11 February 2021

Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо сокинони ноҳияи Ашт

10 феврали соли 2021 Раиси вилояти Суғд, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо сокинони ноҳияи Ашт мулоқот намуд.

Дар мулоқот Раиси вилоят нуктаҳои муҳимтарини Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шарҳу тавзеҳ дода, қайд кард, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат дар даврони соҳибистиқлолии кишвари азизамон рушди тамоми соҳаҳо таъмин гардида, сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ба маротиб беҳтар гардид.

Читать далее

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Ҷӯрабек Набиевро аёдат кард

Дирӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Ҷӯрабек Набиевро аёдат карда, ҳофизи маъруфро бо ҷашни мавлудаш табрик намуд.

Раиси вилоят ҳунарпешаи шинохтаро, ки соли равон ба синни 80 расид, табрик гуфта, ба ӯ тани сиҳату хотири ҷамъ, умри бардавом, дилу шоду илҳоми саршор ва комёбиҳои боз ҳам тозаи эҷодиву ҳунариро таманно кард.

Читать далее

Мулоқоти Раиси вилоят бо гуруҳи кории Федератсияи футболи Тоҷикистон

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов ва директори генералии Лигаи футболи кишвар Сайвалӣ Шоқурбоновро, ки бо сафари корӣ дар вилоят қарор доранд, ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат Раиси вилоят иброз дошт, ки  дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир ба рушди тамоми соҳаи варзиш, аз ҷумла футбол таваҷҷўҳи хоса зоҳир карда мешавад. Дар ин раванд дар вилояти Суғд низ тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида, барои дастгирии дастаҳо ва рушди футбол аз тамоми имкониятҳо истифода бурда мешавад.

Читать далее

Маросими супоридани медалҳои нуқрагини Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол ба Клуби футболи “Хуҷанд”

10 феврали соли 2021 дар меҳмонхонаи “Суғдиён”-и маркази вилоят маросими супоридани медалҳои нуқрагини Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ ба Клуби футболи “Хуҷанд” баргузор шуд.

Раиси вилояти Суғд, Раиси Федератсияи футболи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ва ноиби Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов дар вазъияти тантанавӣ медалҳои нуқрагини Чемпионати Тоҷикистон оид ба футболро ба бозингарон ва ҳайати мураббиёни Клуби футболи “Хуҷанд” супориданд.

Читать далее

Адл аз камоли ақл хезад

Мардуми шарифи Тоҷикистон мисли ҷомеаи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон мехоҳанд ба[ри а[олии кишвар зиндагии шоиста таъмин гардад.

Аз ин рӯ, аз сидқи дил меҳнат менамояд, мувофиқи зарфият ва донишу маҳорати хеш дар пешрафти ҳаёти сиёсиву иҷтисодӣ ва иҷтимоиву маданӣ саҳм мегузорад ва умедвор аст, ки подоши ранҷҳои кашидаашро хоҳад гирифт ва ҳамин тавр ҳам ҳаст. Имрӯз кишвари азизамон – Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳои мамлакат, яъне ҳам сиёсат, ҳам иқтисодиёт ва ҳам илму фарҳанг зина ба зина пеш рафта,  ба дастовардҳои бузург ноил гардида истодааст, ки барои ҳамагон ва аз ҷумла, ҷаҳониён мусаллам аст. Зиндагии мардум ҳар сол нисбат ба соли пешин хубтару фаровонтар ва гуворотар гашта истодааст. Дастовардҳое, ки Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ дорад, басо муҳим ва сазовори таҳсин аст

Аммо, мутаассифона, то ҳол касони нотавонбину хоини ватану миллати тоҷик дар гӯшаву канори дунё бо мақсади ноором кардани сул[у субот дар хоку насли аҷдодони худ нафас мекашанд ва барои амалӣ намудани ин нияти ношуданӣ аз ҳар гуна разилиҳо рӯ намегардонанд, чоҳ ба зери пои хеш мекананд  наҳаросида аз он ки рӯзе худ ба он сарозер фурӯ мераванд. Ба сўи кишвари хеш сангандозb мекунанд, худро “ғамхор”-и миллат меҳисобанд, аммо дар замир андешаи дигар доранд. Мехоҳанд бо туҳмату буҳтонҳои муғризонаи хеш тафаккури ҷомеа, хоса ҷавононро тира сохта, барои амалӣ гардидани ғаразҳои шахсӣ тухми бадӣ мепошанд.

Ҷавонони имрӯза бояд ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд ва барои расидан ба зиндагии аз ин ҳам шоистатар кӯшиш ба харҷ диҳанд. Беш аз пеш ба омӯхтани илму ҳунар рӯ оранд, бо технологияҳои инноватсионӣ ошно гарданд, забон омӯзанд ва дар таъмини зиндагии шоиста дар Ватани худ саҳмгузор бошанд.

Маҳмудҷон МУРТАЗОҚУЛОВ,
устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,
бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Читать далее

ЗИРАКИИ СИЁСИРО АЗ ДАСТ НАДИҲЕМ

Чӣ хеле ки дида истодаем, дар саросари бештари кишварҳои ҷаҳон бесарусомониҳо ба вуқуъ омода истодаанд. Ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ҳар гуна баҳонаҳои ночиз  ёфта мехоҳанд байни мардум бо намоишҳои зархаридонаи худ норозигӣ  ба вуҷуд оранд ва тухми низоъ бикоранд.

Пӯшида нест, ки сиёсати Аврупо ҳамин аст, бо дасти худи мардуми ҳамон давлат сар занонидан ва ба як вайронахона табдил додани ҳамон кишварҳост. Ин таҷрибаро онҳо дар даҳҳо кишварҳо аллакай истифода бурда натиҷаи дилхоҳ ба даст оварда истодаанд.

Мо набояд дар канор бошем. Аз ин бадбиниву бадхоҳӣ ягон кишвар амин нест, аз ҷумла Тоҷикистони мо низ.

Мо, шаҳрвандони кишвар зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Ин гапи холӣ нест.

Мо бояд аз ҳарвақта бештар ҷавонон ва насли навраси худро дар зери назорати ҷиддӣ қарор диҳем, чунки онҳо қисми осебпазири ҷомеаи мо буда,  ба зудӣ метавонанд раҳгум шаванд.

Баъзе ҷавонон бо сабаби ноогоҳии сиёсӣ ва надонистани ҳуввияти милливу эҳсоси ватандӯстию инсондӯстӣ оқибати рафтори худро дарк накарда, ба ин роҳ мераванд ва ба Ватану миллат хиёнат мекунанд. Бояд моён шахсиятҳои бофарҳанг бар зидди ин ифротгароён мубориза барем. Ба ҷавонон бештар оид ба корҳои зишти гуруҳҳои манфиатҷӯй сӯҳбатҳо ва ҳангоми машғулиятҳо дар бораи мафкураи вайрони ин гуруҳҳои ифротгаро маълумот диҳем.

Муковимат бар зидди терроризму эктремизм натанҳо вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратист, алайҳи ин вабои аср муборизаи дастаҷамъона мебояд. Ва дар сафи пеши он бояд чавонон карор дошта бошанд. Зеро маҳз насли наврасу чавон ҳамчун кувваи пешбарандаи чомеа шинохта шудааст ва ояндаи неки ҳар давлату миллат дар дасти онҳост.

Хусусан, беназорат мондани ҷавонон, истифодаи ғайримақсадноки расонаҳои электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ сабабҳои дигаре мебошанд, ки ташкилотҳои террористиву экстремистӣ бо истифода аз онҳо ба паҳн кардани ҳар гуна наворҳои махсус ва сабтҳои таблиғотии шахсони алоҳида ва зархаридони хориҷиро паҳн менамоянд.

 Бояд пеш аз ҳама насли ҷавонон ҳушёр бошанд, нагузоранд, ки ин бехалафон, онҳое, ки аллакай виҷдону номуси худро фурӯхтаанд, онҳое, ки дини мубини Исломро танҳо ба манфиати худ истифода мебаранд, ононро васваса карда ба роҳи шармандагиву бешарафӣ баранд.

Бо чашми сар бинед, ки гавҳари нодиртарин ин пулу мол нест, ин сулҳ аст.  Ҷомеаи имрӯзаи мо бо суботи комили сиёсӣ пеш рафта истодааст ва онро тамоми қишрҳои ҷомеа бояд дастгирӣ намуда, тамоми ҳастии худро барои рушди кишвари азиз сафарбар намоянд.

Валиева М.Н.
омӯзгори ДКМТ

Читать далее

Фарҳанги миллиро нигоҳ дорем!

Имрӯзҳо дар мамлакати ободу озоди мо ҳама хушу хурсандона зиндагӣ доранд. Лек бархе аз занону духтарони  мо либосҳоеро, ки  ба фарҳанги мо бегона аст, ба бар мекунанд.

Ин сару либосҳои бегона, аз бегонапарастӣ ва бехабар будан аз фарҳанги сару либоспушии занон шаҳодат медиҳад. Магар бегонапарастӣ ин озодиву маданияти сару либоспӯшиаст, ки онҳо худро ҳамчун шахси бомаданият мехисобанду тақлид бар либосҳои фарҳанги дигар миллат мекунанд. Фарҳанги либосдории миллати тоҷик аз қадимулайём яке аз фарҳангҳои зеботарину оламшумор ба ҳисоб мерафт.

Занон  аз фарҳанги пушидани сару либоси миллати худ бояд истифода бурда ба ҷаҳониён дарак аз он кунанд, ки мо тоҷикони ҷаҳон сару либоси худро дорем ва аз он пайваста ифтихор дорем. Маҳз дар руҳияи ватандӯстиву худшиносии миллӣ ба воя расидани ҷавонони мамлакат барои рушду пешрафти кишвар пояи асосӣ мегузорад, зеро ҷавонон ояндаи миллатанд.

Бояд қайд намуд, ки миллати тоҷик аз давраҳои қадим расму анъанаҳои худро ҷиҳати ба бар кардани сару либосҳои миллӣ вобаста ба минтақаи худ дошт ва ин анъанаҳои гузаштагони мо то ба имрӯз омада расидааст. Аз ҳамин лиҳоз гуфтан ҷоиз аст, ки ҷавонону занҳои мардуми мо набояд тақлид аз бегонагон кунанду фарҳанги либоспӯшии мардуми бегонаро дар байни ҷомеа паҳн кунанд. Бар акс мо бояд фарҳанги сару либоспӯшии мардуми худро дар байни ҷомеъа бояд эҳё намуда аз анъанаҳои миллии худ васеъ истифода барем ва  ҷавононро дар руҳияи ватандустиву хештаншиносӣ тарбия кунем.

Дониёров М.Р. – н.и.и., дотсенти
кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо
ва соҳибкории ДДҲБСТ

Читать далее

Андешаи ифротӣ

Рӯзҳои охир сару садоҳо оиди аз ҷониби Муҳиддин Кабирӣ тариқи Ютуб канали ҷадид паҳн гардид. Баромади навбатӣ аз баромадҳои қаблии ӯ ягон фарқ надорад.

Мисли пештара сангпартоӣ сӯи кишвари худ ва мусичаи бегуноҳ нишон додани хеш.  Онҳо бо ҳар роҳу восита байни мардум иғвоангезӣ кардан мехоҳанд. Амалу рафтори онҳо инро нишон медиҳад. Кабирӣ бо ҳаммаслаконаш чандин гуна гурӯҳҳоро таъсис доданд, лекин натиҷа надод. Акнун аз давлатҳои Аврупо истода, аз он ҷо иғвоангезӣ намуда истодааст. Барои ин қабил инсоҳо танҳо манфиати шахси вуҷуд дораду халос, манфиати давлату миллат барои онҳо чизи бегона аст.

 Хуб мешуд агар М. Кабирӣ вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварро аз соли 1992 то инҷониб барои худ таҳлил менамуд, муқоиса менамуд. Ман бо боварии том метавонам гӯям, ки дастовардҳои кишвари мо дар  давраи кутоҳи таърихӣ ба амал омад. Лекин дар бораи дастовардҳои кишвар ягон даҳан сухан нагуфт. Яъне ин тоифа тавони дидани дастоварду пешравиҳоро надоранд.

Давлатов У.Н. – ассистенти кафедраи
муносибатҳои байналхалқи ДДҲБСТ

Читать далее

ҚАРЗИ ШАҲРВАНДӢ

Соли сипаришуда ба мардуми кишвар мушкилоти зиёдеро ворид намуд. Ба бӯҳрони бисёр шадиди иқтисодию молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯбарӯ шудем. Бо вуҷуди таъсири манфии паҳншавии бемории сироятии коронавирус «Ковид-19» амалӣ гардидани тадбирҳои саривақтӣ оромии сатҳу сифати зиндагии мардуми тоҷик таъмин гардид. Ба сӯйи қуллаҳои баланди комёбиҳо қадамҳои устувор гузошта шуд. Сулҳу суботу тинҷиву оромии кишварамон як неъмати бебаҳост.

Аз санаи 1-уми феврал амал кардани масҷидҳо мо масъулони масоҷидро вазифадор менамояд, ки ба риояи талаботи санитарӣ-гигиенӣ аҳамияти ҷиддӣ дода, бо ниқоб ба масҷид омадани намозгузоронро таъмин намоем. Фосилаи иҷтимоӣ риоя карда шавад. Дастури тавсиявии мақомотҳои ҳифзи саломатӣ ва санитарӣ дар амал тадбиқ карда шуда, ташкили корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирии паҳншавии бемории сироятии «Ковид-19» ва дигар бемориҳои сироятӣ дар масҷидҳо, андешидани чораҳои қатъӣ доир ба гузаронидани чорабиниҳои профилактикӣ ва зидди эпидемикӣ, безараргардонӣ, инчунин фароҳам овардани шароити бехатарӣ муайян ва пешбинӣ карда хоҳад шуд.

Ҳар як фард масъули ташкили корҳои пешгирикунандаи бемориҳои сироятӣ мебошад. Шароити имрӯзаи вазъи эпидемиологӣ тақозо менамояд, ки утоқҳои масҷидҳо бо миқдори кофӣ , маводи безараргардонӣ, собун ва маҳлули зидди уфунӣ (антисептикӣ) таъмин бошанд. Дар даромадгоҳҳои масоҷид гузаргоҳҳои безараргардонӣ ташкил намуда, дар ҷойҳои намоён овезаҳои «Бе ниқоб даромадан манъ аст», «Ба даст салом кардан ва ба оғӯш гирифтан манъ аст» сабт карда шавад.

Зуҳуроти номатлуби  хатарноки терроризму экстремизм ҳар як фарди ватандӯстро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти Тоҷикистони азизамон диққати аввалиндараҷа диҳад. Зеро қарзи шаҳрвандии ҳар фарди солим аст. Пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои халалдор намудани вазъияти ором ва барангехтани тафриқаву низоъҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд. Хоинони миллат аз нақшаҳои ғаразноки хеш даст накашидаанд. Аз тамоми воситаҳо истифода бурда, кӯшиш менамоянд, ки оромии кишварро халалдор намоянд.

Ҳифзи суннат ва арзишҳои миллӣ, сулҳу суботу ваҳдат бар дӯши ҳар фарди ватандӯст аст.  Чун фарзанди фарзонаи диёр зираку ҳушёр бошем. Бо омӯзиш  донишу ақлу заковатро бой ва ботини худро пок созем. Фаҳмишу худшиносӣ ва ифтихор аз миллату давлати азизамон Тоҷикистон намунаи ибрати имрӯзу фардои мо бошад.

Ҳоҷи Набихони Ярқулзода
Имомхатиби масҷиди ҷомеаи
ҷ/д Шаҳраки ш. Исфара

Читать далее

Ифротгароӣ – амали даҳшатнок

Дар ҷаҳони муосир равандҳо ва зуҳуроте мавҷуданд, ки танҳо ба як кишвар ва ё як минтақа не, балки ба амнияти тамоми кишварҳои ҷаҳон ва дар маҷмуъ ба кулли мардумони сайёра таҳдид мекунанд. Яке аз чунин зуҳуроти номатлуб, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор оварда, дар ҳама қитъаҳои олам тамоюли паҳншавиро дорад, ин терроризм ва экстремизм мебошад. Ҳарчанд падидаҳои ҷойдошта зодаи танҳо ин аср нестанд, аммо дар баробари асри нав ҷомаи навро ба худ гирифта, моҳияти ин падида шакли муташаккилтару мураккаби зоҳиршавиро пайдо кардааст.

Имрӯзҳо ифротгароии динӣ дар тамоми кишварҳои олам, махсусан кишварҳои исломӣ доман паҳн намуда, афроди зиёде аз таъсир ва пайомадҳои нохуши он қурбонии ин зуҳурот мегарданд, ки ин ҳолат хеле нигаронкунанда мебошад. Омилҳои зиёде, аз қабили ҷаҳонишавӣ, фақру нодорӣ, паст будани маърифати динӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқии мардум, вусъат ёфтани доманаи фарогири шабакаҳои интернетӣ, рақобати абарқудратон баҳри ба даст овардани манфиатҳои сиёсию иқтисодӣ ва ғайра муҳаррики асосии авҷ гирифтани ин зуҳурот мебошад.

Олимону муҳаққиқон навъҳои гуногуни терроризм ва экстремизм, аз қабили терроризми сиёсӣ, динӣ, фарҳангӣ, ахлоқӣ, миллатгароӣ, ҷиноӣ, биологӣ, кибернетикӣ ва ғайраро муайян карда, ба ин натиҷа расидаанд, ки дар замони муосир аз ҳама беш терроризму экстремизми динӣ ҷаҳони муосирро ба мушкилот гирифтор намудааст. Ба ақидаи аксар сиёсатшиносон низ экстремизм бештар дар дин, ки хусусияти ҷалбнамоӣ дорад,  реша медавонад ва он дар тамоми гӯшаву канори сайёра ба мушоҳида мерасад. Зеро дар бисёр мавридҳо ба назар мерасад, ки ифротгароён дар зери шиорҳои динӣ баромад намуда, аз номи дин ҳарф мезананд. Ин, пеш аз ҳама, ба хотири сӯистифода аз шуури динии мардум равона гардида, ҳеҷ рабте ба арзишҳои динӣ ва аҳкоми он надорад. Пас, ин амалкарди ифротгароён аз бединию хоинии онҳо дарак медиҳад.

Умарова С.И. – сармуаллимаи кафедраи
иқтисодиёти корхонаҳо ва минтақаи ДДҲБСТ

Читать далее