November 2020

30 November 2020

Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти КВДК «Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд»

Дирўз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти КВДК «Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд» шинос гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки КВДК «Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд» ягона муассисаи коммуналии шаҳр  мебошад ва он реҷаи кори худро дар 3 баст ба роҳ монда, аз ҳудуди шаҳр партовҳоро ба партовгоҳи шаҳри Хуҷанд мекашонад. Дар корхона 175 нафар фаъолият дошта, 22 адад нақлиёти партовкашон ҳамарӯза дар 3 баст фаъолияти пурсамар дошта, партовҳоро сари вақт аз ҷойҳои муайяншуда мегиранд.

Читать далее

ДИЛИ РАВШАН – ЗИНДАГИИ ПОКУ САРБАЛАНДӢ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои об дар сатҳи байналмилалӣ нақши бузург доранд ва ҳамчун ташаббускори масоили глобалӣ марбут ба об шинохта шудаанд. Боз фикри худро тақвият дода мегӯяд ӯ: – Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор, барои солҳои 2018–2028» боз як иқдоми шоистаи Пешвои муаззам муҳтарам Президентамон дар раванди татбиқи Ҳадафҳои рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид оид ба захираҳои об дар минтақа ва ҷаҳон аст, шинохта шудааст, мукарраму рисолатарзиш аст.

Ба ёд овардани воқеаҳо, суханон ва сифатҳои хубу хотирмони шахсони некрой, соҳибтаҷриба ва накӯниҳодро метавон як рукни мактаби ҳаёту рӯзгор дониста, онро бояд бо ҳисси некномӣ шинохт.

Айнан ҳамин тавр ҳам медонам: тирамоҳи аниқтараш, моҳи октябри соли ҳазору нӯҳсаду ҳаштодум буд. Бо тақозои супориши хизматии касбӣ ман бо Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, Механизатори хизматнишондодаи Тоҷикистон, сардори бригадаи комплексии хоҷагии ба номи Фрунзе (имрӯза Кооперативи истеҳсолии ба номи П.Бобокалонов), деҳқони авлодӣ Шарифбой Ашӯров дар чойхонаи деҳаи Ғозиён суҳбате доштам, ки он айём ӯ аллакай ба нафақаи меҳнатӣ баромада буд. Суҳбату мулоқоти мо асосан дар меҳвари истифодаи пурсамару оқилонаи оби полезӣ, маданияти замину деҳқонӣ, заҳмати кишоварзон бобати афзун гардонидани ҳосили зироатҳо, боздеҳи боғу майдонҳои мевапарварӣ, саҳми кадрҳои маҳаллӣ дар пешбурди соҳаи хоҷагии қишлоқ ва ташаббусҳои ҳадафманди ин колхози, ба истилоҳи он замон, маъмули «миллионер» қарор гирифта буд.

Дар рафти баҳс пири кормарди чаҳорпаҳлӯи пуртамкин Шарифбой-амак аз хусуси фаъолияти корӣ ва гирифтумони ба худ хоси муовини якуми раиси ҳамин хоҷагӣ Усмонҷон Саидов сухан гуфт. Гуфт, ки Усмонҷон худ деҳқонзода асту парвардаи ҳамин деҳа, ҳамин хоҷагии овозадори серсоҳа, мутахассиси пурдон ва ташкилотчии муваффақ мебошад. Ӯ ба падари деҳқони худ – донандаи хоку обу замини минтақаи «Замини зарсафед»-и колхозамон рафтагӣ, бисёр паҳлуҳои ба даст овардани натиҷаҳои некро медонад. Аз ҳама асосиаш,–изҳор намуд ҳамсуҳбатам пиёлаи аз чой холишударо ба ман дароз карда,–иқтисоддон ки аст, манфиату баракат, ҳисобу китоби иқтисодиро нағз сарфаҳм меравад. Барои некӯаҳволии сокинони деҳа, ҷумла кишоварзони заҳматпеша дар маҷлису машваратҳои раёсати хоҷагӣ масъалагузорӣ менамояду ба натиҷаҳои неки башоратбор муваффақ ҳам мешавад, ки ман борҳо шоҳидаш будам, – гӯён ба суҳбатамон як навъ интиҳо бахшид Шарифбой-амак… Ҳамин тавр, Усмонҷон Саидов бо тақозои вазифа дар якчанд хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияи имрӯза Бобоҷон Ғафуров (дар гузашта ноҳияи Хуҷанд) кору меҳнат кард.

Дар ҳама ҷо аз худ нақши созгор, хотираи неку ҳадафбор гузошт. Имрӯз, ки синнаш ба ҳаштод расидааст, роҳи ҳаёти бошууронаи худро дар ҷавҳари ташаббусҳо, иқдомҳо ва ҳадафҳои бунёдии башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба об марбут сохтааст. Ӯ пайваста меомӯзад ва бо бардошти донишу маърифати худ таҳлилу тафсир менамояд. Оламиён ташаббусҳои кишвари азизамонТоҷикистон ва Сарвари хирадманду оқилу фозили онро дар бораи эъломи «Соли 2003–Соли байналмилалии оби тоза», «Даҳсолаи байналмилалии амал–«Об-барои ҳаёт» (2005–2015), «Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об– 2013» ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Оббарои рушди устувор» (солҳои 2018–2028) дар хотир доранд ва ба ҷонибдорию роҳандозии онҳо намояндагони қариб тамоми давлатҳои дунё саҳм гузоштаанд,–мегӯяд Усмонҷон-ако. –Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар ҳалли масъалаҳои об таҷрибаи ғанӣ ва нақши калидӣ дорад.

Дар кишвари мо зиёда аз шасту чаҳор дарсади оби Осиёи Марказӣ тавлид меёбад. Тоҷикистони озоду маҳбубамон аз ҷиҳати захираҳои энергетикӣ дар ҷаҳон дар ҷои аввал меистад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои об дар сатҳи байналмилалӣ нақши бузург доранд ва ҳамчун ташаббускори масоили глобалӣ марбут ба об шинохта шудаанд. Боз фикри худро тақвият дода мегӯяд, ӯ: – Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, барои солҳои 2018–2028» боз як иқдоми шоистаи Пешвои муаззам муҳтарам, Президентамон дар раванди татбиқи Ҳадафҳои рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид оид ба захираҳои об дар минтақа ва ҷаҳон аст, шинохта шудааст, мукарраму рисолатарзиш аст.

Усмонҷон Саидов аввалин хатмкардаи факултаи иқтисодии Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (ҳозира Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ғолиби чандкаратаи мусобиқаҳои сотсиалистӣ, депутати Шӯрои депутатҳои меҳнаткашони ноҳияи Хуҷанд (ҳозира ноҳияи Бобоҷон Ғафуров), нозири ҷамъиятии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, иқтисодшинос–тадқиқотчӣ, мироб, назоратчии минтақаи сойи Хоҷабоқирғон, мухбири ғайриштатии рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» мебошад. Ӯ дар давоми шаст соли фаъолияти кори худ дар рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, алалхусус дар соҳаи кишоварзӣ, беҳдошти замин, обёрӣ, оби нӯшокӣ ва ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров саҳми арзанда гузоштааст. Ҳамчунин, ӯ муаллифи мақолаҳои таҳлилии «Шаршараи сои Хоҷабоқирғон», «Саргаҳи рӯди кӯҳии Тагоб», «Дарёи Сир», «Селобаи сои Хоҷабоқирғон», «Иншоотҳои оби дарёи Сир», «Конвенсияи соҳаи об, дипломатияи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон», «80-солагии ташкилёбии колхозу совхозҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», «80-солагии азхудкунии заминҳои бекорхобидаи водии Вахш», «Ифлосшавии оби дарёи Сир» мебошад. Ва ҳоло дар бораи роҳҳои беҳдошту барқарорсозии хатҳои обрасонӣ – каналу анҳор, ҷӯйбору заҳбурҳо ва заҳканҳо, дар ҳолати тозагӣ ва коршоямӣ нигоҳ доштани онҳо корҳои тадқиқотӣ ва тарғиботиву ташвиқотӣ мебарад.

Доир ба ин мавзӯъ ва дигар масоили вобаста ба обу беҳдоштии замин Усмон Саидов ба Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дархост ирсол намуд ва ӯ ҷавоби олимон ва мутахассисони Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳоро мушаххасан ба худ дастрас гардонид. Директори институти мазкур О.Амирзода, аз ҷумла навиштааст: «Пешниҳодҳои устод У.Саидов, тавсияҳо, мақолаҳо, панду насиҳатҳои номбурда барои таълиму тарбияи ҷавонон, таърихшиносӣ ва баланд бардоштани савия ва маърифатнокии мутахассисон ва мардум аҳамияти арзанда ва шоён доранд. Маводҳои пешниҳодгардида аз ҷониби Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар намоишгоҳҳо (бо муаллифии устод Саидов У.), конференсияҳо, симпозиумҳо, ҷараёни таълимӣ, семинарҳо, мизҳои мудаввар, тренингҳо ва дигар чорабиниҳо истифода бурдан мумкин аст. Боварии комил дорем, ки алоқаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо устод Саидов Усмон Саидзода боқӣ хоҳад монд».

Мавриди зикр аст, ки Усмон Саидзода ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои истифодаи таҷрибаи истеҳсолию илмию касбии худ ба ҷавонон, мутахассисон, омӯзгорон, олимон дувоздаҳ адад баннер, бисту шаш адад диск ва бист адад варақаи иттилоотӣ оид ба сиёсати глобалии обии Тоҷикистон, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор (солҳои 2018–2028)», соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ, азхудкунии заминҳои обёришаванда, сохтмони иншоотҳои гидротехникӣ, иншоотҳои оби нӯшокӣ ва полезӣ пешниҳод намудааст, ки боиси омӯзиш ва таҳлил мебошанд.

Пас аз хондани ҷавоби дархосташ Усмон Саидзода ба ман гуфт: –Медонед, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш аз тамошои табиати зебову биҳиштосои Тоҷикистони маҳбубамон, кӯҳҳои сарбафалаку обҳои софу мусаффо ва аз ҳама ҷолибу ҷаззобаш – тамошои кӯли зебои каб-кабуди Сарез ба ваҷд ва ба ҳайрат омада, ба азму субот ва талошҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи истифодаи об ва ҳалли мушкилоти дигари вобаста ба он баҳои арзандаву шоиставу баланд дод, ки ифтихори ҳар як сокини кишвари соҳибистиқлоламон мебошад.

Оре, ташаббуси чаҳоруми башардӯстонаи Пешвои муаззам, муҳтарам Президентамон– Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор (солҳои 2018–2028)», ки ҷараёни бунёдӣ дорад, эътибори Тоҷикистони биҳиштосоямонро дар арсаи ҷаҳон боз ҳам афзуну устувор гардонид–«сарномаи иқдомот сарриштаи вуҷудият ва ҳастист».

Файзулло АТОХОҶАЕВ,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМ

Дар маҷлисгоҳи Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон ҷаласаи навбатии Шӯрои рушди маорифи назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҳти раёсати муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ доир гардид. Муовинони соҳавии раисони шаҳру навоҳӣ, сардорони раёсату мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят, роҳбарони зерсохторҳои Раёсати маорифи вилоят, сарварони коллеҷҳои қаламрави вилоят иштирокчии ҷаласа буданд.

Ҷаласа бо сухани ифтитоҳии муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ оғоз ёфт. Нахуст масъала оид ба ҳолати иҷроиши Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2020 дар соҳаи маориф мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Оид ба масъалаи мазкур корманди Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Нарзизода Вайсиддин маълумоти муфассал дод. Сипас, сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода дар заминаи таҳлили фаъолияти муассисаҳои таълимӣ дар самти баланд бардоштани сатҳ ва сифати таълим, ба низом даровардани фаъолияти молиявӣ ба сарварони коллеҷҳои ҳудуди вилоят дастру ҳидоятҳо дод.

Мавсуф ҳамчунин дар бораи ҳолати риоя ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” дар қисми таъмини кафолати давлатии шахс ба таҳсил, муҳайё намудани шароит барои азхудкунии барномаҳои таълимӣ, фароҳам овардани заминаи устувори ахлоқ ва тарзи ҳаёти солим дар раёсату шуъбаҳои маориф ва муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят гузориш дод. Номбурда оид ба вазъи таъминот бо кадрҳои омӯзгорӣ, раванди азнавсозӣ ва таъмиру тармими бинои муассисаҳои таълимии садамавӣ то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазъи таъминоти Марказҳои таҳсилотии иловагии шаҳру ноҳияҳо бо бино, раванди татбиқи “Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020”, ҳолати таъмини хонандагон бо китобҳои дарсӣ, иштироки хонандагон дар озмуну олимпиадаҳо, вазъи ҷиноятсодиркунии ноболиғон ва ҳолатҳои худкушии наврасон сухан ронд.

Муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ дар баробари зикри дастовардҳои соҳа, ҳамзамон барои рафъи камбудиҳо дар мавриди баланд бардоштани сатҳ ва сифати таълим ва дар ин замина тақвият бахшидани маҳорати педагогии омӯзгорон, ширкати фаъолона дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, омодагӣ ба зимистонгузаронӣ, татбиқи амалии Барномаҳои давлатӣ, ҳамкории мутақобила бо падару модарон, ҳолати санитарии муассисаҳои таълимӣ, муҳайё намудани шароит ҷиҳати пешгирии бемории сироятии коронавирус, вазъи ҷинояткорӣ ва худкушӣ байни наврасон назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошт.

Ҳамчунин, дар мавриди баррасии масъалаҳои ҷории соҳа сардори Раёсати маорифи вилоят оиди вазифаҳое сухан ронд, ки ба ҷараёни муташаккилонаи маъракаи обуна ба матбуоти даврӣ, пардохти саривақтии маблағи иҷораи китоб, ба истироҳат фарогирии хонандагон дар давраи таътил мусоидат мекунанд. Бо қабули қарорҳои дахлдор ҷаласаи навбатии Шӯрои рушди маорифи назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба кори худ хотима бахшид.

Абдусабур АБДУВАҲҲОБОВ, 

рӯзноманигор

Читать далее

АЗ СИРОЯТ ЭМИН БОШЕМ

Имрӯз мардуми ҷаҳон аз доман паҳн кардани бемории сироятии COVID-19 дар ташвишанд. Бо изҳори қаноатмандӣ метавон гуфт, ки бо донишу малака ва талоши шабонарӯзӣ кормандони соҳаи тиб бар аксари сироятёфтагон дармон бахшидаву онҳо аз ин бемории хатарзо раҳоӣ ёфта истодаанд.

Баъди паҳн гаштании ин беморӣ тамоми беморхонаву дармонгоҳҳо шабонарӯзӣ фаъолият намуда, баҳри раҳоӣ ёфтан аз ин вабо табибон хидматҳои зиёдеро баҳри солимии ҷомеа иҷро менамоянд. Аз ин лиҳоз, имрӯз беморӣ дар ҳоли коҳишёбист. Сардухтури маркази саломатии №6-уми шаҳри Хуҷанд Ҳабибулло Муродиллоев оиди фаъолияти марказ дар рӯзҳои пандемия иброз дошт, ки маркази саломатӣ бо лавозимоти зарурӣ ҷиҳозонида шудааст.

Ҳамчунин, дар он утоқи духтурони оилавӣ, мутахассисони соҳаи тиб, шуъбаи рӯзона бо шаш кат, ҳуҷраи флюрографӣ, сӯзангузаронӣ, эмтаъминкунӣ, физиотерапевтӣ, ҳуҷраи солимии репродуктивӣ, ҷарроҳӣ, дандонпизишкӣ ва дигар ҳуҷраҳои корӣ пешбинӣ гардидааст. Боиси қайд аст, ки кормандони марказ ба 13880 нафар истиқоматкунандаи минтақаи вобастагардида хизмат мерасонанд.

Дар марказ баҳри иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи муқовимат ба корупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013- 2020» корбарӣ шуда, дар самти пешгирӣ ва паст кардани сатҳи гирифторӣ ба бемории сироятии COVID – 19 корҳои назаррас амалӣ мегарданд. Аз санаи 29-уми апрели соли 2020-ум 334 нафар бемор ба қайд гирифта шуда, аз 232 нафар тариқи амбулаторӣ табобат гирифта, 102 нафар дар беморхона, чор нафар статсионарӣ ва аз ҳисоби рухсатшудагон як нафар ба қайд гирифта шудааст. Бо бемории сироятии COVID – 19 дар нӯҳ моҳи соли равон дар умум 35 нафар ба қайд гирифта шуда, айни замон панҷ нафар таҳти назорати табибон қарор доранд ва аз беморӣ фавт ба қайд гирифта нашудааст.

Боиси қайд аст, ки баъзан мардум аз ҳарорати баланд дар ҳарос меафтанд, ки гӯё ин нишонаи бемории сироятии COVID-19 бошад. Бояд қайд намуд, ки доштани ҳарорат якчанд намуд дошта, нишонаҳои бемории мавсимӣ ҳам ҳаст, ба монанди зуком, илтиҳоби шадиди бодомаки гулӯ (ангина). Нишондоди кори табибон дар соли равон нисбат ба соли 2019-ум ба 57 фоиз зиёд буда, мувофиқи нишондоди «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» зиёд аст. Миқдори ташрифи кормандони тиб ба ҳавлии ба як нафар сокини минтақа дар як сол ҳашт маротиба рост омад. Соли равон 187 нафар маъюбони калонсол ва 23 нафар то синни 18-сола таҳти назорати доимии табибони марказ қарор доранд.

Бояд зикр кард, ки барои пешгирӣ аз бемории сироятии COVID-19 на танҳо табибон, балки тамоми сокинон вазифадоранд. Агар дақиқ назар намоем, бароямон равшан мешавад, ки на ҳама сокинони кишвар риояи беҳдошти санитарию гигиениро ба ҷо меоранд. Баъзе нафарон дидаву дониста дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, алалхусус, бозору мағозаҳо ва мавзеъҳои фароғатӣ бидуни ниқоб ва маҳлулҳои антисептикӣ гаштугузор мекунанд. Манбаи сироят шахси бемор ё ҳомили вирус мебошад.

Ин бемории қатрагӣ ба ҳисоб рафта, ҳангоми сулфидан, атса задани бемор ба шахси солим асосан бо роҳи тамос паҳн мегардад.

Аз ин лиҳоз, аз сокинон даъват ба амал оварда мешавад, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ худро эҳтиёт намоянд, дар ҳолати худро нотоб ҳис кардан ҳатман ба духтури оилавӣ муроҷиат намоянд, то ки худ ва аҳли оиларо аз ҳар гуна бемориҳо эмин нигоҳ доранд, - гуфт Ҳ.Муродиллоев.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

ГАРАВИ ТАНСИҲАТӢ

Сари вақт гузаронидани иммунизатсия кӯдакро аз бемориҳои фалаҷ, гепатити В, сил, гӯлизиндонак, кабудсулфа, кузоз, сурхча, гулафшон ва ғайра эмин нигоҳ медорад. Ин нуктаро зимни баргузории семинари машваратӣ директори филиали муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика» дар вилояти Суғд Ҷаннатой Набиева зикр дошт.

Дар семинари мазкур намояндагони филиали мазкур аз шаҳру навоҳии вилоят низ ширкат доштанд. Фахриддин Ҳакимов - намояндаи Раёсати тандурустии вилоят қайд кард, ки иммунизатсия ин сармоягузорӣ ба солимӣ ва некӯаҳволии кӯдакон мебошад. Ҳангоми гузаронидани ваксинаҳо кӯдакон аз гирифторӣ ба бемориҳои номбурда наҷот меёбанд. Мавсуф зикр намуд, ки дар асоси «Барномаи нави миллии иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025» соли 2022 ваксинаи зиддисирояти пневмококкӣ ворид мешавад. Кӯдакон асосан иммунизатсиякуниро дар давраҳои 24 соати баъди таваллуд, яъне рӯзҳои 3 – 5 - ум, дар думоҳагӣ, чормоҳагӣ, яксолагӣ, 16 – 23 - моҳагӣ, шашсолагӣ ва 16 - солагӣ мегузаронанд, ки ин аз ҷониби кормандони соҳаи тиб ройгон амалӣ мешавад.

Ҳамасола дар миқёси ҷаҳон 1,4 миллион фавти кӯдакони то 5 - сола аз бемориҳои ба воситаи иммунизатсия идорашаванда ба қайд гирифта мешаванд. - Яке аз бемориҳои сироятии вирусӣ, ки ба оризаҳои ҷиддӣ, ба монанди энсефалит, менингит оварда мерасонад, бемории баногӯшак (прототит) мебошад.

Дар кишвари мо чунин беморӣ ҳар сол аз 1500 то 2500 ҳодиса ба қайд гирифта мешавад. Чунин бемориҳо табобати махсусро надоранд ва яке аз роҳҳои пешгирии самараноки он иммунизатсиякунонӣ ба ҳисоб меравад, ки бояд ҳар як кӯдак сари вақт аз он гузаронида шавад, - иброз дошт Ҷаннатой Набиева. Мақсади асосии семинари мазкур огоҳонидани волидайн аз гузаронидани саривақтии иммунизатсияи кӯдак ба ҳисоб меравад. Зеро бо ёрии иммунизатсия бемориҳои дар боло зикршуда таъсир гузошта наметавонад. Волидайнро зарур аст, ки кӯдакони худро сари вақт аз иммунизатсия гузаронанд.

Истамҷони НАҶМИДДИН,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Дирӯз таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори маҷлис нахуст оид ба ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 октябри соли 2010 “Дар бораи Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» ҳисоботи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода шунида шуд.

Читать далее

27 November 2020

ШУДГОРИ САРИВАҚТӢ - ОМИЛИ ФАРОВОНҲОСИЛӢ

Сари вақту хушсифат шудгор намудани замин омили ба даст овардани ҳосили баланди зироати кишоварзӣ ба ҳисоб меравад. Ҳангоми шудгор кардан хок дуруст майда монда, пору ва алафҳои бегона зери хок шуда ба пору табдил меёбанд. Шудгор дар ҳавои сард тухми ҳама намуди алафҳои бегона ва ҳашароти зараррасонро, ки ба афзоиши зироатҳои кишоварзӣ халал ворид менамояд, пурра нест месозад.

Ҷараёни шудгори замин имрӯзҳо дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят бомаром идома дорад. Дар вилоят то ба санаи 24 – уми ноябри соли равон дар 50167 гектар замин шудгор гузаронида шудааст.

Хоҷагиҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои вилоят тасмим гирифтанд, ки аз обу ҳавои мусоид истифода бурда, ба ҷараёни шудгори замин вусъат бахшанд. Масалан, кишоварзони шаҳри Конибодом то ин дам бо 12 техника 1445 гектар замини кишоварзиро шудгор намудаанд.

 Тавре сардори Раёсати кишоварзии шаҳр Фахриддин Қодиров зикр дошт, шудгори замин дар хоҷагиҳои деҳқонӣ бомаром ҷараён дорад. Барои ҳосили баланд гирифтан моро лозим аст, шудгори хушсифатро ба роҳ монда, қабати ҳосилхези заминро аз ҳама гуна ҳашароти зараровар тоза намоем. Ба гуфти мутахассисон, пас аз шудгор, агар замин ях бандад, ҳама гуна ҳашарот нобуд хоҳад шуд.

- Агар мо дар моҳи декабр шудгорро ба анҷом расонем, замин пурқувват ва аз нури офтоб баҳраманд гардида, хусусиятҳои биологии он зиёд ва барои баланд шудани ҳосилнокӣ мусоидат менамояд. Хоҷагидорони ноҳия нақша доранд, то ях бастани замин шудгори тирамоҳиро пурра ба анҷом расонанд, - мегӯяд номбурда.

Истамҷони НАҶМИДДИН,
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

РАМЗИ САОДАТИ ХАЛҚ

Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, дар маҷлисгоҳи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ конференсияи илмӣ таҳти унвони “Парчам-рамзи сарбаландӣ ва саодати халқ!" баргузор гардид.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон конфронсро ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ табрику муборакбод гуфт. Сипас, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонӣ табрикоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба аҳли нишаст ироа намуд.

Директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Рабизода сухан карда, аҳли нишастро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният гуфт. Дар конфронси илмӣ маърӯзаҳои доктори илмҳои таърих, профессор Каримзода Осим Қосим, таҳти унвони “Парчам - рамзи иттиҳоду сарҷамъӣ” ва дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Шавкат Шарифов, бо ном “Парчами озодӣ ва истиқлол: аз таърихи парчам ва парчамдории тоҷикон” шунида шуд.

Дар бахши дувуми конфронси илмӣ шаҳоданомаи хатмкунандагони мактаби захираи кадрии назди Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ботантана супорида шуд. Ҳамзамон, дар ин рӯз ходимони ҳизбиву давлатӣ, устодон, собиқадороне, ки барои ҷавонони мактаби захиравӣ сабақ додаанд, қадршиносӣ гардиданд.

Сурайё ҲАКИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

ҲАДАФ: ТАҚВИЯТ, ҚОБИЛИЯТ ВА ДОНИШ

Имрӯзҳо баҳри баланд бардоштани усули таълим дар мактабҳои миёна дар кишвар корҳои зиёде ба сомон расонида мешаванд, ки боиси баланд шудани дониши муҳассилин дар мактабҳои миёна мегардад.

Дастуру раҳнамоиҳои Сарвари давлат дар бораи тақвият бахшидан ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф як гардиши куллӣ ба вуҷуд овард. Аз ин рӯ, бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мактабҳои ҷумҳурӣ баҳри баланд бардоштани тафаккури хонандагон корҳои зиёде ба сомон расонида мешаванд.

Барои мукаммал намудани дониши муҳассилин дар макотиби миёна даъвати омӯзгорони фанҳои дақиқ далели ин гуфтаҳост. Аз Федератсияи Россия бо даъвати Тоҷикистон 50 нафар омӯзгор ба Тоҷикистон омаданд. Онҳо аз шаҳри Душанбе сар карда, ба тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ фиристода шуданд, ки барои баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон дар мактабҳои русӣ мусоидат менамояд.

Дар ин раванд ду нафар омӯзгор, ду нафар намояндаи кишвари Бошқирдистон ба муассисаи таҳсилоти умумии ғайридавлатии (хусусӣ) “Мактаби Нури Раҳмон” омада, аз фанҳои биология, география ва математика - физика ба шогирдон дарс мегӯянд. Гулнара Луқманова бошад, 23 сол собиқаи корӣ ва соҳиби тахассуси олӣ аст. Дигаре Азмат Амиров-омӯзгори фанни математика ва физика буда, 26 сол собиқаи корӣ дорад, соҳиби тахассуси якум аст. Омӯзгорон санаи 15-уми октябр ба кор оғоз намуда, тӯли як моҳ аст, ки ба шогирдон дарс мегӯянд.

Дар деҳаи Дӯстии Ҷамоати деҳоти Ашт муассисаи ғайридавлатии мактаби хусусии Нури Раҳмон тӯли 8 сол шуд, ки фаъолият дорад. Дар ин мактаб 13 синф ва зиёда аз 200 нафар шогирд ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, 34 нафар омӯзгори беҳтарину собиқадор ва навовару эҷодкор фаъолият менамоянд. Бояд зикр намуд, ки аз оғози фаъолияташ шогирдони ин муассиса сад дар сад ба донишгоҳҳои олии кишвар, махсусан ба Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон дохил мешаванд. Соли 2020 бо талабу дархости аҳолии деҳоти Ашт 5 синфи таълимаш бо забони русӣ ифтитоҳ ёфт, ки он 64 нафар хонандаро фаро гирифтааст. Имрӯз барои устодоне, ки аз Федератсияи Россия ба ин муассиса омадаанд, тамоми шароит муҳайё мебошад.

Роҳбарияти муассиса ният доранд, ки барои 14 нафар омӯзгоре, ки аз гӯшаву канори Федератсияи Россия ба вилояти Суғд барои таълиму тарбияи насли наврас сафарбар шудаанд, дарси кушод ташкил намуда, онҳоро ба таълимгоҳ даъват намоянд.

Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

ТЕЪДОДИ КВОТАҲО АФЗУН МЕШАВАНД

Россотрудничество–Оҷонсии Федералии Федератсияи Россия оид ба корҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳамватанони дар кишварҳои хориҷа истиқоматдошта ва созмон оид ба ҳамкории байналмилалии ба ҳамкории байналмилалии гуманитарӣ буда, ҳадафи асосии он расонидани кӯмаки гуманитарӣ ба он кишварҳое аст, ки дар он ҷо намояндагии ин мақомот фаъолият дорад.

Кӯмаки гуманитарӣ ба мамолики Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил торафт густариш ёфта истодааст, ки инҳо самтҳои дастрасии одамон ба донистани ҳуқуқ, ба гирифтани маълумот, шиносоӣ бо фарҳанг ва дигарҳо аст. Асоси фаъолияти «Россотрудничество» асосан ба густариши ҳамкориҳо бо давлатҳои хориҷи наздик нигаронида шудааст. Дар самти маълумотноккунӣ зикр кардан ҷоиз аст, ки «Россотрудничество» дар ин ҷода иқдомҳои аз ҷониби ҷомеа зуҳурёфта ва фардони алоҳидаро баҳри дастгирӣ намудан омода аст. Яъне ҷиҳати афзун гардондани таълимгоҳҳо низ. Муҳим нест, ки он таълимгоҳ хусусӣ ва забони таълиму тадрис русӣ бошад, муҳим он аст, ки дар он забони русӣ таълим дода шавад.

Дастгирӣ намудани чунин иқдомҳо дар самти таъсиси таълимгоҳҳо вазифаи «Россотрудничество» аст. Забони русӣ забони муоширати байналмилалӣ аст. Вале ин забон дар навбати худ забони мураккаб аст. Барои ҳамин «Россотрудничество» баҳри он мекӯшад, ки ҳарчи бештар курсҳои омӯзишӣ ташкил дода шаванд, то ки омӯзиши ин забон ба ҳама дастрас бошад. Ҳадафи пешгирифта, яъне расондани кӯмаки гуманитарӣ ба мамлакатҳои хориҷи наздик байни ҷомеаи ин кишварҳо ҳамовозии амиқро ба амал овардааст. Алҳол мардум ба омӯхтани забони русӣ хоҳиши хеле бисёр доранд. Ва ба дастгирии ҳар як иқдом, албатта, имконият фароҳам оварда мешавад. Дирӯз онлайн конфронси Роҳбари «Россотрудничество» Евгений Александрович Примаков бо намояндагони воситаҳои ахбори оммаи мамолики фарогири ин мақомот доир гардид. Дар ин конфронс рӯзноманигорони Тоҷикистон низ ширкат доштанд ва суолу ҷавоб доир намуданд. Намояндаи Оҷонсии миллии иттилоотии Тоҷикистон-«Ховар» Елена Батенкова бобати вазифа ва иқдомҳои тозаи «Россотрудничество», ки минбаъд дар Тоҷикистон амалӣ гардонида хоҳанд шуд, суол кард.

-Тоҷикистон барои Федератсияи Россия шарики стратегӣ аст. Ва дар шаҳри Хуҷанд фаъолият доштани Маркази фарҳангии Россия хеле бамаврид буда, зарур аст, ки ин марказ бояд меҳвари ба омӯзиш ҷалбкунии ҷавонон бошад,-зикр кард Е.Примаков,- Имрӯз дар масъалаи ба Федератсияи Россия баҳри таҳсил рафтани донишҷӯён вобаста ба паҳншавии бемории сироятии коронавирус маҳдудиятҳои муайян ба миён омадааст. Вале ин муаммо муваққатист. Мамлакати Россия дар навбати аввал баҳри ҷалб намудани донишҷӯён аз собиқ мамолики шӯравӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Осиёи Миёна манфиатдор аст. Ва алҳол дар чандин макотиби Тоҷикистон, аз ҷумла таълимгоҳҳои вилояти Суғд дарсомӯзонии устодон аз Федератсияи Россия низ дар ҳамин росто мебошад.

Дар радифи ин забономӯзонӣ ба омӯзиши фанҳои дақиқ ва табиӣ эътибори махсус дода шудааст. Як навгонии дар самти таҳсили ҷавонон аз ин кишварҳо имрӯз баамаломада он аст, ки феълан қарори Президенти Россия ва Думаи давлатӣ дар бораи дар солҳои 2023-2024 -ум ду маротиба афзун намудани теъдоди квотаҳо барои таҳсили донишҷӯён ба тасвиб расидааст. Масъалаи ҳарчи дастрастар намудани таҳсил дар Россия бошад, алҳол дар марҳалаи баррасӣ қарор дорад.

Мо кӯшиш дорем, то ки қисми бештари донишҷӯёни тариқи квота таҳсилмекарда бо стипендия ва грантҳо таъмин карда шаванд. Мо донишҷӯёнро дар Федератсияи Россия омӯзонида, ҳамчун мутахассисони соҳибкасбу шахсони бомаърифат ба кишварашон мефиристем, зеро онҳо минбаъд ҳамчун сафирони кафолатнок баҳри идома додану густариш бахшидани муносибату робитаҳои дӯстонаи байни Россия ва мамолики худ, албатта, кӯшиш хоҳанд кард.

Рафоат МӮЪМИНОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее