16 November 2020

ПЕШВОИ МИЛЛАТ-ЭҲЁГАРИ ҲУВИЯТ ВА ФАРҲАНГ

Дар толори “Осорхонаи таърихии вилояти Суғд”-и Муассисаи  давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” конфронси илмӣ таҳти унвони “Рӯзи Президент – иди миллии мост” барпо гардид.

Дар конфронс кормандони МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ва МД “Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ” иштирок намуданд. Омири Осорхонаи таърихии вилояти Суғд Мансур Бойматов иштирокдоронро бо ин санаи таърихӣ шодбош гуфта, аз ҷумла қайд намуд, ки дар бунёди ҷомеаи навини кишвари мо, ки ҳамқадами ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахсияти барҷастаи таърихи миллат беназир аст. Маҳз, бо заҳмату талошҳои пайгиронаи ин сарвари хирадманд давлати Тоҷикистон аз хатари парокандашавӣ эмин монда, истиқлоли худро таҳким бахшид ва имрӯзҳо миллати тоҷик баъд аз ҳазор соли талош дар роҳи эҳёи давлатдории миллӣ соҳиби давлати ободу озод мебошад.

Баҳром Раҳматов - директори Муассисаи давлатии “Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ” ҳамчунин зикр дошт, ки Иҷлосияи ҶVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тақдири халқу миллат нақши ҳалкунанда гузоштаанд. Натиҷаи ин иҷлосияи таърихӣ самти муросоро муайян намуда, ба майдони сиёсат омадани Эмомалӣ Раҳмон миллатро аз вартаи нобудӣ раҳонид.

Баъдан М. Хоҷаева  - мудири шуъбаи таърихи давраи муосири МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” таҳти мавзӯи “Пешвои миллат-эҳёгари ҳувият ва фарҳанг” маърӯзаи пурмуҳтаво намуда, доир ба фаъолияти ибратомӯзи Президенти Тоҷикистон, фидокорӣ ва хизматҳои арзандаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро дар роҳи расидан ба сулҳи тоҷикон, мустаҳкамсозии пояҳои давлатдорӣ ва рушду тараққиёти Тоҷикистон таъкид дошт.

Қайд кардан ба маврид аст, ки санаи 16 –уми  ноябри соли 1994 дар Иҷлосияи Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шурӯъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд.

Наргисахон  Бузурукова,

китобдори МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Читать далее

БУНЁДГУЗОРИ БАХТИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

Миллати барӯманди тоҷик шукронаи онро дорад, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гирифтани 91 дарсади овозҳо ғолибият ба даст оварданд ва тайи ҳафт соли дигар метавонанд, боз Роҳбар ва Роҳнамои тоҷикону Тоҷикистон бошанд.

Таҷрибаи ин чеҳраи ҷаҳонӣ, сиёсатмадори варзидаи офоқро бисёре аз мамолики дунё шоистаи дастгирӣ медонанд ва аз ин таҷрибаи нодир васеъ истифода бурда истодаанд. Китоби андешаҳои ҷаҳонсози он касро варақ мезанам ва дар ҷое чунин гуфтаанд: «Сарнавишти халқ, ҳамаи илмҳо, ҳикматҳо ва арзишҳоро дар худ ғунҷонида ва ҳифз карда метавонад, танҳо зарур аст, ки ба ин китоби нонавишта инсонвор таваҷҷуҳ ва арҷгузорӣ шавад». Вақте ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи сиёсат омаданд, азму иродаи халқро писандиданд, мувофиқи хоҳиши онҳо амал намуда, қадам ба қадам ҳамроҳи халқ буданд, гӯш ба садои дили шаҳрвандон дода, дар натиҷа азизу муҳтарами халқ гаштанд. Сарчашмаи ҳамаи муваффақиятҳои ин абармарди ҷаҳонӣ ва сиёсатмадори варзида аз тарбияи дурусти хонаводагӣ, андарзи авастоӣ - «Рафтори нек, пиндори нек ва кирдори нек» буда, ҷавҳари инсонии он касро ташаккул додааст. Олитарин марому мақсадашон нигоҳ доштани Ватан аз порашавӣ, наҷот додани тоҷикон аз парешонӣ, обод намудани Ватани аҷдодӣ ва фароҳам овардани зиндагии шоиста ба мардум аст. Озодӣ ва ободиро дар Тоҷикистон таъмин намуда, кафили пешрафти Тоҷикистон шуданд, ба ҷавҳари ҳастии миллат арҷ гузоштанд, кишвар ва расму оинҳои онро ҷаҳонӣ карда тавонистанд.

Пешвои миллат барои истиқрори сулҳ, таҳкими давлатдорӣ, барои кишварро аз бунбастҳо, муҳосираҳо раҳонидан, ободу зебо намудани Меҳани аҷдодӣ, пешрафти иқтисоди миллӣ, ҷаҳонӣ шудани Тоҷикистони демократӣ, ягона ва дунявӣ хизматҳои арзанда карда истодаанд ва хеле хуб андешаҳои хешро ба таври зайл баён намудаанд: «Халқ довари ҳақгӯву ҳақбин аст. Ман бо он ҳама камбуду нуқсон, душвориву мушкилоти ҳам сиёсӣ, ҳам иқтисодӣ, ҳам иҷтимоиву маънавие, ки одатан хоси замони гузаришҳои бузург ҳастанд, ба ҳувиятшиносӣ ва сарнавиштсозии миллати хирадмандамон бовар ва эътиқоди қавӣ дорам».

Ба қарибӣ Маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Пешвои миллат шуда гузашт ва дар он қайд карда шуд, ки даромади умумии буҷети давлат барои соли 2021 дар ҳаҷми 27,6 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба буҷаи соли 2020 ба маблағи 1,6 миллиард сомонӣ ё 6,1 фоиз зиёд мебошад. Бо назардошти дурнамои рушди соҳаҳои иқтисодии кишвар даромади ҷории буҷети давлатӣ дар ҳаҷми 20,6 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Дар сиёсати буҷети давлатӣ таъмин намудани уҳдадории давлат оид ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ самти афзалиятнок ба ҳисоб меравад. Аз ҷумла, барои маблағгузории соҳаҳои маориф дар ҳаҷми беш аз 5,6 миллиард сомонӣ бо афзоиши 592 миллион сомонӣ, тандурустӣ 2,4 миллиард сомонӣ бо афзоиши 509 миллион сомонӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 4,2 миллиард сомонӣ бо барзиёдии 262,7 миллион сомонӣ, фарҳанг ва варзиш 1 миллиард сомонӣ бо афзоиши 68,8 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Барномаҳои давлатӣ ба он далолат мекунанд, ки ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакат ба сатҳу сифати баланд баромада истодааст. Инак, Тоҷикистони соҳибистиқлол 30 сол боз бо роҳбарии ин шахсияти баргузида қадам мезанад ва 30 сол боз халқ ҳаёти осоишта ба сар мебарад.

Тоҷикистон ба як мамлакати транзитӣ табдил ёфт. Барномаҳои давлатӣ амалӣ шуда истодаанд, ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат дастгирӣ ёфта истодааст. Тоҷикистон ба як мамлакати тараққиёфта табдил ёфт. «Даҳсолаи байналмилалии Об барои ҳаёт» аз ҷониби 141 кишвари ҷаҳон пазируфта шуд ва ин ташаббус аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид ба қатори 20 пешниҳоди арзишмандтарини қабул шуд. «Ман моҳияти умумиҷаҳонӣ ва ҳаллу фасл шудани масоили доғу ҳассоси инсониятро дар ҳамин гуна иқдомҳо мебинам, ки бештар ба андеша ва маниши нек, яъне ба хиради инсонгароӣ ва ҷаҳонсози вобастагӣ доранд» - гуфтаанд Пешвои миллат.

Оламшиносиҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он касро мушфиқу меҳрубони аҳли сайёра намудааст ва миллати тоҷик Президенти кишварро ҳамчун бунёдгузори бахти миллат эътироф кардааст.

Бобоҷони НУРЗОД,
адиб ва рӯзноманигор,
ноҳияи Айнӣ

Читать далее

Исмоилзода Зуфар Муртазохон раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд интихоб гардид

13 ноябр дар толори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, муовини якуми Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ ва аъзои ҳизб ҷаласаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд баргузор шуд.

Дар ҷаласа бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷонибдории аъзои кумиҷроия Исмоилзода Зуфар Муртазохон раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд интихоб гардид.

Читать далее

Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо камоли ихлосу эҳтироми бепоён ва шукру сипосгузорӣ аз сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарорасии Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки яке аз санаҳои фирӯз ва мубораки тақвими миллати сарбаланди тоҷик ба ҳисоб меравад, аз номи худ ва сокинони сарбаланди вилояти Суғд ба кулли ҳамватанони гиромӣ сидқан табрику муборакбод менамоям.

Боиси ифтихор аст, ки Пешвои муаззами миллат ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ бо мавқеи устувор ва матонати беназир, посдории таърих ва тамаддуну фарҳанги куҳанбунёди дирӯзу имрӯзи миллатамон на танҳо халқи тоҷикро ба оромию осоиштагӣ расониданд, балки дар суботи тамоми минтақа низ саҳми бузург гузоштанд.

Читать далее

ПРЕЗИДЕНТИ МО - ПРЕЗИДЕНТИ МАРДУМӢ

Мутолиаи мақолаи арзишманди сиёсатшинос Саидмурод Фаттоев ва нависанда Мансур Сайфиддинов оид ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Президенти мардумӣ» ҳар як шахсро ба фикру андешаи мухталиф мебарад. Аҳли миллат ҳама дар ин хулосаанд, ки имрӯз дар ҷомеа падид омадани мафҳумҳое аз қабили «Президенти мардумӣ», «Президенти аз байни халқ баромада», «фарзанди халқ» ва ба ин монанд ба ниёзҳои ҷомеаи мо посухгӯ аст.

Муаллифон бо назардошти душвориву пурпечутоб будани роҳи сиёсатмадорони бузург самтҳои асосии фаъолияти Пешвои миллатро таҳлил намуда, зинаҳои онро бозгӯ кардаанд. Дар мақола ҷойгоҳи Президенти мардумии мо дар пайванд ба зинаҳои фаъолияти раҳбарии нахустин президентҳои ҷумҳуриҳои шӯравии собиқ – Нурсултон Назарбоев, Аскар Акаев, Ислом Каримов, Сафармуҳаммад Ниёзов, Ҳайдар Алиев, Эдуард Шеварнадзе арзёбӣ шудааст.

Нуктаи муҳимми арзёбии ҷойгоҳи Президент дар мақола дар сиёсат шахси тасодуфӣ набудани Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки аз натиҷаву маҳсул ва нишонаҳои неки сарварии ӯ дар тӯли қариб 30 соли кишвар дарак медиҳад. Ин хулосаи баҷост, ки Эмомалӣ Раҳмон дар «давраи мураккабу душвори гузариш, ташаккули давлатдории нав, шароити сангини ҷанги шаҳрвандӣ, харобиҳои баъд аз ҷанг ва душвориҳои дигар» ба сари кор омада ва тақдири Тоҷикистонро ба даст гирифта, дар амри баромадан аз бӯҳронҳои пай дар пайи низомию сиёсӣ, нуқта мондан ба задухӯрдҳои мусаллаҳонаи дохили кишвар, аз байн бурдани кӯшишҳои табаддулоти давлатӣ ва ғайра нақши беҳамто гузоштаанд. Дар ин давра тараққии сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар дар сатҳи хеле баланд қарор гирифт. Худшиносии мардуми тоҷик бамаротиб боло рафт, ки ин ҳама сифату корҳои Президент бо ҳазорҳо далел собит шудаанд. Манбаи муҳимтарин барои дарки моҳияти масъала ёду хотираи ҳамагон ҳаст, ки ҷанбаи мардумии фаъолияти Президенти моро фаро гирифтааст. Саҳми Президенти арзандаи мо дар бартараф кардани ҳодисаву воқеаҳои зиёд ва берун баровардани Тоҷикистон аз душвортарин шароиту вазъият, ҳифзи сарбаландӣ, ягонагӣ ва тамомияти давлат хеле бузург аст.

Раҳбарии қариб 30-солаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон обрӯ ва эътибори дохиливу хориҷиашонро ӯ афзуд, ин фурсати таърих шахсияти мавриди назарро чун раҳбари матин, қавиирода ва аз нигоҳи сиёсӣ пухта ва тавонмандтар нишон дод. Амри асосие, ки ба Тоҷикистон бо чунин Сарвар рӯйи сурху қомати расо овард, эътимоду бовар ба ояндаи хуби кишвар буд, эътимод бар халқу миллати таърихан қадимии мо. Ин роҳи устовор мавқеи Тоҷикистонро ҳам мустаҳкамтар кард. Ин амр ба мағлуб кардани душмани ҷонии Тоҷикистон заминаи хуб буд, «душманони мағлубшудаи миллат бори дигар ба шикаст рӯ ба рӯ шуданд ё ба ҷисмҳои беҷони сиёсӣ табдил ёфтанд», – навиштаанд муаллифони мақола.

Банда ба хулосаи муаллифони ин мақола ҳамовозам, ки асрори ҷолиби комёбии Эмомалӣ Раҳмонро чун ҳақиқати равшан ва хеле содаву самимиву мардумӣ ба халқи сарбаланди тоҷик арз ва дорои сифатҳои мардумӣ будани ин шахсияти таърихро бозгӯ кардаанд.

Воқеан, ташаккули давлати мустақили тоҷикон дар поёни ҳазорсолаи гузаштаву оғози ҳазорсолаи нав бо номи Эмомалӣ Раҳмон ва фаъолияти гуногунпаҳлӯяшон робитаи мустаҳкам дорад ва аз ин нуқтаи назар хуб аст, ки дар мақола хидматҳои Эмомалӣ Раҳмон дар назди Ватан ва миллат бо саҳми Авраам Линколн, де Голл, Камол Отатурк ва дигар шахсиятҳои сиёсии сатҳи ҷаҳонӣ қиёс шудааст.

Ба воқеияти ҷойгоҳи Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи навини тоҷикон бояд ба таври ибратомӯз бингарем!...

Субҳони АЪЗАМЗОД,
устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

«ШЕЪР ЧИСТ ВА ШОИР КИСТ?»

«Шеър чист ва шоир кист?» китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло аст, ки ба наздикӣ тариқи нашриёти «Адиб»-и шаҳри Душанбе дастраси хонандагон гарид ва дар шинохти шеър ва шоир баҳс мекунад.

Ин китоб аз аввалин таҷрибаи адабиёти муосири мост, ки аз номи як шоир чун бардошт, мушоҳида ва ҳодисаҳои эҷодии ӯ ба муштариёни шеър пешниҳод мегардад ва метавонад, чун дастур ба адибони ҷавону навқалам хидмат намояд. Камол Насрулло муаллифи китоб талош намудааст, ки ба суоли «Шеър чист?» посухи мушаххас бигӯяд. Ӯ таъкид мекунад, ки «кайҳост мехостам, ки посухе аз ҷониби худ ба ин суол бидиҳам: Шеър чист ва шоир кист?

 Ҳарчанд душвор аст, ки касе тавонад дилашро чун қӯраи оташи сӯзон аз сина бадар орад, ба рӯи каф бигзорад ва сифату хусусиятҳои онро нишон бидиҳад». Виҷагиҳои ин китоб дар он зоҳир мешавад, ки як нафар шоир, ки бевосита бо шеъру сухан ва офариниш сару кор дорад, аз таҷрибаҳои эҷодии хеш ба хонанда мегӯяд ва дастури хубест барои дарки воқеии шеър ва донистани хусусиятҳои асосии он.

Муаллифи китоб низ мегӯяд, ки «виҷагии он чи ки банда дар посухи суоли «шеър чист» хоҳам навишт, дар он хоҳад буд, ки ин ҳарфҳо на аз забони як олим, адабиётшинос, балки аз забони як нафар шоир, шахсе, ки бо матои шеър бевосита сарукор дорад, гуфта мешаванд, яъне назар дар бардошти мушаххас ва шоиронаи ӯ дар ҷавоби ин саволҳоянд. Ҳадафи банда ба тарзе соддаву фаҳмо маънидод кардани чӣ будани шеър ва виҷагиҳои он аст. Мухотаби банда низ як хонандаи оддист». Китоб ба хонанда паём мефиристад, ки шеъри асил рӯҳияи баландест, ки аз олами рӯҳонӣ ба як нафар интиқол меёбад ва хеле муҳим аст, ки шоир мисли як тифл зоҳирану ботинан поку мубарро ва муҷалло бошад.

Сурайё ҲАКИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее