08 January 2021

ТАҲКУРСИИ РУШДИ ДАВЛАТ

Пешрафти соҳаҳои ҳаёти ҷомеа аз сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф вобастагии зич дорад. Бесабаб дар Тоҷикистон рушди соҳаи мазкур яке аз самтҳои меҳварии сиёсатии Ҳукумати ҷумҳурӣ муқаррар нашудааст. Зеро таҳкурсӣ ва пояи рушди соҳаи иқтисодиёту сиёсат ва иҷтимоию фарҳанг аз омода кардани кадрҳои баландихтисос вобаста мебошад. Гарчанде ҷанги шаҳрвандӣ ба рушди соҳаи маориф монеа гардид ва хисороти зиёд ба миён овард, вале сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати Тоҷикистон ва талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гардид, ки дар ҷумҳурӣ садҳо мактаби нав бунёд шуданд ва таваҷҷуҳ барои беҳтар намудани шароити таълиму тарбия бамаротиб афзуд.

Воқеан, дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, худогоҳиву меҳанпарстӣ тарбия намудани насли ҷавон ва омода кардани кадрҳои баландихтисос шарти муҳими рушди ояндаи кишвар ба ҳисоб меравад.

Дар Паёми Пешвои миллат вобаста ба тақвият бахшидани рушди илмҳои дақиқ ва ҳавасманд намудани хонандагон пешниҳод гардид, ки ҳамасола олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ оид ба илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баргузор гарданд, ғолибони озмунҳо аз ҷониби вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз лиҳози моддиву маънавӣ қадрдонӣ ва ҳавасманд гардонида шаванд. Омода намудани кадрҳои баландихтисос ва тарбияи ҷавонони соҳибмаърифату ватандӯст бо сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ вобастагии зиёд дорад.

Дар шароити муосир дар бозори меҳнати ҳам дохили кишвар ва ҳам берун аз он асосан хатмкунандагоне соҳиби ҷои кор мешаванд, ки дорои касбияти баланд, донандаи технология ва забонҳои хориҷӣ бошанд. Гузашта аз ин, маҳорати ташкилотчигӣ ва доштани малакаи муошират бо одамон шартҳои муҳими ба кор қабул гардидан ва комёбӣ дар зинаҳои фаъолияти меҳнатӣ ба ҳисоб меравад. Дар давраи соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани маърифати наврасону ҷавонон корҳои назаррасро ба анҷом расонид, ки ҳар яке аз онҳо каме ҳам бошад, дар рушди маънавиёти шаҳрвандон мусоидат намуда истодааст. Дар ин радиф ташкил ва баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон Ватани азизи ман», ки бо дастгириву роҳнамоии Пешвои миллат сурат мегирад, дар баланд бардоштани завқи наврасону ҷавонон ва умуман, оммаи мардум ба мутолиаи китоб ва донишомӯзӣ нақши назаррас гузошт.

Пешвои миллат ҳамасола дар Рӯзи дониш ва ҳангоми мулоқоту вохӯрӣ бо кормандони соҳаи маориф ҷиҳати беҳтар намудани сифати таълиму тарбияи наврасону ҷавонон пешниҳоду вазифаҳои мушаххас ба миён мегузоранд. Аз ҷумла, дар Паёми навбатии хеш омӯзгоронро вазифадор намуданд, ки назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.

Имрӯз дар назди омӯзгорон дар самти тарбияти насли наврас ва ҷавонон вазифаҳои бисёр пурмасъулият меистад, ки иҷрои он, аз як ҷониб, бисёр пурмашаққат буда, аз тарафи дигар, кори арзишманд ва пуршараф мебошад. Иҷрои ин рисолат аз ҳар омӯзгор ҷонфидоиву садоқат, самимияту масъулиятшиносӣ ва кӯшишу ғайрати дучандро талаб менамояд.

Пешрафти ояндаи давлат аз кӯшишу ғайрати омӯзгорон дар самти таълиму тарбияи дурусти насли наврас дар руҳияи ватандӯстиву худогоҳӣ ва омода намудани кадрҳои баландихтисос вобастагии бевосита дорад. Ҳар чӣ қадар мақоми омӯзгор дар ҷомеа баланд ва зиндагии иҷтимоии беҳтар дошта бошад, ҳамон андоза дар таълиму тарбияи насли наврас хизмати содиқона анҷом медиҳад.

Имрӯз барои рушди соҳаи маориф ва иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муассисаҳои таълимӣ ба омӯзгорони соҳибмаърифату соҳибкасб ва масъулиятшиносу ватандӯст ниёз доранд. Аз сафи омӯзгорон тоза намудани шахсони бесавод ва тасодуфӣ ва бо роҳи озмун ба кор қабул намудани омӯзгорон бисёр муҳим буда, он ба сифати таълиму тарбияи донишҷӯён ва омода кардани кадрҳои баландихтисос таъсири назаррас дорад. Оид ба ин масъала соле қабл Пешвои миллат ҳангоми суханронии хеш ба муносибати Рӯзи дониш дар Донишкадаи идоракунии давлатӣ ишора намуданд, ки дар шароити имрӯза омӯзгорон бояд мунтазам дониши худро такмил дода, дарсҳои худро поквиҷдонона ва дар сатҳи баланд ташкил намоянд.

Хулоса, саҳми омӯзгорон дар рушди соҳаи маориф бисёр назаррас буда, хизмати содиқонаву пурмасъулияти онҳо дар тарбияи кадрҳои ояндасози миллат, пешрафти соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва дар умум ба рушди устувори кишвар ва боло рафтани эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамояд.

Шӯҳрат Саидзода,
устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,
бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Читать далее

НИҲОДИ МУТТАҲИДГАРИ ҶОМЕА

Дар толори Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят Раёсати Кумитаи вилоятии иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳӣ баргузор гардид.

Нахуст раиси Кумита Фотимахон Қодирова масъалаҳои рӯзномаро ба самъи аъзои раёсат расонида, изҳор намуд, ки соли 2020 рафти бастани шартномаҳои коллективӣ дар ташкилотҳои ибтидоии шаҳру ноҳияҳои вилоят дида баромада шуда, риояи талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди санҷиш қарор дода шуд.

Фотимахон Қодирова ба раисони кумитаҳои иттифоқи касабаи шаҳру ноҳияҳо дастур дод, ки камбудиҳои дар рафти санҷиш ошкор гардида сари вақт бартараф карда шаванд. Сипас, нақшаи корӣ барои соли 2021 муҳокима ва тасдиқ гардид. Инчунин, қарорҳои Раёсати Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят мавриди роҳбарӣ ва иҷро гирифта шуд. Баъдан Пленуми кумитаи вилоятӣ ҷараён гирифт. Дар кори он муовини аввали раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят Обидзода Нуъмон Юлдошӣ иштирок ва баромад намуд.

Тибқи рӯзномаи маҷлис, ҳисоботи раиси кумитаи иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд Фотимахон Қодирова барои соли 2020 шунида шуд. Мавсуф оид ба дастовардҳои соҳа дар соли 2020 изҳори андеша намуда, иброз дошт, ки новобаста дар тамоми ҷаҳон паҳн гардидани бемории коруно кормандони соҳа тавонистанд, ба дастовардҳои зиёд комёб гарданд. Сипас, аъзои раёсат, собиқ намояндаи мардумӣ дар Маҷлиси намояндагон, намояндаи Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Нодирҷон Солиҷонов, раиси кумитаи иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Зафаробод баромад намуда, аз фаъолияти назарраси кори кумитаҳои ноҳиявӣ маълумот доданд.

Пас аз он вазифагузориҳо барои соли оянда ва қарорҳо тасдиқ карда шуданд. Ҳамчунин дар ҷамъомад муаррифии китоби “Ҷомеаи дарҳои кушод”–и Нодирҷон Солиҷонов, ки ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст, доир гардид. Дар охир чанд нафар кормандони соҳа барои фаъолияти пурсамар ва хизмати шоёну арзанда дар пешбурди соҳа бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи ҷумҳуриявии соҳавӣ ва кумитаи вилоятии соҳавӣ сарфароз гардонида шуданд.

Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

ТАЪМИНИ БОЗОР БО МАҲСУЛОТИ ХУШСИФАТ

 

 

 

 

Имрӯз талаботи сокинон нисбат ба маҳсулоти гӯштии хушсифат зиёд аст. Дар ҳамин замина алҳол дар миқёси вилоят якчанд корхонаи истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ фаъолият доранд. Яке аз чунин корхонҳо ин ҶДММ «Кабири Хуҷанд» ба ҳисоб меравад, ки фаъолияти худро дар самти истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ ба роҳ монда, мавқеи худро дар байни ҷомеа пайдо намудааст. Корхонаи мазкур фаъолияти истеҳсолии худро аз моҳи декабри соли 2014 оғоз намудааст. Тибқи иттилои масъулин, сараввал овезаҳои таблиғотӣ дар ҳама ҷо насб шудааст, то барои аҳолӣ маълум гардад, ки чунин коргоҳ ба истеҳсоли маҳсулоти хушсифати гӯштӣ фаъолияти худро ба роҳ мондааст.

Бино ба иттилои директори он Ғуфрон Файзиев, дар аввали фаъолият то бист намуди маҳсулот истеҳсол мешуд. Бо дастгирии ҳамаҷонибаи муассисони он Аюбҷон Абдуллоев ва Зафарҷон Мақсудов техникаҳои истеҳсолӣ аз ширкатҳои бонуфузи «Интермик» - Полша, «Компо» - Белорусия ва «Поликлип» - Германия ва “ULMA”- Испания оварда шудааст.

Дар ҳамин замина, корхонаи мазкур ҳамкории худро бо идораҳои Тоҷикстандарт, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва ташхисгоҳҳои дар шаҳр мавҷудбуда хуб ба роҳ мондааст. Ҳангоми қабули гӯшт, пеш аз ҳама, ба сертификати мутобиқати он диққат дода мешавад.

Масъулини ҶДММ “Кабири Хуҷанд” дар самти сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда диққати махсус зоҳир менамоянд. Зеро барои ба бозори дохиливу хориҷӣ роҳ ёфтан, пеш аз, ҳама сифати маҳсулотро беҳтар намуд. Дар ҳамин замина ҳамарӯза бо кормандон дар самти сифати маҳсулоти гӯштӣ дастурҳои махсус дода мешавад. Алҳол 24 нафар шахс бо кори доимӣ фаро гирифта шудаанд. Дар ҳолатҳои зарурӣ миқдори кормандон зиёд гардида, истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ низ зиёд мешавад.

Ғуфрон Файзиев дар идомаи суҳбат зикр намуд, ки пештар маҳсулоти истеҳсолнамуда бо номҳои русӣ ба бозор бароварда мешуд. Имрӯз бошад, ҳамаи номгузориҳо бо забони тоҷикӣ, ба монанди “Паҳлавон”, “Гап нест”, “Олӣ”, “Бомазза”, “Ошно”, “Хонагӣ”, “Хуҷандӣ” ва дар умум имрӯз истеҳсоли беш аз 80 номгӯи маҳсулот ба роҳ монда шудааст. Корхонаи мазкур дорои сехҳои қабули маҳсулоти хом, коркард, қимакунӣ, пухтупаз, борҷомакунӣ ва анбори маҳсулоти тайёр мебошад.

- Мақсади асосии мо - кормандон ин таъмини дастархони сокинон бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз, аҳли кормандони ҶДММ “Кабири Хуҷанд” баҳри хушсифат ва хушлаззат истеҳсол гардидани ҳасибу ҳасибчаҳо аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода мебаранд, - гуфт Ғ.Файзиев.

Истамҷони НАҶМИДДИН,
“Ҳақиқати Суғд”

 

 

 

 

 

Читать далее

Шиносоӣ бо ҷараёни бунёди корхонаҳои саноатӣ дар шаҳри Бӯстон

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дирӯз дар шаҳри Бӯстон бо ҷараёни бунёди корхонаҳои саноатӣ шинос гардид.

Боиси зикр аст, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳарчӣ зудтар ноил шудан ба ҳадафи чоруми стратегӣ - саноатикунонии босуръати кишвар дар вилояти Суғд тадбирҳои судманд амалӣ мешавад.

Читать далее

Шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ ва бунёди иншооти ҷашнӣ дар шаҳри Гулистон

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздиди корӣ дар шаҳри Гулистон бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ ва бунёди иншооти гуногун шинос гардид.

Боиси зикр аст, ки ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ - 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон сохтмони 200 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шуда, давоми солҳои 2018-2020 157 иншоот ба маблағи беш аз 310 миллион сомонӣ бунёд ва азнавсозӣ гардидааст.

Читать далее

Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз Неругоҳи барқи обии “Қайроққум”

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Гулистон бо фаъолияти Неругоҳи барқи обии “Қайроққум” шинос гардид.

Чуноне аснои шиносоӣ иттилоъ дода шуд, дар шаҳри Гулистон лоиҳаи «Таҷдиди Неругоҳи барқи обии “Қайроққум” амалӣ гардида истодааст. Бо татбиқи пурраи лоиҳаи “Таҷдиди Неругоҳи барқи обии Қайроққум”, ки муҳлати он 57 моҳ, яъне то соли 2023 муайян шудааст, таҷдиди таҷҳизоти асосию ёрирасони неругоҳ, дастгоҳи тақсимкунандаи 110-киловолтаи неругоҳ ва таъмиру барқарорсозии иншооти гидротехникии он амалӣ гардида, иқтидори лоиҳавии ҳар як агрегати неругоҳ аз 21 мегаватт қариб то 30 ва дар маҷмӯъ тавоноии неругоҳ аз 126 мегаватт то ба 176 мегаватт расонида мешавад.

Читать далее

Дар шаҳри Гулистон боғи истироҳатии “Темурмалик” азнавсозӣ карда мешавад

Ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ - 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон таҳти шиори «1300 – рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» корҳои ободониву бунёдкорӣ ҷараён дорад.

Дар ин замина, алҳол дар ҳудуди шаҳр корҳои сохтмонӣ, хуррамгардонӣ ва бунёдкорӣ густариш ёфта,  давоми солҳои 2018-2020 157 иншоот ба маблағи беш аз 310 миллион сомонӣ бунёд ва азнавсозӣ гардидааст.

Читать далее

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Майдони «Истиқлол» шинос шуда, дарахт шинониданд

7 январ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Майдони “Истиқлол” шинос шуда, дарахт шинониданд.

Ёдовар мешавем, ки ба корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти муҳим 10 июли соли 2020 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оғоз бахшида буданд.

Читать далее