11 January 2021

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Индонезия Ҷоко Видодо барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Индонезия муҳтарам Ҷоко Видодо барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам ҷаноби Президент,

Хабари суқути ҳавопаймои мусофирбари ширкати ҳавопаймоии Индонезия, ки боиси талафоти зиёди ҷонӣ гардид, моро сахт андуҳгин намуд.

Читать далее

ФАРЗОНАГӢ ВА САОДАТ АЗ КИТОБХОНИСТ!

Иқдомҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушди босуботи кишвари азизамон дар тамоми соҳоти кишвар боиси дастовардҳои бесобиқа мегардад.

Воқеан Сарвари давлат ба ҳалли мушкилоти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангии кишвар бо роҳҳои хеле муосиру натиҷабахш наздик мешаванд. Дар ин радиф ба хотири ҷалби шаҳрвандон ба илму дониш ва хондани китоб баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст» аз зумраи чунин ибтикороти шоистаи таҳсин аст.

Давоми ду сол шоҳиди он гаштем, ки чӣ тавр ин озмун шаҳрвандонро ҷиҳати таваҷҷуҳи бештар ба китобхонӣ ба таҳрик даровард. Муҳаббати пиру барноро ба хондани асарҳо афзун намуд. Яке аз паҳлуҳои дигаре, ки ба баргузории озмун тақвияти бештар бахшид, мустаҳкам шудани кори устоду шогирд аст. Устодон баҳри иштироки шогирдонашон дар озмунҳо масъулияти бештарро эҳсос намуда, боз хубтар бо шогирдони хеш машғул шуданд. Яъне вусъати кори устодон бо шогирдон низ баръало эҳсос шуд, ки албатта, боиси шомонист.

Яке аз чунин устодоне, ки шогирдони зиёдаш дар озмуни «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст» иштирок намуда, дар даври шаҳриву вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ғолиб омад, Абдуфаттоҳ Ҳоҷиев, дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мебошад. Ин ҷавони пӯёву кӯшо аз зумраи ҷавонони донишманду пурталошест, ки дар баробари сайқал додани донишу маҳорати худаш ба тарбияи шогирдон ҷиддӣ машғул аст.

Абдуфаттоҳ Ҳоҷиев андеша дорад, ки озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бидуни шак дар сатҳи ҷаҳон беназир аст. Ӯ таассуроти хешро аз баргузории озмун ва ғолибияти шогирдонаш чунин баён менамояд:

- Шояд озмуни китоб дар кишварҳои мухталиф баргузор гардад, аммо озмуни китобхонӣ ва китобдонӣ, ки дар меҳвари аҳдофи ин озмун қарор дорад, мешавад гуфт, ки дар дунё назир надорад. Дар кадом кишвари олам озмуни сартосарии китобхонӣ баргузор шудааст?! Агар ҳам иқдомоте сурат гирифта бошад, дар доираи маҳдуд будааст. Аммо дар кишвари мо ин озмун миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа аз кӯдакону наврасон гирифта, то пиронсолон ва одамони касбу кори гуногунро дар бар мегирад. Имрӯз дар дунё кишваре вуҷуд надорад, ки то ин ҳад шаҳрвандонашро ба китобхонӣ ҷалб созад ва озмуне дар ин сатҳ доир намояд. Азбаски худи Роҳбари давлат шахсияти нотакрор ва дорои хиради баланд ҳастанд, қадру азамати китоб ва мутолиаро ба хубӣ дарк мекунанд ва аз таъсири ин ганҷинаи маънавӣ дар пешрафту шукуфоии миллат ва парвариши руҳи ҷомеа огоҳанд. Зеро ҳарчӣ башарият андешидаву анҷом додааст, дар китобҳо ҷамъоварӣ шудааст. Китоб сутуни мустаҳками тамаддунҳост. Ҷумлае аз Суқроти ҳаким мавҷуд аст, ки гуфта: «Ҷомеа вақте фарзонагӣ ва саодат меёбад, ки мутолиа кори рӯзонааш бошад».

Бо дарназардошти ин Президенти мамлакат озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”-ро эълон карданд, то қишри зиёди ҷомеаро ба мутолиаву омӯзиш ҷалб созанд. Мутмаинам, ки дар ояндаи наздик кишварҳои дигари олам низ ин иқдоми Роҳбари давлати тоҷиконро дар кишварҳои худашон амалӣ хоҳанд кард. Дар ин шакке нест! Зеро кишварҳо ба донишманд ниёз доранд ва донишманд шудан аз тариқи мутолиаи китоб муяссар хоҳад шуд. Инсонҳо ҳарчи бештар китоб хонанд, ба ҳамон андоза аз лаззати зиндагӣ бархурдор хоҳанд шуд. Толстой мегӯяд: «Дар дунё лаззате, ки бо лаззати мутолиа баробарӣ кунад, вуҷуд надорад». Ин андеша комилан дурусту саҳеҳ аст, зеро инсон тавассути китоб чизҳоеро мебинад ва бохабар мешавад, ки лаззатбахшу руҳпарваранд. Аз ҳамин тариқ аст, ки бо гузаштаи хеш метавон пайвандӣ барқарор кард ва аз таҷрибаҳои зиндагии онҳо огоҳ гашт, ки барои тамаддунсозии имрӯзи мо хеле муҳим хоҳад буд.

Ду сол аст, ки рафти ин озмунро аз наздик мушоҳида мекунам. Воқеан, шавқу завқи мардум нисбат ба мутолиаи китоб ва ҳузури фаъолонаи онҳо аз табақаҳои мухталифи ҷомеа мояи шигифтӣ, ҳайрат ва хурсандӣ аст. Як бори дигар боварӣ ҳосил кардам, ки Тоҷикистони азизи мо сарзамини истеъдодҳои бисёр шигарф аст. Дар миёни иштирокчиёни Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» навҷавонони фавқулоддае вуҷуд доранд, ки будани онҳо барои ояндаи кишвар бисёр муфид хоҳад буд. Зеро шахсиятҳоеро дидам, ки теъдоди зиёде аз осори адабиву фарҳангии моро мутолиа ва ҳифз кардаанд. Бидуни шак, Тоҷикистони азизи мо бо вуҷуди фарзандони донишманду хирадмандаш имрӯзу ояндаи дурахшоне хоҳад дошт.

Ду сол мешавад, ки шогирдонам дар ин озмун ширкат мекунанд ва соли қабл дар номинаи адабиёти классикӣ яке аз онҳо ҷойи аввалро ишғол карда буд. Хушбахтона, имсол низ ду шогирдам дар даври ниҳоии озмун ширкат варзиданд ва ба тартиб Имориддинов Сарфарозиддин ва Ашӯров Ҷавоҳир сазовори ҷойи аввал ва дувум гардиданд. Ин пирӯзии шогирдонро, ки ҷоизаи Пешвои миллатро дарёфт намуданд, барои худ ифтихор ва шарафи бузург медонам. Зеро ин озмун аз ҳар мусобиқаву озмунҳои дигар ба куллӣ фарқ мекунад.

Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо маънавият ва донишу тафаккур дар иртибот аст ва ҳамин чизҳост, ки боиси шукуфоии миллатҳо мешавад. Китоб инсонро комил мекунад, тарбият месозад ва ба ӯ неруву тавон ва заковати истисноӣ мебахшад, ки ҳаргиз заволпазир нест.

Ҷой дорад аз ин фурсат ба Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, академик Абдуҷаббор Раҳмонзода ва Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода барои дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намудани ин маъракаи муҳими фарҳангӣ, бавеҷа даври ниҳоии он, аз номи худ ва шогирдонам изҳори сипос намоям, ки тӯли даҳ шабонарӯз заҳмат кашиданд, то ин озмун дар сатҳи матлуб доир гардад. Онҳо ҳар рӯз ба Китобхонаи миллӣ меомаданд ва аз наздик рафти озмунро назорат мекарданд ва ҳатто соатҳо Вазири маориф ва илм ба ҷавоби довталабон гӯш медоданд, ки аз ҳавсала, кордонӣ ва садоқату ишқу алоқаашон нисбат ба китобу маънавият гувоҳӣ медиҳад.

Аз ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров профессор Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибуллоҳ, ки фарҳангдӯст ҳастанд, барои дастгириҳо ва талошҳояшон дар татбиқи Амри Роҳбари давлат ҷиҳати ширкати фаъолонаи донишҷӯён ва фароҳам сохтани имконоти муносиб барои онҳо изҳори сипоси махсус менамоям.

Сурайё ҲАКИМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

САҲМ ДАР ОБОДИИ ДИЁР

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ободу зебо гардонидани диёр, тоза намудани муҳити атроф, кабудизоркунӣ ва бунёдкорӣ дар миқёси вилоят шинонидани ниҳолҳои ороишиву ҳамешасабз амалӣ гардида истодааст.

Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ва шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо низ дар партави дастуру супоришҳо таваҷҷуҳи бештарро ба ҳалли масъалаҳои муҳими экологӣ, аз ҷумла ба тоза нигоҳ доштани маҳалли зист ва кабудизоркунӣ, баланд бардоштани ҳисси зебоипарастӣ ва маърифати экологии аҳолӣ равона менамоянд.

Кормандони раёсат имрӯзҳо барои зебо гардонидани маркази вилоят - шаҳри Хуҷанд дар ду тарафи роҳи кӯчаи Исмоили Сомонии маркази шаҳр 70 бех ниҳоли дарахти ороишии каштан шинонданд, ки он дар ояндаи наздик ба шаҳр шукӯҳу шаҳомати хоса мебахшад.

Бояд гуфт, ки каштан яке аз дарахтони маъмултарини кишварҳои Аврупо, Осиё ва Амрикои Шимолӣ буда, дар фазои гарми субтропикӣ парвариш мешавад. Дарозии он то 30 метр мерасад, баргҳои калонаш дар шакли контурӣ мудаввар мешавад. Дарахти каштан дорои моддаҳои фаъоли биологӣ, флавоноидҳо, инчунин пектинҳо, равғанҳо, крахмал, таннин мебошад. Дар пӯсти тана ва шохаҳо гликозидҳо, танинҳо ва равғанҳо мавҷуданд.

Каштанро барои табобати инфузияҳо, ҷӯшишҳо, тентураҳои спиртӣ истифода менамоянд, Он ҳамчунин барои гипертония, атеросклероз, бемориҳои дил ва рагҳо, барои табобат ва пешгирии тромбоз ва эмболия истифода мешавад.

Тибқи иттилои Азиз Дӯсматов, - сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашни таърихӣ дар давоми соли 2020 дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр дарахтони ороишӣ шинонида шуданд. Аз ҷумла 200 бех ар-ар (можжевелник), 200 бех каштан, 40 бех палмаи амрикоӣ, 20 бех гули дроги испанӣ ва 10 бех юка шинонида шуд.

Ҳамчунин, дар соли 2021 панҷоҳ бех ниҳоли киопризи аризона дар хиёбонҳои шаҳри Хуҷанд шинонида мешавад.

Ғайр аз он, боз 1000 бех ниҳоли ҳамешасабзи санавбар дар дигар кӯчаҳои маркази вилоят ва шаҳри Гулистон бо ташаббуси идораи ҳифзи муҳити зист шинонида шуд.

Дар давоми соли 2020 ҷиҳати беҳтар намудани ҳолати экологии марказҳои шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоати шаҳраку деҳот аз тарафи мақомоти ҳифзи муҳити зист дар маҷмӯъ 9 ҳазор ниҳоли ҳамешасабз ва ороишию сояафкан, 470 ҳазор бех гули мавсимӣ ва садбарг

харидорӣ ва шинонида шуд.

Масъулини Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ва шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати боз ҳам зебову назаррабо намудани ҳар гӯшаи диёр ҷаҳд намуда, барои сарсабз намудани меҳан ва дар маҷмӯъ барои муҳайё сохтани шароити арзанда ба шаҳрвандон аз тамоми имкониятҳо истифода менамоянд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

ИСТАРАВШАН: ЗАҲМАТУ ТАЛОШ БАҲРИ ШУКУФОИИ ВАТАНИ МАҲБУБ

Имрӯзҳо дар ҳама шаҳру ноҳияҳои вилоят бахшида ба истиқболи ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагиву бунёдкорӣ бомаром ҷараён доранд. Дар ин раванд бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан нақшаи чорабиниҳо тартиб дода шуда, аз рӯи он корҳо хуб идома доранд. Тибқи нақша, ки аз 450 банд иборат аст, корҳои сохтмонӣ дар аксарияти ин иншоот ба анҷом расида, мавриди истифода қарор дода шуда, дар боқимондаи он корҳои созандагӣ идома доранд.

Бино ба иттилои масъулини шаҳр дар давраи солҳои 2018-2020 беш аз 300 иншоот аз қабили марказҳои хизматрасонии сартарошхона, кошонаи ҳусн, мағозаҳо ва дигар иншооти таъиноташон гуногун бо ҷалби соҳибкорону шахсони саховатпеша мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Лозим ба ёдоварист, ки соли 2019 дар ҳудуди шаҳр бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ ва дигар манбаъҳои маблағгузорӣ азнавсозӣ, сохта ба истифода супоридани 155 иншооти гуногун роҳандозӣ гардид. Аз ҷумла, толор ва майдончаҳои варзишӣ, ба истифода додани 10 синфхонаи иловагӣ дар Ҷамоати деҳоти Ҷавкандак, нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ бо маркази хизматрасонӣ, тӯйхона, бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти Чорбоғ, мумфаршкунии роҳҳои деҳаҳо ва гузарҳо маҳсуб меёбанд.

Бояд тазаккур дод, ки аз нишондоди дар боло зикргардида соли гузашта дар Ҷамоати деҳоти Чорбоғ сохта ба истифода додани марказҳои хизматрасонӣ, синфхонаҳои иловагӣ ва дигар иншооти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи ба нақша гирифташуда дари худро ба рӯи сокинон боз намуд.

Бино ба иттилои раиси Ҷамоати деҳоти Чорбоғ Ойбек Шарифов, корҳои ободониву созандагӣ дар ҷамоат дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, барои хушу хотирмон истиқбол гирифтани ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда истифода бурда истодаанд. - Соли гузашта бо дастгирии соҳибкорон ва аҳолии деҳа таъмири ҷории роҳи кӯчаҳои марказии деҳаи Файзи Истиқлол, кофтани чоҳҳои амудӣ, бо оби полезӣ таъмин намудани Хоҷагии деҳқонии «Зилола - 1» ва «Ото - Норбой», сохтани шаш синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21 - уми деҳаи Чорбоғ, се синфхонаи иловагӣ ва як китобхонаи замонавӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №61 – ум дар деҳаи Файзи Истиқлол барои хонандагон ба истифода дода шуд, - гуфт мавсуф.

Ҳамчунин, давоми ду соли охир сохтмони бинои нави маъмурии Ҷамоати деҳоти Чорбоғ аз тарафи соҳибкорон, пули мошингузар дар назди бинои ҷамоат, ҷудо намудани ҳуҷраи иловагӣ барои хатнаи кӯдакон дар маркази саломатии деҳа, азнавсозии шуъбаи бачагонаи беморхонаи минтақавии №2 - юми деҳа ва таъсиси як корхонаи хурди истеҳсоли маҳсулоти ширӣ ва бо муҳайё намудани даҳ ҷойи кори доимӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Бино ба иттилои масъулин давоми соли гузашта дар ҳудуди шаҳр иҷрои 90 банди нақшаи тасдиқгардида роҳандозӣ шуда, беш аз 300 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд. Бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ сохта ба истифода додани 13 иншооти тандурустӣ, сохтмон ва таъмири куллии ду муассисаи мактабӣ, ҳафт маркази савдо ва хизматрасонӣ, даҳ корхонаи истеҳсолии хурд ва се толору майдончаи варзишӣ мавриди истифодаи умум қарор гирифт.

Айни ҳол дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳри Истаравшан давоми сол наздик 84 адад иншооти таъиноташон гуногун ба нақша гирифта, шуда, алҳол дар аксарияти онҳо корҳои сохтмонӣ бомаром ҷараён доранд. Сокинони ободкору ҳунарманди шаҳри бостонӣ ба хотири пешрафту шукуфоии меҳани азизи худ ва ба муносибати истиқболи ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ кӯшиш намуда, диёри худро ободу назаррабо менамоянд. Шукрона аз соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ, бо ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намуда, тамоми кӯшишу ғайрати худро баҳри татбиқи саривақтиву босифати нақшаҳо ва сазовор истиқбол намудани ҷашни бузурги миллӣ равона месозанд.

Истамҷони НАҶМИДДИН,

“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

ТАШВИҚОТУ ТАРҒИБОТ - РОҲИ ПЕШГИРӢ АЗ COVID-19

Масъалаи сироятёбӣ ва пешгирӣ аз сирояти нави COVID – 19 ҷаҳониёнро то ҳол ором гузошта наметавонад. Дар ин замина дар ҷаҳон садҳо муассисаҳои табобатӣ ва ташхисгоҳҳои муосир бунёд гардидаанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ лоиҳаи сохтмони беморхонаҳои нави сироятӣ ба нақша гирифта шудааст. Алҳол дар вилоят се Беморхонаи сироятӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Панҷакент ва Истаравшан мавҷуд буда, дар дигар шаҳру навоҳӣ шуъбаҳои сироятӣ амал мекунанд. Боиси таъкид аст, ки саҳми кормандони соҳаи тиб дар самти пешгирӣ ва табобати беморон аз COVID-19 назаррас мебошад.

- Имрӯз ба аҳолии вилоят дар самти пешгирӣ ва роҳҳои сироятёбии вируси нави коронавирус нақши Маркази вилоятии ташаккули тарзи ҳаёти солим калон аст. Кормандони марказ аз рӯзи аввалини пайдо шудани нишонаҳои сироятёбӣ дар ҷойҳои сераҳолӣ, алалхусус, дар бозору мағоза, муассисаҳои таълимиву донишгоҳҳои олӣ ва коллеҷу муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ бобати пешгирии бемории сироятии корнавирус ва роҳҳои сироятёбӣ корҳои ташвиқотию тарғиботиро ба роҳ мондаанд, - гуфт муовини сардори Раёсати тандурустии вилоят Маъруф Ҳоҷибоев.

Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар маҳалҳо якҷоя бо Раёсати маориф, ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, фарҳанг, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ҳифзи муҳити зист, уламои дин ҳамкорӣ намуда, оид ба пешгирии сироятёбӣ ба вируси нави коронавирусро байни аҳолӣ, хусусан ноболиғон, муҳассилини донишкадаҳо, муассисаҳои таҳсилоти мактабиву томактабӣ, сокинони маҳаллаҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ташкилоти гуногун корбариро ҷоннок кардаанд.

- Баҳри пешгирии сироятёбии сокинон аз бемории коронавирус аз тарафи муассисаҳои табобатии вилоят пайваста дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, яъне кӯчаву хиёбонҳо, бозору мағозаҳои хӯрокворӣ, дохили нақлиёти мусофиркашонӣ, истгоҳҳо, боғу гулгаштҳои Камоли Хуҷандӣ, Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, Наврӯзгоҳ, тарабхонаву ошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн ва ташкилоту корхонаҳо постерҳои пешгирикунанда насб шуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда истодаанд, - иброз дошт корманди марказ Гулчеҳра Бобоҷонова.

Ҳамчунин, ӯ қайд кард, ки риояи қоидаҳои гигиению санитарӣ, ҳангоми сӯҳбат бо дигар шахсон риоя намудани фосила на кам аз 1,5 метр, ҳатман пушидани ниқоб, аз ду - се нафар зиёд ҷамъ наомадан, худмуолиҷа накардан, сари вақт муроҷиат намудан, ба табибони оилавӣ суҳбату мулоқот ба аҳолӣ гузаронида, маводи иттилоотӣ ва ниқобҳои бисёркарата тақсим шуд. марказ усули гардиши хона ба хонаро низ ба роҳ монд. Боиси қайд аст, ки Марказ дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон 20 нафар худихтиёрро аз 18 шаҳру ноҳияҳои вилоят барои гузаронидани чорабиниҳои ташвиқотию тарғиботӣ баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ барои пешгирии бемории коронавирус омӯзонидаанд. Иттилоъ дода шуд, ки аз оғози паҳншавии бемории коронавирус кормандони марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим, марказҳои саломатӣ якҷоя бо намояндагони шуъбаи маорифи шаҳру ноҳияҳо корҳои ташвиқотӣ - тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳиро оид ба пешгирӣ ва риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ ба роҳ мондаанд.

 Аз ҷониби марказ ба аҳолии вилоят маводи иттилоотӣ, фиттаҳо оид ба пешгирии бемории сироятиву ғайрисироятӣ ва 6000 ниқоби истифодаашон яккарата тақсим шуданд. Боиси таассуф аст, ки рӯзҳои охир риояи масофаи байниҳамдигарӣ ва истифода аз маҳлулҳои антисептикиву ниқобҳои муҳифизатӣ байни аҳолӣ кам ба назар мерасад.

Сокинон бар он ақидаанд, ки шумораи гирифторшавӣ ба вирус кам шудаасту зарурати истифода аз ниқобҳои муҳофизатӣ намондааст. Бархе аз донишҷӯёну хонандагони мактабҳои таҳсилотӣ ва дигар нафароне, ки ҳамарӯза байни аҳолӣ ҳастанд, алалхусус дар дохили нақлиёти ҷамъиятии мусофиркашонӣ бе истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ мегарданд. Ин амали онҳо боиси нигаронии атрофиён аст. Дар ин бобат Маъруф Ҳоҷибоев гуфт, ки ҳарчанд нисбат ба моҳҳои пешин сироятёбӣ аз коронавирус кам ба қайд гирифта шуда бошад ҳам, вале набояд дар мавриди риояи қоидаҳои муҳофизатӣ сарфи назар кард.

- Пӯшидани ниқоб, алалхусус онҳое, ки бемории роҳи нафас доранд, барои сироят нагардонидани атрофиён ҳатмӣ аст. Нигоҳ доштани фосилаи иҷтимоӣ барои гигиенаи шахсӣ мувофиқи мақсад мебошад. Ҳарчанд шумораи сироятёфтагон як андоза кам шуда бошад ҳам, набояд дар ҷойҳои сераҳолӣ, нақлиёти мусофиркашонӣ ва дохили мағозаву дигар муассисаҳо бе ниқоби муҳофизатӣ ворид шаванд, - гуфт Маъруф Ҳоҷибоев.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее