November 2020

23 November 2020

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд

Имрӯз ба муносибати рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастуру супориш ва сиёсати инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба чанде аз собиқадорони меҳнатро дар шаҳри Хуҷанд аёдат намуда, маблағҳои пулӣ ва туҳфаҳо тақдим намуданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбати самимӣ бо Норӣ Собирова таъкид намуд, ки ғамхорӣ нисбат ба собиқадорони меҳнат зери таваҷҷӯҳи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд қарор дорад.

Читать далее

Раҷаббой Аҳмадзода афсарону сарбозонро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ табрик намуд

20 ноябри соли 2020 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз қисмҳои низомии мустақар дар шаҳри Бӯстон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздид намуда, афсарону сарбозони шуҷои Ватанро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз рамзҳои муҳимми давлатдории миллӣ ва сарчашмаи ифтихори ҳар як фарди ватандӯсту меҳанпарвар маҳсуб меёбад, табрик намуд.

Зимни боздид аз қисмҳои низомӣ ва суҳбат бо афсарону сарбозон Раиси вилоят иброз дошт, ки Парчами давлатӣ барои мардуми шарафманди Тоҷикистон ҳамчун рамзи ватандорӣ, нангу номус, худшиносиву худогоҳӣ ва ваҳдати миллӣ хизмат мекунад ва афсарону сарбозон таҳти парафшонии Парчами давлатӣ марзу буми кишваро ҳимоя намуда, амнияти ҷомеаро таъмин менамоянд.

Читать далее

20 November 2020

ҲАДАФ: АФЗУН НАМУДАНИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТ

Дар ноҳияи Айнӣ парвариши чорвои калони шохдор, яъне қутос низ ба роҳ монда шудааст. Мухбирамон бо сардори идораи кишоварзии ноҳияи Айнӣ Мансур Носиров ҳамсуҳбат гашта, ҷиҳати хусусиятҳои хоси парвариши қутос, ҳамчунин дигар самтҳои соҳаи кишоварзии ноҳия пурсон шуд.

-Парвариши қутос дар ноҳия аз соли 2008-ум ба роҳ монда шудааст. Алҳол саршумори ин навъи чорвои калони шохдор дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 1049 сар расонда шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 12 сар зиёд мебошад.

Дар хоҷагиҳои кишоварзӣ 781 сар қутос парвариш ёфта, боқимонда ба хоҷагиҳои аҳолӣ тааллуқ доранд. Соҳаи қутоспарварӣ яке аз соҳаҳои камхароҷот ва даромадовар маҳсуб меёбад, зеро қутос бештар дар баландкӯҳҳо умр ба сар бурда, ба ҳавои сард мутобиқ аст ва зимистонгузаронии он ташвиши зиёдро талаб намекунад. Хӯроки ин чорво асосан алафҳои худрӯи кӯҳӣ буда, барои ин намуди чорво хеле кам хӯрока захира карда мешавад. Гӯшти қутос парҳезӣ буда, он асосан дар бозорҳои шаҳраки Сарводаи ноҳия ба фурӯш бароварда, ба сокинон пешкаш карда мешавад.

Тибқи барнома, парвариш ва нигоҳубини қутос дар ноҳия ба роҳ монда шуда, сол аз сол шумораи он афзун гашта истодааст. Дар ноҳия соҳаи чорводорӣ низ сол ба сол рушд ёфта истодааст. Аз ҷумла 2068 сар моли калони шохдор парвариш карда мешавад, ки нисбат ба соли гузашта 29 сар зиёд аст. Аз моли калони шохдори наслдеҳ 329 сар насл гирифта шуд, ки назар ба соли гузашта 15 сар зиёд аст. Саршумори моли майда 21655 сарро ташкил дода, нисбат ба соли гузашта 319 сар изофа мебошад. Наслгирӣ аз моли майда 6490 сарро ташкил дода, 101 фисади нақша аст. Захираи хӯроки чорво барои зимистонгузаронӣ дар хоҷагиҳои кишоварзӣ ва ҳам хоҷагиҳои аҳолӣ дар сатҳи баланд ба роҳ монда шуда, то имрӯз 72 042 тонна захира гардидааст, ки аз ин миқдор 40682 тоннааш ба хоҷагиҳои кишоварзӣ рост меояд ва нисбат ба соли гузашта 118 тонна зиёд мебошад. Агар бо воҳиди хӯрока ҳисоб кунем, 2735 воҳиди хӯрока тайёр карда шудааст.

Дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия ҳамчунин соли равон дар майдони 548 гектар кишти картошка ба роҳ монда шуд. Дар хоҷагиҳои аҳолӣ ба 1016 гектар ин намуди зироат кишт карда шуд, Ҳам дар хоҷагиҳои кишоварзӣ ва ҳам аҳолӣ имсол майдони кишти картошка васеъ карда шуда, нисбат ба соли гузашта 236 гектар бештар аст. Истеҳсоли картошка дар маҷмуъ 19 620 тоннаро ташкил дод, ки аз ин миқдор 11 936 тоннааш ба хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия рост меояд ва нисбат ба соли гузашта 1399 тонна зиёдтар истеҳсол карда шудааст. Кишти сабзавот, аз ҷумла сабзӣ, помидор, карам ва дигар намудҳо имсол нисбат ба соли гузашта панҷ гектар афзун гардонда шуда, то имрӯз 1669 тонна сабзавот ҷамъ оварда шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 208 тонна бештар аст.

Мувофиқи Барномаи рушди соҳаи боғпарварӣ барои солҳои 2016-2020, нақша доштем, ки бояд 35 гектар боғи нав бунёд намоем. То имрӯз бошад, 41 гектар боғи нав бунёд карда шудааст, ки аз ин беш аз 10 гектар боғи интенсивии олу, олуча ва зардолу мебошад, - гуфт М.Носиров. Ноҳияи Айнӣ бо меваҳои шаҳдбори себ, нок, олу, зардолу шафтолу, чормағз шӯҳрат дорад. Вале имсол бо сабаби хунукиҳои моҳи апрел рухдода ҳосили мева табъи дил нашуда, танҳо 82 тонна ҳосили себ ба даст оварда шуд. Хоҷагидорони ноҳия баҳри бо нишондиҳандаҳои беҳтарин истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшишу ғайрат карда истодаанд, ки нишондиҳандаҳоро назаррас ва истеҳсоли маҳсулотро афзун намоянд.

Рафоат МӮЪМИНОВА, «Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Оғози маъракаи ниҳолшинонӣ дар вилояти Суғд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд ба маъракаи ободонӣ ва сабзу хуррамгардонӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, дар ин самт тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешавад.

19 ноябр дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои кормандони хоҷагии манзилию комуналӣ ва масъулини кабудизоркунии шаҳру ноҳияҳо семинари омӯзишӣ баргузор шуд, ки дар кори он Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода низ ширкат варзид.

Читать далее

СИТОДИ ҶУМҲУРИЯВӢ: Гузаронидани ҳама гуна чорабиниҳои тантанавӣ ба муносибати Соли нави мелодии 2021 дар қаламрави кишвар манъ аст

Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID–19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба хуруҷи мавҷи дуюми бемории сироятии COVID–19 дар ҷаҳон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки қоидаҳои гигиенаи шахсиву ҷамъиятӣ ва маслиҳату тавсияҳои табибону мутахассисонро қатъиян риоя кунанд.

Бо сабаби хуруҷи мавҷи дуюми бемории сироятии COVID–19, шиддат гирифтани буҳрони иқтисодиву молиявӣ ва афзоиши бекорӣ дар як қатор кишварҳои ҷаҳон бори дигар фаъолияти марказҳои хизматрасонӣ, боғу гулгаштҳо ва баргузории маросиму ҷашнҳо дар ин кишварҳо қатъ карда шуда, ҳаракати воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ маҳдуд ва вазъияти карантин эълон карда шуд.

Вобаста ба ҳолати бавуҷудомада Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқоли минбаъдаи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул кард:

  1. Гузаронидани ҳама гуна чорабиниҳои тантанавӣ, аз ҷумла ташкили арчаи солинавӣ, чорабиниҳои фарҳангии оммавӣ, нишастҳои ҷашнӣ, шабнишиниҳо ва дигар чорабиниҳои оммавӣ ба муносибати Соли нави мелодии 2021 дар қаламрави кишвар манъ карда шавад.
  2. Сайру гашти мардум дар боғҳои фарҳангу фароғат, гулгашту хиёбонҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ танҳо бо дарназардошти риояи ҳатмии қоидаҳои гигиенаи шахсиву ҷамъиятӣ, истифодаи ҳатмии ниқобҳои муҳофизатӣ ва риояи қатъии фосилаи иҷтимоӣ дар масофаи байниҳамдигарии аз 1,5 то 2 метр иҷозат дода мешавад.
  3. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати корҳои дохилӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ масъалаи бо маводи безараргардонӣ таъмин намудани боғҳои фарҳангу фароғат, гулгашту хиёбонҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятиро ба таври қатъӣ назорат намоянд.
  4. Вазорати корҳои дохилӣ ҷиҳати пурзӯр кардани фаъолияти нозирони минтақавии милитсия барои пешгирӣ кардани сирояти нави коронавирус дар маҳалҳо чораҳои иловагӣ андешад.
  5. Вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм риояи қоидаҳои беҳдошти шахсиву ҷамъиятиро дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ боз ҳам қатъӣ назорат намоянд.
Читать далее

Табрикоти Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Америка Доналд Ҷон Трамп ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Ба муносибати аз нав интихоб гардидан ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз номи Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Америка Доналд Ҷон Трамп барқияи табрикӣ ворид гардид, ки дар он аз ҷумла  омадааст:

«Муҳтарам ҷаноби Президент,

Мехоҳам аз номи Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида ва мардуми Америка табрикоти худро ба муносибати ба маснади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданатон ирсол дорам.

Читать далее

Суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ

Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар ибтидои суҳбат Амири Давлати Қатар бори дигар табрикоти самимӣ ва таманниёти неки хешро ба Пешвои миллат дар робита ба натиҷаҳои интихоботи президентии дар Тоҷикистон баргузоргардида ва аз нав интихоб гардиданашон ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд.

Читать далее

Барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Молдова Майя Санду

Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Молдова муҳтарам Майя Санду барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Хонуми Олиҷоҳ,

Шуморо ба муносибати пирӯзиатон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Молдова табрику муборакбод менамоям.

Читать далее

19 November 2020

«ҲАҚИҚАТИ СУҒД» ВА ИҶЛОСИЯИ ХVI ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Эмомалӣ РАҲМОН: Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйдоди воқеан таърихӣ мебошад, зеро маҳз дар ҳамин иҷлосия тақдири ояндаи давлати миллии тоҷикон тарҳрезӣ гардид.

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар рӯзнома инъикоси дастовардҳои неъмати бузурги миллат –Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба роҳ монда, рисолати аслии хешро дар инъикоси мавзӯъҳои умдаи рӯз, иқдомҳои созандаву бунёдкоронаи Ҳукумати кишвар ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, тарғибу ташвиқи суръати нав касб кардани ҷараёни созандагӣ дар вилоят, бунёди шаҳру шаҳракҳои нав, ободии роҳҳо, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ равона намуда, ҷаҳду талоши рӯзнома бобати солимии афкори ҷомеа, баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандон, ошкор сохтани камбудиву норасоиҳои мавҷудаи ҷомеа боиси зикру таҳсин аст.

Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ «Ҳақиқати Ленинобод» рӯзномаи ҳамраъйи мардум буд ва бо шиори «Банӣ одам аъзои якдигаранд» ҳафтае панҷ маротиба дар ҳаҷми 4 саҳифа бо формати А2 нашр мешуд.

Ба вижа дар солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар, ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, баргузории Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзнома мавқеи хешро нишон дода, дар барқарорсозии сулҳ дар кишвар саҳми бориз дорад.

Воқеан, натиҷаҳои Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дастовардҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар буд, зеро ҳамин Иҷлосияи сарнавиштсоз ба ҷанги бародаркуш хотима бахшида, Тоҷикистонро ҳамчун кишвари соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дар ақсои олам муаррифӣ кард. Он солҳо дар саҳифаҳои рӯзнома мақолаҳо, гузоришҳо ва хабарҳои мусаввиру нав ба нав бо аксҳои вакилон, ҷараёни овоздиҳӣ, қабули ҳуҷҷатҳо, қонуну қарори иҷлосия чоп шудаанд. Мақолаҳо таҳти сарлавҳаи умумӣ дар саҳифаи аввали рӯзнома «Сессияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон: рӯзи аввал, рӯзи дувум, рӯзи сеюм» ва ҳамин тавр то рӯзи ҷамъбастӣ нашр шуда, дар омода намудани ин шумораҳо саҳми рӯзноманигорон Ҳасанбой Шарифов, Ҳасани Порсо, Шарифҷон Мамадҷонов, Исроилҷон Рабизод, Ҳадятилло Тӯйчизода, Ғафур Нарзулло (рӯҳашон шод бод!) Файзулло Атохоҷаев, Ғайрат Ҳаким, Мазбут Воҳидов бисёр калон мебошад. Дар ин маврид Файзулло Атохоҷаев-собиқадори рӯзнома, сармуҳаррири «Ҳақиқати Ленинобод» дар солҳои 1989-1994, иштирокчии Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин қайд мекунад: «Бо гузашти рӯзҳо, солҳо қадри заҳмати ҳамаи кормандони ҳамонвақтаи рӯзномачи техникиву чи эҷодӣ, чи ҷонишини сармуҳарриру чи коргари ба чопи рӯзнома вобастаи матбааи якуми шаҳри Хуҷанд баланд эҳсос карда мешавад».

Воқеан, дар ҳавзаи матбуот ва, умуман, фазои расонаии Тоҷикистон «Ҳақиқати Ленинобод»-ро ба сифати рӯзномае мешиносанд, ки дар инъикоси рафти Иҷлосияи шонздаҳум аз ҳама фаъол буд ва хабарҳо аз рафти онро лаҳза ба лаҳза манзури хонандагон мекард ва барои чунин як пешдастӣ иқтидори хуби кадриву техникӣ низ дошт. «Вакилони халқ ҳозир шуданд. Дар иҷлосия 193 нафар вакилон номнавис шуданд. Имрӯз Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз меёбад. Ба кори сессия барор мехоҳем». Ин матлаб, ки дар шумораи №163 (14909) аз 16 ноябри соли 1992 рӯи саҳифа омадааст, намунае аз фаврияти касбӣ ва далели гуфтаҳои мост. Дар он рӯзҳои ҳалкунандаву тақдирсоз маҳз ҳайати эҷодии рӯзномаи вилоятӣ масъулияти инъикоси пурраву ҳамаҷонибаи ҷараёни иҷлосияро бар дӯш дошт. Дар ҳамон рӯзҳои душвор ҳайати эҷодии нашрия ба вазъияти кишвар баҳои дуруст дода, мардумро ба оромӣ ва хушбинӣ ба рӯзҳои нек даъват мекард. Он солҳо ба ҳайати эҷодии рӯзнома Файзулло Атохоҷаев, ки аз охири солҳои шастуми асри гузашта тақдирашро ба кори газета бахшидааст, сарварӣ мекард.

Файзулло Атохоҷаев дар бобати нақши ин иҷлосия дар тақдири мардум зимни баёни андешаҳо чунин изҳори назар карда: «Дар халқ чунин таъбир маълуму равшан аст: «Ба тақдир тақдирҷунбон даркор»…

Агар ҳоло аз он айёми чашм бар субҳи умед доштан ёд карда, аз қуллаи рӯзгори пурсаодат ва ободии кишвар эҳсосбарӣ кардан аз дидгоҳи вақт ба рӯйдоду ҳодисоти рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии Ватанамон назар афканем, тафсиру тавзеҳ намоем, мебинем, ки маҳз Иҷлосияи тақдирсози ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сароғозу саҳифаҳои тозаву пурмаънии таърихи навини миллату давлати тоҷикон ба шумор меравад. Аз толори Қасри Арбоб ҷозибае, эҳсосе, баёни мақсаде, таъсире равшантар ба чашмҳо расид…

Чаҳоряк аср муқаддам ба рӯзҳои моҳи ноябри соли 1992 бо чашми дилу меҳру вафо менигарем: ҳамон айём ва замон ба ҳайси сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод» ифои вазифа доштам. Ҳама он воқеаву рӯйдодҳои дар замони бозсозии охири солҳои 80-уми шӯравӣ, давоми солҳои навад то аввали дуҳазоруми қарни гузашта, чи дар қаламрави ҷумҳурӣ, чи ҳамонвақта вилояти Ленинобод дар саҳифаҳои ҳар шумораи рӯзнома пурраву возеҳ инъикос карда мешуданд. Аз ҷумла, дар солҳои вазнини ҷанги шаҳрвандӣ низ рӯзномаи мазкур бо ҳамон мавқеъ, яъне ҳамраъйӣ бо мардум монд. Ҳамон давра ҳамаи маводи Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан аз тариқи рӯзнома паҳн мешуд. Ҳоло ин саҳифаву ин шумораҳо рисолати таърихӣ доранд.

Дар шумораи 12-уми ноябри соли 1992 рӯзнома дар саҳифаи аввал Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз 9 ноябр «Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд даъват карда шавад» ба нашр расонид. Ҳамон шумораро баъди имзо ба чоп доданӣ будем, ки маро ҷонишини котиби масъули рӯзнома Исроилҷон Исмоилов (рӯҳаш шод бод!) огоҳ намуд, ки тавассути телетайп хабари оҷилӣ меомадааст, интизор шавем. Ҳамин тавр, мо Изҳороти Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро гирифтем, ки дар он, аз ҷумла, зикр мешуд: «Тақдири мо – сокинони Тоҷикистон танҳо ва танҳо дар дасти худамон. Давлати дигаре, шахси дигаре онро ҳаллу фасл карда наметавонад».

Воқеан, дар саҳифаи якуми шумораи №162 (14908) аз 14 ноябри соли 1992 хабари сар шудани бақайдгирии депутатҳо таҳти унвони «Бақайдгирии депутатҳо сар шуд» ба нашр расидааст.

Ҳамзамон, дар саҳифаи аввали ин шумора бо ҳарфҳои калон шиори «Умедамон аз сессия калон аст» ҷой дода шуда, мавод таҳти унвонҳои «Хуҷанд ба сессия тайёрӣ мебинад», «Хуҷанд-кафили ваҳдат», «Аз сессия чӣ мехоҳем? Ваҳдат, сулҳ, салоҳ», «Чароғи умед дар мегирад» оид ба омодагиҳо ва умедвориҳо аз Сессияи ҶVI Шӯрои Олии ҷумҳурӣ дарҷ шудаанд. Дар ҳамин саҳифа мо эълони мазкурро мушоҳида мекунем: «Сессияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум 16 ноябри соли 1992, соати 10, пагоҳӣ баргузор мегардад. Депутатҳои халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 14,15 ноябри соли 1992 аз соати 8 пагоҳӣ то 20 бегоҳӣ дар бинои кумиҷроияи вилоят (утоқҳои 535, 543) ба қайд гирифта мешаванд. Телефонҳо барои маълумот 6-06-45, 6-19-56». Ин нигоштаҳо аз масъулияти баланди рӯзноманигорони «Ҳақиқати Ленинобод» дар назди халқу Ватан гувоҳӣ медиҳанд.

Рӯзноманигор Файзулло Атохоҷаев он рӯзҳоро ба хотир оварда, қайд мекунад: «Ҳамон рӯзҳо ниҳоли умеду орзу ва ормонҳои деринтизори мардуми кишвари соҳибихтиёри тоҷик дубора реша дар об гирифт, ки нишонаи сарсабзиву нишотбахшӣ дошт. Дар ҳамон шумораи рӯзнома бо маслиҳату машварати аъзои ҳайати таҳририя мақолаи Игор Ленский, мухбири «Правда»-ро дар тарҷума чоп карда будем.

Ӯ, аз ҷумла чунин навишта буд: «Як бурда нони сиёҳро гирифта, онро ду тақсим намоед. Дар Кӯлоби имрӯза чун дар Ленингради дар муҳосирабуда сарикасӣ ҳамин қадарӣ, яъне 30-граммӣ нон мерасид, ки бо он бояд рӯз гузаронид». Дар идомаи мақолааш мухбир чунин овардааст: «Дар маркази водии Вахш баъди танаффуси тӯлонӣ заводи нонпазии шаҳри Қӯрғонтеппа ба кор даромад. Ба хонаҳои сокинон газу об омад ва чароғи барқӣ даргирифт. Дар ин замини азияткашида ниҳоят чароғаки умед равшан шуд». - Саҳарии рӯзи 16-уми ноябри соли 1992 дар Хуҷанд борони сим-сим меборид, ҳавои тирамоҳ салқинтар буд. Қатраҳои маҳини борон гӯё аз само бо нидову фараҳ ва нуру сафо мерехт. Мухбирони парлумонии рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод», ки ин гурӯҳ аз ҳафт нафар журналистон - Ҳасанбой Шарифов, Ҳасани Порсо, Шарифҷон Мамадҷонов, Исроили Рабизод, Ғафури Нарзулло (рӯҳашон шод бод!) ва Мазбути Воҳид, Ғайрат Ҳаким иборат буду банда ҳамчун сармуҳаррир аз рӯи вазифа аз майдончаи истгоҳи назди меҳмонхонаи «Ленинобод» ба воситаи автобус ҳамроҳи вакилони мардумӣ аз вилояти Кӯлоб ба иҷлосия – ба Қасри Арбоб роҳ гирифтем,- ба ёд меорад Файзулло Атохоҷаев.

Ҳамин тавр, аз оғоз то анҷоми Иҷлосия мухбирони парлумонӣ ва рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод», яъне аз 16 ноябр, №163 (14909) то 5 декабри соли 1992, №176 (14922) аз рӯи виҷдони касбӣ ва рисолати меҳанпарастиву мавқеи устувори худ хизмати эҷодӣ намуданд. Хизмати рӯзнома аз он иборат буд, ки ҳар воқеаву лаҳзаҳои ҷараёни ҷаласаҳои иҷлосия, фикру мулоҳизоти вакилони мардумиро дуруст, шаффоф ва ҳадафмандона нашр менамуданд.

Ҳайати таҳририяи рӯзнома вазифа, уҳдадорӣ ва фаъолияти касбии журналистонро дар доираи салоҳият, масъулияту маърифат муайян намуда буд. Дар саҳифаи аввали рӯзнома таҳти сарлавҳаи умумӣ – «Сессияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: рӯзи аввал, рӯзи дуюм… рӯзи дувоздаҳум» ва дар ҷамъбаст – «Сессияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт» маводи муфассал ва дар ҷанрҳои гуногуни журналистика чоп карда мешуданд. Чунончӣ дар як матлаб омадааст: «Вакили мардумӣ аз ноҳияи ҳисор Абдувоҳид Мирзоев дар ҷаласаи иҷлосия пешниҳод намуд, ки ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси комиҷроияи вилояти Кӯлоб, депутати халқ Эмомалӣ Раҳмонов пешбарӣ карда шавад. Ин таклифро депутати мардумӣ аз шаҳри Хуҷанд Ҷаҳон Набиев дастгирӣ намуд. Дар овоздиҳӣ аз 197 вакил 186 нафар ба тарафдории Эмомалӣ Раҳмонов овоз доданд». Ҳамин муҷдаи ҳаётбахш вуҷуди аҳли эҷоди моро, ҳаққо, ки гармӣ бахшид, ба дилҳо неруи дигар овард, дидаҳоро рӯшан кард».

Он вақт дар идораи рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод» 70 нафар заҳмат мекашиданд ва яке аз воқеаҳои муҳиму хотирмон дар тӯли ин солҳо, ки ба нашрияи “Ҳақиқати Ленинобод” вобастагӣ дорад, ин бевосита мулоқоти аввалини Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов бо намояндагони ВАО-бо кормандони эҷодии рӯзномаи мазкур, ки дар кумиҷроияи вилоятӣ аввали моҳи декабри соли 1992 бо хоҳиши ӯ ба вуқӯъ омада буд, ба ҳисоб меравад. Хабари ин мулоқот дар саҳифаи аввали шумораи №176 (14922) таҳти унвони «Вохӯрии Эмомалӣ Раҳмонов бо журналистони рӯзнома» нашр шудааст, ки аз ҷумла омадааст: «Бо хоҳиши Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар кумиҷроияи вилоятӣ вохӯрии ӯ бо аҳли қалами рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод» барпо гардид.

Байни журналистон ва Раиси Парлумон Эмомалӣ Раҳмонов оид ба вазъи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ, ҷамъбасти Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти минбаъдаи Раёсати Шӯрои Олӣ ва Ҳукумати Тоҷикистон, инчунин дигар масъалаҳои муҳими рӯз мубодилаи афкор барпо гардид. Эмомалӣ Раҳмонов ба мавқеи рӯзномаи вилоятии “Ҳақиқати Ленинобод”, ки ҳамаи маводи Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олии ҶТ асосан аз тариқи рӯзномаи “Ҳақиқати Ленинобод” паҳн мешуданд, баҳои сазовор дода, журналистони рӯзномаро даъват намуд, то ки минбаъд низ тамоми қувваю дониш ва ғайрати эҷодиашонро барои пойдор гардондани сулҳу амонӣ дар Тоҷикистон, таъмини ваҳдати мардум ва якпорчагии ҷумҳурӣ равона намоянд.

Дар мулоқот ҷонишини сармуҳаррир М.Воҳидов ва мудирони шуъбаҳои рӯзнома Ҳ.Шарифову Ғ.Нарзуллоев ва мухбир Ҳ.Тӯйчиев роҷеъ ба мушаххастар ва ба шароити ҷумҳурӣ мутобиқ гардонидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма”, таъминоти моддию техникӣ ва молиявии рӯзномаҳои маҳаллӣ дар шароити гузариш ба иқтисодиёти бозаргонӣ аз ҷониби Ҳукумат ва дигар масоили муҳими рӯз фикру мулоҳизаҳои худро иброз доштанд, ки аз ҷониби Раиси Парлумони ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмонов хуш пазируфта шуданд».

Сурайё ҲАКИМОВА, «Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

ЗАХИРАИ ТУХМИИ КАРТОШКА ОЁ КОФИСТ?

Ба даст овардани ҳосили фаровони ҳама намуди зироатҳои кишоварзӣ аз истифодаи тухмии хушсифату серҳосил вобастагии калон дорад. Аз ин лиҳоз, кишоварзон пеш аз ҳама, кӯшиш мекунанд, ки аз тухмиҳои серҳосил истифода намоянду ҳосили дилхоҳ ба даст оранд. Имрӯз дар миқёси вилоят ҷамъоварии ҳама намуди маҳсулоти кишоварзӣ, алалхусус ҷамъоварии картошка дар арафаи анҷомёбист. Ин аст, ки то аввали моҳи ноябр дар вилоят беш аз 350 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ шудааст.

Деҳқонони соҳибтаҷриба картошкаро ба намудҳои гуногун ҷудо намуда, аз он беҳтаринашро барои тухмӣ нигоҳ медоранд.

Бино ба иттилои масъулини Сарраёсати кишоварзии вилоят то 1- уми ноябри соли равон дар вилоят 60 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира шудааст.

Манбаъ мегӯяд, ки дар миқёси вилоят се хоҷагии деҳқонии тухмипарвари картошка фаъолият дошта, дар ноҳияи Деваштич ҷойгиранд. Ин ноҳия дар самти кишту парвариши картошка дар ҷумҳурӣ машҳур аст. Тухмиҳои серҳосил аз ин маҳал ба ноҳияҳои картошкапарварӣ дастрас гардида, аз он ҳосили фаровон ба даст оварда мешавад.

самти таъмини бозори дохилии кишвар бо картошкаҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза низ саҳми ноҳия басо назаррас аст.

Бино ба иттилои сардори раёсати кишоварзии ноҳияи Деваштич Камол Юсуфов, то имрӯз дар ноҳия дар 5400 гектар кишти картошка ба роҳ монда шуда, 126 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ гардид, аз он 55 ҳазор тонна тухмӣ барои кишти соли оянда захира шудааст. - Аз захираи тухмии мавҷуда 20 ҳазор тоннааш барои кишоварзони ноҳия кифоя буда, боқимонда 30 ҳазор тоннааш барои картошкапарварони шаҳру навоҳӣ пешбинӣ шудааст. Кишоварзони ноҳияҳои ҷануби кишвар низ алҳол барои харидории тухмии картошка ба ноҳия омада, онро харида истодаанд, - гуфт мавсуф. Хоҷагиҳои деҳқонии тухмипарвари «Ҳотам Қурбонов» - и деҳаи Басманда, «Овчӣ - Ғончӣ» - и деҳаи Овчӣ ва Хоҷагии деҳқонии «Хӯҷаҳо» - и деҳаи Хӯҷаҳо ҳамасола тухмии хушсифати картошкаро ба фурӯш мебароранд. Захираи картошка ва тухмии он дар ин хоҷагиҳо ба таври хоса ба роҳ монда шуда, он то аввалҳои фасли баҳор нигоҳ дошта мешавад. Хоҷагии кооперативии истеҳсолии «Овчӣ - Ғончӣ» - и деҳаи Овчӣ бошад, дар истеҳсол ва парвариши картошка дар миқёси кишвар шӯҳрат дорад.

Зеро заминҳои хоҷагии мазкур дар саргаҳи оби худҷорӣ қарор дошта, иқлимаш барои истеҳсоли картошкаи аз ҷиҳати экологӣ тоза мусоидат мекунад. Бино ба иттилои роҳбари хоҷагии мазкур Сангин Сангинов, аз 290 гектар замини киштшуда беш аз 8700 тонна картошка истеҳсол гардид, ки аз ин 1450 тонна чун тухмӣ барои кишти соли 2021 нигоҳ дошта шудааст.

 Саҳмдорони хоҷагии мазкур дар анборҳои худ беш аз 3 ҳазор тонна тухмии хушсифати навъҳои «Алладин», «Нуринисо» ва «Кардинал» - ро нигоҳ медоранд. Аҳли заҳмати Хоҷагии деҳқонии тухмипарвари «Хӯҷаҳо» - и деҳаи Хӯҷаҳо бошанд, барои захираи маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла, картошка ҳар як ваҷаб заминро самаранок истифода мебаранд. Дар хоҷагӣ имсол дар майдони 229 гектар кишти картошка гузаронида, 7557 тонна картошка ҷамъоварӣ гардид, ки аз ин 1889 тоннаро барои кишти соли 2021 захира намудаанд.

Истамҷони НАҶМИДДИН,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее