хоксорро ба мардуми диёр шиносо намудам ва бисёр сокинони вилоят тавассути мақола ин шахсияти бузургу нотакрорро шинохтанд… Баъди чанд муддат муаррих, профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Усмонҷон-ако Ғаффоров маро дида, гуфтанд: - Рафоатҷон, мақолаи Шуморо ба китобам дар бораи фардони барӯманди Хистеварз ҷо намудам…

УМРИ ДУБОРАИ ДАРАХТОНИ САНАВБАРУ САДА

Дар доираи ободкорӣ ва созандагиҳо дар маркази вилоят-шаҳри Хуҷанд бунёди чандин истгоҳҳои нақлиёти мусофирбарро ба нақша гирифтанд. Истгоҳҳо бо тарҳи хушнамуд, нишастгоҳ ва фурӯшгоҳ писанди мардум гаштанд. Яке аз рӯзҳо баъди истироҳати дурӯза ба коргоҳ омада, шоҳид гаштем, ки назди «Кохи матбуот» барои сохтмони истгоҳ паҳлуи ҷӯи обгузарро бо девори сунъӣ иҳота карда мондаанд. Дар дохили он «девор» бошад, даҳ адад дарахтони чандинсолаи сафедору сада ва арча нашъунамо доштанд.

Бегоҳи он рӯз шоҳид гаштем, ки дар поёнтар, рӯ ба рӯи истгоҳи «Тирози ҷаҳон» барои бунёди истгоҳи дигаре ҷоеро бо девори сунъӣ иҳота карда мондаанд. Ин ҷо низ ҳафтҳашт бех дарахтони сарсабзи арча мавҷуд буд. Бо мақсади он ки дарахтони сарсабз, ин сарчашмаи ҳавои тоза бурида нашаванд, ба Идораи ҳифзи муҳити зисти вилоят занг задам. Аз он идора ба ман фаҳмонданд, ки ин масъала, яъне муқаррар кардани ҷойи сохтмон аллакай ҳал шудаасту шаш-ҳашт сохтор ба он ризогии худро додаанду мӯҳр гузошта шудааст.

Барои иваз кардани ҷойи бунёди истгоҳ мебояд боз бо ҳамин миқдор сохтор гуфтушуниду созиш кард. Пас аз ин ба идораи сохтмончии ин иншоот занг задам. Он ҷо низ гуфтанд, ки имзо ва мӯҳри тамоми сохторҳои марбута гирифта шудааст. Ба шӯъбаи меъмории шаҳр, муовини раиси шаҳр оид ба сохтмон ва чандин нафарҳои дигар занг задам. Ҳама мегуфтанд, ки дар ин масъала аллакай созиши якҷояи ҳама сохторҳо шуда, имкони тағйир додан нест. Вале ман на чун рӯзноманигор, балки ҳамчун як нафар сокини ҳамин шаҳр истодагарӣ менамудам, ки ин дарахтони сарсабз набояд бурида шаванд. Бо ҳамин чанд муддат сипарӣ шуд, мо, рӯзноманигорони «Ҳақиқати Суғд» ба хулосае омадем, ки суханамон ба ҷое нагузашт ва рӯзе меоянду сохтмонро сар мекунанд. Вале, баръакси гумони мо баромад.

Рӯзе дар истгоҳи «Тирози ҷаҳон» интизори мусофирбар истода, ногаҳон дидам, ки ҷои барои истгоҳ омодашуда, яъне деворро бардоштаанд ва дарахтони арча дар нашъунамоанд. Ва баъди чанде дидем, ки истгоҳи назди «Кохи матбуот» ба ҷои дигар - панҷ-шаш метр болотар кӯчонида шуд. Бо ҳамин чандин дарахтони дар нумӯъбуда аз бармаҳал ҳезумшавӣ эмин монданд ва шояд дар дили роҳбарони он сохторҳои марбута низ эҳсосе шӯъла зад, ки ҳар ниҳолу бутта ҷисми зинда аст… Пештар, тавре мо, рӯзноманигорон огоҳ будем, гӯё ҳар дарахти сарсабз соҳиб дошт ва дарахте бурида шавад, ҳатто, агар он хушк шуда бошад ҳам, масъулони соҳа шахси чунин амалро анҷомдодаро ҳатман ба ҷавобгарӣ мекашиданд…

СИРИШКИ ШОДИИ БОНУИ СИРИШКИ ШОДИИ БОНУИ ОЛМОНӢ

Рӯзе ба идораи рӯзнома пиразане даромада омад. Бо сабаби он, ки бо лаҳни русӣ сухан мекард, ба назди ман оварданд. Зан тахминан ҳафтодсола буду вале рухсораҳояш ботароват, чеҳрааш оҷанге надошт ва аз синну солаш ҷавонтар менамуд.

Аз нақли ӯ аёнам гашт, ки аҳли оилаи онҳо ҳанӯз пеш аз ҷанг аз мамлакати Олмон ба ҳудуди Иттиҳоди Шӯравӣ, ба шаҳри Свердлов кӯчида омадаанду дар солҳои ҷанг онон - бобояш, модаркалон, падар ва модараш, хоҳараш ва ӯро ба шаҳри Душанбе эвакуатсия кардаанд. Дар солҳои ҷанг тамоми мардуми шӯравӣ азоб кашиданд. Вале аҳли ин оила ҳамчун немисҳое, ки дар давраи вазнини ҷанг дар ҳудуди Мамлакати Шӯравӣ мезистанд, азобу машаққати дучандон кашиданд. Нақли риққатовари зан он буд, ки дар шаш-ҳафтсолагиаш якумин маротиба қанд хӯрдааст, ҳамонро ҳам ду дона – як дона ба хоҳарчааш ва як дона ба вай модараш, ки дар госпитали ҳарбӣ ҳамшираи шафқат буд, дар кисаи хилъаташ пинҳон карда овардааст. Номи он қанд ба якумр дар хотираш мондааст:- «коровка». Ба воя расида, ин зан бо тақозои тақдир ба шаҳри Хуҷанд кӯчида омад, оила барпо намуда, соҳиби ду фарзанди дилбанд гашт.

Дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи Тоҷикистон фаъолият бурда, хизмати шоиста кард, ба қавле, ба рӯзҳои нек расид. Ҳоло бошад, нафақахӯр аст. Ду духтараш Юлия ва Инесса дар кишварҳои Итолиё ва Исроил ҳамроҳи оилаашон умр ба сар мебаранд ва вай танҳо зиндагонӣ дорад. Чун дар танҳоӣ мезист, мақсади ба идораи рӯзнома омаданаш маводе дар борааш чоп кунонидан набуд, балки барои имдод пурсидан омада буд. Хоҳиш дошт, дар рӯи ҳавлии бинои истиқоматиаш воқеъ дар маҳаллаи Навбаҳори шаҳр ( маҳаллаи 34-ум ) як ё ду адад нишастгоҳ гузоранд. Ба вай маслиҳат додам, ки бояд ба кадом мақомот муроҷиат намояд. Дар бораи сарнавишти пурпечутоби ин бону бошад, дар рӯзномаамон маводе чоп кунонидам. Воқеан, баҳри изҳори хурсандиаш вай ба ман ширинӣ овард- даҳ дона қанди коровка. Аз ҳамин рафтор сиришти наҷиби ин зан ба ман аён гашт, ки ҳар рӯзи зиндагии имрӯзаи орому осоиштааш дар зери осмони соф барояш чӣ қадар қадру қимат дорад! Баъди чоп шудани мақола занг зада, гуфт, аз кӯча мегузашту бонуе аз тирезааш сар бароварда, ӯро фарёд кард ва гуфт:

- Дар бораи шумо дар газета мақола чоп шудааст бо расматон. Аз ин вай хеле рӯҳбаланд гардид, гӯё инсоне гашт, ки ҳама мешиносанду эҳтиромаш мекунанд. Ва рӯзе банохост ба рӯи ҳавлии бинои баландошёнаи истиқоматии онҳо ду адад харак оварда насб карданд. Галина-хола шодмонии худро пинҳон карда натавониста, ба ман занг зад ва гуфт, ман акнун дар нишастгоҳҳо бо бачагони ҳамсояҳо машғулият мегузаронам, афсонаҳои мардуми олмонрову забони олмониро меомӯзонам… Рӯзе саргарми кор нишаста будам, ки банохост боз занг зад:- Баъди он ки намоишҳои телевизион ба HD (ейчди) гузашт, намоишҳои шабакаи Россия тамоман қатъ гаштааст.

Ин рӯзҳои дарозро бе тамошои телевизор чӣ гуна гузаронам, намедонам… Ман рӯихати телефонҳоро ҷустуҷӯ намудам. Ба роҳбари Маркази минтақавии мавҷи радио - телевизионии №2 занг задам. - Ин кор тамоман имконнопазир аст,- гуфт сардори он муассиса. - Дар ин бобат шумо метавонед, ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоед. - Ин ҷо гап дар бораи муроҷиат ба ягон идораи дахлдор намеравад, муҳтарам раис,-гуфтам ман. - Гап дар сари кӯмак намудан ба як нафар зани танҳое аст, ки ҳозир ба дастгирии шумо мӯҳтоҷ аст. - Ман ҳозир дар ноҳия, берун аз шаҳр қарор дорам, пагоҳ ба кормандон мефармоям,- ҷавоб дод вай. Рӯзи дигар соатҳои нӯҳ дар утоқи корӣ саргарми кор будам, ки Галинахола занг зад. - Рафоат, ман гӯям, ту ҳатто бовар намекунӣ: Дар хона нишаста будам, ки ду нафар ҷавон дарамро кӯфта омаданд. Ҳайрон шудам. Гуфтанд, бо супориши сардорашон омадаанд. Дар як дам телевизорамро дуруст карданду рафтанд. Аққалан ҳаққи корашонро талаб накарданд. Онҳоро ту аз куҷо ёфта фиристодӣ? - Охир Шумо хурсанд?-пурсидам, - Хурсанд гуфтан ҳеҷ гап нагуфтан аст, - гуфт Галина Леонидовна Ярошевич ва гиря гулӯгираш шуд… Ман аз рафтори ҷавонмардонаи сарвари Маркази интиқоли мавҷи радио - телевизионии №2 Неъматҷон Абдуллоев хеле шоду мамнун гаштам ва гуфтам: - Барҳақ, дар ин дунё инсонҳои неку накӯкор бисёранд ва ин дунё ба шарофати онон пойдор аст…

ПРОФЕССОРИ ИФТИХОРИИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ МУМБАЙ

Рӯзе ба утоқи кориам бонуи зебову болатофат-Фирӯзахон Султонова, ки солҳои тӯлонӣ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят фаъолият бурдаанд, омаданд. Иброз доштанд, ба наздикӣ шавҳарашон ба синни шаступанҷсолагӣ мерасанд.

Он кас ҳарчанд якумр баҳри таълиму тарбияи мутахассисони соҳибихтисос дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ва дигар муассисаҳо заҳмат кашидаанд, то ин дам дар бораи ҳаёту фаъолияти ин шахс дар ягон рӯзнома, маҷалла ва ё китобе маводе интишор нашудааст. Ва гуфт, ҳоло он кас беморанд ва чӣ мешуд, мақолае дар саҳифаи рӯзнома дарҷ намоем. Субҳи рӯзи дигар Фирӯзахон бо мошини худ маро ба манзилашон, ки дар маҳаллаи Навбаҳор (маҳаллаи 34-ум)-и шаҳр воқеъ буд, гирифта бурданд. Ман он шахс - Қосим Фузайловро ҳамоно шинохтам.

Ин кас аз ман ҳини супоридани имтиҳонҳои қабул ба донишгоҳ аз фанни забони англисӣ имтиҳон гирифта, вақте эҳсос намуданд, бо ин забон озодона гуфтугӯ карда метавонам, пешниҳод намуда буданд, ки ба факултаи забони англисӣ гузарам. Шояд медонистанд, замоне фаро мерасад, ки донистани ин забон баҳри ҳама хеле муҳим мегардад. Ва ман, духтараки нав аз паси партаи мактабӣ бархоста, соддалавҳона гуфта будам, не, ман аз дугонаҳоям ҷудо намешавам ва дар факултаи суханшиносӣ таҳсил менамоям… Ман медонистам, ки ин фард бародарзодаи Мастура Авезова, - раиси комиҷроияи вилоят дар солҳои вазнинтарин барои мамлакатамон - Ҷанги Бузурги Ватанӣ мебошанд. Ин фард ба касби худ устод, фидоӣ буданд, ҳазорон дастпарваронашон мутахассисони соҳибкасб шудаанд. Писари калонии ман низ аз зумраи онҳо аст.

Чандин китобҳо, дастурҳо, монографияву рисолаҳояшон китобҳои рӯимизии донишҷӯён буд. Ҳангоми суҳбат бошад, аёнам гашт, ки чандин муддат эшон бо таклифи роҳбарияти донишгоҳи олии давлатии кишвари Ҳиндустон дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Мумбай бо донишҷӯён машғулият гузаронида, бо маҳорату малакаи пухтаи худ сазовори унвони профессори ифтихории Донишгоҳи давлатии Мумбай шудаанд. Чанд китобашон бо забони англисӣ дар Ҳиндустон интишор гаштааст.

Ин дар давроне буд, ки ҳанӯз робитаҳои илмии олимони тоҷик бо ин давлатҳо ба ин гунае, ки феълан аст, густариши доманадор надошт. Фирӯзахон баробари бонуи хушзабону ҳамсари мушфиқу меҳрубон будан кадбонуи пазандаву хушзавқ низ будаанд. Ҳини суҳбат ба рӯи дастархон мураббо, ҷем ва хуришҳои аҷоибро гузоштанд, ки аз ин фазоилашон дарак медод.

Дар палавпазӣ ҳам ҳамто надоштаанд. Ба ин бону ҳамчун фарзанди яке аз ҳамкасбони мо – собиқ роҳбари матбааҳои вилоят Шарафнисо Муҳаммадҷонова дар хонадорӣ ва ба ҷо овардани эҳтироми шавҳар мафтун гаштам. Мақола омода шуд. Муаллим Фузайлов хостанд, қабл аз чоп шуданаш хонанд. Он касро даъват намудам. Маводро мутолиа намуда, заҳматҳои давоми умр кашидаашон, номи баланд, обрӯву нуфузи байни ҷомеа доштаашонро эҳсос намуданд ва рӯзгори басарбурдаи хешро чун ойина равшан дида, сабукрӯҳ гаштанд. Аз қиёфаашон эҳсос намудам, ки гӯиё аз рӯзгори ба сар бурдаашон ризоманд гаштанд… Пас аз ду-се ҳафтаи дарҷ гаштани мақола ин фарди бузург аз дунё гузаштанд. Аниқтараш, писарам гуфт, ки устоди азизу муътабарашон даргузаштаанд. Дар ҳайрат мондам. Аз рафтори эшон, аз рафтори ҳамсарашон.

Рафоат МӮЪМИНОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее