19 November 2020

«ҲАҚИҚАТИ СУҒД» ВА ИҶЛОСИЯИ ХVI ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Эмомалӣ РАҲМОН: Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйдоди воқеан таърихӣ мебошад, зеро маҳз дар ҳамин иҷлосия тақдири ояндаи давлати миллии тоҷикон тарҳрезӣ гардид.

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар рӯзнома инъикоси дастовардҳои неъмати бузурги миллат –Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба роҳ монда, рисолати аслии хешро дар инъикоси мавзӯъҳои умдаи рӯз, иқдомҳои созандаву бунёдкоронаи Ҳукумати кишвар ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, тарғибу ташвиқи суръати нав касб кардани ҷараёни созандагӣ дар вилоят, бунёди шаҳру шаҳракҳои нав, ободии роҳҳо, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ равона намуда, ҷаҳду талоши рӯзнома бобати солимии афкори ҷомеа, баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандон, ошкор сохтани камбудиву норасоиҳои мавҷудаи ҷомеа боиси зикру таҳсин аст.

Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ «Ҳақиқати Ленинобод» рӯзномаи ҳамраъйи мардум буд ва бо шиори «Банӣ одам аъзои якдигаранд» ҳафтае панҷ маротиба дар ҳаҷми 4 саҳифа бо формати А2 нашр мешуд.

Ба вижа дар солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар, ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, баргузории Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзнома мавқеи хешро нишон дода, дар барқарорсозии сулҳ дар кишвар саҳми бориз дорад.

Воқеан, натиҷаҳои Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дастовардҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар буд, зеро ҳамин Иҷлосияи сарнавиштсоз ба ҷанги бародаркуш хотима бахшида, Тоҷикистонро ҳамчун кишвари соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дар ақсои олам муаррифӣ кард. Он солҳо дар саҳифаҳои рӯзнома мақолаҳо, гузоришҳо ва хабарҳои мусаввиру нав ба нав бо аксҳои вакилон, ҷараёни овоздиҳӣ, қабули ҳуҷҷатҳо, қонуну қарори иҷлосия чоп шудаанд. Мақолаҳо таҳти сарлавҳаи умумӣ дар саҳифаи аввали рӯзнома «Сессияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон: рӯзи аввал, рӯзи дувум, рӯзи сеюм» ва ҳамин тавр то рӯзи ҷамъбастӣ нашр шуда, дар омода намудани ин шумораҳо саҳми рӯзноманигорон Ҳасанбой Шарифов, Ҳасани Порсо, Шарифҷон Мамадҷонов, Исроилҷон Рабизод, Ҳадятилло Тӯйчизода, Ғафур Нарзулло (рӯҳашон шод бод!) Файзулло Атохоҷаев, Ғайрат Ҳаким, Мазбут Воҳидов бисёр калон мебошад. Дар ин маврид Файзулло Атохоҷаев-собиқадори рӯзнома, сармуҳаррири «Ҳақиқати Ленинобод» дар солҳои 1989-1994, иштирокчии Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин қайд мекунад: «Бо гузашти рӯзҳо, солҳо қадри заҳмати ҳамаи кормандони ҳамонвақтаи рӯзномачи техникиву чи эҷодӣ, чи ҷонишини сармуҳарриру чи коргари ба чопи рӯзнома вобастаи матбааи якуми шаҳри Хуҷанд баланд эҳсос карда мешавад».

Воқеан, дар ҳавзаи матбуот ва, умуман, фазои расонаии Тоҷикистон «Ҳақиқати Ленинобод»-ро ба сифати рӯзномае мешиносанд, ки дар инъикоси рафти Иҷлосияи шонздаҳум аз ҳама фаъол буд ва хабарҳо аз рафти онро лаҳза ба лаҳза манзури хонандагон мекард ва барои чунин як пешдастӣ иқтидори хуби кадриву техникӣ низ дошт. «Вакилони халқ ҳозир шуданд. Дар иҷлосия 193 нафар вакилон номнавис шуданд. Имрӯз Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз меёбад. Ба кори сессия барор мехоҳем». Ин матлаб, ки дар шумораи №163 (14909) аз 16 ноябри соли 1992 рӯи саҳифа омадааст, намунае аз фаврияти касбӣ ва далели гуфтаҳои мост. Дар он рӯзҳои ҳалкунандаву тақдирсоз маҳз ҳайати эҷодии рӯзномаи вилоятӣ масъулияти инъикоси пурраву ҳамаҷонибаи ҷараёни иҷлосияро бар дӯш дошт. Дар ҳамон рӯзҳои душвор ҳайати эҷодии нашрия ба вазъияти кишвар баҳои дуруст дода, мардумро ба оромӣ ва хушбинӣ ба рӯзҳои нек даъват мекард. Он солҳо ба ҳайати эҷодии рӯзнома Файзулло Атохоҷаев, ки аз охири солҳои шастуми асри гузашта тақдирашро ба кори газета бахшидааст, сарварӣ мекард.

Файзулло Атохоҷаев дар бобати нақши ин иҷлосия дар тақдири мардум зимни баёни андешаҳо чунин изҳори назар карда: «Дар халқ чунин таъбир маълуму равшан аст: «Ба тақдир тақдирҷунбон даркор»…

Агар ҳоло аз он айёми чашм бар субҳи умед доштан ёд карда, аз қуллаи рӯзгори пурсаодат ва ободии кишвар эҳсосбарӣ кардан аз дидгоҳи вақт ба рӯйдоду ҳодисоти рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии Ватанамон назар афканем, тафсиру тавзеҳ намоем, мебинем, ки маҳз Иҷлосияи тақдирсози ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сароғозу саҳифаҳои тозаву пурмаънии таърихи навини миллату давлати тоҷикон ба шумор меравад. Аз толори Қасри Арбоб ҷозибае, эҳсосе, баёни мақсаде, таъсире равшантар ба чашмҳо расид…

Чаҳоряк аср муқаддам ба рӯзҳои моҳи ноябри соли 1992 бо чашми дилу меҳру вафо менигарем: ҳамон айём ва замон ба ҳайси сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод» ифои вазифа доштам. Ҳама он воқеаву рӯйдодҳои дар замони бозсозии охири солҳои 80-уми шӯравӣ, давоми солҳои навад то аввали дуҳазоруми қарни гузашта, чи дар қаламрави ҷумҳурӣ, чи ҳамонвақта вилояти Ленинобод дар саҳифаҳои ҳар шумораи рӯзнома пурраву возеҳ инъикос карда мешуданд. Аз ҷумла, дар солҳои вазнини ҷанги шаҳрвандӣ низ рӯзномаи мазкур бо ҳамон мавқеъ, яъне ҳамраъйӣ бо мардум монд. Ҳамон давра ҳамаи маводи Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан аз тариқи рӯзнома паҳн мешуд. Ҳоло ин саҳифаву ин шумораҳо рисолати таърихӣ доранд.

Дар шумораи 12-уми ноябри соли 1992 рӯзнома дар саҳифаи аввал Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз 9 ноябр «Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд даъват карда шавад» ба нашр расонид. Ҳамон шумораро баъди имзо ба чоп доданӣ будем, ки маро ҷонишини котиби масъули рӯзнома Исроилҷон Исмоилов (рӯҳаш шод бод!) огоҳ намуд, ки тавассути телетайп хабари оҷилӣ меомадааст, интизор шавем. Ҳамин тавр, мо Изҳороти Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро гирифтем, ки дар он, аз ҷумла, зикр мешуд: «Тақдири мо – сокинони Тоҷикистон танҳо ва танҳо дар дасти худамон. Давлати дигаре, шахси дигаре онро ҳаллу фасл карда наметавонад».

Воқеан, дар саҳифаи якуми шумораи №162 (14908) аз 14 ноябри соли 1992 хабари сар шудани бақайдгирии депутатҳо таҳти унвони «Бақайдгирии депутатҳо сар шуд» ба нашр расидааст.

Ҳамзамон, дар саҳифаи аввали ин шумора бо ҳарфҳои калон шиори «Умедамон аз сессия калон аст» ҷой дода шуда, мавод таҳти унвонҳои «Хуҷанд ба сессия тайёрӣ мебинад», «Хуҷанд-кафили ваҳдат», «Аз сессия чӣ мехоҳем? Ваҳдат, сулҳ, салоҳ», «Чароғи умед дар мегирад» оид ба омодагиҳо ва умедвориҳо аз Сессияи ҶVI Шӯрои Олии ҷумҳурӣ дарҷ шудаанд. Дар ҳамин саҳифа мо эълони мазкурро мушоҳида мекунем: «Сессияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум 16 ноябри соли 1992, соати 10, пагоҳӣ баргузор мегардад. Депутатҳои халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 14,15 ноябри соли 1992 аз соати 8 пагоҳӣ то 20 бегоҳӣ дар бинои кумиҷроияи вилоят (утоқҳои 535, 543) ба қайд гирифта мешаванд. Телефонҳо барои маълумот 6-06-45, 6-19-56». Ин нигоштаҳо аз масъулияти баланди рӯзноманигорони «Ҳақиқати Ленинобод» дар назди халқу Ватан гувоҳӣ медиҳанд.

Рӯзноманигор Файзулло Атохоҷаев он рӯзҳоро ба хотир оварда, қайд мекунад: «Ҳамон рӯзҳо ниҳоли умеду орзу ва ормонҳои деринтизори мардуми кишвари соҳибихтиёри тоҷик дубора реша дар об гирифт, ки нишонаи сарсабзиву нишотбахшӣ дошт. Дар ҳамон шумораи рӯзнома бо маслиҳату машварати аъзои ҳайати таҳририя мақолаи Игор Ленский, мухбири «Правда»-ро дар тарҷума чоп карда будем.

Ӯ, аз ҷумла чунин навишта буд: «Як бурда нони сиёҳро гирифта, онро ду тақсим намоед. Дар Кӯлоби имрӯза чун дар Ленингради дар муҳосирабуда сарикасӣ ҳамин қадарӣ, яъне 30-граммӣ нон мерасид, ки бо он бояд рӯз гузаронид». Дар идомаи мақолааш мухбир чунин овардааст: «Дар маркази водии Вахш баъди танаффуси тӯлонӣ заводи нонпазии шаҳри Қӯрғонтеппа ба кор даромад. Ба хонаҳои сокинон газу об омад ва чароғи барқӣ даргирифт. Дар ин замини азияткашида ниҳоят чароғаки умед равшан шуд». - Саҳарии рӯзи 16-уми ноябри соли 1992 дар Хуҷанд борони сим-сим меборид, ҳавои тирамоҳ салқинтар буд. Қатраҳои маҳини борон гӯё аз само бо нидову фараҳ ва нуру сафо мерехт. Мухбирони парлумонии рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод», ки ин гурӯҳ аз ҳафт нафар журналистон - Ҳасанбой Шарифов, Ҳасани Порсо, Шарифҷон Мамадҷонов, Исроили Рабизод, Ғафури Нарзулло (рӯҳашон шод бод!) ва Мазбути Воҳид, Ғайрат Ҳаким иборат буду банда ҳамчун сармуҳаррир аз рӯи вазифа аз майдончаи истгоҳи назди меҳмонхонаи «Ленинобод» ба воситаи автобус ҳамроҳи вакилони мардумӣ аз вилояти Кӯлоб ба иҷлосия – ба Қасри Арбоб роҳ гирифтем,- ба ёд меорад Файзулло Атохоҷаев.

Ҳамин тавр, аз оғоз то анҷоми Иҷлосия мухбирони парлумонӣ ва рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод», яъне аз 16 ноябр, №163 (14909) то 5 декабри соли 1992, №176 (14922) аз рӯи виҷдони касбӣ ва рисолати меҳанпарастиву мавқеи устувори худ хизмати эҷодӣ намуданд. Хизмати рӯзнома аз он иборат буд, ки ҳар воқеаву лаҳзаҳои ҷараёни ҷаласаҳои иҷлосия, фикру мулоҳизоти вакилони мардумиро дуруст, шаффоф ва ҳадафмандона нашр менамуданд.

Ҳайати таҳририяи рӯзнома вазифа, уҳдадорӣ ва фаъолияти касбии журналистонро дар доираи салоҳият, масъулияту маърифат муайян намуда буд. Дар саҳифаи аввали рӯзнома таҳти сарлавҳаи умумӣ – «Сессияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: рӯзи аввал, рӯзи дуюм… рӯзи дувоздаҳум» ва дар ҷамъбаст – «Сессияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт» маводи муфассал ва дар ҷанрҳои гуногуни журналистика чоп карда мешуданд. Чунончӣ дар як матлаб омадааст: «Вакили мардумӣ аз ноҳияи ҳисор Абдувоҳид Мирзоев дар ҷаласаи иҷлосия пешниҳод намуд, ки ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси комиҷроияи вилояти Кӯлоб, депутати халқ Эмомалӣ Раҳмонов пешбарӣ карда шавад. Ин таклифро депутати мардумӣ аз шаҳри Хуҷанд Ҷаҳон Набиев дастгирӣ намуд. Дар овоздиҳӣ аз 197 вакил 186 нафар ба тарафдории Эмомалӣ Раҳмонов овоз доданд». Ҳамин муҷдаи ҳаётбахш вуҷуди аҳли эҷоди моро, ҳаққо, ки гармӣ бахшид, ба дилҳо неруи дигар овард, дидаҳоро рӯшан кард».

Он вақт дар идораи рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод» 70 нафар заҳмат мекашиданд ва яке аз воқеаҳои муҳиму хотирмон дар тӯли ин солҳо, ки ба нашрияи “Ҳақиқати Ленинобод” вобастагӣ дорад, ин бевосита мулоқоти аввалини Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов бо намояндагони ВАО-бо кормандони эҷодии рӯзномаи мазкур, ки дар кумиҷроияи вилоятӣ аввали моҳи декабри соли 1992 бо хоҳиши ӯ ба вуқӯъ омада буд, ба ҳисоб меравад. Хабари ин мулоқот дар саҳифаи аввали шумораи №176 (14922) таҳти унвони «Вохӯрии Эмомалӣ Раҳмонов бо журналистони рӯзнома» нашр шудааст, ки аз ҷумла омадааст: «Бо хоҳиши Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар кумиҷроияи вилоятӣ вохӯрии ӯ бо аҳли қалами рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод» барпо гардид.

Байни журналистон ва Раиси Парлумон Эмомалӣ Раҳмонов оид ба вазъи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ, ҷамъбасти Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти минбаъдаи Раёсати Шӯрои Олӣ ва Ҳукумати Тоҷикистон, инчунин дигар масъалаҳои муҳими рӯз мубодилаи афкор барпо гардид. Эмомалӣ Раҳмонов ба мавқеи рӯзномаи вилоятии “Ҳақиқати Ленинобод”, ки ҳамаи маводи Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олии ҶТ асосан аз тариқи рӯзномаи “Ҳақиқати Ленинобод” паҳн мешуданд, баҳои сазовор дода, журналистони рӯзномаро даъват намуд, то ки минбаъд низ тамоми қувваю дониш ва ғайрати эҷодиашонро барои пойдор гардондани сулҳу амонӣ дар Тоҷикистон, таъмини ваҳдати мардум ва якпорчагии ҷумҳурӣ равона намоянд.

Дар мулоқот ҷонишини сармуҳаррир М.Воҳидов ва мудирони шуъбаҳои рӯзнома Ҳ.Шарифову Ғ.Нарзуллоев ва мухбир Ҳ.Тӯйчиев роҷеъ ба мушаххастар ва ба шароити ҷумҳурӣ мутобиқ гардонидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма”, таъминоти моддию техникӣ ва молиявии рӯзномаҳои маҳаллӣ дар шароити гузариш ба иқтисодиёти бозаргонӣ аз ҷониби Ҳукумат ва дигар масоили муҳими рӯз фикру мулоҳизаҳои худро иброз доштанд, ки аз ҷониби Раиси Парлумони ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмонов хуш пазируфта шуданд».

Сурайё ҲАКИМОВА, «Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

ЗАХИРАИ ТУХМИИ КАРТОШКА ОЁ КОФИСТ?

Ба даст овардани ҳосили фаровони ҳама намуди зироатҳои кишоварзӣ аз истифодаи тухмии хушсифату серҳосил вобастагии калон дорад. Аз ин лиҳоз, кишоварзон пеш аз ҳама, кӯшиш мекунанд, ки аз тухмиҳои серҳосил истифода намоянду ҳосили дилхоҳ ба даст оранд. Имрӯз дар миқёси вилоят ҷамъоварии ҳама намуди маҳсулоти кишоварзӣ, алалхусус ҷамъоварии картошка дар арафаи анҷомёбист. Ин аст, ки то аввали моҳи ноябр дар вилоят беш аз 350 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ шудааст.

Деҳқонони соҳибтаҷриба картошкаро ба намудҳои гуногун ҷудо намуда, аз он беҳтаринашро барои тухмӣ нигоҳ медоранд.

Бино ба иттилои масъулини Сарраёсати кишоварзии вилоят то 1- уми ноябри соли равон дар вилоят 60 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира шудааст.

Манбаъ мегӯяд, ки дар миқёси вилоят се хоҷагии деҳқонии тухмипарвари картошка фаъолият дошта, дар ноҳияи Деваштич ҷойгиранд. Ин ноҳия дар самти кишту парвариши картошка дар ҷумҳурӣ машҳур аст. Тухмиҳои серҳосил аз ин маҳал ба ноҳияҳои картошкапарварӣ дастрас гардида, аз он ҳосили фаровон ба даст оварда мешавад.

самти таъмини бозори дохилии кишвар бо картошкаҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза низ саҳми ноҳия басо назаррас аст.

Бино ба иттилои сардори раёсати кишоварзии ноҳияи Деваштич Камол Юсуфов, то имрӯз дар ноҳия дар 5400 гектар кишти картошка ба роҳ монда шуда, 126 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ гардид, аз он 55 ҳазор тонна тухмӣ барои кишти соли оянда захира шудааст. - Аз захираи тухмии мавҷуда 20 ҳазор тоннааш барои кишоварзони ноҳия кифоя буда, боқимонда 30 ҳазор тоннааш барои картошкапарварони шаҳру навоҳӣ пешбинӣ шудааст. Кишоварзони ноҳияҳои ҷануби кишвар низ алҳол барои харидории тухмии картошка ба ноҳия омада, онро харида истодаанд, - гуфт мавсуф. Хоҷагиҳои деҳқонии тухмипарвари «Ҳотам Қурбонов» - и деҳаи Басманда, «Овчӣ - Ғончӣ» - и деҳаи Овчӣ ва Хоҷагии деҳқонии «Хӯҷаҳо» - и деҳаи Хӯҷаҳо ҳамасола тухмии хушсифати картошкаро ба фурӯш мебароранд. Захираи картошка ва тухмии он дар ин хоҷагиҳо ба таври хоса ба роҳ монда шуда, он то аввалҳои фасли баҳор нигоҳ дошта мешавад. Хоҷагии кооперативии истеҳсолии «Овчӣ - Ғончӣ» - и деҳаи Овчӣ бошад, дар истеҳсол ва парвариши картошка дар миқёси кишвар шӯҳрат дорад.

Зеро заминҳои хоҷагии мазкур дар саргаҳи оби худҷорӣ қарор дошта, иқлимаш барои истеҳсоли картошкаи аз ҷиҳати экологӣ тоза мусоидат мекунад. Бино ба иттилои роҳбари хоҷагии мазкур Сангин Сангинов, аз 290 гектар замини киштшуда беш аз 8700 тонна картошка истеҳсол гардид, ки аз ин 1450 тонна чун тухмӣ барои кишти соли 2021 нигоҳ дошта шудааст.

 Саҳмдорони хоҷагии мазкур дар анборҳои худ беш аз 3 ҳазор тонна тухмии хушсифати навъҳои «Алладин», «Нуринисо» ва «Кардинал» - ро нигоҳ медоранд. Аҳли заҳмати Хоҷагии деҳқонии тухмипарвари «Хӯҷаҳо» - и деҳаи Хӯҷаҳо бошанд, барои захираи маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла, картошка ҳар як ваҷаб заминро самаранок истифода мебаранд. Дар хоҷагӣ имсол дар майдони 229 гектар кишти картошка гузаронида, 7557 тонна картошка ҷамъоварӣ гардид, ки аз ин 1889 тоннаро барои кишти соли 2021 захира намудаанд.

Истамҷони НАҶМИДДИН,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

БАҲРИ БЕҲДОШТИ ЗИНДАГИИ ШАҲРВАНДОН

Вақте Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон» ба тасвиб расид, аз ҷониби масъулини шаҳру навоҳӣ ва вилоят рӯзи қабули шаҳрвандон ҳар ҳафта, яъне дар як рӯзи муқарраргардида баргузор мегардад.

Масъалаи таъмини қитъаи замини наздиҳавлигӣ дар қатори дигар шаҳру навоҳии вилоят дар шаҳри Хуҷанд низ басо мубраму ҳалталаб буд. Пас аз ҳар як қабул мушоҳида мекардем, ки аксарият тибқи аризаи хеш соҳиби қитъаи замини наздиҳавлигӣ мегардиданд.

Пас аз гузашти солҳо чун ба гирду атрофи шаҳри Хуҷанд дида медӯзем, ҳамон қитъаҳое, ки қаблан бекорхобида буданду теппаҳои пасту баланд доштанд, хосатан дар соҳили рост, ҳоло хонаҳои ду – се ошёна ва ё баландошёна қомат афрохтаанду дашту биёбони холиву беодам ба гулзору пур аз дарахтони сояафкану мевадиҳанда табдил ёфтаанд. Воқеан, баҳри қаноатманд гардонидани муроҷиати шаҳрвандон аз минтақаи 17 - уми шаҳри Хуҷанд кормандони соҳаи маориф ва рӯзноманигорони маркази вилоят низ соҳиби қитъаи замин гардида буданд.

Дар идомаи корҳои неку шоиста ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат баҳри дастгирии оилаҳои камбизоату ниёзманд соли пешин ҳангоми сафари кориашон даҳ оила соҳиби хонаҳои истиқоматӣ гардиданд. Ҳамчунин, дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ низ чунин иқдоми шоистаи Пешвои маҳбуби миллат нисбати мутахассисони соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла кормандони сохторҳои низомӣ, маорифу тандурустӣ ба назар мерасанд.

Дар ин бобат масъули бахши манзили мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Усмонҷон Юсуфӣ зикр дошт, ки дар асоси хулосаҳои комиссияи ҷамъиятӣ аз соли дуҳазору понздаҳум то ин муддат муроҷиати се ҳазору панҷсаду шасту ду нафар шаҳрванд қаноатманд гардонида шуда, ҳар яке дар масоҳати 600,0 метри мураббаъ соҳиби қитъаи замини наздиҳавлигӣ гардиданд.

Воқеан, ду даҳсола қабл метавон гуфт дар сатҳи ҷумҳурӣ гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва соҳиби манзил шудан ғайриимкон буд. Аксари шаҳрвандон шиква аз он доштанд, ки солҳо дар навбат истодаанду аммо аз соҳиби манзил гардидан бӯи умед нест. Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо дастгирии Пешвои муаззами миллат ин муаммо аз байн рафт. Агар солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ шаҳрванди муроҷиаткарда аз гирду атрофи ҳамон манзили авлодиаш соҳиби замин мегардид, дертар аз мавзеъҳои чарогоҳ ва лалмӣ, инчунин аз ҷойҳои замоне аз хотири ҳамагон фаромӯшгардида бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин мешуданд.

Алҳол дар чор мавзеи ҳудуди вилоят – дар шаҳрҳои Исфара ва Истаравшан шаҳракҳои Моҳпарӣ ва Баҳористон, дар ноҳияи Мастчоҳ - шаҳраки Меҳробод ва дар маркази вилоят - шаҳраки Сайҳун обод гардида истодааст. - Аз 3562 нафар шаҳрвандони шаҳри Хуҷанд, ки соҳиби қитъаи замини наздиҳавлигӣ гардида буданд, 2830 нафарашон дар шаҳраки Сайҳун бо қитъаи замин таъмин гардиданд, - гуфт зимни пурсиш мутахассиси пешбари бахши манзили шаҳри Хуҷанд Абдусамӣ Қоҳиров. - Боиси сарфарозист, ки – қайд кард муовини раиси шаҳри Хуҷанд Аюбҷон Раҳматзода, - ба муносибати ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба соҳаи сохтмон нақша – чорабинӣ тартиб дода, то ин дам аксари иншоот бунёд гардида, ба истифода дода шуданд.

Дар анҷом Аюбҷон Раҳматзода гуфт, ки баҳри баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон ва барои таъмин намудан бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ чораҳои амалӣ андешида шуда, ҳоло бо назардошти солҳои пешин 4587 нафар барои гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва 1372 нафар барои соҳиб шудан ба манзили истиқоматӣ ба навбат гирифта шудаанд. Инчунин, тибқи қарорҳои раиси шаҳр, ба шаш нафар хонаҳои истиқоматии фонди манзили давлатӣ ва ба як нафар хонаи хизматӣ дода шуд.

Тавҳида ҶӮРАЕВА, «Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Гург дар ҷомаи наҳзат

Кирдори як иддае аз одамон ҳеҷ гоҳ бо рафтору гуфторашон як несту ҳамеша дар рӯй ниқоб доранд. Ин тоифаи мардум дар ҳар давру замон вуҷуд дошту имрӯз ҳам ҳастанд, мо набояд аз ин гуна махлуқ ҳаросем. Зеро муборизаи хайру шар, некию бадӣ, каҷию ростӣ буд, ҳаст ва хоҳад монд. Албатта Заҳҳоки давр, ки худро дар ҷомаи меш мегирад, ТТЭ ҲНИ аст, ки бо ҳар “ранг” имрӯз худро нишон дода истодааст. Ба ҳамин маъни Ҳофизи лиссонулғайб фармудааст:

Воизон к-ин ҷилва дар меҳробу минбар мекунанд,

Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд.

Роҳбари бадбахти он мехоҳад бо чоплусону ҳаромхӯрон ва дуздони муттаҳами худ, ки дар гирдаш ҷамъ овардааст, бо ҳар баҳона тоҷикон ва Тоҷикистонро дар арсаи дунё сиёҳ созад. Бозиҳои сиёсии эшон барои мардуми тоҷик чун рӯзи равшан ошкор аст. Бори каҷ ҳеҷ гоҳ ба манзил намерасад ва чеҳраи воқеии ин нафарон барои халқи тоҷик, ки маҳз ин тоифа рӯзҳои шумбори солҳои 90-умро ба сари онон овард ва мардуми ватандӯсту меҳанпарвар тавонист мардонавор ин гуна рӯзу солҳоро паси сар созад, шинос аст.

Ҷои таассуф аст, ки баъзе давлатҳо ва созмонҳои бонуфузи дунё амалҳои ғайриинсонии ин тоифаро нодида гирифта, ба дурӯғашон бовар доранд. Агар онон низ солҳои мудҳиши охири садаи 20-умро бо чашми сарашон медиданду, имрӯз ин гуна созмону ҳизбҳоро дастгирӣ намекарданд,  шояд то имрӯз дар дунё терроризм намемонд ё ақаллан ин падида кам мегардид.

Ин гуна ҳизбу ҳаракатҳо теша ба решаи халқу миллат мезананд, бо ақидаҳои ифротии худ мехоҳанд, ки “сиёҳ”-ро “сафед” созанд. Лек ҳеҷ гоҳ рангҳоро иваз карда намешавад, амали бадро нағз карда нишон додан ғайриимкон аст. Чунки масале ҳаст, офтобро бо доман пӯшида намешавад. Ва ҳар як амали ТТЭ ҲНИ  ва тарафдорони эшон низ ба мисли мақоли мазкур аст, ки симои манфурашонро нишон медиҳад.

Раҳматова З.М. – н.и.ҳ., дотсенти кафедраи
ҳуқуқи конститутсиони ДДҲБСТ

Читать далее

Хабарҳои иғвоангезу бардурӯғи “Ахбор” назди ҷомеа таслим мешаванд?

Агар ба таърихи таъмини ҷомеаи ҷаҳонӣ бо иттилоот назар афканем, дар ҳамаи давру замонҳо ва дар аксари давлату миллатҳо барои пурра намудани фазои иттилоотӣ нақши воситаҳои ахбори умум – телевизион, радио ва рӯзномаву маҷаллаҳо муассир мебошад. То ҳанӯз сокинони аксари кишварҳои сайёра ба ин расонаҳои хабарӣ бовар ва эътимоди қавӣ доштанду доранд. Зеро ҳар кадом мавод бо такя ба сарчашмаҳои расмӣ ва асоснок таҳия, инъикос ва пешкаши хонандагону бинандагон ва шунавандагон мегардад. Аз ин нуқтаи назар, барои бархӯрдор шудан аз ҳаёти сиёсӣ, иқтисоду иҷтимоиёт ва навидҳои сатҳи ҷаҳониву дохили кишвар мардум ба иттилои расонаҳои хабарӣ майли бештар пайдо намудаанд.

Дар Тоҷикистон низ садҳо рӯзномаву маҷалла, телевизиону радио ва агентиҳои иттилоотӣ фаъолият менамоянд, ки ҳамаи онҳо дар пур кардани фазои иттилоотӣ хизмат доранд.

Ҳоло ҷойи ин фазои иттилотиро дар асри ХХI бештар сомона ва шабакаҳои иҷтимоӣ иваз намуда истодаанд ё ба назари дигар, таваҷҷуҳи ҷомеаро бештар ҷалб сохтааст. Зеро интернет, техникаю технологияҳои муосир ва суръати баланду рушди кайҳонии он ба ҷомеа имконият дода истодааст то ки тавассути навъҳои гуногуни компютер, Notӯӣook, планшет, телефони мобилӣва амсоли инҳо дилхоҳ иттилооту адабиётро ба даст оранд, муоширати озоди минтақавию байналмилалӣ ва тиҷоратро дар соҳаҳои гуногун ба роҳ монанд, ба муассисаҳои таълимии дохилӣ ва ё хориҷӣ ҳуҷҷат супоранд, дохил шаванд, таҳсили илм намоянд, дилхоҳ кишварҳоро барои саёҳат интихоб созанд, мусиқӣ, суруд, филмҳо, дарёфти ҷойи кор ва даҳҳову садҳо маълумотҳои ҷустуҷӯиро дар муддати кӯтоҳ ба даст оранд.

Аммо нуктаи муҳим ин ҷост, ки на ҳар шахс иттилои “дуруст”-ро аз “нодуруст”, “рост”-ро аз “дурӯғ” ва ё аз шубҳанок фарқ гузошта метавонанд. На ҳамаи аъзои ҷомеа аз истифодаи мақсадноки сомона ва шабакаҳои иҷтимоӣ бархӯрдоранд. Зеро дар сомона ва шабакаҳои иҷтимоӣ маводу иттилооти фарох маҳфуз аст, ки онро танҳо саводи расонаӣ метавонад ба саҳҳеҳияти он баҳо диҳад.

Илова ба ин, ба ҳамагон маълум аст, ки 4 сол инҷониб саҳифаи иҷтимоии дар Тоҷикистон мамнуъ эълоншудаи “Ахборком”, ки роҳбараш Мирзо Салимпур буд расман аз фаъолияти худ даст кашид. Зеро фаъолияти он тибқи Қарори Суди Олии мамлакат манъ гардида, бори дигар исбот намуд, ки ташаббускорони ин саҳифа дар шабакаи иҷтимоии facӯӣook ба гуноҳ ва амали пасипардагиашон иқрор шудаанд ва ё аз гумроҳ сохтани мардум даст кашидаанд.

Хулоса, Ахборком ва ҳайати раҳбари он шояд амали нодурусти худро байни хонандагони ин саҳифаи мамнӯъ наметавонад ба пуррагӣ исбот намояд ва сирри аслии онро ифшо намояд. Аз андешаи баёнсохтаи Мирзои Салимпур зери унвони “Изҳорот: Сомонаи “Ахбор” фаъолияташро қатъ мекунад” бӯйи иқроршавӣ ва таслимшавӣ меояд.

Аз ҷониби дигар, падидаи мусбати он дар он зоҳир мегардад, ки мардумро аз иғвову хабарҳои бардуруғ ва ҷиноят нигаҳ хоҳад дошт.

Бобоҷони Хайриддин – дотсент,
устоди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

Давидани гӯсолаҳои наҳзатӣ то Аврупо

Масъалаҳои сиёсати дохиливу хориҷии муосири кишвар, ки торафт мураккаб гардида истодааст. Зарурияти зиракии сиёсӣ ва шомили нашудани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуби замони имрӯза талаботи қатъӣ мебошад. Аз ҷавонони имрӯза доштани зиракии сиёсӣ талаб карда мешавад. Зеро онҳо оид ба ҳаёти сиёсӣ, ҷомеаи пур аз фиребу адоват маълумоти пурра надошта, ба зудбоварӣ моил мебошанд. Яъне кишре мебошанд, ки ба доми фиребгарон – хиёнаткорон нисбатан осон меафтанд. Бо дарназардошти он аз тамоми онҳо даъват ба амал овардан дар самти маҳкум ва ҳисси нафрат нисбати хиёнаткорони миллат, дар ташакули идеологияи сиёсии онҳо мусоидат ба роҳи дуруст ҳидоят намудани онҳо яке аз масълаи муҳими рӯз мебошад.

Баъди ғайриқонунӣ эълон гардидани ҳизби наҳзати исломӣ ҷонибдорони ин ҳизб бо ҳар роҳ мехоҳанд мавқеи аз даст рафтаи худро пайдо намоянд. Ҷонибдорони ин ҳизб тарафдори онанд, ки бо ҳар гуна роҳ бегуноҳии худро дар назди ҷомеа исбот намоянд. Аммо ҳамагон медонанд, ки сарварони ТТЭ ҲНИ ҳамеша ҷонибдори хоҷагони хориҷии хеш буда бо ҳаракатҳои ғайриқонунии худ маълум сохтанд, ки маҳз онҳо сабабгори асосии низоҳои дохилие, ки тайи солҳои 90-ум ба вуҷуд омада буд ба ҳисоб мерафтаанд.

Маълум аст, ки дар натиҷаи муборизаҳои дохилии ҷониби мухолифини кишвар ва махсусан роҳбарони ТТЭ ҲНИ дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон зиёда аз 150 ҳазор нафар шаҳрвандони бегуноҳи мамлакат ҷони худро аз даст дода, беш аз як миллион аҳолии мамлакат гуреза шуда буданд.

Имсол мардуми тоҷик ҷашни 23-солагии Ваҳдати миллиро бо тантана таҷлил намуданд. Ин дар ҳолест, ки аҳолии мамлакат дар фазои сулҳу субот ва якдигарфаҳмӣ зиндагоннӣ мекунанд. Аммо онҳое, ки дар натиҷаи хиёнат ба Ватан ва халқи худ бесарпаноҳ мондаву дар ғарибӣ умр ба сар мебаранд, пешравию тараққиёти босуръати кишвари худро нодида мегиранд. Тоҷикистон ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд манфиатҳои сокинони худро ҳифз менамояд. Аммо ин маънои онро надорад, ки ҳуқуқи мухолифи ҳукумат ё терррористоне, ки бо айби онҳо шаҳрвандони бегуноҳ зарар диданд ва ҷони худро аз даст додаанд аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон бахшида шаванд. Яке аз чунин чеҳраҳои маъхуф собиқ  раиси ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирист, ки дар натиҷаи хиёнати бузург ба халқу ватани хеш имрӯз дар ғарибӣ умр ба сар мебарад. Аммо ӯ бо дастгирии хоҷагони хориҷии худ пайваста талош дорад, ки Ҳукумати конситутсионии Тоҷикистонро бо тӯҳмату бӯҳтонҳои беасос сиёҳ намояд. Аммо мардуми тоҷик имрӯз ба дараҷае расидаанд, ки сиёҳу сафедро аз ҳамдигар фарқ карда метавонанд. Мардум хуб медонанд, ки Кабирӣ кӣ буду ки ҳаст ва мақсади ӯ чист. Имрӯз мардуми сарбаланди тоҷик шукрона аз он мекунанд, ки дар фазои сулҳу оромӣ зиндагонӣ доранд. Аз ин лиҳоз даъвоҳои беасоси Кабирӣ ягон натиҷа нахоҳад дод ва мардуми тоҷик дигар ҳеҷ гоҳ ба фиребу найранги хоинони Ватан гирифтор намешаванд. Ҳаракатҳои ҷонибдорони Кабирӣ ба мақоли машҳури халқӣ “давидани гӯсола то коҳдон” монандӣ дорад ва метавон гуфт, ки аз шунидани овоза ва тӯҳматҳои беасоси онҳо мардум безоранд ва медонанд, ки дар пайи ин садоҳо чи гуна мавқеъталабиҳо вуҷуд дорад.

Албатта ин гуна шахсони нафтаровари миллат боиси аз ҷиҳати манфӣ муаррифӣ шудани миллат буда, онҳо зеби ин ватани дорои сулҳу субот намебошанд аз ҳамин сабаб аз хориҷи кишвар ба худ паноҳ ёфта ҳанӯз муносибатҳои қабехи худашонро нисбати кишвари мо хоҳиши изҳоркунӣ дорад. Албатта мо дар давоми кору фаъолият аз кирдорҳои шахсони мазлум низ боҳабар буда, ҳамеша тарафдори маҳкумии онҳо мебошем.

Абдувоҳидов М. – ассистенти кафедраи
 ҳуқуқи соҳибкорӣ ва байналмилалии ДДҲБСТ

Читать далее

Ғуломи зархариди хориҷиён ва хоини миллати тоҷик

Баъди ғайриқонунӣ эълон гардидани ҳизби неҳзати исломӣ ҷонибдорони ин ҳизб бо ҳар роҳ мехоҳанд мавқеи аз даст рафтаи худро пайдо намоянд. Ҷонибдорони ин ҳизб тарафдори онанд, ки бо ҳар гуна роҳ бегуноҳии худро дар назди ҷомеа исбот намоянд. Аммо ҳамагон медонанд, ки сарварони ТТЭ ҲНИ ҳамеша ҷонибдори хоҷагони хориҷии хеш буда бо ҳаракатҳои ғайриқонунии худ маълум сохтанд, ки маҳз онҳо сабабгори асосии низоҳои дохилие, ки тайи солҳои 90-ум ба вуҷуд омада буд ба ҳисоб мерафтаанд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки дар натиҷаи муборизаҳои дохилии ҷониби мухолифини кишвар ва махсусан роҳбарони ТТЭ ҲНИ дар солҳои Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон зиёда аз 150 ҳазор нафар шаҳрвандони бегуноҳи мамлакат ҷони худро аз даст дода, беш аз як миллион аҳолии мамлакат гуреза шуда буданд.

Мардуми тоҷик имсол ҷашни 23-солагии ваҳдати миллиро бо тантана таҷлил намуданд. Ин дар ҳолест, ки аҳолии мамлакат дар фазои сулҳу субот ва якдигарфаҳмӣ зиндагони мекунанд. Аммо онҳое, ки дар натиҷаи хиёнат ба Ватан ва халқи худ бесарпаноҳ мондаву дар ғарибӣ умр ба сар мебаранд, пешравию тараққиёти босуръати кишвари худро нодида мегиранд. Тоҷикистон ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд манфиатҳои сокинони худроҳифз менамояд. Аммо ин маънои онро надорад, ки ҳуқуқи мухолифи ҳукумат ё терррористоне, ки бо айби онҳо шаҳрвандони бегуноҳ зарар диданд ва ҷони худро аз даст додаанд аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон бахшида шаванд. Яке аз чунин чеҳраҳои маъхуфсобиқ Раиси ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирист, ки дар натиҷаи хиёнати бузург ба халқу ватани хеш имрӯз дар ғарибӣ умр ба сар мебарад. Аммо ӯ бо дастгирии хоҷагони хориҷии худ пайваста талош дорад, ки Ҳукумати Конситутсионии Тоҷикистонро бо тӯҳмату бӯҳтонҳои беасос сиёҳ намояд. Аммо мардуми тоҷик имрӯз ба дараҷае расидаанд, ки сиёҳу сафедро аз ҳамдигар фарқ карда метавонанд. Мардум хуб медонанд, ки Кабирӣ кӣ буду ки ҳаст ва мақсади ӯ чист. Имрӯз мардуми сарбаланди тоҷик шукрона аз он мекунанд, ки дар фазои сулҳу оромӣ зиндагонӣ доранд. Аз ин лиҳоз даъвоҳои беасоси Кабирӣ ягон натиҷа нахоҳад дод ва мардуми тоҷик дигар ҳеҷ гоҳ ба фиребу найранги хоинони Ватан гирифтор намешаванд. Ҳаракатҳои ҷонибдорони Кабирӣ ба мақоли машҳурихалқӣ “Давидани гӯсола то коҳдон” монандӣ дорад ва метавон гуфт, ки аз шунидани овоза ва тӯҳматҳои беасоси онҳо мардум безоранд ва медонанд, ки дар пайи ин садоҳо чи гуна мавқеъталабиҳо вуҷуд дорад.

Муҳамадизода М.
-омӯзгори кафедраи умумидонишгоҳии 
таърихи халқи тоҷики ДДХ

Читать далее

М. КАБИРӢ-ХИЁНАТКОР ВА МАККОРУ БЕВИҶДОН!

Ҳамон гуна, ки ба ҳамагон маълум аст, як гурӯҳ хоинони бадкеши миллат зери роҳбарии М. Кабирӣ террорист ва хоини миллат дар хориҷ аз кишвар паноҳ бурда, бар алайҳи миллати тоҷик мубориза мебарану иғвобарангезӣ мекунанд. М. Кабирии палид бошад, онҳоро сармоягузорӣ менамояд, то обрӯву нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ коҳиш ёбад.

М. Кабирии террорист бештар бо ҷосусӣ ва ватанфурӯшӣ машғул шуда, худро муздури хоҷагони хориҷияш гардонидаасту имрӯзҳо аз барои пул бар зидди миллат меҷангад ва пайваста талош мекунад, то бар миллат ва давлати миллии мо зарар расонад, ки ин хиёнати рӯирост мебошад ва ҳаргиз бахшида нахоҳад шуд. Дар бораи хиёнатҳо ва ҷиноятҳои М. Кабирии террорист раиси ТТЭ ҲНИ дар филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” хеле бо далелҳо мисолҳо оварда шудааст, ки симои зишт ва ҳайвонсиративу бевиҷдонаашро ифшо месозад.

Мо, кормандони Шуъба ин рафтори душмани миллати тоҷик, хоини наҳзатӣ Кабирии палидро комилан маҳкум намуда, бар ӯ лаънат мехонем!

ИЗҲОРОТИ КОРМАНДОНИ
ШУЪБАИ БИСТ
И ДКМТ

Читать далее

Нерӯҳои аҳриманмиҷози ТТЭ ҲНИ

Гузаштаи таърихии миллати мо борҳо нишон додааст, ки халқи тоҷикро хатари парокандашавию нобудӣ дар пайраҳаҳои зиндагӣ доим домангир буд. Яке аз марҳалаҳои хеле ҳассосу нозук ва дар айни замон тақдирсози миллати мо ин давоми солҳои 90-уми асри сипаришуда мебошад. Бо таназзул ёфтани низоми шӯравии собиқ давлатҳои иттифоқӣ роҳи мустақилияти усули давлатдориро пеш гирифтанд. Дар ин қатор Тоҷикистони мо низ дар остонаи солҳои 90-ум истиқлолияти хешро ба даст овард. Расидан ба ин неъмати гаронарзиш таърихан халқи тоҷик ҷафоҳои зиёдеро пушти сар намуд, аммо дар он замон зоҳиран хело осон ба даст омад. Агар дар он айём ба даст овардани истиқлолият осон ба даст оварда шуда бошад, пас ҳифзу нигоҳдошти он дар солҳои минбаъда мушкилиҳои сангинеро пеш овард. Дар паи талоши бемантиқонаи афроди алоҳида барои ба даст овардани молу мансаб ҷомеа мубталои ҷанги шаҳрвандӣ гардид.

Имрӯзҳо боз ҳастанд афроде, ки нотавонбинию ношукрӣ намуда ҳарфҳои иғвоангезонаашонро ба тариқи баъзе сомонаҳои интернетӣ паҳн мекунанд. Онҳо бо суханони «шаҳду шакарбор»-и худ мехоҳанд ҷомеаи Тоҷикистонро мутақоид бар он кунанд, ки ҳақиқат бо онҳост аз ин рӯ бояд пайравӣ ба онҳо кард. Ин неруҳои аҳриманмиҷоз чун «Аҳриман» зоҳиран суханони мафтункунанда мегӯянд, то мардумро ба доми хеш афкананд. Онҳо ба шахсияти ҳар касе, ки хоҳанд таҳқирро раво мебинанд ва мехоҳанд ин фаҳмиши худро болои мардум бор кунанд. Мардуми Тоҷикистон хушбахтона ҳақиқатро худ давоми солҳои соҳибистиқлолӣ хело хуб фаҳмидааст ва роҳи зиндагии осоиштаро акнун пайдо намудааст, аз ин рӯ фирефтаи пайравони шаётин шуданро барои хеш чун ҷомеаи мутамаддин раво намебинад.

Яке аз чунин ҳарфҳои иғвоангез дар мақолаи  Исломиддин Содиров дар сомонаи “Паём.нет” мебошад, ки аз оғоз то ба охир тафриқаандозӣ, иғвоангезӣ, ба иззати нафс расидан аст.

Эй бетамиз, ту ки ҳасти ки ба шахси маҳбуби халқ чунин суханхои фаҷҷу беасос мегӯӣ. Халқ худ медонад ба кадом шахс овоз дихад ва киро ба мақоми арзандаи президентӣ интихоб намояд. Ба ҷои он ки дар пиронсоли  мардумро насиҳатсозӣ ба муттаҳиди ватандустӣ даъват намоӣ, мехоҳи бо гапҳои беасоси худ ба дили пурмеҳри мардуми заҳматпеша кинаву адоват ҷо намоӣ. Аммо ин амали ту натиҷа намедиҳад.

Муҳиддинов М. – н.и.б. дотсенти кафедраи
маркетинг агробизнеси ДДҲБСТ

Читать далее

Кори хиёнатро бахшидан душмани аст

Дар ҳаёти ҷомеа касе, ки хиёнат кардааст, бахшидан мумкин нест. Ин кори душман буда, ӯ дар ҳамаҷо хиёнат мекунад ва оромии мамдакатро вайрон мекунад, ба хунрези асос мегузарад. Хиёнаткорони халқи тоҷик дар давлат ҳамсоя истода, ба Ватан худ санг меғуронанд. Барои ҳамин ҳам мо аз ҳамсоя давлатҳо эҳтиромона талаб менамоям, ки аъзоёни ҲНИ, дигар ТТЭро дар ҳудиди ҲДМ (СНГ) фъолияташ ғайриқонуни эълон карда шудааст, ба Ҳукумати қонунии ҶТ супоранд. Як мисоли одди, дар кино филми «Хиёнат» фаъолияти вайронкории аъзоёни ТТЭ ҲНИ ва сарвари он Кабири, Алянс,ваххобистҳо ва хиёнаткорони дигар ҳама тарафабомаводҳои кокретитаҳлил карда, афту башараш кушода шудааст.

Матбуоти ҷаҳонӣ бо қадри имкон маводҳои гуногунмазмунро паҳн мекунад.Дар асоси филҳми мазкур - дар вақтҳои охир дар саҳифа, шабака ва расонаҳои иҷтимоӣбаъзе душманони-террористон ТТЭҲНИ ва дигаронмашмашаҳои ноасос ва ақидаҳоиноӯрин пайдо шуда, оромию озодии кишвари халқи тоҷикро вайрон карданро мехостандфош карда шудааст. Хиёнаткорҳеҷ гоҳ аз мақсади душмани даст намекашад.

Дар кинофилҳми «Хиёнат» бо мисолҳои исботкунанда фаъолиятиТТЭ ҲНИ ва сарвари он Кабири бар зидди корҳои созандагии халқи тоҷик ба ҳар роҳ мубориза бурдашро баён кардааст. ТТЭ ҲНИ Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад,барои ҳаминфаъолияти ҳар як мақомоти Олӣ, ҳукуматҳои марказию маҳаллӣ, ҳифзи қудрати,корхонаю ташкилотҳо ва ҳатто ҳар як шахс дар асоси Конститутсия, қонунҳои қабул шуда ва санадҳои байналмилали ба роҳ монда шуданашро, дар кишвар озодию бародори тамомимиллатҳо,халқиятҳо таъмин карда шуданашро, тамоми мардуми кишвар бо фаъолияти ободкорую созандагӣ, ташвиқотчиги тааббускорӣ, бунёдкорӣ барои баланд бардоштани дараҷаи неку аҳволи машғул буданашродида наметавонанд ва дидан ҳам намехоханд. Кадои гуруҳ ба роҳи хиёнат даст зада бошад, дар масъалаи фурӯзии халқи тоҷик бо сарварии Пешвои муаззами миллат кӯр, кунг мешавад.

Камина ҳамчун иштирокчии Иҷлосияи тқдирсози миллат-ХУ1 Шӯрои Олии ҶТ ва корҳои бунёдкорую созандагии кишвар таклиф мекардамки, кинофилҳми «Хиёнат» ба забонҳолр ӯзбекӣ, англисӣ ва дигар забонҳо тарҷума карда шавад. Барои он, ки тамоми мардуми ҷаҳон аз фаъолияти вайронкоронаи ТТЭ ҲНИ, кӯрнамак Кабири ва дигар хиёнаткорон тезтар хабардор шуда, хулосаи адолотано баровада, баъзе давлатҳои ҳамсоя, ташкилотҳои махсуси давлатҳои хориҷӣ ба онҳо ёрии кӯркӯрано намекарданд.

Мардуми маърифатнок ҳеҷ гоҳ ба роҳи хиёнаткорон бовар намекунад. Баъд аз томошаи кинофилм чунон ақидаҳоро баён мекунам:

  • Таҳлил аз ин иборат, ки дар кинофилми «Хиёнат» бо фактҳои исботкунанда фаъолияти собиқ вакили мардуми Маҷлиси Намояндагони ҶТ, ТТЭ ҲНИ, ақидаҳои онҳо, ваххобистҳо фош карда шудааст.
  • Гурӯҳҳи хиёнаткор, аз он ҷумла, ҲНИ дар асосии ёрии баъза давлатҳои хориҷӣ ба зидди фаъолияти созандагиихалқи тоҷикмубориза бурда, аз маблағи хориҷиён ва барои вайронкорӣхизмат карданаш дар кинофилҳм исбот карда шудааст.
  • Таърих, матбуоти ҷаҳон гувоҳ аст, ки дар кинофилм мақсади созандагию бунёдкорӣ, ташкилотчигию ташаббускории халқи тоҷик барои бунёди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ҳамчун хатти сурҳ нишон дода шудааст.

4) Дар кинофилм тарафдорони ТТЭ ҲНИ, Алянс ва дигар террористон аз номи дини ислом фаъолият бурда, ба кори вайронкории худмоҳияти дини муқадаси исломро сиёҳ карда истодааст, онҳо бар зидди ҷараёни адолотанаи Абу Ҳанифа мубориза бурданашро нишон додааст.

5) Хулоса, дар кинофилҳми «Хиёнат» мақсад, роҳи мубориза, воситаҳои амалиёти онҳо-ТТЭ ҲНИ ва дигар душманони миллати тоҷик бо маводҳои исботкунанда фош карда шудааст.

6) Агар таҳлил кунем, кинофилҳм чашми аз роҳгумзадагиро мекушод, онҳо аз нгав ба Ватан боргашта, бо кори созандаги машғул шуданаш мумкин. Дар кинофилҳм шахсияти Кабириро нишон додааст, яъни ӯ кист? кинофилҳми «Хиёнат» муроҷиат ба мардумони аз роҳгумзадагон мебошад, ки аз фаъолияти зидди Ватани худ даст каша два ғайраҳо.

Томоша кинофилҳми «Хиёнат» аҳамити калони тарбияю таърихи дорад. Он фаъолияти ТТЭ ҲНИ, сарвари он Кабири ва дигаронро фош карда, бо факту рақамҳо исбот кардааст, ки Ваҳдати миллӣ, егонаи ҳаммаи қувваҳои ҷамъиятию ҳизбҳои сиёсӣ ободу озодии давлати соҳибистиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин карда, Ватани мор обо қуллаҳои баланди инкишоф мебаранд. Мумкин чашми давлатҳо ва ташкилотҳои байналмилалие, ки ба ТТЭ ҲНИ, Алянс ва дигар душманон ёрии ҳаматарафи мекунад кушояд. Фаъолияти онҳо дар кишвар ва давлатҳои ҲДМ ғайриқонуни эълон карда шудааст.Онҳо барои ҷиноятҳои вазнини махсусдар кофтукови байналмилалӣ мебошад. Хиёнати онҳо ба таъмини беҳатари ҷаҳон ҳам зарар меорад. Хиёнаткор ҳеҷ гоҳ дӯст намешад, ба фаъолияти вайронкорӣ банд аст.

Эркаев Сафар Абдулхайрович, 
Иштирокчии Иҷлосияи ХVI тақдирсози миллат,
дотсенти ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров

Читать далее