04 February 2021

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди боғи интенсивӣ дар “Боғи миллии Ваҳдат” иштирок карданд

Дар ҷараёни сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат”, воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки масоҳати умумиаш 700 гектарро ташкил медиҳад, дар масоҳати 5 гектар боғи нави интенсивии сиёҳолуи навъҳои “Стенлей” ва “Венгерка” бунёд карданд.

Бино ба нишондоди мутахассисони соҳа реҷаи шинонидани ниҳоли сиёҳолуи навъҳои “Стенлей” ва “Венгерка” 4 ба 2,5 метр буда, дар масоҳати 1 гектар ба миқдори 1000 бех ҷойгир карда мешаванд. Ниҳолони қадпасти сиёҳолу дар такрешаи “Пумиселект” ва “Миробалан С-29” дар Филиали Институти боғутокпарварӣ ва сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар вилояти Суғд парвариш карда шудааст.

Читать далее

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди боғи интенсивӣ, хати обрасонӣ, ташкили гармхонаи замонавӣ ва оғози кишти картошка дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иштирок намуданд

Дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи Сартуқайи деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд дар бунёди боғи интенсивӣ, ташкили гармхонаи замонавӣ ва оғози кишти картошка иштирок карданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин макони хушбоду ҳаво, ки дар соҳили дарёи Сир ҷойгир аст, ниҳол шинониданд ва ба ташаббускорон барои ин иқдоми шоиста комёбӣ орзу карданд.

Читать далее

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз гармхонаи ҶДММ «ММК Агро» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздид намуданд

3 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд аз гармхонаи замонавии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ММК Агро” дидан намуда, дар маъракаи ҷамъоварии ҳосили помидор ширкат варзиданд.

Иншооти мазкур дар доираи ҳидоятҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил гардида, дар он помидору бодиринг, қаланфури булғорӣ, ҳандалак ва дигар намуди сабзавот бо охирин насли технологияи инноватсионӣ парвариш карда мешаванд.

Читать далее

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз КВД «Дӯзандагӣ» ва «Пойафзолбарорӣ»-и Агентии таъминоти амволи махсус дар вилояти Суғд дидан намуданд

Дирӯз ҳамчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон бо фаъолияти корхонаҳои воҳиди давлатии «Дӯзандагӣ» ва «Пойафзолбарорӣ»-и Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шиносоӣ пайдо карданд.

Нахуст Пешвои миллат аз намоиши дарахтони ороишии ҳамешасабз ва сояафкан, ки дар саҳни корхона ташкил карда шуд, дидан карданд. Номгӯи зиёди ниҳоли дарахтони ороишию сояафкан, ки бештари онҳо дар хоҷагиҳои ниҳолпарварии Агентӣ дар ҳудуди вилояти Суғд парвариш карда мешаванд, ба намоиш гузошта шуд.

Читать далее

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар намоиши кишоварзӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иштирок намуданд

Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши кишоварзӣ боздид намуданд.

Аҳли заҳмати ноҳия дастовардҳои худро дар самти боғдорӣ ва чорводорӣ дар намоишгоҳи мазкур муаррифӣ карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти кишоварзони ноҳия шиносоӣ пайдо намуда, бо онҳо суҳбати самимӣ анҷом доданд.

Читать далее

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Султонободи деҳоти Зарзамини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба бунёди боғи интенсивӣ асос гузоштанд

Дар рӯзи дуюми сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Султонободи деҳоти Зарзамини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба бунёди боғи интенсивӣ асос гузоштанд.

Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо умеди сарсабзӣ ва фаровонҳосилӣ дар боғи навбунёди интенсивӣ ниҳолҳои мевадиҳанда шинониданд.

Читать далее

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба аёдати Оқил Оқилов рафт

2 феврали соли 2021 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ходими намоёни давлатию ҷамъиятӣ, собиқ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқиловро аёдат намуд.

Раиси вилоят Оқил Оқиловро аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни милодаш табрик карда, ба ӯ саломатии бардавому рӯзгори обод орзу кард. Таъкид карда шуд, ки Оқил Оқилов солҳои зиёд ба ҳайси Сарвазири мамлакат кор карда, дар пешбурди соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат нақши назарраси худро гузоштааст.

Читать далее

Хуҷанд: Маркази тиббии дандонпизишкии “Винир” мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд

Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд  бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода Маркази тиббии дандонпизишкии “Винир” мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Маркази тиббии дандонпизишкии “Винир” дар ошёнаи якуми бинои навбунёду  хуштарҳу замонавии баландошёнаи микроноҳияи 19-уми маҳаллаи “Суғдиён” ҷойгир гардида, ба истиқболи ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ Фирдавс Қобилов ва Ҷаҳонгир Раҳматов бунёд шуда, дорои беҳтарин шароиту имкониятҳои ташхисию табобатӣ мебошад.

Читать далее

«Босира». Маркази микроҷарроҳии лазерии чашм дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ гардид

Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд дар маҳаллаи Навбаҳори шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода Маркази микроҷарроҳии лазерии чашм бо номи «Босира» ифтитоҳ гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки Маркази микроҷарроҳии лазерии чашми «Босира» бо иқдоми ватандўстонаи соҳибкори маҳаллӣ Саидҷаъфар Холматов бо харҷи беш аз 400 000 доллари амрикорӣ бо харидории беш аз 20 таҷҳизоти муосири тиббӣ ташкил карда шудааст.

Читать далее

Хиёнаткорӣ оини мардон нест

Дар шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон қисми ҳафтуми силсилафилми «Хиёнат» таҳти унвони «Бешарафӣ» пахш гардид, ки тавассути он боз як чеҳраи манфури ғайриинсонии хиёнаткори ватану миллат Муҳаммадиқбоили Садриддин ошкор карда шуд.

Тавре маълум гардид, ӯ дар оилаи Садриддинов Қаландар ба дунё омадааст. Падари ӯ яке аз аъзоёни ҲНИ собиқ буда, дар солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ мутасаддии тақсимоти молу ёрии башардӯстона ба гурезагон будааст ва он ҳаққи мардуми азияткашидаро ба коми худ ва фарзандонаш истифода мебурдааст. Маълум мешавад, ки дар ин гуна оилаи аз нони ҳаром ба воя расидаистода ӯ тарбият ёфта, ҳамеша «хиёнат»-ро нисбат ба халқу атрофиёнаш раво медонист.

Муҳаммадиқболи Садриддин, ки ба амалҳои номатлуб даст мезад, чеҳраи манфури ӯ ошкор гардид. Бо мақсади миёни ҷамъият шарманда ва радди маърака нагардидан, бо аҳли оилааш ба Ҳироти Афғонистон фирорӣ шуда, акнун сарсону саргардон асту дар кишвари бегона ба хоҷагони хориҷиаш хизмат карданро авлотар медонад.

Имрӯз ӯ бо навиштаву сабти видеоияш миёни мардум бегуноҳ шиносониданист. Вале аз он амалҳои разилонаи худ оё ноогоҳ аст, ки лоф мезад.

Филми “Хиёнат” метавон гуфт, ки яке аз силсилафилми ҳуҷҷатии махсус буда, кирдору рафтори хиёнаткорони ватану миллатро ошкор намуд. Ба ин амалҳо ва ноҷавонмардиҳои Муҳаммадиқболи Садриддин мисол шуда метавонад.

Ба насли ҷавон ва хоса онҳое, ки ба шабакаҳои иҷтимоӣ даст доранд, муроҷиат карда, гуфтанием, ки ҳеҷ гоҳ ба гуфтор ва овозаҳои ин қабил шахсон бовар накунанд ва ба доми ин гуна шахсон гирифтор нашаванд.

Саидқул МАҲКАМОВ,
муаллими калони кафедраи
умумидонишгоҳии таърихи халқи
тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

 

 

 

 

Читать далее