08 February 2021
Баррасии муроҷиати сокинони шаҳраки Ганҷободи ноҳияи Мастчоҳ
- Подробности статьи
6 феврали соли 2021 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади баррасии муроҷиати сокинони шаҳраки Ганҷобод дар ноҳияи Мастчоҳ машварати корӣ баргузор намуд.
Зимни машварат муроҷиати сокинони шаҳраки навбунёд Дилшод Раҳимов ва дигарон вобаста ба таъмин намудани шаҳрак бо қувваи барқу хатти об мавриди баррасӣ қарор гирифт. Тавре таъкид карда шуд, 23-юми марти соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кории худ дар ноҳияи Мастчоҳ ба бунёди шаҳраки Ганҷобод санги асос гузошта буданд.
Читать далееБоздиди Раиси вилоят аз ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ
- Подробности статьи
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи шанбеи 6 феврал дар шаҳри Хуҷанд ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ гузаронида шуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ боздид намуда, барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани он ва бо нархҳои нисбатан арзон пешниҳоди сокинон намудани маҳсулоти ниёзи аввал ба роҳбарони воҳидҳои сохторӣ супоришҳои мушаххас дод.
Читать далееРаиси вилоят маъюби гуруҳи якум Ҳасанҷон Наврӯззода ва иштирокчии ҶБВ Шокир Ҳотамовро аёдат кард
- Подробности статьи
6 феврал Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ дар Ҷамоати шаҳраки Бӯстон маъюби гуруҳи якум Ҳасанҷон Наврӯззодаро аёдат кард.
Зимни аёдат Раиси вилоят таъкид кард, ки роҳбарияти вилоят бо дастуру роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ятимону маъюбон, шахсони яккаву танҳо ва дар маҷмуъ қишри ниёзманди ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, чунин ашхосро мунтазам дастгирӣ менамояд.
Читать далееМастчоҳ. Раиси вилоят дар маъракаи ниҳолшинонӣ ширкат варзид
- Подробности статьи
6 феврал Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Мастчоҳ сафар карда, дар маъракаи ниҳолшиноние, ки дар Боғи фарҳангию фароғатии “Тоҷикистон” доир шуд, ширкат варзид.
Маврид ба ёдоварист, ки Боғи фарҳангӣ - фароғатии “Тоҷикистон” моҳи сентябри соли 2020 баъд аз навсозӣ бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода гирифта буд ва боғи мазкур имрӯзҳо ба макони сайру истироҳати сокинон ва меҳмонони ноҳияи Мастчоҳ табдил ёфтааст.
Читать далее