04 January 2021

ДУ КОМЁБӢ ДАР ЯК СОЛ

Барои ҳунарманди истаравшанӣ Парвина Расулова соли 2020 хеле хотирмон ва бобарор буд. Ӯ беҳтарин кадбонуи вилояти Суғд дониста шуд ва ҳамчун дӯзанда сазовори гранти Раиси вилоят гардид.

Моҳи апрел дар тарабхонаи “Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд пазандагон аз 18 шаҳру ноҳияи вилоят дар озмуни “Кадбонуи беҳтарин” иштирок карданд. Парвина дар озмун 36 намуди хӯроку хӯриш, қаннодӣ, нону кулчаҳои милливу муосирро пешниҳод намуд.

Ҳакамон бештар хӯрокҳои миллии Парвина - туппаи табақӣ (ойимтуппа) ва ӯмочро писандиданд, ба хӯришҳо ва питтсаҳои ӯ баҳои баланд доданд. ӯ сазовори мақоми аввал, диплом ва туҳфаи Раиси вилоят гардид.

Комёбии дигари Парвина дар соли 2020 сазовори гранти Раиси вилоят гардиданаш ба маблағи 5000 сомонӣ буд. Ҳарчанд Парвина хатмкардаи факулети менеҷерии соҳаи фарҳанг ва иҷтимоиёти Донишгоҳи фарҳанг ва санъати ба номи Мирзо Турсунзода аст ва ҳоло мутахассиси пешбари Хонаи фарҳанги рақами 4-уми шаҳри Истаравшан мебошад, вақтҳои фориғ аз кор дар коргоҳи дӯзандагияш бо номи “Парасту” ба дӯзандагӣ машғул мешавад ва ин ҳунари худро ба шогирдон ҳам меомӯзонад. Азбаски 4 мошини дӯзандагии мавҷуд дар коргоҳ кӯҳна шудаанд, ба хотири хариди дастгоҳҳои муосири дӯзандагӣ ва дастрас кардани матоъ лоиҳаи грантӣ навишт, ки аз ҷониби Раиси вилоят дастгирӣ ёфт. Баъди харидории нави мошинҳои чокдӯзӣ шумори шогирдонаш бештар хоҳад шуд.

Парвина мегӯяд:

- Ба дӯзандагӣ аз синни дувоздаҳсолагӣ сар карда, нозукиҳои ин касбро дар назди чандин устод омӯхтаам, тарроҳӣ ва бурандагиро ҳам ёд гирифтам. Бештар либосҳои занона, кӯдакона бо тарзу ороиши миллӣ медӯзам, ки харидорони зиёд доранд.

Муҳим он аст, ки ҳамчун роҳбари чандин маҳфили назди хонаи фарҳанг либосҳои саҳнавию ҷашниро ҳам худаш тарроҳӣ мекунад ва медӯзад.

Ӯ ва шогирдонаш бештар аз матоъҳои атласу адрас либосҳои миллӣ медӯзанд, ки харидори бисёр доранд.

- Бо ибтикори Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла атласу адрасбофӣ хеле рушд карданд ва дӯзандагони чирадасти мо аз ин матоъҳо либосҳое медӯзанд, ки дар дохил ва хориҷи кишвар талабгорон доранд, - мегӯяд Парвина Расулова. – Ман ҳангоми гирифтани гранти Раиси вилоят арзи сипоси худ ва ҳунармондони мардумиро барои таваҷҷуҳи доимӣ ба Сарвари давлат изҳор карда будам ва аз фурсат истифода бурда, ба Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода, ки дар як сол ду бор ҳунарҳои маро қадрдонӣ карданд, ташаккур мегӯям.

Парвина донандаи компютер аст ва ороишгару мусаҳҳеҳи нашрияи “Ганҷи ороста”-и Бунёди забони тоҷикӣ ва “Фарҳангсарои ориёӣ”-и шаҳри Истаравшан ҳам мебошад.

Маъмурахон САМАДОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

ҶАВОҲИР АШӮРОВ: ДАСТОВАРДҲО БА ОСОНӢ МУЯССАР НАМЕШАВАД...

Дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” донишҷӯёну магистрантон ва докторантони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров фаъолона ширкат намуда, аз ҷумла, ҳафт нафар аз иштирокчиён соҳиби мақомҳои ифтихорӣ гаштанд.

Ҷавоҳир Ашӯров, донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси забон ва адабиёти тоҷики факултети филологияи тоҷик аз ҷумлаи иштирокчиён аст, ки аз рӯйи номинатсияи “Хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти классикии тоҷик” мақоми дувумро сазовор гашт.

Хонандагон огоҳӣ доранд, ки озмун аз давраҳои донишгоҳиву шаҳрӣ ва вилоятиву ҷумҳуриявӣ баргузор ва беҳтаринҳо ғолиб гаштанд. Ҷавоҳир дар даврҳои шаҳрӣ ва вилоятӣ сазовори ҷойи 3-юм гардида, беш аз 110 ғазал, 150 рубоӣ ва дубайтӣ, 160 байт порча аз достон, 100 байт қасида ва 150-байт дигар навъҳои шеърӣ (тарҷеъбанду таркиббанд, мусалласу мухаммас, мусаддасу мустазод)-ро аз бар карда, 30 китоби бадеӣ мутолиа намудааст.

Таассурот ва бардоштҳои Ҷавоҳир Ашӯровро манзури хонандагон мегардонем.

-Соли аввал аст, ки дар ин озмун иштирок намудам. Дар марҳалаи ниҳоӣ, ки аз 7 то 15-уми декабри соли ҷорӣ дар Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд, иштирок намуда, сазовори ҷойи дувум гаштам. Озмун дар сатҳи баланд ва шаффоф баргузор гардид. Воқеан, масири тай кардани ин роҳ зебост, гоҳ умедвориву гоҳ навмедӣ, вале дар ҳарду сурат ҳам то даври ҷумҳуриявӣ иштирок намудан ин ғолибият аст.

Дар ин ҷо, мехоҳам махсус аз пуштибонӣ ва ғамхориҳои пайвастаи ректори Донишгоҳи давлатии Хучанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, роҳбари ғамхор ва инсони фарҳангдӯст, доктори илмҳои таърих, профессор Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло ёдовар шавам. Роҳбарияти донишгоҳ муддати баргузории даври ниҳоии озмун аз ҳоли мо бохабар буданд ва ҳамаи шароитро бароямон муҳайё намуданд, ки аз номи худ ва дӯстонам ба он кас изҳори сипос менамоям.

Устодам номзади илмҳои филологӣ, дотсент Абдуфаттоҳ Ҳоҷиев раҳнамои ман буд. Заҳмату талош ва сахтгириҳои устод буд, ки маро водор ба омӯхтану аз бар намудани осори классикӣ гардонид.

Албатта, ин ҳама натиҷаву дастовардҳо ба осонӣ ба кас муяссар намешавад. Сарбаланду сарфароз ҳастам, ки ба мақоми шоистаи озмун ноил шудам.

 Сурайё ҲАКИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

ТАЛАБОТ БА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ХУСУСӢ МЕАФЗОЯД

Соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятнок ба шумор рафта, баҳри беҳтару хубтар намудани сатҳи таълиму тадрис барномаҳои мухталиф қабул шудааст. Боиси зикр аст, ки талабот нисбат ба таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ сол то сол зиёд шуда, аксар падару модарон фарзандони худро ба муассисаҳои таълимии хусусӣ шомил месозанд.

Ҳанӯз санаи 23 – юми сентябри соли 2014 қарори Раиси вилоят оид ба татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 – юми майи соли 2014 “Дар бораи Барномаи рушди таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020” ба тасвиб расида буд. Дар доираи Барномаи мазкур давоми 6 сол дар миқёси вилоят таъсиси 280 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва 135 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ғайридавлатӣ пешбинӣ гардида буд.

Бино ба иттилои Раёсати маорифи вилоят, дар муҳлати амали Барномаи рушди муассисаҳои хусусӣ 55 муассисаи таълимии томактабӣ ва 13 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии хусусӣ ва дар умум 60 муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ ва 30 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии хусусӣ таъсис шуда, фаъолият намуда истодаанд. Муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоии “Афсона” – и шаҳри Зафаробод моҳи августи соли 2019 ба истифода дода шудааст. - Муассиса фаъолияти худро бо ҷалби 25 нафар тарбиятгиранда ва 50 нафар хонанда оғоз намуда буд.

Дар муассиса як синфи таълим бо забони тоҷикӣ, як синфи таълим бо забони русӣ ва як гурӯҳи омодагии томактабии омӯзиш бо забони русӣ ва як гурӯҳи миёна фаъолият менамояд. Гуфтан ҷоиз аст, ки дар муассиса ба ғайр аз таълими ҳатмӣ маҳфилҳои забони русӣ, забони англисӣ ва арифметикаи менталӣ ташкил шудаанд. Алҳол 135 нафар хонанда пас аз дарс ба дарсҳои иловагӣ ҷалб шудаанд, - гуфт директори муассиса Б.Рустамзода.

Боиси қайд аст, ки дар муассиса 12 нафар корманди дараҷаи олӣ ба корҳои таълимӣ ва тарбиявӣ ҷалб шудаанд. Ҳамзамон барои ба сатҳи ҷаҳонӣ ҷавобгӯ намудани сифати таълиму тадрис тарбиятгирандагон бо таҷҳизоти замонавии муосир ва аёниятҳои гуногуни таълимӣ таъмин ҳастанд.

Ҳамчунин Б.Рустамзода қайд кард, ки баҳри ба китобхонӣ ҷалб кардани хонандагон маҳфил ва озмунҳои дохилӣ баргузор мешаванд. Мастона Каримова сокини ноҳияи Зафаробод мегӯяд, ки се нафар фарзанд дорад ва ҳамаи онҳо дар мактабҳои хусусӣ таълиму тарбия гирифта истодаанд.

 - Фарзандонам дар мактаби хусусӣ хонда истодаанд, зеро соати машғулиятҳо нисбат ба мактабҳои давлатӣ дарозтар аст. Агар дар мактаб хонандагон то нисфирӯзӣ таълим гиранд, дар мактаби хусусӣ омӯзгорон то бегоҳ ба фарзандонамон таълиму тарбия медиҳанд. Баробари ин хонандагон бо хӯроки гарм таъмин ҳастанд. Азбаски дар соҳаи савдо ҳастам, бароям мактаби хусусӣ афзалият дорад, зеро соати кориам зиёд асту имконияти дар хона буданро надорам, - мегӯяд ӯ.

Дар шаҳри Исфара низ сохтмон ва бунёди муассисаҳои таълимии хусусӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла дар Ҷамоати деҳоти Кӯлканди деҳаи Гулистон аз ҷониби соҳибкор Абдуваққоф Нишомов кӯдакистони хусусии “Гулистон” барои 150 нафар кӯдак моҳи апрели соли ҷорӣ мавриди истифода қарор гирифт. Дар Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ ва маҳаллаи Зебунисо сохтмони бинои муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ оғоз гардида, айни замон корҳои сохтмонӣ идома доранд. Дар кӯчаи 50 - солагии Октябр бошад, сохтмони бинои кӯдакистони хусусӣ аз ҷониби омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 Рисолат Яҳёева идома дорад.

Айни ҳол девори ошёнаҳои якум ва дуюми бинои муассисаи мазкур бардошта шуда, корҳои ободонӣ давом дорад. Ҳамзамон, дар шаҳр мактаби байналмилалии хусусии “Академияи Контакт Интернэшнл” ба фаъолият шуруъ намуд, ки дар 11 синфи он 136 нафар хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Боиси қайд аст, ки нақшаи иҷроиши барнома дар самти ташкил ва ба истифода супоридани муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ аз ҷониби шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Бӯстон, Конибодом, Хуҷанд, Ашт, Панҷакент, Спитамен, Истаравшан, Ҷаббор Расулов, Исфара, Мастчоҳ, Гулистон таъмин шуда, аз ҷониби шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Деваштич, Зафаробод, Истиқлол, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Шаҳристон барномаи мазкур иҷро нагардидааст. Иҷрои талаботи барнома дар миқёси вилоят, 30 фисадро ташкил медиҳад.

Бино ба маълумоти Раёсати маорифи вилоят айни замон тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатиашон таъкид гардид, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва Раёсати маорифи вилоят рӯйхати соҳибкорон, саховатмандон, сармоягузорон, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, бахши хусусӣ, ки хоҳиши сохтмони бино барои ташкил намудани муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусиро доранд, тартиб дода шуда, ба хоҳишмандон барои дар муҳлати кӯтоҳтарин аз ҳисоби заминҳои ғайрикишоварзӣ ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони бинои муассисаҳои таълимии хусусӣ аз мавзеи интихобшуда корбарӣ рафта истодааст.

Ҳоло ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 48 ариза аз тарафи соҳибкорон ва шахсони воқеӣ, ки хоҳиши сохтмони бино ва ташкили муассисаҳои хусусӣ кардаанд, ворид гаштааст.

Шаҳбонуи СИДДИҚ,
“Ҳақиқати Суғд”

 

Читать далее

«ДОРАНДАИ МУЛКИ ҶОВИДОНӢ МОЕМ!...»

Барҳақ, мардуми тоҷик аз азал соҳибтамаддун, соҳиби девону дафтар, соҳиби табъи латифу тафаккури баланд аст. Инро ҷамъбасти даври чаҳоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки тариқи аксар шабакаҳои телевизиони Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми чанд рӯз ба таври пурра намоиш дода шуд, бори дигар собит сохт.

Тавре аз шабакаҳои фейсбук аён аст, тавре тамоми ҳамкасбонамон аз идораи рӯзномаи вилоятӣ, ҳамсояҳо, хешу таборон иброз медоштанд, аз ин намоишҳои озмун олам-олам бардошту ғизои маънавӣ бардоштанд.

Иштирокчиёни озмун ҳам тифлакони кӯдакистон, ҳам омӯзгорону соҳибони дигар касбу пеша, ҳам калонсолон тамоми сокинони мамлакат ва ҳамчунин аъзои ҳакамонро бо ҳунари шеърдониву шеърхониву ҳофизаи шеъразхудкунии хеш мафтун карданду дар ҳайрат гузоштанд. Инон, барҳақ, дурдонаҳое, гуҳарҳое ҳастанд, ки зери об маҳфуз, чун дар садаф буданду имрӯз дар назари мардум муҷалло гардиданд. Озмуни имсола собит сохт, ки дар ҷомеаи мо, дар ҳар хонадони кишвари тоҷик имрӯз низ мутолиаи китоб, аз ҳикматҳои он баҳра бардоштан, ҳифз доштани осори ниёгон ва эҳсоси ифтихор аз тоҷик будани худ барин хислатҳо на танҳо нигоҳдорӣ карда мешаванд, балки насли калонсоли кишварамон баҳри он талош менамоянд, ки сатҳи китобхонии насли имрӯза торафт боло бардошта шавад. Ман дар шаҳри Хуҷанд оилаҳоеро медонам, ки чаҳорпанҷ нафар фарзанд доранд, ононро хеле кам ба кӯча мемонанд, вале доимо ин бачагон бо азхудкунии осори ниёгон, мутолиаи китоб машғуланду олами бою рангини маънавӣ доранд.

Тавре яке аз иштирокчиёни озмун, муҳассили мактаб изҳор дошт, ки «маро падарам водор намуданд, ки дар озмун иштирок намоям, вагарна дар хаёлам ҳам набуд», чунин бачагон, ки соҳиби истеъдоди нодиранд, байни сокинони кишвар хеле зиёданд. Тавре раиси комиссияи баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода дар маросими ҷамъбасти озмун иброз дошт, навгоние, ки соли равон ба озмун ворид карда шуд, ин номинатсияи шоирӣ аст.

Он иштирокчиёне, ки дар ин номинатсия баромад карданд, бо шеърҳои равони худ қалбҳоро тасхир намуданд. Бахусус, шеърҳои Мафтуна Назирова аз шаҳри Панҷакент, ки дар ин номинатсия сазовори ҷойи аввал гашт, мафтункунанда, шево ва баландмазмун буданд, ки чанд маротибае, ки аз шабакаҳои гуногуни телевизион намоиш дода мешуданд, ба қавле, бо тамоми вуҷуд ба он дода шуда, мафтунона гӯш мекардам. Хурсандиовар он аст, ки ба шарофати баҳогузории ҳақиқии аъзои ҳакамон 3 нафар иштирокчии номинатсияи шоирӣ ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шуда, 3 нафар ба узвияти ИН пешниҳод гардиданд. Соли равон, тавре зикр гардид, дар баргузории озмун бисёр вазорату кумитаҳо, аз ҷумла, Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, Вазорати маориф ва илм, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш саҳми арзишманд доштанд.

Санаи 15-уми декабр дар машварати кории худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки ҳоло дар кишвар даври ниҳоии Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки бо ташаббуси бевоситаи Президенти мамлакат ташкил гардида, ба кашфи истеъдодҳо мусоидат карда истодааст, ҷараён дорад, бояд ин тадбири фарҳангӣ бо тартиби муайяншуда ва одилонаву воқеъбинона ҷамъбаст карда шавад. Дар ҳамин ҷаласа Пешвои миллат ҳамчунин таъкид намуданд, ки ширкаткунандагону ғолибони озмун аз ҷониби раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ҳавасманд гардонида шаванд. Дар ин радиф, бо пешниҳоди боадолатонаи олимони барӯманди кишвар, донишмандон, адибони номдор озмун одилона ҷамъбаст гардида, аз зумраи наздик дусаду панҷоҳ нафар ғолибони даври ниҳоӣ бештар аз ҳафтод нафар соҳибони ҷойҳои намоён ва мукофотҳо шуданд.

Озмун собит сохт, ки мардуми шаҳру навоҳии Душанбе, Панҷакенту Хуҷанд, Бохтар, Ҳисор, Рашту Кӯлоб, Мастчоҳу Айнӣ, Деваштичу Истаравшан, Хоруғу Ҷалолуддини Балхӣ ва дигар манотиқи кишвар бештар хонандаанд, ошиқу шефтаи китоб, шеър, каломи мавзун ҳастанд. Дар ҷамъбаст байни минтақаҳои кишвар пирӯз шудани пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе басо рамзӣ буда, табиист, ки пойтахти мамлакати тоҷикон маркази тамаддуну адабиёт, илму маърифат аст ва ҳар як иштирокчии озмун аз пойтахти кишвар бо ҷазбаи хосаву санъати волои хеш дар қироати шеър, манзур кардани истеъдоди худ баромад кард.

Ҳамин тавр, боиси ифтихору сарбаландии мо, сокинони вилояти овозадори Суғд аст, ки Шоҳҷоиза бо 60 ҳазор сомонӣ насиби муҳассили синфи ёздаҳум аз шаҳри Панҷакент Раъно Насриддинова шуд ва аз шаҳру навоҳии вилоят шонздаҳ нафар иштирокчӣ, аз ҷумла, Осими Оқил, Сарфарозиддин Иморуддинов, Гулбаҳор Раҳимова, Дилафзун Раҳмонова, Хосияти Шаҳобиддин, Рухшона Норова, Ҳадиса Мӯъминова, Зебунисо Азизиён, Рухшона Афзалзода, Гулзода Шерализода, Ҷавоҳир Ашӯров соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд. Тавре дорандаи Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» изҳор дошт, ду сол инҷониб баргузор шуда истодани озмуни мазкурро месазад, баҳору шукуфоии маънавии мардуми тоҷик номид. Оре, ниёгони мо, классикони адабиёти кӯҳанбунёди тоҷик бо осори пурғановати хеш решаҳои аслии маънавиёти миллати моанд.

Мо, имрӯзиён ин осорро на танҳо азхуд ва дар тору пуди сиришти худ ҷо намоем, балки онро боз шукуфотар, сабзтар, тобноку муҷалло гардонем.

Рафоат МӮЪМИНОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Корҳои безараргардонӣ - мусоидат ба солимӣ

Табибон то ҳол роҳҳои пешгирӣ ва табобати бемории сироятии коронавирусро ҷустуҷӯ доранд. Олимони соҳаи тиб чанд роҳи табобати вабои асрро дарёфтаанд, вале то ҳол ҳолатҳои гирифторшавӣ ба қайд гирифта шуда истодааст. Мутаассифона Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз сироятёбӣ эмин набуда, баҳри пешгирӣ ва табобати ин беморӣ корҳои мушаххас роҳандозӣ шуда истодааст.

Дар вилояти Суғд низ вобаста ба бемории сироятии COVID - 19 чораҳои пешгирикунанда ва табобатӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Вобаста ба ин мақомоти дахлдор вазифадор шудаанд, ки роҳҳои пешгирӣ аз сироятёбиро хуб ба роҳ монанд. То имрӯз аз ҷониби кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилоят як қатор корҳои пешгирикунанда ба анҷом расонида шуд.

Тавре муовини сардори марказ Маҷнун Орифов иттилоъ дод, бо мақсади пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва коҳиш додани сирояти коронавируси нави COVID - 19 чорабиниҳои мунтазами санитарию - гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ ба роҳ мондаанд.

- Аз оғози паҳншавии вирус ҷиҳати захираи маводи безараркунанда ба идораю ташкилот ва иншооти зери назорати пешниҳодҳои эпидемиологӣ додашуда ҳамарӯза аз тарафи соҳаи санитарӣ корҳои назоратӣ бурда шуда истодааст. Ба масъули сохторҳои Кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳру ноҳияҳо, марказҳои саломатӣ дастур дода шудааст, ки бо мақсади сари вақт дарёфт намудани сироятёбии сокинон ба сирояти нави коронавирус, табобат ва бистарии нафарони мубталои ин беморӣ, инчунин ҷиҳати аз байн бурдани манбаъҳои сироят чораҷӯӣ намояд. Ба масъулин пешниҳодҳои санитарӣ дода шуда, ҳамарӯза мутахассисони соҳа дар ин самт корҳои назоратии санитариро пурзӯр карда истодаанд, - гуфт Маҷнун Орифов.

Вобаста ба чорабиниҳои пешгирии бемории сироятии коронавируси нави COVID - 19 дар муассисаҳои таълимӣ дастурамал оид ба “Тартиби ташкили корҳои пешгирикунанда ва тавсияҳо оид ба хатари паҳншавии бемории сироятии COVID - 19 дар муассисаҳои таълимӣ” ва “Талабот оид ба тартиби истифодабарии ниқоб” ба муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят дастрас гардид. Аз ҷониби табибони эпидемиолог харитаи эпидемиологии сатҳи бақайдгирии беморшавӣ дар ҳудуди маҳалҳои аҳолинишин тартиб дода шуда, минтақаҳои осебпазир муайян шуданд. Вобаста ба ин чорабиниҳои маҳдудкунонӣ, пешгирию безараргардонӣ, таблиғотию ташвиқотӣ дар ин минтақаҳо пурзӯр шуданд.

- Дар ҳар як манбаъи беморӣ таҳлили эпидемиологӣ гузаронида шуда, картаи эпидемиологӣ тартиб дода шуданд. Дар ҳамбастагӣ бо кормандони шабакаи муассисаҳои КАТС назорати шахсони дар тамосбуда давоми 14 рӯз ва дар баъзе ҳолатҳо ташхиси вирусологии онҳо гузаронида шуданд. Ҳар як манбаъи дарёфтгардида сари вақт безарар гардонида шуда истодааст, - афзуд М.Орифов.

То санаи якуми ноябри соли 2020 дар кӯчаю хиёбонҳо, бозору нуқтаҳои савдо, муассисаю ташкилот ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ дар масоҳати 8 миллиону 381 ҳазору 465 метри мураббаъ, дар 8409 хоҷагӣ, 8295 манбаъҳои сироят чорабинии безараргардонӣ гузаронида шудааст. Бо ин мақсад ба МНДСЭ - и шаҳру ноҳияҳо аз ҳамаи сарчашмаҳо 22 тоннаю 450 кило маводи безараргардонӣ ворид шуд. Аз ҷониби мутахассисони соҳаи санитарию эпидемиологӣ назорати фаъолияти бозору нуқтаҳои савдо, муассисаҳои таълимӣ ва дигар иншоот пурзӯр шуда, давоми 11 моҳи соли ҷорӣ 13248 санҷиш гузаронида шуда, барои риоя нагардидани талаботи санитарию эпидемиологӣ ба 3509 нафар ба маблағи 655388 сомонӣ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ҷарима баста шудааст.

Ҳамзамон фаъолияти 844 адад иншоот бо сабаби ҷавобгӯй набудан ба талаботи санитарию гигиенӣ муваққатан боздошта шудааст.

- Рейдҳои муштараки дар бозорҳо гузаронидашуда муайян намуд, ки 70 - 80 фисади савдогарон бо ниқобҳо таъмин бошанд ҳам, 40 – 50 фисади онҳо ва 35 - 45 фоизи мизоҷон ниқоб мепӯшанд. Дар нақлиёти мусофиркаш, аз ҷумла дар микроавтобус 60 - 65 фоиз, дар таксӣ - нақлиёти сабукрав 40 фоиз ниқоби муҳофизатӣ истифода менамоянд, - гуфт М.Орифов.

Барои дарёфти барангезандаи бемории коронавируси нави COVID - 19 дар вилоят аз санаи 28 – уми майи соли 2020 дар заминаи марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилоятӣ таҳлилгоҳҳои вирусологӣ фаъолияташонро оғоз намуда, то санаи 24 – уми декабри соли равон 49493 ташхис аз беморон, гумонбарон ва шахсони бо онҳо дар тамосбуда гирифта шудааст. Новобаста аз ин, ҳанӯз дар баъзе аз ташкилоту муассисаҳо, бозору нуқтаҳои савдо, мавзеъҳои сайругашти аҳолӣ, муассисаҳои таълимӣ чораҳои пешгирикунанда, аз ҷумла риояи гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ, риояи фосилаи иҷтимоӣ ва риояи тартиби истифодабарии ниқобҳои муҳофизатӣ ба таври бояду шояд ба роҳ монда нашудааст.

Новобаста аз мушкилоти ҷойдошта кормандони соҳаи санитарӣ дар ҳамбастагӣ бо дигар сохторҳои марбута баҳри пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавируси нави COVID - 19 кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Шаҳбону ОЛИМОВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее