November 2020

26 November 2020

ЗАФАРОБОД ХИЗМАТИ АРЗАНДАИ ТИББӢ БА АҲОЛӢ

Бо гузашти вақт мардуми шарифи Тоҷикистон ба остонаи ҷашни бузурги миллӣ - 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон наздик шуда истодааст. Баҳри сазовор ва бо туҳфаҳои арзанда пешвоз гирифтани ҷашни бузурги миллӣ корхонаву ташкилот, муассисаҳои таълимиву табобатӣ омодагии ҳамаҷониба дида истодаанд.

Аз ҷумла, муассисаи тиббии Кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС) - и ноҳияи Зафаробод низ ба ин ҷашни бузурги миллӣ тайёрии ҳамаҷониба дида, сифати хизматрасониро ба аҳолӣ боз ҳам назаррас намуда, дар рушди шаклҳои нави кӯмаки аввалияи тиббиву санитарӣ аҳамияти хоса медиҳанд. Табибону ҳамширагони шафқати КАТС -и ноҳия баҳри амалӣ намудани дастуру барномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 - 2020», «Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ», иҷрои супоришу қарорҳои Раиси вилоят ва бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳо тартиб дода, дастрасии таҷҳизоти муосири тиббӣ, ободу таъмири биноҳои табобатиро амалӣ менамоянд.

Мақсади асосии онҳо хизмати арзанда намудан ба аҳолӣ мебошад. Дар бораи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ сардори шабакаи муассисаҳои КАТС –и ноҳия Шавқӣ Ҷумъаев гуфт, ки вазифаи асосии мо, мутахассисони соҳаи тандурустӣ хизматрасонии арзанда ба аҳолӣ ва муҳайё сохтани шароит мебошад. Бо ин мақсад таъмири 18 шуъбаи марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббиро ба нақша гирифтаем. Солҳои қаблӣ ҳуҷраҳои таваллуди Маркази саломатии Ҷамоати деҳоти Гулистон ба талаботи санитарӣ ҷавобгӯ набуд. Ҳамин сол ин мушкилот ҳалли худро ёфт ва алҳол даҳ кати табобатӣ муҳайё шуд. Дар Маркази саломатии ноҳия, марказҳои саломатии ҷамоатҳои деҳоти Гулистон, Бахт, Ҳ.Алиев ва Ҷомӣ ҳуҷраҳои хатна таъсис гардиданд.

Дар бораи ободонии гирду атроф ва марказҳои саломатии ҷамоатҳои деҳот муовини сардори КАТС – и ноҳия Саодат Кобулова иброз дошт, ки даромадгоҳи Маркази солимгардонии ноҳия ва қисман ҳуҷраҳои табибон таъмири ҷорӣ шуд ва як қисми боми бинои КАТС аз ҳисоби ҶДММ «Ориёно Б. Б.» шиферпӯш гардид. Умуман, дар зебо ва хушнамуд намудани дохил ва беруни биноҳои марказҳои саломатӣ саҳми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ, соҳибкорон, корхонаву ташкилот ва худи табибон хеле назаррас мебошад. Масалан, чанде пеш бо саҳми ҶДММ «Зафаробод Инвест» Маркази саломатии Ҷамоати деҳоти Гулистон аз таъмири куллӣ бароварда, бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин гардид.

Маркази номбурда дар масъалаи таъминот бо об низ мушкилоти худро дошт. Баробари кофта шудани чоҳи амудӣ дар назди бинои марказ муаммои обу корез низ аз байн рафт. Воқеан, эҳсоси ватандӯстии мардуми сулҳпарвару меҳнатқарини кишвари офтобрӯя аст, ки аксар ободонии гирду атроф ва ё муассисаҳои таълимиву табобатии шаҳру навоҳӣ тариқи ҳашар, дастаҷамъӣ аз ҷониби аҳолӣ ва ё дастгирии соҳибкорон сурат мегирад. Маркази саломатии Ҷамоати шаҳраки Меҳнатобод низ бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ тариқи ҳашар аз таъмири куллӣ бароварда шуд. Саҳми мардуми хайрхоҳ ва меҳнати дастаҷамъии аҳолӣ буд, ки марказҳои саломатии ҷамоатҳои деҳоти Ҳ. Алиев, Ҳаёти Нав, Логин, Ҷомӣ ва бунгоҳҳои тиббии деҳаҳои Чашмасор, Сурхоб, Зафар, Бахт, Зарбдор ва Хайробод аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ ба таври ҳашар аз таъмири ҷорӣ бароварда шуданд.

Боиси хурсандист, ки ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ 30 – солагии соҳибистиқлолии кишвар чун дар дигар муассисаҳои табобатии шаҳру ноҳияҳо дар ноҳияи Зафаробод низ аксар беморхона ва марказҳои саломатӣ бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин гардида истодаанд. Давоми соли гузашта ва то ин муддат аз тарафи Маркази зидди бемориҳои сили ҷумҳуриявӣ ва бо дастгирии ҶДММ «Медимпекс» чор адад яхдон, ҳафт ададӣ таҷҳизоти тиббии сентрофуга ва микроскоп, се адад тарозуи бачагона, 9 адад маҷмӯи поликлиникӣ, панҷ адад лампаи кварсӣ, даҳ кати беморӣ, ду адад термостат харидорӣ шуда, аз ҳисоби беморхонаи марказии ноҳия бошад, се дастгоҳ барои додани оксиген (оксигенератор) дастрас гардид.

- Масъалаи ташвишоваре, ки то ҳол ҳалли худро наёфтааст, - қайд кард дар анҷом Ш. Ҷумъаев, - нарасидани табибон дар марказҳои саломатии Ҷамоатҳои деҳаҳои Зарафшон ва Ҷомӣ буда, баҳри ҳифзи саломатии аҳолӣ дар марказҳои саломатии ҷамоатҳои деҳаҳои Ҳаёти Нав ва Логин табибони нафақахӯр дар асоси шартномаи меҳнатӣ фаъолият бурда истодаанд. Вазифаи мо, табибон, пеш аз ҳама хизмати арзанда ва босифат ба аҳолӣ, таъминоти марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббии ҷамоатҳои деҳот бо таҷҳизоти муосири тиббӣ мебошад.

Тавҳида ҶӮРАЕВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сардори Ситоди муттаҳидаи Артиши Ҷумҳурии Исломии Покистон генерал Надим Раза мулоқот намуданд

Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сардори Ситоди муттаҳидаи Артиши Ҷумҳурии Исломии Покистон генерал Надим Разаро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот вазъ ва дурнамои муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Покистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Читать далее

РАМЗИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ

Эмомалӣ РАҲМОН: Парчами миллӣ ба мо имкон дод, ки ба мазмуну моҳияти ҳаёти давлати худ бо диди нав назар андозем, ба таърихи гузаштаамон бо чашми ибрат нигоҳ кунем ва ба сӯи ояндаи дурахшони давлату миллат бо эътимоди қавӣ қадамҳои устувор гузорем.

Тарҳрезии низоми муносиби давлатдорӣ дар замони сангини таърих аз сӯи сиёсатмадори барҷастаи сатҳи ҷаҳонӣ - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба эҳёи арзишҳои бунёдӣ асос гузошта, кишвари соҳибистиқлоли моро ба ҷаҳон муаррифӣ намуд.

Дар ин маврид тасвиру хусусиятҳои хоси Дирафши Ковиёнро, ки ҳоло дар Ливои Президенти Тоҷикистон ҳамчун рамзи пойдорӣ ва бардавомии давлати миллии мо инъикос ёфтаанд, хотирнишон кардан кофист. Парчами имрӯзаи давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.

Парчам ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим рамзи давлатдорӣ, шукӯҳу ифтихор ва нангу номус будааст. Бозёфтҳои бостоншиносӣ, ҳафриёт, навиштаҷот ва деворнигораҳои мухталиф, ки то имрӯз боқӣ мондаанд, аз ин гувоҳӣ медиҳанд. Давлатсозӣ ва давлатдории тоҷикон низ таърих ва суннати бисёр қадима дорад. Аҷдоди мо ҳанӯз аз замони Каёниён соҳиби дирафше будаанд, ки мавҷудияти давлати онҳоро ифода мекард. Таърих гувоҳ аст, ки дирафши Ковиён то замони суқути давлати Сосониён дирафши миллӣ ва давлатии ниёгони тоҷикон буд.

Дар даврони Сосониён шакли он тағйир ёфта, дар қисми болои он таҷассуми паррандаи заррин - мурғи ҳумо ҷой дода шуд ва дар бахши мураббаи он қиматтарин сангҳо насб гардиданд. Ҳамин корномаҳои бузург, ки ормонҳои милливу мардумиро дар худ таҷассум намуда, нақши давлат меҳварӣ дар ниҳоди ҳамагонро таҳким мебахшад ва ин кофист, ки гиромидошти Рӯзи Парчамро рамзи арҷгузорӣ ба Ватан бишносем. Зеро ин ҷашни шукӯҳманд барои ҷомеаи навини тоҷик дорои аҳамияти зиёд буда, ба сурати табиӣ дар шинохти саҳеҳтарин арзишҳои Истиқлолияти давлатӣ ва баланд бардоштани ҳувияти миллӣ нақши амиқ мегузорад.

Далели раднопазир аст, ки таҳаввулоти ба вуҷудомада дар 29 соли охир бо фаъолияти сиёсиву роҳбарии Пешвои миллат робитаи мустақим дошта, муносиботи созандаву ҳамкориҳои фарогири Тоҷикистон бо кишварҳои сершумори оламро дар доираи манофеи миллӣ ба вуҷуд овард. Аз ин рӯ, боиси ифтихор аст, ки мардуми тоҷик низ чун дигар кишварҳои мутамаддини олам Рӯзи Парчамро дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои ватандорӣ ва садоқат бо Сарвари худ таҷлил менамоянд.

Дилрабо ТОҲИРОВА,
нотариуси давлатии Идораи
нотариалии давлатии вилояти Суғд

Читать далее

ИФРОТГАРОӢ - ПАДИДАИ ХАТАРАФКАН

Мавзӯи терроризм ва экстремизм яке аз мавзӯъҳои калидие мебошад, ки дар тамоми гӯшаву канори дунё мардумро бетараф гузошта наметавонад.

Имрӯз ҳамаи мо шоҳиди рӯйдоду воқеаҳои даҳшатноку фоҷиаборе мебошем, ки дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон рӯй медиҳанд. Тавсеаи миқёси терроризм ва ифротгароӣ, ҷангу низоъҳои мусаллаҳонаи мазҳабӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва гардиши маводи мухаддир ба амнияти кишвари мо хатари ҷиддӣ эҷод карда истодааст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба пешгирии ин падида пайваста чораву тадбирҳои ҷиддӣ меандешад. Татбиқи марҳалаи дуюми “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм барои давраҳои то соли 2020” аз ҷумлаи чунин иқдомот мебошад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мубориза бо таҳдиду хатарҳои муосир ва таъмини сулҳу суботи пойдор дар кишвар дар ҳамкорӣ бо шарикони худ ва созмонҳои байналмилалӣ, бахусус, ниҳодҳои дахлдори Созмони Милали Муттаҳид пайваста иқдомҳои мушаххасро роҳандозӣ менамояд. Мо чунин мешуморем, ки сулҳу субот гарави таъмин гардидани рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, ҳаёти сазовору осоиштаи мардум, фароҳам овардани шароити мусоид барои тавсеаи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва риояву ҳифзи ҳуқуқи инсон дар ҳар як кишвари узви Созмони Милали Муттаҳид ба ҳисоб меравад.

 Мо-тоҷикон қадри сулҳ ва зарурати ҳифзи онро амиқ дарк мекунем. Мардуми мо дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ душвориҳои сахту сангинеро паси сар намуданд. Дар натиҷаи ҷанги дохилии таҳмилӣ даҳҳо ҳазор нафар шаҳрвандони кишварамон қурбон шудаанд. Маҳз, бо шарофати истиқрори сулҳу субот дар ҷомеа мо тавонистем, ба рушди бемайлони иҷтимоиву иқтисодӣ, коҳиш додани нишондиҳандаҳои камбизоатӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум ноил гардем. Миллати тоҷик бо илму маърифат, одобу ахлоқ ва ободкорӣ дар ҷаҳон мавқеи хос дорад.

Имрӯз мо, қатъӣ назар аз маҳалли зист, касбу кор, бояд дар масоили манофеи миллӣ, Ватану ватандорӣ ва масъалаҳои умумибашарӣ ҳамфикр бошем, пеши роҳи ифротгароӣ ва терроризмро гирем. Инсони равшанзамир ҳаргиз ҷонибдори ифротгароӣ нест. Мо тарафдори сулҳ, дӯстӣ ва муҳаббат ҳастем, ки аз шунидани ин калимаҳои зебо пеши назар хандаи тифлону бахти модарон, болафшонии кабӯтарону шукуфтани гулҳо падидор мегарданд.

Ҳар фарди бонангу номуси миллат ва тамоми мардуми Тоҷикистон барои ҳалли ин масъалаи муҳим бояд сарҷамъу муттаҳид бошанд ва дар татбиқи сиёсати ободгариву созандагии Ҳукумати мамлакат фаъолона ширкат намоянд.

Заррина ТОЛИБОВА,
омӯзгори фанни физикаи муассисаи
таҳсилоти миёнаи умумии №22, шаҳри Хуҷанд

Читать далее

Ҷавононро зиракии сиёсӣ мебояд

Мушкилоти экстремизм (ифротгароӣ) ва терроризм имрӯз аксари ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифта, ба хатари бузурги сайёра табдил шудааст ва имрӯз ҳамагон барои бартараф кардани ин вабои аср мубориза мебаранд. Аз ҷумла Тоҷикистон дар ин ҷода ҳамеша фаъол аст.

Бояд гуфт, ки дар кишвари мо низ ин ҳаракатҳои ифротгароӣ ва тундгаравоиро ҳамчун мушкилоти асри навин мешиносанд ва оид ба ин хатарҳо доимо тавассути ахбори оммавӣ (ВАО) мардумро аз рафти ин равандҳо ҳушдор менамоянд. Экстремизм (ифродгароӣ) амнияти мардумро халалдор месозад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ дар пайи ҷустуҷӯи роҳҳо ва воситаҳои самараноки мубориза бар зидди терроризм аст.

Терроризм – ин воситаи амалӣ гардонидании нақшаҳои нопоки гурӯҳҳои ифротӣ буда, онҳо ниятҳои ғаразноки абарқудратҳоро амалӣ менамоянд ва аз ин мардуми осоишта зарар мебинад. Барои пешгирӣ намудани чунин раванди номатлуб бояд дастаҷамона амал намуда,  ҷавононро дар руҳияи ватандӯстӣ, ҳувияти миллӣ ва донишомузӣ тарбия намоем. Дар шароити ҷаҳони пурҳаводиси муосир бисёр муҳим аст, ки ҷавонони мо мисли солҳои 90-уми асри гузашта фирефтаи таблиғоти нерӯҳои ифротгарои динӣ ва бадхоҳони миллати тоҷик нагарданд, ҳамеша зираку ҳушёр ва барои ҳимояи манфиатҳои мардуми тоҷик ва давлати тоҷикон омода бошанд.

ЗИЁВУДДИНОВ Зиёратшоҳ,  донишҷӯи курси 2,
факултети инноватсия ва телекомуникатсияи
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Читать далее

АМАЛИ ХОИНОНАИ ВАТАНФУРӮШОН

Баъди ба имзо расидани созишномаи сулҳ Тоҷикистони соҳибистиқлол ба маҷрои созандагиву бунёдкорӣ дохил шуд. Дар тӯли солҳои ваҳдати миллӣ давлати мо ба дастовардҳои бузурги иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсиву фарҳангӣ ноил гашта, обрӯву эътибори худро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд намуд.

Лек ин ҳама муваффақиятҳои миллати тоҷикро баъзе гуруҳҳои мухолиф нодида мегиранд. Гурӯҳҳои ифротгаро аз хориҷи мамлакат истода ҳар гуна хабарҳои иғворонаро паҳн намуда, бо ин роҳ мехоҳанд дар байни мардум иғво барангезанд.  Ин тоифа хоинони миллат  аз кишварҳои Аврупо истода бар муқобили давлату миллат кор мекунанд. Худ дар Тоҷикистон ба дунё омада, нону намак ва обу ҳавои онро истифода бурдаанду лек имрӯз бар муқобили давлату Ватани худ санг мезананд ин кӯрнамакӣ аст. Амали онҳо хоинӣ ва ватанфурушӣ аст.

Аҳли устодони кафедраи
забони англисии ДДҲБСТ

Читать далее

Нисбати Ватан тухми бадӣ напошед

Боиси нигаронист, ки ҳоло ҳам иддае аз мардуми дур Ватан беиродаву ноқис ва дасисакору дасисабозон барои ночизтарин молу сарват даст ба амалҳое мезананд, ки нангину иғвобарангезона аст. Ин дасисабозон  ҳамеша дар фикри манфиати худанд ва аз ягон амали зишт худдорӣ намекунанд. Ба ҳамагон маълум аст, ки  тайи вақтҳои ахир дар майдони иттилоотӣ тавассути таҳрифи иттилоот ва таҳияи матолиби муғризона  авзои кишварро ноором сохтан мехоҳанд.

Вале имрӯз мардуми кишвар симои ҳақиқии  ҳар яки  ин нохалафонро шинохта, дигар ба иғвову дасисаҳои ин нафарон дода нахоҳанд шуд. Мо , шаҳрвандони кишварро зарур аст, ки имрӯз ба тарбияи насли ҷавон диққати ҷиддӣ диҳем, онҳоро бо моҳияти фаъолият ва ҳадафҳои нопоки  ин хоинони миллат ошно созем, то ки онон дар роҳи зиндагӣ ба хатогӣ роҳ надиҳанд. Онҳоро дар рӯҳияи худшиносии миллӣ тарбия намоем, то ки  баҳри пешрафти диёри худ саҳмгузор бошанд.

Шаҳрзоди Баҳор,
ДДХ

Читать далее

Ғафлатзадагони наҳзатӣ, ба худ оед!

Имрӯзҳо мо ҳама шоҳиди он ҳастем, ки мардуми фарҳангпарвари Тоҷикистон  бо ҷидду ҷаҳд ва устуворӣ фазои сулҳу суботро дар кишварамон сулҳу суботро  барпо намуд ва ҳимояи дастовардҳои Истиқлолияти давлатиро таъмин намуд, бо заҳмати созандаву бунёдкорона кишварро ободу шукуфон кард.

Лекин, ғафлатзадагон, ба монанди Исломиддин Садирови “тарафдори ТТЭ ҲНИ ва Паймони миллӣ”  пешравиҳои моро нодида мегиранд, рушди кишвар  онҳоро  нороҳату ғамгин  кардааст. Ин зумра, то ҳол бо шубҳа ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Тоҷикистон дар амалӣ кардани ҳадафҳои стратегӣ, чун давомдиҳандаи низоми тоталитарӣ баҳо дода,  дар кӯшиши барпо намудани муҳити нобоварӣ ва низоъ ҳастанд. Ҳар як шарҳу гузориши хаёливу бофтаи онҳо, ки ҳатто шоёни диққати мардум нест, ҳисоботи навбатӣ дар назди хоҷагони хориҷӣ буда, дар расонаҳои иҷтимоӣ паҳн кардани чунин хабарҳои беасос аз он шаҳодат медиҳад, ки онҳо бо сарпарастони худ аз ниятҳои зишт ва  нопоки худ нисбати Тоҷикистон даст накашидаанд.

Магар  чунин  ашхос воқиф нестанд, ки мардуми диёрамон чигуна дар як вазъияти мураккаб ва ноором  давлати  дар вартаи ҳалокат қарор доштаамонро,  соҳибихтиёрии Тоҷикистонро ҳифз намуд ва бо сарбаландӣ  ба марҳалаи инкишоф ворид сохт.  Ва мардуми кишвар имрӯз ба сӯи ҳаёти осоишта  ва арзанда, ба остонаи дигаргуниҳои куллӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа бо умед қадами устувор мениҳад.

Мо набояд ба сабақҳои таърихии Ватани худ аз нигоҳи ин зумраи бадхоҳон ва хоинони миллат баҳо диҳем. Мақсади онҳо ғайр аз ифротгароӣ, паҳн кардани фитнаю барангехтани низоъ чизи дигаре нест. Ҳаргиз мардуми Тоҷикистонро бо роҳи барангехтани кинаю бадбинӣ дигар ба вартаи ҳалокат партофта наметавонанд! Мардуми Тоҷикистон акнун хуб дарк мекунанд, ки чунин ашхос бо баёну кирдори зишти худ ба сари мардуми мо ба ҷуз аз нооромӣ ягон оқибати хуб намеоранд.

Аз ин рӯ, таҳкими пояҳои давлату давлатдории миллӣ ва ободу зебо гардонидани сарзамини аҷдодӣ аз ҳар яки мо дар самти кору фаъолияти худ зиракии сиёсӣ, масъулияти бузурги созандагиро тақозо намуда, ҳар фарди бонангу номусро вазифадор месозад, ки ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, истиқлолияти давлатӣ, афзун намудани дастовардҳои миллӣ, эътибори кишвар дар арсаи  ҷаҳонӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори ватандорӣ кӯшишу талоши пайваста дошта бошем ва нагузорем, ки ягон қувва, ягон кӯшиши бадхоҳонаи хоинони миллат бо фиребу найрангҳои сунъии сарпарастони худ  интихоби моро  сӯи  ояндаи дурахшон ва  зиндагии шоистаи мардуми кишварро халалдор созад.

Раҳматулоев А.Э. – профессори  кафедраи
ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории ДДҲБСТ

Читать далее

М. САДРИДДИН-ҚАЛЛОБ ДАР НИҚОБИ ДИН!

Чанде қабл дар расонаҳо роҷеъ ба қаллобиву мардумфиребии М. Садриддин яке аз аъзои ТТЭ ҲНИ сухан мерафт, ки дар он аз ҷумла омадааст, ки М. Садриддин бо истифода аз ҳадису ояҳои китоби мусалмонон се нафар шаҳрванди ҷумҳуриро фиреб дода, аз онҳо 430 ҳазор доллар гирифтаву барнагардонидааст. Яъне қаллобӣ дар рӯзи равшан.

Тавре гуфта мешавад, М. Садриддин сафсатагӯйӣ наҳзатӣ барои  ба боварии ин се нафар даромадан, худашро шахси ботақво вонамуд карда, чанд мисол аз дину шариат оварда, пулҳоро гирифтаасту барнагардонидааст, ки ин ниҳояти мардумфиребист.

Зеро 430 ҳазор доллар пули кам нест ва ин маблағ ҳам ба осонӣ ба даст наомадааст, аммо М. Садриддин бо истифода аз макру найранг  ин маблағҳоро аз худ кардаву ба хориҷи кишвар фирор намудааст, ки ин амали номардонаву ноҷавонмардона мебошад.

Аз ин лиҳоз, ҳар як шаҳрванди кишвар бояд огоҳ бошад, ки наҳзатиён қаллобанду бо роҳҳои гуногун мехоҳанд миллатро фиреб диҳанду ҳаққи мардумро бихӯранд ва дин барои онҳо як василаи гумроҳсозиву маишати рӯзгор аст.

ОМӮЗГОРОНИ КАФЕДРАИ МАТЕМАТИКАИ ОЛӢ
ВА ИНФОРМАТИКА
И ДКМТ

Читать далее

Мубориза бо терроризм-амали дастаҷамъона

Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Оқибатҳои терроризм яке аз муаммои хатарноке мебошад, ки бо он ҷаҳони муосир рӯбарӯ гаштааст. Ин зуҳурот дар ин ё он сатҳ ба инкишофи ҷамъият ва давлатҳо монеъгӣ ба бор овардааст. Воқеияти замони имрӯз он ҳолате мебошад, ки терроризм пеш аз ҳама хатари зиёд ба бехатарии давлатҳо дорад.

Ташвиши ҷомеаи ҷаҳон аз афзудани амалиёти террористӣ зиёд гардидани қурбониён, махсусан, кӯдакону пиронсолон ва дигар шахсон, инчунин зарарҳои калони моддиву равонӣ арзёбӣ мешавад.

Fояи терроризм ба халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ равона шудааст.

Дар айни замон террористон барои амалӣ гардонидани ғояҳои худ аз афзалиятҳои ғояҳои исломӣ истифода намуда, ба ташвиқу тарғиби мақсадҳои ғаразноки худ мақсадҳои нопок доранд. Омилҳои ташаккулдиҳандаи гурӯҳҳои ифротгароии динии муосир пеш аз ҳама ин набудани саводу маърифати дурусти динӣ, фаҳмиши радикалию хушунатомези меъёрҳои дин, истифода аз мушкилоти иҷтимоӣ ва ихтилофҳои фикрии ҷомеаҳои мусулмоннишин арзёбӣ мешавад.

Дар маърифату маънавияти динӣ ва фарҳангу арзишҳои воқеии исломӣ ғояҳои ташвиқшаванда умуман ҷой надоранд. Чунин гурӯҳҳои ташкилёфта ҳамчун силоҳи муборизаи геополитикӣ ва ҳамчун нерӯи тахрибгари сиёсӣ-низомӣ барои давлатҳо, миллатҳо, фарҳангҳо, тамаддунҳо, арзишҳо ва инсонҳо хатари ҷиддии ҳаётӣ пеш меоваранд. Пас, мубориза бо онҳо фақат мубориза бо як тарзи ҷаҳонбинӣ нест, балки имрӯз мубориза бо ин «вабои аср» барои давлатҳо мубориза барои ҳастӣ мебошад.

Гулнора Валиева,
сокини ноҳияи Ашт

Читать далее