10 February 2021

Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

9 феврали соли 2021 Раиси вилояти Суғд, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи мулоқоту вохӯриҳои аъзои Маҷлиси миллӣ бо аҳолӣ бо сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мулоқот намуд.

Раиси вилоят зимни мулоқот нуктаҳои муҳимтарини Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шарҳу тавзеҳ дода, қайд кард, ки Паёми имсола Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таҳлили дақиқ, натиҷагирии асоснок ва масъалагузориҳои мушаххас самтҳои муҳимми сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, аз ҷумла роҳҳои рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии мамлакат ва вазифаҳои навбатиро муайян намуданд, ки ҳадафи он татбиқи манфиатҳои миллӣ ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некўаҳволии мардум аст.

Читать далее

ТАЛОШ БАҲРИ ОБОДИИ ДИЁР

Имрӯз дар ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов тибқи нақшаи чорабиниҳо таҳти шиори «1300 - рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» чорабинӣ ва тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ гардида, дар ин замина якчанд иншооти таъиноташон гуногун сохта, мавриди истифода қарор гирифтааст. Ҳамчунин, дар баъзе аз иншооти ҷашнӣ корҳои сохтмонӣ идома дошта, умед аст, ки то таҷлили ҷашни бошукӯҳи миллӣ ба итмом расад.

Бо мақсади дар кадом сатҳ қарор доштани корҳои бунёдкориву созандагӣ ба ҷамоати мазкур сафари корӣ анҷом дода, бо масъулини соҳа, аниқтараш бо муовини раиси ҷамоат Шарифҷон Ӯрунбоев ҳамсуҳбат гардидем. Мавсуф аз корҳои ободониву бунёдкорӣ иттилоъ дода, қайд намуд, ки нақшаи чорабиниҳо дар ҳаҷми 27 банд таҳия гардида, имрӯз аз рӯи он корҳои сохтмонӣ босуръат идома доранд. Бино ба иттилои масъулин алҳол дар ду тарафи роҳи марказии ҷамоат арчаҳои ҳамешасабзи ороишӣ шинонида шудаанд.

Ҳамчунин, масъалаи чароғонкунии ҳудуди ҷамоат ба нақша гирифта шуда, рӯзҳои наздик дар ин самт корҳои омодагӣ ҷараён мегиранд. Имрӯз дар ҳудуди ҷамоат аз ҳисоби соҳибкорони ватандӯст сохтмони марказҳои хизматрасонӣ ва таъмири мактабу бунгоҳҳои тиббӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Таъмири синфхонаҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 31 ва 25, сохта ба истифода додани Маркази саломатӣ аз ҷумлаи инҳо мебошанд. Шарифҷон Ӯрунбоев аснои суҳбат қайд намуд, ки соли 2019 бо ибтикори соҳибкори маҳаллӣ Баҳром Шарифов як кӯдакистони замонавӣ сохта, барои тарбияи 120 нафар кӯдак тӯҳфа намуд. Инчунин, якчанд марказҳои хизматрасонӣ аз қабилӣ ошхона, сартарошхона, кошонаи ҳусн ва нуқтаи хизматрасонии нақалиётӣ сохта мавриди истифод қарор гирифт.

Дар радифи корҳои созандагӣ маркази ҷамоат ва деҳаҳои он тариқи ҳашари аз партовҳо тоза ва дарахтони ороишиву ҳамешасабз шинонида шуданд. Ҳамчунин, бо мақсади ободу зебо гардонидани ҷамоат ва дар натиҷаи корбариву суҳбат дар байни сокинон ва соҳибкорон ба нақшаи чорабинии тартибдодашуда, 10 банди дигар илова гардида, теъдоди иншооти ҷашнӣ дар ҷамоат зиёд гардид. Зиёд гардидани иншооти ҷашнӣ ва дастгирии соҳиборон далолати хуб қабул намудани муҳтавои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи шоиста истиқбол намудани ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, - гуфт Ш. Ӯрунбоев.

Дар идомаи корҳои ободониву бунёдкорӣ бо дастгирии сохибкорони саховатманд ва дастгирии мақомоти маҳаллӣ кӯчаҳои марказии деҳаҳои ҷамоат таъмир гардида, сохтмони таҳкурсии парчами давлатӣ дар назди ҷамоат ба нақша гирифта шудааст. Сокинони ҷамоат минбаъд низ шукрона аз соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ, бо ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми кӯшишу ғайрати худро баҳри татбиқи саривақтиву босифати нақшаҳо ва сазовор истиқбол намудани ҷашни бузурги миллӣ равона менамоянд.

Истамҷони НАҶМИДДИН,

“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

ИХТИСОСҲОИ МУОСИР ТАЪСИС МЕЁБАНД

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо намояндагони воситаҳои ахбори омма оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2020 нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Дар он муовинони ректор, сардорони раёсату шуъбаҳо ва дигар масъулони сохторҳои донишгоҳ ширкат намуданд. Муовини ректор оид ба таълим, профессор Абдуфаттоҳ Раҳимов оид ба фаъолияти солонаи донишгоҳ маълумот дода, аз ҷумла қайд кард, ки дар раванди таълими соли таҳсили 2020 - 2021 ба курси якуми донишгоҳ 3735 нафар донишҷӯ тариқи Маркази милли тестӣ дохил шуданд, ки нисбат ба соли гузашта 181 нафар зиёд мебошад.

Фаъолияти таълимии донишгоҳ дар 18 факулта ва 80 кафедра ба роҳ монда шудааст. Ҳоло дар донишгоҳ аз рӯи 80 ихтисос дар шуъбаи рӯзона ва аз рӯи 35 ихтисос дар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ таҳсил ҷараён дорад. Қайд гардид, ки шумораи умумии донишҷӯёни донишгоҳ 23130 нафар буда, аз он 10302 нафар (3752 буҷавӣ) дар шуъбаи рӯзона ва 12828 нафар (1144 буҷавӣ) дар шуъбаи ғоибона таҳсил менамоянд. Тибқи Квотаи Президентӣ 870 нафар донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки аз ин миқдор 494 нафар духтар мебошанд. Дар соли таҳсили 2019 - 2020 донишгоҳро 4623 донишҷӯ хатм намуданд, ки аз онҳо 1997 нафар шуъбаи рӯзона ва 2492 нафар шуъбаи ғоибонаро хатм намудаанд.

Боиси қайд аст, ки соли равон навгониҳои назаррас дар самти таълим таъсис ва иҷозатнома гирифтан барои фаъолияти ихтисосҳои наву замонавӣ аз ҷумла ихтисосҳои рӯзноманигори телевизион, WЕВ – рӯзноманигорӣ, иттилоот ва робита, танқиди бадеӣ, забонҳои муосири хориҷӣ (тадрис бо (забонҳои арабӣ - хитойӣ), таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ (арабӣ - фаронсавӣ), таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ (форсӣ - фаронсавӣ), санъати мусиқӣ ва таҳсилоти томактабӣ ба назар мерасад. Алҳол донишгоҳ бо 7 Муассисаи таҳсилоти олии кишварҳои Россия, Ӯзбекистон, Қазоқистон шартномаҳои ҳамкориро ба имзо расонид ва дар маҷмуъ, бо 70 донишгоҳ ва ташкилотҳои илмӣ - тадқиқотии хориҷӣ дар асоси шартномаҳо ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст.

Дар рафти нишасти матбуотӣ оид ба фаъолияти донишгоҳ, аз ҷумла таҳсили донишҷӯёни хориҷӣ, ҳолати санитарию эпидемиологии хобгоҳҳо, дигаргунӣ дар раванди таълимоти фосилавӣ, ташкили ихтисосҳои нав дар кафедраи журналистика, гирифтории кормандони донишгоҳ ба коронавирус, дастгирӣ ва имтиёз ба донишҷӯёни камбизоат ва ятимон, пардохти саривақтии идрорпулии донишҷӯён, асардуздии номзадҳо ва амсоли ин суолу ҷавоб доир гардид.

Шаҳбону ОЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Занони рӯзноманигор «Фандрайзинг» омӯхтанд

Дар маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон, дар шаҳри Гулистон барои занони рӯзноманигор семинар баргузор гашт.

Семинар дар доираи татбиқи лоиҳаи «Рушди журналистикаи шаҳрвандии занон тавассути баланд бардоштани иқтидори гурӯҳҳои ташаббускори занон дар минтақаҳои деҳоти вилояти Суғд», ки Маркази имконият баҳри рушд роҳандозӣ намудааст, амалӣ гашт.

Занони рӯзноманигор дар бораи «Ба роҳ мондани фаъолияти Ташкилоти ҷамъиятӣ ва фандрайзинг» маълумот гирифтанд. Дар семинари ду рӯзае, ки бо ҷалби занони рӯзноманигори шаҳру навоҳии вилоят ва намояндагони гурӯҳи ташаббускори занони рӯзноманигор «Садоқат» баргузор шуд иштирокдорон бобати таҳияи низоми кор ва фаъоолияти ташкилоти ҷамъиятӣ, паҳлӯҳои ҳуқуқии мавзӯи баррасишавандаро омӯхта, доир ба вазифа ва уҳдадориҳои ташкилоти ҷамъиятӣ ва низоми кори он дар Тоҷикистон маълумот гирифтанд.

Дар рӯзи дувуми сомӯзиш рӯзноманигорон бо тарзи таҳия намудан ва пешниҳоди «Лоиҳа» ошно шуданд. Рӯзноманигорон роҷеъ ба фандрайзинг ва мақсаду ҳадафҳои он иттилоъ гирифтанд. Зимни омӯзиш мутахассисон бобати роҳҳои навиштани лоиҳаҳо маълумот пешкаш намуда, оид ба рушди бонизоми фаъолият мубодилаи афкор намуданд.

Сурайё ҲАКИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее