09 February 2021

Ҳадаф: истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ

Машварати кории Раиси вилоят

8 феврали соли равон дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода машварати корӣ доир гардид, ки дар он муовинони Раиси вилоят, роҳбарии дастгоҳи Раиси вилоят, роҳбарони сохторҳои вилоятӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо ва мақомоти дахлдор иштирок доштанд.

Машварати кориро Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба иҷрои дастуру супоришҳое, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафари навбатии корӣ ба вилоят баён доштанд, изҳори назар намуда, ҷараёни омодагӣ ба ҷашни бузургу таърихии 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазъи феълии соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят, аз ҷумла саноату кишоварзиро мавриди баррасӣ қарор дод.

Читать далее

Раҷаббой АҲМАДЗОДА: ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ - РАҲНАМОИ ИМРӮЗУ ФАРДО

Имрӯзҳо мардуми шарафманди вилоят таҳти таассуроти амиқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 26 январи соли 2021 баён гардид, қарор доранд.

Ҷиҳати тарғибу ташвиқи нуктаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят вохӯрии аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати гурӯҳи тарғиботию ташвиқотии вилоят дар саросари вилоят бо аҳолӣ идома дорад.

Читать далее