November 2020

13 November 2020

СУХАН КИМИЁЕСТ, КИ БАР ХОК НИҲӢ, ЗАР ГАРДАД

ё лаҳзаҳое, ки аз интихоби касбам ризоманд будам…

КӮПРУКИ ДЕРИНТИЗОР

Доир ба натиҷаҳои ҷамъбасти сол дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров раиси вақти ноҳия, шодравон Содиқҷон Мирхолиқов бо намояндагони воситаҳои ахбори умум нишасти матбуотӣ доир менамуд. Медонистам, кӯпруке, ки ҳафт-ҳашт деҳаву маҳаллаҳои Ҷамоати деҳоти Ғозиёнро бо шаҳр мепайвандад, чанд муддат инҷониб вайрон асту ҳазорон мардум сарсонанд.

Дар ҳавои сарду гарм, бо борҳои худ, ки барои шаҳриён сабзавоту меваҷот мебаранду аз шаҳр маводи ғизоӣ меоранд, аз дохили Сойи Хоҷабоқирғон, ки аз ин маҳал мегузарад, гузашта, ба хонаҳояшон мераванд. Сокинон бо қувваи худ дар дохили сой аз хок кӯпруки сунъӣ сохтаанду аз болои он танҳо як нақлиёт гузашта метавонад. Субҳ ва бегоҳон дар ин мавзеъ, ба қавле, мошинҳои шахсӣ саф мекашанд. Агар борон борад, ин «кӯпрук» ба лой мубаддал мешаваду ҳангоми боридани барф илоҷи пиёдаву савора гузаштан нест. Ман ба раиси ноҳия пешниҳод намудам, чӣ мешавад, азнавсозии ин кӯпрук ба нақша гирифта шаваду бо ҳамин мушкили мардум осон гардад.

Намояндаи нашрияи «Азия плюс» ба раис гуфт: Бо иқдоми Шумо дар шаҳри Хуҷанд ҳини раиси шаҳр буданатон сомонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таъсис дода шуда буд. Оё дар ноҳия низ таъсиси сомона дар назар аст? Раиси ноҳия дар посух ба ин суолҳо гуфт:-Муаллима, сокинони ноҳияи калонтарини вилоят боз чанд муддат метавонанд, бе сомона ҳам рӯз гузаронанд. Аммо барқарорсозии кӯпрук заруртар аст. Мо бунёди онро соли равон ба нақша мегирем… Раис ба қавли худ вафо кард.

Аввали моҳи май сохтмони кӯпрук ба итмом расид ва муовини якуми ҳамонвақтаи Раиси вилоят Ҷумъабой Сангинов бо иштироки садҳо нафар сокинон дар вазъияти тантанавӣ онро ифтитоҳ намуданд. Аз ин рӯйдоди нек шодмониву ризомандии мардумро ҳадду канор набуд. Шояд аз маркази ноҳия дуртар будани Ҷамоати Ғозиён боис буд, ки роҳбарон аз вазъ огоҳ набуданд ва шояд сокинон низ бо умеди он, ки рӯзе ин кӯпрук азнавсозӣ мешавад, сабрро пеша карда буданд. Ва як муроҷиати рӯзноманигор ба ин иқдоми нек сабаб гашт.

РӮЗНОМА - САБАБГОРИ РӮЗНОМА - САБАБГОРИ ПОЙДОРИИ ОИЛА

Мутасаддии саҳифа барои бонувон «Парасту» будам, ки он, ба қавле, минбари ифшои дарду розҳои занону духтарон буд.Он солҳо рӯзнома бо теъдоди сиву ҳафт ҳазор нусха интишор мегардиду қариб ки ба ҳар оила дастрас мешуд. Рӯзе дар утоқи корӣ саргарми кор нишаста будам, ки ҷавонзани тахминан бистусесола даромада омад. Пероҳани шифони нафисаш ба пайкари базебаш аҷаб зебанда буд.

Мӯйҳои дарозаш ба ҳуснаш ҳусн зам мекарданд. Ба қавле, ҷурме, ки ҳусни расояшро коҳиш медод, ҳамин буд, ки як пояш саҳл мелангид. Наздам нишасту гуфт, аз кӯчаи ба номи Бедили шаҳри Хуҷанд аст ва бо лаҳни гиряолуд ба ифшои розаш шурӯъ намуд. Маълум гашт, ки дар зиндагии оилавӣ ягон камбудие надоранд, зану шавҳар дар ҳамдигарфаҳмӣ, меҳру муҳаббат умр ба сар мебаранд, вале ҳар гоҳе назари шавҳар ба пои аз дигараш кӯтоҳи вай меафтад, ҳамон замон мегӯяд, «хезу ба хонаи падарат рав, ман бо ту дигар зиндагонӣ намекунам». Ҷавонзан ашк мерехту мегуфт, ки шавҳараш, хонаву дарашро дӯст медорад ва ба нигоҳ доштани оилаи вай кӯмак кунем.

Бо супориши сармуҳаррир рӯзи дигар ба ҳавлии онҳо рафтам. Шавҳараш, ки ҷавони қадбаланду зебо будааст, хушдоманаш ва ман дар кати рӯи ҳавлӣ нишаста, хуб сӯҳбат намудем. Баъди сипарӣ гаштани чандин муддат ҷавонзанро вохӯрдам, ки дар даст кӯдак дошт. Ҳар гоҳ, давоми солиёни тӯлонӣ ин бонуи дилбарро дар кӯчаҳо дучор меомадам. Наздам шитобон меомаду монанди он, ки дӯстони қарин бошем, гарм пурсупос менамуд. Шояд ҳамон як лаҳзаи суҳбатамонро сабабгори пойдор мондани оилааш мешуморид.

ФАРЗАНДИ ШОИСТАИ ВАТАН

 Миёнаҳои солҳои навадум буд. Рӯзе ба идораи рӯзнома сармуҳаррири маҷаллаи «Занони Тоҷикистон» (имрӯза «Бонувони Тоҷикистон»), бонуи боназокату ҷурналисти хушсалиқа Мушаррафа Шарифова даромада омаданд. Мақсадашон он буд, ки дар бораи падарашон маводе дар саҳифаи рӯзнома дарҷ намоем.

 Сармуҳаррири рӯзнома Файзулло Атохӯҷаев ба ман гуфтанд, ин инсони бузургу шариф солиёни тӯлонӣ дар мансабҳои баланди давлатӣ фаъолият бурдаанд, дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат вазир буданд. Баҳри рушди кишварамон хизматҳои шоиста анҷом додаанд. Қабл аз саршавии бесарусомониҳо дар кишвар, ба назарам, вазири ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ буданд. Ва гуфтанд, маводе барои рӯзнома омода намоям. Рӯзи дигар ҳамроҳи ронандаи идораамон Тӯхтабой Зоҳиров ба шаҳри Чкалов (имрӯза Бӯстон), ба ҳавлии он кас рафтем.

Мушаррафабону моро ба меҳмонхонаи оростае дароварданд. Он ҷо дар рӯи диван Воҳид Шарифов солорона менишастанд. Вале ба назари ман ҷисми ин фарди барӯманд аз дарду ранҷ коҳида, хаста намуд. Духтарашон паҳлуи падар нишаста, ҳангоми суолу ҷавоби мо нақлҳои падарро пурратар менамуданд. Ин инсони қавирӯҳ, вале заминӣ хеле кам сухан мекарданд. Вақте барои дар саҳифаи рӯзнома ҷой намудан расм пурсидам, духтарашон расмеро оварданд, ки ду моҳ пештар аксбардорӣ шуда буд. Дар он сурат марди чорпаҳлуи тануманде акс ёфта буд. Ман бо ҳайрат ба духтарашон нигаристам. Чашмони Мушаррафабону лиққӣ об шуд. Оҳиста аз ҷо бархоста, ба қафои падар гузаштанд ва аз китфони падарашон доштанд. Мехостанд, падар чашмони пуробашонро набинанд.

Ман эҳсос кардам, ки даргириҳои дар пойтахти мамлакатамон баамаломада, андешаи он, ки тақдири минбаъдаи сарзаминамон чӣ мешавад (охир он кас низ аз зумраи роҳбарони мамлакат маҳсуб меёфтанд), тақдири фарзандону пайвандон, чӣ тавр ба зодгоҳ овардани аҳли хонадон ин шахси нерӯмандро тамоман аз по афтондаву гирифтори бемории дармоннопазир гардондааст... Ба мо дар косаҳо кам-кам таоми суюқ – мошубиринҷ оварданд. Аз аввали сӯҳбат эҳсос намудам, ки ҳамсуҳбати ман умуман таом, ҳатто як қулт чой ҳам ба лаб намебаранд. Ва Мушаррафабону ба падар косаро дароз карда, умедворона нигоҳашонро дӯхта меистоданд, ки шояд падар каме ғизо тановул намоянд… Ва ман фаҳмидам, ки эшон ба касалии саратони рӯдаҳо гирифтор шудаанд.

Баъди гузаштани як-ду шумора мақола дар ҳаҷми як саҳифаи рӯзнома дарҷ гардид. Баъди чопи мақола Мушаррафа Шарифова ба мо изҳори сипосмандӣ намуда, гуфтанд, ки падарашон аз ин арҷгузории заҳматҳояшон хеле рӯҳбаланд гардиданд. Расо баъди як моҳи чоп гаштани мақола ин инсони мӯътабар дунёро падруд гуфтанд. Ман аз он ризоманд гаштам, ки ҳангоми барҳаёт буданашон тинати поку пурсафои чунин раҳбар, соҳибмансаб, вазири ботадбир, вале ҳамчун як инсони заминӣ хоксорро ба мардуми диёр шиносо намудам ва бисёр сокинони вилоят тавассути мақола ин шахсияти бузургу нотакрорро шинохтанд… Баъди чанд муддат муаррих, профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Усмонҷон-ако Ғаффоров маро дида, гуфтанд: - Рафоатҷон, мақолаи Шуморо ба китобам дар бораи фардони барӯманди Хистеварз ҷо намудам…

УМРИ ДУБОРАИ ДАРАХТОНИ САНАВБАРУ САДА

Дар доираи ободкорӣ ва созандагиҳо дар маркази вилоят-шаҳри Хуҷанд бунёди чандин истгоҳҳои нақлиёти мусофирбарро ба нақша гирифтанд. Истгоҳҳо бо тарҳи хушнамуд, нишастгоҳ ва фурӯшгоҳ писанди мардум гаштанд. Яке аз рӯзҳо баъди истироҳати дурӯза ба коргоҳ омада, шоҳид гаштем, ки назди «Кохи матбуот» барои сохтмони истгоҳ паҳлуи ҷӯи обгузарро бо девори сунъӣ иҳота карда мондаанд. Дар дохили он «девор» бошад, даҳ адад дарахтони чандинсолаи сафедору сада ва арча нашъунамо доштанд.

Бегоҳи он рӯз шоҳид гаштем, ки дар поёнтар, рӯ ба рӯи истгоҳи «Тирози ҷаҳон» барои бунёди истгоҳи дигаре ҷоеро бо девори сунъӣ иҳота карда мондаанд. Ин ҷо низ ҳафтҳашт бех дарахтони сарсабзи арча мавҷуд буд. Бо мақсади он ки дарахтони сарсабз, ин сарчашмаи ҳавои тоза бурида нашаванд, ба Идораи ҳифзи муҳити зисти вилоят занг задам. Аз он идора ба ман фаҳмонданд, ки ин масъала, яъне муқаррар кардани ҷойи сохтмон аллакай ҳал шудаасту шаш-ҳашт сохтор ба он ризогии худро додаанду мӯҳр гузошта шудааст.

Барои иваз кардани ҷойи бунёди истгоҳ мебояд боз бо ҳамин миқдор сохтор гуфтушуниду созиш кард. Пас аз ин ба идораи сохтмончии ин иншоот занг задам. Он ҷо низ гуфтанд, ки имзо ва мӯҳри тамоми сохторҳои марбута гирифта шудааст. Ба шӯъбаи меъмории шаҳр, муовини раиси шаҳр оид ба сохтмон ва чандин нафарҳои дигар занг задам. Ҳама мегуфтанд, ки дар ин масъала аллакай созиши якҷояи ҳама сохторҳо шуда, имкони тағйир додан нест. Вале ман на чун рӯзноманигор, балки ҳамчун як нафар сокини ҳамин шаҳр истодагарӣ менамудам, ки ин дарахтони сарсабз набояд бурида шаванд. Бо ҳамин чанд муддат сипарӣ шуд, мо, рӯзноманигорони «Ҳақиқати Суғд» ба хулосае омадем, ки суханамон ба ҷое нагузашт ва рӯзе меоянду сохтмонро сар мекунанд. Вале, баръакси гумони мо баромад.

Рӯзе дар истгоҳи «Тирози ҷаҳон» интизори мусофирбар истода, ногаҳон дидам, ки ҷои барои истгоҳ омодашуда, яъне деворро бардоштаанд ва дарахтони арча дар нашъунамоанд. Ва баъди чанде дидем, ки истгоҳи назди «Кохи матбуот» ба ҷои дигар - панҷ-шаш метр болотар кӯчонида шуд. Бо ҳамин чандин дарахтони дар нумӯъбуда аз бармаҳал ҳезумшавӣ эмин монданд ва шояд дар дили роҳбарони он сохторҳои марбута низ эҳсосе шӯъла зад, ки ҳар ниҳолу бутта ҷисми зинда аст… Пештар, тавре мо, рӯзноманигорон огоҳ будем, гӯё ҳар дарахти сарсабз соҳиб дошт ва дарахте бурида шавад, ҳатто, агар он хушк шуда бошад ҳам, масъулони соҳа шахси чунин амалро анҷомдодаро ҳатман ба ҷавобгарӣ мекашиданд…

СИРИШКИ ШОДИИ БОНУИ СИРИШКИ ШОДИИ БОНУИ ОЛМОНӢ

Рӯзе ба идораи рӯзнома пиразане даромада омад. Бо сабаби он, ки бо лаҳни русӣ сухан мекард, ба назди ман оварданд. Зан тахминан ҳафтодсола буду вале рухсораҳояш ботароват, чеҳрааш оҷанге надошт ва аз синну солаш ҷавонтар менамуд.

Аз нақли ӯ аёнам гашт, ки аҳли оилаи онҳо ҳанӯз пеш аз ҷанг аз мамлакати Олмон ба ҳудуди Иттиҳоди Шӯравӣ, ба шаҳри Свердлов кӯчида омадаанду дар солҳои ҷанг онон - бобояш, модаркалон, падар ва модараш, хоҳараш ва ӯро ба шаҳри Душанбе эвакуатсия кардаанд. Дар солҳои ҷанг тамоми мардуми шӯравӣ азоб кашиданд. Вале аҳли ин оила ҳамчун немисҳое, ки дар давраи вазнини ҷанг дар ҳудуди Мамлакати Шӯравӣ мезистанд, азобу машаққати дучандон кашиданд. Нақли риққатовари зан он буд, ки дар шаш-ҳафтсолагиаш якумин маротиба қанд хӯрдааст, ҳамонро ҳам ду дона – як дона ба хоҳарчааш ва як дона ба вай модараш, ки дар госпитали ҳарбӣ ҳамшираи шафқат буд, дар кисаи хилъаташ пинҳон карда овардааст. Номи он қанд ба якумр дар хотираш мондааст:- «коровка». Ба воя расида, ин зан бо тақозои тақдир ба шаҳри Хуҷанд кӯчида омад, оила барпо намуда, соҳиби ду фарзанди дилбанд гашт.

Дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи Тоҷикистон фаъолият бурда, хизмати шоиста кард, ба қавле, ба рӯзҳои нек расид. Ҳоло бошад, нафақахӯр аст. Ду духтараш Юлия ва Инесса дар кишварҳои Итолиё ва Исроил ҳамроҳи оилаашон умр ба сар мебаранд ва вай танҳо зиндагонӣ дорад. Чун дар танҳоӣ мезист, мақсади ба идораи рӯзнома омаданаш маводе дар борааш чоп кунонидан набуд, балки барои имдод пурсидан омада буд. Хоҳиш дошт, дар рӯи ҳавлии бинои истиқоматиаш воқеъ дар маҳаллаи Навбаҳори шаҳр ( маҳаллаи 34-ум ) як ё ду адад нишастгоҳ гузоранд. Ба вай маслиҳат додам, ки бояд ба кадом мақомот муроҷиат намояд. Дар бораи сарнавишти пурпечутоби ин бону бошад, дар рӯзномаамон маводе чоп кунонидам. Воқеан, баҳри изҳори хурсандиаш вай ба ман ширинӣ овард- даҳ дона қанди коровка. Аз ҳамин рафтор сиришти наҷиби ин зан ба ман аён гашт, ки ҳар рӯзи зиндагии имрӯзаи орому осоиштааш дар зери осмони соф барояш чӣ қадар қадру қимат дорад! Баъди чоп шудани мақола занг зада, гуфт, аз кӯча мегузашту бонуе аз тирезааш сар бароварда, ӯро фарёд кард ва гуфт:

- Дар бораи шумо дар газета мақола чоп шудааст бо расматон. Аз ин вай хеле рӯҳбаланд гардид, гӯё инсоне гашт, ки ҳама мешиносанду эҳтиромаш мекунанд. Ва рӯзе банохост ба рӯи ҳавлии бинои баландошёнаи истиқоматии онҳо ду адад харак оварда насб карданд. Галина-хола шодмонии худро пинҳон карда натавониста, ба ман занг зад ва гуфт, ман акнун дар нишастгоҳҳо бо бачагони ҳамсояҳо машғулият мегузаронам, афсонаҳои мардуми олмонрову забони олмониро меомӯзонам… Рӯзе саргарми кор нишаста будам, ки банохост боз занг зад:- Баъди он ки намоишҳои телевизион ба HD (ейчди) гузашт, намоишҳои шабакаи Россия тамоман қатъ гаштааст.

Ин рӯзҳои дарозро бе тамошои телевизор чӣ гуна гузаронам, намедонам… Ман рӯихати телефонҳоро ҷустуҷӯ намудам. Ба роҳбари Маркази минтақавии мавҷи радио - телевизионии №2 занг задам. - Ин кор тамоман имконнопазир аст,- гуфт сардори он муассиса. - Дар ин бобат шумо метавонед, ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоед. - Ин ҷо гап дар бораи муроҷиат ба ягон идораи дахлдор намеравад, муҳтарам раис,-гуфтам ман. - Гап дар сари кӯмак намудан ба як нафар зани танҳое аст, ки ҳозир ба дастгирии шумо мӯҳтоҷ аст. - Ман ҳозир дар ноҳия, берун аз шаҳр қарор дорам, пагоҳ ба кормандон мефармоям,- ҷавоб дод вай. Рӯзи дигар соатҳои нӯҳ дар утоқи корӣ саргарми кор будам, ки Галинахола занг зад. - Рафоат, ман гӯям, ту ҳатто бовар намекунӣ: Дар хона нишаста будам, ки ду нафар ҷавон дарамро кӯфта омаданд. Ҳайрон шудам. Гуфтанд, бо супориши сардорашон омадаанд. Дар як дам телевизорамро дуруст карданду рафтанд. Аққалан ҳаққи корашонро талаб накарданд. Онҳоро ту аз куҷо ёфта фиристодӣ? - Охир Шумо хурсанд?-пурсидам, - Хурсанд гуфтан ҳеҷ гап нагуфтан аст, - гуфт Галина Леонидовна Ярошевич ва гиря гулӯгираш шуд… Ман аз рафтори ҷавонмардонаи сарвари Маркази интиқоли мавҷи радио - телевизионии №2 Неъматҷон Абдуллоев хеле шоду мамнун гаштам ва гуфтам: - Барҳақ, дар ин дунё инсонҳои неку накӯкор бисёранд ва ин дунё ба шарофати онон пойдор аст…

ПРОФЕССОРИ ИФТИХОРИИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ МУМБАЙ

Рӯзе ба утоқи кориам бонуи зебову болатофат-Фирӯзахон Султонова, ки солҳои тӯлонӣ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят фаъолият бурдаанд, омаданд. Иброз доштанд, ба наздикӣ шавҳарашон ба синни шаступанҷсолагӣ мерасанд.

Он кас ҳарчанд якумр баҳри таълиму тарбияи мутахассисони соҳибихтисос дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ва дигар муассисаҳо заҳмат кашидаанд, то ин дам дар бораи ҳаёту фаъолияти ин шахс дар ягон рӯзнома, маҷалла ва ё китобе маводе интишор нашудааст. Ва гуфт, ҳоло он кас беморанд ва чӣ мешуд, мақолае дар саҳифаи рӯзнома дарҷ намоем. Субҳи рӯзи дигар Фирӯзахон бо мошини худ маро ба манзилашон, ки дар маҳаллаи Навбаҳор (маҳаллаи 34-ум)-и шаҳр воқеъ буд, гирифта бурданд. Ман он шахс - Қосим Фузайловро ҳамоно шинохтам.

Ин кас аз ман ҳини супоридани имтиҳонҳои қабул ба донишгоҳ аз фанни забони англисӣ имтиҳон гирифта, вақте эҳсос намуданд, бо ин забон озодона гуфтугӯ карда метавонам, пешниҳод намуда буданд, ки ба факултаи забони англисӣ гузарам. Шояд медонистанд, замоне фаро мерасад, ки донистани ин забон баҳри ҳама хеле муҳим мегардад. Ва ман, духтараки нав аз паси партаи мактабӣ бархоста, соддалавҳона гуфта будам, не, ман аз дугонаҳоям ҷудо намешавам ва дар факултаи суханшиносӣ таҳсил менамоям… Ман медонистам, ки ин фард бародарзодаи Мастура Авезова, - раиси комиҷроияи вилоят дар солҳои вазнинтарин барои мамлакатамон - Ҷанги Бузурги Ватанӣ мебошанд. Ин фард ба касби худ устод, фидоӣ буданд, ҳазорон дастпарваронашон мутахассисони соҳибкасб шудаанд. Писари калонии ман низ аз зумраи онҳо аст.

Чандин китобҳо, дастурҳо, монографияву рисолаҳояшон китобҳои рӯимизии донишҷӯён буд. Ҳангоми суҳбат бошад, аёнам гашт, ки чандин муддат эшон бо таклифи роҳбарияти донишгоҳи олии давлатии кишвари Ҳиндустон дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Мумбай бо донишҷӯён машғулият гузаронида, бо маҳорату малакаи пухтаи худ сазовори унвони профессори ифтихории Донишгоҳи давлатии Мумбай шудаанд. Чанд китобашон бо забони англисӣ дар Ҳиндустон интишор гаштааст.

Ин дар давроне буд, ки ҳанӯз робитаҳои илмии олимони тоҷик бо ин давлатҳо ба ин гунае, ки феълан аст, густариши доманадор надошт. Фирӯзахон баробари бонуи хушзабону ҳамсари мушфиқу меҳрубон будан кадбонуи пазандаву хушзавқ низ будаанд. Ҳини суҳбат ба рӯи дастархон мураббо, ҷем ва хуришҳои аҷоибро гузоштанд, ки аз ин фазоилашон дарак медод.

Дар палавпазӣ ҳам ҳамто надоштаанд. Ба ин бону ҳамчун фарзанди яке аз ҳамкасбони мо – собиқ роҳбари матбааҳои вилоят Шарафнисо Муҳаммадҷонова дар хонадорӣ ва ба ҷо овардани эҳтироми шавҳар мафтун гаштам. Мақола омода шуд. Муаллим Фузайлов хостанд, қабл аз чоп шуданаш хонанд. Он касро даъват намудам. Маводро мутолиа намуда, заҳматҳои давоми умр кашидаашон, номи баланд, обрӯву нуфузи байни ҷомеа доштаашонро эҳсос намуданд ва рӯзгори басарбурдаи хешро чун ойина равшан дида, сабукрӯҳ гаштанд. Аз қиёфаашон эҳсос намудам, ки гӯиё аз рӯзгори ба сар бурдаашон ризоманд гаштанд… Пас аз ду-се ҳафтаи дарҷ гаштани мақола ин фарди бузург аз дунё гузаштанд. Аниқтараш, писарам гуфт, ки устоди азизу муътабарашон даргузаштаанд. Дар ҳайрат мондам. Аз рафтори эшон, аз рафтори ҳамсарашон.

Рафоат МӮЪМИНОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

12 November 2020

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ: ТАЪСИСИ 12 КОРГОҲ ВА 190 ҶОЙИ НАВИ КОРӢ

Татбиқи бомуваффақияти ислоҳоти иқтисодӣ барои ҳамгироии саноати кишвар ба сохтори саноати ҷаҳонӣ, суръатбахшии силсилаи навовариҳои технологӣ, пайдо ва устувор намудани мавқеи саноати Тоҷикистон дар бозори ҷаҳонӣ заминаҳои мусоид фароҳам меорад.

- Тараққиёти саноатӣ барои ҳар давлат муҳим арзёбӣ мешавад ва маҳз рушду равнақи истеҳсолот боиси ғанӣ гардидани давлат хоҳад буд. Тоҷикистони соҳибистиқлол дар муддати кӯтоҳ тавонист, ки аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёбад ва бо суръати тезтарин дар сафи яке аз мамлакатҳои беҳтарини рӯ ба тараққӣ қарор дошта бошад.

Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат имрӯз садҳо корхонаҳои саноатӣ фаъолияти пурсамар доранд ва боиси некӯҳолии мардуми кишвар шудаанд. Ҳоло дар саросари ҷумҳурӣ корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ, истеҳсолӣ, хоҷагиҳои аграрӣ дар рушду равнақ буда, шаҳодати тараққиёти кишваранд, - изҳор дошт зимни суҳбат Аъзамҷон Каримов, мудири шуъбаи саноат ва энергетикаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.

Бобати фаъолияти корхонаҳои қаламрави ноҳия ва таъсиси коргоҳҳои нав иттилоъ дода, мавсуф қайд намуд, ки дар ноҳия, тибқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ташкил намудани корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ворид намудани технологияҳои нави замонавӣ вобаста ба талаботи замон ва рушди минбаъдаи он аҳамияти хоса зоҳир мегардад. Ин аст, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда, корхонаҳои саноатии ноҳия давоми нӯҳ моҳи соли равон ба маблағи беш аз 1552,7 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намуданд. Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли сипарӣ ба маблағи 640,5 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиши маҳсулот бо нархҳои муқоисавӣ 170 фоиз иҷро гардид. Дар ин давра аз 114 корхонаи саноатӣ сад коргоҳ фаъолият намуда, аз ин 57 корхона ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро нисбат ба соли гузашта афзун намуд.

Бояд қайд намуд, ки 43 корхона бо сабабҳои набудани фармоишгар, ба охир расидани ашёи хом суръати афзоиши маҳсулоти саноатиро нисбати ҳамин давраи соли 2019 кам намуда, инчунин 14 корхона аз сабаби мавсимӣ будан, набудани фармоишгар, ба фурӯш нарафтани маҳсулот фаъолият накарданд. Соли ҷорӣ, тибқи нақша, дар ноҳия 12 корхонаи саноатии нав ва хатҳои технологии иловагӣ аз тарафи соҳибкорон ба истифода дода шуд, ки дар натиҷа наздик 190 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойҳои корӣ таъмин гардиданд.

- Бо назардошти дастуру супоришоти Пешвои миллат ва роҳбарияти вилоят дар самти боз ҳам рушд додани соҳаи саноат нақша чорабиниҳо таҳия гардидаву минбаъд низ баҳри рафъи камбудиҳои ҷойдошта, баланд бардоштани суръати афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, пардохти саривақтии музди маош ва андоз, зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ тамоми тадбирҳо андешида хоҳад шуд, - мегӯяд А.Каримов.

Бовар дорем, ки саноатчиёни шаҳру навоҳии вилоят, тибқи дастуру супоришҳои роҳбарияти ҷумҳурӣ, ҷиҳати ба кишвари индустриалӣ-аграрӣ табдил додани иқтисодиёти мамлакат ва дар ин раванд амалигардонии ҳадафи чоруми стратегии миллӣ, яъне саноатикунонии кишвар, зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ дар вилояти Суғд мусоидат намуда, баҳри тараққиёти соҳа боз ҳам саҳми бештар хоҳанд гузошт.

Маъмурахон САМАДОВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

Таъйиноти кадрӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд

Мутобиқи моддаи 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳалли ҳокимияти давлатӣ» Каримзода Рустам Раҳим аз вазифаи муовини раиси вилояти Суғд озод ва Назирӣ Зариф Вализода муовини раиси вилояти Суғд таъин гардид.

Читать далее

Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи раиси шаҳри
Нораки вилояти Хатлон озод
намудани Неъматзода М. М.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Неъматзода Маликшо Маҳмадшо бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси шаҳри Нораки вилояти Хатлон озод карда шавад.

Читать далее

ХИЁНАТ МУАММОИ НИҲОНИ ХОИНОНИ МИЛЛАТРО КУШОД

Шояд дар садаи 20-ум дар охири ҳазораи дуюм бахт ба рӯйи миллати тоҷик хандида буд, ки соҳибистиқлол гардиду нафаси тоза кашид ва аммо ин дер давом накард. Дар айни ҳамин шодиву нишот будем, ки як зумра аз душманони миллати тоҷик, бо супориши хоҷагони хориҷияшон дар кишвар ҷанги шаҳрвандиро ташкил карданду он ҳама шодиро ба мотам табдил доданд. Онҳо раис ва аъзоёни ТТЭ ҲНИ буданд. ТТЭ ҲНИ ҳамон ҳизби террористӣ ва ҳамон созмони аз ҷониби душманони миллати тоҷик таъсис дода шуда буду мақсаду маромашон аз байн бурдани давлати миллати тоҷикон ва нест намудани тоҷику тоҷикистонӣ буд.

Ҷомеа аз ҳалқаи мушкили зиндагӣ нав ба роҳи нав раҳсипор мегардид, ки ҳамин айём дигар наҳзатиёни палид бо истифода аз дину шариат, бо нодуруст фаҳмонидани ояву ҳадисҳо мардумро ба гумроҳӣ кашиданду гардани аз зулм раҳо шудаи миллатро дигарбора ба қабзаи ғурбату моташ бастанд. Тоҷикистонро он солҳо тасаввур кардан, бисёр мушкил буд, дар хонаи касе шодӣ набуд ва касе ҳам интизори то фардо зистанро ҳам надошт. Чунки қумондонҳои наҳзатӣ бештар талош мекарданд, то мардуми оддӣ, шаҳрвандони бегуноҳро ба қатл расонанд. Заводу фабрикаҳоро  наҳзатиён ғорат намуданду боқимондаро оташ заданд, то имкониятҳои иқтисодии миллатро маҳдуд гардонанд. Равшанфикронро ба қатл мерасониданд, то асрори хоиниву хиёнаткорияшон пинҳон бимонад. Хуллоса ҳар амали зиште, ки раво медонистанд, амалӣ мегардониданд, то тоҷику тоҷикистониро дар назди хоҷагони хориҷияшон мутеъ гардонанд….

Ҳамаи ин ҳаводис ва ин хиёнату хиёнаткории наҳзатиён, ҳамон аъзоёни ТТЭ ҲНИ, ҳамон хоинону муздурони хоҷагони хориҷӣ дар филми ҳуҷҷатии “Хиёнат”, ки аз 5 қисмат иборат аст, бисёр ҳам ба таври возеҳ қисса карда шудааст, ки барои насли ҷавон чароғе дар шинохти душманон ва хоинони миллати тоҷик мебошад.

Бузургон фармудаанд, ки агар касе аз гузаштааш сабақ намеомӯзад, роҳи фардоро кашф карда наметавонад ва ин барҳақ асту мо бояд бар насли ҷавон кӣ будани ҷавонон ва он ҳама рӯзҳои сангини ба даст овардани сулҳу осоиштагӣ ва ваҳдатро бифаҳмонем, то ба қадри ин арзишҳои олӣ бирасанду душманони миллатро маҳкум намоянд ва нагузоранд, ки бар миллат ва давлати миллии мо бо чашми бад нигоҳ кунанд.

Филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” бар мо аз дирӯз мегӯяд, то фардо мисли дирӯза гумроҳ нашавем, фирефтаи душманон нагардем ва ба қадри Ватану давлати миллӣ ва истиқлолият бирасем.

Аз ҷониби дигар филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” ҳама он сиёҳкорӣ ва зиштсиратии душманони миллати тоҷик, аъзоёни ТТЭ ҲНИ ва дигар хоинонро ифшо намуд, ки мешавад ин филми ҳуҷҷатиро як санади бузурги таърихӣ барои миллат номид. Филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” ифшокориҳоро бар асоси факут далелҳо шурӯъ кардааст, ки ин барои бинанда боз ҳам мусоидат мекунад, то дар шинохти адӯи миллат  ба саҳлангорӣ роҳ надиҳад.

Филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” моро огоҳ месозад, то зираку  ҳушёр бошему мисли солҳои 90-ум гумроҳ гардида, фирефта гардида, арзишҳои милливу муқаддасоти шаҳрвандиямонро аз даст надиҳем.

М. Абдусаломов,
омӯзгори ДКМТ

Читать далее

Ватанфурӯшони пойлуч

Имрӯз  дар назди  инсоният  муаммоҳои ҷаҳони муосир истодаанд, ки яке аз онҳо ифротгароӣ ба шумор меравад. Он бадбахтие, ки ба сари мардуми сайёра омадаанд, аз ҷаҳолат, бенавоӣ  ва ихтилоф  аст. Бо муваффақият ҳал шудани масъалаҳои  иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣи давлат, аз инкишофи шуури сиёсӣ  ё худ аз иштироки фаъолонаи одамон дар корҳои сиёсӣ вобаста аст.

Ҳуқуқ  ба  озодиҳои  динӣ  аз ҷумлаи арзишҳои  бузург  ва олии ҷомеаи мутамаддин  маҳсуб  ёфта, дар асоси равияҳои  гуногуни сиёсӣ  ва мафкуравӣ  инкишоф  ёфтани ҳаёти  сиёсӣ  ва маънавии ҳар давлат  ва дар  маҷмӯъ  аҳли  башар, дар  санадҳои  меъёрию  ҳуқуқии  байналмилалӣ  муқарар шудааст.

Дар саросари кишвар равандҳои худшиносии динӣ вусъат ёфта, таваҷҷӯҳи  ниҳодҳо  ва созмонҳои  мухталифи дохилию хориҷӣ, шаҳрвандони алоҳида  ва умуман ҷомеа ба масъалаҳои диниву эътиқодоти  динӣ  баръало  рӯ  ба афзоиш  ниҳодааст.

Мутассифона, дар хотираи таърих ҳамазамон, нафароне ҳам то ҳанӯз боқӣ  мондаанд, ки Ватан, Модар ва дигар муқаддасотро пушти по зада, барои манфиатҳои шахсии худ ин миллатро фурӯхтаанд. Ҷомеаи  кишварро  иқдоми пешгирифтаи ин нафарон ба ҳайрат гузошт. Ин хоинону душманони миллат, бадхоҳони давлат, манфиатҳон, мансабталошон, террористу экстремистон  имрӯзҳо барои ба даст овардани   ҳокимият  аз хориҷи кишвар  истода баромадҳои ғаразнок менамоянд бидонанд, ки мардуми тоҷик дар роҳи  интихобкардаш  устувор, мафкураи бедор аз фитнаҳои  хоинони  миллат озмурда шудааст.

Душманони  бадхоҳи  миллату давлат бо  амалу  гуфторҳои паҳнкардаи   наметавонанд муддате ба зиндагии орому осоишта халал расонида дар самти бунёдкорию созандаги монеъ эҷод намоянд.

Ҳукумати  мамалакат  имрӯз  барои осудагию осоиштагии миллат  пеши роҳи ҳамагуна бедодиҳо ва иғвою дасисаҳое, ки аз ҷониби як гурӯҳ пойлучони ватанфурӯш, ки барои назди хоҷагони хеш  саги фаводор буданашонро нишон доданианд  пешгири намуда барои несту нобуд кардани инфротгароён   муборизаи  беамон  мебарад.

Абдураҳмонова Б.С. – ассистенти
кафедраи менеҷменти ДДҲБСТ

Читать далее

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ХАТАР БАР ҶОМЕА

Кишвари азизи мо солҳои 90-уми асри гузашта ба гирдоби амалҳои даҳшатбори гурӯҳҳои ифротгаро афтид ва ҷанги шаҳрвандӣ зарари зиёди моливу ҷонӣ ва маънавӣ ба кишвар овард. Ҷаҳони пурталотуми имрӯза мардуми сайёраро ба мушкилоту тазодҳои зиёди хеле сангин рӯ ба рӯ намудааст, ки хатарноктарини онҳо террроризму экстремизми динӣ мебошад.

Маҳз ин зуҳуроти номатлуб -терроризм, имконият ва шароит барои ба миён овардани  хатари маргро фароҳам меоварад. Истифодаи ин зуҳурот мақсади ҷисмонан бартараф кардани рақиби сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад, зеро истилоҳи «Терроризм» (аз калимаи лотинии «tеққоқ») сарчашма гирифта, маъноаш «Тарс ва ваҳм» аст. Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Боиси қайд аст, ки аъзоёни ин зуҳурот бо воситаи террор кардан, ҷомеаро баҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ меоваранд.

  Имрӯз терроризм беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб мекунад. Он дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд. Айнӣ замон марбут ба амалҳои террористӣ дар ҷаҳон муташанниҷ боқӣ мемонад. Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст. Дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ташкилоту созмонҳои маблағ-гузори онҳо ба мушоҳида мерасад. Имрӯз дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва камбағалӣ гардидаанд. Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба яке аз муаммоҳои ҷиддитарини инсоният дар асри кунунӣ табдил ёфтааст.

Воқеан ҳам, дар ин давраи бисёр ҳассос вазифаву масъулияти мо омӯзгорон дар тарбияи ватандӯстии насли наврас зиёд аст. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки пайваста дар дарсҳои тарбиявию машғулиятҳои ҳамарӯза ба хонандагон дӯст доштани Ватан, мукаддасоти миллӣ ва арзишҳои инсониро талқин намуда, онҳоро дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ ва шомил нашудан ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ба камол расонем.

Абдуллоева Н.М.
мудири кабинети кафедраи МО ва И ДКМТ

Читать далее

Тангназарӣ то ба кай?

Ҷавоб ба мақолаи иғвоангези “Фарҳанги истеъфо ё бо хун омадагон танҳо бо хун мераванд?

Барои мардуми мо, ки лаҳзаҳои душвортаринро дар ҷанги шаҳрвандӣ паси сар кардааст, масъалаи сулҳу амният волотар аз ҳама мақом дорад. Он чи мардуми Ҷумҳурии Қирғизистон  нисбат президентҳояш (солҳои охир) раво мебинад, салоҳияти халқи онҳост ва ин гуна назар ба сарвари давлат барои мо бегона аст, зеро маърифати мо – мардуми куҳанбунёд аз ҳар ҷиҳат тафриқа дорад.

Мо ба касе ҳуқуқи маънавии (ҳатто ба забон овардани) истеъфои раиси ҷумҳуриямонро намедиҳем, зеро ҳамин гуна нуктаҳо мансуби нафаронест, ки кайҳо зархариди хориҷа шудаанд ва ё худ барномаи ниҳоние дар қалби торик нуҳуфтаанд.

Дар масъалаи “бо хун омадем, бо хун меравем” маънии дигар дорад, ки барои шумо барин ҳафтафаҳмон мегӯям: мо бо хун миллатамон ва давлатамонро аз душманони дохилию хориҷӣ раҳо кардем ва мавридаш ояд барои амалӣ нагаштани орзую мақсадҳои нопоки ифротгарон то ҷон дар рамақ дорем меҷангем!

Дар масъалаи танг намудани фаъолияти ТТЭ ҲНИ бояд зикр кард, ки агар аъмоли эшон ба манфиати мардум мебуду дар ҷумҳурӣ сафи аъзоёни ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни ифротгарои масоҷидӣ зиёд намушуд, касе ба шумо кор надошт.

Бар зидди тазоҳуротчиёни Хоруғ ҳам агар дар вақташ ҷавоби муносиб амалӣ намешуд, ба оқибатҳои фоҷиабор оварда мерасонид.

Дар ҳама давру замон, дар он ҷое, ки давлат ҳаст сиёсат ҳам бояд ҷой бигирад, зеро чуноне Абӯнасри Форобӣ гуфтааст: Мулк бе сиёсат намешавад”. Дар он ҷое, ки сиёсат нест, механизми идораи давлат душвор мешавад, зеро шумо баринҳо аз маврид истифода бурда, қишри ҷавони бетаҷрибаро дарҳол гумроҳ намуда, боз ҳам сабабгори кулфати зиёде бар сари мардум мегардед. Чуноне аз дасти шумо, аз фиреби шумо баринҳо ҳазорон ҷавонони бегуноҳ талаф ёфтанд.

Дигар ин ки бас аст, монанди “бархе аз занҳои асабӣ (невроз)” сергапиву суханҳои бемантиқ!

Каримов А.А. – н.и.ф., дотсент, мудири

кафедраи забони тоҷикии ДДҲБСТ

Читать далее

КАБИРИИ ХОИН ВА НАЙРАНГУ МАКРИ НАВБАТИЯШ

Ҷомаи сиёҳро аслан онҳое бадар мекунанду дар сари рӯймоли сиёҳ кашид, ки мотам дошта бошанд. Ҳоло бо расидани баъзе хабарҳо маълум шуд, ки имрӯзҳо дар Аврупо раиси ТТЭ ҲНИ М.Кабирии хоин ва террорист ҳамин гуна либоси сиёҳ ба тан карда, мотам гирифтааст. Зеро чанд соли охир ҳама найрангу макри наҳзатӣ фош шуд.

Чеҳраи аслии наҳзатиён барои ҷомеа аён гардид ва дигар наҳзатиён натавонистанд, ки назарфиребӣ кунанду иғвобарангезӣ намоянд, насли ҷавонро гумроҳ гардонанд. Ҳақиқати наҳзат ва тамоми душманони миллат ба таври ошкоро аён гардид. Ҷомеа фаҳмид, ки наҳзатиён бозичаи дасти душманони миллати мо, хоҷагони хориҷияшон ҳастанду бар алайҳи истиқлолият ва арзишҳои миллии мо мубориза мебаранд. Ва ҳамин тавр, наҳзатиёни хукмиҷоз ва ҳайвонсират ба Аврупо кӯч бастанду дигар аз он ҷо истода бар алайҳи миллат тавтеа меандохтанду тухми фитна корид. Лек ин ҳам дер давом накард ва зуд маълум гардид, ки аъзоёни ТТЭ ҲНИ ҳамон ба ном ҳомиёни дину дар асл террорист, ки имрӯз дар интернет аз дину шариат сухан мегуфтанд, маълум гардид, ки авбошу қаллоб ва зинокору найрангбозу фиребгар будаанд.  Дар Аврупо сукунат варзиданду чандин сомонаи интернетӣ фаъол сохтанду ҷавононро бар ифротгароӣ тарғиб карданд, наҳзатиёни террорист ва фашист. Аммо ин ҳам дер давом накарду ҳам зинкориву хоиниву хиёнаткории М. Кабирии палид ва ҳам қаллобиву фиребгарии М. Садриддин ҳамон воиз ва домуллоқаллоби наҳзатӣ ошкор шуд ва бо ҳамин дигар ниқоби наҳзатиёни манфур шикаст, пардаи асрори наҳзатиён бидарид ва маълум гардид, ки наҳзатиёни террорист кистанду чӣ нақшаву нияти ғаразнокеро дар сар мепарваранд.

Вақте, ки худи М. Кабирӣ раиси ТТЭ ҲНИ ҳамон ҳизби ба ном мудофеи арзишҳои динӣ даст ба зинокориву бевабозӣ мезанад, дигар аз боқимондаҳо чӣ гила?

Ҳамчунин, дар қиболи ҳаводиси охир, ки ахбори кишварҳои исломӣ бештар аз он мегуфтанду амалҳои таҳқири паёмбари мусалмононро маҳкум менамуданд на раиси ТТЭ ҲНИ М. Кабирӣ ва на Муҳаммадиқболи Садриддин муллои қаллоб ва на дигар наҳзатиёни манфур, ки худро ҳомии дину мазҳабу шуриат вонамуд мекарданд, садо набароварданд ва бори дигар маълум шуд, ки наҳзатиёни террорист фақат аз дин сӯистифода мекардаанду халос.

Оё пас аз ин мешавад наҳзатиёнро, ҳизби террористияшонро ҳомии дин номид?

Ҳаргиз! Ин ҳама аз он шаҳодат медиҳад, ки сардори ТТЭ ҲНИ ва ҳам дигар наҳзатиёни манфур ба ҷуз сӯистифода аз дину шариат, дигар мақсаду мароме ҳам надоранду фақат барои гумроҳ сохтани ҷомеа вонамуд месозанд, ки ҳизби диниянду аз арзишҳои динӣ ҳимоят мекунанд. Лек дар асл бошад, душмани дину мазҳаб ва тамоми насли инсоният мебошанд.

Дин фақат ҳамчун василаи қаллобиву фиребдиҳӣ ва найрангу макр аз ҷониби наҳзатиёни террорист ва хоин истифода мешаваду халос. Зеро солҳои 90-ум низ наҳзатиёни манфур ва хоин сарварони ТТЭ ҲНИ дар кишвар ҷанги шаҳрвандиро ташкил карданду бо сӯистифода аз номи дин мардумро гумроҳ сохтанду сарсон намуданд, ки дар натиҷа фақат шаҳрвандони бегуноҳ зарар диданду зиёда аз 160 ҳазор нафар ба шаҳодат расидаанд, ки аслаш ҳамин гумроҳии ҷомеа буд. Яъне шинохти дуруст надоштан аз манфиатҳо ва мақсадҳои зиддимиливу зиддиконститсионии наҳзатиёни инсонбадбин сабаб шуд, то мардум фирефтаи сафсатаҳои наҳзатиён гарданд.

Дар интиҳо ҳамин қадар ишора менамоем, ки ҳам дирӯз ва ҳам имрӯз фаъолияти ТТЭ ҲНИ бар алайҳи миллати тоҷик ба роҳ монда шудаасту ТТЭ ҲНИ як лоиҳаи террористӣ барои аз байн бурдани мустақилияти кишвар, озоду осоиштагии мардум ва аз байн бурдани давлати миллии тоҷикон мебошад ва бояд ҳар як насли ҷавон ин фаъолияти душманонаи наҳзатиёнро донаду фирефтаи суханони бемантиқи онҳо нагардад.

Дилмуроди Вафо,
таҳлилгар, ДКМТ

Читать далее

Ҷонибдории наҳзат аз идеяи созмонҳои ифротӣ

Ҷумҳурии соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар заминаи сиёсати созандаи роҳбарияти олии кишвар сохтори давлатдориамон ба низоми муайян ворид гардида, дар тамоми соҳаҳо зина ба зина бо мурури вақт пешравиҳо ба вуқуъ мепайванданд. Ҳарчанд дар ин марҳилаи рушди давлатдориамон дину мазҳаби аслиамон сайқал ёфт, аммо баъзе аз нотавонбинон ин ҳама дастовардҳоро нодида мегиранд.

Мушкилоте, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, ин зиёд гардидани амалҳои террористӣ ва фаъолияти гурӯҳҳои тундгаро дар минтақаҳои гуногун мебошад. Ба ҷомеаи Тоҷикистон ҳамчунин хатарҳо мушоҳида мешаванд, ки ин ҳама дар заминаи барномаҳои пешбинишудаи ҳизби мамнуъшудаи ТТЭ ҲНИ сурат мегирад. Аз бештари маводи интишоршуда дар  ВАО маълум гардид, ки сабабгори асосии ҷанги таҳмилӣ дар кишвар, маҳз чунин аъзоёни ташкилоти террористиву экстремистӣ будаанд. Ҳоло кирдорҳои ноҷавонмардонаи чунин ашхос ба пуррагӣ исбот шудааст.

Аз расонаҳи хабарӣ маълум гардид, ки ҳизби ифротии наҳзат як шохаи «Ихвон-ул-муслимин» аст ва аз терроризми ақидавӣ ва амалӣ кор мегирад. Яке аз равияҳои куҳнатарини исломи сиёсӣ, ки соли 1928 аз тарафи Ҳасан-ал-Банно, олим ва муаллими мактаб дар шаҳри Исмоилияи Миср таъсис ёфт, ҳаракати панисломии «Ихвон-ул-муслимин» ё «Бародарони мусулмон» ба ҳисоб меравад.

Тибқи принсипҳои «Ихвон-ул-муслимин», ҳадафи якуми онҳо аз он иборат аст, ки бояд шариат танзими асосии умури иҷтимоию давлатиро дар дасти худ дошта бошад. Ҳадафи дуюми онҳо муттаҳид кардани кишварҳои исломӣ ва ба вуҷуд овардани хилофати исломӣ дар саросари ҷаҳон аст. Дар ин ҳадафи ниҳоӣ ва фундаменталӣ байни ҷараёнҳои гуногуни исломи сиёсӣ, аз ҷумла: Ваҳҳобия, Ал-қоида, Салафия, Ҳизби таҳрир ва ДИИШ фарқияти принсипиалӣ вуҷуд надорад.

ТТЭ ҲНИ барои расидан ба ҳадафҳои хеш дар зоҳир оромона ва мисли ихвониҳо кӯшиш менамоянд, ки чунин боварро дар зеҳни авом ба вуҷуд оваранд, ки гӯё ягона пушту паноҳи ислом ва мусалмон онҳоянд ва бояд мусалмонон ба онҳо дар ҳама маврид такя намоянд. Чунин найранг дар зеҳни мардум метавонад ҳолатеро ба вуҷуд оварад, ки ихвониён ба хотири манфиатҳои онҳо фаъолият мекунанд.

Айни ҳол роҳбарону масъулони ташкилоти мамнуъ ва террористии ТТЭ ҲНИ  дар хориҷ аз Тоҷикистон қарор дошта, фаъолияти ғаразноки худро бо дастгирии доираҳои ифротию иртиҷоии мазҳабии хориҷӣ бар зидди манфиатҳои миллии Тоҷикистон ба роҳ мондаанд. Аммо ин амалҳояшон натиҷае нахоҳад дод. Зеро тамоми мардуми Тоҷикистон хуб фаҳмидаанд, ки ташкилоти террористии ТТЭ ҲНИ  ва «Ихвон-ул-муслимин» бозичаи дасти бегонагон асту ғайри бадбахтӣ чизи дигаре намеорад.

Шарипова З.С. – сармуаллимаи кафедраи
иқтисодиёти корхонаҳо ва минтақаи ДДҲБСТ

Читать далее