05 January 2021

МУШКИЛОТ ПАСИ САР ХОҲАД ШУД

 

 

 

Баҳри солимии ҷомеа, пешгирии беморие, ки ҷаҳониёнро ба таҳлука гузоштааст, на танҳо сокинон, муассисаи табобатӣ, инчунин ташкилоту муассисаи таълимӣ ва корхонаҳо баҳри мубориза бо бемории коронавирус (COVID-19) хеле корҳоро ба сомон расониданд. Дар қатори дигар муассисаҳои иҷтимоӣ Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят низ дар байни аҳолии шаҳру навоҳӣ корҳои тарғиботию ташвиқотӣ бурда истодаанд.

Мутобиқи Амри Раиси вилоят аз якуми апрели соли 2020 бо мақсади амалӣ намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти коронавирус COVID-19 нақша - чорабиниҳо тартиб дода, дар шаҳру навоҳии вилоят ситодҳои маҳаллӣ корҳои тарғиботию ташвиқотиро пурзӯр намуданд.

Тибқи барқияи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 21 апрели соли 2020 баҳри пешгирии бемории сироятӣ дар Раёсат ва шуъбаю бахшҳои кор бо занон ва оилаи шаҳру ноҳияҳои вилоят семинару машваратҳои омӯзишӣ, мизҳои мудаввар гузаронида, гузоришҳои муфассалро бо замимаи аксҳо дар саҳифаи сомона бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҷойгир намуда истодаанд.

Раёсат дар асоси нақша-чорабинии тасдиқгардида, дар 18 шаҳру ноҳияи вилоят баҳри пешгирии вируси сироятии коронавирус COVID-19 дар қатори дигар масъалаҳои тарғиботию ташвиқотӣ бо усули “Хона ба хона” байни сокинон тарзи истифода бурдани маҳлулҳои зиддиэпидемикии антисептика ва ниқобҳо, риояи гигиенаи шахсӣ, тозаю озода нигоҳ доштани манзили зист, дар ҳавои сармо эҳтиёт намудани фарзандони хурдсол ва беназорат нагузоштани онҳо, шустани дастҳо бо собун ва бе зарурат аз хона набаромадан ва ғайраҳо пайваста корҳои профилактикию фаҳмондадиҳӣ ва тақсимоти маводҳои иттилоотӣ гузаронида истодааст.

Дар рафти суҳбат бо аҳолӣ, инчунин оид ба тарзи либоспӯшии соҳибхонаҳо, пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус маълумот дода, истифодаи ҳатмии ниқоби тиббӣ, риояи талаботҳои санитарӣ-эпидемиологӣ баррасӣ карда мешаванд.

Чунин корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ноҳияҳои кишоварзӣ, хосатан дар марказҳои савдо ва бозор, ки нуқтаи серодамтарин мебошад, ба сокинон ва фурӯшандагон, инчунин бо занҳои хонанишин суҳбатҳои муфид гузаронида, аз ҷониби ҳунармандони грантгиранда баҳри пешгирии бемории сироятии коронавирус ниқобҳои муҳофизатӣ омода ва ба аҳолӣ тақсим карда шуд.

Дар анҷоми суҳбат сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят Хуршедахон Хоҷазода иброз дошт, ки “дар доираи мубориза бо бемории сироятии коронавирус COVID-19 байни аҳолӣ корҳои тарғиботиву ташвиқотиро ҷоннок намуда, ба ашхоси ниёзманд кӯмак расонида, ба аҳолӣ фаҳмонидани корҳои пешгирикунанда, риояи дастуру супоришҳои аз ҷониби роҳбарият пешниҳодгардида, бо кӯмаку дастгирии шаҳрвандони бонангу номуси вилоят ин муштилотро паси сар намуда, ба хотири ободиву шукуфоии Ватани маҳбубамон заҳмат мекашем”.

Тавҳида ҶӮРАЕВА,
“Ҳақиқати Суғд”

 

 

 

Читать далее

КОНИБОДОМ: БУНЁДИ БОҒУ ТОКЗОРҲОИ НАВ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш доир ба истифодаи самараноки замин ба масъулони соҳа дастуру супоришҳо дода, таъкид карданд: «Ҳадафи стратегии дигар, ки ба таъсиси ҷойҳои корӣ ва афзун гардондани иқтидори содиротии кишвар таъсири бевосита мерасонад, ҳифзи амнияти озуқаворӣ тавассути рушди соҳаи кишоварзӣ мебошад».

Алҳол хоҷагиҳои деҳқонии боғпарвар бо афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти тозаи экологӣ бозорҳои дохилиро бо меваҳои шаҳдбор таъмин намуда, қисми онро содирот мекунанд. Боғпарварони шаҳри Конибодом ҳидоятҳои Пешвои миллатро оид ба бунёди боғу токзорҳои нав сармашқи кор намуда, ба дастовардҳои хуб ноил шуда истодаанд.

Обу хок ва иқлими ин минтақа ба парвариш ва истеҳсоли меваҷот, аз ҷумла зардолую шафтолу, бодому сиёҳ олу, олуча ва ангур хеле мусоид буда, баҳри иҷрои қарори Раиси вилоят дар бораи рушди соҳаи боғу токпарварӣ хоҷагиҳои кишоварзӣ бобати васеъ намудани майдони боғу токзорҳо бо дарки баланди масъулиятшиносӣ фаъолият намуда истодаанд.

Бино ба иттилои Фахриддин Қодиров, сардори идораи кишоварзии шаҳр дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади таъмини рушди минбаъдаи соҳаи боғу токпарварӣ, ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ бо меваю ангур, зиёд намудани ҳаҷми содироти маҳсулот, таъмини амнияти озуқаворӣ бунёди боғу токзорҳои нав дар майдони 73,0 гектар ва барқароркунии боғу токзори кӯҳна дар майдони 171,1 гектар ба иҷро расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта боғи нав дар майдони 178,7 гектар ва барқароркунии боғҳои кӯҳна дар майдони 193,1 гектар кам буда, нисбат ба дурнамои шаҳр боғи нав 33,29 гектар ва барқароркунии боғҳои кӯҳна 71,1 гектар зиёд мебошад.

Бояд қайд кард, ки аз ин ҳисоб дар майдони 10 гектар боғҳои кӯҳна боғҳои интенсивӣ бунёд карда шуданд. Дар маҷмуъ 11 ҳазору 785 гектар дарахтони бисёрсолаи мевадиҳанда мебошад.

Дар доираи сафари корӣ ба шаҳр мо бо рафти бунёди боғи интенсивӣ аз наздик ошно гардидем. Тавре Ф. Қодиров иттилоъ дод, боғи интенсивӣ бо истифода аз ниҳолҳои қадпасти зардолу, шафтолу, олу ва бодом, ки натиҷаи селексияи ниҳолпарварони маҳаллӣ аст, бунёд хоҳад шуд. Масоҳати умумии боғи бунёдшаванда 30 гектар буда, дар марҳалаи аввал 12 гектар замини бекорхобида азхуд карда шуда, дар он ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида хоҳад шуд.

Ташкили боғҳои нави интенсивӣ дар Конибодом имкон медиҳад, ки ҷойҳои нави корӣ фароҳам гардида, содироти меваҳои шаҳдбор ба хориҷи кишвар афзун гардад.

Масъулини идораи кишоварзии шаҳр дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллатро сармашқи кори худ намуда, азму талоши худро баҳри он равона менамоянд, ки диққати аввалиндараҷаро ба яке аз бахшҳои асосии таъмини амнияти ғизоӣ - рушди боғу токпарварӣ равона созанд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

Ба кишоварзони ноҳияҳои Деваштичу Шаҳристон 16 адад трактори тамғаи МТЗ ва 8 комбайн супорида шуд

5 январи соли 2021 дар доираи лоиҳаи “Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа» ба кишоварзони ноҳияи Деваштич 9 адад трактори тамғаи МТЗ ва 8 комбайн ва ба хоҷагидорони ноҳияи Шаҳристон 7 адад трактори тамғаи МТЗ супорида шуд.

Дар маросими супоридани техникаҳои кишоварзӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, вазири кишоварзии мамлакат Сулаймон Зиёзода ва роҳбарияти Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо»  иштирок доштанд.

Читать далее

Вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон мулоқот мегузаронанд

Мувофиқи дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 то 9 январи соли 2021 мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон сурат мегирад. Тибқи ин дастур, вакилони мардумӣ ба назди интихобкунандагони худ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят Суғд сафар намуда, доир ба масъалаҳои рӯзмарраи мардум бо онҳо дидору гуфтугӯи корӣ анҷом медиҳанд.

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ, Дилрабо Мансурӣ, Рустам Раҳматзода, Раъно Бобоҷониён, Абдуҷаббор Умаров, Абдураҳим Холиқзода, Бахтиёр Аҳмадзода, Парвиз Шодизода, Абдуҳалим Ғаффоров, Ғиёсиддин Шарифзода, Ғайрат Азиззода, Мавзуна Шамсиддинзода, Мансур Усмонов, Равшан Раҷабзода, Мавлудахон Мирзозода, Мирзоанвар Ахмедов, Баҳриддин Зиёӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон, Истиқлол ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳру навоҳии вилоят бо интихобкунанданон мулоқот менамоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Читать далее