January 2021

31 January 2021

Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Иди Сада

Сокинони шарафманди вилоят Иди миллии Садаро дар рӯзҳое таҷлил менамоянд, ки тамоми мардуми сарбаланди кишвари азизамон таҳти таасуроти амиқи суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ироаи Паёми солонаашон вобаста ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ баён доштанд, қарор доранд.

Ба ин муносибат кулли сокинони вилоятро бо фарорасии ин ҷашни фархундаи бостонӣ сидқан табрику муборакбод гуфта, барояшон сиҳату саломатӣ, дастархони обод, хотири ҷамъ ва бахту саодати бардавом орзу менамоям.

Читать далее

29 January 2021

Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни бунёдкориҳо дар шаҳри Панҷакент

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба шаҳри Панҷакент рӯзи 28 январ бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ шинос гардид.

Нахуст роҳбари вилоят аз мавзеи бунёди муҷассамаи «Рамзи китоб» боздид кард. Тавре зимни муаррифии лоиҳаи иншоот иттилоъ дода шуд, «Рамзи китоб» бо баландии 14 метр дар маркази шаҳри Панҷакент қомат хоҳад афрохт. Ҳалқаи давраи поёнии деворпоя — 20 метр, ҳалқаи поёнӣ — 5,5 метр ва давраи болоӣ — 4 метрро ташкил медиҳад. Он аз 5 сутунпоя — ишора ба номи қадимии Панҷакент, яъне шумораи «панҷ» ва «кат» аз забони суғдӣ – деҳа иборат мебошад.

Читать далее

Раиси вилоят сокинони шаҳри Панҷакентро, ки бар асари таркиши балони гази моеъ ҷароҳат бардошта буданд, аёдат кард

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода сокинони шаҳри Панҷакентро, ки бар асари таркиши балони гази моеъ ҷароҳат бардошта буданд, аёдат намуд.

Боиси зикр аст, ки рӯзи 25 январи соли равон дар чойхонаи «Самарқанд», воқеъ дар шаҳри Панҷакент, хиёбони Рӯдакӣ-157 бинобар риоя нагардидани қоидаҳои бехатарӣ таркиши балони гази моеъ ба амал омад, ки дар натиҷа 23 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд.

Читать далее

Паём - роҳнамои фаъолият

Санаи 26 - уми январи соли 2021 Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид, ки онро кормандони соҳаи тиб, аз ҷумла устодону донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд, роҳбарият ва кормандони Беморхонаи ҷумҳуриявии физиотерапевтии ба номи А.Нурматов ва Маркази саратоншиносии вилояти Суғд муташаккилона тавассути шабакаҳои телевизиони давлатӣ мустақиман тамошо карданд.

Паёми Пешвои миллат роҳи минбаъдаи кишвари моро ба сӯи фардо муайян намуд, назди ҳар як фарди солимфикр, шахси ватандӯсту меҳанпарвар вазифаю масъулияти навинро вогузор намуд.

Пешвои миллат доири ҳар як бахши фаъолият, чӣ иқтисодиёту сиёсат, фарҳангу тандурустӣ, қонунгузорию мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маълумоти муфассал дода, соҳаҳои мазкурро ба таври возеҳу равшан таҳлил намуданд. Аз ҷумла Пешвои муаззами миллат соҳаи тандурустиро яке аз бахшҳои муҳим арзёбӣ намуда, солимии ҷомеаро ба фаъолияти  босамари ин бахш марбут донистанд. Чуноне ки Сардори давлат иттилоъ доданд, имрӯз дар ҷумҳурӣ 1300 иншоот - муассисаҳои тиббӣ фаъолият менамояд. Танҳо давоми соли гузашта 108 иншооти тиббӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Махсусан Роҳбари давлат аз хизмати кормандони соҳаи тиб ҳангоми мубориза алайҳи бемории коронавируси «КОВИД-19» изҳори қаноатмандӣ намуда, зикр доштанд, ки хизмати табибон,  бахусус бонувон дар ин марҳала қаҳрамонӣ буд. Чунки онҳо натарсида, дар кори табобати маризони коронавирус саҳми арзандаи худро гузоштанд. Чун мардони ватандӯсту инсонпарвар лоиқи ҳама гуна таърифу тавсиф ва қадрдонӣ мебошанд.

Кормандои соҳаи тиб аз ин суханон рӯҳбаланд гардида, изҳор доштанд, ки минбаъд низ фаъолияти худро мувофиқи дастуру нишондодҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда, тамоми ҷидду ҷаҳди худро ба он равона хоҳанд кард, ки нуктаҳои дар Паём зикргардида дар ҳаёт амалӣ гарданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат дар паёмашон зикр намуданд, ки хушбахтона, дар ҷумҳурии мо бемории «Ковид-19»  аз байн рафтааст, вале баробари ин ҳушдор доданд, ки аз ин набояд фориғбол гардему нисбат ба саломатии худу атрофиён бепарво бошем. Дар ин раванд Пешвои миллат таъкид ба амал оварданд, ки  эҳтиёткориро дучанд намуда, ба қоидаҳои тозагию санитарӣ, маслиҳату тавсияҳои табибону мутахассисон риоя намоем, ҳаёти худу дигаронро дар хатар нагузорем.

Кормандони соҳаи тиб минбаъд низ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки вохӯрию суҳбатҳоро дар байни аҳолӣ бештар намуда, оид ба ҳифзи сиҳатии омма маслиҳату тавсияҳои зарурӣ дода, ҳар гуна брашюра ва буклетҳои вобаста ба пешгирии бемории коронавирусро дастрас гардонанд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,

«ҳақиқати Суғд»

Читать далее

28 January 2021

Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

27 январ дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори маҷлис роҳбарият ва аъзои Ҳукумати кишвар, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он, роҳбарони мақомоти марказии давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумат, корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, бонкҳои давлатӣ ва саҳҳомӣ, рӯзномаю маҷаллаҳои расмӣ ва дигар шахсони масъул иштирок карданд.

Читать далее

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ҒАМХОРИ ТАБИБОН

Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба Маҷлиси Олии кишвар ироа гардид, мо, кормандони соҳаи тандурустиро рӯҳбаланд намуд. Зеро таваҷҷуҳи Президенти кишвар нисбат ба соҳаи мазкур зиёд буда, дастгириву ғамхориҳои ҳамаҷонибаашон ҳамасола баръало эҳсос мегардад. Пешвои миллат зимни ироаи Паёми худ қайд намуданд, ки бо дарназардошти он, ки тандурустӣ яке аз соҳаҳои муҳимтарини иҷтимоӣ мебошад, Ҳукумати Тоҷикистон дар даврони истиқлол маблағгузории соҳаи тандурустиро ҳамасола зиёд карда, ба 2,1 миллиард сомонӣ расонидааст.

Бунёди муассисаҳои тиббии замонавӣ далели он аст, ки ҳамасола дастгириҳои давлату Ҳукумат аён мебошад. Аз ин рӯз дар Паём зикр гардид, ки дар ин давра зиёда аз 1300 муассисаи нави тиббӣ бунёд гардида, қариб 25 ҳазор кадрҳои дорои маълумоти олӣ ва 147 ҳазор нафар кормандони миёнаи тиббӣ тайёр карда шудаанд.

Пешвои миллат дар Паёми худ аз корнамоиҳои табибон, ки дар давраи вазнин фаъолият доштанд, ёдовар шуда, зикр намуданд, ки ба ҳамаи кормандони соҳаи тандурустӣ, махсусан, ба табибон ва ҳамшираҳои шафқат, ки дар шабу рӯзҳои авҷи бемории сироятии коронавирус ба савганди касбии худ содиқ монда, барои табобати мардуми Тоҷикистон софдилона заҳмат кашиданд ва ҷони ҳазорон нафар ҳамватанонамонро аз марг наҷот доданд, сипосу миннатдории самимии худро баён менамоям.

Ин нукта мо кормандони соҳаи тибро рӯҳбаланд гардонид ва барои дар оянда фаъолияти худро хубтару беҳтар намудан кӯшиш менамоем, то ба боварии Пешвои миллат сазовар бошем.

Ҳамчунин, Пешвои миллат қайд намудан, ки мо имрӯз шукрона мекунем, ки аз оғози моҳи январ дар кишварамон бемории сироятии КОВИД – 19 ба қайд гирифта нашудааст. Лекин ин чунин маънӣ надорад, ки мо ба саломатии худ ва атрофиёнамон бепарвоӣ зоҳир намоем, балки чун пештара бояд ҳушёр бошем, ба қоидаҳои беҳдоштӣ эътибори ҷиддӣ диҳем ва ҳамдигарро эҳтиёт кунем.

Дар ҳақиқат моро лозим аст, ки ба саломатии худ аҳамият диҳем ва то ба пуррагӣ нест шудани бемории сироятии коронавирус аз ниқобҳои тиббӣ ва маҳлулҳои антисептикӣ истифода барем.

Пайрав Ҳасанзода,
духтури Маркази вилоятии солимгардонии
бемориҳои дилу шараёни вилояти Суғд

Читать далее

ҶАЛБИ НАВРАСОН ДАР ИЛМҲОИ РИЁЗИВУ ДАҚИҚ ВА ТАБИӢ

Дар Паёми навбатии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаҳои илму маориф ва тандурустиро дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат қарор доданд.

Бо мақсади боз ҳам беҳтар кардани сифати таълим дар Паёми соли гузаштаи Президент ба Маҷлиси Олӣ солҳои 2020 – 2040 «Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардида буд ва ҷиҳати татбиқи ин ташаббус аз ҷониби Ҳукумати мамлакат нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020 – 2025 қабул шуд.

Ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону чавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор хоҳад шуд. Озмунҳои қаблӣ, аз ҷумла «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» як нуктаи бисёр муҳимро собит намуданд: дар байни наврасону ҷавонони мо истеъдодҳои нодир ба воя расида истодаанд, ки мо бояд онҳоро ҳамаҷониба дастгириву ҳавасманд гардонем.

Умедворем, ки дар озмуни навбатӣ истеъдодҳои наврасу ҷавон донишу маҳорати хешро санҷида, дар оянда барои пешрафти илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ нақши арзишманд мегузоранд. Бинобар ин, зарур аст, ки ташкил ва баргузории ин чорабинӣ дар сатҳи бисёр баланд ба роҳ монда, маблағи барои ҷоизаҳо пешбинигардида зиёд шавад.

Ҳадафи асосии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ин ташаббусҳо баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад.

Ҷавонон ҳамчун нерӯи созандаю бунёдкор дар пешрафти ҷомеаи мамлакат нақши босазо доранд. Тарбияи дурусти онҳо, ки ворисони ояндаи давлатанд, аз вазифаҳои умда ва муҳим маҳсуб мешавад.

Ҷавононе, ки воқеан мамлакати худро дӯст медоранд ва ободиву тараққиёти онро мехоҳанд, бояд аз дастовардҳои илму техникаи муосир, аз таҷрибаи ҷаҳонии пешбурди иқтисодиёт воқиф бошанд ва бо ташаббускории худ ба манфиати давлату миллати хеш кӯшишу талош намоянд. Дар ин робита, тарбияи ватандӯстӣ рукни асосии сиёсати давлатии ҷавонон мебошад. Давлат ва ҳукумати ҷомеаи имрӯз корҳои зиёдеро баҳри баланд бардоштани сатҳи сифати дониши ҷавонон ба анҷом мерасонанд.

Нерӯи созанда дар он ҳолат зоҳир мешавад, ки ҷавонон ахлоқу тарбияи намуна дошта бошанд ва доимо дар пайи ҷустуҷӯйи илм буда, дониши худро пурра созанд. Пешрафти ҳама соҳаҳои ҷамъият ба ҷавонони хушахлоқу соҳибмаърифат алоқаманд буда, ҳар қадар ҷавонони мо ҳисси ватандӯстии бештар дошта бошанд, ҳамон қадар кишвари мо рӯ ба пешравӣ хоҳад овард. 

ҚАҲОРОВА САНОАТ,
мураббияи кӯдакистони Президентии вилояти Суғд

Читать далее

1–УМИ СЕНТЯБРИ СОЛИ 2021 СТИПЕНДИЯ БА АНДОЗАИ 30 ФОИЗ ЗИЁД МЕГАРДАД

Бо дастгирии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҷавонони донишманд дастгирӣ ёфта, бо ҷойҳои кории хуб таъмин шуда истодаанд, ки ин ҳам ба пешравии ҷавонон мусоидат мекунад. Чунончи дар Паёми навбатии хеш Роҳбари давлат таъкид доштанд, ки аз ҷониби роҳбарони Вазорати маориф ва илм, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар масъалаи қабули довталабон ва тарбияи кадрҳо, пеш аз ҳама, ба сифат эътибори аввалиндараҷа дода шавад.

Вазорати маориф ва илм, ҳамчунин, вазифадор карда шуданд, ки дар тамоми зинаҳои таҳсилот – аз муассисаҳои томактабӣ сар карда, то гимназияву литсейҳо ва зинаҳои дигари таҳсилот ба таври ҳатмӣ омӯхтани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ ва технологияҳои иттилоотиро ташкил карда, назорати қатъии сифати таълимро дар ин самт ба роҳ монад. Таҳсили ҷавонон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии кишварҳои хориҷӣ яке аз ибтикороти муҳимми Ҳукумати мамлакат дар самти рушди илму маориф маҳсуб меёбад.

Мо бояд тавассути стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон», барномаҳои байналмилалӣ ва дигар имконоти мавҷуда таҳсили ҷавонони боистеъдодро дар хориҷи мамлакат вусъат бахшем.

 Бо мақсади дастгирии давлатӣ ва тақвияти вазъи иҷтимоии донишҷӯёну магистрҳо ва аспиранту докторантҳо пешниҳод гардид, ки аз 1–уми сентябри соли 2021 стипендияи онҳо ба андозаи 30 фоиз зиёд карда шавад.

Ба Вазорати маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо ва Вазорати рушди иқтисод ва савдо супориш дода шуд, ки ҷиҳати ҳарчи бештар ба хориҷи кишвар фиристодани ҷавонони боистеъдоду лаёқатманд аз рӯи равияи илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ «Барномаи тайёр кардани кадрҳои ҷавони илмӣ барои солҳои 2021 – 2030»–ро таҳия карда, дар муддати се моҳ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

Баҳри баланд бардоштани сифати таълиму тарбия моро зарур аст,  дар тамоми зинаҳои таҳсилот, ба сифати он диққат дода, мутахассисони ҷавобгӯи талаботи замони муосирро тарбия намоем.  Аз ин хотир мо, омӯзгорон бояд тамоми кӯшишу ғайрат ва донишу маҳоратамонро баҳри он сафарбар намоем, ки ҳамеша сазовори чунин эҳтирому боварӣ бошем. Ҷавобан ба арҷгузориҳои Роҳбари давлат нисбат ба меҳнати омӯзгор мо  мутахассисони соҳаи маориф боз ҳам масъулияти ҷиддӣ эҳсос намуда, кӯшиш намоем, ки дар раванди таълиму тарбияи насли ватандӯсту меҳнатқарин ва маърифатнок саҳмгузор бошем.

 Зебо Воҳидова,
омӯзгори кафедраи технологияҳои иттилоотию
комуникатсионӣ ва барномарезии донишгоҳи ДДҲБСТ

Читать далее

Ошкоркунандаи фаъолияти наҳзат

Бо вуҷуди вазъи мӯътадили иҷтимоию сиёсӣ дар ҷомеаи мо Муҳиддин Кабирӣ ва дастпарварони ӯ Салимпур, Муҳаммадиқболи Садриддин ва Шарофиддин Гадоев мехоханд дар ҷомеа тафриқаандоӣ ба амал оранд. Онҳо-як гурӯҳи сиёҳкору тӯҳматчӣ дар муроҷиатҳои видеоӣ ва мақолаҳои худ дар хаққи кишвари худ тӯхмат мекунанд. Ҳамагон хуб медонанд, ки  фаъолияти Хукумати кишвар ба манфиати мардум равона гардидааст. Имрӯз албатта, дар баробари муваффақиятҳои бадастомада мушкилотҳои мавҷуда низ тадриҷан аз байн рафта, сокинони Тоҷикистон боз ҳам муттаҳидтар гашта, барои шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол фидокоронаю аз сидқи дил заҳмат мекашанд.

Бо итминони комил гуфтан мумкин аст, ки мардуми Тоҷикистон  барои расидан ба ормонҳои миллат сулҳу субот ва амнияту гулгулшукуфии Ватани маҳбубамон  – Тоҷикистон мунтазам саъю кӯшиш доранд.

Ин ба ном “таҳлилгари сиёсӣ» боз як иҷрокунандаи фармоиши ТТЭ ҲНИ ва “марди майдон” мебошад, ки дар хориҷи кишвар аз дур тӯҳматҳои бофтаи худро паҳн мекунад.

Мо халқи бонангу номус намегузорем, ки тамоми дастовардҳои худро, ки тули Истиқлолияти кишварамон ба даст овардем, ба осонӣ аз даст диҳем.

Азимова Н.С.,
устоди ДДҲБСТ

Читать далее

МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ АМАЛИ ДАСТАҶАМЪОНА

Ҳар яки мо бояд дар байни дигар давлатҳо  чунон фаъолият намоем, ки дар зиндагонӣ ва давлатдории миллии тоҷикон миллати мо зери парчами миллӣ ҷамъ омада, ба қадри истиқлолият, арзишҳои миллӣ бирасем ва ватани азизамонро обод кунем.

Тоҷикистон он кишваре аст, ки қуллаҳои осмонбӯси куҳистон дорад ва обҳои мусаффо, дорои табиати нодир, меваҳои шаҳдбор. Ба дидори ин мулки зебо садҳо ҳазор сайёҳони хориҷӣ муштоқ ҳастанд. Мардуми ориёнаҷоди ин мамлакати биҳиштосо ба меҳмоннавозӣ ва лутфу меҳрубонӣ аз қуллаҳои баланди осмонбӯси кӯҳистон ибрат гирифтаанд.

Имрӯз ҳар як фарди тоҷик бояд аз корҳои номатлуб худдорӣ намояд,  афсус дар Тоҷикистони азизамон бархе аз ҷавонони мо фирефтаи  гурӯххои ифротгаро шудаанд. Вақте ки дар бораи онҳо маълумот гирифта мешавад, маълум  мешавад,  ки худи онҳо ва волидайни  онҳо  бе маълумот  мебошанд.   Ба фикри ман имрӯз падару модарон бояд фарзандони худро аз синни ҷавони хуб тарбия намуда,  барои донишомӯзии онҳо ягон чизро дареғ накунанд, то ки онҳо дар оянда  баъди хатми мактаби миёна дар  донишгоҳҳо   таҳсил намуда, барои  ояндаи оилаи худ ва Ватани азизамон саҳми худро гузоранд, ки ин вазифаи ҳар  як фарди тоҷик мебошад. Ҳамаи он корҳои номатлубе, ки рух дода истодааст,   ин аз сабаби дониши хуб надоштани онҳо  аст. Тарбияи солими фарзанд ва такмили дониши сиёсии ӯ на танҳо рисолати омӯзгор, балки падару модар, бобою бибӣ ва дигар пайвандон аст. Ба фарзанди худ таълиму тарбияи нек дода, оянда чун боғи падар самари нек гирифтан бешубҳа вазифаии ҷонии пайвандону наздикон аст.  Шахсе, ки ба  Модар ва Ватани хеш  амалҳои ноҷавонмардонаро раво мебинад.  фардо дар назди миллату халқ ҳатман ҷавоб хоҳад дод. Бешубҳа гуфтан мумкин аст, ки имрӯз бисёри аз чунин шахсон аз амали худ пушаймонанд.

Мақсади чунин гурӯҳҳо ва ташкилотҳои террористӣ аз он иборат аст, ки сулху суботи кишварро ноором карда, мақсади нопоки худро амалӣ намоянд.

Фаъолияти ТТЭ ҲНИ бешубҳа аз ҷониби хоҷагони хориҷиашон ба роҳ монда шудаст. Чунин шахсон фикр мекунанд, то охир ба мақсадҳои ғаразноки худ мерасанд. Албатта, хатои бузург хоҳанд кард.

Сабаби асосии ба ин гурӯҳҳо пайвастани ҷавонон ба ақидаи таҳлилгарон пеш аз ҳама дар он аст, ки ҷавонон зиракии сиёсиро аз даст дода, ба зудӣ фирефтаи ваъдаҳои бардурӯғи ин гурӯҳҳо мешаванд.

Омили дигаре, ки ба мафкураи ҷавонони имрӯза таъсири манфӣ мерасонад, ин наворҳои таблиғотиест, ки тавассути расонаҳои гуногун ва шабакаи интернет  паҳн карда мешаванд.

Мо имрӯз суханҳое, ки ин нафарони берун аз кишвар нишаста, чун тарсуҳо мегӯянд,  маҳкум намуда, бар алайҳи чунин нафарон то ҷон дар бадан дорем, баҳри пешрафт ва гул – гул шукуфоии ватани азизи хеш саҳм хоҳем гузошт. Намегузорем, пои нохалафе марзу буми кишвари моро убур намуда, амну суботи кишвари моро халал ворид намояд. Ояндае, ки мо хоҳем сохт, он пеш аз ҳама амну сулҳу субот аст. Мо фарзандони содиқу бовафои ин Ватан   имкони таъмини ҳамаи ин арзишҳоро дорем. Шаҳрвандони кишвар, омӯзгорон, мураббиён ва дигар зиёиёну фаъолони ҷомеаро зарур аст, ки бо дарки доштани масъулияти баланди ватандорӣ истиқлолияти Ватани худро аз ҳама хатару фишорҳо эмин нигоҳ доранд ва бо шиору гуфтор, ситоишу парастиш, бо меҳнати софдилона ва бо дарки садоқат ҳисси ватандустӣ ва худшиносии мардумро бедор созанд. Махсусан нагузоранд, ҷавонон фирефтаи ташвиқоту тарғиботи амалҳои бегона гарданд.

Силмонова С. И.
омӯзгори кафедраи забони
давлатӣ ва забонҳои хориҷии ДКМТ

Читать далее