02 December 2020

Соҳибкор Фаррух Амонов дар дурдасттарин деҳаи Куҳистони Мастчоҳ бинои нави таълимӣ бунёд кард

Чанде пеш дар ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18-и деҳаи Деҳҳавзи Ҷамоати деҳоти Лангар мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хабар доданд, бунёди ин иншоот тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдоми ватандӯстонаи соҳибкор Фаррух Амонов сурат гирифт. Бинои нави таълимӣ дорои 6 синфхона бо 110 ҷойи нишаст ва 2 ҳуҷраи корӣ барои омўзгорон буда, бо тамоми таҷҳизот таъмин гардидааст.

Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло зимни ифтитоҳи муассисаи таълимӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, ба соҳибкор, роҳбари ҶДММ «Роҳи Сомон» Амонов Фаррух барои бунёди бинои нав изҳори сипос намуд.

Бояд зикр кард, ки Деҳҳавз яке аз дурдастарин деҳаҳои ноҳияи Куҳистони Масчтоҳ буда, дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Лангар қарор дорад. Бинои нави мактаб дар доираи бунёдкориҳо ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда, барои илмомӯзии хонандагони деҳа шароити мусоид фароҳам оварда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Читать далее

Дар ноҳияи Ашт аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ майдончаи варзишӣ бунёд гардид

Дар доираи корҳои омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар деҳаи Сарои Ҷамоати деҳоти Понғози ноҳия Ашт майдончаи варзишӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт  хабар доданд.

Майдончаи варзишӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Маъруф Ҳоҷиматов бунёд карда шуда, масоҳати он 42 бар 22 метр аст ва барои бунёди он 400 ҳазор сомонӣ масраф гардидааст.

Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо зимни ифтитоҳи иншооти варзишӣ иброз дошт, ки «ба фаъолият шурӯъ намудани майдончаи  нав  имкон медиҳад, ки дӯстдорони варзиш минбаъд дар вақтҳои холӣ ба бозии футбол машғул шаванд. Аз тарафи дигар, майдончаҳо барои ривоҷи футбол ва таблиғи он миёни аҳолӣ мусоидат намуда, сафи дӯстдорони ин намуди варзишро афзун мегардонанд».

Ҳамзамон изҳори умедворӣ карда шуд, ки бунёди майдонҳои  футболи хурд дар   ноҳия Ашт дар тарғиби тарзи ҳаёти солим байни ҷавонону наврасон, ҷалби онҳо ба тарбияи ҷисмонӣ ва оммавӣ гардонидани варзиш мусоидат менамояд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Читать далее

ВОРИСОНИ АСИЛИ СИНО

Таъкид ба ёдоварист, ки ҳар як касбу пешаи интихобкардаи инсонҳо барои пешбурди зиндагӣ пешбинӣ шудааст. Дар ин росто касбу пешаи табибӣ нисбати дигар касбҳо дорои афзалият ва бартариятҳои вижа мебошад. Албатта бобати кору пайкори ҳамарӯзаи табибон ҳарф задан он қадар осон нест. Аммо чи гуна худро маҷбур насозем барои ҳарф задан, ки онҳо бо марг даст ба гиребонанд ва онон шабеҳи баҳор ҳастанд, ки бо ҳузури худ дар сари болини бемор ба ҷисму ҷони беҳаракат дубора руҳу равони тоза мебахшанд ва бемор воқеан ҳам дар симои табиб қаҳрамон - наҷотбахши худро мебинад.

Чунонеки маълум аст, солимии ҷомеа яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар буда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани сифат ва самараи хизматрасонии тиббӣ кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳад. Воқеан, дар ин рӯзҳои ниҳоят мушкил ва ҳассос беш аз пеш дастгирии маънавӣ ва равонии табибон, ки дарвоқеъ ворисони асили Сино ҳастанд, яке аз мақсадҳои аслии мардуми худшиносу худогоҳ мебошад.

 Ҳар як амалу кори самарабахш ва саршор аз меҳру муҳаббат барои кулли табибон тавонбахшу нерӯофар мебошад. Дарвоқеъ, табибони тоҷик аз азал ҳамеша ба ақлу заковат, некиву накӯкорӣ, дасти мадад дароз кардан ба ниёзмандону беморон назди мардум иззату эҳтироми хос доранд. Онҳо баҳри саломатии ҷомеа ҳамеша ҷидду ҷаҳд намуда, ба ин тариқ собит месозанд, ки дарвоқеъ онҳо ворисони асили Синои бузург ҳастанд.

Алҳол, ки дар ҷаҳон мубориза бар зидди пандемияи коронавируси Covid-19 қарор дорад, табибон ҳамеша баҳри саломатии аҳолӣ шабонарӯзӣ ҷидду ҷаҳд мекунанд, то мардумро аз ин бемории хатарзо наҷот бахшанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати тандурустӣ ҳамеша бо мардум корҳои фаҳмондадиҳиро тақвият бахшида истодааст. Дар ин росто табибони мамлакат, шаҳраку ноҳия, ҷамоату деҳот ва маҳаллаҳо шабонарӯзӣ дар хизмати мардум ҳастанд, ва хушбахтона аз ин имтиҳони зиндагӣ бо сари баланд гузашта истодаанд. Таъкид ба ёдоварист, ки имрӯзҳо бо паҳн шудани пандемияи коронавируси Covid-19 ҳар як табиби тоҷик кӯшиш ба харҷ медиҳад то ҷомеа солимӣ пойдор монад. Файзалӣ Маликов ҳамчун табиб дар деҳаи зебоманзари Ровадин, ки аз маркази шаҳри Панҷакент 45 км дуртар воқеъ гардидааст, кору фаъолият менамояд. Ӯ ҳамагӣ 27 сол дорад. Бо вуҷуди ин қадар ҷавон будан дар баробари дигар табибони мамлакат шабонарӯзӣ баҳри сиҳатии мардум ҷидду ҷаҳд менамояд. Боақлу заковати дурбинона, иродаи қавии шикастнопазир ва ҳарфи нарму самимӣ нисбати бемор исбот месозад, ба касби худ меҳр дораду дармонбахши маризон аст, ки табиби хушахлоқу хушгуфтор, ҳалиму меҳрубон, самимӣ ва наҷибу қавиирода аст. Ҳеҷ гоҳ манфиати худро аз манфиати касе ё чизе боло намегузорад ва дар ҳама ҳолат ба кӯмаки маризон мешитобад.

Бо пайдо шудани пандемияи коронавируси Covid19 Файзалӣ Маликов низ дар баробари дигар табибон ҳамеша бо аҳолии деҳот суҳбату вохӯриҳо доир намуда, аз онҳо даъват ба амал меорад, ки дар давраи сипарӣ кардани пандемия бояд гигиенаи шахсиро қатъиян риоя намуда, ҳангоми ба кӯча баромадан аз ниқобҳои тавсиявӣ истифода баранд ва дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, ки имконияти сироятёбӣ дар назар аст, ташриф наоранд, то саломатии худу атрофиёнро зери хатар нагузоранд. Алъон ин табиби ҷавон дар деҳаи осмонбӯси Ровадин ба сифати сардухтури нуқтаи тиббӣ кору фаъолият дорад ва ҳамеша саъю талош меварзад то ҷомеа дар ин давраи пандемия бардаму солим пойдор монад. Мавриди зикр аст, ки имрӯз Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиологӣ дар давраи пандемияи коронавируси Covid-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, дар як муддати кӯтоҳ тамоми беморхонаҳо бо таҷҳизотҳои муосиру замонавӣ пурра муҷаҳҳаз гаштааст, ки барои пешгирӣ аз вируси хатарзои Covid-19 мусоидат менамояд.

Имрӯзҳо табибон аз ҷониби давлат ва соҳибкорон ҳамаҷониба дастгирӣ ёфта, дар бартараф намудани ин вабои аср саҳми намоён ва арзандаи худро гузошта истодаанд. Дар ин давраи ҳассос ва ниҳоят мушкил, ки барои табибони мамлакат имтиҳони бузурги зиндагӣ маҳсуб мешавад, ба иродаву ҷасорати табибони мамлакат, алалхусус ба иродаи шикастнопазири табиби ҷавонФайзалӣ Маликов боварии калон дорем ва гуфта метавонем, ки онон дар бартараф намудани ин вабои аср то лаҳзаи охир мубориза хоҳанд бурд.

Ардашери СУЛТОН,

 шаҳри Панҷакент

Читать далее

ХАТАРРО ДАР ҲАМДАСТӢ ПЕШГИРӢ НАМОЕМ...

Таи қариб як сол аст, ки дар аксар давлатҳои ҷаҳон бемории сироятии коронавирус паҳн гаштаву ҳамагонро ба андохтааст. Бобати вазъи кунунии эпидемиологии вилоят, безараргардонии муҳити гирду атроф ва дигар чораҷӯиҳо ҷиҳати пешгирии ин беморӣ бо сартабиби Маркази назоратию давлатии санитарӣ - эпидемиологии вилоят Абдумавлон Абдуллозода ҳамсуҳбат гаштем, ки фишурдаи онро пешкаши муштариёни рӯзнома менамоем.

- Безараргардонӣ ин раванди дар муҳити зисти инсон паст кардани сатҳ ё дур кардани барангезандаҳои бемориҳои сироятӣ ва паҳнкунандаи онҳо мебошад. Мақсади асосии безараргардонӣ ин паст кардани сатҳи фаъолияти микроорганизмҳои касалиовар дар муҳити зисти инсон буда, яке аз чорабиниҳои муҳими амнияти миллидошта ба ҳисоб меравад, - изҳор дошт мавсуф.

Тибқи иттилои Абдумавлон Абдуллозода, дар ин марҳала бинобар вазъияти бамиёномадаи пандемияи ҷаҳонӣ, бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавируси нави COVID-19, аз ҷониби табибони эпидемиолог дар сатҳи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо харитаи эпидемиологии дараҷаи бақайдгирии беморшавӣ дар ҳудуди маҳалҳои аҳолинишин тартиб дода, минтақаҳои осебпазир муайян карда шуданд. Вобаста ба ин чорабиниҳои маҳдудкунонӣ, пешгирию безараргардонӣ, таблиғотию ташвиқотӣ дар ин минтақаҳо пурзӯр карда шуданд.

Дар ҳамбастагӣ бо кормандони шабакаи муассисаҳои КАТС назорати шахсони бо беморон дар тамосбуда давоми 14 рӯз ва дар баъзе ҳолатҳо ташхиси вирусологии онҳо гузаронида мешаванд. Ҳар як манбаи дарёфтшуда сари вақт безарар гардонида мешавад. Инчунин, дар ҳудуди кӯчаю хиёбонҳо, бозору нуқтаҳои савдо, ҷойҳои ҷамъиятӣ, ташкилоту муассисаҳо ва маҳалли зисти гирифтори илтиҳоби шуш корҳои безараргардонӣ бо маводҳои хлордор мунтазам гузаронида шуда, чорабиниҳо дар ин самт ҳамарӯза идома доранд.

Аз ҷумла, то 1 – уми октябри соли 2020 дар кӯчаю хиёбонҳо, бозору нуқтаҳои савдо, муассисаю ташкилотҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ, дар масоҳати наздик 7 миллиону 500 ҳазор метри мураббаъ, дар 6861 хоҷагӣ, 5374 манбаъҳои сироят ба масоҳати 540 ҳазор м2 чорабинии безараргардонӣ гузаронида шудааст. Бо ин мақсад ба МНДСЭ-и шаҳру ноҳияҳо аз ҳамаи сарчашмаҳо 23 тоннаю 526 кг маводҳои безараргардонӣ ворид карда шуданд. Вобаста ба чорабиниҳои пешгирии бемории сироятии коронавируси нави COVID-19 дар муассисаҳои таълимӣ дастурамалҳо оиди “Тартиби ташкили корҳои пешгирикунанда ва тавсияҳо бобати хатари паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар муассисаҳои таълимӣ” ва “Талабот оид ба тартиби истифодабарии ниқоб” ба макотиби таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят дастрас гардид.

Инчунин, аз ҷониби кормандони соҳа ба масъулини муассисаҳои таълимӣ оиди тарзи тайёр ва дуруст истифодабарии маводи безараргардонӣ омӯзишҳо гузаронида шуданд. Вобаста ба ин фаъолияти ситодҳои вилоятӣ ва шаҳрию ноҳиявӣ пурзӯр карда, ҷаласаи ситодҳои сайёр бо иштироки аъзоёни ситоди шаҳрию ноҳиявӣ, фаъолон ва кормандони соҳаи тандурустӣ баргузор гашта истодааст. Инчунин, аз ҷониби мутахассисони соҳаи санитарию эпидемиологӣ назорати фаъолияти бозору нуқтаҳои савдо, муассисаҳои таълимӣ ва дигар иншоотҳо пурзӯр карда шуда, давоми моҳи сентябри соли ҷорӣ 1114 адад санҷиш гузаронида, барои риоя нагардидани талаботҳои санитарию эпидемиологӣ ба зиёда аз 1000 нафар ба маблағи 205 ҳазору 807 сомонӣ протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ҷарима баста шудааст. Ҳамзамон, фаъолияти 894 иншоот бо сабаби ҷавобгӯй набудан ба талаботҳои санитарию гигиенӣ муваққатан боздошта шуд.

Бобати мусодираи молу маҳсулоти пастсифат номбурда изҳор дошт, ки дар рафти санҷишҳо аз дӯкону мағозаҳои фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ, бозорҳо ва нуқтаҳои савдои шаҳру ноҳияҳо аз ҷониби мутахассисон, тибқи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ” маҳсулотҳои хӯроквории пастсифат, аз қабили гӯштию ширӣ, қаннодӣ, тухм, равғани растанӣ, нӯшокиҳо ва ғайраҳо ба миқдори 16840 кг/л ба маблағи зиёда аз 300 ҳазор сомонӣ аз муомилот гирифта шуданд. Новобаста аз ин чораҷӯиҳо ҳанӯз дар баъзе аз ташкилоту муассисаҳо, бозору нуқтаҳои савдо, мавзеъҳои сайругашти аҳолӣ, муассисаҳои таълимӣ чораҳои пешгирикунанда, аз ҷумла риояи гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ, риояи фосилаи иҷтимоӣ ва риояи тартиби истифодабарии ниқобҳои муҳофизатӣ ба таври бояду шояд ба роҳ монда нашудааст.

Аз ҷумла, рейдҳои муштараки дар бозорҳо гузаронидашуда муайян намуд, ки 70-80 фоизи ба савдо машғулбуда бо ниқобҳо таъмин бошанд ҳам, 20-30 фоизи онҳо ва 15-20 фоизи мизоҷон ниқоб мепӯшанду бас. Дар нақлиёти мусофиркаш бошад, 30- 50 фоиз ниқоби муҳофизатӣ истифода менамоянд. Дар ин самт корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва фаъолияти назоратӣ боз ҳам бояд ҷоннок гардонида шавад. Фаъолияти имрӯзаи таҳлилгоҳи вирусологии вилоятиро шарҳ дода, мавсуф изҳор дошт, ки бо мақсади дарёфти барангезандаи бемории коронавируси нави COVID-19 дар вилоят аз санаи 28 –уми майи соли 2020 дар заминаи марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилоят таҳлилгоҳҳои вирусологӣ фаъолияташонро оғоз намуда, дар давоми даҳ моҳи соли равон ҳамагӣ беш аз 32 ҳазор адад ташхис аз беморон, гумонбарон ва шахсони дар тамос буда гирифта шудааст.

- Новобаста аз мушкилотҳои ҷойдошта кормандони соҳаи тандурустӣ дар ҳамҷоягӣ бо дигар соҳторҳои марбута, баҳри пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавируси нави COVID - 19 кӯшиш ба харҷ медиҳанд, - изҳор дошт сартабиби Маркази назорати давлатии санитарӣ - эпидимологии вилоят Абдумавлон Абдуллозода. Дарвоқеъ, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ хатари сироятёбиро аз байн мебарад.

Маъмурахон САМАДОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

ҲАДАФ: МУҲАЙЁ НАМУДАНИ ШАРОИТИ КОРӢ

Истиқлолияти давлатӣ боис гардид, ки тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ ҷиҳати беҳсозии вазъи кору хизматрасонӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат тақвият ёбанд.

Махсусан, имрӯзҳо ба истиқболи сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонӣ вусъат ёфта, иншооти таъиноти гуногун, ки боиси таҳкими инфрасохтори шаҳру ноҳияҳо мегардад, бунёду навсозӣ карда мешаванд. Дар шаҳри Хуҷанд низ чунин амалҳои созанда идома дошта, биноҳои маъмуриву хизматрасоӣ бунёд мешаванд.

Аз ҷумла, имрӯзҳо дар бинои нави Кумитаи идораи замин ва Корхонаи фаръии давлатии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» ва Корхонаи воҳиди давлатии Аэрогеодезии Суғд, воқеъ дар кӯчаи А.Грибоедови шаҳри Хуҷанд корҳои сохтмонӣ идома дошта, тибқи нақша, то ҷашни Истиқлолияти давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт. Бино ба иттилои Муҳаммадҷон Абдуғаниев, директори ҚДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳри Хуҷаид корҳои сохтмонии бинои мазкур соли 2017 оғоз гардида, он дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.

Бояд гуфт, ки айни ҳол корҳои рангубор ва насби дару тирезаҳо идома дорад. Зикр кардан бамаврид аст, ки бино аз шаш ошёна иборат буда, дар он ҳуҷраҳои барҳавои корӣ барои мутахассисони соҳа дар назар дошта шудааст. Толори барҳавои маҷлисгоҳ ва дигар иншооти ёрирасон бошад, аз ҷумлаи инфрасохтори ин бинои корӣ мебошад, ки бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани онҳо сатҳи кору хизматрасонӣ баланд бардошта хоҳад шуд. Барои истироҳату фароғати кормандон ҳамчунин ошхона ва толори варзишӣ низ пешбинӣ шудааст, ки бо тарҳи зебои замонавӣ дар хизмати кормандон қарор хоҳад гирифт. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи кишоварзӣ тавассути гузаронидани ислоҳот ва таҷдиди хоҷагиҳо, амалӣ намудани барномаҳои рушди соҳа, аз худ кардани заминҳои нав, беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии заминҳо ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани онҳо, инчунин бо роҳи зиёд кардани майдони боғу токзор фаровонсозии маҳсулоти кишоварзӣ тадбирҳои муассир амалӣ шуд.

Кормандони Кумитаи идораи замин ва Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳри Хуҷанд дар самти назорати давлатии замин фаъолияти худро пурсамар ба роҳ монда, талош менамоянд, то ки ҳар қитъа замин мақсаднок ва аз рӯи таъинот истифода шавад.

Нодир ТУРСУНЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее