02 February 2021

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон хатти нави коркарди пиёз дар ҶДММ «Хуҷанд-Агро»-ро ифтитоҳ карданд

2 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии шимолу шарқии шаҳри Хуҷанд ба фаъолияти хати нави технологии коркарди пиёз дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Хуҷанд — Агро” оғоз бахшиданд.

Самти асосии фаъолияти ҷамъият- ин коркард ва банду басти меваю сабзавот ва хушконидани он буда, васлу насби боз як хатти нави иловагии қабулу коркард ва хушконидани пиёз натиҷаи амалисозии дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкорон оид ба воридсозии таҷҳизоти пешрафта ва тавассути он васеъ намудани доираи истеҳсолӣ, зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти коркардшаванда аст.

Читать далее

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ба фаъолияти корхонаи нави истеҳсоли маҳсулоти ордӣ ва коркарди нон оғоз бахшиданд

Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии шимолу шарқӣ ба фаъолияти корхонаи нави истеҳсоли маҳсулоти ордӣ ва коркарди нон оғоз бахшиданд.

Корхонаи нави истеҳсолӣ дар заминаи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат аз тарафи соҳибкори ватанӣ Ҷумъабой Абдулҳакимов бунёд гардидааст.

Читать далее

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд коргоҳҳои нави истеҳсоли равғани зард ва гӯшти парандаро ифтитоҳ намуданд

2 феврали соли 2021 сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд аз шаҳри Хуҷанд оғоз гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии шимолу шарқии шаҳри Хуҷанд ба фаъолияти корхонаи нави истеҳсоли маргарин ва равғани зарди Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Субҳи заррин” ва коргоҳи замонавии истеҳсоли гӯшти парандаи Фабрикаи мурғпарварии “Назар”, ки ҳарду ҳам аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Каромат Назарова бо харҷи зиёда аз 5 миллион сомонӣ бунёд карда шудааст, оғози расмӣ бахшиданд.

Читать далее

Сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд оғоз гардид

2 феврали соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар иди Садаи ниёгон, таъсиси боғҳои нав, мулоқоту суҳбат бо сокинони вилоят, ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ ба ифтихори иди бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода истиқбол гирифтанд.

Читать далее

Иштироки Раиси вилоят дар маъракаи ниҳолшиноӣ ва бунёди боғи интенсивӣ

Бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати истифодаи самараноки замин дар заминҳои ҳудуди Маркази вилоятии солимгардонии бемориҳои шараёну дил боғҳои интенсивӣ бунёд гардида истодааст.

Роҳбарияти марказ ба ободониву сабзгардонии муҳити атроф ва истифодаи оқилонаи ҳар ваҷаб замин таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда,  азм доранд, ки дар ҳудуди он боғҳои интенсивӣ ташкил намоянд. Бо ин мақсад дар навбати аввал дар назди даромадгоҳ ва дохили муассиса бунёди боғи интенсивии шафтолу, себ ва бодом ба роҳ монда шудааст.

Читать далее

Дар майдони Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳо 150 бех дарахтони ороишӣ шинонида шуд

Дар доираи корҳои ободониву хуррамгардонӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони ҳудуди Муассисаи давлатии Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои ба номи Амонулло Орифови шаҳри Хуҷанд беш аз 150 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва нодир шинонида шуд.

Дар маъракаи ниҳолшинонӣ, ки бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷараён гирифт, 150 ниҳолҳои каштан, санавбар, ёси ҳиндӣ, сўзанбарг, арча ва ғайраҳо шинонида шуд, ки барои сояафканӣ ва истироҳати доимиии беморон ва кормандони муассисаи тиббӣ шароит фароҳам меорад.

Читать далее

Майдони ҳудуди Муҷассамаи ёдгории шаҳидони ҶБВ солҳои 1941-1945 азнавсозӣ мегардад

Бо мақсади фароҳам овардани истироҳату фароғат барои шаҳрвандон ва обод намудани як гўшаи сераҳолии шаҳри Хуҷанд Майдони ҳудуди Муҷассамаи ёдгории шаҳидони ҶБВ солҳои 1941-1945 мавриди азнавсозӣ қарор мегирад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода бо лоиҳаҳои тахиягардида дар самти корҳои ободонӣ ва шукуҳи нав бахшидан ба қисматҳои алоҳидаи ҳудуди Муҷассамаи ёдгории шаҳидони ҶБВ солҳои 1941-1945-и хиёбони Исмоили Сомонии шаҳр шинос гардиданд.

Читать далее